Главная страница

тарихти афкори сиёси. х.. Китоби дарси


Скачать 0.9 Mb.
НазваниеКитоби дарси
Дата10.05.2018
Размер0.9 Mb.
Формат файлаdocx
Имя файлатарихти афкори сиёси. х..docx
ТипДокументы
#43230
страница30 из 58
1   ...   26   27   28   29   30   31   32   33   ...   58

Спиноза

Бенедикт (Барух) Спиноза (1632 - 1677) - файласуф ва мутафакки- ри Голландия, муаллифи асархои «Рисолаи динй-сиёсй», «Ахлок, ки бо усули геометрй исбот шудааст», «Рисолаи сиёсй» ва диг. мебошад.


Спиноза масоили хукукро дар робита бо табиат ва конунхои табиат тахлил намуда, ибораи «хук,уки табиатро» пешкаш мекунад. Зери мафхуми «хукукй табиат» у «конунхо ва коидахоро» дар назар дорад, ки «тибки онхо хама чиз ба вукуъ мепайвандад». Ба ибораи дигар, «хукукй табиат» - «кудрати табиат» мебошад.

Дар назарияи Спиноза «хукукй табиат» аслан хукукк фитрй, аниктараш хУКУКи фитрии табиат мебошад. Айни замон мафхуми «ХУКУЦи фитрии хар фард» низ истифода мешавад.

Хукукхои фитрии одамон дар чомеаи тодавлатй, ба андешаи мутафаккир. аз як тараф баробар буданд, зеро хар кас ба чизи дилхохаш худсарона хакчуй мекард. Аз тарафи дигар, хачми хукукхои фитрии одамони ин давра дар робита бо кувваи чисмониву аклй тафовут доштанд. Аз ин ру, чомеаи тодавлатй, ки холати табий номида мешавад, бахои манфиро мегарад.

Спиноза инсонро низ чузъи табиат шуморида, муътакид буд, ки Хаёти инсон зимни конунхои табий, аз чумла к,онуни умумии табиати инсонй танзим мешавад. Табиат ва хамин конун одамонро дар


258





холати табий нигох медорад. Ва хамин конуни табиати инсонй одамонро водор мекунад ба
«холати шахрвандй» гузашта, зимни шартнома давлатро таъсис диханд.

Хамин тарик, мутафаккир муътакид аст, ки махз табиати инсонй, майли табиии инсон ба худнигахдорй, ба хифзи амнияту хаёташ, ба конеъ гардонидани талаботаш одамонро дар холати табий нигох дошта, дар шароити нав, бинобар дарку эхсос гаштани зарурати нави табий онхоро барои зиндагй дар холати шахрвандй водор мекунад.

Дар холати шахрвандй давлат амал мекунад, ки зимни шартнома таъсис мегардад. Дар иртибот бо мафхуми «холати шахрвандй» барои ифодаи давлат ислохи civitas истифода мешавад. Давлат сохиби хокимияти воло ва сохибихтиёр эълон мешавад.

ХУКУК низ хислати воло пайдо мекунад. Ин ХУКУКи воло низ ба мисли давлат зимни шартнома мукаррар гашта, ХУКУК и фитрй ва волои давлат мебошад. Ин хукукй воло барои хама баробар пахн мешавад.

Якчоя бо хукукй волои фитрй хамчунин хУКУК^ои фитрии хар шахе низ амал мекунанд, агарчанде дар холати шахрвандй зарурати нави табий ба конуну коидахои бошуурона эхсос мегардад. Хукукхои фитрии шахрвандонро хокимияти воло ичозат медихад, зеро хокимияти воло, ба андешаи Спиноза, бо конунхо махдуд нест. Хукукхои фитрии шахрвандонро у «ХУКУКМ граждании хусусй» ме- номад.

Спиноза шаклхои давлатдории монархй. аристократй ва демо- кратиро чудо мекунад. Камбудии монархияро дар он мебинад, ки як хоким наметавонад хукукй волои фитриро амалй намояд. Дар холати аристократия бошад, халк хакки овоз надорад. Демократия шакли хуби давлат эътироф мешавад, зеро ба кавли мутафаккир, «ба озодй наздиктар аст».

Спиноза муътакид аст, ки озодии инсон аз тафаккур, чахонбинй, акли солими хар фард вобастааст. Ба назари у, танхо давлате, ки конунхояш такя ба акли солим доранд, вокаен озод буда метавонад. Инсон низ озод аст, ба шарти анчоми зиндагиву фаъолияташ зимни акли солим, фахмишу фаросат, идроку шуур.

Таъкид мешавад, ки давлат низ бахри он мекушад, то хар шахе аз хукукхои фитрии хеш ба арзи хастй ва фаъолияти шахей бидуни зарар ба дигарон хамачониба истифода барад. Аз ин ру, озодй «хадафи давлат» эълон мешавад.

Спиноза муътакид аст, ки «ду давлат табиатан душман мебошанд». Аз ин ру, хакки чанг, ба андешаи мавсуф, «мутааллик ба хар давлат аст», хакки сулх бошад, мансуб ба на камтар аз ду давлати иттифокист. Таъкид мешавад, ки хадафи чанг сулх мебошад.


259





  1. Тамоилхои асосии афкори сиёсиву хукукии Англия дар асри XVII

Дар давраи инкидоби буржуазй дар Англия зимни авч гириф- тани муборизаи байни буржуазия ва химоятгарони сохти кухнаи феодалй якчанд тамоилхои афкори сиёсиву хукукй пайдо шуданд, аз кабили пресвитерианхо (пуштибонони точирон ва бонкирхои бонуфуз), индепендентхо (хомиёни табакахои миёнаи буржуазия), левеллерхо (чонибдорони гуруххои кучактари буржуазия), диггерхо (мухофизони манфиатхои ахолии камбизоати шахр ва кишоварзон).


Индепендентхо мукобили калисои англикании Англия, бахри таъмини озодии комили эътикоди динй, мустакилияти пурраи чамоахои динй мубориза мебаранд. Яке аз индепендентхо Чон Милтон (1610

  • 1674) дар асархояш «Рочеъ ба хокимияти королхо ва мансабдорон», «Химояи халки англис аз Салмазий» ва диг. халкро сарчашмаи хокимият ва барандаи сохибихтиёрй эълон мекунад, хакки вожгун сохтани хокимияти зиддихалкиро химоя мекунад, чумхуриро шакли маъкули давлат мешуморад, имкони интихоби королро дар давлати демократа пешбинй намуда. аз хукукй интихоботии синфи миёна пуштибонй мекунад.

Индепенденти дигар Олцернон Сидней (1622 - 1683) дар асараш «Мулохизахо дар хусусй хукумат» аз гояи сохибихтиёрии халк пуштибонй мекунад, давлатро натичаи карордоди озодй одамон мешуморад, хакки халкро ба вожгун намудани хокимияти беадолат химоя мекунад, монархияи конститутсиониро маъкул мешуморад.

Ч,онибдори дигари индепендентхо Цеймс Гаррингтон (1611 - 1677) моликиятро иллати пайдоиши хокимият ва омили мухими хокимиятдорй эътироф мекунад, аз чумхурии буржуазй-дворянй пуштибонй мекунад.

Левеллерхо ва пешвои онхо Чон Лилберн (1614 - 1657) аз гояи сохибихтиёрии халк пуштибонй мекунанд, халкро сарчашмаи яго- наи хокимият эълон мекунанд, андешаи дахнопазирии сохибихтиёрии халкро пеш мегузоранд, ризояти халкро асоси ягонаи идорахунй эълон мекунанд, хукукй моликият, озодии шахей, фаъолияти озо- ди саноативу савдо, баробарии назди конун ва судро чун хукукхои тавлидиву чудонопазир мепазиранд, шакли идораи чумхурй, пар- лумони якпалатадор ва хукукй интихоботии умумиро аз сини 21 солагй химоя мекунанд. Ч- Лилберн зарурати аз хам чудо намудани салохияти макомоти конунгузор ва ичроияро пеш гузошта, аз гояи тачзияи хокимият байни хокимияти конунгузор ва ичроия пуштибонй мекунад. Левелерхо хамчунин зарурати аз макомоти маъмурй чудо намудани макомоти судиро мухим мешуморанд. Онхо аз хам чудо намудани дин ва калисоро зарур мешуморанд, аз чумла таъкид ме-


260





кунанд, ки хокимият хакки халли корхои диниро надорад. Аммо левеллерхо чун хомиёни буржуазия ахолии камбизоатро аз хукукй интихобот махрум мекунанд, моликиятдории хусусиро химоя мекунанд, мукобили хар гуна кушиши баробар кардани вазьи амволии одамон баромад мекунанд.


Аз ин хотир, хомиёни манфиатхои ахолии камбизоати шахр ва кишоварзон аз левеллерхо чудо шуда, худро левеллерхои бархак, ё диггер хо меноманд. Пешвои онхо Церард Уинстэнли (1609- 1652), муаллифи асари «К^онуни озодй» буд. У бахри моликияти коллективй, аз чумла моликияти умумй ба замин талош меварзад, хукукй моликият ба заминро фитрй эълон мекунад, моликияти хусусиро иллати хамаи камбудихои чомеа мешуморад, моликияти умумиро ба замин заминаи озодии инсон мешуморад, шакли идораи чумхурии демокра- тиро зимни интихоби хамаи мансабдорон, раъйпурсй, конунгузории халкй бехтарин мешуморад. Мавсуф чун хомии моликияти колективй ба замин талаб мекунад, ки поймолгарони ин моликият бояд вазъи гуломиро гиранд.

Мухофизони сохти кухна аз назарияхое истифода мебаранд, ки ба гояхои динй асос ёфта буданд. Аз чумла назарияи дахлнопазирии хокимияти королиро Клавдий Салмазий таргиб мекунад. Дахлнопазирии хокимияти королй бо он исбот мешаавад, ки хокимият бо амри Худо таъсис гашта, мавриди суикасди ягон кувва набояд карор гирад. Хамзамон назарияи падаршохиро (патриархалиро) Роберт Филмер дар асараш «Патриархия, ё хокимияти табиии корол» ташвик намуда, таъкид ба он мекунад, ки хокимият аз хазрати Одам мерос монда, байни шохон аз наел ба наел мегузарад ва аз ин хотир, одамон хак надоранд тарики шартнома хокимиятро таъсис ку- нанду, дар холати дилхох онро вожгун намоянд.

  1. Томас Гоббс

Томас Гоббс (1588 - 1679) - файласуф ва мутафаккири Англия, муаллифи асархои «Левиафан, ё Материя, шакл ва хокимияти давлати динй ва шахрвандй», «Асосхои фалсафии таълимот дар хусу- си инсон» мебошад. У кушиши муайян намудани конуниятхои гуза- риши одамонро аз холати табий ба давлат ба харч медихад ва дар ин чода конунхои фитрии раванди таърихй, зарурат ва накши давлатро дар чомеа муайян мекунад.

Мавсуф холати табииро, ки дар он одамон бидуни давлат ва конунхои давлатй зиндагй намудаанд, холати «чангй хар инсон бо инсони дигар» меномад. Дар ин холати табий, ба андешаи мутафаккир, «инсон ба инсон гург аст».


261



Се конуни фитрй одамонро водор мекунанд ин холати табииро бахри эмин доштан ва давом додани наели инсонй тарк намоянд:

  1. конуни сулху амонй; 2) конуни имзои карордод (шартнома) дар хусусй химояи манфиати умум аз хисоби хукукхои кулл; 3) конуни ичрои карордод, ки айни замон манбаи адолат аст. Таъкид мешавад, ки сифат%ои инсон, аз кабили хисси таре, майл ба худнигахдорй ва идрок барои амали самараноки конунхои фитрй замина омода мекунанд.

Хамин тарик, дар назарияи Гоббс табиати инсонй ва конунхои фитрй якчоя гузариши одамонро аз холати табий ба хаёти шахрвандй таъмин мекунанд. Мутафакккир мекушад исбот кунад, ки махз равандхои табий одамонро ба давлат наздик мекунанд. Айни замон назарияи хешро мутафаккир бахри исботи зарурати шартнома (карордод) оид ба таъсиси давлат пешкашу омода мекунад, зеро махз конуни фитрй одамонро водор мекунад ба карордоди умум ноил гашта, аз хукукхои хеш ба фоидаи хокимияти навтаъсис даст кашанд.

Аз ин чо Гоббс ба тавсифи хокимияти воло мегузарад, яъне хокимияте, ки тибки конуни фитрй ва зимни карордоди ихтиёронаи одамон таъсис гаштааст. Агар конуни фитрй ва майли табиии одамон омили аввали таъсиси хокимияти волои давлат бошанд, пас омили дигар низ арзи вучуд дорад, ки бе он ин хокимият арзи вучуд надорад. Ин омилро Гоббс кувва меномад, ки барои дар хаёт амалй гаштани конунхо истифода мешавад. Ин чо конунхои фитрй ва конунхои давлат дар назар дошта мешаванд. Хдр ду конун зимни кувва ичро мешаванд ва накши чунин кувваро махз хокимияти мутлак; ва волои давлат ичро мекунад. Аз ин ру, хокимияти давлат барои он зарур аст, ки ичрои конунхои фитрй ва давлатй имконпазир гардад. Айни замон ин хокимият воло ва мутлак тавсиф мешавад.

Тафовути конунхои фитрй ва конунхои давлатро Гоббс дар он эхсос мекунад, ки конунхои фитрй озодии амал буда, конунхои давлат амр ба амал мебошанд. Тибки конунхои фитрй, инсон озодона ин ё он амалро интихоб мекунад, ё аз амал худдорй мекунад. Тибки конунхои давлат бошад, интихоби амал, ё худдорй аз амал озод на- буда, зимни амру фармони хокимияти волои давлат сурат мегирад.

Гоббс аз гояи сохибихтиёрии хокимияти мутпак чонибдорй мекунад. У давлатро чун шахе тасаввур мекунад ва таъкид ба он мекунад, ки ин шахе (давлат) сохибихтиёр буда, дорой хокимияти во- лову мутлак аст. Ба кавли худи Гоббс, «дар шахсияти корол давлат тачассум ёфтааст». Таъкид мешавад, ки хокимияти волои сохибихтиёр зимни карордоди одамон. таъсис гашта, дигар тагйир намеёбад, хатто вожгун намегардад.

Ин андешаи Гоббс ба хотири он пешкаш мешавад, ки давлат (шахе) зимни карордоди ихтиёронаи одамон ва бахри химояи хакки


262



мардум таъсис гаштааст. Чунин давлатро у давлати сиёсй меномад. Аз давлати сиёсй давлатхое фарк карда мешаванд, ки зимни истифодаи кувва, зуроварй, зулм таъсис гаштаанд. Чунин давлатхо давлатхои мустабид номида мешаванд.

Гоббс бахри химояи гояи хокимияти мутлаки давлат (шахе) ба ху- лосаи дигар меояд, ки кушиши тацзияи хокимият боиси «фано ёфтани давлат» мегардад. Ба кавли мутафаккир, «хокимиятхои таксимшуда хамдигарро нобуд мекунанд».

Аз ин ру, таъкид мешавад, ки хокимияти мутлаки давлат салохияти мухимро ба душ дорад, аз кабили конунгузорй, таъини мансабдорон, халли бахсхо, эълоки чанг ва имзои сулхнома ва диг. Кайд мешавад, ки дар ичрои ин салохият хокими воло бо конунхои давлат (шахрвандй) ва иродаи одамон вобаста нест. Гоббс муътакид аст, ки беадолат ва гариконунй арзёбй гаштани хокимияти мутлаки давлат гайриимкон аст.

Химояи хокимияти мутлаки давлат Гобберо ба хулосаи дигар меорад. У гарчанде шаклхои демократй, аристократй ва шохии давлатро чудо намояд хам, дар хама холат аз хокимияти мутлаки монарх, яъне монархияи мутлак, пуштибонй мекунад.

Хокимияти мутлаки давлат вазифахои мухимро дар сохаи иктисодй, тарбия, бахрнавардй, кишоварзй ичро мекунад. Таъкид мешавад, ки хадафи асосии хокимияти мутлаки давлат - накуии халк аст. Хамин тарик, функсияхои мачбурсозй ва ободонии давлат чудо карда мешаванд.

Вазифаи мухими давлат дар таъмини озодй эхсос мешавад. Ба назари Гоббс, озодй ин хукукй ичрои амалесг, ки конуни шахрвандй манъ накардааст, аз кабили озодона бастани ахдномахо; интихоби озодй макони зист, гизо ва тарзи зиндагй; озодй дар тарбияи наели наврас. Аммо хадди озодй, ба андешаи Гоббс, бо конуни шахрвандй муайян мешавад. Аз ин ру, таргиби озодонаи таълимоти исёновар манъ карда мешавад. Ба кавли мутафаккир, таълимоте, ки бар зидди хокимияти волои давлат равона гаштааст, бояд манъ карда шавад.

  1. Ч,он Локк

Чон Локк (1632 - 1704) - мутафаккири Англия, поягузори назарияи либералии нахустбуржуазй, муаллифи асари «Ду рисола дар хусусй идораи давлат» мебошад.

Давлат, ба назари Локк, дар натичаи гузариши одамон аз холати табий ба шахрвандй таъсис мегардад. У андешахои Гоббсро дар ху- суси он ки холати табий «чангй хар кас бо каси дигар» аст, рад мекунад. Ба андешаи мавсуф, дар холати табий одамон дар холати озодиву баробарй зиндагй мекарданд.


263



Хамзамон ин баробарй ва озодй дар робита бо хукук, хукукхои фитрй, конуни фитрй, хокимият тахлил мешаванд. Локк аз чумла менависад, ки дар холати табий одамон озодона. бо амру хохиш аз моликияти хеш истифода мебаранд, хаёти шахсиашонро ташкил мекунанд. Яъне дар холати табий моликият ва моликиятдорй вучуд дорад ва озодии одамон дар он зохир мешавад, ки онхо озодона, бидуни фармони бегона ва дахолат аз моликияти хеш истифода мебаранд.

Баробарии одамон бошад, чунин тасвир мешавад: дар холати табий «хама гуна хокимият ва хама гуна хукук тарафайн буданд, хеч кас дар таносуб бо каси дигар хакки зиёд надошт». Яъне дар бахши хокимиятдорй ва истифода аз хукукхо одамони табий баробар буданд, хеч кас имгиёз ва бартарй надошт.

Х,амин тарик, тибки назарияи Локк дар холати табий озодиву баробарй, моликиятдорй, хукукй фитрй, хукукхои фитрй, конуни фитрй арзи вучуд доштанд. Аммо чй боис гашт, то одамон ин холати баробарро тарк кунанд?

Сабаби гузариши одамонро ба холати шахрвандй ва давлатдорй Локк дар он мебинад. ки дар холати табий макомоти махсус набуданд, то бахсхои байни одамонро барасй намуда, дар хакки чинояткорон чазо татбик намоянд. Аз ин ру, давлатро одамон ба максади таъмини озодиву баробарй, хукукхои фитрй, хифзи шахсият ва моликият таъсис доданд. Локк махсус таъкид мекунад, ки давлат бо ри- зогии одамон, ихтиёран ва бахри хадафхои муайяни марбут ба озодии фардй таъсис шудааст.

Аз ин хотир, давлат чун иттиходи одамон тавсиф мешавад, ки бахри халли бахсхои хукукй ва татбики чазо таъсис шудааст. У дар ин хусус менависад: «Давлат иттиходи одамонест, ки тахти конуни умумии мукарраркардаи хеш муттахид гашта, бахри халли бахсхои тарафайн ва чазои чинояткорон инстансияи судиро ташкил додаанд».

Тавре мушохида мешавад, дар назарияи Локк давлат, якум, иттиходи одамон аст, ки ихтиёран ташаккул меёбад. Дуввум, одамон тахти волоияти конуни умумй муттахид мешаванд. Ин чо, аз як та- раф, волоияти конун, аз тарафи дигар, хислати умумй доштани конун таъкид мешаванд. Саввум, конуни умумиро худи одамон мукаррар мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки конунгузорй салохияти на шохи мутлак, балки халк аст. Чорум, давлат бахри ичрои ду вазифаи мухим таъсис мешавад: 1) халли бахсхои хукукй; 2) татбики чазо нисбати чинояткорон. Панчум, бахри ичрои ин ду вазифа макомоти судй ташкил мешаванд.

Локк давлатро чун шакли итгиходи одамон таъриф дода, хамзамон кушиш мекунад_тафовути онро аз шаклхои дигари иттиходи инсонй муайян кунад. У аз чумла таъкид мекунад, ки давлат аз оила, хочагихо ва г. бо хокимияти сиёсй фарк мекунад. Яъне давлат до-


264





рои хокимияти сиёсй аст. Ба гайр аз давлат хеч як шакли дигари иттиходи одамон хокимият дошта наметавонад.


Хдмин тарик, хокимияти сиёсй аломати фарккунандаи давлат пазируфта мешавад. Ба назари Локк, хокимияти сиёсй барои эчоди конунхо, хифзи моликият, истифодаи чорахои мачбурй бахри таг- мини ичроиши конунхо, мудофиаи давлат истифода мешавад.

Тавре мушохида мешавад, Локк чун хомии манфиатхои буржуазия хадафи конунро дар химояи моликият мебинад. Табиист, ки ин чо моликияти хусусй дар назар аст. Илова ба ин, махсус таъкид мешавад, ки барои таъмини ичроиши чунин конунхо чорахои мачбурии давлат истифода мешаванд.

Локк, тавре зикр гашт, поягузори назарияи либералии нахсут- буржуазй мебошад. У назарияи хешро бахри хифзи шахсият, хукукхои фитрии инсон, озодиву баробарй пешкаш мекунад. Мавсуф бар зидди назарияхо, аз чумла назарияи Т. Гоббс баромад мекунад, ки тибки онхо хангоми таъсиси давлат одамон кулли хукукхову озодихояшснро ба зиммаи хокими воло вомегузоранд. Локк, баръакс, таъкид мекунад, ки хангоми таъсиси давлат одамон наметавонанд худро аз хамаи хукукхову озодихо махрум созанд. У аз чумла менависад, ки хукукхои шахей ба хаёт, ба моликият, озодй ва баробарй хамеша мутааллик ба инсон буда, дар хеч холат тасарруф намешаванд. Бар замми ин, хукукхои дахлнопазир хадди фаъолияти давлат эълон мешаванд.

Локк хамчунин андозаи салохияти хокимияти навташкили сиёсиро низ муайян мекунад. У муътакид аст, ки хангоми таъсиси давлат одамон салохияти хокимияти сиёсиро низ муайян мекунанд. Ин салохият бо хадафи асосии хокимияти сиёсй муайян мешавад. Таъмини истифодаи хакки зиндагй, хифзи саломатй, ихтиёрдории озо- ди моликият (замин, пул, мазнил) хадафи асосии хокимияти сиёсй эълон мешавад,

Хамин тарик, хадафи хокимияти сиёсй бо хадафхои либералы, яъне таъмини хукуку озодихои шахе, пеш аз хама моликиятдо- рии хусусй муайян мешавад Локк хадафи хокимияти сиёсиро ба шароитхои инкишофи давлати буржуазй мутобик мекунад.

Локк чун хомии гояхои либералй аз конун ва конуният пуштибонй мекунад. Тавре зикр гардид, якчоя бо таъсиси давлат одамон конуни умумиро низ мукаррар мекунанд. Ин конуни умумй барои чудо намудани некиву бадй, амалои нек ва бадй инсон хизмат мекунад. Конун чун падидаи нек тасвир мешавад.

Таъкид мешавад, ки конун агарчанде умумй бошад хам, дар хар Холат бояд манфиатхои шахеи алохидаро ба инобат гирад. Бахри расидан ба ин хадаф дар конун амалхое пешбинй мешаванд, ки аз як тараф, мутобик ба манифати умум буда, аз тарафи дигар, чавобгуи манифиатхои шахей мебошанд.


265





Дар тахлили маънй ва нишонахои конун Локк чун хомии
гояхои либерала аз манфиатхои фард пуштибонй мекунад. У зарурати робитаи тарафайни манфиати умумй ва манфиати фардиро зарур мешуморад. Мавсуф хатто таъкид мекунад, ки конун дар холати надоштани чунин нишона ба маънои аслй конун нест. Яъне манфиатхои умум тобеи манфиатхои фард гардонида мешаванд.

Чунин нуктаи назар тасодуфй нест. Пуштибонй аз гояи фардй нишонаи асосии либерализми буржуазй (гарбй) мебошад.

Дар баробари нишонахои зикршуда хамчунин таъкид мешавад, ки конун бояд хамеша устувор бошад. Устуворй бошад, амали да- розмуддати конунро таъмин мекунад.

Храмин тарик, дар назарияи Локк чахор нишонаи мухими конун муайян мешаванд: 1) ифодаи манфиати умум (махаки некй ва бадй);

  1. химояи манифатхои фард; 3) усутворй; 4) амали дарозмуддат.

Локк аз гояи волоияти конун пуштибонй мекунад. У таъкид мекунад, ки идораи давлат бояд «зимни конунхое» сурат гирад, ки аз чониби халк мукаррар гаштаанд.

Ба гуфти Локк, тартиби идораи давлат мутобики «конуни доимй» муайян мешавад. Мутафаккир, ки аз устувориву дарозмуддат будани конун харф мезанад, идораи давлатро низ бо «конунхои мунтазам амалкунанда» алокаманд мекунад. Аз ин ру, худи идораи давлат низ мунтазам ва усутвор сурат мегирад.

Локк чун пуштибони волоияти конун махсус кайд мекунад, ки идораи давлат бояд мутобики махз конун сурат гирад, на фармонхои чудогона. Мутафаккир бо ин акидааш ба тафовути чиддии байни конун ва фармон ишора карда, нуфузи бештари конунро эътироф мекунад.

Локк хамчунин аз риояи хатмии конунро харф мезанад. Ба ибораи дигар, риояи конун, яъне конуният кафолати волоияти конун пазируфта мешавад. Ба акидаи мутафаккир, риояи конун дар холате имконпазир мегардад, ки хама аз конун бархурдор буда, онро риоя кунанд.

Ин чо ду омили мухими конуният муайян мешаванд: 1) бархур- дории хама аз конунхо, 2) риояи конунхо аз чониби хама. Махсус таъкид мешавад, ки халк бояд бо конунхо шинос бошад. Хамзамон хатмй будани конун барои хама таъкид мешавад. Локк махсус таъкид мекунад, ки хеч кас, ягон макоми давлат аз риояи конун наметавонад саркашй кунад.

Дар пешбарии гояи волоияти конун ва конуният Локк бори дигар аз гояи либералй химоя мекунад. У аз чумла таъкид мекунад, ки нуфузи конун аз таъмини озодии шахе вобаста аст. Яъне хар кадар озодии бештари фард таъмин бошад, ба хамон андоза нуфузи конун бештар мегардад. Мутафаккир муътакид аст, ки химояи шахе аз иро-


266





дай мустабид ва худсарии одамон, яъне аз зулму ситами шохй ва худ- сарии одамон кафолати таъмини озодии шахей мебошанд.


Хамин тарик, хаёти озодона, ташкили озодй хаёти шахей, истифодаи озодй моликияти хусусй дар мачмуъ озодии вокеии шах- сро таъмин мекунанд. Бахри химояи озодии шахей аз холатхои имконпазири зулму ситам ва худсарии аъзои дигари чомеа дар давлат конун амал мекунад. Хадаф ва накши конун махз дар хифзи озодии шахе эхсос мешавад. Бар замми ин, конун нуфузи воло дошта, барои хама хатмист. Хуллас, Локк ба хулоса меояд, ки озодии инсон бе к,онун гариимкон аст, ё тавре у менависад: «Он чое, ки конун нест, оозодй низ вучуд надорад».

Лозим ба ёдоварист, ки аз хамин гояхо минбаъд либераяхо ва сипас либертаристхо истифода мебаранд. Чунончи, дар назарияи ли- бертарии B.C. Нерсесянс хукук ба маънои меъёри озодй тавсиф мешавад. Либертаристон аз гояи фардй, озодии фардй пуштибонй мекунанд. Аз чумла таъкид ба он мекунанд, ки хукук дар холати набудани озодии фардй арзи вучуд надорад.

Тавре зикр гардид, дар назарияи Локк мувофикати манфиати умум ва хусусй зарур аст. Чунончи, хангоми таъсиси давлат одамон конуни умумиро мукаррар мекунанд. Аммо конун дар холате конун аст, ки агар манфиатхои фардро ифода ва химоя намояд. Пас чй тавр мувофикати манфиатхои умум ва фардй имконпазир мегардад?

Ин масъаларо Локк тавассути исботи равобити тарафайни манфиати умум ва манфиати фардй хал мекунад. У таъкид мекунад, ки инсон чузъи иттиходи умумй (давлат) буда, озодии инсон чузъи манфиати умум аст. Ба андешаи мавсуф, бе таъмини озодии хар фард манфиати умумро наметавон таъмин намуд.

Хамин тарик, нуфуз ва накши халкунандаи озодии фард эътироф мешавад, чунки махз озодии фардй заминаи таъмини манфиати умум аст, бидуни озодии фард манфиати умум таъмин нест. Бо ин андешахояш Локк исбот карданй мешавад, ки нуфузи озодии фард дар таъмини манфиати умум халкунанда аст.

Локк аз гояи тацзияи хокимият пуштибонй мекунад. Уг чудо намудани хокимияти конунгузор ва хокимияти ичроияро зарур мешуморад. Хокимияти конунгузор мансуби парлумон, хокимияти ичроия бошад. мансуб ба шох ва кабинета вазирон аст. Айни замон хокимияти конунгузор воло эълон мешавад.

Локк шакли идораи шохигарии мутлацро рад мекунад. Давлати мустабид бошад, катъиян маэусум мешавад, зеро дар он «хокимият бидуни хукук амалй мешавад». У чонибдори монархияи конститутсионй мебошад. Зимни тахлили давлати мустабид Локк ба хулоса меояд, ки хангоми истифодаи зулму ситам халк хакки исён ва вожгун сох- тани хокимияти золимонро пайдо мекунад.


267



f


БОБИ 9. АФКОРИ СИЁСИВУ ХУКУКИИ АВРУПО ДАР АСРХОИ XVII - XVIII

9.1. Волтер Франсуа Мари

Волтер Франсуа Мари (1694 - 1778) - мутафаккири Фаронса, хомй ва таргибгари гояхои маорифпарварй, мунаккиди сохти феодалй, чонибдори гояхои озодй ва инсондустй мебошад. У калисои католикиро сабабгори асосии хамаи бадбахтихои чомеа, аз чумла чохилию хурофотпарастй мепиндорад. Мавсуф зимни танкиди калисо ва рухониён то хадде мерасад, ки хатто Худоро хам зери танкид мегирад. Ба ин ниох накарда, мавчудияти Худо эътироф мешавад. Озодии эътикод чавхари хама гуна озодй эълон мешавад.

Волтер чун таргибгари гояхои маорифпарварй, пешрафти чомеаро бо аклу дониш ва маърифат алокаманд мекунад. Аммо у ба. маърифати авом, одамони касбу кори чисмонй боварй надорад. У кушоду равшан эъроз мекунад, ки гояхои маорифпарварй барои «дузандахо ва косибон» пешбинй намешаванд. Мутафаккир ба сатхи маърифати одамони каторй бо як нобоварй муносибат мекунад, хатто огох мекунад, ки агар мардуми авом зимни маърифатнокии хеш ба мулохиза пардозанд, пас «хама чиз барбод меравад».

Волтер аз гояхои озодй, баробарй, хукукхои фитрй бисер харф мезанад. Вале у аз озодии мах,з шахе, озодии фардй пуштибонй мекунад. Барои мутафаккир озодии аксар ё кулли одамон кобили кабул нест. Мавсуф хатто таъкид мекунад, ки хокимиятдории халк, ширкати халк дар хокимиятдорй хатари чиддй доранд.

Хамин тарик, Волтер хомии гояи либералии озодии фард аст. Андешахои у бахри химояи манфиатх,ои табакахои нави буржуазй, таъмини пешрафти муносибатхои нави буржуазй хизмат мекунанд. Ин муносибатхо, тавре маълум аст, зимни махз озодии фардй, фардпарастй, моликиятдории хусусй ривоч меёбанд. Хатто озодй фардй, ки аз чониби либералхо химоя мешавад, аслан озодии ху- сусист.

Волтер озодии фардро то хадде мерасонад, ки одами озодро пурра мухтор, мустакил эълон мекунад. Ба назари у, шахеи озод


268



пурра мухтор буда, аз одамони дигар ягон вобастагй надорад. Ин андешахои Волтер маънои онро доранд, ки чомеа ба муачмуи аф- роди мухтор ва аз хам новобаста табдил меёбад. Х,ар фард озодии хусусй, манзил, амвол ва умуман моликияти хусусй, эътикоди хусусй. андешаи хусусй ва дигар неъматхои хусусй дорад. Волтер тавассути мухтории шахе кушиш мекунад озодй ва мустакилияти фардро таъмин кунад. Аммо чунин мулохиза ба чомеаи афроди мухтор, веле сохибмулкони хусусй меорад. Худи Волтер бештар аз манфиатхои махз сохибмулкони хусусй харф мезанад.

Бояд зикр намуд, ки Волтер агарчанде аз новобастагии одамони мухтор харф занад хам, вале озодиро бо конун алокаманд мекунад. Ба андешаи у, озодй «аз конун вобаста аст».

Истилох ва мафхуми «озодй» дар назарияи Волтер пурра ба манфиати фард тобеъ карда мешавад. У аз чумла озодии андеша ва мат- буотро чавхари озодиии шахе эълон мекунад. Табиист, ки ин андешаи мутафаккир бахри вусъати оштинопазирии шахе ба сохт, тафак- кур ва одатхои кухнаи феодалй истифода мешуданд.

Мутафаккир озодии эътщодро низ чавхари озодии инсон эълон карда, аз он пуштибонй мекунад. Айни замон озодии эътикоди динй махз бар зидди нуфузи калисои католикй, бахри аз байн бур- дани чохилию хурофотпарастии одамон, озод намудани одамон аз таъсири калисо истифода мешавад.

Чонибдори манфиатхои буржуазия будани Волтер дар он зохир мешавад, ки у озодии мех,натро эълон карда, айни замон мехнатро обекти хариду фуруш мешуморад. Озодии мехнат ба маънои интихоби озодй касбу кор дарк намешавад. Ба акидаи мутафаккир, озодии мехнат маънои онро дорад, ки хар кас хак дорад «озодона мехнати хешро ба касе фурушад, ки музди бештар медихад».

Бар замми ин, озодии мехнат мутааллик ба мехнаткашон эътироф мешавад. Ба андешаи Волтер, танхо мехнаткашон мехнат мекунанд ва хамин мехнаткашон, ба кавли мавсуф, «кобилият ба маърифатнокй надоранд» ва агар дошта бошанд хам, ба чомеа «ха- тарнок мешаванд».

Барои хамин, у менависад, ки «мехнат моликияти касонест, ки хеч гуна моликият надоранд». Табиист, ки ин гуна шахсони махрум аз моликияти хусусй дар давраи зиндагии Волтер махз мехнаткашон, одамони кашшок буданд. Тибки андешаи Волтер, махз хамин тоифаи одамон хак дорад озодона мехнаташро ба сарватмадон фурушад.

Волтер муътакид аст, ки хамаи халкхо бинобар доштани сифатхои ягонаи табий, аз чумла майл ба озодй, метавонанд зимни як Конуни умумй зиндагй намоянд. У ишора ба он мекунад, ки даъво аз хамон як беморй дар кулли чахон як аст ва хамин тавр конунхо низ умумй буда метавонанд. Мутафаккир миллатхоро ба «бозинга-


269





рони шохмот» шабохат дода, кайд мекунад, ки гарчанде бозингарон дар кишвархои гуногун хар хел бозй кунанд хам, вале хамаи онхо «тобеи конунхои умумй мебошанд». Айни замон мавсуф огох мекунад, ки конунхои зиндагй мисли коидахои бозй нестанд ва хар гуна хатогй дар ин бахш боиси хурофот ва бадбахтй мегардад.


Волтер баробариро дар робита бо озодй тахлил мекунад. Ба андешаи у, афроди озод бо одамони ба онхо баробар арзи хастй доранд. Баробарй ба одамони озод пахн карда мешавад. Танхо одамони озод баробар шуда метавонанд. Ин баробарй аслан баробарии кулли одамонро дар назар надошта, балки маънои онро дорад, ки одамони озод бо одамони озод равобит доранд. Хдмзистии одамони озоду баробар «хаёти мукаррарй инсонй» эълон мешавад.

Волтер аз баробарии шаклй, яъне баробарии одамони озод дар назди конун пуштибонй мекунад. У мукобили баробарии амволй (вокей) мебошад. Мутафаккир муътакид аст, ки аз нигохи амвол одамон баробар нестанд.

Илова ба ин, ба нобаробарии амволии одамон хислати сиёсй дода мешавад. Аз чумла таъкид мешавад, ки вазъи инсон дар чомеа аз моликият вобаста аст. Бар замми ин, Волтер кушоду равшан эълон мекунад, ки танхо сохибмулкон хакки овоздихй доранд. Ин чо сохибони моликияти хусусй, яъне сохибмулкони хусусй дар назар дошта мешаванд.

Волтер шакл%ои идораи цумхурй, монархияи мутлак, ва монархияи конститутсиониро тахлил мекунад.

Ба назари у, цумхурй яке аз нахустин шаклхои идора буда, зимни инкишофи табий ва дар натичаи муттахид гаштани оилахо таъсис мешавад. Аз ин ру, таъкид мешавад, ки чумхурй одамонро ба холати табий наздик мекунад. Волтер табиист, ки аз шакли идораи демократй ва умуман аз демократия пуштибонй намекунад, зеро у ба маърифати мардуми авом, ба таълиму тарбияи мехнаткашон, ба иштироки халк дар идоракунй бо нобоварии комил ва чидцй муно- сибат мекунад.

Волтер монархияи конститутсионии Англияро химоя мекунад. У сохти давлатдории Англия, махсусан низоми судии англисиро хуб пазирой мекунад.

Волтер пуштибони монархияи маорифпарвар аст. У муътакид аст, ки таъмини озодиву баробарй, волоияти конун танхо зимни фаъолияти хокимияти мутлак имконпазир аст. Аммо сарварии давлат дар монархияи мутлак ба шо%и бомаърифат (маданй) мансуб дониста мешавад. Шохи бомаърифат чун «тухфаи осмонй» пазирой мешавад. Зиёда аз ин, идораи боз хам хубтар бо файласуф вобаста карда мешавад. Хукмронии файласуф «давраи хушбахтта- рин» эълон мешавад.


270


1   ...   26   27   28   29   30   31   32   33   ...   58


написать администратору сайта