тарихти афкори сиёси. х.. Китоби дарси
Скачать 0.9 Mb.
|
Ахли Суннат ва чамоат Пайравони Суннат (суннихо), ки аксари мусулмононро ташкил медиханд, ах,ли Суннат ва цамоатро ташкил медиханд. Ибораи мазкур аз ду кием иборат аст. Кисми аввал маънои пайравй аз Суннати Паёмбари Худо Мухаммад (с) ва сахобагони уро дар назар дорад. Суннихо Куръон ва Суннатро хамчун манобеи асосии (асли) дини ислом мепазиранд, аз исён ва тазоди динй худдорй мекунанд, масоили гуногунро зимни пеш аз хама оятхои рушани Вахйи Илохй, хадисхо ва равиши Паёмбари ислом (нассхо) хал мекунанд. Кисми дуввуми ибораи зикршуда маънои пайравиро аз кавл ва ахкоми хамаи сахобагони Паёмбар (с) дорад, аз он чумла пайравй аз усули онхо хангоми халли масоили гуногун. Дар ин маврид зери мафхуми «Суннат» ягонагй ва иттиходи одамон зимни дини ягона дар назар дошта мешавад. Пайравй аз дин дар хаёти хамарузаи чомеаи мусулмонон чамоатро дар назар дорад. Истилохи «цамоат» пас аз супори- дани хокимият дар Хилофат аз чониби Хасан ибни Алй ба Муовия ибни Суфён мавриди истифода карор мегирад. Зимни ин руйдод ба низои байни ахли Ирок ва ахли Шом хотима гузошта мешавад ва ин сол дар таърих чун соли ягонагй - санатул цамоат машхур аст. Дар ахди Паёмбари Ислом (с) чамоаи мусулмонон ягона буд. Пас аз куштори халифа хазрати Усмон (соли 35 / 656) чудой дар чамоати мусулмонон ба вукуъ мепайвандад, аз чумла ихтилофоти байни Алй ва Муовия тез мешавад. Дар хамон давра кабули оммавии ислом аз 119 тарафи яхудиён, насронихо, зарудуштон огоз мегардад. Як катор аз ин кавмхо кушиш намуданд ба ислом чахонбинии худро ворид намоянд, ки боиси пайдоиши фиркахо ва ривочи фиркагарй дар ислом мегардад. Сахобагони Паёмбар (с) ва тобеин зимни интихоби рохи муътадил кушиш намуданд ягонагии чамоати мусулмонон- ро мухофиза намоянд. Дар ин кор Абдуллох ибни Умар, Иброхими Нахой ва Абуханифа сахми мухим доштанд. Дар мураттабсозии акоиди муътадилон Хасан ал-Басрй накши мухим мебозад. У аз чумла усулхои хилофатии Уммавиёнро зери танкид мегирад ва эълон мекунад, ки итоат ба хокимияти мухолиф ба Куръону Суннат чоиз нест. Хамзамон мавсуф чонибдори рохи эъ- тидол буда, аз Худо мадад мехост. Зимни ин равишаш у мусулмонон- ро ба риояи ахкоми фокехон даъват намуда, барои исботи акидааш ишора ба ояти зайли Куръон мекунад: «Эй касоне, ки имон овардаед, аз Худо итоат кунед ва аз Расул ва улуламри (пешвоёни) хеш фармон баред» (Сураи Нисо, ояти 59). Ал-Басрй зидда фиркагарой дар ислом буд, аз чумла акоиди пешвои муътазилон Восил ибн Ато- ро, ки кушиши пахн намудани таълимоташро ба масоили динии казову кадар ва гунохи кабира ба чо оварда буд, инчунин андешахои шиъахои оштинопазир ва хаворичро дар масъалаи берун аз Ислом эълон кардани гунахкорон, мавриди танкид карор медихад. Акса- ри мусулмонон пуштибони рохи эътидол дар дин буданд, аз чумла чонибдори хамон дини ягона буданд, ки пеш аз фиркагарой ва тазод чой дошт. Ал-Басрй барои ифодаи онхо иборахои «Ахли Суннат», «Ахли хак», «Ахли чамоат», «Ахли хадис»-ро истифода мебарад. Истилохи «Ахли Суннатро» яке аз аввалинхо шуда Мухаммад ибни Сирин (соли вафоташ 110 / 728) истифода мебарад. Бо ин истилох кисми бештари муъминонро ишора мекарданд. Абуллай- си Самарканда аз истилохи «Ахли хак ва чамоат» низ истифода намудааст. Аз асри дуввуми хичрй барои ифодаи муъминон хамчунин истилоххои «Ахли хак ва истиком», «Ахли Суннат ва накл». «Асхоби хадис» истифода мешаванд. Дертар барои ифодаи аксари муъминон, ки пайравй Паёмбар (с) ва сахобагонаш буданд, ибораи «Ахли Суннат ва чамоат» истифода мешавад. Онро Абуллайси Самаркандй дар «Шархи фикхи Акбар», тавзехи «Фикхи акбари»-и Абуханифа истифода мебарад. Пайравони «Ахли Суннат ва чамоат» ягонагии чамоати мусул- мононро нигох доштанд, ба фиркахои мухталиф имкон надоданд, ки андешахои нави худро (бидъат) вориди ислом намуда, асли ис- ломро халалдор намоянд. Дар рафти бахсу музокира бо фиркахову тамоилхои гуногун дар Ислом (шиъахо, хаворич, муътазила, мактабхои фалсафй) эътимоди ахли Суннат бештар густариш меёбад, назарияхои онхо исбот ва мураттаб мегарданд. Дар раванди густари- 120 ши ахли Суннат ва чамоят мактабхои динй ва мазхабхои (мактабхои) фикхй ташаккулу инкишоф ва васеъ пахн мешаванд. Мотуридихо, ашъарихо аз чумлаи мактабхои динй буданд, ки то хол назарияи Ис- ломи суннатиро ташкил медиханд. Мазхабхои (мактабхои) ханафй, моликй, шофей, ханбалй аз чумраи мактабхои фикхии суннатй мебошанд. Кдсми бештари ханафихо мотуридихо, аксари моликихову шофеихо ашъарихо мебошанд.
Поягузори мазхаби (мактаби) ханафй Абуханифа Имоми Аьзаи (80 / 699 - 150 / 767) мебошад. Мазхаби ханафй яке аз чахор мазхабхои исломи суннй буда, такя ба Куръон, Суннат, гуфтахои сахобагон, киёс, истехсон, ичма, урф дорад. Таълимоти Абуханифаро, ки бештар дахонй буд, шогирдонаш ба низом оварданд. Дар пахншавй ва инкишофи таълимоти Имоми Аъзам сахми Абу Юсуф ва Мухаммад ибни Хасани Шейбонй калон аст. Дар мазхаби ханафй нуфузи мукаррароти Абуханифа аз хама баланд буда, пас аз у нуфузи Абу Юсуф, сипас Шайбонй ва нихоят сарчашмахои дигар пазируфта мешаванд. Дар холати имкони истифодаи баробари хам киёс ва хам истехсон нуфузи бештар ба истехсон дода мешавад. Дар сурати ихтилофи байни ахком нуфузи бештар ба ахкоми боэътимод дода мешавад. Хадисхои заиф дар мавридхои истисной истифода мешаванд. Бо захмати шогирдону пайравони Абуханифа мазхаби ханафй васеъ пахн гардида, имкони халли кариб хамаи масоили фикхро пайдо мекунад. Аббосиён ин мазхабро бо максади таъмини хукукии давлати хеш истифода мебурданд. Халифа Хорунаррашид Абу Юсуфро козии волои Багдод таъин мекунад. Абу Юсуф имкони таъини козихои махаллиро пайдо намуда, хамзамон ба истифода- ву пахншавии мазхаби ханафй мекушад. Дар империяи Усмониён ханафия макоми давлатиро сохиб мегардад. Холо бештари мусул- монони чахон пайравони мазхаби ханафй мебошанд. Асосгузори мазхаби моликй Молик ибни Анас (93 1 112 - 179 / 796) мебошад. У дар Мадина ба дунё омада, тули 13 сол назди олими машхур Ибни Хурмуз сабак мегирад. Молик ибни Анас ба масъ- алаи гирдоварй ва таснифи хадисхо таваччухи бештар дода, асари хешро бо номи «ал - Муватта» эчод мекунад, ки ба мураттабсозии хадисхо бахшида шудааст. У солхои тулонй дар Масчиди Паёмбари ислом Мухаммад (с) дар Мадина аз хадис ва хукук даре гуфта- асг. Яке аз шогирдонаш Абдуллох ибни Вахб (соли ваф. 197) ба у асарашро бо номи «Мучосалот» мебахшад. Дар мазхаби моликй кадар (кисмат) ва хамзамон озодии иродаи инсон зимни ишора ба оятхои рушани Куръон ва Сунна (насс) 121 эътироф мешаванд. Дар сохаи сиёсат замони халифагии Хулафои Рошидин чун намунаи хилофат пазирой мешавад, назари шиъавии меросии хилофат байни ворисони Али ибни Абутолиб рад мешавад. Риояи анъанахои Хулафои Рошидин хангоми таъини халифа, хамчунин розигии ахли Макка ва Мадина (бидуни розигии манотики дигар) ба таъини халифа таъкид мегардад. Мазхаби мазкур хангоми истихрочи ахком ва судури фатво ба сарчашмахои зерин такя мекунад: Куръон, пеш аз хама оятхои возех (насс); Суннат; анъанахои ахли Мадина, дар холи бешубха буданашон; фатвои сахобагон; киёс, истислох; садуззарайн (ягон амал ё чиз, ки бе шак ба гунох меоранд ё зиён мерасонанд). Малик ибни Анас истехсонро тавре дигар шарх медод, аз чумла таъкид мекард, ки дар холати набудани маънии возехи Китобу Суннат (насс) оид ба ягон масъала халли он бидуни чой доштан ё на- доштани имкони киёс сурат мегирад. Чунин тарзи халли масъаларо у истислох меномад. Тибки мазхаби моликй истислох мутобик ба маънии асосии Шариат буда, набояд зидди мабдаи аклонй ва ягон ахкоми фикхй бошад. Мазхаби Молик ибни Анас зимни захмату кушишхои шогирдонаш дар мамолики мухталифи ислом, аз чумла дар Африкои Шимолй ва Испониёи исломй пахн мешавад. Яке аз шогирдони мавсуф фай- ласуфи намоёни машшоъ Ибни Рушд буд. Дар мазхаби мазкур мукаррароти гунонуни хукукй пешкаш шудаанд. Аз ин ру, муфтихои моликй фатворо зимни акидаи бештар боэътимодтари пазируфтаи уламои моликй ирсол мекунанд. Дар мазхаби моликй футавои Молик ибни Анас афзалияти бештар доранд, сипас нуфузи фатвохои Ибни Косим пазируфта мешаванд. Поягузори мазхаби шофей Имом Шофей (150 / 767 - 204 / 820) мебошад. Ному насаби комили имом Шофей Абуабдуллох Мухаммад писари Идрис ибни Усмон ибни Шофеъ ибни Соиб ибни Убайд ибни Абуязид ибни Хошим ибни Абдулмутталиб ибни Абдуман- ноф мебошад. Модари у Фотима духтари Абдуллох ибни Х,асан ибни Алй ибни Абутолиб аз кабилаи азд будааст. Падари Имом Шофей як факири хичозй буда, зимни хичрат аз Макка ба Шом дар Fa33a ва Аскалон икомат мекунад ва пас аз ба дунё омадани писа- раш Мухаммад вафот мекунад. Хамин тарик Мухаммад ибни Идрис соли 150 хичрй, баробар ба соли вафоти Абуханифа дар шахри Газза (Фаластин) ба дунё омадааст. Модараш сарпарастии Мухаммад ибни Идрисро ба ухда гирифта, уро дар сини дусолагй аз Газза ба Макка мебарад. Дар Мадина аз фикхи Имом Молик пайравй намуда, дар Ирок зимни ошной бо Мухаммад Хасани Шайбонй, шогирди Имоми Аъзам Абуханифа, бо фикхи ханафй (ирокй) наздикй пайдо мекунад. Пас аз вафоти Имом Молик ба Яман меравад. Сипас 122 у дар рохбарии нахзати сиёсии Алавиён муттахам гашта, бо супо- риши халифаи Аббосй Хорунаррашид дар катори Алавиён по ба занчир ба Багдод оварда мешавад. Бо кумаки Мухаммад Хасани Шайбонй, ки козии волои Багдод буд, озод карда мешавад. Бахри начот аз хосидону коргузорони хукуматй соли 180 хичрй ба Макка сафар намуда, он чо 17 сол зиндагй мекунад. Имом Шофей соли 198 ё 199-и хичрй ба сарзамини Миср рафт ва дар рузи чумъаи охи- рини мохи рачаб соли 204 дар Миср ба рахмати хак пайваст ва дар макбараи «Курофаи сугро» асри хамон руз часади он бузургвор ба хок супурда шуд. Имом Шофей дар сини 7 ё 9 солагй Куръонро хифз намуда, дар сини 15 солагй ичозаи фатво гирифта буд. Мехварияти андешаи Имом Шофей Куръону Суннат аст. У аз мактаби хадиси Имом Молик бахраманд гашта, тавассути Мухаммад Хасани Шайбонй бо андешаву акоиди ахли раъйу киёс ошной пайдо мекунад. Зимни фарогирии фикхи моликй (хичозй) ва фикхи ханафй (ирокй) аз хусусиятхои ахли хадис ва ахли раъй бархурдор гашта, дар ин ра- виш кавоиде ба вучуд меорад. Озодии фикр ва истиклоли раъй хоси Имом Шофей буданд. Имом Шофей дах сол пеш аз вуруд ба Миср ба ичтиходи нави худ пардохта, мазхаби мустакили хешро поягузорй мекунад. «Рисола дар усули фикх», «Чдмоъул-илм», «Ал-имлоъ-ус-сугро», «Ат-имлоъ- ул-кубро», «Мухтасар-ул-Бутй», «Ахком-ул-Куръон», «Ихтилоф- ул-хадис», «Ибтол-ул-истихсон» ва чанде дигар аз чумлаи асархои машхури Имом Шофей мебошанд. Дар китобаш «Хилофи Молик» у таъкид мекунад, ки раъй бо хадис кобили чамъбандй нестанд, вале барои эхтироми Имом Молик то як сол аз интишори ин китоб худдорй намуда буд. Хамчунин муътакид ба ин буд, ки мактаби Молик ба иллати ифрот дар гириф- тани (ахзи) аходис ва нахлаи Абуханифа ба иллати зиёдаравй дар раъйу киёс, хар ду чавобгу нахоханд буд. Имом Шофей мазхаби худро бар мабнои миёнаравй ва ирти- бот байни фикхи Мадина ва фикхи Ирок бино ниход. Ахмад ибни Ханбал, Хасан ибни Мухаммад, Саббохй Заъфаронй, Хусайн ибни Атаи Каробисй ва чанде дигарон аз чумлаи шогирдони Имом Шофей мебошанд. Шогирдаш Абулхасан Саббохй Заъфаронй асари асосии уро дар бахши асосхои фикх «Китоб-ул-ум» руи калам овардааст. Имом Шофей Куръон ва Суннатро мабдаи асосии мазхаби хеш карор медихад, усули хоси судури фатво - истинботро пешкаш мекунад, ки дертар номи усул-ал-фикхро касб мекунад. У имоматро (хи- лофатро) сохти бехтарини давлатдорй эътироф мекунад, ба кайси халиф намояндаи хонадони Курайшро мепазирад. замони Хилофати Рошидинро давраи бехтарин мешуморад, зимни шинохти хило- 123 фати бархакки Алй даъвои хаворичро, ки бар зидди Алй мубориза бурда буданд, зери танкиди ашаддй карор медихад. Усули фикхии Имом Шафей такя ба манобеи зайл дорад: 1) Куръон ва Суннат зимни эътирофи афзалияти Куръон хангоми их- тилофи меъёрхои Курьон ва аходис; 2) ичма, пеш аз хама ичмаи сахобагони Паёмбари акрам (с); 3) гуфтахои сахобагони Паёмбари ислом (с), ба шарти набудани ихтилофи байни онхо; 4) киёс, ки аз чониби мучтахид зимни ичтиход анчом дода мешавад. Хамзамон истехсон (фикри бартар хангоми ихтилофи киёс ба ахкоми дигари динй) ва истислох (ирсоли фатвои мучтахидон хангоми номум- кин будани кабули фатво зимни маънии аслии оятхо ё хадисхо, инчунин дар асоси киёсу ичма) рад карда мешаванд. Шофеимазхабон истислохро чузъи истехсон мешуморанд. Аз соли 199 хичрй мазхаби шофей дар Миср нуфузи бештарро сохиб мешавад. Хамзамон мазхаби кадим ва мазхаби чадиди Имом Шофеиро чудо мекунанд. Аз чумла ба акидаи Шайх ибни Хачари Хайтамй, мазхаби кадими шофей пеш аз вуруд ба Миср дар асари Имом «Хуччат» таълиф гашта, мабнои амал мазхаби чадид буда, чуз дар бист ё сию чанд масъала амал ба мазхаби кадим чоиз нест. Ба акидаи Хатиби Ширбинй мазхаби кадими шофей дар Багдод дар китоби «Хуччат» таълиф ва аз чониби Ахмад ибни Ханбал, Заъфаронй, Каробисй ривоят гашта, вале Имом Шофей аз он пушаймон шудааст. Аз мазхаби чадиди мисрии шофей Бувайтй, Музанй, Рабиъ, Хармала ва дигарон накл кардаанд. Баъди ба сари давлати Миср омадани сулолаи шиъавй-исмоилии Фотимихо низ нуфузи мазхаби шофей паст намешавад. Дертар сулолаи суннии Аюбихо такя ба мазхаби шофей мекунад. Пас аз ву- руди Миср ба империяи Усмонихо мазхаби ханафй расмй мегардад, вале мазхаби шофей, мисли мазхаби моликй, байни ахолй мавкеи худро нигох медорад. Дар хаёти имруза мусулмонони Африко, аксари мардуми Фаластин, Сурия, Лубнон, Ирок, Миср, кисми Кавказ, аксари ахли суннати Эрон, алалхусус мардуми Курдистон аз мазхаби шофей пайравй мекунанд. Поягузори мазхаби ханбалй А^мад ибни Ханбал (164 / 778 - 241 / 855) мебошад. Абуабдуллох Ахмад ибни Мухаммад ибни Хилоли Шайбонии Марвазии Багдодй соли 164 хичрй дар Багдод ба дунё омада, соли 241 хичрй аз дунё гузаштааст. У аз асхоби хадис буда, илми хадис ва фикхро дар Яман, Шом, Алчазира, Куфа, Хичоз, Мадина касб намуда, дар хадису фикх пешвои замони худ мегардад, аз чумла Имом Бухорй ва Имом Муслим аз у ривоят кардаанд. Таълими фикху хадисро аввал аз Имом Абуюсуф - шогирди Абуханифа мегирад, устоди аввалаш Хушайм ибни Башир ибни Абухозими Воситй, утоди дуввумаш Имом Шофей буданд. Имом Ахмади Ханбал аз 124 Имом Шофей дарку истинбот ва истихрочи ахкомро фаро гириф- тааст. Аммо бинобар вафоти Имом Молик ба хидмати Молик на- мерасад ва таълими Суфёнро дар Макка фаро мегирад. Имом Ахмад тахти фишори муътазилиёи, ки дар Багдод кудрат доштанд, карор гирифта буд. Муътазилиёи уро мачбур мекунанд, то бигуяд: «Куръон, ки каломи Худост, ходис аст». Имом Ахмад инро напазируфт. Муътазилиёи халифаро водор карданд, ки Имом- ро чазо дихад. Таибки дастури халифа Имомро тозиёна мезананд. Имом то охири хаёташ аз ин чарохат бехбудй намеёбад. Имом хафт соли хаёташро дар махбас мегузаронад, аз чумла дар хилофатии ал-Маъмун, ал-Мутасим ва ал-Восик, ки чонибдори муътазилиёнро буданд, мавриди мучозот карор мегирад. Муборизаи Имом Ахмад бо галабаи мафкураи суннй дар замони хилофатии ал-Мутавакил анчом меёбад. Яхё ибни Одам, Язид ибни Хорун, Алй ибни Маданй, Бухорй, Муслим, Абузаръа, Ханбал ибни Исхок ва дигарон аз чумлаи шогирдони Ахмад ибни Ханбал мебошанд. Ахмад ибни Мухаммади Хилол фикхи Имом Ханбалро гирдоварй ва мунташир намудааст. Имом Ахмад соли 180 хичрй китоби «Муснад»-ро навишг. Ва онро заминаи хадисхои набавй барои аз байн бурдани ихтилоф муаррифй менамояд. Дар «Муснад» бештар аз 30 хазор аходисрс чамъ мекунад. Дар синни 40 солагй ровии аходис мешавад ва ба судури фатво шуруъ мекунад. Ба хайси хадисдон ва факех шухрат пайдо мекунад. Китобхои дигари у иборатанд аз: «аз-Зухд», «ас-Салот», «ал- Маносик-ул-кабир», «ал-маносик-ус-сагир», «Ат-торих», «Ан-носиху вал мансух», «ал-Мукаддаму ва-л-муаххар фи китобиллохи таоло», «Фазоил-ус-сахоба» ва диг. Имом Ахмад ба шеваи ахли хадис амал мекард, агарчанде мекушид байни мактаби киёсу раъй ва ахли хадис пайванде эчод намояд. Масодири фикхии Имом Ахмад аз Куръон, Суннат, акволу фатвохои сахоба, киёс ва ичма, масолехи мурсала ва зароеъ иборат аст. Истифодаи хадисхои мурсал, яъне хадисхое, ки ровиёни сахобаи он муайян нестанд, раво дониста мешуд. Хамчунин хадисхои заиф истифода мешаванд, агар беэътимодии онхо исбот нагардад. Амали муваккатии фатво то замони пешкаши бурхони чадид (истисхоб) низ яке аз манбаъхои усули фикхии ханбалиро ташкил медихад. Имом Ахмад аз исломи суннй пайравй мекард. Дар масъалахои мухими динй у такя ба Куръон, гуфтахо ва амалхои гузаштагони зохид допгг. Хангоми интихоби аходис у ба иснод ру меовард, ки бевосита бо Паёмбар (с) мепайвандад. Агар ду хадис бо хам мухолифат намоянд, пас онхоро бо аходиси дигари сехех мукоиса мекард. 125 Мазхаби ханбалй баста шудани боби ичтиходро эътироф намекунад, тахкики масоили диниву фикхй ва фаъолияти мучтахиди дорой салохияти истихрочи хукамои мустакилро чонибдорй мекунад. Дар ин мазхаб ба муфтихо талаботи бештар пешкаш мешаванд. Имом Ахмад ахди Хулафои Рошидинро давраи бехтарин ме- шуморид, ба хусус зимни машварат. У чонибдори интихоби халифа дар Шуро буд. Хамзамон интихоби халифаро аз кабилаи Курайш химоя мекард. Имом аз исён ва тазоди сиёсй худдорй намуда, хатари онро дар бесарусомонй мебинад. Худи Имом Ахмад шахеи хоксор ва порсо буд, сифатхои волои ахлокй дошт. У аз мансабхои дарборй даст кашида, вале пуштибонй вазъи солими сиёсй буд, аз исёни зид- ди хукумат худдорй менамуд, эътимод ба он дошт. ки бо хама гуна хукумат, ба шарти риояи Ислом, хамкорй равост. Агарчанде мазхаби ханбалй аз нигохи вакти пайдоишаш мазхаби чавонтар буда, идомаи ичтиходро чонибдорй намуда бошад хам, ба хар хол он васеъ пахн намешавад. То замони ручули Саудихо дар Арабистон мазхаби ханбалй дар аксари кишвархои исломй нуфузи зиёд надошта, дар як катор манотики ислом чой надошт. Пушти- бонии хукумати Саудихо аз мазхаби ханбалй дар таквияти нуфузи он сахм мегузорад. |