Главная страница
Навигация по странице:

  • Хамин тарик, таърихи афкори сиёсй ва хукукй - илми хукукши- носии назариявию таърихист, ки таърихи ташаккул ва инкишофи донишхои назариявии башарро рочеъ ба падидахои сиёсиву хукукй меомузад.

  • Усулхои омузиши таърихи афкори сиёсй ва хукукй

  • Ин конунияти мантикй маънй ва ифодаи инсонй (антропологи) низ дорад, зеро бо пешрафти чомеа кадри инсон, дахлнопазирии инсон ва умуман арзиши инсон бештар эътироф мешаванд.

  • тарихти афкори сиёси. х.. Китоби дарси


    Скачать 0.9 Mb.
    НазваниеКитоби дарси
    Дата10.05.2018
    Размер0.9 Mb.
    Формат файлаdocx
    Имя файлатарихти афкори сиёси. х..docx
    ТипДокументы
    #43230
    страница3 из 58
    1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   58


    Бояд гуфт, ки дар шароити имрузаи бархурди тамаддунхо, чус- тучуи заминахои таърихии андешаи давлати миллй ба инобат гириф- тани сатхи миллии донишхои сиёсиву хукукй аз ахамият холй нест. Махз анъанахои сиёсиву хукукй, ки дар робита бо манфиатхои миллй ташаккулу инкишоф ёфтаанд, заминаи таърихй ва назариявии андеша ва назарияи давлати миллиро ташкил медиханд.

    Шаклхои дигари ифодаи фархангии сатхи донишхои сиёсиву хукукй низ чой доранд, аз чумла дар робита бо дин. Чунончи, донишхои сиёсиву хукукии минтакаи Шарки исломй дар робита бо ислом ташаккул ёфта, чузъи фарханги исломй мебошанд. Як катор таълимоти сиёсиву хукукии Аврупой асрхои миёна дар робита бо дини масехй ташаккул ёфтаанд, аз кабили назарияи Августин, назарияи Фомаи Аквинй ва диг. Назария сиёсии Конфутсия ба чахонбинии динии конфутсият асос гузошт.

    Ин мисолхо далел ба инанд, ки афкори сиёсиву х,укукД дар робита бо дин, фар^анг ва чахонбинии динй ташаккулу инкишоф меёбад. Аз ин ру, афкори сиёсиву хукукии исломй ва масехиро аз хам мебояд чудо намуд, зеро фарки куллй доранд. Ба алокаи афкори сиесиву хукукй бо фарханги динй мухакдикон низ ишора намуда, ин омилро ба инобат мегиранд. Чунончи, дар китобхои дарсии таъри-


    18





    хи афкори сиёсй ва хукукй афкори сиёсиву хукукии Шарки исломй дар робита бо фарханги ислом омухта мешавад, аз чумла хангоми тахлили донишхои сиёсиву хукукии Ибни Халдун, ал-Мовардй ва дигарон афкори исломй ба инобат гирифта мешавад, ё дар рафти омузиши афкори ин минтака сарчашмахои хукукй исломй, фаъоли- яти мучтахидон, мазхабхои ислом, андешахои суннй ва шиавй оид ба таъсиси хокимият, масъулияти шох, вазифаи мусулмонон ва г. хатман ба инобат гирифта мешаванд. Бидуни фарханги исломй таърихи афкори сиёсй ва хукукии Шарки исломиро наметавон омухт. Барои омузиши таърихи афкори сиёсиву хукукии чахонй Ислом донишхои исломй заруранд.

    Ин холат хангоми омузиши афкори сиёсиву хукукии минтакахои дигар, аз чумла назарияхои масехй низ ба инобат гирифта мешавад. Чунончи, Августин яке аз асосгузорони назарияи масехии сиёсиву хукукй мебошад, аз чумла масоили сиёсиву хукукиро дар робита бо дини масехй тахлил намудааст. Фомаи Аквинй аввалин кушиши бо хам пайвастани назарияи Арасту ва дини масехиро анчом додааст, дар заминаи андешахои масехии Томас Гоббс равняй масехии томизм ташаккул ёфтааст.

    Хамаи ин мисолхо далел ба инанд, ки афкори сиёсиву хукуцй дар робита бо омилхои фарх[ангиву тамаддунй, аз чумла дин, фарханги динй ташаккулу инкишоф меёбад.

    Дар таърих, тавре маълум аст, назарияхои гайридинй, атеиста низ маълуманд, чунончи, назарияи сиёсиву хукукии К. Маркс, Ф. Энгеле, бештар В.И. Ленин. Аммо ин назарияхо низ дар робита бо маф- кураи марксистй-ленинй, фарханги сотсиалистй, ахлоки сотсиалистй пешбарй шудаанд.

    Дар хар сурат, бештари назарияхо мазмуни фархангй доранд, дар робита бо дин, ахлок ва омилхои дигари фархангй пешбарй ва истифода шудаанд. Чунончи, афкори сиёсиву хукукии форсу точик дар шакли бештар назму наср (бадей) ифода гаштааст, масоили сиёсиву хукукиро дар робита ва якчоя бо масоили бадей, ахлокй, инсоншиносй, динй ва дигари тамаддунй тахлил намудааст. Ба назар гирифтани ин омил мухим аст, чунки бидуни фалсафаи Шарк;, адабиёти форсу тоцик, фарханги исломй, ахлок,, анъанахои миллй аз- худ намудани афкори сиёсиву хуцуции форсу тоцик гайриимкон аст.


    Хамин тарик, таърихи афкори сиёсй ва хукукй - илми хукукши- носии назариявию таърихист, ки таърихи ташаккул ва инкишофи донишхои назариявии башарро рочеъ ба падидахои сиёсиву хукукй меомузад.

    Дар робита бо мафхуми зикршуда мавзуи омузиши фанни илмии таърихи афкори сиёсиву хукукй муайян мешавад.


    19



    Ба маънии васеъ, мавзуи омузиши фанни илмии таълимии таърихи афкори сиёсй ва хукуциро таърихи ташаккул ва инкишофи таъ- лимоти сиёсй ва ху’куцй ташкил медихад.

    Ба маънии мушаххастар, мавзуи омузиши таърихи афкори сиёсй ва х,укук,иро масоили назариявии давлат, сиёсат, лукук, ва пахлухои чудогонаи онхо (пайдоиши давлат, навъхои давлат, шакли давлатдорй, вазифахои давлат, к^онун, памудхои цонунхо, конунгузорй, конуният, адолат, озодй, хуку^ои инсон ва диг.) ташкил медиханд.

    Азбаски давлат, сиёсат, хукук бо падидахои дигари хаёти цомеа
    алокаи зич доранд, хамчунин масоили ахлокй, динй ва дигари ичтимой низ омухта мешаванд.

    Давлат ва сиёсат, падидахои бо онхо алокаманд дар фалсафа, сиёсатшиносй, таърих, сотсиология ва илмхои дигар низ мавриди тахлил карор мегиранд. Аммо хар як илм масоили зикргаударо бо нуктахои назар ва усулхои ба худ хоси тахкики илмй дарку тахлил мекунад. Дар фанни таърихи афкори сиёсй ва хукукй ин масоил бо истифода аз чахонбинии хукукй. донишхои умуминазариявй ва сохавии хукукшиносй, усулхои махсуси тахлили илмй омухта мешаванд.

    Аз ин нукгаи назар, байни таърихи афкори сиёсиву хукукй ва илмхои дигари гуманитарй робитаи дутарафа чой дорад. Таърихи афкори сиёсй ва хукукй бо фалсафа равобити зич дорад. Таърихан масоили давлат, сиёсат, хукук чун чузъи дарки фалсафии чомеа, ун- сури чахонбинии фалсафй дарку тахлил мешуданд. Бештари фай- ласуфони намоён (Арасту, Афлотун, Форобй, Сино, Гегел, Кант, Спиноза ва диг.) ба масоили сиёсиву хукукй таваччух зохир наму- да, назарияхои сиёсиву хукукии хешро пешкаш намудаанд. Имруз низ таърихи афкори сиёсй ва хукукй аз донишхои фалсафй, пеш аз хама чахонбинии фалсафй васеъ истифода мебарад. Дар навбати худ дастовардхои илми таърихи афкори сиёсй ва хукукй барои фалсафа низ ахамият доранд.

    Таърихи афкори сиёсй ва хукукй бо сиёсатшиносй низ робитаи зич дорад. Дар илми сиёсатшиносй низ давлат ва сиёсат мавриди омузиш карор мегиранд, аз он чумла таърихи афкори сиёсй. Дастовардхои илми сиёсатшиносй дар илми таърихи афкори сиёсй ва хукукй истифода мешаванд. Айни замон дастовардхои таърихи афкори сиёсй ва хукукй барои сиёсатшиносй низ мухиманд.

    Фанни илмии таърихи афкори сиёсй ва хукукй бо назарияи давлат ва хукук, алокаи зич дорад. Аз як тараф, бидуни донишхои умуминазариявй (оид ба давлат, хукук, конун, конунгузорй ва м.и.) дарки мазмуни назариявии таълимоти мухталифи сиёсиву хукукй гайри им- кон аст. Аз тарафи дигар, андешахои гуногуни сиёсиву хукукии фай- ласуфону мутафаккирони гузашта ва имруза барои инкишофи на-


    20



    зарияи давлат ва хукук, аз чумла тахлили масоили умуминазариявй мухиманд.

    Байни фанхои таърихи афкори сиёсиву хукукй ва таърихи дав- лату хукук низ равобити дутарафа чой дорад. Бе донишхои таърихй (рочеъ ба таърихи давлат, сохахо ва институтхои хукукй) пурра аз- худ намудани таърихи афкори сиёсй ва хукукй душвор аст. Айни за- мон донишхои сиёсиву хукукй дар омузиши таърихи давлат ва хукук васеъ истифода мешаванд.

    1. Усулхои омузиши таърихи афкори сиёсй ва хукукй

    Фанни илмии таърихи афкори сиёсй ва хукукй, мисли фанхои дигари таълимй, дорой усулхои умумй ва хоси омузиши таърихи ташаккулу инкишофи донишхои назариявии сиёсиву хукукист. Бо назардошти ин, ки таърихи афкори сиёсй ва хукукй сохиби мавзуи хоси худ аст, дар он масоили сиёсиву хукукй бо истифода аз усулхои хам умумиилмй ва хам хос (хусусй) мавриди тахлилу омузиш карор мегиранд.

    Таърихи афкори сиёсй ва хукукй, ба мисли илмхои дигар, аз усулхои умумиилмй
    (фалсафй, сотсиологй, мантикй ва диг.) истифода мебарад. Усулхои мазкур бо назардошти хусусиятхои мавзуи омузиши ин фан истифода мешаванд. Дар баробари онхо хамчунин усулхои хос (хусусй) низ истифода мешаванд.

    Зарурат ва ахамияти истифодаи усулхои умумиилмй аз ин бар- меояд, ки хар як таълимоти сиёсиву хукукй (чун шакли чахонбинй, тарзи дарки вокеияти сиёсиву хукукй, усули тахлили падидахои сиёсиву хукукй) пахлухои фалсафй, сотсиологй, сиёсй, ахлокй ва дигар ичтимой дорад. Аз ин хотир, дар рафти омузиши афкори сиёсиву хукукй усулхои умумиилмй васеъ истифода мешаванд. Бидуни донишхои кофии фалсафй, сиёсй, сотсиологй, диншиносй ва диг. омузиши хаматарафа ва мукаммали таърихи афкори сиёсй ва хукукй аз имкон берун аст.

    Х,ангоми омузиши таърихи афкори сиёсй ва хукукии кишвархо, халкхо, манотик ва тамаддунхои мухталифи чахон истифодаи донишхои иловагии марбут ба мазмуни хоси афкори мухталиф зарур аст. Чунончи, таърихи афкори сиёсй ва хукукии Шарки исломй (хам дар даврахои пештара ва хам имруз) маърифати исломиро талаб мекунад. Ин талаботи тахлили илмй вобаста ба мазхабхои ислом бештар мушаххас мегардад. Аз чумла, омузиши хаматарафаи афкори сиёсиву хукукии Имоми Аъзам Абуханифа, шогирдону пай- равонаш дар баробари маърифати умумии исломй хамчунин аз бар намудани хусусиятхои мазмунии мазхаби ханафиро талаб мекунад.


    21





    Доштани лС:шшхои дигари иловагй низ зарур аст. Чунончи, бино ба шакли бадеии ифодаи афкори сиёсиву хукукии форсу точик (дар шакли назму наср) доштани донишхои кофии ин соха зарур аст. Бидуни чунин донишхо дарки вокеии ин афкор душвор аст.

    Бар замми ин, барои тахлили вокеии афкори сиёсиву хукукии Форобй, Ибни Сино, Ибни Рушд ва файласуфони дигари Шарк аз худ намудани фалсафаи Шарк мухим ва зарур аст.

    Ин гуфтахо далел ба инанд, ки омузиши хаматарафа ва вокеии таърихи афкори сиёсй ва хукукй истифодаи усулхо ва донишхои фалсафй, сотсиологй, сиёсатшиносй, диншиносй, фархангшиносй ва дигари умумиилмиро талаб мекунад.

    Якчоя ва мутобики усулхои умумиилмй дар фанни таърихи афкори сиёсй ва хукукй хамчунин усулхои махсуси
    хамин фан истифода мешаванд. Истифодаи онхо аз хусусиятхои мавзуи омузиши фанни мазкур бармеояд. Тахлили таълимоти мухталифи сиёсиву хукукй тарики усулхои махсуси методолога сурат мегарад. Ин усулхо мазмун ва хислати бештар хукукй дошта, барои тахлили мохияти падидахои сиёсиву хукукй истифода мешаванд.

    Усулхои хоси фанни таърихи афкори сиёсй ва хукукй хамзамон ба усулл;ои умуминазариявии (умумиметодологии) хукукшиносй ва усулхои хусусии хамин фан таксим мешаванд.

    Усулхои умуминазариявии (умумиилмии) хукукшиносй дар хамаи илмхои хукукшиносй истифода мешаванд. Онхо дар назарияи давлат ва хукук пешбарй мешаванд, аз кабили усулхои шаклии мсъёрй, мантикй-задонй, мук,оисавй

    хукук,й ва диг. Дар фанни таърихи афкори сиёсй ва хукукй ин усулхо васеъ истифода мешаванд. Чунончи, усули шаклй-меъёрй дар рафти тахлили андешахои назариявии мутафаккирон рочеъ ба мазмуни меъёрии падидахои хукукй (ме- ъёри хукук, конститутсия, конун ва м.и.) истифода мешавад. Усули мук,оисавй-хукук,й хангоми тахлили мукоисавии таълимоти мухталифи сиёсиву хукукии кишвархо, халкхо ва манотики мухталифи чахон бо максади муайян намудани хусусиятхои умумй (наздик) ва хоси таълимоти мухталиф истифода мешавад.

    Бо назардошти хусусиятхои хоси мавзуи омузиши таърихи афкори сиёсй ва хукукй усулхои хос (хусусй) низ истифода мешаванд. Ин усулхо аз усулхои умумилмй бармеоянд ва хамзамон аз як катор талаботи методологи (принсипхои тахлили илмй, тарзхои дарки вокеияти сиёсиву хукукй ва м.и.) иборатанд.

    Азбаски фанни мазкур, аз як тараф, хислати таърихй дошта, бо омузиши таърихи ташаккулу’ инкишофи афкори сиёсиву хукукй машгул аст, дар он усули таърихй васеъ истифода мешавад. Таъри- хшип хамзамон ба ду маъно истифода мешавад.


    22





    Якум, ба маънои пешравй, такмил, мукаммалгардии донишх;ои назариявии сиёсиву хукуцй. Бо пешрафти чомеа, такмили давлат ва низоми хукукй хамзамон донишхои назариявй рочеъ ба давлат, сиёсат, хукук, конун ва диг. низ такмил меёбанд. Таърихи афкори сиёсиву х;укуцй ин таърихи гузаштани одамон аз донишхои соддаву оддй ба донишхои мукаммалтар, аз тасаввуроти асотирй ба мафку- раи илмй, аз донишхои пароканда ба донишхои илман асоснокшудаи методологи мебошад.

    Донишхои сиёсиву хукукй дар даврахои алохидаи инкишофи чомеа аз хам фарк доранд. Чунончи, донишхои назариявии сиёсиву Хукукй (оид ба давлат, сиёсат, хукук ва м.и.), ки имруз дар чомеаи пасошуравй истифода мешаванд, аз донишхои сиёсиву хукукии давраи шуравй (аз нигохи усулхои дарки вокеият, шаклхои чахонбинй, нуктахои назари тахлили илмй ва диг.) фарки куллй доранд. Агар замони шуравй бештар фахмиши махдуди меъёрии хукук (дар робита бо идеологияи марксистй-ленинй) истифода шавад, пас имруз гуногунии фахмиши хукук (тибки нуктахои назари фалсафй, фитрй- хукукй, позитивй, сотсиологй, либертарй ва м.и.) мушохида мешавад.

    Чунин тафовутро дар хамаи даврахои пешрафти чомеа мушохида намудан мумкин аст. Хамзамон бо пешрафти чомеа донишхои сиёсиву хукукй такмил меёбанд. Ин хам к,опунияти инкишофи афкори сиёсиву хук,ук,й ва хам яке аз талаботи усули таърихй
    мебошад.

    Дуввум, таърихи афкори сиёсиву хукукй тибки цонунияти муайян инкишоф ёфта, хамзамон мантик^и худро дорад. Такмил, мукам- малгардй, ганй гаштан, илман асоснок гаштан, такяи бештар ба далелхои илмиву вокей шаклхои зухуроти конунияти инкишофи донишхои сиёсиву хукукй мебошанд. Таърихи афкори сиёсиву хукукй таърихи донишхои пароканда ва тасодуфй нест. Он таърихи донишхои мантикан ташаккулёфта ва инкишофёбанда мебошад.

    Хар як таълимоти сиёсиву хукукй, аз чумла назарияи давлат ва хукук тасодуфан пешбарй намешавад. Хама гуна андеша, акида, гоя, мафхум, назария бино ба талаботи вокеии чомеа, шароитхои мушаххаси таърихй пешбарй мегардад. Чунончи, андеша ва назарияи тачзияи хокимият дар Аврупой давраи инкилобхои буржуазй бо максади хотима бахшидан ба мутлакияти феодалй расман дар конунгузорй эътироф гашта, вале дар давлатхои пасошуравй танхо ибтидои солхои 1990-ум дар конститутсияхои пасошуравй сабт мешавад.

    Аз ин ру, бо тагйири шароити хаёти чомеа, дар робита бо талаботи нави чомеа акидахо, гояхо, донишхо, назарияхои сиёсиву хукукй пешбарй ва истифода мешаванд, инкишоф меёбанд. Онхо тасодуфан, бидуни талаботи вокеии хаёти одамон ва чомеа пешбарй ва истифода намешаванд.


    23



    Гуфтахои боло далел ба инанд, ки таърихи афкори сиёсй ва Хукукй мантики худро дорад, дар иртибот бо шароити таърихй, талаботи вокеии хаёт инкишоф меёбад.

    Ба ибораи дигар, таърихи афкори сиёсиву хукукй конунияти ман- тикии ташаккулу инкишофи хешро дороет. Ин конунияти мантикй маънй ва ифодаи инсонй (антропологи) низ дорад, зеро бо пешрафти чомеа кадри инсон, дахлнопазирии инсон ва умуман арзиши инсон бештар эътироф мешаванд.

    Имруз назарияхое ахамияти бештар доранд, ки манфиат ва хукукхои инсонро хадафи худ карор медиханд, барои бехтар намудани шароити зиндагии инсон хизмат мекунанд (назарияхои давлати хукукбунёд, давлати ичимой ва м.и.). Чомеаи инсонй мукобили хама гуна назарияхои зидциинсонй (гайригуманитарй) буда, онхоро кабул карда наметавонад. Холо чомеаи башар, аз чумла санадхои байналмилалй (алалхусус дар сохаи хукукхои инсон), конститутсияхо ва конунгузорихои миллй ба пешбарй ва эътирофи расмии андешахо ва назарияхои зиддибашарй имкон намедиханд.

    Аммо чунин холат на хамеша мушохида мешуд. Чунончи, дар конунхои чомеаи кадим гуломй ва нобаробарии ахолй расман эътироф мешаванд, аз кабили таснифи ахолй ба гуломон ва озодон дар Юнон ва Рим, варнахо дар Хиндустони кадим. Бар замми хамаи ин, гулом ба хайси инсон эътироф намешавад, андешаи «гулом - оло- ти сухангуй» хамачониба истифода мешавад. Хатто дар назарияхои мутафаккирони намоёни юнониву римй гуломй ошкоро эътироф ва химоя мешавад.

    Бо пешрафти чомеа дар афкори сиёсиву хукукии башар раванди шинохти кадр ва арзиши инсон тадричан инкишоф меёбад. Холо мохияти инсонии назарияхои сиёсиву хукукй бештар ба чашм мерасад.

    Хамин тарик, бо пешрафти чомеа мохияти инсонии назарияхои сиёсиву хукукй ва дар мачмуъ мазмуни инсонии (гуманитарии) афкори сиёсиву хукукй бештар зохир мешавад. Рушди мазмун ва мохияти инсоншииосии донишхои сиёсиву хукукй ифодаи мангикияти таърихи афкори сиёсиву хукукй мебошад.

    Хангоми омузиши таърихи афкори сиёсй ва хукукй ин талаботи мантикй-таърихиро мебояд ба инобат гирифт.

    Андешахо, назарияхо ва равияхои сиёсиву хукукй аз чониби мутафаккирони муайян ва дар кишвархои алохида дар робита бо шароити мушаххаси таърихии кишвархои чудогона пешбарй мешаванд. Аз ин ру, яке аз талаботи дигари усули таърихй ин омузиши афкори сиёсиву хукукц бо назардошти шароити мушаххаси таърихист.

    Дар ин замина дар фанни таърихи афкори сиёсиву хукукй аз усули мушаххаси таърихй
    васеъ истифода мешавад. Истифодаи ин усул имкон медихад шароити мушаххаси таърихии ташаккул ва пеш-


    24


    V





    барии ин ё он таълимоти сиёсиву хукукй ба инобат гирифта шавад, аз кабили талаботи чомеа, шароитхои таърихй, вазъи пешрафти чомеа, шаклхои шуури чамъиятй, фарханги чомеа, анъанахои таърихии халк, муносибати муаллифи назария ба мафкураи чомеа, ба давлат, сиёсати давлат ва м.и.

    Усули зикршуда шпора ба он мекунад, ки назарияхои мухталифи сиёсиву хукукй дар иртибот бо шароити таърихии кишвархои чудогона, талаботи вокеии чомеа, анъанахои миллй пешбарй мешаванд. Ин усул барои омузиши шароити таърихии пешбарии назарияхои миллй низ муфид аст. Чунончи, дар Точикистони сохибистиклол холо зарурат ба пешбарй ва истифодаи назарияи давлати миллй
    пеш омадааст. Худи шароити имрузаи таърихй, аз он чумла як катор омилхои беруна, аз кабили бархурди тамаддунхо, ча- хонишавй ва диг. зарурати пешбарии чунин назарияро бахри химояи манфиатхои миллй талаб мекунанд.

    Хамзамон таърихи сиёсй ва хукукй сатхи назариявй дорад ва аз ин ру, дар он усулхои умуминазариявй (шаклии меъёрй, сотсиологй, сиёсатшиносй, фархангшиносй ва диг.) барои муайян намудани мазмуни назариявии таълимоти сиёсй ва хукукй истифода мешаванд.
    1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   58


    написать администратору сайта