тарихти афкори сиёси. х.. Китоби дарси
Скачать 0.9 Mb.
|
Имоми Аъзам Абуханифа ва мазхаби ханафии у Абуханифа, Нуъмон ибни Собит (80/699 - 150/767) - мутафакки- ри барчаста, мухаддис, факех, мутакаллими номдори Куфа, поягузо- ри мазхаби ханафй аз мазхабхои чахоргонаи ахли Суннат мебошад. Ханафиён уро Имоми Аъзам ва Сирочул-аимма унвонй мекунанд. Абуханифа соли 80 / 699 дар Куфа, пойтахти Ирок, таваллуд шуда, 52 соли умрашро дар даврони хилофати Уммавиён ва 18 соли умри бокии хешро дар замони хилофати Аббосиён сипарй мекунад. У шохиди хукуматдориии силсилаи хокимони араб буд, аз кабили Хаччоч ибни Юсуф, Умар ибни Абдулазиз, Язид ибни Мухаллаб, Холид ибни Абдуллох Ал-Касрй, Наср ибни Сайёр, Ибни Убайра, Мансур халифа Аббосй. Ниёгони Абуханифа ахли Кобул буданд. Ч,адди у Зуто (ё Завто) ба унвонй асири чангй ба Куфа оварда мешавад ва он чо ислом пазируфта, зери химояти Банй Таймуллох (Банй Саълаба) карор мегирад. Ба ривояти Умар ибни Хаммод, падарбузурги Абуханифа Зутй ном дошта, аз мардумони Балх буда, эхтимолан хангоми фатхи Ху- росон зимни асорат ба Ирок оварда мешавад. Зуто бозаргон буд ва Алй халифаи бархак бо у ошной дошт, гох-гохе хадяхое низ ба у такдим мекард. Собит, падари Абуханифа, низ дар Куфа сохиби касб буд ва тибки гузориши худи Абуханифа дар он чо як нонвое дошт. 126 Ба кавли Иноятуллохи Иблог, Имом Абуханифа аслан форсиза- бон, аз кавми точикон будааст ва гузаштагони у аз Афгонистон, ви- лояти Парвои мебошанд, ки дар кисмати шимоли Кобул карор дорад. Абуханифа нахуст ба кироат ва тачвиди Куръон пардохта, он гох хадис, нахв, шеър, адаб, фалсафаро фаро мегирад, ба илми калом ру меоварад, дар Басра чандин маротиба дар музокира бо фиркахок хаворич, ибозия, суфрия, хашвия ширкат меварзад. У дар фалсафа, мантик ва ихтилофоти каломии фиркахои гуногун донишманди шинохта мегардад. Сипас, ру ба фикх оварда, ба мазхаби ирокии акл дар Куфа мепайвандад. Ин мазхаб аз Алй ва Ибни Масъуд сарчашма гирифта, бо номи Шурайх, Алкама, Масрук, Иброхими Нахаъи ва Хаммод алокамандй дорад. Абуханифа аз факех ва олими Куфа Хаммод ибни Абусулаймон таи 18 сол таълим гирифта. то дами марги устодаш муошир ва хамнишини у буд. Бо марги Хаммод чонишини у мешавад ва дар мудати 30 сол ин макомро ба чо меорад. Хамзамон дар даврони тахсил зимни сафари Хичоз аз Харамайн дошпи меомузад. дар Мадина дар мачлиси дарсй яке аз факехони ахли раъй Рабиа ибни Абиабдурахмон. дар Макка дар мачлиси факехи бу- зург Ато ибни Абирабох ширкат меварзад. У дар Мадина аз Имом Бокир, Абдурахмон ибни Хурсузи Аърач, Нофеъ мавлои Ибни Умар, Мухаммад ибни Мункадир, Ибни Шихоби Зухрй, дар Макка аз Амр ибни Динор, Абузубайри Маккй бахра мегирад. Абуханифа дар бехтарин аср, яъне асри зиндагии Расули акрам (с) умр ба cap бурда, дар назди олимони бузурги замон нашъунамо ёфта, бо баъзе аз сахобагон, аз кабили Анас ибни Молик, Абдуллох ибни Авс ва Сал ибни Саъд вохурдааст. Бинобар тахкикоти муфтии Чумхурии Мисри Араб доктор Алй Чумъа. 15 сахобаи Паёмбарро дидааст. Кисмати зиёди олимон бар он шаходат медиханд, ки Имоми Аъзам аз чумлаи тобеин мебошад. Абуханифа пас аз вафоти устодаш Хаммод ибни Абусулаймон барчастатарин шогирдаш пазируфта мешавад, хакки судури фатво ва тадриси фикхро дар Куфа сохиб гашта, кореро анчом медихад, ки бо таъсиси фикхи ханафй меанчомад. Дар мудати ин ей сол у дар худуди 60 хазор (аз руи ривояти дигар 83 хазор) масъалаи фикхиро чавоб медихад. Абуханифа кавонини шаръиро тадвин мекунад, ки минбаъд ба унвонй конун дар чахонй ислом пазируфта мешавад. Абуханифа солхои охири хилофати Уммавиён бинобар мавкеи мухолиф ба фасоди хукумат мавриди таваччухи куввахои ба у мухо- лифи хукуматй мегардад. Язид ибни Умар ибни Хубайра нас аз он, ки аз чониби Марвони дуввум ба фармонравоии Ирок мансуб гашт. Абуханифаро ба мансаби казо ва ба ривояти дигар ба назорат ба байтулмол фаро мехонад. Вале Абуханифа ин пешниходро намепа- 127 зирад. Зимни фишори Ибни Хубайра у Куфаро тарк карда, давраи нихоии хилофати Уммавиёнро дар Макка мегузаронад. Абуханифа нисбат ба хулафои Аббосй низ мавкеи хилоф дошт. У аз чумла пешниходи мансаби казоро аз чониби Мансур намепази- рад. Тибки ривояти дигар, ба у хамчунин кори назорат бар сохтмо- ни шахри Багдод низ пешкаш шуда буд. Абуханифа хамчунин бар хилофи таклифи халифа Мансур дар хусусй ичозаи саркубии мавси- лиён раъй иброз мекунад, ки дар натича ахдномаи собитшудаи халифа бо мавсилиён эътиборашро нигох медорад. Абуханифа солхои охири умрашро дар махбас сипарй мекунад. У дар макбараи Хайзурони Багдод ба хок супорида мешавад. Сул- тон Алп Арслони Салчукй соли 459 бар мазори Имоми Аъзам куб- баи бузурге насб намуда, дар пахлуи он мадрасаеро бино ниход, ки голибан яке аз аввалин мадрасахо дар Багдод буд. Ин Мадраса ба номи Машхад Имом Абуханифа машхур аст. Махалле, ки макбара дар он вокеъ аст, Хайюлаъзамия хонда мешавад. Имом Абуханифа муассиси мадрасаи раъй ва циёс дар фикхи исломй мебошад ва садхо нафар шайх ва шогирд дорад. Силсилаи асотиди уро дар мадрасаи Куфа чунин навиштаанд: Абдуллох ибни Масъуд дар Куфа (в. 32 х.)> Алй ибни Абутолиб дар Куфа (в. 40 х), Шурайх Хориси Киндй (в. 78 х.), Алкама ибни Кайси Нахаъй (в. 62 х ), Масрук ибни Ачдаъи Хамадонй (в. 63 х), Асвад ибни Язиди Нахаъй (в. 95 х), Иброхим Нахаъй (в. 95 х ), Омир ибни Шарохили Шаъбй (в. 104 х ), Хаммод ибни Абусулаймон (в. 120 х.), Абуханифа (в. 150 х.), Абуюсуфи Куфй (113 / 182), Мухаммад ибни Хасани Шайбонй (113 / 189), Зуфар ибни Хузайл (110 / 158). Хазрати Алй ва Абдуллох ибни Масъуд, ки якчоя бо дигар сахобагони Киром ба ичтиход ва истинбот даст задаанд, бештар дар Куфа киём намуданд ва масоилу ахкоми онхо дар он сарзамин ривочи бештар ёфта, Куфа хаёсияти дору-л-улуми фикхро ба худ гирифт. Худуди 700 то 800 тан аз шогирдони у дар атрофи мамолики исломй пароканда мешаванд ва курсихои мухими тадрисро пур мекунанд. ХУДУДИ 50 тан аз онхо пас аз марги Абуханифа, дар рузгори хилофати Аббосиён макоми казоро адо мекунанд. Шогирдони у таълимоти устодашон Абуханифаро пахн мекунанд, таълиму тарбияи мусулмононро ба ухда мегиранд. Худи Имом Абуханифа шогирдонашро чунин тавсиф кардааст: «Инон сию шаш тананд, ки аз онхо бисту хашт тан муносиби макоми казо, шаш тан лоики судури фатво ва ду тани дигар шои- стаи таълим додан ба козиёну факехонанд». Кавонини шаръй, ки Абуханифа зимни машварат бо шогирдонаш тадвин намуда буд, дар чахонй ислом ба унвонй к,онун пазируфта мешавад. Аббосиён, Салчукиён, Усмониён (туркони усмонй) 128 аз он х,имоят карданд. Имрузхо миллионхо нафар мардум аз он пайравй мекунанд. Мачмаи кавонини исломй дар худуди 83000 масъалаи фикхй фа- товии Имом Абуханифа ва ёронашро гирд овардааст. Дар он масо- иле низ хастанд, ки минбаъд матрах шуда буданд. Ин фатовй хамаи шохахои фикхи исломиро танзим мекунад, аз кабили хукукй фитрй, маданй, чиной, шаходат, ичрой, издивоч, талок, ирс, кавонини хоким бар хаёти иктисодй, кавонини шахей ва умуре, ки бо ибодат сару кор дорад. Имом Абуханифа шогирдони зиёд тарбия намудааст. Байни онхо Абуюсуф ва Мухаммад ибни Хасани Шайбонй макоми хосе доранд. Дар халкаи дарсй у шогирдон аз нукоти гуногун ширкат меварзиданд, ки боиси васеъ пахн гаштани таълимоташ мегардад. Фикхи Имом Абуханифа дар Басра тавассути Юсуф ибни Холиди Самтй ва Зуфар ибни Хузайл тарвич мешавад. Мардуми Хуросон бо Имом Абуханифа иртиботи дерина доштанд. Хуросониён дар халкаи дарсй Имом хузур доштанд ва хамаи ин ба он меоварад, ки Хуросон ба пойгохи устувори фикхи ханафй пас аз Ирок табдил меёбад. Толибомузони Магриб Асад ибни Фарот, Абдуллох ибни Фаррухи Форсй, Абдуллох ибни Fohhm Крзии Ифрикия дар расонидаи таълимоти ханафй ба ин сарзамин сахм гузоштанд. Кдзои Миср бар мазхаби ханафй доварй мекард. Таълимоти Абуханифа дар Шом низ ривоч меёбад. Х,офиз Абулмахосин Шофей 918 нафар аз шогирдони Имом Абуханифаро дар китобаш менависад. Козй Абуюсуф, Имом Мухаммад ибни Хасани Шайбонй, Имом Зуфар, Косим ибни Маън, Асад ибни Амр, Алй ибни Мусхир, Офият ибни Язид, Хиббон, Ман- дал дар тадвини фикх бо Имом Абуханифа шарик буданд. Абуханифа муаллифи бархе аз китобхо мебошад, агарчанде муътабари мазхаби ханафиро шогирдонаш баъд аз у тартиб дода- анд. Ин китобхо ба тарики зайланд: Фикхи акбар дар дах боб дар баёни акоид (Хайдаробод, Дакан, 1321 х.); Фицхи акбари дуввум, ки баъд аз соли 390 х. таълиф шудааст (Кохира, 1915 м. ва Дехлй, 1289 х ); Фицхи акбари саввум ба ривояти Абумутеи Балхй (Дехлй, 1307 X- ва Кохира, 1324 х ); Фик,х;и абсат (Хайдаробод, 1321 х ); Мусиади Абуханифа ба ривояти Имом Юсуф (Кохира, 1327 х. ва ба 12 ривоят иборат аз нусхахои дигари хаттй); Васоёи Абуханифа (6 нусха ба ривоёти мухталиф, ки бархе ба табъ расидаанд); Китоби ал-Олиму ва-л-мутааллим (Хайдоробод, Дакан, 1349 х ); Ал-Касидату Нуъмония дар мадх;и \aipamu Расул (с) (иборат аз табъхои мутааддид); Рисо- ла ба Усмонй Бустй (Хайдоробод, 1321 х.); Муцодалату-д-дах;риййин (нусхаи хаттии Кохира); Маърифату-л-.иазод;нб (нусхаи хаттии Кал- катта, Ромпур, Петербург); Насоех; (нусхаи хаттии Искандария); 129 Аз-Завобиту-с-салоса (нусхаи хаттй); Рисолат-ул-фароиз (хаттии Патна); Ад-Доъу-л-маъсур (хаттии Патна): Ал-Мунабби\оту ало умури-л- вочиботн (манзум, хаттй); Касида (хаттй дар Аясофия). Дар замони зиндагии Абуханифа мазохиб ва фиркахои зиёд дар ислом пайдо мешаванд, аз кабили хавориц, шиъа, муцаббира, муътазили ва г. Х,ар яке аз онх дар сиёсат, имон, имомат, масаои- ли мовароу-т-табиат акоиди хоси худро дошт. Фиркаи мурции, яъне ахли ирчо низ вучуд дошт, ки имонро танхо тасдики дил ва икрори забон медонистанд ва амалро рукни он намешумурданд, ба куфри хеч мусулмон, ки икрор ба забон намояд, фатво намедоданд. Имом Абуханифа дар «Фикхи Акбар» акоиди ахли Суннатро дар робита бо фиркахои мухолиф изхор мекунад. Абуханифа манобеи фикхи худро чунин шарх медихад: нахуст Китоби Худо\ дуввум Суннати Паёмбар (с) ва ривоёти сахех ач он хазрат ба накди сицот аз сицот: саввум к,авли сахоба. Ва дар сура- ти даст наёфтан ба хукм дар манобеи ёдшуда, амал бар ич,тих,од ва раъй. Абучаъфари Шазаморй аз Имом Абуханифа ривоят мекунад, ки у мегуфт: «Мо дар хеч масъала бидуни зарурат аз киёс кор на- мегирем, агар далелро аз Куръон ва Суннат ва амали сахоба ва ё ичмои сахоба наёбем, он гох ба киёс ручуъ кунем». Имом Абуханифа аз чахор хазор аиммаи тобеин хадис шунида- анд. Ба кавли Исроил ибни Юнус: «Абуханифа хадисро хуб дар ёд дошт. Фикхро ба хадис мувофик намуда, тахкик мекард ва фикхи дар хадис бударо аз дигарон бехтар медонист». Имом Абуюсуф дар ин боб мегуяд: «Х,еч кас тафсири хадису асрори нозуки фикхро мисли Имоми Аъзам нуктасанчона маънидод карда наметавонист». Абуханифа хамон хадисхои набавиро мавриди амал карор ме- дод, ки онхоро чамоате аз чамоати дигар ривоят карда, ричоли он сика ва содик буда, факехон дар шахрхо бар амали онхо иттифок доштанд. Дар холати ба даст наомадани чунин хадис ва ё кавли сахоба ба ичтиход худ зимни киёс ва истехсон ру меовард. Имом Абуханифа ва шогирдони фикхии уро дар робита бо киёс ва истехсон ахли раъй мешуморанд. Х^мин тарик, судури фатво дар мазхаби ханафй такя ба манобеи зайл дорад: 1) К)>ръон; 2) Суннат; 3) щели сахобагони Паёмбар (с); 4) циёс, 5) истехсон; 6) ичм&; 7) урф. Дар фикхи ханафй киёси зохиру маълум ва к,иёси пушида чудо карда мешаванд. Киёси зохиру маълум циёси исло^ист. Киёси пушида ва хафй, ки такозо мекунад масъаларо ба асли дигаре мулхак карда шавад. исте%сон номида мешавад. Истехсон к,иёси муста^сан аст. Таърифхои зиёди истехсон маълуманд, масалан: «Истехсон тарки киёс ва гирифтани чизест, ки барои мардум муносибтару мувофиктар аст», ё «Истехсон талаби сухулат дар ахком аст, дар умуре, ки ба он 130 хоссу ом мубтало мешавад», ё ин ки истехсон ба маънии: «Гириф- тани фарохй ва талаб кардани рохат ё гирифтани самохат (сахду осонй) ва талаб кардани чизе, ки дар он рохат аст». Хадаф аз таърифхои истехсон тарки мушкилй барои осонист. Дар ин хусус ояти Худованд хает: «Худо барои шумо хостори осо- иш аст, на сахтй ...» (Сураи Бакара, ояти 185). Паёмбари Ислом низ фармудаанд: «Хайри дини Шумо осонтари он аст, хайри дини Шумо осонтари он аст». Урф чун манбаи фикхй акоиди чун анъана васеъ пахншуда дар чомеаи исломист, ки дар холатхои набудани далели вахйй истифода мешавад. Урфро одатхои махаллй, амалияи анъанавии мусулмонон ташкил медиханд. Урфи сахех ва урфи фосидро чудо мекунанд. Хусусияти фикхи ханафй ин аст, ки дар он вусъат ва озодии бештар дида мешавад. Имом Абуханифа озодандеширо дар илми фикх ривоч медод ва хеч касро ба таклиди ноогохона аз худ фаро наме- хонд. Дар мазхаби ханафй судури фатво бидуни далел, бар асоси танхо таклид раво дониста намешавад. Бузаргтарин коре, ки Имом Абуханифа дар фикхи исломй кардааст, кавоиди истинбот мебошад, ки бар асоси он фикх хусусияти як фанни мустакилро ба худ мегирад. Бояд зикр намуд, ки истин- боти масоил ва тафреъи ахком дар даврони хаёти сахобаи киром шуруъ шуда буд. Вале масоили фикхй, истинбот ва истихроч шакли томи илмй касб накарда буд. Масоили фикхй истинбот мегар- дид, аммо истилохоти илмй вучуд надонгг. Имом Абуханифа фикхро мучтахидона ва ба таври як фанни мустакил тартиб медихад. Яке аз масъалахои мухими афкори ислом мацоми Хулафои Рошидин буд. Дар замони зиндагии Имом Абуханифа фиркахое буданд, ки се халифаи аввалро бархак намешумориданд. Дойр ба ин масъ- ала Имоми Аъзам чунин ибрози назар мекунад: «Бехтарин одами- ён пас аз Паёмбари Худо (с) Абубакр буд. Пас аз у Умар буд, пас аз у Усмон ва пас аз у Алй; онхо хама мардони поке буданд ва ба адл рафтор карданд». Дойр ба масъалаи мацами сахобаи киром низ нуктахои назари му- холиф вучуд доштанд, аз чумла мазхаби шиъа на хамаи сахобагонро мепазируфанд. Имом Абуханифа оид ба ин масъала чунин ибрози назар мекунад: «Дар бораи сахобаи Паёмбар набояд чуз ба эхтиром сухан гуфт». Акоиди Имом Абуханифа оид ба макоми Хулафои Рошидин ва сахобаи киром назари умумии ахли Суннат ва чамоатро ифода мекунанд. Дар ин бора болотар зикр гардид. Акидаи Имом Абуханифа дар хусусй \окимият ва хукуматдорй дар чахорчубаи назарияи исломй пешбарй ва ифода мешавад. Тибки назари исломй, уокими ростин Худо мебошад, Паёмбар цонишини 131 муайид аз cyu Худованд аст, цонуни Худо ва Паёмбари у - шариат к,онуни воло ва бартар буда, х,ама бояд аз он бидуни шуб.\аву истис- но риоя кунанд. Дар заминаи ин ахкоми Ислом Имом Абуханифа чунин ибрози акида мекунад: «Вакте ман фармонеро дар Китоби Худо меёбам, онро аз он чо мегирам. Вакте онро дар он чо наёфтам, аз кавл, феъл ва суннати муайяди Паёмбар мегирам, ки аз маохизи муътабар ба дасти мо расидааст. Вакте онро дар Китоби Худо ва дар суннати Расул наёфтам, аз акидаи муттабаи сахобаи Расул пайравй меку- нам. Дар сураги ихтилоф миёни ин акоид, он акидаеро, ки худам мехохам, мепазирам ва онро, ки намехохам, рад мекунам: вале ман хамаи онхоро барои ин рад намекунам, ки акидаеро аз хорич бипа- зирам... Аммо дар мавриди умури дигар, ман ба хамон андоза хак дорам баррасй кунам ва натича бигирам, ки дигарон». Акидаи зикршудаи Имом Абуханифа мухтавои асосии назари уро нисбат ба хукумат ташкил медихад. У пеш аз хама Кур'ьон ва Суннати набавиро асоси цонунии хукумат медонад. Хукумате, ки аз Куръон ва Суннат маншаъ мегирад, х;укумати цонунй (шаръй) мебошад. Дар холатхое, ки дойр ба ягон масъала дар шариати исломй дастуре дода нашудааст, истифодаи киёс ва раъй чоиз шуморида мешавад. Абуханифа мекушид ба ягон сахв дар Суннат рох надихад. Аз ин ру, хангоми хилоф миёни сахоба акидаи касеро мепазируфт, ки бо акоиди дигарон ихтилоф дошта бошад. У зимни киёс ва раъй акидаи касеро дармеёфт, ки бештар мутобик ба Суннат бошад. Имом Абуханифа роххои конунии таъсиси хилофатро низ баррасй мекунад. У, ки чонибдори рохи конунии таъсиси хилофат аст, хама гуна кушиши истифодаи зуриро дар ин кор намепазирад. Ба акидаи Имоми Аъзам, сохиб гаштан ба хокимият бо истифодаи зурй ва сипас конунй гардонидани он зимни байъати ичборй хилофи конуни шариат аст. Рохи шаръии таъсиси хилофат ба назари Абуханифа чунин аст: баргузидани халифа пас аз мушовара ва та- бодули назари хирадмандоне, ки хакки изхори акида доранд (ахду- р-раъй). Имом Абуханифа ин акидаашро дар холи бедодгарихои хулафои араб изхор мекунад. У аз чумла ба саволи халифа Мансур дар хусусй ба хукумат сазовор будан ё набуданаш чунин посух медихад: «Хакикат ин аст, ки ту халифа шудай, бе он ки хатто ду тан аз ахли фатво бад-он ризоият дода бошанд; дар сурате ки халифа бояд бо мушовара ва мувофикати мусулмонон интихоб шавад. Ту медонй, ки Абубакр ба муддати шаш мох аз судури хукм cap зад, то ин ки хабари байъаги ахли Яман восил шуд». Сифатхои халифа низ аз чумаи масъалахои чузъии назарияи исломии давлат буд. Дойр ба ин масъала Имом Абуханифа таъкид 132 мекунад, ки халифа бояд шахеи дурусткор бошад, ситамгор ва фо- сид наметавонад халифа, козй, муфтй ё хакам бошад ва дар сурати ба хукумат расидани чунин шахе, хилофати у ботилу беасос буда, мардум ба итоат аз у вочиб нестанд. Абубакри Чассос яке аз факехони ханафй акидаи Имом Абуха- нифаро чунин шарх медихад: «Ч,оиз нест, ки шахсе золим ё фосид паёмбар ё халифаи у, ё козй бошад, ё макомеро ба даст кунад, ки аз тарики он кодир шавад иродаи худро дар масоили марбут ба мазхаб бар мардум тахмил кунад: масалан, у наметавонад муфтй ё шохид ва ё хомили аходиси набавй бошад. Ояти Куръонй, ки «... наймони Ман ба ситамгорон намерасад» нишон медихад, ки хамаи касоне, ки зимоми умури мардумро дар масоили марбут ба дин дар даст мегиранд, бояд дурусткору пархезгор бошанд. Ин оят бо катъият собит мекунад, ки хилофати ахли фасод нораво ва харом аст. Х,еч фардй машхур ба фасод наметавонад халифа бошад. Агар касе бо ин му- шаххасот худро дар ин маком чо бизанад, мардум дар хеч шароите мачбур ба пайравй ва итоат аз у нестанд, хамин маънй мурод будааст, вакте ки Расули Худо (с) гуфт: хеч кас аз махлукот хак надорад бо вучуди исён ва шикастани фармони Худо аз мардум фармонбардорй бихохад. Оят хамчунин катъият дорад, ки хеч шахеи фосиде наметавонад козй, хоким ё муфтй бошад ва агар у яке аз инхо бишавад, ахкому фармонхои уро набояд муътабар шуморид. На шаходати у метавонад пазируфта шавад, на хабаре, ки аз Паёмбари Худо накл мекунад ва на фатвое, ки содир мекунад». Захабй аз Имом Абуханифа чунин акида меорад: хар кас аз байтулмол, ё пули мардум суистифода бикунад, ё ахкоми гайриодилона содир кунад, сазовори бокй мондан бар маснади хилофат нест ва фармонхои у эътиборе надоранд. Имом Абуханифа зимни пайравй аз акидаи умумии хамаи ахли Суннат иброз мекунад, ки халифа бехтараш аз кабилаи Курайш бошад. Ба андешаи бештари мухаккикон, ин акида дар робита бо вазъи сиёсии хамон вакт пазируфта мешуд, аз чумла зимни таъкиди ин, ки махз кабилаи Курайш кодир ба таъмини ягонагии хамаи мусулмонон мебошанд. Атрофи ин масъала миёни ахли Суннат ва фиркахои дигар, аз кабили хаворичу муътазила ихтилофи назар пайдо мешавад. Хаворич ва муътазила хилофати гайри ахли Курайшро чоиз мешумориданд ва хатто таъкид намуданд, ки кабоили дигар хакки бештар хам доранд. Имоми Аъзам дар баёни истифодаи шаръии байтулмол низ ибрози акида намудааст. Имом Абуханифа зимни мушохидаи бе- додгарихои молии замонаш муътакид ба ин буд, ки суистифода аз хакки мардум ва байтулмол хакки хилофатро аз хоким аз байн мебарад. Тавре аз Захабй накл шудааст: «Ба назари Абуханифа (р) зулм 133 ва истифодаи номашруъ аз байтулмол тавассути хоким хакки хило- фатро аз у дур месозад» Имоми Аъзам ичоза намедихад хадоё ва тухфае, ки аз кишвархои хорич дарёфт мешаванд. чузви амволй шахсии халифа бошанд. Х,адяву тухфахо низ бояд вориди хазинаи давлат шаванд, зеро агар шахе сарвари давлат намебуд, пас сазовор ба ин тухфахо намешуд. Абуханифа хамчунин талаф шудани байтулмолро ба сабаби нуфузи халифа ва аз рохи тухфа додан аз он рад мекунад. Тавре маълум аст, худи Имом Абуханифа тухфахои хулафоро намепазируфт. Имом Абуханифа чонибдори таъмини мустакцлияти кувваи цазоия (козй) аз фишори беандозаи хулафо (мучрия) буд. Абуханифа муътакид ба ин буд, ки козй хангоми тачовузи халифа ба хукуки мардум битавонад бар зидди халифа фатвое содир кунад. У ба шогирдонаш чунин дастур медихад: «Агар халифа ба сабаби тачовуз ба хукукй мардум мукассир бошад, козй, ки ба маком толи уст (яъне козиюлкузот) бояд уро мачбур кунад, ки ба хукми конун (шаръй) гардан бигузорад». Ва хамин вобастагии казо аз хокимияти халифа дар давраи Ум- мавиёну Аббосиён буд, ки Имом Абуханифа мансабхои пешкашшу- даи казоро намепазирад. Абуханифа метарсид, ки зимни галаби судури фатвои нодуруст василаи беадолатй гардад. Имоми Аъзамро ба сабаби напазируфтани мансаби козиюлкузоти Куфа Язид ибни Умар ибни Убайра формой медихад тозиёна зананд. Халифаи Аббосй Мансур низ ба Абуханифа мансаби козиюлкузоти хилофати Аббоси- ро пешниход мекунад. Вале Абуханифа ин мансабро низ намепазирад. У аз чумла дар яке аз нишастхо ба халифа мегуяд: «Хатто агар ин макомро ба иродаи худ бипазирам, на ба икрох, комилан мутма- ин бош, нахохам тавонист мавриди итминони ту бошам. Зеро агар ман даъвоеро бар хилофи майли шумо фатво дихам ва шумо аз ман бихохед он хукмро ба кайфари гарк шудан дар руда Фурот тагйир дихам, ман гарка шуданро бар тагйири хукм тарчех хохам ниход. Аз ин гузашта, (мушкили дигар) дарбориёни шумо хастанд; факат маъ- дуде аз онхо моил ба бакои козй дар девони олии шумо хастанд, бар хилофи майли онхо амал кунад». Халифа Мансур Имом Абуханифаро зиндонй намуда, мавриди шиканчаву тозиёна, аз чумла гуруснагиву ташнагй карор медихад. Дар нихояти кор Имом Абуханифа дар зии- дон даргузашт, ба ривоятхон мухталиф, ба марги табий ва ё ба захр. Имом Абуханифа аз озодии баён пуштибонй мекард. У ахамияти озодии баёнро дар чомеаи исломй бо мустакилияти кувваи казоия баробар мекард. Абуханифа мутмаин буд, ки озодии баён хак ва та- клифи ом аст, вале вокеан чой надоштани ин хакро мушохида мекард, аз чумла хуб дарк мекард, ки Уммавиёну Аббосиён мардумро аз шикояти фасоду беадолатии хукуматашон махрум сохта буданд. 134 Имом Абуханифа мекушид мардумро аз хакки озодии баён огох кунад, рухияи зиддифасодиро байни мардум бедор кунад. Тамоми гуф- тору амалхои Имом Абуханифа ва умуман зиндагии у намунаи мубориза бо фасоду беадолатй дар давлатдорй мебошанд. Имоми Аъзам чун шахеи озодандеш ва адолатпарвар аз чумлаи муболигон ва фидоиёни хакикат ва адолати ичтимой буда, бахри хамин арзишхои олй мавриди фишору шиканча карор гирифта, дар зиндон чонро ба чонофарин месупорад. Абуханифа махз ба хотири ин ки хукумати Аббосиро конунй намедонист, мансаби казоватро напазируфт. У хилофи хар гуна хукумате буд, ки бархилофи раъйи мардум, дар асоси зуру зар таъсис гаштааст. Бар замми ин, Имом Абуханифа хакки озодии баёнро бар зидди фатвохои нодуруст химоя мекунад Ба назари Абуханифа, махоким хак надорад фатвохои нодуруст диханд. У зиндонй кардан ё чазо додани шахсеро, ки дар бораи хокими конунй ё хукуматдории ад- лаш бад гуфтааст, нораво мешуморад, хатто агар ин шахе халифа- ро дашном бидихад ё касди куштани уро дошта бошад, ба истиснои холатхои даст задан ба шуриши мусаллахона ё бархам додани сулх. Абуханифа худ шахеи озодандеш буд ва зимни хамин табиаташ шинохт ва озодии инсонро химоя мекунад. Озодии инсонро у хатто дар масъалаи имон ва куфр низ тахлил мекунад, яъне таъкид ба он мекунад, ки Худо касеро ба тарики мачбурй кофир ё муъмин халк намекунад. Дар ин хусус Абуханифа дар «Фикхи Акбар» менависад: «Аллох таъоло касеро аз халки худ ба кофир шудан ё имон овардан чабру кахр накардааст». Дар чои дигар Абуханифа таъкид мекунад: «Чамиъи феъли бандахо чй аз харакат ва чй аз сукунат, чй куфру имон ва чй тоату исён ихтиёр ва касби худи бандахост». Инсондустй чузъи сифат ва афкори Имоми Аъзам мебошад. У аз чумла ба баробарии фитрии муъминон дар назди Худо таъкид намуда менависад: «Хамаи муъминон дар маърифат, якин, тавак- кал ба Аллох, мухаббат, ризо ва хавф, умед ва эътикод баробаранд». Абуханифа чун шахеи инсондуст ва адолатпеша наметавонист нисбат ба беадолатихои замонаш бетараф бошад. У аз химояи раъй ва манфиати мардум, эхтироми кадри инсон, хакки одамон ба хилофати адолатпеша, хакки вожгун намудани хокимияти фосид ва беадолат сухан мегуфт. Эътирози Абуханифа нисбат ба беадолатии хукумати замонаш то хадде мерасад, ки у чонибдори вожгун намудани хокимони фосид буд, аз хакки мардум ба иваз намудани хокими ситамкор бо хокими одил пуштибонй мекунад. Бино ба маълумоти муаррихи садаи сав- вуми хичрй Ахмад ибни Яхёи Балозурй, мухаддиси мазхаби зайдия Мукотнл ибни Сулаймон ибни Башири Хуросонй ва бархе дигар аз донишмандон, Абуханифа дар киёми Зайд ибни Алй бар зидди Ум- 135 мавиён пинхонй уро ёрй намудааст. Тибки маъуломоти дигар, халифа Мансур, вакте Хассон ибни Мучолидй зидди хилофат киём мекунад, Абуханифа ва ду факехи дигар аз куфиёнро водор мекунад бар накзи ахдномаи собики халифа бо мавсилиён мухри таъйид нихода, уро дар саркуб кардани эшон бар савоб шуморанд. Вале Абуханифа раъйе бар хилофи майли халифа иброз дошт ва халифа мачбур мешавад ахдномаро бачо шуморад. Масъалаи исён бар зиди хукумати золимона низ аз зумраи масоили мухими афкори исломй буд. Ахли Суннат дар ин масъала назари мухолиф доштанд. Гурухи кассире аз ахди хадис чоиз донистанд, ки мусулмонон бар зидди ситамгар метавонанд фарёд бизананд, вале наметавонанд ба шуриш бархезанд, хатто агар хоким хукукй эшонро гасб намуда, ба хунрезй даст зада бошад. Назари Имом Абуханифа ба ин масъала чунин буд: асосан хилофати ситамкори байтулмол со- зовори он аст, ки вожгун гардад; мардум на танхо хак доранд, балки таклифи онхост, ки бар зидди он cap ба шуриш бардоранд ва чунин шуриш на танхо мучоз аст, балки вочиб аст, аммо машрут бар ин ки эхтимоли зиёд бошад, ки ба чои ситамкор ё мутачовиз хокими одил ва пархезгор бинишинад ва кор сирфан мунтахй ба зоеъ шудани чонхо ва кудрат нашавад. Озодандешии Имом Абуханифаро шогирдону пайравонаш идома медиханд. Чунончи, Абуюсуф, яке аз шогирдони машхур ва факехи намоёни ханафй, ки дар китобхояш раъйи худ ва ороъи шайху устодаш Абуханифаро тадвин кардааст, халифаро мухофизи мардум ва мардумро василаи озмоиши халифа меномад. У таъкид мекунад, ки подшохон барои хисоб ба пешгохи Худо хонда хоханд шуд ва подшохони беадолат ба бадтарин мучозот гирифтор мешаванд. Хамзамон таъкид мешавад, ки халифа ба василаи мардум низ масъ- ул шуда метавонад, аз ин хотир, мусулмонон бинобар хакки конунй (шаръй), ки ба гардани у доранд ва бо таваччух ба амволе, ки ба у супурдаанд, хак доранд аз у хисоб кашанд. Ба назари Абуюсуф, ситамгарон ва шахсони фосид набояд ба макомоти давлатй рох ёбанд, вагарна худи подшох шарики амали фосиди онхо мегардад. Дар бахши танзими низоми молиёт таъкид мешавад, ки молиёт бояд аз тавонгарон гирифта шуда, барои ниёз- мандон масраф гардад. Абуюсуф хамчунин дар масъалаи бехтар кардани шароити зиндонхо ва махбасон, аз зиндон озод намудани зиндо- ниёни бегунох, раво набудани хабси шахсони бегунох акидахояшро иброз мекунад. М.азхаби Абуханифа Имоми Аъзам, тавре маълум аст, бонуфузта- рин мазхаби ислом буда, хануз дар даврони хукмронии Аббосихо чун мазхаби расмии хилофат амал мекард. Хулафои Аббосй (аз Мансур cap карда то Муктафй), сипас салотини Тохирён, Сомониён, Саффо- 136 риён, Салчукиён, Хоразмих.о, Усмонихо аз мазхаби ханафй пайравй намуданд. Дар Куфа, Басра, Ахвоз, Багдод, Шероз, Кирмон, Хуро- сон, Туркистон, Мовароуннахр, Синд, Хинд, Рум, Булгор, Кошгар, Fypna. Сичистон, Занч, Хдбаша, Яман, Димишк, кисми Озарбойчон ин мазхаб нуфуз дошт. Дар натича мазхаби ханафй дар сарзами- ни Ирок, Афгонисток, Покистон, Хинд, Чин, Шом, Миср, Магриб, Андалус, Туркия, Юнон, собик Югославия, Албания пахн мешавад. Имом Абуханифа дар кори таргибу ташвики дини Ислом, ахкоми Куръонй ва тахкими Суннати Расули акрам (с) зиндагиашро сипарй намуд ва аввалин мазхаби (мактаби) фикхи ханафиро барпо намуд, ки имруз бештари мусулмонон пайравй он хастанд. Акоиди у дар тули беш аз хазор сол аст, ки дар хизмати мардум карор доранд. Оид ба накши Абуханифа дар ислом Паёмбар Мухаммад (с) дар хадисхои хеш пешгуй кардаанд: «Дар байни умматони ман ин- соне бо номи Нуъмон ибни Собит (Абуханифа) меояд ва дар рузи эхё шуои умматони ман мегардад»; «Инсоне бо номи Нуъмон ибни Собит пайдо мешавад ва дини худро ва суннати маро эхё мекунад»; «Хар садсола аъзоёни умматхои ман ба дарачаи боло мерасад ва Абуханифа дар давраи худ бузургтарин мешавад». Имом Абуханифа ба хайси яке аз аркони уламо ва имомони чахоргона сохиби мазохиби бархак пазируфта шудааст. Имом Молик, ки дуввумин имоми чахоргона аст, мефармояд: «Ба номи Худо касам, ин мард, Абуханифа, агар бихохад, ки туро чонеъ кунад, ки ин сутуни чубин аз тиллост, бо далелхо туро конеъ хохад кард». Имом Шофей аз сеюмин имомони чахоргона таъкид кардааст, ки касеро факехтар аз Абуханифа надидаам. Як гурух олимони ислом фармудаанд: «Барои хар як мусулмонй ахли кибла вочиб аст, ки дар хакки Имоми Аъзам дуо кунад, зеро у фикхи исломиро бар мо оварда расонид». Дар ин замина бо пешниходи Президенти Чумхурии Точикистон Эмомалй Рахмон соли 2009 хамчун Соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон гардид. Тавре Президенти Чумхурии Точикистон Эмомалй Рахмон таъкид мекунад: «Имоми Аъзам рухи замони худро дуруст дарк намуда, барои ягонагии уммати исломй, бартараф намудани хар гуна ифрот дар масъалаи марбут ба акида ва фикхи исломй, хифзи асолати фархангии кавмхои гуногуни чахонй ислом, махсу- сан урфу одатхои мардумй хамчун сарчашмаи конунгузории динй, тамоми неруи ахлокй ва аклонии худро бахшидааст». Рузхои 5 ва 6 октябри соли 2009 дар пойтахти Точикистон шахри Душанбе бахшида ба 1310 солагии Имом Абуханифа Симпозиу- ми байналмилалй зери унвонй «Мероси Имоми Аъзам ва ахамияти он дар гуфтугуи тамаддунхо» баргузор гардид. Дар кори Симпозиум беш аз 500 намояндагон аз 50 давлати чахон - донишмандо- 137 ни ислом, олимон, исломшиносон, ходимони дин ва сиёсатмадорон аз Афгонистон, Эрон, Покистон, Хиндустон, Туркия, Миср, Ирок, Арабистони Саудй, Аморати Муттахидаи Араб, Осиёи Марказй, Россия, Чопон, ИМА ва кишвархои дигари Ташкилоти Конфрон- си Исломй ширкат варзиданд. Президенти Ч,умхурии Точикистон Эмомалй Рахмон зимни баромад дар Симпозиум аз чумла таъкид намуд: «хицмати Имоми Аъзам барои уммати мусалмон ва башарият он аст, ки у дар зиндагии нимасраи худ чомеаи исломиро бар асоси манобеи накдиву шаръй аз хушунат ва тачзияи баъдй ба гуруххои ба хам мухолиф нигох дошт, миллатхои мухталифи мусалмонро зери парчами Ислом муттахид сохт ва уммати исломро аз бархурдхои ха- стакунанда ва фалокатбор начот дод». Таълимоти Имом Абуханифа дар марказй ховаршиносони Аврупо ва рус низ аз пеш карор дорад. Чунончи, А. Боязидов (дар китобаш «Ислам и прогресс». С.-П., 1898) ахамияти мазхаби ханафиро дар олами ислом, аз чумла накши ичтиход ва киёсро дар рушди фикхи ханафй таъкид мекунад. Н.П. Остроумов (дар асраш «Исламоведе- ние. Шариат по школе (мазхаб) Абуханифе». Тошкент, 1912) дар ху- суси шинохти Абуханифа чунин мегуяд: «Хизмати Абуханифа дар он аст, ки у аввалин шуда бо риоя аз талаботи пархезкории исломй тавонист майдони амали исломро васеъ намояд ва ба дасти ислом хокимияти конунгузориро вогузорад. Имомхои дигар, ки аз донишу конунгузории у истифода кардаанд, бояд аз у миннатдор бошанд». |