тарихти афкори сиёси. х.. Китоби дарси
Скачать 0.9 Mb.
|
давлати мукаррарй (табий) эътироф мешавад. Ин давлати мукаррарй вокеан чун олам эхсос мешавад. Давлати мукаррарй ба хукукй фитрй асос меёбад. Кул- ли одамон аъзоёни ин давлати чахонии мукаррарй эътироф мешаванд. Аз давлати чахонии мукаррарй давлатхои алохида чудо карда мешаванд. Хамзамон ишора ба он мешавад, ки давлатхои чудогона аслан давлатхои тасодуфй буда, одамони алохидаро фаро мегиранд ва барои наели инсонй ягон ахамият надоранд. Билохира, ду намуди давлат чудо карда мешаванд. Якум, давлати чахонии мукаррарй (табий), ки худохо ва одамонро фаро мегирад. Сархадди онро на китъахои чудогонаи замин, балки хатти харакати Офтоб ташкил медихад. Дуюм, давлати цудогона, ки одамони чудогонаро фаро мегирад. Давлати чудогона бо ин ё он нукоти зиндагии одамон алокаманд буда, дар шакли афинй, карфагенй ва диг. арзи вучуд дорад. Ба назари Сенека, одамон ё ба давлати чахонй, ё ба давлати чудогона ва ё ба хар ду давлат хизмат мекунанд. Азбаски дар назарияи Сенека мугобикат ба конуни такдир таргиб мешавад, хама гуна ходисаи тасодуфй, ки берун аз конуни илохй арзи вучуд дорад, чун зиддитабий, зиддиилохй эътироф мешавад. Дар ин замина танхо давлати чахонй, ка тибки конуни илохй, табиат, рухи илохй, конунхои олам арзи хастй дорад, пазируфта мешавад ва хар гуна давлати тасодуфй зери танкид гирифта мешавад. Эпиктет (с. 50 - 130) даъват ба такомули ахлокии шахе намуда, таъкид мекунад, ки хар шахе бояд накши тибки такдир муайян- гаштаи хешро адо намояд. Сарватмандй ва гуломиро у зери танкид карор медихад, мухолифи ахлок будани гуломиро исбот мекунад. Император Марк Аврелий Антонин (с. 121 - 180) аз давлати дорой Конуни барои хеша баробар пуштибонй мекунад, ки зимни баробарй, 87 баробархукукй ва озодии х,ама идора мешавад. Хамаи одамон вучуди боидрок эълон мешаванд ва ин сифати инсонй мабдаи асосии маънавии баробарии хамаи онхо эълон мешавад. Сохти алохидаи шахрвандй ва олами ягопаи умумй чудо карда шуда, мабдаъ, хирад ва конуни умумии ин олам барасй мешаванд. Ба андешаи мавсуф, махз олам робитаи инсониро тибки сохти усгувори чахонй талаб мекунад. Таъкид мешавад, ки тибки рухи оламшумул дар олам тобеият ва хамдилй байни одамон хукмфармост.
Дар огоз бо масоили хукукй дар Рими кадим понтифищо (ко- хинон) машгул буданд. Сипас соли 300 то с.м. назария ва амалияи хукукшиносй аз пантефикхо чудо гашта, мазмун ва тамоили дуняви- ро касб мекунад. Дар ин чода Гней Флавий сахми арзанда мегузорад. Фаъолияти хукукшиносони римй дар чабхахои зерин сурат мегирад: 1) respondere - riocyx ба саволхои шахсони хусусй; 2) cavere
Хангоми баррасии корхо хукукшиносони римй мувофикати меъёрхои хукукиро ба хуь;уци фитрй ва адолат (aequitas) муайян намуда, дар холати зарур меъёрро тибки фахмиши адолат ва хукуци адолат (aequum jus) тагйир медоданд. Зимни эчоди меъёрхои нав хукукр сивилй (jus civile) ташаккул меёбад. Дар давраи хукмронии Август ба хукукшиносони римй хукукй додани посуххо аз номи император (jus respondendi) дода мешавад. Тибки конститутсия Феодосияи II ва Валентиани III аз соли 426 ба хулосахои панч хукукшиносони римй - Гай, Папиниан, Павел, Улпиан ва Модестин хукми конун дода мешавад. Аз миёнахои асри III, асосан аз дазраи Диоклетиан cap карда салохияти конунгузорй ба ихтиёри императорон мегузарад, ки боиси аз байн рафти хукукэчодкунии хукукшиносони римй мегардад. Дар инкишофи хукукшиносии римии классикй се давраро чудо мекунанд: 1) давраи нахустин (аз охири асри I то с.м. то охири асри I с.м.); 2) давраи они (асри II то с.м.); 3) давраи пасина (с. 193 - 235). Асархои хукукшиносони римй чузъи кодификатсияи Юстиниан (Corpus juris civilis) мегарданд, ки аз иборат аз се кием буд: 1) институтсияхо - асосхои хукукй римй; 2) дигестхо ё пандектхо
Дар афкори хукукшиносони римй хуцуки фитрй эътироф гашта, мафхуми хукукй позитивй пешкаш намешавад. Улпиан ХУКУЩ омма ва ХУКУЩ ху су сиро чудо мекунад. Тибки ин тасниф, хукукй 88 омма мутааллик «ба вазъи давлати Рим» буда, хукукй хусусй бошад, мутааллик «ба фоидаи шахсони чудогона» аст. Дар бахши х,укук,и омма вазъи хукукии ибодатгох, кохинон, салохияти макомоти давлатй ва шахсони мансабдор, мафхуми хокимият, шахрвандй ва як катор масоили хукукй давлатй, маъмурй, чиной, мурофиа ва диг. баррасй мешаванд. ХУКуци хусусй ба се кием чудо карда мешавад: 1) «мукаррароти фитрй»; 2) «мукаррароти халк,х,о» ва 3) «мукаррароти с ив или». Хукукй сивилиро, ки ба шахрвандони римй (квиритхо) пахн мешуд, %ук,ук,и квиритй низ меномиданд. Дар сохаи хукукй сивилй масоили хукукй моликият, муносибатхои хукукии оилавй, мурофиаи гражданй ва диг. тахлил мешаванд. Хамзамон хуцуки навишташуда ва ^укуци нонавишта чудо карда мешаванд. Тибки таснифи Улпиан, х;ук,ук,и фитрй доираи амали хам %ук,ук,и сивилй ва хам цуцуци халк,х,оро (jus gentium) фаро мегирад. Тафову- ти хукукй фитрй ва хукукй халкхо дар он эхсос мешавад, ки хукукй фитрй «барои хамаи мавчудоти зинда», хукукй халкхо бошад, барои хамаи халкхои башар пахн мешавад. Ба назари Улпиан, хукукй фитрй хам байни одамон ва хам дар олами хайвонот, «дар замин, бахр, байни паррандахо» амал мекунад. Ба андешаи Гай, халкхо хам аз %укуци хеш ва хам аз щуцуци барои хамаи одамон умумй» истифода мебаранд. Ин хукукй одамон ё хукукй халкхо мохиятан «хукущи фитрй» мебошад, яъне «хукуке, ки хиради фитрй барои одамон мукаррар намудааст». Хукукшинос Павел мафхуми умумии хукукро (jus) дар робита бо мафхумхои хукукй фитрй ва хукукй сивилй муайян мекунад. Ба акидаи у, хуцук,и фитрй «хамеша боадолат ва нек аст», х,\щуки сивилй бошад, «барои хама ё аксарият дар ягон давлат муфид аст». Хамзамон барои ифодаи хукукй давлати чудогона истилохи «jus honorarium» истифода мешавад. Мухаккикон кайд мекунанд, ки хукукшиносони римй мафхуми хукукй фитриро дар робита бо ахлок тахлил менамуданд. Бояд зикр намуд, ки маънии ахлоции х,}щуки фитрй дар назарияхои минбаъдаи фитрй-хукукй васеъ истифода мешавад. Чунин фахмиши ахлокии хукукй фитрй пеш аз хама дар эътиро- фи робитаи он бо адолат ва некй ифода мегардад. Чунончи, ба андешаи Улпиан, хукук аз адолат сарчашма мегирад. Мавсуф бо ишора ба Селе чунин таърифро пешкаш мекунад: «хукук ин аст санъати некй ва мувофикат». Ин чо истилохи мувофщат (aequitas) ба маънои таъмини мувофикати хукук ба шароитхои ивазшавандаи хаёт, талаботи хусусиву чамъиятй, муносибатхои моливу пулй дар назар дошта мешавад. Ин истилох ба маънои баробарй чун цузъи адолат истифода мешавад. 89 Мухаккикон ишора бо он мекунанд, ки истилохи justitia дар хукукшиносии римй маънии адолатро дорад. Вале мафхуми адолат бо мафхуми адолати суда робита надошт. Ба андешаи хукукшиносони римй, адолат манбаи хукукро ташкил медихад, аз чумла пеш аз хукук арзи хастй дорад. Адолати суда бошад, аз адолат ва хукук сарчашма мегирад. Ба андешаи Улпиан, justitia, яъне адолат «ин аст иродаи доимй ва мунтазами подоши хукукй хар кас». Зимни ин мафхум хукукшиносй чун «дарки корхои динй ва инсонй, бурхурдорй аз адолат ва беадолатй» таъриф дода мешавад. Х,амзамон мукаррароти адолати ХУКУКй, аз кабили «хаёти софдилона, худдорй аз зиёноварй, ба хар кас пешкаш намудани чизи ба вай мутааллик» муайян мешаванд. ХукУКч халкхо аз меъёрхое иборат буд, ки муносибатхои амво- ливу дигари шартномавй ва муомилоти байналхалкиро, аз чумла муносибатхои байни ашхоси хоричии империяи Рим (перегринхо), байни квиритхо ва перегринхоро танзим мекард. Хукукй халкхо аз меъёрхои халкхои гуногун, эдиктхои магистратхо, конститутсияхои имперагорй, хулосахои хукукшиносони римй иборат буда, манфиатхои римихоро дар муносибат бо халкхои дигар химоя менамуд. Хукукй халкхо масоили марбут ба хукукй байналхалкиро танзим мекард, вале худи истилохи «хукукй байналхалкй» дар хукукшиносии римй истифода намешавад. Тибки акидаи Гермогениан, хукукй халкхо масъалахои марбут ба чанг, таснифи халкхо, таъсиси шохигарихо, таксими амвол, мукаррар намудани сархад, сохтмони бинохо, ривочи савдо, хариду фуруш, ичора, ухдадорихоро, ба истиснои масоили марбут ба хукукй сивилй, танзим мекунад. Зимни баррасии ин масъалахо мафхумхои хукукй байналхалкй низ рушан мешаванд, чунончи, бахр мутааллик ба хама эълон мешавад; онхое, ки ба римихо пешакй чанг эълон мекунанд, душман эълон мешаванд, онхое, ки чангро эълон наме- кунанд, рохзанон ва горатгарон эълон мешаванд; хама гуна ахдхо бо душманон манъ карда мешавад; асирони душман аз кобилияти хукукдорй махрум гашта, гулом мегарданд; дахлнопазирии сафирон аз чониби душманон риоя мешавад. Дар робита бо хукукй халкхо масъалаи гуломй низ баррасй мешавад. Ба назари хукукшиносони римй, гуломй тибки хукукй халкхо мукаррар гаштааст, вале на зимни хукукй фитрй, чунки тибки хукукй фитрй хама озод таваллуд мешаванд. Се тоифаи одамон тибки хукукй халкхо чудо карда мешаванд: одамони озод, гуломон ва шахсони аз гуломй озодшуда. Ба андешаи Гай, «хамаи одмон ё озоданд, ё гуломанд». Асир афтодан, сохиб гаштан ба бегонагон дар рафти чанг, таваллуд аз гуломзан чун заминахои гуломй эътироф мешаванд. Еуломони синнашон аз 30 боло, ки тибки 9« хукукй квиритй сохибй гашта, зимни виндикт (асосхои конунй) озод шудаанд, шахрвандй Рим мегаштанд, вале дар холати набудани яке аз ин шартхо вазъи латинро пайдо мекунанд. Еуломони шармсор- гашта, яъне онхое, ки мукобили Рим чанг карда, асир афт одаанд, пас аз озодшавй вазъи дедитисияро пайдо мекарданд. Тибки хукукшиносии римй, гуломон субйекти хукук эътироф намешаванд. Гулом чун олоти мехнат, чиз хисоб мешуд, объекти моликияти сохибаш буд, мавриди хариду фуруш карор мегирифт, дар сохаи хукукй хусусй кобилияти хукукдорй надошт. Минбаъд зимни мафхуми «пекулияи гулом» як кисми амволй манкул ва гайриманкул зимни шартхои муайян ба ихтиёри гулом мегузашт. Гуломон барои чинояти содирнамуда мавриди чазохои вазнин карор мегирифтанд, аз чумла барои куштори сохибонашон ба чазои катл махкум мешуданд. Афкори хукукшиносони римй ба инкишофи минбаъдаи таълимоти хукукй таъсири назаррас мерасонад, аз чумла аз чониби глоссаторхо ва глоссаторхои пасина инкишоф дода мешавад. дар афкори сиёсиву хукукии мутафаккирони зиёд (Гротсий, Гоббс, Локк, Томазий, Пуфендорф, Монтескйё ва диг.), пеш аз хама дар бахши фахмиши фитрй-хукукй васеъ истифода мешавад. Мафхумхои хукукшиносии римй дар конунгузории давлатхо то имруз мавриди истифода карор мегиранд. 91 БОБИ 5. АФКОРИ СИЁСИ ВА ХУКУКИИ ЧАХОНИ ИСЛОМ ВА МУТАФАККИРОНИ ФОРСУ ТОНИК ДАР КАРНИ ВУСТО ВА ЗАМОНИ НАВ 5.1. Афкори сиёсиву хукукии исломи чун чузъи фарханг ва тамаддунй исломй Ислом cap фуруд овардан аст ба амрхои Илохй ва дур истодан аз он чй ки Худованд нахй (манъ) кардааст. Аркони ислом панч аст: шаходат ба ин, ки нест маъбуде бархак магар Аллох ва Мухаммад (с) Расули Худост; бар пой доштани намоз; пардохти закот; руза доштан; хаччи (зиёрати) хонаи Худо барои касоне, ки тавоной доранд. Дини Ислом дини тав%ид буда, Худой якторо мепарастад. Ислом маънои салом, яъне сулхро низ дошта, дини сулховар аст. Ислом Вахйи Илохист, ки ба Паёмбари Ислом Мухаммад (с) фиристо- да (вахй) шудааст. Паёмбари акрам (с) пас аз вафоташон Вахйи Илохй - Куръон ва намунаи хаёти шахей - Суннатро бокй гузоштанд. Мусулмо- нон минбаъд зимни ин манобеи аввалиндарача - Куръон ва Сунна- ти набавй - низоми арзишхои исломиро муайян мекунанд, ки хаёти шахеиву чамъиятии хар фардй мусулмонро танзим мекунанд. Дар тули кариб 400 сол пас аз вафоти Паёмбар (с) олимони Ислом зимни оятхои Куръон ва хадисхои Паёмбар (с) заминахои назариявй ва амалии дини Исломро муайян мекунанд, ки то имруз бетагйиранд. Дар рафти дастовардхои сиёсй, харбй, иктисодй, фархангй ва дигар Ислом дини чахонй мегардад. Аз он холо миллионхо одамони мансуб ба миллатхову нажодхои гуногун пайравй мекунанд. Зимни Ислом дар олам тамаддунй нав, тафаккури нав, тарзи нави хаёт пайдо мешаванд ва ба инкишофи минбаъдаи чахон таъсири халкунанда мерасонанд. Зимни Ислом инкишофу пешрафти чахон мазмун ва самти нав мегирад. Ба шарофати Ислом тамаддунй нав, Чахонй Ислом ташаккулу инкишоф меёбад. Якчоя бо пахншави ислом дар худуди Осиё, Африко ва Аврупо афкори чамъиятй, сиёсй, фалсафй, х;уцук;й инкишоф меёбад. Ислом дар кишвархо ва манотики гуногуни олам пахн мешавад, ки халкхояшон мансуб ба тамаддунхои дигар буданд, аз динхои ди- 92 rap (масехй, зардуштй. буддой) пайравй менамуданд. Аз ин ру, дар Ислом низоми акоиду назарияхои фалсафй, сиёсй, хукукй, ахлокй, мактабхои гуногуни диниву хукукй, аз чумла мактабхои фикхи исломй ташаккул меёбанд ва вазифаи хифзи Ислом, тахлилу шархи арко- ни диниву масоили дигари марбут ба низоми арзишхои Исломро ба ухда мегиранд. Хамзамон байни мактабхои диниву фикхй атрофи мохияту сифатхои Аллох, кадар ва озодии ирода, гунох ва имон, усулхои тавзехи оятхои Куръон, усулхои интихобу шархи хадисхои Паёмбар (с) ва масоили дигар бахсу мунозира ривоч меёбад. Зимни баёни ин масъалахо мактабхои динй, аз кабили муътазила, мурциа. цабария, цадария. шиъй, зирория, чсщмиён, дахриён ва диг. таълимоти хешро пешкаш мекунанд. Зимни баррасии масоили хукукй дар Ислом, ки барои танзими хаёти чомеаи исломй ва пешрафти кишвархои исломй хело мухим буданд мактабх,ои фик,хи исломй ташаккул меёбанд. Факехон нуктахои хукукй исломиро ки дар оятхои Куръон ва хадисхои Паёмбар (с) ифода гагата буданд, рушан, тасниф ва мураттаб наму- данд ва дар ин кор аз манобеи иловагии ицтщод - к,иёс, истехсон, урф, масолехи мурсал ва F. истифода намуданд. Зимни ин фаъолият мазхабхои (мактабхои) фикхи исломй ташаккулу инкишоф ёфтанд, аз кабили Д'анафй, Моликй. Шофей, Ханбалй, Захирй, Зайди, Цаъфарй. Дар баробари мактабхои диниву хукукй дар Ислом илми (таълимоти) тасаввуф бахри ташаккули инсони комил (Х,орис ибни Асади Мухосиб, Хокими Тирмизй, Абунасри Сароч, Газолй, Сухравардй, ал-Аробй, Румй) ривоч меёбад. Хамзамон фалсафаи чахонй Ислом (Абуюсуф Яъкуб ибни Исхок ал-Киндй, Абунаср ибни Мухаммада Форобй, Абуалй ибни Сино, Абулволид Мухаммад ибни Ахмад ибни Рушд) инкишоф ёфта, нуфуз ва таъсироташ аз худуди чахонй ислом берун баромада шухрат ва осори чахониро касб мекунанд. Ислом байни хамаи дигар динхое, ки якчоя бо он арзи хастй доранд, ягона дин мебошад, ки аз асри VII с.м. то инчониб, яъне беш аз чахордах карн хаёту фаъолияти мусулмонони чахон, ташкилу фаъо- лияи давлатхои исломй, хаёти сиёсй. иктисодй, ичтимой, фархангиву маънавии мусулмононро тибки Куръону Суннат ва ахкоми шариат танзим намуда. устуворй, пойдорй ва рушди давлат, чомеа, фарханг ва тамаддунй исломиро таъмин карда меояд. Ахамият ва нуфузи фарханги исломй хануз дар даврахои аввали ташаккулаш эхсос ва пазирой гашт. Хамин нуфузи фархангй буд, ки ислом дар карчи VII с.м. дар муддати кутохтарин дар Шарки Наздик ва Миёна пахн мешавад, худуди Осиёи Марказй, Кавкоз, манотики Поволже ва назди Уралро фаро мегирад, то худуди Испания ва Ситсилия мерасад 93 Якчоя бо дини ислом хамзамон фарханг ва тамаддунй ислом ташаккул, инкишоф ва васеъ пахн мешаванд. Дар кишвархое, ки ислом пахн мешавад, анъанахои махаллй, дастовардхои фархангй вориди тамаддунй исломй мегарданд. Дар фазой ягонаи тамадду- ни исломй фарханги халкхои мухталиф бо хам робита ва наздикй пайдо мекунанд. Дар муддати кутохтарин заминаи инкишофи бо- суръати фарханги исломиро ташкил мешавад. Чунончи, якчоя бо пахншавии ислом ва рушди фарханги исломй шахрсозй авч гирифта, шахрхои Куфа, Басра, Багдод, Самарканд, Бухоро, Шероз, Нишопур, Крхира, Кордова ва диг. шухрати чахонй пайдо мекунанд. Шахрхои мусулмонй маркази илм ва фарханги чахонй буданд. Китобхонахо ва мадрасахои мусулмонй одамони зиёдро, аз чумла аз Еарби масехй ва кишвархои дигар ба худ чалб менамуданд. Чунончи, дар донишгоххои Испанияи мусулмонй - Кордова ва Севиля - барои тахсил аз Фа- ронса ва Италия меомаданд, хатто намояндагони Ватикан ба ин таълимгоххои исломй ташриф меоварданд. Бо баробари ташаккулу инкишофи тамаддунй исломй илмхои кимиё, чугрофия, тиб, нучум, таърихшиносй, фалсафа ва дигар инкишоф меёбанд. Дар асри VIII мусулмонхо дар Испания шолй ме- кориданд, дарахтони анору нахли хурмо парвариш мекарданд, кир- макпарвариро ривоч медоданд, ба пахтакорй огоз бахшиданд. Алла- кай дар асри VIII дар Самарканду Бухоро устохонахои когазбарорй фаъолият мекарданд, холо он ки танхо пас аз чор аср дар Аврупо истехсоли когаз cap мешавад. Дар замони халифа Хррунаррашид (786 - 808) расадхонахо, бинохо барои корхои илмй ва тарчумонй, китобхонахо бунёд мешаванд. Чобир бинни Хдйён (721 - 805) дар энсиклопедияи Бритониё асосгузори илми кимиё дониста мешавад. Ба шарофаги риёзидон ал-Хоразмй (787 - 850) дар Аврупо аломати ракамии сифрдор пахн мешавад. Аз калимаи арабии «сифр» калимаи лотинии «сифра» ва аз он калимаи русии «шифр» пайдо мешавад. Калимаи «алгебра» аз килимаи «алчабр» (дар асархои ал-Хоразмй) пайдо мешавад. Истилохи лотинии «алгоритм» шакли лотинишудаи номи арабии ал-Хоразм аст. Олими сохаи нучум Улугбек (1393 - 1449) дар Самарканд расад- хонаи калонтаринро бунёд мекунад, дойр ба мавкеи чойгиршавии 1018 ситора маълумот медихад, харакати сайёрахоро мураттаб ме- созад. Дар инкишофи илми маъданшиносй ал-Берунй (973 - 1050) сахми мухим мегузорад, аз чумла нахустин бор зичй ва вазни хоси бисёр маъданхо ва фулузотро муайян мекунад, холо он ки танхо пас аз чор аср олими олмонй Георг Агрикола (1494 - 1555) асосхои илми маъданшиносиро муйян мекунад. Ал-Берунй дарозии давраи Заминро муайян намуд ва хеле барвакттар аз Коперник (с. 1543) 94 акидаашро дар хусусй эхтимолияти дар атрофи Офтоб давр задании Замин баён намуд. Дар Багдод, пойтахти давлати Аббосиён, мактаби машхури тар- чумонхо созмон меёбад, ки ба забони арабй асархои Арасту, Афлотун, Уклидус, Архимед, Птолемей, Гиппократро тарчума мекунад. Баъдтар Аврупо бо ин осор тавассути тарчума аз арабй ба лотинй бо эзохоти Ибни Сино ва Ибни Рушд шинос мешавад. Дар Таледо (Испания) дар тули асри XII мактабе арзи вучуд дошт, ки соли 1130 бо ибтикори ускуфи аъзами Кастилиё дон Раймундо созмон ёфта буд ва дар он асархои бештар ахамиятнокро дойр ба нучум, тиб, физика, риёзй, набототшиносй ва фалсафа ба забони точикй тарчума мекарданд. Чаррохони мусулмон васоити карахткунанда истифода мебур- данд, холо он ки дар Аврупо дар ин бора андеша хам намекарданд. Дар сохаи ташрех (анатомия) олими араб Ибн ан-Нафис дар асри XIII нахустин шуда шабакаи хунгардро тавсиф намуд. Дар як худи Багдод кариб 60 дорухона амал мекард, холо он ки дар Русия до- рухонаи нахустин баъди хашт аср, дар замони шохигарии Пётри I пайдо шудааст. Файласуф ва пизишки точик Ибни Сино (980 - 1037) бо номи Авитсена дар Fap6 шухрат пайдо намуд. Асари машхури у «Конуни тиб» асоси барномахои дарсии тиббии Аврупоро ташкил медод ва дар тули 600 сол китоби асосии кулли донишгххои Аврупо махсуб меёфт. Олими мусулмон Ибн ал-Хайсама хануз дар асри X асари машхури худ «ал-Мунозира»-ро меофаринад ва танхо дар асри XIII олим Витело зимни тахрири ин асар рисолае дар сохаи оптика ме- нависад. Иктибос аз олимони мусулмон ва асари ал-Хайсама дар дафтархои хотираи Леонардо да Винчи ёфт шудаанд. Бо кумаки сайёхони араб Аврупо бори аввал рочеъ ба Чин, Индонезия, кишвархои Хдндучин маълумоти пурра гирифт. Ибни Батута, муаллифи асари «Саёхат», дар тули 25 соли чахонгардиаш тамо- ми мулкхои мусулмонй Аврупо, Осиё, Африкои Шимолй ва Шаркй, Хиндустон, Сейлон ва Чинро дид, сохилхои укёнуси Хдндро давр зад, бахри Сиёхро убур кард ва аз сохилхои Чанубии Крим то ба поёноби Волга ва резишхои Кама рафт. Сайёхи араб ал-Индрисй (1100 - 1165) бо супориши шохи Ситсилия Рочдерд харитаи оламро мураттаб намуд. Бертран Рассел, олим ва файласуфи асри XX Англия, дорандаи чоизаи Нобел дар хусусй ахамияти фархангии тамаддунй исломй барои Фаранг (Аврупо) чунин мегуяд: «Бартарии Шарк танхо бар- тарии низомй набуд. Дар холе ки Фаранг давраи чохилиятро аз cap мегузаронид, илм, фалсафа, назм ва тамоми намудхои санъатхо дар чахонй Мухаммад (с) равнак ёфта буданд. Фарангиён бо тангназа- 95 рии нобахшидании акоиди хеш ин давраро «замони тира» меноманд, вале вай дар Фаранг тира буд, холо он ки Испания, ки Мухаммадй буд, фарханги дурахшоне дошт». Бо пешрафти чомеаи башар нуфуз ва макоми ислом дар олами мутамаддин ру ба афзоиш меёбад. Тибки иттилои шуъбаи дин ва хаёти чамъиятии Маркази тахкикоти амрикой Пю, холо хар чахорум сокини сайёраи Замин мусулмон мебошад. Бино ба маълумоти кор- шиносон, имруз дар чахон як миллиарду 570 млн мусулмонон зиндагй мекунанд, аз он чумла 60 % дар Осиё, 20 % дар Шарки Наздик ва Африкой Шимолй. Дар кишвархое, ки ислом дини давлатй нест, беш аз 300 млн мусулмонон хаёт ба cap мебаранд. Ислом чузъи фарханги халкхои гуногуни чахон, аз он чумла точикон мебошад. Президента Чумхурии Точикистон Эмомалй Рахмон дар Паёми хеш ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон 16 апрели соли 2005 аз чумла изхор доштанд: «Зикр кардан бамав- рнд аст, ки мо гаърнхан чузъи чахонй ислом ва тамаддунй бузурги исломй мебошем». Сохти давлатдорй ва конунгузории давлатхои имрузаи исломй пурра мутобик ба ислом мебошад. Пешрафти иктисодй, ичтимой, сиёсй, фархангии кишвархои ислом дар сатхи баланд карор дорад. Инкишофи босуръати хамаи сохахои хаёти чомеа, истифодаи дастовардхои илмиву техники ва иттилоотиву технологии чахонй мутамаддин бо гиромидошти арзишхои ислом, пешрафти иттилоотиву технолога, низоми устувори давлатдорй, хукук ва конунгузорй, вазъи солими ичтимоиву сиёсй дар кишвархои ислом холо таваччухи мухаккикони олами гайриисломро ба худ чалб намудааст. Чунончи, дар шароити имрузаи ошкор гаштани нотавонии низоми капиталиста зимни бухрони моливию иктисодй таваччухи коршиносон ба низоми молиявию бонкии кишвархои ислом ба назар мерасад. Тибки иттилои рузномаи Вашингтон Пост, хануз дар хукумати собик Президента Амрико Ч- Бурш донишмандон машгул ба омузиши низоми молиявии исломй буданд. Аз ин ру, омузиши фарханг ва тамаддунй ислом дар ховарши- носии чахон, аз он чумла дар Гарб якчанд аср пеш огоз гашта, то имруз идома дорад. Дар робита бо ин масъала омузиши афкори сиёсиву хукукии ислом низ аз ахамият холй нест. Афкори сиёсиву хукукии ислом чузъи фархангу тамаддунй исломй буда, фалсафаи ислом, таълимоти иктисодй, сиёсй, ичтимоии ислом, ахлоки исломй ва арзишхои дигари фархангии исломй, амалияи чан- динасраи исломй робитаи зич дошта, бо манобеи ислом (Куръон, Суннат, ичма, киёс), фаъолияти илмиву назариявии мучтахидин, хулосахои поягузорону намояндагони фаъоли мазхабхои ислом, назария ва амалияи хукукии исломй муайян мешавад. Афкори сиёсиву 96 хукукии ислом чордах. аср мешавад, ки дар холи инкишофу истифода карор дорад, мисли пештара ахамияти диниву ичтимоияшро пурра нигох дошта, чузъи фарханг ва тамаддунй исломист. Ин яке аз хислатхои мухими афкори сиёсиву хукукии ислом мебошад. Рочеъ ба ахамияти илмиву фархангии тамаддунй исломй Президента Чумхурии Точикистон Эмомалй Рахмон дар Паёми хеш ба Мачлиси Олии кишвар 16 апрели соли 2005 аз чумла чунин ибрози андеша намуда буданд: «Сахми тамаддунй исломй дар раванди та- шаккулёбни фарханг ва тамаддунй башарй бебахс аст ва ин вокеиятро шахсиятхои бузурги илму фарханги чахонй борхо эътироф кардаанд». Афкори хукукии исломй дар таносуб бо дигар шаклхои афкори хукукии башар ахамият, зарурат ва арзиши вокеии худро пурра нигох доштааст. Чунончи, афкори хукукии римй, новобаста ба истифодаи кунунии мафхумхои хукукии чудогонааш, ба хар хол дар шакли пурра холо татбик намешавад, зеро шароити хаёти чомеа ко- милан дигаргун шудааст. Аммо афкор ва худи низоми хукукй ислом пурра истифода мешаванд, дар хаёти хамарузаи мусулмонон бевосита татбик мешаванд. Набояд фаромуш кард, ки Куръон, ки кало- ми Худованд аст, бетагйир мебошад. Мавриди зикр аст, ки афкори хукукй исломй хам дар давлатхои исломй ва хам давлатхои дунявии ахолиашон мусулмон пурра эътирофу пазирой мешавад. Ин яке аз хислатхои мухими афкори хукукии ислом мебошад. Яъне афкори хук,ук,ии ислом беш аз чордах аср мешавад, ки бидуни тагйироти мазмуни (пеш аз хама зимни бетагйир будани Куръон), ба пуррагй то хол инкишоф меёбад ва бар замми ин, ахамияту арзиши воцеияшро бештар зохир мекунад. Хислати дигари афкори хукукии ислом ин аст, ки чузъи фарханг ва тамаддунй чахонии ислом мебошад, дар робита бо унсурхои дигари фархангу тамаддунй ислом арзи вучуд дорад, аз цумла аз фалсафаи ислом, фик,хи ислом, ахлок,и исломй, ахкоми шариат ва унсурхои дигари тамаддунй чудо нест, бо пешрафти чомеаи инсонй ахамият ва арзиши диниву ичтимоияшро бештар зохир мекунад. Дар тахкики афкори хукукии исломй омузиши Шариат ахамияти аввалиндарача дорад. Одатан Шариат чун хукукй исломй пазирой мешавад. Пекин дар асл Шариат маъалахои зиёди диниву дуня- виро халлу фасл мекунад, аз чумла дар бахши ахлок, одоб, иду маросимхо, танзими хаёти хочагй, андозу молия, истифодаи замин ва диг. Истилохи «шариат» ба маънохои гуногун истифода мешавад, аз кабили Конуни Худой, ки ба оятхои Куръон ва Суннат такя мекунад; мачмааи амру супоришоти Худой; мукаррароти динии марбут ба хаёти мусулмонон; дини Ислом. Хукукй исломй (фикх) чузъи шариат мебошад. 97 Офарандаи шариат Аллох, мебошад ва он ба Паёмбари ислом Мухаммад (с) вайх гаштааст. Шариати Паёмбар Мухаммад (с) бархактарин тариатхост. Куръон, Суннат, ич.иа ва к,иёс сарчашмахои шариати исломй эътироф мешаванд. Баъзе мухаккикон ба ин гурух хамчунин фатво (хулосахои хукукии диндорони воло) ва одатхоро (одату анъанахои арабхо ва халкхои дигари мусулмонро) дохил мекунанд. Масъалаи мухими афкори сиёсии ислом хилофит мебошад. Хи- лофат давлати исломист, ки дар он идораи давлат зимни Конунхои Худованд сурат мегирад. Рохбарии хилофат ба зиммаи халиф (имом) вогузошта мешавад. Аксари факехон муътакиданд, ки халиф ноиби Паёмбар (с) аст. Таърихи хилофат якчанд давраро паси cap кардааст. Якум, давраи Хулафои Рашидин (1II 632. — 40 / 661) - замони хило- фати Абубакр, Умар, Усмон ва Алй, ки сахобагони наздики Паёмбар (с) буданд. Давраи дуввум хилофати Уммсвиён (40 / 661 - 132 / 750) мебошад, ки пас аз вафоти Алй Абутолиб ва супоридани хокимият аз чониби писараш Хасан ба Муовия Абусуфён огоз гашта, ба таъсиси шохигарии исломии Уммавнён меорад ва бо вожгун гаштани хилофати охирин шохи Уммавй Марвон ибни Мухаммад аз тарафи Аббосиён ба нтмом мерасад. Давраи саввум - хилофати Аббосиён (132 / 750 - 656 / 1258) мебошад, ки бо хукмронии султонхо анчом меёбад. Пас аз шикасти хокимияти Аббосиён дар Ирок хокимияти онхоро шаклан мамлукоки Миср мепазиранд. Тибки ривоят, соли 923 / 1517 пас аз шикасти мамлукон халифаи охирини Аббосй Му- таваккили III хакки хилофатро ба султони туркй Салими I месупо- рад. Пас аз ин вазифаи хилофатиро султонони империяи Усмонй адо мекунанд. маркази хилофат бошад. аз Ксхира ба Истамбул мекучад. Пас аз шикасти империяи Усмонй дар соли 1924 давраи хилофат анчом меёбад. Дар таърихи давлатдории исломй хамчунин хилофати Кордова дар Испания (316/ 929 - 422 / 1031), ки дар он намоян- дагони сулосаи Уммавиён хукмронй мекарданд, хамчунин хилофати Фотимихои шиъахои исмоилй дар Миср (297 / 1014 - 547 / 1152) маълуманд. Ин давлатхо хилофати Аббосиёнро намепазируфтанд. |