тарихти афкори сиёси. х.. Китоби дарси
Скачать 0.9 Mb.
|
Мафкураи асотириву динй ва ахлокии ориёихои кадим Кабилахои ориёй то пайдоиши мехрония (митраия), зардуштия ва монихия мархилаи тулониро паси cap намуда, эътикод ба к,уввах,ои фавцуттабий доштанд. Он аз чумла зимни дини к,адимаи маздай, ки гояи асосияшро муборизаи некй ва бадй ташкил медод, ташаккул меёбад. Дар ин замина тасаввуроту мафхумхои ахлокии ориёихо ташаккул меёбанд, ки минбаъд заминаи назарияи ахлокии зардушти- ро ташкил медиханд. Худо Ме^р (Митра), ки сифатхои хамаи дигар худохои ориёи- хоро тачассум менамуд, барои хиндуориёихои кадим худой волои рушной и кафили муназзамии олам махсуб мешуд. Тибки ривояти асотирй, Мехр дар ибтидо сарвари ачдоди инсонй буда, одамонро аз хамлахои Ахриман борхо начот медихад ва хаёти осудахолонаи 32 одамонро таъмин мекунад. Сипае, Мехр баъди анчоми вазифахои заминияш чун худой воло ба олами фарзй бармегардад. Дар заминаи ин андешахо дар Осиёи Миёна ва Эрон дини кадимаи мехронй (митрай) ташаккул меёбад. Ба андшеаи мухаккикон, аз чумла муаллифони эронй, ватани аслии дини мазкур худуди байни Амударё ва Сирдарё, инчунин Сугд бо марказаш Самарканд (Вароруд) мебошад. Дини мехронй дар охири хазорсолаи II то с.м. дар Осиёи Миёна ва Эрон ташаккул ёфта, дини расмии Мидия ва Хахоманишихо мегардад. Минбаъд худой мехронй бо номхои гу- ногун истифода мешавад, аз кабили «Мисра» дар Авасто, «Митра» дар Ведахо, «Митр» дар забони пахлавй, дар забони форей-точикй «Мехр». Дар забони форей-точикй ин истилох ба маънои «мухаббат», ба маънои классикй бошад, чун Офтоб (худой Офтоб) истифода мешавад. Мехрония аз назму суботи чомеа, хаёти муназзами ахлокии пай- равонаш пуштибонй мекунад. Дар он %афт зинаи тарщат, яъне ка- молоти ахлокию маънавии шахе талкин мешаванд. Риояи адолат, тартибу муназзамй, мубориза бо бадй, кабохат ва падидахои дигари манфй, ки монеаи такомули ахлокию маънавии инсон арзёбй мешаванд, аз чумлаи гоя%ои асосии ахлок,й буданд. Минбаъд дини мехронй дар Юнон ва Рими кадим, Фаронса, Ол- мон, Италия, Испания пахн мешавад. Аз чумла соли 16 то с.м. император Нерон дини мехрониро кабул мекунад. Дини мехронй дар тули панч аср якчоя бо дини масехй арзи вучуд мекунад. Зурвония (тибки сарчашмахои бостонй, «Az Zaarwa» «Zaar-wa ап») - шакли чахонбинии асотириву динй, равняй диниву фалсафии кадим, чузъи тамаддунй ориёй буда, минбаъд заминаи инкишофи мактабхои дигари фалсафию мафкуравй гаштааст. Аз он пешдодидхо пайравй намудаанд. Зурвон дар дастхатхои баъдинаи Авасто бо номи «Зрвана акарена» («замони абадй») ва «Зрвани дрангхудой» («замони махдуд»), дар рисолаи пахлавии «Рисолаи уламои ислом» чун «Замони дрангхудой», дар Ведахо ба маънои гавхари холис («хун- со») истифода шудааст. Ба андешаи аксари мухаккикон, зурвония дар Осиёи Миёна ва Эронии кадим дар охири хазорсолаи II ва ибтидои хазорсолаи I пайдо шудааст. Тибки иттилои юнониён, зурвония дар асри IV то с.м. пайдо шудааст. Бино ба маълумоти дигар, кохинони Мидия то кабули зардуштй аз зурвония пайравй намуда буданд. Зурвония дар Осиёи Миёна ва Эрони кадим пайдо шуда, баъдан дар Шарки Наздик ва Миёна, инчунин Юнони кадим пахн мешавад. Як катор мухаккикон тахмин мекунанд, ки Афлотун низ бо он шиносой дошт. Зурвония чун шакли чахонбинй ба як катор масъалахо, аз кабили таносуби олами метафизики (абстракты) ва моддй, замони абадй ва гузаранда, доимй ва тагйирёбанда таваччух зохир мекунад. Тибки зурвония, се намуди .\acmuu замонй вучуд доранд: а) замони пеш аз офа- риниш (замони абадй); б) замони хозира, ки дар он муборизаи некй ва бадй сурат мегирад; в) замони оянда (абадият). Дар ин се намуди хастй зухури Зурвон мушохида мешавад. Онхо даврахои чавонй, камолот ва пириро тачассум мекунанд. Тибки рнвояти асотирй, Зурвон чун хастии аслии Коинот тавсиф мегардад, ки дар замони набудани осмон, замин ва мавчудоти дигар арзи хастй намудааст. У дар тули хазор сол барои сохиби писар шуданаш дуову курбонй мекунад ва касам мехурад, ки писари аввал таваллудшуда хакки идораи оламро сохиб мешавад. Вале Ахримани бадсират аз ин паймони падар огох шуда, ба таври сунъй аввалин шуда тавлид мешавад. Сипае Хурмузди нексират таваллуд мешавад. Зурвон мачбур мешавад, ки идораи оламро ба муддати 9 хазор сол ба дасти Ахриман супорад. Баъдан идораи олам бояд ба ихтиё- ри Хурмузд гузарад. Пас аз расидан ба ин созиш офариниши олам огоз мегардад. Хурмузд хама чизи нек, муфид ва зеборо, Ахриман бошад, чизи бад, зишт ва бадафтро меофаринанд. Хамзамон мебояд зикр намуд, ки ривоятхо дар хусусй пайдоиши Хурмузд ва Ахриман гуногунанд. Дар зурвония замони абадй ва замони ма%дуд чудо карда мешаванд. Замони абадй худи Зурвон аст. Зурвон замони идораи Ах- риманро ба муддати нух хазор сол мукаррар мекунад ва баъдан идораи олам ба ихтиёри Хурмузд мегузарад. Дар натича замони махдуди иборат аз 12 хазор сол мукаррар мешавад. Дар ин муддат камолоти ахлокй сурат гирифта, замони махдуд бо замони абадй васл мешавад. Тибки маълумоти мухаккикон, дар асри X дар натичаи ара- бикунонии истилохот зурвония номи дах,рияро (аз калимаи арабии «дахр» - вакт) мегирад. Ба андешаи мухаккикон, пайравони зурвония ва дахрия вучуди худой метафизикй (абстракта) ва худохои ди- гарро инкор мекунанд. Онхо танхо замони абадиро чун гавхари моддй эътироф мекунанд. Тибки маълумоти мухаккикон. дахрихо дар Куръон ба хайси гумгаштагон аз рохи хак тавсиф мешаванд. Дар «Сиёсатномаи»-и Низомулмулк, «Зод-ул-мусофирин»-и Носи- ри Хусрав ва асархои дигари замони ислом пайравони дахрия ба хайси радкунандагони Худой ягонаи холик ва чун равняй бидъат тавсиф мешаванд.
Афкори сиёсиву хукукии зардуштй пеш аз хама бо Авасто, китоби мукаддаси дини зардуштй, алокаманд аст. Аз 21 китоб пас- аз истилои Искандари Макдунй се китоб мондааст: Ясна, Венди- дат, Висперед. Авасто дар хусусй сохти чомеа ва сохторхои хукукии кишвархои Шарки Наздик ва Миёна хабар медихад. Тибки афкори зардуштй, некй (Ормузд) ва бадй (Ахриман) - ду мабдаи оламро ташкил медиханд. Ормузд сарчашмаи некй, хакку ростй, некуахволй дар замин ва Ахриман - сарчашмаи бадй, бадбахтй, харобкорй, чинояткорй эътироф мешаванд. Зарурати зироатпарварй, таъми- ни некуахволй, обёрии замин, бештар намудани саршумори чорво, химояи бенавоён ва дигар амалхои нек таргиб мешаванд. Андешаи «пиндори нек, гуфтори нек, амали нек» асоси кулли амали нек эълон мешавад. Аз пиндори аввали Ахурамаздо Вахоман (Пиндори Нек) пайдо мешавад. Пиндоре, ки дар некй (Аша) ифода мегардад, аввалин шакли маънавии олами модцй эътироф мешавад. Аша, тибки Авасто, чавхари олам мебошад. Пиндори нек маънии тозагии фикру андешаро дар робита бо конунхои илохй, ёрй ба наздикон, мубориза бо бадй, сулх ва хамдигарфахмиро дорад. Хурсандй, созандагй, навоварй аз пиндори нек огоз мегарданд. Азбаски созандагиву навоварй хоси табиати Вахомананд аст, пас Вахоман заминаи пайдоиши олами моддй, василаи муносибати Худо ва инсон, тачассуми кудрати аклонаи одам мебошад. Гуфтори нек дар риояи шартномахо, нашикастани сухан, амали бовичдонона дар хамаи корхои тичоратй, баргардонидани карз, худдорй аз тухмат, аз тахкир ва м.и. ифода меёбад. Гуфтори нек дар холати мувофикаташ ба манфиати инсон, чомеа ва олам заминаи мансубияти одам ба гурухи ашаванхо (пайравони хакикат-аши) мегардад. Дар акси хол фард пайравй дрегвантхо (чонибдорони дуруггуён) мегардад. Амали нек пахлухои зиёди хаёти чомеаро фаро мегирад, аз чумла риояи конунхои Ахурамаздо, коркарди замин, обёрикунии замин, кабудизоркунй, сохтмони каналхо, химояи олами хайвонот ва диг. Амали нек заминаи устувории олам эълон мешавад. Дар зардуштй зарурати амалхои нек, худдорй аз амалхои бад, риояи конуни мукаддас, тартиботи хак таргиб мешавад. Зарурати амалхои конунй бахри таъмини тартиботи мукаддас (Аша) таъкид мешавад. Аша дар баробари Ахурамаздо хамчун хайри умум, хирад- манд, боадолат, муборизи зидди бадй эълон мешавад. Ахамияти бар- по гаштани чомеаи адолатпарвар дар асоси некиву адолат таъкид мешавад. Чунин чомеа ба нахустин чомеаи инсонй шабохат дода мешавад, ки аз тарафи аввалин инсон ва шох Йима зимни идрок, адолат, конунхои Маздаясно идора карда мешуд. Тибки Авасто, анъанахои сиёсиву чамъиятй дар холати мувофи- каташон ба арзишхои динниву маънавй ахамият доранд. Маздаясно заминаи таносуби арзишхои диниву хокимиятиро ташкил медихад. Ахурамаздо поягузори тартибу низоми олам эълон мешавад. Митра 35 Худой адолату низом, рамзу кафили созиши байни одамон, хомии раият эълон мешавад. Аша рамзи тартиботу идораи боадолат махсуб мешавад. Хаома нахустин кохин эълон гашта, кохинон (магупатитхо, сипас мубадон) табакаи бонуфузи ахолй пазируфта мешаванд. Авасто зарурат ва ахамияти идораро таргиб мекунад, аз кабили сарва- ри хонавода дар бахши хонадорй, сарвари авлод дар оиладорй, пеш- во дар кабила, хоким дар кишвар. Тибки маълумоти мухаккикон, чамоати дехот «вис», сарвари чамоат «виспати», кабила «зонту», пешвои кабила «зантупати», са- вари кишвар «кави» номида мешуданд. Тибки Авастои нав, ахолй ба се гурух чудо мешуданд: рухониён («асраван»); низомщо («рата- ештар»); кишоварзон («фастро фшуянт»), Зимни маълумоти дигар, табакаи хунармандон низ арзи вучуд дошт. Замони Сосониён бошад, гуруххои зерини ахолй эътироф мешаванд: рухониён, низомиён, да- бирон, хунармандону кишоварзон. Дар таркиби рухониён хамчунин додварон, мубадон, дастурвазон, устодон ва диг. чудо карда мешуданд. Дар хайати дабирон бошад, мирзохои шохон ва вазоратхо, таърихнигорон, пизишкон, нучумшиносон чудо мешуданд. Точирону бахрнавардон шомили табакаи охирин буданд. Ахурамаздо манбаи хокимият эълон мешавад. Дар 72 номхои Ахурамаздо сифатхову салохияти хокими волои мутлах тавсиф мешаванд. Хокимияти Ахурамаздо тавассути Зардушт ва шохон амалй мешавад. Йима яке аз нахустин шохон пазируфта мешавад. Хокимияти диниву дунявй аз хам чудо карда намешаванд. Мансу- бияти хокимияти диниву дунявй ба шох пазируфта мешавад. Таъкид мешавад, ки шохи такводор сохиби нури ило%й («хварра») мешавад ва ин нури илохй кафолати таъмини адолат ва пешрафти кор мегардад. Ишора ба он мешавад, ки одамон зимни «ак/i ва озодии ин- тихоб» кодиранд шохи одилро аз шохи беадолат чудо кунанд. Им- кони истифодаи усулхои идораи осоишта ва цанги бо назародошти вазъи ба миён омада пешбинй мешаванд. Роли «анцуман» химоя ва таргиб гашта, зарурати пешбурди умури чомеа ва хокимият зимни идораи дастачамън химоя мешавад. Озодии мусофират ва интихо- би озодй макони зист таргиб мешавад. Тибки маълумоти мухаккикон, дар низоми идораи кишвархои зардуштй мансабхои зайп чой доштанд: «вазрак фаромодар» (рахбари вазирон, сарвари чангиён); «шоххомордабир» (рахбари бахши мо- лия); «ганчхомордабир» (хазинадор); «доддабир» (додгустари волй ва хомии адолат); «кодомохордабир» (сарвари бахши даромади кишвар); охурхомордабир» (танзимгари саисхонахо); «оташхомор» (рахбари бахши маъбадхои оташ); «эрондабирбад» (рахбари умури хорич ва дабират); «аргбад» (рахбари калъа); «бигонсолор» (танзимгари пи- ёдагардон)» андарзбадоаспваргарон» (пешвоёни саворагон). Дар 36 сарчашмахои дигар ба мансабхои «шоханшох,», «сатрап», «бедахш», дертар «марзбон» (хокими вилоят) ишора мешавад. Хуцуци зардуштй такя ба низоми мукаммали хукукй дорад. Дар давлати Сосониён конунхои зардуштй, чун дини расмй, асоси хукукй амалкунандаро ташкил медиханд. Авасто масоили додгустарй, муносибатхои шартномавй, моликиятдорй, оиладорй, истифодаи об, хифзи мухити зист, чиноят ва чазоро танзим мекунад. Аз чумла, намудхои ахдхои чудогона, тартиби ичрои ахдхо, усулхои танзими моликият, кобилияти хукукдорй (аз лахзаи таваллуд), кобилияти амали инсонй (аз сини 15 солагй), намудхои андоз, шартхои бастани никох (мансубияг ба дини зардуштй, розигии зан, синни никохии 15 солагй ва м.и.), хатмй ва мухим будани никох (чунончи, зимни аф- залияти оиладор нисбат ба мучаррад), намудхои никох (аз кабили никохи «подшозан», ё бархак; никохи «ягоназан»; никохи «чокар- зан»; никохи «сатурзан», яъне никохи духтар бо бародари вафотгаш- та; никохи «худсарзан», ки бо хохиши духтар, вале бе розигии воли- дайн баста мешавад), тавсифи сифатхои худозани обхо Ардва Сура, тавсияи об чун манбаи хаёт ва воситаи покй, намудхои захирахои обй, меъёрхои хифзи мухкти зист, олами хайвоноту наботот, тасни- фи намудхои чиноят (куштор, расонидани зарари чисмонй, тухмат, мукобили моликият, зидди олами хайвонот ва диг.), намудхои чазо (чазохои чисмонй, чарима, хукми катл ва г.) танзим мешаванд.
Поягузори таълимоти мония, ки аз Х,инд то империяи Рим пахн афрохта буд, Монй мебошад. Падари у Фотак, ки зодаи Х^амадон буд, ба Бобулистон мухочират намуда, дар ш. Мишон сукунат мекунад. Х,амин чо соли 216 Монй таваллуд мешавад. Бо калами мавсуф як катор асархо ба забонхои пахлавй ва суриявй иншо мешаванд, аз кабили «Шапуракана» (китоби бахшида ба Шопури I), «Сахофан- глиюн», «Китоби роз», «Мачмуи псалмхо ва ибодат», «Кефалайа», «Ардчанг» ва диг. Таълимоти мония андешаву гояхои зардуштй, буддой ва масехиро омехта мекунад. Монй худро паёмбари худой эълон мекунад ва таъкид мекунад, ки ба мисли дигар паёмбарон, аз кабили Буддо дар Хинд, Зардушт дар сарзамини форсхо, Исо дар заминхои Fap6, пуштибони хирад ва некй мебошад. Ба андешаи мавсуф, хирад ду мабдаъ дорад, аз кабили некй ва бадй, худо ва материя, нур ва зулумот ва диг. Гузашта, хозира ва оянда аз чумлаи хусусиятхои хирад пазируфта мешаванд. Тибки таълимоти мония, дар ибтидо Зурвон (падари олами нур) бо максади мубориза бо зулумот ва куввахои бад «Модари хаёт» ва Нахустинсонро (Хурмуздро) меофаринад. Барои кумак ба Наху- 37 стинсон минбаъд Нарисаф офарида мешавад. Нарисаф шохи замин ва кайхон буда, 12 язатхоро меофаринад, ки ифодаи хокимият, хи- риад, голибият, имон, покизагй, хакикат, осудахолй, сабр, садокат, некй, адолат ва нур буданд. Нарисаф Ванро (Офаридагорро) меофаринад. Аз у Рухулхаёт (Мехразд, ё акл) пайдо мешавад. Гехмурод (Гаомард) ва Мудияна (Мардиенг) нахустволидайни ачдоди инсонй эълон мешаванд. Тибки таълимоти мония, цаёт ду цавхари бо хам мухолифи моддй ва маънавй дошта, дар холати чудо будани онхо хаёти осудахолона хукмраво буд. Дар натичаи бо хам омехта шудани ин ду чавхар из- тиробу исён ва норасоихои зиндагй cap мезананд. Аз ин хотир, хаёти заминй манфй тавсиф мегардад. Чунин андешаи мония аз он cap мезанад, ки материя (моддиёт) мабдаи бадй, Коинот бошад, натичаи амали кувваи бадй эътироф мешаванд. Тани моддии инсон низ аз хамин нигох тавсиф мегардад, аз чумла таъкид мешавад, ки дар тани палиди инсон рухи илохй (унсурхои нур) карор дорад. Инсон бояд бахри озод намудани нур аз хабеи бадан (зулумот) кушит намояд. Хадафи асосии хаёти инсонй дар хамин амали инсонй ифода мегардад. Аз ин ру, тарки дунё, гушанишинй, беникохй, факирй таргиб мешаванд. Мония олами моддй, неъмитхои дукёро чун ифодаи бадй инкор мекунад. Хама гуна шаховати инсонй, никох, хаёти оилавй, тавлиди фарзанд, истеъмоли гушту мева манъ карда мешаванд. Никох ва да- воми наели инсонй чун зухуроти кори Ахриман тавсиф ва манъ мешаванд. Амали фаъоли инсон дар чомеа, аз чумла бахри бехдошти зиндагияш манъ карда мешавад. Сарвати дунё, хама гуна кушиш ба боигарй мамнуъ эълон мешаванд. Табиист, ки хамаи ин коидахо боиси ташаккули рухияи гушанишинй, канорачуй аз хаёти дунявй, нобоварй ба хаёти саодатманд, рухафтодагй мешаванд. Тибки таълимоти мония, чомеа ба панц табака чудо мешавад: а)
Дар таълимоти мония хафт цоидаи мамнуъ пешбинй мешаванд, аз он чумла чахор мамнуъот дар сохаи диндорй ва ахлок, се коидахои мамнуъ дар бахши фаъолияти диндорон. Аз чумла дар фаъолияти диндорон се коидаи мамнуъ эълон мешаванд: 1) манъи сухани куф- рона; 2) манъи амали номакбул, ки ба озод гаштани нур мусоидат намекунад; 3) манъи шавкати палидона. Бар замми ин, барои бургузидагон ва пайравон коидахои гуногуни мамнуъ пешбинй мешуданд, Чунончи, истеъмоли гушт, гиёххо, 38 мева барои баргузидагон манъ шуда буд. Онхо ухдадор буданд, ки захираи рузонаи хурока ва захираи солонаи пушокаро барои худ таъ- мин намоянд. Барои баргузадогон никох мамнуъ эълон шуда буд, чунки идомаи наел гунох хисоб мешуд. Ин зайл мамнуъот, ки барои баргузидагон пешбинй шуда буд, барои табакахои дигар пахн намешуд. Чуннчи, ниёшхонхо (шогир- дон) метавонстанд ба никох дароянд, гуштро истеъмол кунанд. Вале куштани хайвон, дилбастагй ба хайвонот манъ шуда буданд. Дар мония коидахои дигар низ чой доштанд, ки амалхои муай- янро, аз кабили бутпарастй, дуруггуй, хасад бурдан, ба катл расони- дан, дуздй, зинокорй, омухтани сехру чоду манъ карда буданд. Пайравони мония ухдадор буданд, ки ба чауор гавх,ар эътикоди комил дошта бошанд: а) худо; б) чилои худой; в) кудрати худой; г) хиради худой. Онхо хамчунин ухдадор буданд, ки ба Офтоб ва Мох чун ду гавхари некй муносибат намоянд, рисолати паёмбаронро то Монй (ба истиснои Мусо) эътироф намоянд. Бар замми ин, ухдадорихое чой доштанд, ки барои хамаи табакахо хатмй буданд, аз кабили су - поридани андоз, рузадорй ва ибодат. Рузи Душанбе барои баргузидагон ва рузи якшанбе барои пайравон рузхои мукаддас эълон шуда буданд. Андешахои мония дар хусусй манъи саодати дунё, даст кашидан аз амали фаъол бахри бехдошти зиндагй, манъи сарват, нобоварй ба хаёти хуб, рухафтодагй, гушанишинй чавобгуи иродаи табакахои бенавои давлати Сосониён мегарданд ва байни онхо васеъ пахн мешаванд. Дар нихояти кор Монй чун таргибгари афкори бидъат аз тарафи шохи Сосонй солхои 276 - 277 ба катл расонида мешавад. Пас аз катли Монй таълимоти монияро шогирдаш Сис дар Бобулистон идома медихад. Пс аз катли Сис таълимоти мония бо кушиши Иннаяс дар империяи Рим пахн мешавад. Дертар мония мавриди танкиду инкори масехиён, аз чумла Аврелий Августин карор мегирад. |