Главная страница

тарихти афкори сиёси. х.. Китоби дарси


Скачать 0.9 Mb.
НазваниеКитоби дарси
Дата10.05.2018
Размер0.9 Mb.
Формат файлаdocx
Имя файлатарихти афкори сиёси. х..docx
ТипДокументы
#43230
страница9 из 58
1   ...   5   6   7   8   9   10   11   12   ...   58

Афлотун

Афлотун (427 - 347 то с.м.) - файласуф ва мутафаккири намоён, поягузори Академияи машхур мебошад, ки дар яке аз музофотхои назди Афина бо номи кахрамон Академ ташкил гашта, кариб хазор сол фаъолият намудааст. У бо афкори Сукрот, Пифагор, Гераклит, Парменид, Демокрит, софистон хуб шинос буд.

Дар асараш «Давлат» Афлотун накшаи давлати намунавии боа- долатро пешкаш мекунад, ки такя ба робитаи байни кайхон, давлат ва фитрати инсонй дорад. Таносуби байни се унсури фитрати инсонй (акл, шучоат, нафс), се мабдаи давлат (машварат, дифоъ, кордонй) ва се табака (хокимон, аскарон, истехсолкунандагон) таъкид мешавад. Маънии адолат дар он эхсос мешавад, ки табакахо бидуни да- холат ба кори хамдигар фаъодият намуда, низоми мартаботй доранд, яъне файласуфон бино ба истеъдоди аклониашон хукмронй мекунанд, аскарон дар робита бо хислати шучоатмандиашон химоя мекунанд,


66





хунармандон, кишоварзон ва истехсолкунандагоии дигар бииобар доштани нафси моддй зери идораи ду табакаи аввала карор доранд.

Бахри эътимоднокии низоми мартаботии табакахои ахолй мутафаккир андешаи давлати «хилк,ати х,имматонаро» пешкаш мекунад. Тибки он, агарчанде одамон бо хам бародар бошанд хам, вале худо хангоми хилкати одамон аз тилло (барои хокимон), нукра (барои аскарон ё ёрмандон), охану мис (барои кишоварзону хунармандон) истифода намудааст. Дар холати тавлиди наели нукра аз наели тилло ва ё наели тилло аз наели нукра, гузаштани одамон аз як табака ба табакаи дигар имконпазир шуморида мешавад. Х,амзамон таъкид мешавад, ки давлат дар сурати химоя аз чониби табакаи охан ё мис нобуд мегардад.

Ба х;имояи давлат таваччухи хос дода мешавад, аз чумла кайд мешавад, ки хамдилй, ягонагй, баробарй ва хаёти коллективй заминахои мухими ташкили хаёти нигахбонони давлат мебошанд. Хамчунин таъкид мешавад, ки нигахбонони давлат хакки моликияти хусусй ва ман- зили хусусй надоранд, захирахои лозимаро аз табакаи саввум мегиранд, якчоя зиндагй мекунанд, хурок мехуранд, аз истифодаи тилло ё нукра худдорй мекунанд, хатто занон ва кудакони умумй доранд. Умуман барои ду табакаи аввала оила ба маънои аслиаш вучуд на- дорад, аз чумла бо тарбияи фарзандон бевосита давлат машгул мешавад. Танзими никох, хаёти маишй, моликият, мехнат ва умуман хаёти табакаи саввумро Афлотун ба зиммаи хокимон вомегузорад. Дар хар холат табакаи саввум на ба гурухи гуломон, балки одамон мансуб дониста мешавад.

Ба андешаи Афлотун, давлат (полис) - маскани якчоя мебошад, ки зимни ниёзи хамагонй ташкил шудааст. Таксими мехнат байни шахрвандони давлат заминаи таъмини хуби ниёзи умумии шахрвандон эътироф мешавад.

Афлотун мукобили боигарй ва бенавоии аз хад зиёд буда, аз х,аёти муътадил, к,аноатмандй пуштибонй мекунад. Дар давлати ха- ёлии Афлотун таксими ахолй ба сарватмандону камбагалон чой на- дорад. Аз руи ин нишона у давлати хаёлии хешро аз хамаи дигар давлатхои мукаррарй фарк мекунад, зеро ин давлатхо вокеан аз ду давлат иборатанд: давлати сарватмандон ва давлати факирон. Давлати хаёлии Афлотун ба идораи боадолатонаи бех,таринх,о такя мекунад. Хамзамон аз андешаи Сукрот дар хусусй умумияти адолат ва конуният зимни мабдаи умумии илохии онхо пуштибонй мешавад. Дар натича идораи файласуфон ва конунхои боадолат аз чумлаи нишонахои асосии давлати намунавй эътироф мешаванд.

Давлати боадолатонаи Афлотун вокеан давлати аристокра- тист (аристократия ба маънои хукмронии бехтаринхо, донишмандон, файласуфон, вале на ашрофон). Хамзамон чунин давлатро ё


67





хокими алохида (монарх) ва ё гурухи донишмандон (аристократхо) метавонанд идора намоянд.

Аз давлати намунавии аристократа чор шакли дигари давлат фарк карда мешаванд, ки намунавй нестанд. Х,амзамон раванди табди- ли ин давлатхо, халалдор гаштани мохияти аслии (боадолатии) онхо баррасй мешавад. Чунончи, дар натичаи моликиятдории хусусй ба замин ва манзил, табдили шахрвандони озод ба гуломон давлати намунавии аристократа ба давлати тниократй мубадцал мегардад. Тимократия ба давлати Спарта шабохат дода шуда, чанг вазифаи асосии он эътироф мешавад. Хамзамон таъкид мешавад, ки чанг «сарчашмаи асосии хамаи бадбахтихои хусусй ва чамъиятй мебошад».

Дар рафти чангхои мунтазам дар давлати тимократй доирахои муайяни ахолй сохиби сарвати барзиёд гашта, табакаи олигарххоро ташкил медиханд. Тимократия бо олигархия иваз мешавад. Давлати олигархи (сарватмандон) ба меъёри моликиятдорй, идораи сарватмандон ва дур гаштани факирон аз идоракунй асос меёбад.

Дар натичаи норизигии факирон аз сиёсати сарватмандон та- баддулоти давлатй cap мезанад, ки ба демократия оварда мерасо- над. «Демократия, ба андешаи ман, - менависад Афлотун дар аса- раш «Давлат», - хамон вакт амалй мешавад, ки факирон галаба намуда, як катор мукобилонашонро нест мекунанд, дигаронро бева- тан мегардонанд, ахолии бокимондаро дар хукукхои шахрвандй ва хакки ишголи мансабхои давлатй тарики куръакашй баробар мекунанд». Камбудии демократияро файласуф дар он мебинад, ки низоми хуби идора надорад, одамони дар асл баробар ва нобаробарро бо хам баробар мекунад.

Мисли ин, ки хар як давлат зимни камбудии хеш, аз он чумла худсарй бо давлати дигар иваз мешавад, демократия низ дере нагу- зашта дар натичаи суиистифода аз озодй бо давлати мустабид (тирания ) иваз мешавад. Хокими мустабид чун чонибдори халк сохиби хокимият мешавад. Озодии беинтихо бо гуломии беинтихо иваз мешавад.

Дар натича демократия бо давлати мустабид иваз мешавад, ки бадтарин шакли давлатдорй арзёбй мешавад. Поймолшавии конун, катли одамони хуб, пеш аз хама нафароне, ки мукобили зулм мубориза мебаранд, таъкиби ба ном «душманон», манъи озодии андеша, тоза намудани ахолй аз шахсони чавонмард, олихиммат, окил аз чумлаи нишонахои асосии давлати мустабид эътироф мешаванд. Давлати мустабид чун хукмронии разилон тавсиф мегардад.

Ба андешаи мухаккикон, ошкор ва тахлили нишонахои режими мустабид дар асари Афлотун яке аз бехтарин кушишхо дар адабиёти чахонист. Хамзамон таъкид ба он мешавад, ки Афлотун зимни истифодаи анешахои ракамии мактаби Пифагор во%идх;ои ахлокии ба-


68



далшавии давлапщоро муайян мекунад. Чунончи, Афлотун таъкид мекунад, ки раванди табдили давлатро аз аристократияи намунавй то давлти мустабид 729 вохиди ахолкиро фаро мегирад, яъне бо иваз- шавии давлатхо арзишхои ахлокй мунтазам поймол мегарданд, аз чумла хак бо фиреб, некй бо бадй, хушбахтй бо бадбахтй иваз мешавад. Дар натича Афлотун ба хулоса меояд, ки хокими мустабид аз хокими бехтарин 729 маротиба бадтару разилтар аст.

Тибки асари дигари Афлотун «Критий», нух хазор пеш дар Атлантида ва Афинаи тотаърихй худохо бевосита хукмронй ва идора менамуданд. Аз чумла Афинаро худохо бевосита идора мекарданд, дар Атлантида «конунхои илохй» хукмрон буданд.

Дар асари дигари Афлотун «Сиёсатмадор» тасаввуроти асотирй оид ба хаёти одамон то замони Зевс, дар замони Кронос дарч мегардад, аз чумла кайд мешавад, ки кисмхи кайхонро худохо таксим намуда буданд, даватхо чой надоштанд, одамон хушбахтона зиндагй менамуданд, вале дар нитичаи табаддулоти кайхонй худохо аз идораи кисми кайхон (одамон) даст кашида, хамзамон барои одамон оташ, санъат, тухмй ва растанихоро вомегузоранд.

Тибки андешаи Афлотун, сиёсат аслан санъати шохигарист, ки ба дониши аслии шохигарй ва истеъдоди идораи одамон такя мекунад. «Санъати шохигарй, - менависад Афлотун, - одоби чавонмардон ва окилонро бо хам мепайвандад, хаёти онхоро тавассути якдилй ва рафокат муттахид мегардонад ва ба ин васила бехтарин матои васл- кунандаро падид меорад. Ин матоъ хамаи дигар одамонро, озодон ва гуломонро дар давлат муттахид месозад, онхоро зери идора карор медихад ва давлатро хамеша бахри таъмни хушбахтй ихтиёрдорй мекунад».

Ба назари Афлотун допишу истеъдод нишонаи аввалиндарача ва мухими давлатдорист. Таъкид мешавад, ки дар холати доштани дониш ва истеъдод мухим нест, ки хокимиятдорон «такя ба конун мекунанд ё намекунанд, бошуурона ё мукобили иродаашон идора мекунанд, факир ё сарватманд мебошанд». Дар давлатхои дигар, ки хокимони бархак арзи вучуд надоранд, зарурат ба риояи конунхо ва одатхои падарй ба миён меояд.

Дар асари мазкур х;афт шакли идораи бардак,, хамчунин идораи як шахе (монархия), к;исми ах,олй ва аксари ах,олй тахлил мешаванд. Шаклхои гуногуни идора зимни риояи конуният аз хам чудо карда мешаванд, аз кабили хокимияти шо$й (монархияи конунй) ва давлати мустабид (монархияи гайриконунй), аристократия (хокимияти акалияти конунй) ва олигархия (хокимияти акалияти гайри конунй), деморатия бо к,онунх,о ва демократия бидуни к,онущо.

Дониши сиёсй ва санъати сиёсй нишонахои асосии хокими бар- хак эълон шуда, тафовути санъати сиёсй аз санъати %арбй, судй


69



ва суханварй кайд мешавад. Нигахдорй, х,имоя ва амалй намудани конунхо, хамчунин хизмат ба хокимияти сиёсй аз чумлаи хадафхои санъати суда ва хокимияти суда эътироф мешаванд.

Ба андешаи мухаккикон, чунин шабохати санъати сиёсй бо санъати матоъбофй минбаъд дар афкори баъдана заминаи пешбарии шабохати давлат бо дастгох, механизм, «машина» мегардад.

Афлотун дар асраш «Конунро» накшаи дуввуми давлати намуна- вии хешро пешкаш мекунад. Ин давлат аз 5040 наф. шахрвандон иборат буда, байни онхо кигьаи замин ва манзил чун хакки сохибй (на моликияти хусусй) зимни куъакашй таксим мешаванд. Шахрвандон аз руи амвол ба чор табака чудо карда мешаванд, ки имкони гузариш- ро аз як табака ба табакаи дигар дар холати тагйири вазъи амволй пешбинй мекунад. Хамчунин конун дар хусусй меъёри сарватмандй ва факирй пешбинй мешавад. Хакки шахсони хусусй ба тилло ё нукра, хамчунин судхурй мамнуъ дониста мешавад. Гуломон ва хоричиён ба чумлаи шахрвандон дохил карда намешаванд, шумораи кофии гуломон барои шахрвандон ва айни замон таъмини ниёзхои баробари одамон пешбинй мешаванд. Давлатро 37 хокимони синнашон аз 50 то 70 сола дар мухлати на бештар аз 20 сол идора мекунанд. Онхо аз чониби силохбадастон ё иштирокчиёни чангхо интихоб мешаванд. Шурои интихобии иборат аз 360 нафар (90 касй аз хар табака) ва мачлиси халкй (аз хисоби намояндагони танхо ду табакаи баланд- тар) амал мекунанд. Аз болон ин макомоти давлат як макоми мах- сус - «мачлиси шабона» (иборат аз 10 хирадмандону кухансолон) назорат намуда, аслан такдари давлатро муайян мекунад.

Дар «Конунхо» ду шакли давлат чудо карда мешаванд: 1) дав- лате, ки ба идораи хамагонаи хокимон асос меёбад, 2) давлати ба конун такядошта.

Афлотун аз давлате пуштибонй мекунад, ки дар он конун ну- фуз дошта, бевосита амал мекунад, аз чумла ба хокимиятдорон пахн мешавад. У такдири минбаъдаи давлатро махз аз нуфуз, эхтиром ва риояи конун вобаста мекунад. Дар ин бора мавсуф менависад: «Ман нобудшавии хар чи зудтари давлатеро эхсос мекунам, ки дар он конун нуфуз надошта, зери итоати хокимияти ягон кас карор дорад. Он чое, ки конун хукмравои хокимон ва онхо гуломй конун мебошанд, ман начоти давлат ва хамаи неъматхои ба давлат атонаму- даи худохоро мебинам».

Конунхои бардак, ва боадолат чун «меъёри акл» эътироф мешаванд, зарурати кабули онхо ба манфиати кулли давлат, на хадафхои гурухи хокимиятдорон таъкид мешавад. Таъкид мешавад, ки дар холати ба манфиати як гурухи шахсон кабул гаштани конун умуман давлат ба маънии аслияш чой надорад. Ба гуфти Афлотун, «он чое, ки конунхо ба манфиати якчанд ашхос мукаррар шудаанд, су-


70





хан дар хусусй на сохти давлатдорй, балки фитнахои дохилй мера- вад ва адолат танхо ба ном арзи хастй дорад».

Афлотун якчанд омилхоеро рушан мекунад, ки хангоми кабули конунхо бояд ба инобат гирифта шаванд. Ин омилхо хислати хам субективй ва хам обективй доранд. Чунончи, мавсуф ишора ба он мекунад, ки фаъолияти к,онунгузор бояд муътадил бошад, зимни риояи махакхои муайян, аз чумла андозаи баробар сурат гирад. У муътакид аст, ки дар натичаи риояи махаки муътадили фаъолият хам хокимияти хокимон ва хам озодии зерхокимон зимни андозаи муайян амалй ва истифода мешаванд.

Хамзамон зарурати ба инобат гирифтани вазъи цугрофии ма%ал, икдим, хок ва м.и. таъкид мешавад. Ба назари Афлотун, «мукаррар намудани конунхо бидуни шароитхои махаллй гайриимкон аст».

Афлотун ахамият ва нуфузи бештари илми к,онуншиносиро махсус кайд мекунад. У ба накши мухими илми конуншиносй дар такмили камолоти инсонй ишора мекунад. Тавре мавсуф менависад: «Илм оид ба конунхо аз чумлаи илмест, ки инсонро бештар такмил медихад».

Айни замон Афлотун бинобар таваччухи беандоза ба накш ва зарурати конун дар хёти инсонй ба хулоса меояд, ки конунхо бояд %амагонй бошанд, хаёту фаъолияти хамарузаи инсонро танзим намоянд. У аз чумла кабули конунхоеро зарур мешуморад, ки хаёту фаъолияти хамарузаи инсонро, аз чумла рецаи кор ва фарогати ша- бонаро танзим мекунанд.

Мутафаккири юнонй бинобар мухимияти конунхо дар хаёти инсонй ба масъалаи риоя ва ичрои онхо мутаваччех мешавад. У кушиш мекунад кафолату;ои риоя ва ичрои бечуну чарой к,онунх,оро пешбарй намояд. Ин кафолатхо хислати дунявй ва динй доранд.

Кафолати мухими ичрои конунро мавсуф дар он мебинад, ки конун хислати хатмии илохй дорад, чазохои охиратро барои пой- мол гаштани мукаррароташ пешбинй мекунад. Хамзамон таъкид мешавад, ки одамон бояд бо чунин сифат ва мазмуни илохии конун, махсусан дар бахши мучозот шинос бошанд. Бархурдорй аз конун кафолати мухими ичро гаштани конун эътироф мешавад. Таргиби конун, шинос намудани ахолй бо хислати илохии конун, пеш аз хама мучозоти илохй барои поймол намудани конун вазифаи мухими давлат эълон мешавад.

Акидахои сиёсиву хукукии Афлотун ба афкори баъдинаи башар, аз чумла барои муаллифони назарияхои ормонй (Т. Мор, Т. Кампа- нелла, Морелли, Мабли), чонибдорони усулхои математикии тахлили падидахои сиёсиву хукукй (Б. Спиноза, Т. Гоббс), тахлилгарони конунхо (Монтескйе ва диг.), чонибдорони андешаи накши файласуфон дар давлат (Волтер, Дидро ва диг.), таргибгарони нуфузи конунхо (Гелветсий, Голбах, Дидро) таъсири калон расониданд. Аз


71





андешахои Афлотун минбаъд Арасту, Руссо, Кант, Фихте, Гегел истифода намудаанд. Таълимоти Афлотун ба афкори сиёсиву хукукии форсу точик низ бетаъсир намондааст.

  1. Арасту

Арасту (384 - 322 то с.м.) - файласуф ва мутафаккири барчастаи башар, поягузори илми мустакили сиёсй, зодаи шахраки Стагирит, омузгори Академиям Афинапш Афлотун, устоди Искандари Макдунй, асосгузори мактаби фалсафии хеш - ликей (литсей) дар Афина, муаллифи асархои машхур - «Сиёсат», «Политияи афинй», «Этика», «Риторика» ва диг. мебошад.

Арасту сиёсатро чун илм оид ба неъмати волои инсон тавсиф мекунад. Сиёсат дар робита бо арзишхои ахлокй тахлил мешавад. Дар натича давлат низ бо назардошти ахлок баррасй мешавад.

Чунин усули тахлил зимни тавсифи шахсияти инсонй низ истифода мешавад. Аз чумла, зимни тахлили накуахлокД ва сифатхои инсони хуб сифатхои ахлокии шахрванди давлат рушан гашта, дар натича зухуроти сиёсй пайдо мекунанд. Дар робита бо ин масъала накуии сиёсй ва сифапцои иищрванди лоик, муайян мешаванд. Хамзамон сифатхои накуй чун сифатхои маънавй ба аксона ва ахлокй чудо карда мешаванд.

Адолати так,симкунанда (дар бахши таксими баробар ва нобаробари хокимият, пул ва неъматхои дигар) ва адолати баробарку- нанда (дар сохаи ахдномахои гражданй, ситонидани товони зарар, татбики чазо ва м.и.) чудо карда мешаванд.

Арасту муътакид аст, ки адолати сиёсй байни одамон озод ва баробар имконпазир аст. Аз ин ру, давлат чун шакли махсуси ташкили х,аёти инсонй хоси халкхои юнонй пиндошта мешавад. Ба назари Арасту, танхо юнониён ва ё сокинони Юнонй кадим (эллинхо) кудрати таъсиси давлати баркамолро дошта, халкхои дигари гайриюнонй ё гайри эллинй дар минтакаи Аврупо ва Осиё чунин кобилият надоранд. Хамзамон нисбати халкхои гайриюнонй истилохи «варвархо» - чохилон истифода мешавад. Ба назари Арасту, чохилон («варвархо») табиати инсонии номукаммал доранд, то сатхи иттиходи сиёсии одамони озоду баробар нарасидаанд, «табиати гуломй» доранд, муносибати гуломона доранд.

Арасту таксими ахолиро ба озодон ва гуломон чонибдорй намуда, чунин таксими одамонро табий мешуморад. Ба назари у, «як кисми одамон табиатан озод, кисми дигар - гулом буда, айни замон гулом будан барои ин кисми одамон хам муфид ва хам аз руи адолат аст».

Хамзамон гуломй бо истифода аз фишанги конун тарафдори мегардад. Дар ин замина «гуломии табий» ва «гуломй тибки к,онун»


72





чудо карда мешаванд. Ба андешаи Арасту, «гуломй тибки конун» мутобик ба «гуломии табий» мебошад ва сохиб гаштан ба гуломон (тарики чанг ё кувва) конунист.

Ба ин нигох накрда, мавсуф таъкид мекунад, ки «чанг мухо- лиф ба гояи хукук мебошад» ва «инсоне, ки сазовори гуломй нест, набояд гулом бошад». Аммо ба назари Арасгу, гуломии табий бе- рун аз сохаи амали хукук карор дорад. Дар ин замина хщк,и моликияти мутлаци сощбон ба гуломон химоя мешавад. Хамзамон таъкид мешавад, ки муносибати сохибон ва гуломон берун аз хукук ва муносибатхои сиёсй карор доранд. Муносибатхои сиёсй, тибки назарияи Арасту, байни одамони озод ва баробар чой доранд.

Ба андешаи Арасту, давлат дар раванди тахаввули табий бахри конеъ гардонидани ниёзи зиндагй пайдо мешавад. Давлат дар та- носуб бо шаклхои оддии иттиходи одамон, аз к;абили оила ва маскан шакли олитари муттахидии одамон аст.

Айни замон зимни эътирофи табиати сиёсии инсон Арасту чунин мепиндорад, ки «давлат аз руи табиати хеш кабл аз инсон арзи хастй дорад», яъне табиати давлат дар радифи ташаккули оила ва инсон зохир мешавад.

Арасту дар асараш «Сиёсат» усули тахлили таркибии давлатро анчом медихад, аз чумла давлатро чун падидаи том ва ба си- фати кисмхои он оилаву инсонро чудо мекунад. Хамзамон нук,таи назари органики, аз чумла шабохати давлат ба организми зинда, шабохати унсурхои чомеа ба рух ва тан истифода мешавад. Арасту давлати томро тахлил намуда, хамзамон мукобили андешаи Афлотун оид ба умумияти амвол, занхо ва кудакон дар давлат баромад мекунад. Ба назари у, умумияти амвол, занхо ва кудакон боиси но- будшавии давлат мегардад.

Ба андешаи Арасту, давлат шаклан ташкилоти иттиходии шахрвандон мебошад. Хангоми тавсифи шаклии давлат ба сифати унсурхои давлат на оила, маскан ва инсон, балки шахрвандон баромад мекунанд.

Аз ин чо хулосаи дигар пешкаш мешавад, ки мафхуми шакли давлат аз мафхуми шахрвандй бармеояд. Ба акидаи Арасту, шахрванд шахсест, ки дар фаъолияти конунгузорй ва судии давлат ширкат вар- зида метавонад. Хамчунин таъкид мешавад, ки ин ё он шакли давлат аз мафхуми муайяни шахрвандй вобастагй дорад. Таъкид мешавад, ки дар хар як давлати чудогона доираи муайяни одамон сохиби хукукхои шахрвандй мешаванд ва дар сурати тагйири мафхуми шахрвандй му- таносибан шакли давлат низ дигаргун мешавад.

Шакли давлат дар назарияи Арсту тибки шумораи хокимон низ муайян мешавад. Дар ин замина хоки.иияти як шахе, хокимияти ак,алият ва хокимияти аксарият чудо карда мешаванд.


73



Хамчунин шакл%ои дуруст ва нодурусти давлат аз хам фарк карда мешаванд. Таъкид мешавад, ки дар шаклхои дурусти давлат хокимон манфиати умумро ва дар шаклхои нодурусти давлат - манфиати шахсиро пеш мегузоранд. Хокимияти шохй, аристократия ва полития шаклхои дурусти давлат эълон мешаванд. Давлати мустабид (тирания), олигархия ва демократия чун шаклхои нодурусти давлат эътироф мешаванд.

Полития шакли макбули давлат эълон мешавад. Дар полития, ки унсурхои мусбии олигархия ва демкратияро дар худ муттахид мекунад, манфиати умум пеш гузошта мешаванд. Давлати мустабид (тирания) - шакли бадтарини давлат эълон мешавад.

Пойдории ин ё он шакли давлат аз таносуби ду унсури мухими давлат - сарватмандону факирон вобаста карда мешавад. Чунончи демократия чун давлате арзёбй мешавад, ки дар он факирон дар хокимият бартарй доранд. Хамзамон демократияи муътадил, ки такя ба созиши сарватмандону факирон ва хукмравоии конун дорад, дар байни намудхои дигари имконпазири демократия пуштибонй мешавад.

Арасту муътакид аст, ки набудани баробарй иллати асосии табаддулогщои давлатй мебошад. У таъкид мекунад, ки халадор гаштани мохияти аслии баробарй, аз чумла истифода накардани баробарии микдорй дар як холат ва баробарии кадрй дар холати дигар боиси табаддулоти давлатй мегардад.

Ба назари Арасту, хушбахтй ва осудахолй хадафи асосии давлат буда, дар давлати намунавй ба даст меоянд. Дар давлати намунавй ахолй бояд на чандон калон бошад, аз чумла тавре бошад, ки шахрвандон хамдигарро шиносанд. Худуди чунин давлат бояд баробар ба худуди полис (шахр-давлат), наздик ба бахр бошад. Дар давлати намунавии Арасту шумораи зиёди гуломон пешбинй мешаванд, хунармандон, агарчанде озод бошанд хам, аз хукукхои шахрвандй махруманд. Маллохон ва савдогарон низ ба чумлаи шахрвандон максуб дониста намешаванд.

Шахрвандони давлати намунавй шугли кори харбй, конунгузорй ва фаъолияти судй мебошанд. Як кисми замин дар ихтиёри давлат ва кисми дигараш дар сохибии хусусй карор дорад. Зимни моликияти давлатй ва хусусй ба замин ду намуди гуломй чудо карда мешавад: давлатй ва хусусй. Имкони озод гаштани гуломон ба ивази мехнаги софдилона пешбинй мешавад. Таъмини сулх ва хаёти осо- ишта хадафи асосии конунгузории давлат эълон мешаванд.

Дар назарияи Арасту ХУКУЦ чун «махаки адолат ва меъёри ро- битаи сиёсии одамон» тахлил мешавад. Хукук ба маънии баробарй низ баррасй мешавад. Аммо баробарии на мутлак, балки нисбй эътироф мешавад, чунки одамон, ба андешаи мавсуф, аз руи эътибор баробар нестанд, аз чумла одамони дорой эътибори баландтар хак


74





ба имтиёзхои хукукй доранд. «Дар вокеъ, - таъкид мекунад Арасту, - одамони олитабор шахрвандоне мебошанд, ки хукукхои бештар доранд».

Хукук дар назарияи Арасту чун падидаи сиёсй, чун сиёсй» эътироф мешавад. Аз ин ру, таъкид мешавад, ки дар шароити шаклхои хамзистии гайрисиёсй (масалан, истибдодй) хукук ба маънии аслиаш (хукукй сиёсй) вучуд надорад, тавре ки хукукй гайрисиёсй умуман гайри имкон аст.

Хукукй сиёсй ба андешаи файласуф кисман фитрй ва кисман шартист.

ХУКУКи фитрй дар хама чо ахамияти ягона дошта, новобаста аз он, ки пазируфта мешавад ё не, амал мекунад. Хукукй фитрй табиати сиёсй дорад, ба табиати сиёсии инсон мувофик буда, адолати си- ёсиро дар муносибати байни одамон ифода мекунад.

ХукУКи шартй чун хукукй иродавии мукаррар намудаи одамон тавсиф мешавад. Чунончи, хукукй шартиро мукаррароти конунхо ва созишномахо ташкил медиханд. Хамзамон конунхои навишташуда ва конунхои нонавишта чудо карда мешаванд. Зери мафхуми «конунхои нонавишта» одатхои хукукй дар назар дошта мешаванд.

Мувофщат ба адолати сиёсй ва ХУКУК аз чумлаи сифатхои сиёсии конун эълон мешаванд. Ба кавли Арасту, «хама гуна конун бояд ба хукук такя намояд», яъне хукук дар конун зохир, тачассум ва риоя мешавад. Мухолифати конун ба хукук заминаи табдили конун ба василаи истибдод пиндошта мешавад. Хамчунин таъкид мешавад, ки ихтилофи байни конун ва хукук боиси бо истибдод иваз гаштани шакли сиёсии хамзистй (давлат) мегардад.

Тавре мушохида мешавад, Арасту зимни баррасии таносуби конун ва хукук акидаи конуни хУКУКиР° пешкаш мекунад. Ин акида минбаъд инкишоф ва такмил ёфта, чун аломати мухими давлати хукукбунёд шинохта мешавад.

Арасту муътакид аст, ки дар раванди давлатдорй конун ва хукук бояд хукмфармо бошанд. Ба гуфти мавсуф, «хукмронй бидуни хам конун ва хам хукук чавобгу ба талаботи конун нест» ва хама гуна «саъю кушиш ба тобеияти зуроварона, бешубха, ба гояи хукук мухо- лиф аст». Хамзамон таъкид мешавад, ки хукук ва конун бояд мугобик ба шакли давлат бошанд.

Арасту конунгузориро чузъи сиёсат шуморида, таъкид мекунад, ки инъикоси айнии хусусиятхои сохти мавчудаи давлат ва таъмини пойдории низоми муносибатхо хадафи санъати конунгузорй мебошанд. Робитаи байни конун ва тартибот таъкид мешавад, аз чумла кайд мешавад, ки «тартибот вокеан конун аст».

Дар ин замина идоракунии сиёсй чун идора тавассути конун тавсиф мешавад. Ба андешаи Арасту, идораи сиёсй вокеан идораи ода-


75





мон набуда, ба маънои аслй идораи конун аст. Конун, ба кавли мутафаккир, «идроки тахаммулгар аст». Дар ин замина таъкид мешавад, ки хукмравоии конун аслан хукмравоии «худо ва идрок» буда, хукмронии инсон бошад, баръакс, боиси ворид гаштани «унсури хайвонй» ба низоми идора мегардад, аз чумла дар шакли вахшату газаб.

Амали мацбули конунро Арасту аз накукории одамон, адолати сиёсй, амали хирадмандона вобаста намуда, татбики чазоро ба одамони дорой тамоили вахшонй талаб мекунад. Истифодаи якчояи эъ- тибори конун ва кувваи давлат василаи мухими таъсири танзимиву тарбиявй ба одамони хам накуахлок ва хам фосик эътироф мешавад. Ба робитаи байни тарбия ва сифати конун ишора мешавад, аз чумла кайд мешавад, ки «барои тарбияи чомеа конунхо заруранд, вале барои тарбияи хуб конунхои хуб лозиманд».

Андешахои сиёсиву хукукии Арасту минбаъд аз чониби стоя- чиёни римй, файласуфону мутафаккирони Шарк (Форобй, Сино, Ибни Рушд, ал-Кинди ва диг.) ва Аврупо (Фомаи Аквинй, Марси- лии Падуанй ва диг.) васеъ истифода мешаванд.
1   ...   5   6   7   8   9   10   11   12   ...   58


написать администратору сайта