тарихти афкори сиёси. х.. Китоби дарси
Скачать 0.9 Mb.
|
Куръони мачил Куръони мачид каломи Худованд, китоби рохнамои башарият, рушангари дилхои муъминон, китоби ахлоки воло, дастури хамешагии хаёти мусулмонхо, китоби хама асру замонхо, китоби хамаи инсонхо мебошад. Курьон вахйи плохи мебошад, аз чониби худи Парварди- горн олам нозил шуда, ба василаи фариштаи Амини вахй - Чабраил ба Паёмбари ислом Мухаммад (с) фиристода шудааст (вахй шудааст). 98 Дар ин хусус Худованд дар Куръон мефармояд: «Ва ин Китоб нознлшуда аз чониби Парвардигори чахониён аст. Онро Рухуламин нозил кардааст бар дали ту, то аз бимдахандагон бошй, ба забони арабии равшан» (Сураи Шуъаро, оятхои 192 - 195). Нузули Курьон бинобар ривояти Шаъбй дар шаби Кадр огоз гардада ва сипас дар вактхои гуногун, шабона ва рузона идома ёф- таасг, чунонки Худованд дар Куръон гуфтааст: «Мо дар шаби кадр нозилаш кардем» (Сураи Кадр, ояти 1). Куръон дар муддати бисту се соли зиндагй пас аз биъсати Паёмбар (с) тибки ходисахои мухталиф ва муносибатхои гуногун ба тадрич нозил гардид. Тавре Худофанд мефармояд: «Ва Куръонро кам-кам нозил кардем, то ту онро охиста-охиста ва андак-андак бар мардум бихонй ва нозил кардем, нозил кардане ба камол» (Сураи Исро, ояти 106). Аз Абдуллох ибни Аббос чунин ривоят хает: «Расули Худо дар чихилсолагй мабъус ба Паёмбарй шудааст. Сенздах сол дар Макка монд ва вахйро дарёфт кард ва сипас амр гардид ба хичрат (аз Макка ба Мадина) ва дах сол низ дар Мадина монд ва дар синни шасту се солагй аз дунёи фонй рехлат намуд». Чамъоварии Куръон минбаъд зимни хифзи Куръон дар сафхаи калб ва тавассути навиштаиу тадвини сурахову оятхои Куръон сурат мегирад. Халифахои чахоргона - Абубакр, Умар, Усмон ва Алй, хамчунин мухочирону ансориён, аз кабили Талха, Саъд, ибни Масъ- уд, Хузайфа, Абухурайра, Абдуллох ибни Зубайр, Оиша, Хафса, Умми Салама, Уббода ибни Сомит, Муъоз ибни Чабал ва дигарон аз чумлаи кориён буданд. Мухочирону ансориён ва хамсарони Паёмбари Ислом (с) аз чумлаи асхоби хофизи Куръон буданд, ки бевосита аз Паёмбари акрам (с) таълим гирифтаанд. Минбаъд хафт на- фар аз асхоб ба устодй дар Куръон шухрат ёфта буданд: Усмон ибни Аффон, Алй ибни Абутолиб, Убайд ибни Каъб, Зайд ибни Собит, Абдуллох ибни Масъуд, Абудардоъ, Абумусои Ашъарй. Паёмбар чанд нафарро чун котиби вахй бургузида буданд, аз чумла Абубакр, Умар, Усмон, Ата, Муъовия, Зайд ибни Собит, Убай ибни Каъб, Хо- лид ибни Валид, Собит ибни Кайсро. Тибки баъзе сарчашмахо теъ- дода котибони вахй ба чил нафар мерасид. Тамоми Куръон дар ахди Паёмбари Ислом (с) навишта мешавад, вале зимни парокандагии сурахову оятхо. Сипас Абубакр аввалин шуда Куръонро ба назму тартиби тавкифи оятхо дар сахифахои муайян тадвин мекунад. Тавре хазрати Алй ибни Абутолиб гуфтааст: «Худованд рахмат кунад Абубакрро. У аввалин касе аст, ки Куръонро дар миёни ду лавх карор дод». Хамин тарик, чамъоварии Куръон зимни истифода аз рукъахо, чубхои хурмо, порахои санг, порахои пуст ва чарм сурат гирифта буд. 99 Куръони навишташуда пас аз вафоти Абубакр ва Умар ба Хдфса духтари Умар, хдмсари Паёмбар (с) мерасад. Сипас Усмон ба Зайд ибни Собит, Абдуллох ибни Зубайр, Саъд ибни Ос ва Абдурахмон ибни Х,орис ибни Хошим амр медихад, ки сахифахои Куръониро. ки дар дасти Хдфса буданд, дар мусхафхо рунавис кунанд. Усмон ба нукоти олами Ислом яке аз ин мусхафхоро мефиристад. Мусхафхои Усмонии Куръон бидуни эъроб (аломатгузорй) навишта шуда буданд, ки боиси ба хар навъ кироат гаштани Куръон мегардад. Дар айёми хилофати Абдулмалик, аниктараш соли 65 хичрй зарурат ба чобачогузории дакики лафзхои Куръон аз лихози кироат эхсос гушта, ба вучуд овардани аломатхои муайян бахри кироати сахех шуруъ мешавад. Хамчунин хушнависон низ дар тачвид ва зебогардонии расмулха- ти Куръон сахми мухим доштанд, чунончи Холид ибни Абдулхайёч, ки чун хушнависи машхур хати мехроби Масчиди набавиро дар Мадина навишта буд, бо амри халифаи Аббосй Валид барои навишта- ни Куръон интихоб мешавад. Хушнависон аввал Куръонро бо хати куфй (асри чоруми хичрй) ва сипас бо хати зебои насх (аввалхои асри панчуми хичрй) менависанд. Дар даврахои минбаъда Куръон аз тарики чоп дар саросари чахон мунташир мешавад. Куръон аввалин сарчашма ва маъхази Шариат мебошад. Дар Куръон ояте омада, ки дар он лафзи шариат омадааст: «Пас туро ба рохи дин (яъне шариат) андохтем. Аз он рох бирав ва аз пайи хохишхои нодонон марав. Инхо гуро хеч аз Худо бениёз намекунанд ва золимон дустдори якдигаранд ва Худо дустдори пархезгорон аст» (Сураи Чосия, оятхои 18-19). Дар Куръон масъалахои мухталиф танзим ва халлу фасл мешаванд, аз кабили офариниши олам, осмону замин, хилъати инсон, адои намоз, закот, руза, хач, хаёти ханаводагй ва дигархо. Дар ин хусус ояти Шариф чой дорад: «Ва мо Куръонро, ки баёнкунандаи хар чизест ва хидояту рахмат ва хушхабар барои мусулмонон аст, бар ту нозил кардаем» (Сураи Нахд, ояти 89). Дар Куръон дар хусусй арзиши инсон, эхтирому риояи хукукхояш, аз чумла хифзи хукукхои бенавоён оятхои зиёд чой доранд. Чунончи, Худованд мефармояд: «Мо фарзандони Одамро каромат бах- шидем ва бар дарёву хушкй савор кардем ва аз чизхои хушу покиза рузй додем ва бар бисере аз махлукоти хеш бартариашон ниходем» (Сураи Исро, ояти 70). Дар хусусй хакки озодии акида Куръон мегуяд: «Дар дин хеч мачбурияте нест» (Сураи Бакара, ояти 256). Куръон хаёти инсонро хифз мекунад, чунонки мефармояд: «Ка- серо, ки Худо куштанашро харом кардааст, накушед, магар ба хак» (Сураи Исро, ояти 33). Тибки фармудаи дигари Худованд: «Ва ху- 100 датонро макушед. Х,ар ойна Худо бо шумо мехрубон аст» (Сураи Нисо, ояти 29). Дар Китоби Худованд дахлнопазирии моликияти шахе эълон мешавад, чунонки таъкид мешавад: «Эй касоне, ки имон овардаед, амволй якдигарро ба нохак махуред, гайри молхои тичоратй, ки хар ду тараф ба он ризоият дода бошед» (Сураи Нисо, ояти 29). Куръон дахлнопазирии манзили шахсиро эълон мекунад: «Эй касоне, ки имон овардаед, ба хонае гайр аз хонаи худ бе он, ки ичозат талабида ва бар сокинонаш салом карда бошед, дохил нашавед. Ин барои шумо бехтар аст, бошад ки панд гиред! Ва агар дар хона касе- ро наёфтед, дохил машавед, то шуморо рухеат диханд. Ва агар гуянд: «Бозгардед, бозгардед, ин бароятон нокизатар аст. Ва Худо ба хар коре, ки мекунед, огох аст» (Сураи Нур, оятхои 27 - 28). Хамчунин дар Куръони карим оятхои зиёд дар хусусй гиромй доштани ятимон, хифзи моли ятимон, садакот барои факирону ми- скинон, некй ва адои нафака дар хакки падару модар, хешовандо- ну ятимон, мискинону рахгузарон нозил шудаанд. Куръон хамчунин одамонро ба хамзистй, хамкории тарафайн даъват мекунад, аз чумла таъкид ба баробарии одамон дорад, чуноне ки Худованд мефармояд: «Эй мардум, мо шуморо аз як марду зан биёфаридем. Ва Шуморо чамоатхо ва кабилахо кардем, то якдигарро бишиносед» (Сураи Хучурот, ояти 13). Барпо намудани адолат дар хаёти инсонй яке аз хадафхои мухими Куръони мачид аст. Дар ин бора оятхои зиёд нозил шудаанд. Барои мисол танхо якчанд оятхои Илохиро меорем. Худованд мефармояд: «Мо Паёмбаронро бо далелхои равшан фиристодем ва бо онхо китобу тарозуро нозил кардем, то мардум ба адолат амал кунанд» (Сураи Хадид, ояти 25). «Худо ба шумо фармон медихад, ки амонатхоро ба сохибонашон бозгардонед ва чун дар миёни мардум ба довари нишинед, ба адл доварй кунед» (Сураи Нисо, ояти 58). «Эй касоне, ки имон овардаед, ба адолат фармонраво бошед ва барои Худо шаходат дихед, харчанд ба зиёни худ ё падару модар ё хешовандони шумо чй тавонгар ва чй тангдаст буда бошанд. Зеро Худо бар он ду сазовортар аст. Пас аз хавои нафс пайравй макунед, то аз шаходати хак руй гардонед» (Сураи Нисо, ояти 135) «Эй касоне, ки имон овардаед, барои Худо хак гуфтанро бар пой доред ва ба адл гувохй дихед. Душманй бо гурухе дигар водо- ратон накунад, ки беадолатй кунед. Адолат варзед, ки ба такво на- здиктар аст ва аз Худо битарсед, ки У ба хар коре, ки мекунед, огох аст» (Сураи Моида, ояти 8). Тавре аз тахлили фишурдаи оятхои Илохй бармеояд, Куръон дар хакикат каломи Худованд, муъчиза, рахнамои хаёти муъминон 101 мебошад, ба масоили мухталифи хаёти инсон ва чомеа ру меоварад, аз чумла ба масоили арзиши инсон, хукукхову озодихои у, таъмини адолат ва г. Куръон манбаи фарханги инсоншиносй буда, аз хусусй эхтироми арзиш ва кадри инсон, дахлнопазирии шахей, эхтироми хукукхои инсон, озодй, баробарй, бародарй, адолат харф мезанад, ки имруз дар санадхои хукукии байналмилалй ва конститутсияхои давлатхои демократй эътироф шудаанд. Мазмуни оятхои Илохии дар боло зикргашта далел ба ин хулоса мебошанд. Хамзамон мебояд таъкид намуд, ки андешахои чонибдорони нуктаи назари аврупопарастй (аврупомарказй) дар хусусй он, ки гуё махз сарзамини Еарб макон ва манбаи эчоди фарханг ва афкори инсоншиносй буда, арзиш ва хукукхои инсон аввалин бор махз дар санадхои инкилоби буржуазии гарбй дарч ёфтаанд, боэътимод нестанд. Тахлили фишурдаи оятхои чудогонаи Илохй гувох ба ин аст, ки махз дар Куръон якчанд аср пеш аз инкилобхои буржуазии гарбй (асрхои XVII - XVIII) арзиши инсон, хакки у ба зиндагии арзан- да, ба дахлнопазирии хаёти шахей, амволй шахей, манзил, озодии эътикоди динй ва дигар хукукхои инсонй, аз чумла хукукхои бенавоён, факирон, мискинон, ятимон эътироф мешаванд. Дар Куръон зарурати кумаки ичтимой ба факирону ятимон, ахамияти закот аз сарватмандон барои таъмини бенавоён ва дигар самтхои бехдошти хаёти ичтимой таъкид мешаванд. Вале андеша ва назарияи давлати ичтимой дар Гарб асосан баъди Чанги дувву- ми чахон, пеш аз хама бахри таъмини хукукхои ичтимоиву иктисодй ва фархангй пешкашу истифода мешавад. Тавре маълум гашт, зарурат ва ахамияти сиёсати ичтимой якчанд аср пештар дар Куръони карим аллакай эхсос шуда буданд ва имруз заминаи фаъолияти давлатхои исломй дар бахши сиёсати ичтимой мебошанд. Илова ба ин, имруз дар кишвархои Fap6 низоми иктисодии аз нав таксим намудани андоз васеъ истифода мешавад, пеш аз хама ба хотири таъминоти ичтимой аз хисоби истифодаи андоз аз гуруххон сарватманди ахолй. Тавре мушохида намудем, заминаи чунин низоми андоз якчанд аср пеш дар Куръон аллакай танзим гашта буд.
Сахобагони кмром. Илми хадис. Имом ал-Бухорй. Суннат ва хадиси Паёмбари акрам (с) пас аз Куръон дуввумин сарчашмаи асосии шариати исломй мебошанд. Суннат - роху ра- виш, гуфтору феъл ва ахволи Паёмбари Ислом Мухаммад (с) аст. Суннат аходиси Паёмбари Ислом хазрати Мухаммад (с) аст, ки мис- 102 ли Куръон хифз мешавад ва эътибори човвдона дорад. Ба захмати сахобагон ва мусулмонони баъдина то имруз Суннат хифз мешавад ва чордах карн мешавад, ки сахехй ва солимии Суннати ахди Паёмбар (с) то замони мо нигох дошта мешавад. Набояд фаромуш кард, ки аходиси Расули Худо (с) хамон тафсири Куръон ва маънии он аст. Сунна г баёнкунандаи Куръон буда, бидуни он бахрабардорй аз ма- орифи Куръон ночиз аст. Аз ин ру, хифзи Куръон ва Суннат вазифаи хар фардй мусулмон буд ва холо хам дар мадди аввал меистад. Суннат абадан махфуз аст. Сахобагон нахустин мухофизони Суннат буданд. Нахустини сахобагон касоне буданд, ки аввалин шуда ру ба Ислом оварда- анд: аз мардон Абубакри Сиддик, аз занон хазрати Хадича бинти Хувайлид, аз ноболигон хазрати Алй ибни Абутолиб, аз гуломон хазрати Билол. Тибки ривояти Ибни Салох ба ин гурух гуломй озод- шуда Зайд низ шомил аст. Ба кавли Имом MycjniM (дар Сахехаш) охирин сахоба Абутуфайл Омир ибни Восилаи Лайс мебошад. Ба гуфтаи ал-Ирокй, чамъоварй ва хлсобгирии шумораи сахобагони Расули Худо (с) имконнопазир буд, зеро онхо дар тамоми гуша ва канори руи замин пахн шуда буданд. Пояхои Суннат дар се асри аввали Ислом устувор мегарданд. Дав- рони ва.\й сарогози Суннат мебошад. Дар ин давра Суннат чун тафсири оятхои нозилшудаи Куръон ба муъминон кумак намуда. накши мухимро сазовор мегардад. Шеваи адои намоз кадимтарин Суннати Паёмбар (с) буд, ки аз он аввалин ёрони Расули Худо (с) пайравй кар- даанд. Фарогирии сахобагон аз Паёмбар (с) ва аз хамдигар шаклхои аввали таълими Суннат буданд. Дар хифз ва накли Суннати Паёмбар (с) накши мухимро «асуоби Суффа» бозидаанд. Онхо мусофирон, гарибон ва нодорон аз гирду атрофи нимчазираи Араб ва сарзаминхои атрофии он буданд, ки дар сарпанохи назди Масчиди набавй хамаруза бо фарогирии дарсхои Паёмбар, омузиши Куръону Суннат машгул буданд. Яке аз онхо Абухурайра буд, ки бештарин аходисро аз Паёмбар (с) ривоят кар- даасг. Роххои фарогирй, нигахдорй ва хифзи Суннат дар ахди ри- солат инхо буданд: хифзи аходис, музокира бо хамдигар, амал кардан ба Суннат, китобати (навиштани) Суннат. Нагахдорй ва хифзи Суннати Паёмбари Ислом (с) дар ахди ху- лафои рошидин идома меёбад. Дар ахди хилофати Абубакри Сиддик, ин амал гибки роххои зайл сурат мегирад: такмили икдомоти Паёмбар (с), ташкили анчумани шурои сахобагон, эхтиёт дар кабули ривоёт, аз байн бурдани хадисхои шубхадор. Дар замони хилофати Форумы Аъзам дар кори хифз ва расонидани аходиси Паёмбар (с) ба наслхои минбаъда сахобагон бо максади таълими Суннат ба хар гушаи дунё фиристода мешаванд, ба навиштани аходис дастур дода юз мешавад, бо чуяндагони шубхахо дар Куръон мубориза бурда мешавад. Усмонй Зиннурайн дар ахди хилофатиаш аз Абубакр ва Умар дар хифзи Суннат пайравй намуд, аз чумла ба суннатхои маносик (ма- салан, хач ва дигар, ки дар хаёти инсон кам ба вукуъ меоянд) хаёти тоза бахшид. Дар замони хилофати Алии Муртазо тадбирхои мухим барои мухофизати Суннат андешида шуданд, аз чумла пахн карда- ни Суннат зимни ривояти бештар байни ахолй, супориш ба музо- кира ва такрори хадисхо, савганд додани ровии хадис, манъи баё- ни хадисхои душворфахм аз мардуми авом. Ахди хулафои рошидин ва бузургони сахобаро, ки дар хифз, нигахдорй ва пахн гаштани аходиси Расулуллох (с) накши мухим дорад, давраи тилпоии Ислом меноманд. Дар ин давра аз чумла азбар намудани аходиси набавй ба сатхи баланд мерасад. Анас ибни Мо- лик, Абдуллох ибни Умар, модари муъминон Оиша, Абдуллох ибни Аббос, Чобир ибни Абдуллох, Абухурайра аз чумлаи сахобагоне мебошанд, ки хадисхои ривояткардаашон аз хазор бештар аст. Чунончи, Абухурайра 5364 хадис, Абдуллох ибни Умар 2630 хадис, Анас ибни Молик 2286 хадис, Оишаи Сидцика 2210 хадис, Абдуллох ибни Аббос 1660 хадис, Чобир ибни Абдуллох 1540 хадис ривоят кардаанд. Имомон, факехон, хадисдонони мазхабхои ахли суннат ва чамоат хадисхои набавиро дар некутарин вачх мавриди эътимод ва истинбот карор додаанд. Кар як хадис ва суннати Паёмбари акрам (с) зимни хутба, бинобар муносибате, вобаста ба ходисае, чавобан ба суоле, вокуниш ба амале ва харакате ба вучуд омадааст. То замоне хадисхо алокамандона бо хутба, ходиса, пурсиш, падида. амал дар хофизахо монда буданд, Дар ин давра мардум хадисхоро мефахмиданд ва ниёз ба шарху тавзехи иловагии онхо набуд. Вале бо мурури замон хаёти чомеа тагйир меёбад, наслхои одамон бо хам иваз мешаванд, хадисдонхо аз байн мераванд. Дар натича ниёз ба шарху тавзехи ак- сари хадисхо эхсос мешавад. Дар ин айём олимони ислом ба чамъу шархи хадисхо шуруъ мекунанд, ки минбаъд ба ташаккул ва инкишофи илми х;адис мусоидат мекунад. Пас аз фатхи Макка Паёмбари акрам навиштани хутбахояшонро ичоза медиханд. Ба хар хол дар асри аввали Ислом хадисхо зимни анъанаи дахонй маълум буданд. Минбаъд дар асоси навиштахо ва хабархои дахонй мачмуахои хадисхо тартиб дода мешаванд. Яке аз нахустин мачмуаи хадисхо - «Сахифату Хамом» дар асри якуми хичрй аз чониби Хамом ибни Мунаббих зимни истифодаи хадисхои Абухурайра тартиб дода мешавад. Халифаи Уммавй Умар ибни Аб- дулазиз бахри пешгирии аз байн рафтани анъанаи дахонии хадисхо ва галат гаштанашон расман ба тартиб додани мачмуаи хадисхо амр мекунад, ки заминаи огози навиштани хадисхо мегардад. Муаллифи мачмуаи якуми хадисхо - «ал-Муватта» Молик ибни Анас буд. Си- 104 пас «Муснад»-и Абудовуд ва Ахмад ибни Хднбал тартиб дода мешаванд. Дертар Имом Бухорй ва Имом Муслим мачмуаи хадисхои «Сахех»-ро таълиф мекунанд. Хамчунин китобхои хадиси ат-Тирмизй, Ибни Моча, ан-Насой таълиф мегарданд. Донишмандон бо максади чамъу исботи эътимоднокии хадисхо ба шахру навохии гуногуни сарзамини ислом сафар менамуданд, хадисхоро бевосита аз хадисдонхо мешуниданд, онхоро зимни истифода аз усулхои махсус чамъ мекарданд, ба тартибу низоми муайян ворид менамуданд. Дар натича илми хадис инкишоф меёбад. усулхои махсуси тасниф ва чо ба чо гузории хадисхо ташаккул меёбад. Илми хадис якчанд чузъхо дорад, аз кабили ривоят-ул-%адис (тахкики масоили марбут ба чамъу расонидани матни хадисхо), мухталиф-ал-хадис (тахкики ихтилофи зохирии байни хадисхо) ва дигархо. Хамаи хадисхо аз мапгн ва ровиёне, ки аз он хабар медиханд
Хадисхои цудсй - хадисхои вахйй мебошанд, ки зимни гуфторхои бевоситаи Паёмбари акрам (с) дар робита бо Вахйи Илохй арзи вучуд намудаанд. Хадисхои кудсй Вахйи Илохй буда, ба чумлаи оятхои Куръонй мансуб нестанд. Як катор мухадиссон хадисхои кудсиро дар мачмуа гирд овардаанд, чунончи «Аходиси кудсй»-и Абдура- уф ал-Муновй. Яке аз олимони машхур ва барчастаи сохаи хадис дар олами ислом ва умуман дар фарханг ва тамаддунй ислом Имом ал-Бухорй мебошад. Абуабдуллох Мухаммад ибни Исмоил ибни Иброхим ибни ал- Мугира ибни Бардизбех ибни ал-Ахнаф ал-Ч,уъфй ал-Бухорй машхур ба Имом ал-Бухорй 13 шавволи соли 194 хичрии камарй (21 июли соли 810) дар Бухоро дар хонадони бухороии точик таваллуд шудааст. У аз синни дахсолагй ба фарогирии улум ва хифзу омузиши хадисй набавй пардохта, тахсилро дар назди шайхони Бухоро Мухаммад Са- ломи Байкандй, Мухаммад ибни Юсуфи Байкандй, Абдуллох ибни Ахмада Маснадй ва дагарон огоз намудааст. Сипас баъда адои хач у дар Макка мемонад ва тахсилро назди шайхони Макка (Имом Аб- дулвалид Ахмад ибни ал-Арзакй, Абдуллох ибни Язид ва дагарон) давом дода, дар сини 18 солагй руй ба Мадина нихода, илмашро дар назди Иброхим ибни ал-Мунзир, Мутарраф ибни Абдуллох ва дига- рон такмил медихад. Сипас дар Басра аз Абуосим ан-Набид, Саф- вон ибни Исо, Бадал ибни Мухаббар ва дагарон хадис шунида, дар Куфа аз Абдуллох ибни Мусо, Исмоил ибни Абон, Абугассон дарсй хадис мегирад. Дар Багдод аз Ахмад ибни Ханбал, Мухамад ибни Исо ас-Саббог, Шурайх ибни ан-Нуъмон хадис мешунавад. Зимни 105 сафар ба Шом аз ал-Фарёбй, Одам ибни Иёс, Хаёт ибни Шурайх ва дагарон даре мегирад. Дар Миср назди Усмон ас-Соиг, Саъид ибни Абумарям, Абдуллох ибни Букайр, Ахмад ибни Шабиб, Асбаг ибни ал-Фарач ва дигарон даре мехонад. Дар ал-Чазира (шимоли Су- рия) аз дарсй Ахмад ибни Абдулмалик ал-Харронй, Амр ибни Ха- лаф, Исмоил ибни Абдуллох ар-Раккй ва дигарон бахра мебардо- рад. Ба Марв, Балх, Хирот, Нишопур, Рай, Кухисгони Хуросон ва манотики дигари Хуросону Ироки Ачам сафар намуда, аз олимони он чойхо хадис мешунавад. Нихоят, Имом ал-Бухорй ба ватанаш Бухоро баргашта, шугли тахкик, тадрис ва таълиф мегардад. Аммо бинобар ихтилофоте, ки дар чанд масъала миёни у ва хокимони Бухоро руй доданд, у мачбур мешавад тарки ватан кунад. Зимни даъватхои калбии марду- ми Самарканд у ба суи ин шахр рахсипор мешавад. Имом дар дехаи Хартанг (дар дуфарсахии Самарканд), ки рох аз он мегузашт, дар хонаи яке аз хешовандонаш таваккуф кард ва мусофирати худро ба поён нарасонида, дар хамон деха рузи 30 рамазон (шаби иди Фигр) соли 256 хичрии камарй (31 августи соли 870) аз олам чашм пушид. Рузи ид баъда намози пешин уро ба хок супурданд. Номи имрузаи ин мавзеъ «Хоча Исмоил» буда, мазори Имом дар он чо комат аф- рохтааст. Ин мазор дар тамоми олами ислом маъруф буда, чои зи- ёрати мусулмонон мебошад. Дар бораи Имом ал-Бухорй ривоятхои зиёде чой доранд. Тибки яке аз ривоятхо, у дар кудакиаш кур шуд. Модараш дар хоб хазрати Иброхим Халилуллохро дид, ки ба у гуфт: «Ба шарофати дуохои би- сёрат Худо ба писарат биноияшро бозгардонид». Модар чун хамон шаб аз хоб бархост, дид, ки биноии писараш баркарор шудааст. Аз забони худа Имом чунин овардаанд, ки у дар хоб дид, магас аз руи Паёмбари акрам (с) меронад. Баъд ин хоби уро чунин таъбир кар- даанд, ки у аз чумлаи хадисхои мансуб ба Паёмбари Ислом, тамоми дуруг, мачъулу машкукро дур ронда, аз байни онхо факат хадису суннати сахехро чудо хохад кард. Боз ривоят кардаанд, ки аз хоки маркади у муддати муайян монанди мушк буи хуше меомад. Имом ал-Бухорй 16 соли умрашро дар рохи чамъоварии хадисхо дар китобаш «ал-Чомеъу-с-Сахех» сипарй кардааст. Ин китоби машхур 1200 сол аз нигохи сабку услуб ва усули эчод шухраташро нигох доштааст, то хол дурусттарин китоби Суннат мебошад, ки дар он танхо хадисхои сахехи Паёмбари акрам (с) дарч гардидаанд. Имом кушиши чамъоварии хадисхои сахехро ба рох монда, дар ин кор хеле захмат кашидааст, аз чумла дар китобаш танхо хадисхои сахех ва машхури Паёмбари акрамро (с) истифода мекунад, танхо бо шунидани ягон хадиси устоди замонаш каноатманд нагашта, худ он устодро дида, аз забонаш мешунид. Худи Имом ал-Бухорй 106 дар хусусй теъдоди шайхони хадисдон чунин гуфтааст: «Аз хазор бештаранд шайхоне, ки ман аз онхо хадис шунидаам. Ва назди ман хадисе нест, ки исноди онро дар ёд надошта бошам». У хар хадисро дакикан санчида, ба сахех буданаш мутмаин мегардид, хар хадиси сахехро танхо баъди гусл карда, ду ракъат намоз хонда аз Худо ис- тихора намудан дар китобаш чой медод. Худи китоби ал-Бухорй «Сахех» ё «ал-Чомеъу-с-Сахех» номида мешавад. Унвони пурраи ин китоб чунин аст: «ал-Чомеъу-л-муснад-с-сахеху-л-мухтасар мин умури Расули-л-лохи, сала-л-Лоху алайхи ва салам ва сунанихи ва айёмихи» (Мачмуи мухтасари исноддори дуруст аз умур, суннатхо ва рузгори Пайгамбари Худо, салла-л-Лоху алайхл ва саллам). Имом ал-Бухорй ба Faflp аз «Сахех»-и худ хамчунин асархои зе- рин таълиф намудааст: Таъриху-л-Кабир; Таъриху-л-Авсаг; Таъриху-с- Сагира; ал-Ч,омеъу-л-Кабир; Халку афъоли-л-ибод (Халки кирдорхои бандагон); Китобу-з-зуъафои-с-Сагир; ал-Муснаду-л-Кабир; ат- Тафсиру-л-Кабир; Китобу-л-хиба (бахшоиш); Асомй-с-сахоба; Китобу-л-вухдон (сохибонн як хадис): Китобу-л-илал: Китобу-л-куно (куняхо); Китобу-л-фавоид; Китобу-л-мабсут; ал-Адабу-л-муфрад; Чузъу рафъи-л-ядайн ГЧузъ дар бораи бардоштани ду даст); Бирру- л-волидайн (Некуии падару модар); Кигобу-л-ашриба (Нушокихо); Чузъу-л-кироати халфа-л-имом (Нузъи кироат (дар намоз) аз пуш- ти сари имом); Китобу-р-рикок (Бандагон). Тибки маълумоти мухаккикон, техдоди хадисхои «ал-Чрмеъу- с-Сахех»-и Имом ал-Бухорй аз 7200 то 7400 мебошанд. Имом ал- Бухорй, ба эътирофи худаш, ин теъдодро аз миёни 600000 хадис, ки 200000 онро аз ёд медонистааст, баргузида, дар нух чузъ (чилд), 97 китоб ва 3450 боб дастбандй кардааст. Китоби Имом ал-Бухорй то имруз мавриди омузиш, шарху тавзехи олмони ислом ва гайриислом карор дорад, аз чумла танхо адади шарххои он ба 82 мерасад, 28 нафар ба он тавзехот навиш- таанд, 15 нафари онро хулоса намуда, 16 нафар ба он мукаддима навиштаанд. «Фатху-л-Борй би шахри «Сахехи-л-Бухорй»-и Ибни Хачар ал-Аскалонй (вгфоташ соли 1428), «Умдату-л-корй фй шархи- л-Бухорй»-и Махмуд Бадруддин ал-Айнй (вафоташ соли 1451) ва дигар аз чумлаи шарххои машхури «Сахех»-и ал-Бухорй мебошанд. Баъд аз Имом ал-Бухорй шогирдону пайравонаш кори уро идо- ма дода, мачмуахои аходиси набавиро бо номи «Сахех» ва «Сунан» таълиф намуданд. Дар байни онхо панч китоб машхур аст, ки дар мачмуъ бо «Сахех»-и ал-Бухорй «Сихохи Ситта» - «Шаш китоби «Сахех»-ро ташкил медиханд. Ин шаш китоби хадиси ахли суннат ва чамоат, аркони асосии илми хадис буда, ба он факехон, олимони ислом, мухаддисон эътимод доранд. Ин шаш китоб инхо мебошанд: 107
Илми хадис эътимод ба он дорад, ки Имом ал-Бухорй ва Имом Муслим дар китобхои худ танхо ба хадисхои сахех такя намудаанд. Аз ин ру, китобхои ин Имомонро «Сахехайн» ва худашонро Шай- хайн меноманд. Азбаски хадисхои сахех ва хадисхои дигар чой доранд, имкони рад ва ё кабули хадисхо пеш меояд. Аз ин ру, дар илми хадис хамаи хадисхоро ба се намуд чудо мекунанд
И. Хасан (хуб). III. Заиф (суст). Дар илми хадис хамаи хадисхои сахех (дуруст) ба хафт намуд чудо карда мешаванд:
108
Барои хадисхои сахех, ба гайр аз хафт намуди дар боло зикршуда, боз чунин таъриф оварданд, ки силсилаи санадаш мушаххас бошад ва ровии одили дакик аз ровии одили да^ики дигар накл ку- над то ба Паёмбари акрам (с), ё манбаи аслии он - сахобй ё поин- тар аз он - тобей интихо ёбад ба шарте, ки шоз ё маъюб набошад. Ду навъи хадиси сахехро эътироф мекунанд; а) хадиси зотй, ки худ ба худ сахех мебошад; б) х;адиси аразй, ки каринае ё амре хоричй сахех будани хадисро эчоб кунад. Хасан хадисест, ки силсилаи санадаш ба воситаи ровиёни одил яке пас аз дигаре то ба Паёмбари Ислом (с) ё сахобй расад ва ровиёни ин гуна аходис ба дарачаи диккат ва мухкамкории ровиёни хадиси сахех наздик бошанду хадисашон шоз ва маъюб кабсшад. Хадиси хасан ду навъ мешавад: а) расами зотй, яъне худ ба худ хасан (хуб) аст; б) расами аразй, ки амри берунй мучиби макбул будани хадис бошад, чунонки яке аз ровиёнаш мачхул бошад, яъне шоистагй ё ношо- истагии у собит нашуда бошад, вале ба гафлату дуруг муттахам набошад, хамчунин ривояти дигар аз чихати алфоз ё маъно он хадисро тасдик кунад. Заиф хадисе мебошад, ки чавобгуи шартхои хадисхои сахех ва хадисхои хасан набошад. Дар иснод ё дар матни хадиси заиф заьф вучуд дорад. Хадиси заиф якчанд навъ дорад: мурсал, мущатеъ, июзз мун- кар, муаллал, музтариб, макдуб ва гайра. Ба эътимоди мухаддисон, таксимбандии аходис ба аксоми се- гона кабл аз Имом ат-Тирмизй вучуд надошт. Имом ат-Тирмизй хангоми таълифи «ал-Номеъу-с-Сахех»-и худ хадисро ба аксоми се- гонаи мазкур таксимбандй намудааст. Хадисхо чузъи Суннат мебошанд. Се намуди Суннатро чудо мекунанд: 1) кавл - гуфтори Паёмбари Ислом (с), ки дар хадисхо ифода гаштаанд; 2) феъл - амалхои Паёмбари акрам (с), ки намуна ва амр барои мусулмонон мебошанд; 3) такрор - муаъкул донистани гуф- тор ва амалхои сахобагон аз чониби Паёмбари акрам (с), ки асоси чоиз будани онхо гаштааст. Суннат дар робита бо Куръон вазифахои зайлро ичро мекунад, аз чумла нузули оятхои Куръонро тасдик мекунад, оятхои Куръонро шарху тавзех медихад, амалхои муайяни дар Куръон пешбинй нашу- даро манъ мекунад ё ба малхои муайян амр мекуиад. масалан, дар хадисхо хондани намози витр амр мешавад. 109 Сарчашмахои суннатро ба гурухлои зерин чудо мекунанд: а) муътаво - маълумоте, ки бевосита ба Паёмбар (с) ва сахобагон рафта мерасанд ва зимни эътимоди ровиёни зиёд карор доранд; б) машхур
Амалхои Паёмбари Исломро (с) ба намудхои зайл чудо мекунанд: а) амалхое, ки онхоро Паёмбари акрам (с) мисли хама гуна инсони дигар ба чо меоварданд (хоб, истеъмоли таом, фаъолияти чамъиятй, тичорат, хочагидорй ва диг.); б) амалхое, ки ба чо овардани онхо танхо барои худи Паёмбари акрам (с) зарур буданд (на- мози шабона - тахачуд, намози бефосила - висол); в) амалхое, ки зимни шариат барои хамаи мусулмонон хатмй мебошанд (намоз, руза, хач ва диг.). , Аз нигохи хатмй будани ин ё он амалхо намудхои зерини суннатро фарк мекунанд: а) суннати гайри мукаддаъ ё мухтасиб - амалхое, ки Паёмбари акрам (с) онхоро на хама вакт ба чо меоварданд (намози иловагй пеш аз намози асосй); б) суннати мукаддаъ - амалхое, ки онхоро Паёмбари акрам (с) кушиш менамуданд хамеша ба чо оранд (намози иловагй пеш аз намози субх, хондани азон ва икомат пеш аз намоз, мисвок ва диг.) в) суннати хасана - амалхои чоиз, ки мухтавои онхо ба замони хаёти Паёмбари акрам (с) ва ё сахобагон дахл дошта, динро устувор мегардонад (сохтмони манорахо, мактабхо, таъ- лифи китобхо ва диг.).
Ичма (ба фикри умум омадан, доштани мавкеи наздик) пас аз Куръон ва Суннати Паёмбари гиромй (с) сарчашмаи дигари Шариати исломй мебошад. Ичма акидаи ягонаи мучтахидон (олимони ислом) ё нуктахои назари умумии онхо дар дарку халли масоили мух- талиф мебошад. Дар фикхи исломй фатво зимни чахор сарчашма су- дур мешавад; Куръон, Суннат, ичма ва киёс. Таърихи ичма ба замони зиндагии Паёмбари гиромй (с) ва сахобагони киром рост меояд. Дар даврони Вахй Паёмбари Ислом (с) ба саволхои сахобагонашон зимни вахйи нозилшуда посух медоданд. Дар холати нозил нагаиггани Вахйи Илохй Паёмбар (с) ичтиход мекарданд ва ба саволхо чавоби мувофик медоданд. Аз Амр ибни Ос ба ин мазмун хадисе ривоят аст, ки аз Паёмбари Худо (с) шунидааст, ки мефармоянд: «Вакте хоким (раиси давлат ва пешвои кавм) хангоми хукм кардан ичтиход намояд ва дар ичтиходаш ба савоб бирасад (яъне хакро дарёбад), барояш ду ачр по (музд) хает (як ачр барои захмати ичтиход ва ачри дигар барои расидан ба хак). Ва агар ичтиход кунад ва дар ичтиходаш хато намояд, барояш як ачр (музд) аст, (ки хамон музди ичтиходаш мебошад)». Пас аз вафоти Паёмбари акрам (с) салохияти фатводихй дар хукмхои шаръй ба хулафои рошидин ва бузургони сахоба вогузор мегардад. Бо баробари пахн шудани дини Ислом сахобагони ки- ром дар гушахои гуногуни дунё тибки дастури Куръонй ва Суннати набавй амал намуда, хамзамон илми фикхро инкишоф медиханд. Онхо мутобики Куръон ва Суннати Паёмбар (с) хукм мебароварданд ва ба саволхои пайдошуда чавоб мегуфтанд. Агар хукмеро ва ё по- сух ба саволеро аз Куръон ва Суннат пайдо намекарданд, тамоми кушиши худро ба харч дода, ичтиход мекарданд. Сахобагон якчоя ва зимни акидаи умумй масоили мухталифи хаётиро хал мекарданд. Хамзамон халли якчояи масъалахо дар робита бо акидаи умумиву ягона аз халли чудогонаи масъалахо аз чониби сахобаи алохнда афзалтар эътироф мешуд. Дар хамон давра истилохи «ичма» пайдо мешавад. Минбаъд хамаи мучтахидони Ислом аз ичма пайравй намуданд, аз чумла хангоми халли масоили хаётй кушиш менамуданд аз анъанахои ворисон ва хамзамонони худ пайравй намоянд, бар хилофи карорхои онхо масъаларо хал накунанд. Ахди Хулафои Рошидин ва бузургони сахоба давраи тилчоии Ислом мебошад. Умар, Алй, Ибни Масъуд, Ибни Аббос, Ибни Умар, Зайд ибни Собит, модари муъминон Оиша аз чумлаи сахобагоне эътироф мешаванд, ки бештар фатово содир кардаанд. Ба кавли мухаккикон, аз хар кадоми онхо китобхои бузурге бахшида ба чамъи фатвохо тартиб додан мумкин аст. ба хусус аз Абдуллох ибни Аббос. Ичма дар сохаи фикхи исломй хангоми халли масъалахои хукукй истифода мешавад. Масъалахои дигари динй ва охиратшиноей бо истифода аз ичма хал намешаванд. Оятхои Куръон асоси боэътимо- дии ичма мебошанд. Ичма ба ду намуд чудо мешавад: а) яцин ва б) мубхам. Ичмаи якин аз чониби хар як мучтахид хангоми ифодаи кушоди акидааш якинан баён мешавад. Ичмаи мубхам дар холатхое чой дорад, ки мучтахид оид ба ягон масъала изхори танкидй надошта, розигии хомушонаро интихоб мекунад. Ичмаи якин аз чониби кулли уммати Ислом кабул мешавад. Аммо дар усуси он, ки ичмаи мубхам далели хукукй шуда метаво- над ё не, дар Ислом фикри ягона нест. Чунончи, Имом Шофей ин намуди ичмаро намепазирад, аз чумла ба хотири он ки набудани акидаи якини мучтахид на хама вакт нишонаи ризояти уст, зеро чунин холат метавонад зимни мачбурсозй cap занад. Такя ба Куръон ва Суннат шарти асосии эътирофи якдшюнаи ичма аз чониби чамоати исломй мебошад. Ичма метавонад хангоми ш истинботи мучтахидон ба киёси масъалаи муайян зимни истифодаи асосхои боэътимоди Куръонй ва Суннатй кабул шавад. Бештари факехони ислом асосан ичмаи сахобагонро мепазируф- танд. Захирихо ичмаи мучтахидонро эътироф намекарданд, аз чумла ба хотири набудани далелхои возех дар Куръон ва Суннат. Дигарон ичмаеро, ки ба хадиси ахад такя мекунад, напепазиранд. Шиъахо бошанд, танхо акидаи имомон ва мучтахидони худро хамчун ичма эътироф мекунанд. Фаъолият дар бахши судури фатво ва халли масоили динй ва дигари хаётй дар заминаи оятхои Куръон, хадисхо, киёс ва ичма ичтиход (кушиш, гайрат) ном дорад. Олиме, ки шугли ичтиход аст, мучтахид ном дорад. Мучтахид олими ислом мебошад, ки хакки ичтиход (ирсоли акидаи мустакил) дошта, ухдадор аст танхо ба оятхои Куръон ва хадисхои боэътимоди Паёмбар (с) такя намояд. Мучтахид бояд донишхои васеъ дошта, чавобгуи талаботи муайян, аз чумла ахлоки исломй бошад. Ба мучтахид талаботи зайл пешкаш мешаванд: маърифати Куръонй (до- нистани сабабхои нузули оятхо, таснифи оятхо, тафсирхои Курьонй); бархурдор будан аз суннатхои Паёмбар (с), тафсирхои хадисхо аз чониби сахобагон ва уламои бонуфуз, донистани таърихи хадисхо (ал-вуруд); доштани маълумоти кофй дар хусусй ровиёни хадисхо (иснод); доштани кобилияти чудо намудани хадисхои сахех ва хасан аз хадисхои заиф; дар сатхи комил донистани забони арабй; доштани маълумоти кофй рочеъ ба масоиле, ки оид ба онхо ичмаи чамоат чой дорад, хамчунин вокиф будан аз акидахои мухталиф оид ба ин ё он масъала; донистани киёс - усули судури фатво зимни киёс бо карорхои аллакай содиршуда, ба шарте ки ин киёс ба бурхони Вахй асос ёбад; дарки амики хадафу вазифахо хангоми халли масоили фикхй; истеъдоди аник чудо намудани акидахои боэътимод аз акидахои беэътимод; имони комил ба Аллох ва нияти холис хангоми халли хама гуна масоил ва диг. Мучтахидоне, ки дорой сифатхои зикршуда мебошанд, муцта- хидони мутлак, номида мешаванд. Онхо истеъдоди судури фатвои мустакил доранд, хамаи масъалахои фикхиро зимни тахкикоти худ хал намуда, аз карорхои мучтахидони дигар истифода намекунанд. Байни мучтахидон гуруххои зеринро чудо мекунанд:
Ичтиход дар шакли ё судури фатво зимни сарчашмахои аввалин- дарача ва ё татбики футавои пештара анчом меёбад. Сахобагони Паёмбар (с), тобеин, таба ат-тобеин ва имомони (поягузорони) мазхабхо, ки хукукй исломиро мураттаб сохта буданд, хак ба ичтиходи мустакил доштанд. Пас аз асри сеюми хичрй кариб хамаи масоили хукукй хал ва мураттаб мегарданд. Дар натича мактабхои фикхии ханафй, моликй, шофей баста шудани боби ичтиходро эълон мекунанд. Вале пушида будани ичтиход ба масоили нави ба миён меомада пахн намешавад. Халли масоили нав зимни риояи анъанахо ва усули мактаби муайяни фикхй сурат мегирад. Мазхаби ханбалй, инчунин шиъахо ва захирихо пушида шудани ичтиходро эътироф намекунанд. Имруз бештари факехони суннй пушида будани ичтиходро дар масъалахои онни динй, вале истифодаи онро дар халли масоили нави хаётй имконпазир мешуморанд. Ичтиход дар робита бо оятхои Куръон ва хадисхо, ки маъния- шон анику возех аст, содир намешавад. Ичтиход хамчунин дар масъа- лахое, ки оид ба онхо ичма ирсол шудааст, раво нест. Танхо дойр ба масъалахое, ки зимни онхо истихрочи ахкоми возех аз Куръон ва Суннат гайри имкон аст, ичтиход содир мешавад. Дар холатхои зарурй ба гайр аз Куръон ва Суннат хамчунин истифодаи киёс, истехсон, урф ва усулхои дигари фикхй ичозат дода мешавад. Дар фикхи исломй се дарачаи ичтиход (мучтахид) мавчуд аст. Дарачаи аввали ичтиходро ахкоми худи имомони фикх ташкил медихад. Тавре Ибни Обиддин зикр кардааст, табакаи мучтахидин дар шаръ ахкомро аз Китобу Суннат истинбот ва истихроч мекунанд, дар ичтиходи худ тобеи хеч кас намебошанд, хох дар усули истин- бот бошад ё дар халли чузъиёти истихрочкарда аз усули ом. Ин табакаи мучтахидин шомили имомони чахоргонаи фикхи ахли суннат, инчунин Авзой, Лайс ибни Саъд ва дигар аиммаи аълом мебошад. Табакаи мазкур ба хеч кас (на дар далел ва на дар асли ом, ки истидлолро кайд мекунад ва на дар фуруъи чузъй) таклид накарда- анд. Дар хар чое, ки усули онхо бо хам мувофикат кунад, он аз руи таклид сурат нагирифтааст, балки аз руи мутакоид шудани сохибаш |