Главная страница
Навигация по странице:

  • Эъломияи истиклолияти ИМА

  • Александр Гамилтон

  • 11.7. Ч е ймс Мэдисон

  • тарихти афкори сиёси. х.. Китоби дарси


    Скачать 0.9 Mb.
    НазваниеКитоби дарси
    Дата10.05.2018
    Размер0.9 Mb.
    Формат файлаdocx
    Имя файлатарихти афкори сиёси. х..docx
    ТипДокументы
    #43230
    страница38 из 58
    1   ...   34   35   36   37   38   39   40   41   ...   58

    Томас Нефферсон

    Т. Ч,ефферсон (1743 - 1826) - муаллифи Эъломияи истиклолияти ИМА (1776), губернатори штати Виргиния (1779 - 1781) ва сипас Президенти саввуми кишвар (1801 - 1809) мебошад.

    Т. Чефферсон хануз дар асараш «Шархи умумии хукукхои Амрикои Британй» короли Англияро даъват мекунад, ки «хукукхои табиатан хоси халкро» риоя кунад, «дар хидмати мардум бошад» ва доимо «зери назорати халк фаъолият барад».

    Мавсуф аз озодии андеша пуштибонй намуда, онро дар Конуни штати Виргиния дар хусусй озодии вичдон (1777) ифода мекунад. Бояд зикр намуд, ки мутафаккир худаш муаллифи Конуни номбур- да буд. Дар Конун озодии эътикоди динй хукуки фитрии инсон эълон х%1ешавад. Таъкид мешавад, ки озодии эьикоди динй чун хукуки фитрй ба зиммаи ягон хукумат вогузошта намешавад.

    Т. Чрффсрсон бахри маърифати ахолии Амрико бисёр захмат ме- кашад. У меъмори донишгохи штати Виргиния буда, пас аз бинои донишгох ба он сарпарастй мекунад. Мавсуф хамчунин ба чамъияти фалсафии амрикой раисй мекунад.

    «Ишорахо оид ба штати Виргиния» асари калонхачми мутафаккир буда, ба таърихи штати Виргиния бахшида мешавад. Дар он мавсуф аз хатари коррупсия дар макомоти волои давлат огох мекунад. Т. Чефферсон муътакид аст, ки ба хокимиятдорон хамеша бо- вар намудан нашояд, зеро бо мурури замон коррупсия «хукумат ва бештари ахолиро фаро мегирад», хукумат «овози халкро мехарад». Мавсуф хамчунин ба хатари истибдод ишора мекунад.

    Т. Ч,ефферсон пас аз он, ки бо карори Суди Олии ИМА дар робита бо кори «Мэрбэри мукобили Мэдисон» назорати судй дар сохаи риояи Конститутсия чорй гардид, дар мактубаш ба Чарвис чунин ибрози акида мекунад:

    «Хдкамони волои кулли масоили конститутсионй шуморидани судяхо, бешубха, нуктаи назари хатарнок аст, то хадде, ки моро ба мутей хокимияти олигарххо мегардонад. Судяхои мо ба мисли одамони дигар вичдон доранд, на бештар аз онхо. Онхо, ба мисли дигарон, майли хокимият, рагбати хизбй ва шавк ба имтиёзхои сохто- рии хеш доранд... ва хокимияти онхо боз бештар хатарнок аст, ки ба онхо якумра дода мешавад».


    318



    Т. Чефферсон аз шакли идораи чумхурй пуштибонй мекунад. Ба назари у, чумхурй бояд дар сатхи кулли кишвар, штат, округ, нохия амалй гардад. Дар сатхи давлати федеролй идораи чумхурй дойр ба масъалахои сиёсати федеролй ва хоричй амалй мешавад. Дар сатхи штат масъалахои марбут ба шахрвандхо ва дар сатхи округу нохия масъалахои кучактар зимни фаъолияти макомоти чумхуриявй баррасй мешаванд.

    Мавсуф чонибдори идораи аксари ахолй буд. У андешахоро дар хусусй чудо намудани идораи аксари ахолй, гурухи одамон ва шах- си алохида намепазирад ва муътакид аст, ки идора хамеша зимни иштироки аксари ахолй сурат мегирад. Ба назари мавсуф, зараре, ки аз халк интизор шудан мумкин аст, аз зарари гурухи хурди хокимон камтар аст. Ба хар хол, дар охири хаёташ Т. Чефферсон аз идораи шахсони цобилиятдор пуштибонй мекунад. Ба назари у, аристокра- тияи акдй аз аристократияи сарватмандон афзалтар аст.

    Сахми бузурги Т. Чефферсон, бешубха, дар тархрезии Эъломияи истиклолияти ИМА мебошад. Дар Эъломия у гояхои демократй ва инсоншиносиро дарч мекунад, ки барои мархилахои минбаъда мухим буданд, аз кабили сохибихтиёрии халк, хакки халк ба таъсиси хукумат, тобеи халк будани хукумат. Тибки Эъломия, инсон чахор хукуки фитрй ва чудонопазир дорад, ки аз чониби Офарида- гор сохиби онхо гаштаст, аз кабили хацци зиндагй, ХУКУК ба баробарй, ба озодй ва майл ба хушбахтй.

    У хамчунин х;ук,уци хар инсон ва х,ар гурухи одамонро ба худидора эътироф мекунад. Дар ин хусус мавсуф менависад: «Хар инсон ва хар иттиходи одамон, ки сокини замиканд, хак ба худидора доранд. Онхо ин хукукро дар иртибот бо зиндагияшон аз табиат касб мекунанд».

    Мутафаккир таъкид мекунад, ки хукукхои инсон аз ягон хукумат вобаста нестанд. Ба кавли у, «ягон давлаге, ки заминаи аслй ва боадолат дорад, набояд хукуки инсонро поймол кунад».

    1. Александр Гамилтон

    А. Гамилтон (1757 - 1804) - пешвои федеролистхои Амрико, пуштибони хукумати федеролии марказонидашуда буд. У ба мисли федеролистхо аз хокимияти халк, чонибдорй намуда, хамзамон ишора ба иллатхои фитрати инсонй мекунад. Ба назари федеролистхо, махз иллати инсонй боис мегардад талаботи аклу адолат риоя нашаванд.

    Хамчунин таъкид мешавад, ки макомоти давлатй махсули аклу иродаи инсон буда, ба ин хотир, тарафхои мусбй ва манфй доранд. Ба акидаи федеролистхо. дар идораи давлат хамеша тазоди манфиатхои


    319



    умумй ва манфиатхои хусусй ба чашм мерасад ва дар бештар мав- рид манфиатхои умумй тобеи манфиатхои хусусй мегарданд.

    А. Гамилтон зарурати истифодаи мувозинату мутакобилияти шохахои хокимиятро махз дар робита бо худпарастии одамон исбот мекунад. Ба назари мавсуф, одамон майл ба худбинй, шухратпарастй ва харисй доранд ва махз сифатхои бадй инсонй имкон намедиханд манфиатхои умум голиб оянд. Таъкид мешавад, ки одамон бояд ба хамкорй бахри манфиати умум водор карда шаванд. Шакли чунин хамкориро у дар мувозинату мутакобилияти хокимиятро мебинад.

    Мутафаккир муътакид аст, ки бидуни чунин хамкории хамагонии одамон «конститутсия лофзании бехуда аст». У халкро «хайвонй бу- зург» номида, хокими хирадмандро даъват ба эхтиёткорй мекунад. Таъкид мешавад, ки норозигй ва балвохои халк ба хокимият хатари чиддй доранд.

    А. Гамилтон якчоя бо федеролистхо Ч Чей ва Ч Мэдисон силсилаи маколахоро дар мачаллаи «Федеролист» аз мохи октябри соли 1787 то мохи май соли 1788 интишор мекунанд. Федеролистхо дар маколахои хеш аз хукумати федеролии мутамарказ химоя мекунанд. Бар замми ин, онхо минбаъд ба вазифахои баланди давлатй дар хукумати марказ мушарраф мегарданд, аз чумла А. Гамилтон вазири молия, Ч Чей раиси Суди олй таъин мешаванд, Ч- Мэдисон бошад, Президенти кишвар интихоб мешавад.

    А. Гамилтон дар яке аз маколахояш дар сахифахои «Федеролист» бахри химоя аз салохияти номахдуди хукумат дар сохаи му- дофиа акида пешкаш мекунад. Таъкид мешавад, ки дар ин соха муайян намудани сатхи ниёзи миллат ба мудофиа ва эътимоднокии воситахои зарури мудофиа гайриимкон аст. Бо чунин далелхо у аз гояи хукумати федеролии марказонидашуда химоя мекунад.

    Мавсуф аз тацзияи хокимиятхо пуштибонй намуда, ишора ба он мекунад, ки хокимияти ичроия дорой шамшер, Конгресс сохиби маблаг буда, судя аклу хирад дорад. У аз таъини якумраи судяхо химоя мекунад. Ба назари у, судяхое, ки якумра таъин мешаванд, мустакил, обруманд буда, маоиши хуб мегиранд, масъулияти баланд доранд.

    1. Чон Адамс

    Ч- Адамс (1735 - 1826) - пуштибони мустакилияти мустамликахо, мунаккиди хукумат ва парлумони Англия буд. У аз истиклолияти мустамликахои Амрикои Шимолй дар сохаи идоракунй ва конунгузорй химоя намуда, фаъолияти хукумат ва парлумони Англияро дар ин соха зери танкид мегирад, аз чумла таъкид мекунад,


    320





    ки хукуматдорони Англия бинобар фасодкориашон хак надоранд бар мустамликахо фармонравой намоянд.


    У ба интихоби шакли муносиби давлат эътибори чиддй дода, бахри рушан намудани ин масъала аз асархои мутафаккирони гузашта, аз чумла асархои Сисерон, ба хусус дар масъалаи шакли омехтаи давлат васеъ истифода мебарад. Х,амчунин тачрибаи давлатдории юнониву римй, аврупой ва таърихи начандон калони штатхои чудогонаи Амрико ба инобат гирифта шуда, зимни истифода аз усули мукоисавй афзалиятхои шаклхои алохидаи давлат муайян мешаванд.

    Ба назари мавсуф, монархия, аристократия ва демократия шаклхои соддаи давлат ва ифодаи истибдод мебошанд. Аз ин хотир, аз шакли идораи омехта пуштибонй мешавад. Ин шакли омех- та бояд се унсури асосй дошта бошад: 1) хокимияти ичроия; 2) палатаи болоии аристократа дар парлумон; 3) палатаи поёнии демократй дар парлумон. Таъкид мешавад, ки байни ин се хокимият мувозинати дахлдор бояд таъмин бошад.

    Мутафаккир муътакид аст, ки чунин шакли мувозинатии хокимиятхо зимни гояи «хукмронии конунхо, на одамон» амалй гашта, ба вокей гаштани конунхо меорад.

    Мавсуф дар асари сечилдааш «Бахри химояи конститутсияхои хокимияти хукумати ИМА» (1787 - 1788) масъалаи шакли давлатдории Амрикоро дар робита бо тачзияи хокимият баррасй мекунад, аз чумла интихоби ин ё он шакли давлатдориро дар иртибот бо таносуби хокимиятхо муайян мекунад. У хокимияти конунгузор, ичроия ва судиро чудо намуда, зарурати мувозинату мутакобилияти онхоро зарур мешуморад. Айни замон аз хокимияти ицроияи тавоно пуштибонй мекунад ва ба хулоса меояд, ки зимни ин хокимият шакли идораи шориро истифода намудан мувофики максад аст. Рохи халли масъаларо мавсуф дар он мебинад, ки ашрофон шохро (ко- ролро) зери назорат мегиранд, вазирон бошанд, фаъолияти ашро- фонро назорат мекунанд.

    Ч,- Адамс зарурати вучуд доштани табакахои нобаробари ахолй ва умуман, нобаробарии ицтимоиро химоя мекунад, аз чумла ба син- фи ашрофон, синфи одамони каторй ва диг. ишора мекунад. Айни замон таъкид мешавад, ки нуфузи ашрофон баланд аст. Мавсуф бо истифода аз далелхои таърихй исбот карданй мешавад, ки дар хамаи мархилахои таърихй махз ашрофон табакаи бонуфуз буданд. У хангоми тавсифи ахамияти шакли идораи шохй ба ашрофон макоми баландро муносиб медонад, зеро онхо худи шохро (королро) зери назорат мегиранд.


    321



    11.7. Чеймс Мэдисон


    Ч- Мэдисон (1751 - 1836) - яке аз поягузорони назария ва амалияи конститутсионии Амрико, чонибдор ва таблиггари гояхои идораи чумхурй, тачзияи хокимият, назарияхои хукуки фитрй ва шарт- номавй мебошад. Мавсуф агарчанде яке аз иштирокчиёни фаъоли мачаллаи «Федеролист» бошад ха.м, дар охири хаёташ бо андешахои демократхо, чонибдорони чумхурй хамоханг мешавад. Мухаккикон хизмати мутафаккирро дар он мебинанд, ки ба туфайли маколахои махз Ч- Мэдисон мачаллаи «Федеролист» макоми сарчашмаи хукуки конститутсиониро пайдо мекунад.


    Зимни баррасии чумхурй мавсуф аз андешахои геополитикй истифода намуда, ишора ба он мекунад, ки худуди кишвар, алалхусус дар холати низои шахрвандй боиси шикасти чумхурй мешавад. Хамин тарик, имкони истифодаи шакли идораи чумхурй аз омили чугрофию ичтимой вобаста карда мешавад.

    Таъкид мешавад, ки давлати худудаш калон ба шарте устувор мемонад, ки агар ахолии бештари он синфи миёнаро ташкил диханд. Мутафаккир муътакид аст, ки махз синфи миёна ниёзи миёна дорад, зиндагии каноатмандона мебарад. майл ба шакли идораи эътидолпа- зир дорад. Дар натича синфи миёна, ки бештари ахолиро фаро мегирад, аз табакахои сарватманд ва бенаво худро озод мекунад. Ин табакахо «факсияхо» номида мешаванд. Аз ин хотир, Ч- Мэдисон- ро яке аз муаллифони назарияи факекя меноманд.

    Дар адабиёти илмй таъкид мешавад, ки Фукидид, Макиавелли, Юм, Адамс ва дигарон аз андешаи факсия истифода намуда, оид ба он ибрози акида намудаанд. Мэдисон мафхуми «факсияро» тагйир медихад. Ба гуфти у, факсия гурухи шахрвандон аст, ки зимни рагбат, манфиат ё андешаи умумй муттахид гашта, ба фаъолият водор мешавад, вале айни замон мухолиф ба хукукхои шахрвандони дигар ва манфиати умумии чомеа мебошад.

    Хамин тарик, факсияхо (гуруххои шахрвандон) тибки назарияи Мэдисон танхо аз манфиатхои гурухии хеш химоя намуда, манфиатхои шахрвандони берун аз факсияхо ва умуман, манфиатхои умумии чомеаро сарфи назар мекунанд. Аз ин ру, мутафаккир аз зарари факсияхо харф мезанад. Айни замон роххои пешгирии ин зарари факсионй баррасй мешаванд, ба мисли пешгирии ташкилшавии факсияхо, ё танзими фаъолияти факсияхои ба миён омада.

    Таваччухи махсус ба сабабхои пайдоиши факсияро дода мешавад. Тафовути амволии одамон яке аз сабабхои пайдоиши факсияхо эътироф мешавад. Таъкид мешавад, ки махз таксими нобаробари моликият сабаби асосии пайдоиши факсияхо мебошад.


    322





    Ишора ба он мешавад, ки худи одамон низ майли факсионй доранд. Ба назари Мэдисон, ин кабил одамон хисси махалгарой доранд, бо роххои гуногун сохиби овозхои интихобкунандагон гашта, ба макоми намояндагй интихоб мешаванд, вале сипас ба манфиатхои интихобкунандагон ва умуман халк хиёнат мекунанд.


    Сабабхои дигари пайдоиши факсияхо низ баррасй мешаванд, аз кабили андешахои гуногуни одамон дар масъалаи дин, хокимият ва

    диг., пайравй ба пешвоёни сиёсй ва шахсиятхои бузург.

    Ба акидаи Мэдисон, шумора ва таносуби факсияхо аз худуди давлатхо вобаста аст. Аз чумла дар давлатхои хурд тафовути факсионй байни аксарият ва акалияти ахолй мушохида мешавад, дар давлатхои калон шумораи номахдуди факсияхо амал мекунад.

    Мутафаккир муътакид аст, ки тафовути ичтимой низ ба чумхурй таъсир мерасонад. Ба назари у, сабаби тафовути ичтимой кобилияти одамон ва гуногунии манфиатхо мебошанд. Омили иктисодй сабаб- гори асосии тафовути ичтимой эътироф мешавад. Таъкид мешавад, ки гуногунии манфиатхои иктисодй омилест, ки мунтазам боиси тазоди ичтимой мегардад.
    1. 1   ...   34   35   36   37   38   39   40   41   ...   58


    написать администратору сайта