тарихти афкори сиёси. х.. Китоби дарси
Скачать 0.9 Mb.
|
165 «Баъд аз табакаи подшохону шахриёрон касони дигар аз сиё- сатмадорону фармондорон, ки киёдати умом ва тадбири шахрхо ба ухдаи онон гузорида шудааст, ба хусни Тадбиру сиёсат сазовортаранд. Х^ар як аз онон, ки макомаш ба макоми салтанат наздиктар аст, аз дигарон, ки дорой он макому манзалат нестанд, ба ин кору кирдор сазовортар аст. Хамин тавр ба тартиб ин аввалият дар миёни онхо бар хасби ихтилофи дарачот ва маротиб махфуз буда. хар кй наздиктар, кораш низ мухимтар ва худага хам ба хусни сиёсат шоистатар». Пас аз подшохону фармонбардорон табакаи сох,ибнеъматон ва касоне меистанд, ки хидмапггор доранд. Тавре Абуалй ибни Сино мегуяд: «Баъд аз подшохону фармонбардорон касоне, ки сохибони неъматанд ва касоне, ки чамъе аз хосону хидматгоронашон дар тахти назару нуфузашон идора мешаванд, бояд хусни тадбирро дар кор бештар муроот кунанд». Пас аз онхо арбоби манозил ва сарони хонаводах,о меистанд. Тавре Шайхурраис иброз мекунад: «Сипас, арбоби манозил ва сарони хонаводахо, ки калону фарзандони онон дар тахти назару тадбирашон идора мешаванд, бояд дар умури худ дорой хусни тадбир бошанд». Ба назари Ибни Сино, «хусни тадбир дар умур барои хама ло- зиму зарур» буда, «хар кадом_ки макому манзалаташ михимтар, ба ин кор хам сазовортар» аст. У муътакид аст, ки «ин таклифу вази- фа ба хама кас мутаваччех мебошад, чуз ин ки маротиби хусни тадбир тобеи маротиби вазифадорон аст». Иллати онро, ки вазифа ба хама кас мутаваччех аст, файласуф дар он мебинад, ки «хама кас нисбат ба касоне, ки дар тахти назару тадбири у зиндагонй мекунанд, хукумату сиёсате дорад». Ин чо, тавре зикр гардид, Ибни Сино зарурати хокимияту тобеиятро исбот мекунад. Ин хукумату сиёсатро хар кас нисбат ба одамони теби худ амалй мекунад. Ин акидаашро Шайхурраис чунин шарх медихад: «Хакиртарин ва кучактарин мардум ба сиёсати хуб ва тадбири наку ва тафаккури зиёд ва таъдибу таъдил ва ба рохи рост даровар- дану аз рохи нодуруст боздоштан ва билчумла ба хамаи он чи ки шахриёр эхтиёч дорад, мухточу ниёзманд аст». Абуалй ибни Сино ниёзмапдии табак,ах,ои гуногуни ахолиро ба ^амдигар чунин шарх медихад: «Зеро\асе, ки танхо аст, кумак ва муовину ихвон ва ансоре барои у нест аз касе, ки аз кифояти вазирон ва ахволи ансор исифо- да мекунад, ба хусни иноят мухточтар ва ба шиддати эхтироз сазовортар аст. Ва шахсе, ки факиру мухточ аст, ба рафохияту осоиши зиндагонй ва тармими холу ислохи вазъ бештар ба сарватманду та- вонгаре, ки барои умураш мудиру мудаббире хает, ниёзманд аст». Дар хусусй цаноатмандй аз х,олу вазъи хеш дар чомеа Ибни Сино менависад: «Чи мумкин аст, барои тамсилу монанд кардани мо холи 166 раиятро ба х,оли подшохон инкор ва ё аз назари айбчуй мувозана ва мукоисаи моро байни он ду холу вазъ танкид намоянд Вале сухани мо дар наздики мардум аст ба якдигар дар ахлоку одот ва хилкату эхтиёчоти нафсу давоии тан ва манзилу маскан на дар маротибу икдор ва макомот, балки мардумро дар ин чихот, чунонки гуфтем, мутафовут медонем». Абуалй ибни Сино муътакид аст, ки хама кас «аз подшоху раият ниёзманд ба гизову хурокй», ба «манзилу маскан», ба «хифзу хиросати» захираи андухтааш, ба зану фарзандон, ба «коргузору хидматгор» мебошанд. Дар ин бахш одамон, ба назари файласуф, бо хам баробаранд. Тавре Ибни Сино мефармояд: «Дар ин зхтиёчот подшоху раият ва ходиму махдум хама бо якдигар мусовй ва баробаранд, зеро ки инсон дар зиндагии дунё ниёзманд аст ба гизову хурок, ки мояи хаёти вай аст. Ва ба хонаву манзиле, ки андухтааст, дар он чо аз дастбурди ягмогарону дуздон масун бимс над ва худаш хангоми баргаштан аз кору кушиш дар он чо сукунат ва исгирохат бикунад. Ва ниёзманд аст ба зане, ки хонаву дороияшро хдфзу хиросат намояд». Тавре Абуалй ибни Сино таъкид мекунад, «мардум дар боби маишат ва зиндагонй ду кисманд, баъзе ба сабабе, монанди ирс ва гайра аз саъю кушиш бениёз мешаванд ва бархе чунин набуда, балки ба касб мухточ мебошанд». Кдсми дуввуми одамон бо тицорат ё саноат машгуланд. Саноатро Ибни Сино «собитару пойдортар аз тичорат» мешуморад, зеро тичорат «ба василаи мол сурат мегирад» ва мол «мумкин аст аз дасти точир рафта», уро «бесармоя бигузорад». Шайхурраис кайд мекунад, ки «саноати арбоби муруввуат» се гуна аст: 1) «аз но^ияи акд», яъне «саноати арбоби сиёсату тадбир ва сохибони макоми назорат», ки иборат аст «аз раъй сахех ва назари соиб дар машварат ва хусни тадбир»; 2) «аз нохияи адаб», яъне «саноати удабо», ки иборат аст «аз вависандагй ва муншигарй ва илми нучуму пизишкй ва гайра»; 3) «аз нохияи даащо, монанди шучоат», яъне «саноати суворкорону тирандозон». Абуалй ибни Сино амали хуб ва некй инсонро дар робита бо ахкоми Шариати исломй, дар чахорчубаи Ислом, ахкоми Куръону Суннати набавй, аз чумла дар заминаи имони комил ба Худованд, Расулуллох, дунёи охират, бихишту дузах, рузи чазо ва подоши аъ- мол муайяну тахкик мекунад. У дар рисолаш «Мабдаь ва маод» аз чумла менависад: «Хар он кас, ки аъмолаш бар вафки савоб ва мутобик бо конуни шаръи мукаддаси ислом шуд ва аз мухаррамот эхтироз ва ичгиноб намуд ва мутей нафси аммора нагардид ва аз хавохои нафсонй ва хавочиси шайтонй дурй чует ва ончиро, ки нахй фармуд, муртакиб нагардид, макони аслй ва хонаи доимии худро ободон намуд, дар олами охират аз неъматхои човидонй бахраманд мегардад ва рухаш 167 бо арвохи мукаррабини хазрати ахадият хдмдам ва хамнишин мешавад. Худованиди таоло мефармояд: «Иннамо ювафй ас-собируна учрахум бигайри хисобин»'. Тавре маълум мешавад, Ибни Сино аз риояи ахкоми Шариати исломй, мутобик, намудани хамаи аьмоли инсонй бо ахкоми динй пуштибонй мекунад, риоя ва ба ицро расонидани ахкоми исломиро шарт ва зарур мешуморад. Зимни чунин андешахо табиист, ки дар таълимоти Ибни Сино волоияти Шариати исломй дар хаёти инсон, чомеа ва давлат химоя мешавад. Шайхурраис дар «Рисолаи Азхавия дар амри маод» аз чумла менависад: «... шариате, ки ба забони Мустафо алайхиссалом омада- аст, гузинтарин ва фозилтарин шаръ аст». Ва дар давоми суханаш мегуяд: «... муаззамтарин максуди шаръ чузви амал аст, то мардум корхои писандида кунанд, хам бо худ ва хам бо анбозони хештан дар навъ ва хам бо анбозони худ дар чине, чунонки дар кутуби ах- лоф ва сиёсон мубайян шудааст». Ибни Сино дар рисолааш «Мабдаъ ва маод» аъмоли хуби инсонро мутааллик; ба муминон медонад, яъне онхое, ки «тахорати нафеи» худро бо «нури илм музайян» намудаанд, «ахлоки хамида» доранд, «чони худро аз анвори улуми хакика мунаввар ва музайян» сохта- анд, «аз муштахиёти нафсонй аърози куллй карда ва нафеи аммо- раро мутеъ ва мункоди акл» гардонда, «бо риёзоти шокаи шаръиян аз кайди кувои хайвонй» рахой пайдо намудаанд. Зимни ин акида мавсуф подоши аъмоли инсонро дар робита бо майл ба имон ва ё куффор аз хам чудо мекунад. «Па аз ин ки рух, - менависад Сино, - аз бадан муфоракат намуд ва аз ин колбади унсу- рии моддй рахон ёфт, мулокот мекунад уро малоикаи рахмат, агар аз муъминин ва муттакин буда ва ё мулокот мекунад уро малоикаи азоб. агар аз куффору мунофихин буда». Шайхурраис холаги инсонро «пас аз муфоракат кардани рух аз бадан ва рафтан ба олами барзах» чунин тасвир мекунад: «Хубон ба воситаи он аъмоли хасана, ки дар ин олам ба чо овардаанд, мултаз мешаванд ба лаззот ва мулохиза мекунанд ва ме- бинанд сувари хасана ва манозири бахияро. Ин ояти шарифа «Фау- лоика хум-ул-муфлихун»2, - дар хакки ин тоифаи содик аст ва аммо куффору мунофикин муаззаб мешаванд ба азоби алим ва мубтало мегардаднд ба руъяти сувари кабеха ва манозири хоила бар хасби 1. Вай барои додани подош бар собирон бехисоб вафодорй мекунад. 2. Пас онхо хамонанд, ки расгагор бошанд. 168 муктазои аъмолашон дар ин олам. Ояти «Инохум филохира хум-ул- ухсирун»1 дар хакки ин тоифа аст». Абуалй ибни Сино масъалаи подоим аъмоли инсонро зимни бурхони шаръй ва аклона баррасй мекунад, аз чумла аз оятхои Куръон ва аходиси набавй вассъ истифода мекунад, хамзамон бурхони аклиро васеъ ба кор мебарад ва хар гуна шакку шубхаи хонандаро дар ин масъала аз байн мебарад. Дар ин бора худи файласуф менависад: «Боре ин масъалаи тачассуми аъмол яке аз масоили мусаллам ва мухаккак дар шаръ ва акл аст, ки дигар чои хеч шубха нест. Пас, чаханнам ва бихигат ботини инсон аст...». Абуалй ибни Сино мутмаин аст, ки хадафи асосии зиндагии инсон саодат аст. У дар рисолааш «Та$сил-ус-саодат» аз чумла менависад: «Ва гояти фозилтаре, ки инсон худро ва зотй худро тамоман бо он мунхасир кунад, саодат аст..., саодат хамон бехтарин саъи мавчуди зинда аст. ки барои хосил намудани он сарф карда мешавад». Шайхурраис таъкид мекунад, ки «кас барои ба даст даровар- дани бехтарин гояти худ» бояд кодир бошад, «зеро ки саодати мат- луба дар ин хона на, балки дар хонаи охират лозим аст». Абуалй ибни Сино муътакид асг, ки инсон дар алохидагй ва бидуни ровобити хамдигарй бо одамон зиндагй карда наметавонад. Аз ин ру, дар рисалааш «Ишорат ва танбеуот» зарурати %иёти инсониро дар цамоат зимни х,амкории байни аъзоёни он исбот мекунад. Ин хамкории ичтимой зимни «конуну адолат» сурат мегирад ва конуну адолатро шахеи сазовор таъмин мекунад, аз чумла «бо суханони нар- му чаззоб ба риояти конун хидоят мекунад». Дар «Рисолаи тух,фа ва рисолаи таргиб бар дуо» Ибни Сино таъкид мекунад. ки подшох шахсест, ки «неруи назарии худро» такмил дода, «хирад оростааст». Файласуф муътакид аст, ки тадбири нафеи худ яке аз роххои идораи умури сиёсот аст ва ислохи шахей заминаи пардохтан ба «сиёсати тадбири умури мардум» мебошад. 5.16. Насируддини Туей Мухаммад ибни Мухаммад ибни Хасани Туей, мулаккаб ба Наси- руддин донишманди намоёни фарханги форей буда, бинобар шухрати илмияш бо унвонии Мухаккики Туей, Хочаи Туей, Устодулбашар, Акли Ходй, Муаллими солис машхур гардидааст. Тибки маълумоти як гурух мухаккикон, у соли 1201 мелодй дар шахраки Чахруди Сова, ки айни хол тобеи Кум аст, дар оилаи факехи номдор ба дунё омада, айёми чавониашро дар шахри Туе гузаронидааст. Пас аз ва- 1 Дар хакикат онхо дар охират зиёнкор бошанд. 169 фоти падараш ба Хуросон сафар намуда, такдири минбаъдаашро бо давлати исмоилихо дар Кухистон мепайвандад, вале дертар аз исмоилихо алокаашро меканад. У дар тули 20 сол, аз соли 1235 то соли 1256 дар калъаи Аламут рузгори пурмашаккат мегузаронад. Баъди хучуми мугулхо вазифаи вазири хони мугулро адо мекунад. Насириддини Туей соли 1274 дар Багдод вафот мекунад. Насириддини Туей муаллифи як катор рисолахост, ки шухрати уро баланд бардоштаанд, аз кабили «Ахлоки Носирй», «Адаб-ул- мутаълимин», «Авсоф-ул-ашроф», «Насихатнома», «Обокохон» ва диг. Насирудцини Туей инсонро «ашрафи мавчудоти ин олам» мено- мад. Тавре у дар «Ахлоки Носирй» менависад, «инсон дар фитрат мартабаи вусто ёфтааст ва миёни маротиби коинот афтода ва уро рох аст ба иродат ба мартабаи аъло ва ё ба табиат ба мартабаи адно». Мавсуф камолоти инсонро аз аклу заковаташ вобаста мекунад. У аз чумла менависад: «Ва камоли инсонй ва шарафи фазилати у хавола бо фикру равият ва аклу иродоту у омада. Ва калиди саода- ту шаковат ва тамомй ва нуксон ба дасти кифояти у боздода». Мутафаккир накши бузурги илму маориф ва одобу фазоилро дар камоли инсонй эътироф намуда, дар ин хусус менависад: «Ва калиди саодату шаковат ва тамомй ва нуксон ба дасти кифояти у боздода. Агар бар вафку маслихдт аз руи иродат бар коидаи мустаким харакат кунад ва батадрич суи улуму маориф ва одобу фазоил гаро- яд ва шавке, ки дар табиати у ба найли камол маркуз аст, уро бар тарике рост ва касду махмуд аз мартаба ба мартаба меорад ва аз уфук ба уфук мерасонад, то нури илохй бар у тобад ва мучовирати малаи аъло биёбад аз мукаррабони хазрати самадй шавад». Насирудцини Туей, ба мисли Форобй ва Сино, муътакид аст, ки инсон дар робита бо одамони дигар зиндагй карда метавонад, зеро «камол ва тамомии хар шахсе ба дигар ашхоси навъй вобаста бувад». Инсон, ба акидаи у, эхтиёч ба робита дорад, ки шарти хастии уст, ё ба забони файласуф: «Навъи инсонро, ки ашрафи мавчудоти олам аст, ба муовинати дигар анвоъ ва муовинати навъи худ хочат аст хам дар бакои шахе ва хам дар бакои навъ» Имкони тамаддунй инсониро у бо мадина (давлат) алокаманд мекунад, чунки махз «... тамаддун муштак дар мадина бувад». Ба нишонахо ва афзалиятхои мадина пардохта файласуф менависад: «... гараз аз манзил на маскан аст, бал ичтимои ахли маскан аст, бар вачхи хос ин чо гараз аз мадина на маскани ахли мадина аст, бал чамъияти махсус аст миёни ахли мадина...». Насириддини Туей раванди ташаккули чомеаро зимни равобити ичтимой, аз чумла гузаштани одамонро аз хаёти истеъмолй ба истехсолу мубодилаи махсули мехнат ва зарурати риояи конуни адо- латро дар муомила чунин тасвир мекунад: 170 «...аммо баёни он ки ба муовинати навъи худ мухточ аст, он аст, ки агар хар шахсро ба тартиби гизо ва либос, маскан ва силохи худ машгул боистй бувад, то аввал адаввоти дуредгарй ва охангарй ба даст овардй ва бад-он адаввот олоти зироат ва хисод (дарави- дан) ва тихан (орд кардан) ва ачн (хамир кардан) ва гасл (ресидан) ва насх (бофтан) ва дигар хирфатхо ва саноатхо махайё кардй, пас бад-ин мухиммот машгул шудй, бакои у бегизо бад-ин муддат вафо накардй ва рузгори у агар бад-ин иштигол мавуззаъ (таксим кар- дашуда) гардидй бар адои хукукй яке аз ин чумла кодир набудй, аммо чун якдигарро муовинат кунанд ва хар як ба мухиммот аз ин мухиммот зиёда аз кадри киффофи худ киём намояд ва бо атои кадри зиёда ва ахази бадал аз амали дигарон конуни адолат дар муомила нигох доранд, асбоби маншат дасти фарохам дихад». Шакл%ои гуногуни иттиходи одамон чудо карда мешаванд: оила, махал, шахр, халк,, цамоаи кабира (чахонй). Насирудцини Туей ду шакли мадинаро чудо мекунад: фозила ва фосид. Мадинаи фозила чунин чамъияте тасвир мешавад, ки дар он хакки сокинон «иштирок бувад дар ду чиз - яке ороъ (фикр, андеша) ва дуввум афъол (кирдор)». Сифати иттифоки одамон дар ороъ ва афъ- ол чунин баён мегардад: «Аммо иттифоки ороъи эшон чунон бувад, ки муътакидии эшон мабдаъ ва маъоди хулк ва афъоле, ки миёни мабдаъ ва маъод (анчом, охир) иттифок афтад, мутобики хак бувад ва мувофики якдигар. Ва аммо иттифоки эшон дар афъол чунон бувад, ки иктисоби камоли хама бар як вачх шиносанд ва афъол, ки аз эшон содир шавад, мафруг (озод аз чизе) бувад дар колаби хикмат ва мукаввам ба тахзиб ва ташдиди аклй ва мукаддар ба кавонини адолат ва шарти сиёсат то ихтилофи ашхос ва табоини ахвол гояти афъоли хамаи чамоат яке бувад ва тарику сир мувофики якдигар». Сарвари мадинаи фозила, ба акидаи Насирудцини Туей, бояд чунин сифатхо дошта бошад: гамхории падарона ба мазлумон, олихимматй, матонат, азамати том, сабр бар макосид, риояи андозаи муайян ва фазилат дар боигарй, эъроз аз сарвати бегонагон, такя ба сохибмансабони солех. Дар сурати набудин чунин подшохи сазовор вазифаи идораи мадинаи фозила ба ухцаи Шурои олии конунгузорон вогузшта мешавад. Дар мадинаи фозила се тоифаи одамон чудо карда мешаванд: онхое, ки хиради табий доранд; тоифае, ки барои хирад мекушад; одамоне, ки тибки кавонини динй майл ба хирад доранд. Насирудцини Туей пуштибони давлати адолатона аст. Нишонаи заминавии чунин давлатро у ба тарики зайл тавсиф мекунад: «Агар иттиходи одамон дар асоси адолат ташкил шуда бошад, маълум мешавад, ки ин давлати боадолатона мебошад». 171 Ин акидаи файласуф ишора мекунад, ки у щылатро ба маънии «иттиходи одамон» дарк мекунад. Чунин тавсифи маънии давлат ахамияти мухим дорад, пеш аз хама ба хотири ин ки аз тахлилхои кудративу синфии давлат дурй мечуяд. Бесабаб нест, ки чунин маънии давлат дар илми муосир бештар истифода мешавад. Адолатро Насирудцини Туей асоси пойдории давлат мешуморад. У аз чумла менависад: «Бакои давлат вобаста ба он аст, ки чи кадар асоси он боадолат аст». Вобастагии адолат аз «вичдони» хоким эътироф мешавад. Набудани адолат дар давлат сабаби «исён, балво ва бенизомй» мегардад. Адолат «иллати саодат», «заминаи хакикат» эълон мешавад, робитаи адолат ва баробархукукй таъкид мешавад. Пуштибонии файласуф аз давлати боадолат он кадар аст, ки у вучуди давлатдории адолатонаро хатто дар холати тасарруфи хукумат аз чониби халк имконпазир мешуморад. Дар ин хусус у менависад: «Агар раият хукумат тасарруф намояд, интизоми даркории муноси- бро чорй намояд, агар хукумати ба даст овардашуда боилтифот ва бо халк боадолат бошад, давлати он тулонй пойдор мемонад, агар баръакси ин бошад, зул завол меёбад». Насирудцини Туей имкони «низои байни шох ва раият, раис ва тобеонаш, сарватмандону бенавоёнро» пешбинй намуда, иллати онро дар камбудии хам хокимон ва хам мардум мебинад. Таъкид мешавад, ки майли хокимон ба харисии мол, сарвату хокимияти беандо- за боиси заволи давлат мегардад, хамзамон беинтизомй ва риоя на- гаштани конунхо байни мардум низ ба низоъ меорад. Ба ин нигох накарда, файласуф аз халк сабрро дар бенавой талкин мекунад. Ба назари файласуф се намуди мадинаи гайрифозила чой доранд:
Айни замон шакл%ои мадинаи чохила тавсиф мешаванд: а) мадинаи молгаро, ки майл ба мол дорад, на саодат; б) мадинаи хирегаро, ки майл ба сарват дорад; в) мадинаи хиссат, ки майл ба хасисиву мумсикй дорад; г) мадинаи ашрофй, ки зимни майл ба ифтихор, нуфуз, шухрат пайдо мешавад; д) мадинаи хукмгаро, ки кушиши му- теъ намудани мадоини дигар дорад. Хисалтхои мадинаи хуррият чунин баён мешаванд: хар шахе «мутлак ва мухало (озод) бошад бо нафеи худ (асли худ), то он чй хохад кунад»; ахли мадина «мутасовй (баробар) бошанд»; «яке бар дигаре мазид (афзал) тасаввур накунанд»; ахли мадина ба куллй «ахрор (озод) бошанд»; «туфук (бартарй) набошад миёни эшон». Мадинаи хуррият аз кабилахои монанд иборат буда, хар яки онхо раиси худро дорад. Раиси хуб хуррияти бештарро таъмин мекунад. Вале хуррияти беинтихо боиси заволи ин мадина мегардад. Ба туфай- ли кушиши ахли улум, файласуфон, шоирон, котибон, хунармандон мадинаи хуррият ба мадинаи фозила табдил меёбад. 172 Насирудцини Туей назарияи идораи давлатро пешкаш мекунад. Ба назари у, идораи давлат ба панч тоифаи одамон такя мекунад: 1) табакаи «афозил» - ахли «фазоил ва хукамои комил», ки «ба тадбири мадина» машгуланд; 2) табакаи «зуалсана» - ахли калом, фикх, хитобат, балогат, шеър, китобат, ки «умумй ахли мадинаро бо он чй мутаклди тоифаи аввал бувад, даъват мекунанд»; 3) мук;тадирон, ки «улуми хисоб ва истифо ва хандаса ва тиб ва нучум саноати эшон» буда, кавонини адолатро дар миёни ахли мадина нигох медоранд; 4) муцохидон, ки мадинаро хифз мекунанд, «арбоби мудуни гайрифозиларо аз эшон мутеъ мекунанд»; 5) молиён - ахли муомилот, саноат, хироч. Ин гуруххои ахолй зимни мартабаашон табакабандй мешаванд. Хадафхои сиёсат низ дар он дарк мешаванд, ки хар шахе зимни вазъ- аш вазифахояшро ба сомон расонад. Сиёсати давлатй, х,арбй, динй ва дсхилй чудо карда шуда, нуфузи бештари сиёсати давлатй, чун «сиёсати сиёсатхо» эъгироф мешавад. Сиёсат хамчун илм ва заминаи идоракунии давлат тахлил мешавад. Ду шакли сиёсат чудо карда мешаванд: 1) сиёсати фозила ва 2) сиёсати гайрифозила. Саодати мардум, адолат, муносибати дустона ба халк, кори хайр дар хакки мардум аз чумлаи хадафхои сиёсати фозила эълон мешаванд. Ба гуфтаи Насирудцини Туей: «Сисати гайрифозиларо ба ибораи дигар истибдодй меноманд. Хадафи ин сиёсат - гулом гардонидани халк, корхои бадкинона бар зарари мардум аст. Натичаи ин сиёсат бадбахтй шуда метавонад». Хаёти осоипгга, осуцахолй, муовинат, растагорй, мехрубонй ва г. аз чумлаи коркой сиёсй ва фоидаи халк; ва баръакс, бесарусомонй дар давлат, таре, зулм, тахкир, кинаву адоват ва F. чузъи сиёсат бар зарари халк, эътироф мешаванд. Насируддини Туей ягонагии дин ва сиёсат, дин ва давлатро таъкид мекунад. Ин ягонагй заминаи мувозинат ва баробарй эътироф мешавад. Дин бошад, асоси давлат эълон мешавад. Ба андешаи Насирудцини Туей, осудах;олй дар ду холат зарар мебинад: якум, дар шароити идораи истибдод, дуввум, вакто ки кишвар ба холи хупаш гузошта шавад. У аз чумла таъкид мекунад: «Иктидори давлат дар сиёсати дуруст, хирадмандона ифода мегардад. Иктидори давлат ба шох такя мекунад, иктидори шох ба сиёсат такя мекунад, иктидори сиёсат ба хирадмандй такя дорад» Хотима бахшидан ба чангхо яке аз хадафхои мухими сиёсати хорицй эълон мешавад. Насируддини Туей муътакид аст, ки ца «чораи нихой» буда, сиёсати нхоричиро мебояд бахри «катъи ч" амалй намуд. Чанг - ошуб, балво, ничоъ эълон мешавад, ки чахониро халалдор мепзрдонад. Цанг^ои боадолат ва беадолат чудо карда шуда, химояи ватан ва дин (чиход) хадафхои чанги боадолат, касос бошад, хадафи чан- ги беадолат эълон мешаванд. Муносибати эхтиромона ба асирони чангй химоя мешавад. Ахамияти омодагии мунтазам ба хамлахои ногахонии душман таргиб мешавад. Насируддини Туей аз вохурихои мунтазами сарварони давлатхо, хамоиши халкхо ва мадоин пуштибонй мекунад, зарурати даъва- ти хамоиши чахониро бахри баррасии муносибатхои байнидавлатй химоя мекунад. Насируддини Туей пуштибонй аз цонун^ои устувор намуда, аз чумла таъкид мекунад: «Конунхо бояд устувору барои якчанд наел доимй бошанд». Мувофик, будани к,онущо ба талаботи замон кайд мешавад. Ба гуфтаи файласуф, зарур аст, ки «... конунхо низ мутобики талаботи давр ва аз авзои мавчуда cap зада бошанд». Мавсуф со%ибони к,онун ва танзимгарони к,онунро фарк мекунад. Сохиби конун мунтазам конунхоро ба табъ мерасонад, танзимгари конун ичроиши онро таъмин мекунад. К,онущои боадолат ва к,онунх;ои беадолат чудо карда мешаванд. Таъкид мешавад, ки одамон бояд «дар рухияи риояи конунхои боадолат тарбия гиранд». Насируддини Туей ба масъалаи танзими боадлатонаи сохаи муомилот низ таваччух зохир мекунад, аз чумла ба танзими андозаи мехнат ва натоичи он. У муътакид аст, ки агар «миёни мехнат ва пардохт адолат пойдор нагардад», пас эътидол дар муносибати захматкашон ва хокимон таъмин намешавад. Файласуф ба накши муносибатхои молию пули, танзими низоми молия, ахамияти вусъати озодии шартномах,о таваччух зохдр мекунад. У муътакид аст, ки махз «ба шарофати муносибатхои пулй шахрвандон имконият пайдо мекунанд байни хамдигар шартномахои гуногун бубанданд» ва дар холати вусъати танзими шартномавй «ба хеч гуна махдудияти хукукию вайрон кардани таносуби низоми чамъиятй, конуни адолат рох дода намешавад». Насируддини Туей ба масъалаи танзими низоми молили давлат, тартиб додани буцаи давлат, муайян намудани кисми дарома- ду харочоти он, ислохоти низоми андоз таваччух зохир мекунад. У аз чумла пешниход мекунад, ки андоз аз кишоварзони сохиби заминхои хосилхез бояд аз дах як кисми хосилро, аз кишоварзони камбизоат аз бист як кисми хосилро ташкил дихад. Дар солхои камхосилй андоз ду баробар кам карда шуда, дар солхои фаровнии хосил бошад, баръакс, пардохти пешакии андоз барои якчанд солхо пешниход мешавад. Сохиби чорво бошад, аз хар 100 cap чорво андоз бояд су- порад. Андоз аз точирони бой намуди алохидаро ташкил медихад. 174 Таклиф пешниход мешавад, ки андоз аз олимон, маъюбон, кудакон, дарвешон, пиронсолон набояд пардохта шавад. Хамчунин андоз аз вилоятхои гуногуни давлат набояд якхел бошад. Файласуф буцаи моху аъзои оилаашро аз буцаи давлат чудо мекунад. Ин намуди бучахо бояд кисми даромаду харочоти алохида дошта бошанд. Андоз, ганиматхои чангй, амволй бесохиб сарчашмахои асосии буцаи давлатро бояд ташкил диханд. Ободонии нукоти ахолинишин, коркарди тилло, нукра, охан, таъминоти лашкар, музди мехнати ман- сабдорони давлатй, таъминоти сафирон, кумакпулихои оилахои бе- парастор, ятимон ва г. аз зумраи кисми харочоти давлатро ташкил медиханд. Сарчашмахои даромади шохро амволй меросй, аз панч як кисми ганиматхои чангй, тухфахои шохон ва одамони дигар, хазинаи да- рёфтшуда, андоз аз шикор ташкил медиханд. Пешниход мешавад, ки шохон набояд ба амволй ятимон, бевазанон, шахсни гумшуда, вакф дастдарозй кунанд. Насируддини Туей ба масъалахои циноят ва цазо дахл намуда, таъкид мекунад, ки «бандагони Худо худашон тибки рохи интихоб кардаашон амалхояшонро содир мекунанд». У бо Ашъарй, ки амали инсонро аз Худованд зобаста мекунад, розй намешавад ва аз чумла таъкид мекунад, ки Аллох инсонро ба кирдори бад хидоят намекунад. Акида пешкаш мешавад, ки амали инсон аз мухити чомеа, аниктараш оила, иттиходи одамон вобаста аст. Таъкид мешвад, ки амали инсон хам аз табитаи худи инсон ва хам аз омилхои беруна вобастагй дорад. Насируддини Туей се шакли гунохро фарк мекунад: амали касдона; амал бидуни касд ва амали беэхтиётй. Худкушй низ чино- ят эътироф мешавад, пеш аз хама ба хотири зараровар буданаш ба чомеа, аз чумла таъсири манфиаш ба ахлоки одамон. Шарти мухими пешгирии чиноятхо омузиши сабабхои цинояткорй эътироф мешавад. Заифй дар назди мушкилихои пешомада, хисси хайвонй, кинаву адоват, такаббур, шароити номусоиди чомеа, майл ба машрубот, хатогихо, фосикй, бадбахтй, бенавой, харисии мол, алалхусус рагбат ба тиллову нукра, дуруггуй, ханнотй. кимор ва г. сабабхои чинояткорй эътироф мешаванд. Байни ин иллатхо хатари бештари хисси хайвонй таъкид мешавад, ки дар табиати инсон зимни саргармй, киморбозй, зинокорй, айшу тараб пайдо мешавад. Айби чомеа низ дар вусъати чинояткорй таъкид мешавад, алалхусус, бе- парвоии ахли чомеа, волидайн. Татбики чазохои вазнинтар барои чиноятхои дар холати мастй содиршуда таклиф мешавад. Набудани тарбияи хуби кудакону наврасон дар оила яке аз сабабхои асосии чинояткорй эътироф мешавад. Насируддини Туей таъкид ба мувозинати циноят ва чазо намуда, менависад: «Барои хар як чиноят чазои муайянро мушаххас бояд намуд». У мукобили чазохое баромад мекунад, ки азоби чисмонй ме- расонанд, ё кадри инсонро паст мекунанд. Ч,азохои хабе, махдудсозй дар хукукхо, бадарга, истифодаи чинояткорон дар корхои вазнини чисмонй, чазои катл пешкаш мешаванд. Дар робита бо ин масъала бахшиши чазо низ пешкаш мешавад. Зимни тахлили роххои пешгирии чинояткорй зарурати тарбияи инсон таъкид мешавад, аз чумла ишора ба муайян намудаи иллатхои чиноят ва бартарафсозии онхо мешавад. Ба кавли Насириддини Туей, модоме ки харисии мол яке аз иллатои чинояткорист, пас «мебояд хамаи роххои разил ва гайриконунии бойшавиро бает». |