Главная страница
Навигация по странице:

  • 2.7. Бузургмехри Бахтакон

  • Афкори сиёсй ва хукукии Хиндустони кадим

  • Афкори сиёсй ва хукукии Хитои кадим

  • БОБИ 3. АФКОРИ СИЁСИ ВА ХУКУКИИ ЮНОНИ КАДИМ Гомер ва Гесиод

  • Гомер

  • «темис»

  • Гесиод

  • %ук,ук,и табий ё фитрй (фёсен)

  • «нимхудох;о-к,ах;рамон%о»

  • тарихти афкори сиёси. х.. Китоби дарси


    Скачать 0.9 Mb.
    НазваниеКитоби дарси
    Дата10.05.2018
    Размер0.9 Mb.
    Формат файлаdocx
    Имя файлатарихти афкори сиёси. х..docx
    ТипДокументы
    #43230
    страница6 из 58
    1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   58

    Маздакия

    Маздакия назария ва харакати ичтимой, сиёсй ва динй буда, охири асри V ва ибтидои асри VI дар Шарки Наздик, дар шароити пой- дории муносибатхои заминдорй ва истисмори дехконон, бахри таъ- мини баробарии амволй весеъ пахн мешавад. Поягузори он Мазда- ки Бомдодй махсуб мешавад, ки охири асри V ва ибтидои асри VI хаёт ба cap бурдааст.

    Заминаи маздакияро муборизаи бадй ва некй, Ахурамаздо ва Ахриман ташкил медихад. Маздакия ба галабаи некй бар бадй эътикод дорад. Таъмини баробарии амволй рохи таъмини некй арзёбй мешавад.


    39



    Дар маздакия се марх,ила дар таърихи олам чудо карда мешаванд: 1) замони пайдоиш, ки дар он куввахои некй ва бадй алохида арзи хастй доштанд; 2) замони омезиши некй ва бадй («гумезшин»);

    1. замони галбаи некй бар бадй. Мархилаи дуввум аз хамлаи бадй ба некй огоз гашта, мавчудот унсурхои некй ва бадиро дар худ тачассум мекунанд ва танхо инсон зимни эхсоси маънии хастй мекушад не- кии аслиро эхё намояд. Пас аз он мархилаи сеюм фаро мерасад. Дар мархилаи сеюм («визаршин», ё «вигаршин»), ки нихой мебошад, некй бар бадй галаба мекунад.

    Тибки таълимоти маздакия, худо чах,ор к,увва дорад, аз кабили самимият, хирад, зехн ва саодат. Ин куввахо кулли хастиро тавассути х,афт муцаррабон (пешво, идоракунанда, пурсамар, вокиф, амркунан- да, косид, хидматгор) ба харакаг меоранд. Х,ар як аз ин мукаррабон вазифахои худро адо мекунанд ва такя ба дувоздах, омил доранд, аз кабили хондан, ниходан, ичро намудан, хурдан, шитобкорй. ба по ис- тодан, рагбат, тапидан, ба чо овардан, мадохил, пайдоиш, устуворй. Хамаи ин куввахо ва омилхои зикршуда дар хаёти заминй низ арзи вучуд дошта, дар сурати тачассуми пурраи онхо дар шахсияти инсонй камолоти одам фаро мерасад. Хамаи ин унсурхо мутааллик ба шохи заминй низ мебошанд. Х,амзамон таъкид мешавад, ки бахри начоти нихой мебояд аз неъматхо ва падидахои моддй, аз кабили хунрезй, истеъмоли гушт, шахват ва диг. даст кашид.

    Маздакия ишора ба мавчудияти х;окимон ва бенавоён дар чомеа мекунад. Хокимиятдорй манбаи сарват ва василаи нуфузи сарватман- дон эътироф мешавад. Чунин нобаробарии амволй ва сиёсй махкум мешавад.

    Ба андешаи Маздак, «сохиби хокимият ва сарват будани як гурухи одамон ва дар холати кашшокиву гуруснагй умр ба cap бур- дани одамони дигар кобили кабул нест». У даъват ба он мекунад, ки сарватмандон «моли хешро тибки адолат бо хамдинонашон бояд таксим намоянд». Ба акидаи мавсуф, агар «хамдин майл ба мехнат надошта, ё аз хад зиёд судхур бошад, пас у бояд мавриди чазо карор гирад ва ислох гардад».

    Маздак истифодаи зуровариро бахри таъмини баробарии амволй раво медонад. Ба акидаи у, касе, ки «бо ин коидахо розй нест, пай- рави Ахриман мебошад ва моли уро бо истифода аз кувва мебояд гирифт».

    Тавре мушохида мешавад, Маздак нобаробарии сиёсй ва амво- лии а^олиро махкум намуда, рохи халосиро дар кумаки хамдигарии хамдинон, дастгирии бенавоён аз чониби сарватмандон, таксими баробари неъматхо мебинад. Ба ибораи дигар, таксими баробари (боа- долатонаи) неъматхои чомеа рохи таъмини баробарй мебошад. Дар холати ичро нагаштани накшаи мазкур истифодаи кувва нисбат ба


    40





    дороён маъкул дониста мешавад. Аз ин хотир, таълимоти маздакия дар рафти харакати ичтимоии бенавоён ба мукобили сарватмандон васеъ истифода мешавад.

    Дар маздакия нобаробарии сиёсиву амволй сабаби асосии зухури бадй (бадбинй, душманй ва г.) дар чомеаи инсонй махсуб мешавад. Нобаробарй бошад, натичаи таксими нобаробари неъматхо аст. Аз ин ру, рохи начоти одамон аз бадй дар таксими баробари неъматхо ва баробарии одамон эхсос мешавад.

    Дар маздакия баробарии .ушагонй
    таргиб мешавад. Ба ин баро- барй хислати илохй дода мешавад. Ба андешаи Маздак, худо во- ситахои зиндагиро барои он офаридааст, ки баробар таксим шаванд. Дар ин замина зарурати баробарии хама зимни таксими баробари неъматхои зиндагй хамачониба химоя ва исбот мешавад.

    Маздак бадбиниву кинатузиро аз чумлаи гунохи бузург ва зу- хуроти бадй, монеаи хамдагарфахмй, ракобати судманди хамдигарй, хаёти осоиштаи одамон мепиндошт. Боигарй ва занх;о аз чумлаи сабабхои асосии ин падидахои гунохона эътироф мешаванд. Аз ин хотир, озодии занон, истифодаи озодй сарватхои табиат, аз кабили об, оташ, наботот ва чарогох эълон мешавад. Хамзамон таксими баробари сарватхо ва занхо ташвик мешавад.

    Айни замон маздакия сохибии неъматхои зиндагиро нобаробар арзёбй мекунад. Тибки ин таълимот, ро%ибон аз хамаи неъматхои дунё бояд даст кашанд, мардуми оддй бошад, бидуни неъматхои моддй ва хаёти оилавй наметавонад зиндагй намояд. Аммо неъматхои дунё бояд баробар таксим шаванд. Хамин тарик, таксими баробари неъматхо дар маздакия таксими баробари сарватхои табий, мо- ликияти сарватмандон ва занхоро дар назар дорад.

    Маздакия ишора ба он мекунад, ки дар ибтидо сохти боадолат хукмраво буд. Сипае, бо пайдоиши сарватмандиву моликиятдорй ва таксими нобаробари неъматхо дар чомеа беадолатй cap зада, нобаробарии одамон пойдор мегардад. Аз ин ру, зарурати таъмини сохти каблии адолатпеша зимни таксими баробари неъматхо ва таъмини баробарй талкин мешавад.

    Таксими баробари моликияти сарватмандон рохи таъмини сохти боадолат эълон мешавад. Таъкид мешавад, ки сарватмандон хиссаи барзиёди моликияташонро бояд ба манфиати бенавоён таксим намоянд. Тибки маздакия, моликиятдорон хакки ихтиёрдории хиссаи барзиёди моликияташонро надоранд.

    Ба ибораи дигар, моликияти хусусй чун заминаи нобаробарй махкум карда мешавад. Ба андешаи Маздак, дар натичаи бархам додани моликияти хусусй сохти боадолати чомеа пойдор мегардад. Дар он моликият баробар таксим мешавад.


    41





    Айни замон хислат ва зуууроти тощи баробарии х;амагонй
    ис- бот мешавад. Тибки Маздакия, азбаски хамаи одамон дар назди худо баробаранд, пас дар чомеа низ бо хам бояд баробар бошанд. Баробарии одамон ифодаи баробарии онхо дар назди худо пиндошта мешавад. Азбаски баробарии хамаи одамон зухуроти илохист, яъне фармудаи худо аст, хеч кас дар чомеа хак надорад, ки онро поймол намояд. Ба ибораи дигар, нобаробарии одамон хилофи фармудаи худо эълон мешавад.

    Тибки таълимоти маздакия, азбакси хамаи хаводиси олам тасо- дуфан, беихтиёр ба вукуъ мепайванданд, инсон наметавонад ба онхо бахри тагйирашон ё истифода ба манфиати хеш дахолат намояд. Ин нуктаи маздакй маънои онро дорад, ки инсон бахри бехдошти зинда- гияш наметавонад ба равандхои чомеа мудохила кунад. Айни замон зарурати таъмини баробари дар чомеа, хатто бо истифода аз кувва арзёбй мешавад. Дар вокеъ, маздакия чун харакати ичтимой васеъ ривоч меёбад. Аз ин ру, мухаккикони таълимоти маздакия мохоли- фати андешахои онро кайд мекунанд. Ин мухолифат дар он ифода мегардад, ки маздакия аз як тараф мудохилаи инсонро ба хаводис ва равандхои олам манъ намуда, аз тарафи дигар зарурати мубори- заро бахри таъмини баробарй ташвик мекунад.

    Таъмини баробарии хамагонй шиори асосии харакати маздакия мегардад. Маздак муътакид буд, ки тавассути саъю кушиши фаъо- лонаи одамон баробариро метавон таъмин кард. Таъкид мешавад, ки таъмини баробарй фармудаи худост. Хдмзамон барои таъмини баробарй кушиши тарафайни одамон, пеш аз хама моликиятдорону бенавоён, фаъолияти муштараки хамаи одамон зарур аст.

    Таргиби чунин андешахо ба афкори бенавоён таъсири амик ме- расонад, аз чумла хадафи муборизаи онхо мегардад. Аз ин чост, ки дар рафти авч гирифтани харакати маздакия бенавоён ба хонахои сарватмандон хучум намуда, манзил, амвол ва хатто занони онхоро гасб менамуданд. Андешаи маздакия дар хусусй имкони истифодаи кувва бахри таъмини баробарй чомаи амал мепушад. Аз ин андеша, ки мувофики хадафу мароми кашшокон буд, ахолии бенаво васеъ истифода мебарад. Барои ашрофону сарватмандони чомеа бошад, хатари чиддй пеш меояд.

    Барои хамин, табакахои болои чомеа, аз он чумла кохинони зардушт барои пахш намудани харакати маздакия бо хам муттахид мешаванд. Дар натича таъкиби саросари маздакиён ofo3 гашта, дар нихояти кор харакати маздакия шикает мехурад.


    42



    2.7. Бузургмехри Бахтакон


    Бузурмех,ри Бахтакон, вазири шохи Сосонй Анушервони Одил (531 - 579), зодаи Марв буда, миёнахои асри VI умр ба cap бурда- аст. Бо калами у якчакд рисолахои пандомез иншо шуда, то замони мо рисола бо номи «Андарзнома», ё «Ёднома» маълум аст. Тибки маълумотхо, мавсуф дар давраи подшохии ворисони Анушервон, аз чумла Хурмузди IV (570 - 590), Бахроми Чубин (590 - 591) низ шухрат дошт. Такрибан соли 591 Бузургмехр барои майл ба дини масехй айбдор дониста шуда, бо фармони Хусрави Парвиз (591 - 628) ба чазои катл махкум мешавад.

    Тибки андешаи Бузургмехр, олами моддй дар харакату тагйирот буда, муваккатист. Аз чумла таъкид мешавад, ки дар тули як аср шохигарй аз байн меравад, дар давоми чорсад сол авлод пош мехурад. ном фаромуш мешавад, махони зист ва ватан завол меёбанд.

    Тавре мушохида мешавад, Бузургмехр давлатро (хокимиятдории шохро) падидаи муваккатй мешуморад. Хокимият чузъи олами моддй буда, ба мисли он дар холати тагйирот карор дорад, аз чумла муваккатй мебошад. Ба ибораи дигар, хокимиятдорй абадй нест, за- моне арзи вучуд мекунад.

    Сарвату боигарй низ чун чузъи олами моддй муваккатй пин- дошта мешаванд Ба кавли мутафаккир, чизхои моддй, аз он чумла сарватхои заминй ба хоб шабохат доранд. Хоб бошад, хуб ё бад мешавад. Вакто ки шахе дар хоб неъматхои моддиро мебинад, дар холати бедор шуданаш онхоро пайдо намекунад.

    Хамин тарик, хислати тагйирёбанда ва муваккатй доштани неъматхои моддй, аз он чумла хокимият ва боигарй талкин мешавад. Ачдод, ном, макони зист. ватан низ хамин гуна хусусият доранд.

    Ба акидаи Бузургмехр, танхо Рузи К,иёмат абадй ва бетагйир аст. Тацводорй ва накукорй (фарорун) низ аз чумлаи падидахои аба- диву тагйирнаёбанда тавсиф мешаванд. Аз ин хотир, шахеи пок ва баргузидаи рохи хак саодатманд буда метавонад. Рохи бархак риояи пиндори нек, гуфтори нек ва амали некро дар назар дорад. Пиндори нек маънои вафодориро дар ичрои ухдадорихо дорад. Гуфтори нек адолатпешагй, эътикод, бовичдониро, амали нек бошад, олихимматй, саховатмандй, накуиро талаб мекунанд.

    Ба андешаи Бузургмехр, хар амал бояд чавобгуи ниёзи аслии хам тан ва хам ру%и (чони) инсон бошад. Чунончи, кайфияти беан- доза аз неъматхои зиндагй, майли беандоза барои конеъ намудани талаботи хаётй чавобгуи тани инсон буда, вале мухолиф ба ниёзхои рухй (чон) мебошанд. Барои хамин шахеи порсо ниёзхои моддиву маънавиро бо хам омехта намекунад.


    43



    Бузургмехр аз акру дониш пуштибонй мекунад. Ба акидаи у, до- ниш ба шахе саодат меорад, мартабаи уро баланд мекунад. Шахеи хирадманд зимни таблиги дониш чомеаро ислох мекунад, аз чумла хулку одоб ва одатхои чомеаро ба эътидол меорад. Шахеи хирадманд аслан олихиммат буда, дар ичрои хамаи корхо такя ба акл мекунад. Хирадмандй пеши рохи амалхои бадро, аз чумла дуруггуй, харией, кинатузй ва дигарро мегирад. Хамзамон таъкид мешавад, ки хирадмандй мансуби хар кас буда наметавонад. Танхо шахсе, ки хохишхои бехуда надорад, зиндагии порео итихоб мекунад, хирадманд буда метавонад.

    Мутафаккир амали накуро ба манфиати хам Офаридагор ва хам одамони дигар ташвик мекунад. Ба акидаи у, амали волои наку ба манфиати Яздон, ки Офаридагори олам, шабу руз, офтобу мох, ман- шаи зиндагй мебошад, хам барои худ ва хам барои наздикон муфид аст. Амали наку дар хакки одамон донишомузии фарзандон, истифодаи аклонаи сарват, зулм наовардан ба раият, кишти заминро ба манфиати одамон дар назар дорад.

    Аз ин чо бармеояд, ки накуии шох дар хакки одамон, ба сомон расонидани корхои ба нафъи одамон судманд, раво надониста- ни хама гуна зулму истисмор дар хакки раият шаклхои вокеии ифодаи хокимиятдорй, сифатхои зарури шох шуда метавонанд. Мутафаккир ба зухуроти дигари амали наку низ ишора мекунад, ки ме- тавон чун замина ва равиши хукуматдорй арзёбй кард, аз кабили афзоиш додани аклу дониш, такя ба ёрдамчиёни муносиб, захмати доимй бахри амали наку, дарег надоштани худ барои амали наку, истеъдоди чудо намудани амали неку бад. Хамзамон таъкид ба он мешавад, ки амалхои нек бояд баандоза ва мувофики акл бошанд.

    Бузургмехр таъкид мекунад, ки бехтарин амали инсонй дар хакки одамон - таъмини бе^будй ва некуа^волии онхо мебошад. Чунин амали наку вазифаи хокимиятдорон эътироф мешавад. Ба акидаи мутафаккир, бехтарин хоким он аст, ки бо мехру мухаббат ба раият му- носибат мекунад, дар хакки одамон адолатварзиро пеша мекунад. Манбаи амали наку бошад, дониш махсуб мешавад. Хирадмандй чун неъмати илохй, нури амали инсонй, аз чумла василаи саховатмандй арзёбй мешавад. Шахеи бехирад бошад, рохи харисию кинатузиро пеш мегирад. Аз ин хотир, шахеи бехирад набояд ба хар кор даст занад. Айни замон ишора ба он мешавад, ки донишмандй набояд мояи фахрфурушй гардад.

    Бузургмехр муътакид аст, ки одамон хулку рафтор ва ахлоки гу- ногун доранд, аз андешахои ба худ хос ва динхои гуногун пайравй мекунанд. Бо назардошти гуногунии мафкуравию динй мавсуф ба тахаммулпазирй, сулху муросо бо намояндагони динхои дигар ва эхтироми дигарандешон даъват мекунад. Зиндагии осудахолона бо


    44





    одамони дорой афкору ахлок ва динхои гуногун аз чумлаи андешаи мардумеолори мутафаккир мебошад.

    Андешахои Бузургмехр дар инкишофи минбаъдаи афкори форсу точик, аз чумла рушди акоиди ахлокиву пандомези Абуалй ибни Сино, Байхакй, Низомулмулк, Унсуралмаолии Кайковус ва дигарон накши арзишманд мегузоранд.

    1. Афкори сиёсй ва хукукии Хиндустони кадим

    Таърихи афкори сиёсиву хукукии Хиндустони кадим кариб яку- ним хазор солро дар бар гирифта, ба давраи таназзули сохти тодав- латй ва пайдоиши нахустин давлатхо рост меояд. Дар хазорсолаи сеюми то с.м. дар ин кишвар тамаддунй Харап
    ташаккул меёбад. Тибки сарчашмахои хаттй бо номи ведахо, баъди омадани ориёихо дар кишвар мархилаи ведагй огоз мегардад. Дар ин давра сохти ка- ставии чомеа (брахманхо, кшатрийхо, вайшихо ва шудра) тахким меёбад. Пас аз таназзули мархилаи ведагй дар миёнахои хазорсолаи якуми то с.м. империяи бузурги Маурхо ташаккул меёбад. Сипае империхои Кушониён, Эфталитхо бо хам иваз мешаванд.

    Сарчашмахои афкори хиндии давраи ведагй бо номи «шрути» (сарчашмахои мукаддас), «смирити» (андешахои хирадмандон), ведахо маълуманд. Ведахо мачмуаи дастхатхои диниву маросимй (самхитхо) буда, ба «Ригведа», «Самаведа», «Ячурведа», «Атхарведа» чудо мешаванд. «Ригведа» дар се шакл маълум аст: тафсирхои брахманхо, араня- ка (мусохибаи хирадмандон бо шогирдон дар чангал) ва упанишадхо (асархои диниву фалсафй). Дар «Ригведа» назарияи Рита (конуни яго- наи кайхонй ё динии худохо ва одамон) пешкаш мешавад. Худо Ва- рун якчоя бо Митра ичрои ин конунро бо ёрии конуни дхарма таъ- мин мекунанд. Дар «Упанишадхо» дхарма чун карзи маънавй, конуни ахлокй дарк мешавад. Сипае «дхармасутрахо» ва «дхармашастрахо» (илм оид ба адолат) пайдо мешаванд. Дар «Артшастраи» Каутиля санъати шохигарй дарч меёбад. Дар асри шашум то с.м. буддизм ва цайнизм инкишоф меёбанд. Буддизм мукобили брахманхо, аз чумла ведахо, сохти каставии чомеа, ба чонибдории баробарй баромад мекунад.

    Сарчашмаи асосии давраи Маурхо бо номи «Артхашастраи» Каутиля (вазир-поягузори ин империя) маълум аст, ки ба се гурухи масъалахо бахшида мешавад: фаъолият ва вазифахои шохи хирадманд; идора ва хукук; масоили чанг ва дипломатия. Сарчашмаи дигар бо номи «дастхатхои шох Ашоки» (асри сеюми то с.м.) маълум аст, ки дар он назарияи патерналии давлат пешакаш шудааст.

    Пас аз таназзули империяи Маурхо сарчашмаи дигар - «Ма- хабхарата» (мачмуаи досгонхои назмй) пахн мешавад, ки аз ду ки-


    45



    тоб иборат буд: «Бхагавадгита» (сарчашмаи ташаккули индуизм) ва «Шантипарва» (бахшида ба пайдоиши хокимият, шакли идораи чумхурй ва диг.). Дар сарчашмаи дигар бо номи «Рамаяна» шохи одил Рама таргиб мешавад.

    Сипае «К,онунх;ои Ману» («Манусмрити» ё «Манавадхармаша- етра») пахн мешаванд, ки ду хазор сол мавриди истифода карор мегиранд. Дар он оид ба пайдоиши олам ва чомеа, ташкили варнахо, дхарма, ведахо, сабабхои марг, коидахои истеъмоли гизо, дхармаи занхо, дхармаи шохон, шохигарй, дхармаи шавхар ва зан, мерос, чазохо, карма маълумот дода мешавад.

    Дар давраи хукмронии Гуптхо сарчашмахои дигар бо номи «Яцнавалкясмритт (вазифахои шох, вазирон, усулхои сиёсатмадорй), «Натисара» («Мохияти сиёсат») маълуманд.

    Афкори сиёсиву хукукии Хиндустони кадим ба як катор мафхумхо такя мекунад, аз кабили «рита» - конуни табий ё илохй, тартиботи заминиву осмонй, «дхарма» - конун, одат, заминаи маънавй, вази- фа, ухдадорй, масъулият, коидахои амали хак, «карма» - усули таъмини амали хак, инъом ё чазо барои амали муайян.

    Гояи асосии хамаи сарчашмахо ва умуман афкори сиёсиву хукукии Хиндустони кадим - ин сохти каставии цомеа (таксими чомеа ба чор варна - брахманхо, кшатрийхо, вайшихо, шудрахо) мебошад. Он хануз дар «Ригведахо» ва «Ячурведахо» пешкаш шуда, сипас дар дини будцой химоя мешавад.

    Масъалаи пайдоиши хокимияти сиёсй чунин тасвир мешавад. Мархилаи тохокимиятй ба ду давра чудо мешавад: дар давраи аввал хаёти хушбахтонаи одамон хукмфармо буд, сипас дар давраи дув- вум бесарусомонй (тибки «конуни мохихо», вакто ки мохихои калон мохихои хурдро фуру мебаранд) ба миён меояд. Дар мархилаи дув- вум хокимияти сиёсй бахри химояи одамони заиф ва таъмини ичрои дхарма таъсис мешавад.

    Ду шакли таъсиси хокимияти сиёсй чудо карда мешаванд: 1) назарияи таъсиси илохии хокимият (яке аз худохо шохи хамаи дигар худохо эълоН мешавад); 2) назарияи пайдоиши табгаш хокимият (зимни «Дигха Накая»), ки тибки он раванди мазкур якчанд даврахоро фаро мегирад, аз кабили хаёти хушбахтонаи одамони бечинс; та- фовути чинсии одамон дар натичаи истеъмоли биринч; пайдоиши оилахо ва захираи биринч; таксими кишторхои биринчй дар натичаи кам шудани захираи он; азхуд намудани заминхои одамони дигар ва ба миён омадани чахор бадй: дуздй, махкумкунй, фиреб ва зурй; интихоби шахеи муборизи мукобили ин бадихо бо номи «Махасам- мат» (интихобгаштаи бузарг), «Кхаття» (сохиби заминхо) ва «рача» (шахсе, ки тибки адолат мучозот мекунад). Тибки «Артхашастра», одамон бахри аз миён бурдани «конуни мохихо» Мануро, фарзан-


    46





    ди Вивасанаро шох интихоб мекунанд, барои у хиссаи муайянро аз биринчу тилло чудо мекунанд ва шох ухдадор мешавад амнияти сохибмулконро таъмин кунад.

    Дар артхашастрахо унсурх,ои сиёсии чомеа
    чудо карда мешаванд: шох, вазирон, нукоти дехот, шахр, байтулмол, артиш ва иттифокчй. Дар байни ин хафт унсур нуфузи баландро шох ва шохигарй сохиб мешавад. Зери мафхуми шохигарй худуди муайяни иборат аз дехот, шахр, байтулмол фахмида мешавад, вазирону артиш чун чузъи шох эътироф мешаванд. Шохигарй чун унсури шохигарии чахонй шинох- та шуда, дар робита бо ин тасаввурот душман ва иттифокчй чудо карда мешаванд.

    Дар афкори сиёсиву хукукии Хиндустони кадим шаклхои идораи шохигарй ва чум.уурй («сангха», «гана», «шрени») чудо карда мешуданд. Хамзамон «сингха» ба маънои конфедератсияи иттиходхои гайришохй ва «гана» чун давлати алохидаи гайришохй фахмида мешуданд.

    Дар ибодатгоххои буддой унсурхои идораи чумх,урй истифода мешуданд. Манфиатдорй дар корхои умумй, риояи анъанахо, асосхои ахлокй, интизом чун заминахои чумхурй эътироф мешуданд. Будда тарафдори даъвати мачлисхо буда, вале Бхишма дар «Шантипарва» зимни нобоварй ба халк (бино ба бесаводиаш) чонибдори супори- дани хокимият ба магистратхо буд.

    Вазифаи асосии шохигарй, ки бештар тахлил шудааст, дар бур- дани чангхо бахри васеъ намудани худуди давлат дида мешавад. Мафхумхои «дигвичайн» ва «мандол» пайдо мешаванд, ки маънои ташкили низоми шохигарихоро тахти рохбарни як шох доштанд. Назарияи шо%и мутлац («чакрачартин») дар дини буддой низ истифода мешавад.

    Ба андешаи мухаккикон, дар афкори сиёсиву хукукии Хиндустони кадим на шахсияти шох, балки вазифахояш мазмуни илохиро касб мекунанд. Тибки андешахои мухаккикон, хокимияти олй мансуб ба халк буда, шох нигахдорандаи он эътироф мешавад ва бар замми ин, хокимияти шохй бо мачлиси халкй, анъанахо ва дхармасутрахо махдуд карда мешуд.

    Атрофи таносуби сиёсат ва ахлок, чор мактаби фикрй чой доштанд: мактаби Рама (чонибдори ягонагии ин мафхумхо); мактаби буддой (чонибдори афзунии ахлок); мактаби «Бхагавадгита» (чонибдори конунй будани кувва, зурй); мактаби «Артхашастра» (тарафдори тобеияти воситахо ба максад).

    Дар Хиндустони кадим шахсият пурра тобеи сохти каставии чомеа буда, мавкеи шахе бо назардошти мансубияташ ба ин ё он варна муайян мешуд. Дар натича назарияи %уцуц%ои шахе ташак-


    47





    кул намеёбад, тафовути шахе ва чомеа, хукукй умумй (давлати) ва хусусй эътироф намешаванд.

    1. Афкори сиёсй ва хукукии Хитои кадим

    Таълимоти сиёсиву х,укук,ии Конфутсий
    (551 - 479 то с.м.). Му- тафаккир чомеаро хамчун низоми шартхои меъёрй тасаввур намуда, ба ислохи ин низом дар заминаи мук,аррароти ахлокии пешкаш намудааш мепардозад. Бо ин максад у ба чомеаи пешин ру меова- рад. Пешкаши ахлоки баланд, пахлухои амали хуб, андешаи инсони мукаммал аз чумлаи вазифахои асосии мутафаккир карор мегиранд.

    Хамзамон ормони инсони мукаммал (сиюн-зи: сюн - чаноб ва зи - писар) мохияти бештар ахлокиро (инсони некуахлок) сохиб мегардад ва ба чунин инсон ба одами оддй (сяо-жэн) мукобил гузошта мешавад. Инсони накуахлок, бояд зимни коидахои хатмии маросимй (ли) хаёту фаъолият намуда, некуиро (дэ), мухаббат ба одамон (жэн), хисси вазифадориву адолатварзиро (и) касб намояд. Ин инсон мебояд хамеша ба донишомузй (чжи), эхтироми калонсолон (сяо ва ди), садокату вафодорй (чжун), нармй (жан), эхтиром (зин) рагбат дошта бошад. Хамаи ин талаботи ахлокй фарханги хитоиро (вэн) ташкил медиханд, ки хоси хитоихо буда, онхоро аз дигарон фарк мекунад.

    Конфутсий тарафдори чомеаи дорой тартиботи ичтгшоии усту- вор буд, ки дар он хар кас аз хукуку ухдадорихои хеш бархурдор аст. Давлат дар шакли оилаи калон тасаввур мешавад, ки сардо- ри он - шохпадар давлатро тавассути мансабдороин накуахлок (сюзин-зи) идора мекунад. Манбаи идораи ин мансабдорон аз бо- лои мехнаткашонро (сяо-жэн) ахлоки баланд (доинш, кобилият, хирад, хайрхохй) ташкил медихад.

    Манфиати халк, хадафи асосии идораи накуахлокй эълон мешавад. Дао хамчун рохи хак, рохи адолатварзй дар идоракунй таргиб мешавад. Яке аз талаботи дао - гамхорй дар хакки мардум ва некуахволии одамон, истифодаи боадолатонаи мехнати онхо эълон мешавад. Ба андешаи мавсуф, алаф ба самти вазиши бод майл дорад ва хамин зайл одамон ба мансабдори накуахлок майл мекунанд.

    Байни лавозимоти чангй, гизо ва боварии одамон чун заминаи идоракунй мутафаккир боварии одамонро интихоб мекунад. Боварии одамон бо роххои зерин ба даст меояд: якум, зимни гамхории мун- тазам дар хакки мардум, дуввум, риояи катъии расму русум, сеюм, такмили доимии шахсияти хеш.

    Мутафаккир якчанд талаботи идоракунии дурустро пешкаш мекунад, аз кабили интихоби мансабдорони боистеъдод ва некхох, на- додани ваъдахои амалинашаванда, ба инобат гирифтани маслихати дурусти мансабдорон. Ба андешаи у, як сухан метавонад такдири


    48





    давлатро хал кунад. Аз ин ру, мансабдор бояд ба сарвари давлат маслихати хуб дихад. Ин тартиб (ли) заминаи адолат эътироф мешавад.

    Осмон ва дао
    чун сарчашмахои волои хукукй фитрй эълон мешаванд ва якчоя бо мукаррароти ахлокй меъёри хукукии рафторро (коидахои ли) ташкил медиханд. Мохияти хукукии ин коидахо дар он ифода меёбад, ки онхо хислати чахонии назорати ичтимой ва риояи хатмиро доранд. Чунин коидахо заминаи вучуди муътадили чомеа ва идоракунии давлатро ташкил медиханд.

    Азбакски идоракунй дар назарияи Конфутсий ба к,оида%ои ли (вазъ, хукуку ухдадорихои калонсолону хурдсолон) такя мекунад, за- рурат ба конунгузории давлат аз байн меравад. Дар натича ахамияти кабули конуни барои хама умумй рад мешавад ва акида пешкаш мешавад, ки танхо риояи коидахои ли, аз чумла на чазо, балки вичдон, дурусткорй ва дигар талаботу меъёри ахлокй идоракунии давлатро таъмин мекунанд. Конуни барои хама умумй, ба андешаи мавсуф, боиси аз байн рафтани тафовути калонсолону хурдсолон мегардад. Мутафаккир чонибдори гафовути ичтимой (калонсолону хурдсолон) байни ахолй буд.

    Конфутсий истифодаи конун, чазохо ва чорахои зуриро рад намуда, тарафдори истифодаи тарбия дар идоракунй буд. Мутафаккир баробарии одамонро танхо ба хотири накуахлок (зюн-зи) буда- нашон эътироф мекунад.

    Мо-сзи (так,р. 479-400 то с.м.). Хддафи асосии назарияи ин мутафаккирро манфиати халк зимни чалби одамони боистеъдод ба идоракунии давлатй ташкил медихад. Заминаи маънавии андешахои сиёсии уро назарияи мууаббати уамагонй ташкил медихад, аз чумла мухаббат ба давлати бегона, ба шахри бегона. ба оилаи бегона. Махз набудани чунин мухаббат, ба андешаи у, боиси хукмварии ашрофон нисбат ба бенавоён, бесаводон нисбат ба донишмандон гаштааст. Мухаббати умумй ин беадолатиро аз байн мебарад ва ин вази- фа тавассути истифодаи инъому чазо хал мешавад.

    Мо-сзи акидаи пайдоиши шартномавии давлатро пешбарй мекунад. Ба андешаи у, дар чомеаи кадим одамон бидуни маъмурият ва конун зиндагй мекарданд, вале хар кас мафхуми муайяни адола- тро истифода мебурд, фикри дигаронро ба инобат намегирифт, ки дар натича хама мукобили хама мегарданд, падар ва фарзанд, баро- дари калонй ва бародари хурдй хамдигарро эхтиром намекарданд. Ин холат ба парокандашавии оилахо оварда мерасонад. Дар чомеа бесарусомонй руй медихад. Одамон ба хулоса меоянд, ки иллати чунин холат набудани рохбарон аст. Окибат зарурати интихоби идо- ракунанда ба миён меояд. Дар натичаи эхсоси мураккабии идораи кишвари пахновар барои идоракунанда боз се ёрдамчии у (гунхо)


    49





    интихоб мешаванд. Бо назардошти зиндагии одамон дар манотики гуногун зарурати чудо намудани давлатхо ва интихоби мансабдорон ба хар давлат ба миён меояд. Сипас идоракунандаи асосй («писари Осмон») ба хамаи одамон асосхои идоракунии давлатро эълон мекунад, аз кабили хабардор намудани хоким дар хусусй падидахои хубу бад, ичрои хатмии амрхои мансабдор, маслихатхои хуб барои хоким.

    Мо-сзи чонибдори истифодаи кувваи мачбурй
    дар давлат буд. Аммо ин мачбурсозй на ба манфиати доирахои муайяни чомеа, балки ба манфиати хама буд. Инъом ва чазо фишангхои асосии идоракунии давлат эълон мешаванд. Назарияи мутафаккир мукобили алокахои хешу таборй, вобастагпи оилавй-чамоатии одамон равон гашта буд.

    Таълимоти Шан Ян (400 - 338 то с.м.). Хукуматдорони Хитон кадим чонибдори ислохоти сиёсй, аз чумла истифодаи чазо ва ислохоти конунгузорй буданд. Ин сиёсатро легистони хитой чониб- дорй менамуданд. Яке аз легистони хитой Шан Ян буд. У давлатро чун дастгохи пуриктидорп мачбурсозй тавсиф мекунад. Ба андешаи мавсуф, на конунхо, балки махз давлат ченаки хама чизро тащкил медихад, сохтори мутлак мебошад ва аз шахсияти худи хокими давлат афзалтар аст. Крнун чун низоми чазохо воситаи расидан ба ин хадаф эътироф мешавад.

    Ба андешаи мутафаккир, давлат мархила ба мархила ташаккул меёбад. Аввал беэхтиромй нисбат ба одамони бегона. сипас фаркияти мардону закон, ашрофону одамони оддй пайдо мешавад. Давлат бино ба талаботи давру замон такмил меёбад.

    Бо пешрафти чомеа заминдорй, хунармандй, тичорат, китобхонй ахамиятатокро гум мекунанд. Бо максади хотима додан ба чунин холат давлати тавоно ташкил мешавад. Рохи асосии ташкили чунин давлати мутгамарказ на ахлок, балки ташкили дастгохи идораи кавй, чорй намудани низоми меъёрхои кавй ва чазохо бахри пешги- рии поймол гаштани онхо мебошад. Ин вазифаро конун ичро мекунад. Хдмагснй. кавй ва хатмй будани конуи, аз чониби хирадмандон таълиф шудани он, манъи иштироки одамони оддй дар мухокимаи конун таргиб мешавад.

    Мутафаккир ба чазохо афзалияти бештар медихад. Чазохо, ба андешаи у, заминаи эхтироми конунанд. Хамзамон хабаркашй (хабар додан дар хусусй хама гуна бетартибии кучак) химоя мешавад.

    У дар давраи вазирки хеш дар шохигарии Син кушиши амалй намудани иазарияашро ба харч медихад.

    Акадахоы сиёсиву дгукуцй дар «Шэн-зи» в а «Гуан-зи». Дар мар- кази таваччухи Шэн Бу-хсй (такр. 400 - 337 то с.м.) хокими давлат карор мегирад. Ба андешаи у, хокими хирадманд - тан ва мансабдорон дастони у, хоким - обоз ва мансабдоронаш - садои овозаш, хоким реша ва мансабдорон - баргони дарахтанд. Технологияи


    50









    хокимиятдорй заминаи хокимиятдории хирадмандона буда, ба санъ- ати маъмурият такя мекунад, аз чумла ба таксими аники вазифахои мансабдорон, тобеияти аники онхо, таъин ба мансаб дар асоси риояи се талабот - кобилият, дастовардхо ва калонсолй. Бо ин максад техникаи интихоби дурусти мансабдорон (син-мин) пешкаш мешавад. Он ба имтихон ва назорат асос меёбад.

    Дар «Гуан-зи» масъалаи танзими мутамаркази иктисод, аз чумла ташкили анбори галла, танзими мутамаркази нархи нон, истифодаи окилонаи куххо, чангал, танзими фоиз, сиёсати савдо бо давлатхои хорич баррасй мешаванд. Ин асар дар шароити инкишофи муносибатхои моливу пулй, нуфузи накши пул ва бозор, хусусигардонй, ташаккули табакаи сохибмулкон таълиф шудааст.

    Таълимоти Дао оид ба чомеа ва давлат. Лио-сзи (асри VI то с.м.).
    Дар асари «Дао-дэ зин» (асри саввуми то с.м.) Дао хамчун чавхари олй ва мутлак бидуни ибтидо ва охир, бе сифатхои хос барасй мешавад. Тибки таълимоти Дао, чомеа чун чузъи кайхон эълон мешавад. Инсон ва чомеа, чун чузъи Дао ва табиат, мохияти табий доранд, тобеи конунхои абадй мебошанд, вале фарханг, ахлок ва та- маддун - падидахои сунъй буда, ба раванди табий таъсири манфй мерасонанд. Дар ин замина зарурати гушанишинй, хаёти оддй, дурй аз хама чизи сунъй талкин мешавад.

    Андеша пешкаш мешавад, ки давлат бояд хурд ва камахолй бошад, одамон набояд аз хар гуна олот, заврак, ярок, лавозимоти чангй истифода баранд, дар чои мукимии хеш то марг зиндагй намоянд, аз хамсояхои худ дар кишвархои дигар хабар нагиранд. Еояи «давлат- де^от» химоя мешавад. Ба инобат нагирифтани донишу тачрибаи давлатдории хорич, инкори хама гуна хавасмандии истеъдоди одамон ва сарват чун заминахои расидан ба дао эътироф мешаванд.

    Тибки андешахои даосихо, идоракунии одамони соддае, ки до- ниши кофй надоранд, осонтар аст. Усули асосии маъмурият ва таъмини хушбахтии одамон гояи «%еч кор накардан» («увэй»), яъне даст кашидан аз фаъолияти сиёсиву ичтимой, зиндагй дар холати ибти- доии табий эълон мешавад. Боигарй, кушиши расидан ба макоми баланд инкор карда мешаванд.

    Давлат чун сохтори сунъй якчоя бо фарханг, дониш, боигарй, меъёрхо хамчун падидаи бад барасй мешавад. Аз ин хотир кушиши аз байн бурдани давлат зарур дониста мешавад. Инкори тамад- дун ва давлат, бозгашт ба хаёти оддии табий дар «Чжуан-зи» низ мушохида мешавад.

    Мэн-сзи (372 - 289 то с.м.) кушиши эхёи дубораи назарияи Конфутсийро ба харч медихад. Байни арзишхои чомеа дар чои ав- вал халк;, сипас галла ва дар охир давлат карор мегиранд. Таъми-


    51





    ни нукуа\волии халк хадафи асосии давлат эълон мешавад, сарвари давлат чун «падар ва модари халк» эълон мешавад.

    Зимни баррасии андешаи идораи оцилона
    назарияи хаёлии сзин- сян пешкаш мешавад, ки тибки он замини кишт ба нух кисми баробар таксим шуда, аз дарави хаштнафараи замини марказй андоз су- порида мешавад. Зимни андешаи идоракунии окилон зарурати таъми- ноти идоракунандагон аз хисоби идорашавандагон таргиб мешавад.

    Меурубонй во адолат заминаи муттахидии одамон дар оила тахти сарварни хоким эътироф мешаванд. Ба андешаи мутафаккир, хоким чй гуна бошад, халк низ хамон хел мешавад.

    Ин назария дар робита бо ин ки одамон тибиатан нексирату бо- адолатанд, ба некй ва некуахлокии одамон такя мекунад. Бадй бошад, на аз табиати одамон, балки бино ба вазъи ичтимой, масалан камхосилй ба миён меояд. Аз ин хотир, идоракунанда бояд тавас- сути некй амал намояд, зеро сохиб шудан ба хокимият маънои ба даст овардани дилгармии одамонро дорад. Барои муваффак шудан ба ин хадаф тарбияи одамон дар рухияи ахлоки баланд зарур аст.

    Хокими бешафк,ат ва беадолат чун шахеи золиму бадкирдор хакки идоракунии одамонро надорад. Аз ин ру, андеша пешкаш мешавад, ки хокимияти сарвари давлат мутлак буда наметавонад, сохибихтиёрии хохимият бошад, махз ба мехрубониву адолат такя мекунад. Дар холати хукмронии беадолат имкони сарнагун намудани хоким равост, вале ба хотири на пешравшо азнавсозй, балки боз- гашт ба холати пештара.

    Хамчунин зарурати истифодаи мушовирони ок,илу доно химоя мешавад, хатто мушовироне, ки сатхи такомули аклонаву ахлокиашон аз хоким баландтар аст. Некй, инсонигарй, адолатварзй чун асосхои идоракунии хуб муаррифй мешаванд.

    «Чжоули». Муаллифи ин асар Чжоу-гун эътироф мешавад, гарчанде худи асар асрхои IV-III то с.м. таълиф гаштааст. Дар он вазифахои шаш вазир ва мансабдоронаш (хазорхо идоракунандагон, аз кабили хизматгорон, посбонон, мусиканавозон, кохинон, заминсозон ва диг.) дар сохахои мухталиф дарч ёфтаанд. Дар аса- ри зикршуда тартиби интихоби мансабдорони окил ва боистеъдод, гамхорй дар хаки мардум ва диг. баррасй мешаванд. Дар он таксими ахолй ба гуруххои маъмурй, назорати самараноки андоз ва фаъоли- ятн хусусии сохибкорй, танзими иктисодии хаёти хоча1 й ба инобат гирифта мешаванд. Ин асар назарияи Кокфутсийро ба талаботи замон наздик мекунад.

    Сюн-счи (313 - 238 то с.м ) барои фарохам овардани заминахои ба идеологияи расмй табдил ёфтани назария ва фалсафаи Конфутсий кушиш ба харч медихад. Тибки андешаи мавсуф, инсон табитан фосик буда, хисси хайвонй, тамоил ба кинаву адоват, хасад, берахмй,



    харисй, бадахлокй дорад. Танхо таълиму тарбия дар рухияи адолату масъулиятшиносй инсонро аз ин нуксонхо начот медиханд.

    Зарурати чомеа барои инсон талкин гардида, хамзамон таксими чомеа ба гуруххои ичтимой чун заминаи вучуди он химоя мешавад. Баробарии одамон инкор карда мешавад, зеро хама чизро байни одамон наметавон баробар таксим намуд.

    Вазифаи давлат дар химояи манфиатхои халк эхсос мешавад. Давлат ба «заврак» шабохат дода мешавад, халк бошад, ба «мавчи об», заврак дар об муътадил шино мекунад ва ё, баръакс, мавчи пур- талотуми об завракро чаппа мекунад. Дар ин замина андешаи идоракунии адолатпеша, интихоби кадрхои болаёкат пешкаш мешавад. Ду усули идоракунй химоя мешаванд: тарбия ва чазо.

    Хан Фэй-сзи яке аз шогирдони Сюн-сзи, муаллифи асари «Хан Фэй-сзи» (иборат аз бист боб) мебошад, ки ба пахлухои чудогонаи афкори легистй, назарияи даосистй ва таълимоти Конфутсий, аз он чумла давлату давлатдорй бахшида шудааст. Давлат чун низоми сохторхои кадими ташкилшуда эътироф мешавад. Хадафи асосии ин сохторхо - таъмини тартиботу пешрафти чомеа, тобеияти ахолй ба давлат эълон мешавад.

    Конун - василаи асосии расидан ба ин хадаф эълон мешавад. Волоияти конун ва низоми чазохои дар конун пешбинишуда нисбат ба давлат ва хокими давлат эхсос мегардад. Идоракунии давлат ба назарияи «увей» асос меёбад. Тибки ин назария, фаъолияти мансабдорон зимни назорати хаматарафа санъати маъмурияти сиёсиро ташкил медихад. Ахамияти назорати муттамарказ, танзими иктисодй, заминдорй ва артиш таъкид мешавад. Андешаи мансубияти пурраи ваколатхои хокимият ба малик, зарари таксими хокимияти малик бо дигарон химоя мешавад. Конун, адолат, хавасмандгардонй, истифодаи чазо, назорати катъии дастгохи идоракунй, пешгирии хама гуна исёну норозигй дар давлат хамчун заминахои хокимиятдории самаранок баррасй мешаванд.


    S3





    Гомер_ва_Гесиод'>БОБИ 3. АФКОРИ СИЁСИ ВА ХУКУКИИ ЮНОНИ КАДИМ


    1. Гомер ва Гесиод

    Дар достонхои машхури «Илиада» ва «Одисея»-и Гомер (асри VIII то с.м.) Зевс чун хомии адолати хамагонй (дике), сазодехи зулм ва козиёни аксулхак муаррифй мешавад. Дар чомеаи гомерй (охири хаз. II ва ибт. хаз. I то с.м.) мафхумхои «дике» (адолати умумй) ва «темис» (одат, хукук, адолат) васеъ истифода мешуданд. Зимни маънии чамъиятй ва илохии адолат хама гуна амали беадолат хамчун амали зидди хам чомеа ва хам худо эътироф мешавад.

    Ба андешаи мухаккикон, бо истилохи «темис» бештар хукукй одатй ифода мегардад, зеро дар ин давра холо хукук ба маънии хукукй конунгузорй ташаккул наёфта буд. Нуфузи бештари адолат (дике) таъкид мешавад, чунки он хислати илохй дошта, заминаи хукукй одатиро (дике) ташкил медод. Хукукй одатй бошад, чун шакли зухурот ва амалй гаштани адолат (дике) шинохта мешавад.

    Хукукхои «фахрй» бо истилохи «тиме» ифода мешаванд. Онхо ба хар кас тибки адолат (дике) ва хукукй одатй (темис) дода мешаванд. Хар кас барои хизматхояш сохиби «хукукхои фахрй» мегардад. Ин хукукхо бештар дар шакли хакки талабкунй истифода шуда, кафолати он низ пешбинй мешавад. Онро худи хавдор зимни истифодаи кувваи хеш таъмин мекунад.

    Дар достонхои Гесиод (асри VII то с.м.) «Теогония» («Пайдоиши худохо») ва «Кору рузхо» андешахои марбут ба чомеаи боадолат, таъмини адолат, хукук баррасй мешаванд. Ин андешахо низ хислати бештар илохй доранд, аз чумла бисёрхудой таргиб гашта, худохо хамчун пахнкунандагони ахлок ва талаботи ахлокиву хукукй шинохта мешаванд.

    Достони «Теогония» ба пайдоиши худохо бахшида мешавад, аз чумла кайд мешавад, ки аз никохи Зевс (тачассумгари хама камо- лот) ва Фемида (тачассумгари тартиботи анъанавй, абадй, табий) ду духтар-худозанхо тавлид мешаванд: Дике (адолат) ва Эвномия (конуни нек). Дике адолати илохиву табииро химоя намуда, хар гуна беадолатиро махв мекунад. Эвномия асосхои илохии конуниятро дар чомеа, таносуби конуният ва сохти чомеаро таъмин мекунад.


    54





    Тибки андешаи Гесиод, замони идораи Зевс адолат, конуният, некуахволии чомеа таъмин буданд. Адолат (дике) маънии илохйро сохиб гашта, аз чониби Дике химоя мешавад. Хама гуна амали бе- адолатро дике махв мекунад. Дике ба хама гуна зулм мукобил гу- зошта мешавад.

    Ба андешаи мухаккикон, адолат ва у;ак;икат ба маънихои илохй ва табий баррасй мешаванд, чунки Дике чун худозан-духтари хам Зевс (ифодагари камолоти абадй) ва Фемида (ифодагари тартиботи табий) арзёбй мешавад. Дар заминаи чунин тасаввурот минбаъд дар афкори юнонй мафхумхои %ук,ук,и табий ё фитрй (фёсен) ва ХУКУКи инсонй ё мук,аррароти инсонй (номо) фарк карда мешаванд.

    Гесиод якчанд давраи таърихиро чудо мекунад: асри тиллой, асри нукрагй, асри мисй ва асри охай.

    Дар асри тиллой зимни идораи осмонии Крон худохо одамонро ба вучуд меоранд. Одамони асри тиллой пир намешуданд, фориг аз гаму андух ва мехнат буданд. Замик тамоми гизои лозимаро фарохам меовард, аз чумла хосилнокии замин ва чорво фаровон буданд. Пас аз марг одамон ба рух мубаддал мегаштанд.

    Дар асри нукрагй кудакй 100 сол ва камолот камтар идома меёф- танд. Вале бино ба фахрфурушй, аз чумла даст кашидан аз курбонй барои худохо одамон мавриди хашми худохо гирифтор мешаванд. Худохо одамонро ба зери замин чой мекунанд.

    Дар асри мисй одамон дар манзилхои мисй истикомат менаму- данд, бо истифода аз лавозимоти мисй мехнату чанг мекарданд. Дар натичаи чангхо одамон худро аз байн мебаранд ва чои онхоро наели кахрамонхо мегирад. Онхо боадолат ва олихиммат буданд, вале дар рафти чанги Троя мемиранд. Пс аз ин худохо кахрамонхоро човид мегардонад ва ба чазираи хушхол интикол медиханд. Дар ин чазира онхо дар холати гофил аз гам, бадихо ва мехнат хаёт ба cap бурда, дар давоми сол се хосил мегирифтанд.

    Дар асри ох;ан мехнати одамон дучанд мегардад, онхо дучори хама гуна бадбахтихо мегарданд. Хаёти инсон кутох мешавад. Фар- зандон дар холати пирй таваллуд мешаванд. Фитна пахн мешавад, шарму хаё аз байн меравад, зулм ва беадолатй ривоч меёбанд. Одамони ин давра аз чониби Зевс бояд махв карда шаванд.

    Як катор муаллифон давраи панчумро низ дар таълимоти Гесиод ба унвонии давраи «нимхудох;о-к,ах;рамон%о» чудо мекунанд.
    1. 1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   58


    написать администратору сайта