тарихти афкори сиёси. х.. Китоби дарси
Скачать 0.9 Mb.
|
Гояи «сохибихтиёрии комили штатхо». Нон Калхун Ч- Калхун (1782 - 1850) - мутафаккири намоёни сохаи хукук ва сиёсат, сенатор аз штати Королинаи Чанубй, вазири мудофиа дар кабинета (хукумати) Монро, ноиб-президенти Ч, Адамс ва Э. Никсон буда, муаллифи асархои «Тахкики хокимияти хукумат», «Мулохиза оид ба конститутсия ва хукумати ИМА» мебошад. У баробариву озодии одамонро дар холати табий имконнопазир мешуморад, гояи маорифпарваронро дар хусусй он ки хамаи одамон озод тавлид мешаванд, зери шубха карор медихад, мукобили андешахои Т. ЧеФФеРсон баромад мекунад, аз чумла баробарии сиёхпустону сафедпустони Амрикоро маъкул намешуморад, Эъломияи истиклолияти ИМА-ро дар бахши озодиву баробарии одамон сабабгори тазоди дохили кишвар эълон мекунад. Мавсуф чудонопазирии сорибихтиёриро талкин мекунад, имкони ба хукумати федеролй вогузоштани салохияти хокимиятиро рад мекунад. У аз гояи сохибихтиёрии комили х,ар як штат пуштибонй мекунад, хукукхои сохибихтиёри штатро аз салохияти хукумати федеролй боло мегузорад, воло ва дахлнопазир будани сохибихтиёрии штатро химоя мекунад, хакки аз давлати федеролй озодона баромада- ни штатро имконпазир мешуморад. Таъкид мешавад, ки сохибихтиёрй ба ахолии штатхо тааллук дорад ва махз халкхои хамин штатхо тавассути конститутсия ва 323 сохтори конститутснонии хеш намояндагони хешро барои муар- рифии сохибихтиёрии штатхо пешбарй мекунанд, сипас намояндагони штатхо соли 1787 дар Филаделфия зимни карордод хукумати федеролиро таъсис медиханд. Ба ин хукумати федеролй штатхои сохибихтиёр салохияти хокимиятиро вомегузоранд. Дар натича хукумати федеролй танхо салохияти вогузоштаи штатхоро амали намуда, хак надорад ба хукукхои дахлнопазири штатхо дахолат кунад. Дар холати дахолати хукумати федеролй ба хукукхои сохибихтиёри штат бошад, холати мутакобилияти штат ва хукумат cap мезанад. Дар ин холат штат хак дорад зимни истифода аз озодии конс- титутсионии хеш ба хукумати федеролй мукобилият нишон дода, Конвенти штатро барои бекор намудани карори хукумати федеролй водор кунад. Дар натичаи истифодаи ин салохияти Конвент карори хукумати марказй дар худуди штат амал карда наметавонад 324 БОБИ 12. АФКОРИ СИЁСИВУ ХУКУКИИ АВРУПО ДАР НИМАИ ЯКУМИ АСРИ XIX
Черемн Бентам (1748 - 1832) - файласуф ва мутафаккири намоёни Англия, поягузори гоя ва назарияи манфиатпарастй, мунаккиди назарияи хукукхои фитрии инсон, муаллифи асархои «Сарсухан ба принсипхои ахлок ва конунгузорй», «Порча аз хокимияти хукумат», «Асосхои пешбарандаи кодекси конститутсионй барои хамаи давлатхо», «Деонтология, ё илм оид ба сиёсат» мебошад. И. Бентам поягузори, назарияи манфиатпарастй шинохта мешавад, ки тибки он мабдаи амали инсонро манфиат ташкил медихад. Ин назария зимни истифода аз андешахои Т. Гоббс, Ч- Локк, Д. Юм, Гелветсий, Голбах пешкаш гашта, асосан такя ба андешахои зайл дорад: кайфияти инсонй бидуни захмату машаккат маънии зиндагии инсонй аст; махаки муфидии хамаи падидахо дар он аст, ки онхо во- ситаи халли ягон вазифа мебошанд; саодати комили кисми бештари одамон; фоидаи хар чи бештар зимни мувозинати манфиатхои шах- сиву чамъиятй хадафи рушди инсоният аст. Мутафаккир манфиати инсонро дар фоидаи бештар мебинад. У муътакид аст, ки инсон махз дар фоида манфиатдор аст. Мувозинати мафиатхои шахей ва чомеа рохи таъмини ин хадафи инсонй эътироф мешавад. Дар натича гояи либералй сарфи назар аз анъанахои гоявии ин тамоили афкор шарх дода мешаванд. И. Бентам хадафи хешро дар пешбарии гояи манфиатпарастй эхсос намуда, аз гояхои асосии либералй канорачуй мекунад. У аз чумла хукукхо ва озодии инсонро намепазирад. Мавсуф менависад, ки калимаи озодй «фалокатовар мебошад>> ва ин зайл калимахо «кам вомехуранд». Хамчунин хамаи дигар калимахое, ки аз калимаи «озодй» маншаъ мегиранд, «фалокатовар» эълон мешаванд. Мавсуф хукуку озодихои инсонро чун «ифодаи бадй», инчунин назарияи хукукхои фитрии инсон ва хуччатхои хукукии ин сохаро ко- милан рад мекунад. У хукукхои инсонро «сафсата» мешуморад, Эъломияи хукукхои инсон ва шахрвандй Фаронсаро «асари метафизики» 325 меномад, модцахои онро чун «нофармову бардуруг» тавсиф мекунад. Ба гуфти мавсуф, хукукхои фитрии инсон «бо ягон конститутсия мутобикат надоранд», шахрвандон бошанд, зимни талаби ин хукукхо айни замон «иддао ба бесарусомэнй доранд». Бентам, ки мукобили назарияи фитрй-хукукй аст, назарияи шар- тпомавии пайдоиши давлатро низ рад мекунад. У таъкид мекунад, ки давлат зимни ягон шартнома пайдо намешавад ва хама гуна нуктаи назари шартномавй исботшаванда нест. Мутафаккир хадафи чомеа ва хадафи давлатро чудо мекунад. Тавре у таъкид мекунад, агар радафи цомеа хушбахтии бештари одамон бошад, пас радафи давлат, баръакс, хашбахтии бештари танхо хокимон (як шахе, ё гурухи ашхос) аст. И. Бентам гояи тафовути рукук, ва конунро низ рад мекунад. У муътакид аст, ки хукук дар холати тафовуташ аз конун мазмуни «зиддиконунй» мегирад ва ба ин маъно «калимаи рукук душманы азимтарини хирад ва харобжунандаи аз рама даршатноки руку мат мегардад». Мавсуф чонибдорони назарияи тафовути хукук ва конунро «мутаассибон» меномад, ки «ба чои муайян намудани конунхои хубу бад», конунро бо кадом як «хукуки фитрии» аклона мукоиса мекунанд. Аммо дар бахши баррасии масоили давлатдорй Бентам як катор андешарои демократиро пешкаш мекунад. У аз чумхурии демократй, тачзияи хокимият, идораи парлумонй, хукуки интихобот, озодии матбуот пуштибонй мекунад, талаб мекунад конунгузорй соддатар ва мутобик ба замона бошад, мурофиаи судй демократй бошад, аз чумла тавонад аз хукукхои бенавоён низ химоя кунад. Мутафаккир дар бахши далелхои судй асари алохида бо номи «Мулохизакорй дар далели судй зимни таваччухи хос ба татбики он дар амалияи англией» эчод мекунад. Дар он аз чумла таъкид мешавад, ки дар холати тавсифи нодурусти назарияи далелхо ягон конун ахамият надорад. Бояд зикр намуд, ки ин асар хангоми ислохоти низоми судии Англия васеъ истифода мешавад. Бентам муаллифи гояи паноптикон мебошад. Паноптикон му- ассисаи нави адои чазо, аниктараш адои корхои ислохй мебошад, ки зимни худидора амал карда, хонахои алохидаи махбасон, одамони дорой беморихои рухй ва бенавоён, инчунин мануфактура ва мактабро фаро мегирад. Акидахои Бентам зимни ташкили кори махбасхонахо дар Англия, инчунин дар ИМА ва кишвархои дигар истифода мешаванд. Мутафаккири англис шаклхои идораи шорй, ашрофй ва цумруриро чудо карда, аз чумрурии демократй пуштибонй мекунад. У тачзияи рокимиятро заминаи пойдории чумхурии демократй мешуморад. Вале мустакилияти шохахои хокимият рад мешавад. Ба кавли мав- 326 суф, агар «хокимиятро мустсщил мебуданд, пас байни онро тазоди хамешагй ба назар мерасид». Аз ин хотир, хамохангии хокимиятхо, амали онхо зимни «коидахои мунтазам» химоя мешавад. Хамчунин зарурати бархам додани палатаи лордхои парлумони Англия мувофики максад дониста мешавад. Бентам талаб мекунад, ки хукуки интихоботй ба занхо низ пахн карда шавад, матбуоти озод, мухокимахои чамъиятй, мачлисхои умумии шахрвандон бахри назорат аз болои фаъолияти хокимияти конунгузор ва ичроия вусъат дода шаванд. Мавсуф радафи конунгузориро дар таъмини хушбахтии чомеа мебинад. У талаб мекунад. ки зимни махз конунхо ва конунгузорй шароити кофй барои ноил гаштан ба хушбахтии чомеа таъмин гардад. Таъкид мешавад, ки дар халли ин вазифа се сох;аи к,онунгузрй накши халкунанда доранд: 1) конунгузории гражданй; 2) конунгузории чиной; 3) конститутсия, ё конунхои асосй. Имконоти бештари ин сохахо дар он зохир мешавад, конунгузории гражданй таксими васи- лахои таъмини хушбахтиро танзим мекунад, конунгузории чиной одамонро аз расонидани машаккат ба дигарон вомедорад ва чинояткорро мавриди машаккати бештар карор медихад, цонущои асосй бошанд, ташкил ва фаъолияти дурусти кулли муассисахоро таъмин мекунанд. Хамин тарик, Бентам аз гояи либералии манфиатпазир пуштибонй мекунад. Ба назари у, инсон манфиати хешро сарфи назар аз гояхои вокаен чой надоштаи хукукхои фитрии инсон, бидуни назарияхои фитрй-хукукй, дар раванди вусъати равандхои демократии хаёти чомеа (интихоботи озод, матбуоти озод, мачлисхои озод ва м.и.), бо истифода аз сохторхои идораи чумхурй, дар холати хамохангии шоха- хои хокимият, зери назорати шахрвандон амал намудани хокимиятхо таъмин карда метавонад. Мавсуф хадафи низоми сиёсй ва хукуматро дар таъмини хуш- бахии бештари шумораи бештари одамон мебинад ва аз ин ру, аз манфиатхои занон, бенавоён ва умуман шахрвандон химоя мекунад. Мутафаккир муътакид аст, ки барои инсон аз озодй дида, ам- )шяташ мухимтар аст. Аз ин хотир, озодии фард, ки андешаи асосии либералй аст, як су гузошта шуда, амнияти шахе ба мадди аввал гузошта мешавад. Бо истифода аз гояи либералй мавсуф кайд мекунад, ки шахе ху- даш кодир аст амнияташро таъмин кунад ва ниёз ба кувваи беруна надорад. Дар робита бо ин андеша гояи дигари либералй дар хусу- си дахолат накардани хукумат ба хаёти иктисодй талкин мешавад. Таъмини амният ва моликияти шахе вазифаи хукумат эълон мешавад. Таъкид мешавад, ки хукумат аз ин бештар вазифаи мухимтар дошта наметавонад. Тавре мушохида мешавад, дар назарияи Бентам, аз як тараф, гояхои асосии либералй, махсусан дар додай хукукхои фитрии инсон катъиян махкум гашта, аз тарафи дигар, андешахои либералй дар хусусй мустакилияти иктисодии шахе ба гояи манфиатпарастй мутобик карда мешаванд. Айни замон гояи манфиатпарстй дар иртибот бо андешахои демократй пешбарй мешавад. Дар натича манфиати шаей (либералй) ва манфиати чомеа бо хам омезиш меёбанд ва якчоя хушбахтии на фардй чудогона, балки шумораи хар чи бештари одамонро ташкил медиханд. Шумораи одамони хушбахт хар кадар бештар бошад, манфиати давлат ва чомеа ба хамон андоза таъмин мешавад. Бар замми ин, сухан дар хусусй хушбахтии на хамаи одамон, балки шумораи бештари одамон меравад. Шояд Бентам ба нот гаштани хукумат ва чомеа ба хушбахтии кулл боварй надошт, хамон тавре, ки у ба вокей будани хукукхои фитрии инсон комилан боварй надорад. Хуллас, назарияи Бентам пурихтилоф аст. Дар он андешахои ли- бераливу манфиатчуй, назарияхои фитриву позитивй бо хам бархурд доранд. Ба хар хол, Бентам мавкеи устувори демократй ва позитивй (давлатхохй) дорад, аз гояхои идораи демократй дар хамаи бахшхо (конунгузорй, хукумат, адолати судй, интихобот ва м.и.) пуштибонй мекунад, майли хешро ба гояхои хукукшиносии позитивй зохир мекунад, аз чумла тафовути хукук ва конунро рад мекунад, хукуки фитриро махаки конунгузорй намешуморад ва м.и.
4,-С. Мил (1806 - 1873) - мутафаккири Англия, чонибдори гояи либералй, муаллифи асархои «Рочеъ ба озодй», «Идораи намояндагй», «Асосхои иктисоди сиёсй» мебошад. У мукобили ба андешахои Ч- Бентам баромад карда, манфиати иктисодии фардро зери шубха мегирад ва таъкид мекунад, ки зимни хушбахтии як шахе ноил гаштан ба некуахволии умум душвор аст. Мил пуштибони гояи либералии озодии фард мебошад. У робитаи байни озодии фард ва сотри пешрафти тамаддунро ба асос мегирад. Ба назари у, махз шахеи дорой сатхи камолоти фархангиву ахлокй аз озодии фардй бархурдор буда метавонад. Мавсуф муътакид аст, ки озодии фард танхо дар чомеаи мутамаддин имконпазир мегардад. Аз ин ру, гояи «озодии фардй фархангй» химоя мешавад. Мутафаккир озодии фардиро заминаи рушду нумуи цомеа мешуморад. У муътакид аст, ки рушди таърихй дар мувофика бо озодии фард имконпазир мегардад, пешрафти таърихй наметавонад «бидуни хохиши одамони манфиатдор» сурат гирад. Ба акидаи мавсуф, одамони озод дар пешрафти таърихи бояд манфиатдор бошанд, хохиш, 328 азму ирода дошта бошанд. Ба кавли мутафаккир, дар чомеаи озод хар як фард чун «мабдаи бехбудй» арзи хастй дорад. Мил зери мафхуми «озодии фард» мустакилияти мутлаки шахсро дар сохаи марбут ба манфиатхои шахсияш мефахмад. Ба назари у, фард зимни анчом додани амалхои манфиатбахши хеш пурра мустакил мебошад, сарфи назар аз фишори беруна амал мекунад. Мавсуф муътакид аст, ки барои рушди фард озодихои зерин за- руранд: а) озодии ибрози андеша; б) озодии амали муштарак бо дигарон; в) озодии интихобу амалй намудани хадафхои зиндагй ва ташкили мустакилонаи хаёти шахей. Таъкид мешавад, ки озодихои зикргашта худуди озодии фардро ташкил дода, мавриди дахолати беруна шуда наметавонанд. Хамзамон зери мафхуми «дахолати беруна» фишори хам давлат ва хам «андешаи мустабиди аксари ахолй» дар назар дошта мешавад. Мутафаккир муътакид аст, ки «истибдоди маънавй» дар таносуб бо «истибдоди сиёсй» хатари бештар дорад Ба ин нигох накарда, зарурати истифодаи цувваи давлат химоя мешавад. Ба назари мутафаккир, давлат вазифадор аст нисбат ба аш- хосе, ки озодии дигаронро халалдор мекунанд, фишор ба кор барад. Таъкид мешавад, ки озодии фард маънои худсарии фардро надорад ва аз ин ру, дар холатхои халалдор гаштани озодии фардй давлат чорахои мачбуриро бахри химояи озодии фард истифода мебарад. Кувваи мачбурии давлат нисбат ба одамоне истифода мешавад, ки ба чомеа ва одамон зарар мерасонанд. Мил «тобеиятро ба хокимият» нишонаи хама гуна гамаддун мешуморад. У дар ин хусус менависад: «Хокимияте, ки кодир нест тобеиятро ба фармонхои хеш таъмин созад, рисолати идораро ба чо на меорад». Мил дар робита бо тахлили мохияту таъиноти давлат ба масъалаи таносуби давлат ва шахе таваччух зохир мекунад. У афзалия- ти бештари шахсро нисбат ба давлат эътироф мекунад. Ба акидаи у, озодии фард барои давлат накши нахустмабдаъро мебозад. Модоме ки озодии фард мустакилияти мутлаки фардро дар назар дорад, хакки хар шахе ба ташкили хаёги мустакилона химоя мешавад. Таъкид мешавад, ки одамон мустакилона тарзи зисти худро интихоб мекунанд. Давлат бошад, вазифадор аст ин азму иродаи одамонро ба инобат гирад ва зимни он фаъолият барад. Хамин тарик, Мил афзалияти шахсро нисбат ба давлат эълон намуда, давлатро ба хадафу иродаи афроди озод пурра тобеъ мекунад. Хамзамон ин озодии фардй дар чомеаи мутамад дин арзи вучуд дорад. Аз ин ру, давлат дар хидмати афроди бафарханг аст, ки ба сатхи кофии рушди фархангй расидаанд. 329 Илова ба ин, давлат афкори умумро дар бобати интихоби тарзи зиндагй ба инобат мегирад. Ин маънои онро дорад, ки давлат азму иродаи афроди озодро дар бобати бунёдй чомеаи мутамаддин асоси фаъолияти хеш карор медихад. Хуллас, масъалаи таносуби шахе ва давлат ба фоидаи шахеи озод танхо дар холати сатхи кофии пешрафти фархангии чомеа, камолоти ахлокии одамони озод хал мешавад. Дар холатхои дигар чунин тарзи халли масъала гайриимкон аст. Мил гарчанде афзалияти шахсро нисбат ба давлат эътироф кунад хам, дар хар сурат мекушад накши давлатро паст накунад. Мутафаккир, аз як тараф, аз гояи либералии афзалияти шахе дар давлат пуштибонй намуда, аз тарафи дигар, мекушад арзиши давлатро эътироф намояд. Зимни халли ин масъала мавсуф мачбур мешавад аз анъанаи либералии тавсифи манфии давлат даст кашад. Тавре маълум аст, либералхо зимни эътирофи афзалияти бештари шахе нуфуз ва арзиши давлатро то хадди имкон паст мекунанд. Мил бошад, баръакс, афзалияти шахсро химоя намуда, айни замон аз андешаи «давлати арзанда» истифода мебарад. У менависад, ки «давлат дар иртибот бо одамоне, ки онро ташкил медиханд, хамеша на хуб ва на бад аст». Яъне «хубй» ва ё «бадии» давлат аз худи одамон вобаста карда мешавад: «бадии» давлат натичаи «бадии» одамон, «хубии» давлат бошад, махсули «хубии» одамон мебошад. Ба ибораи дигар, агар одамон хуб бошанд, пас давлат низ хуб аст, агар одамон бад бошанд, пас давлат низ бад аст. Аз ин ру, Мил ба хулоса меояд, ки «давлати арзанда» дар холати камолоти халк, сифатхои хуби одамон, камолоти фархангии одамон, ахлоки баланди одамон, фарханги баланди чомеа вучуд дошта метавонад. Мил чонибдори шакли давлатдорист, ки дар он «кулли халк, ё к,исми бештари он тавассути вакилони интихобшаванда аз хокимияти волои назоратй истифода мебарад». Хамчунин таъкид мешавад, ки «халк бояд ба пуррагй аз ин хокимияти воло истифода барад». Тибки назарияи Мил, халк дорой хокимитяи назоратй мебошад. Ин хокимият воло буда, пурра мутааллик ба халк аст. Хокимияти назоратиро халк тавассути намояндагонаш амалй мекунад. Афзалияти хокимияти назоратй нисбат ба хокимияти ичроия таъкид мешавад. Ба гуфти мутафаккир, халк «дар холатхои зарур бояд ба хамаи чорабинихои хукумат сарварй кунад». Хамин тарик, хокимияти ицроия зери назорат ва дахолати бевоситаи халк амалй мешавад. Давлати намояндагии Мил ба тачзияи хокимият байни хокимияти конунгузор ва ичроия асос меёбад. Дар ин давлат хокимияти конунгузор вазифахои хам конунэчодкунй ва хам назоратиро ичро мекунад, аз чумла аъзои хукуматро «дар холати суистифода аз ззо ваколатхо ё ичрои онхо бархилофи афкори миллй» сабукдуш мекунад, «шикоятхо ва андешахои мухталифро» баррасй мекунад. Хокимияти марказии маъмурй «ичроиши конунхоро назорат мекунад. . •, дар холати ичро нагаштани конунхо бахри баркарор намудани эътибори конун ба суд, ё барои сабукдуш намудани шах- си мансабдоре, ки конунро ичро намекунад, ба интихобкунандагон мурочиат мекунад». Мутафаккирнащаи мухилш хукуматро дар пешрафти чомеа эътироф мекунад. У дар ин хусус менависад: «Бехтарин хукумат барои халк хамонест, ки метавонад ба пешрафти халк мусоидат намояд». Хдмзамон таъкид мешавад, ки барои амалй гаштани хокимияти назоратй халк бояд «хориш ва цобилият» дошта бошад. Тавре Мил менависад: «халк барои ичрои вазифахо ва функсияхое, ки зимни ин шакли идора вогузошта шудаанд, бояд хохиш ва кобилият дошта бошад». Андозаи салохияти хукумат низ аз пешрафт, ё кафомонии халк; вобаста карда мешавад. Тавре Мил менависад. дар холати «кафомонда» будани халк, «функсияхои хукумат бештаранд», дар холати «пешраф- та» будани халк бошад, баръакс, «функсияхои хукумат» камтаранд. Мил кушиш мекунад хадди салохияти хокимияти давлатиро муайян кунад. Баррасии ин масъала барои у ахамияти мухим дошт, зеро дар афкори либералй эмин доштани хаёти хусусй аз дахолати давлат хаётан мухим аст. Мил ба мисли либералхо таъкид мекунад, ки хокимияти давлатй хадди муайян дорад ва ин хадро хаёти хусусй ташкил медихад. Мавсуф аз хатархои суистифода аз мансаб ва холатхои дигари аз хадди хеш баромадани хокимият огох мекунад. Чунончи, таъкид мешавад, ки хокимияти конунгузор хамеша мекушад «ба корхои хусусии идора дахолат кунад», мансабдорон бошанд, мекушанд «хокимияти номахтудро ба даст гиранд ва бархилофи конун озодии хаёти хусусиро поймол кунанд». Ба гуфти мутафаккир, дар ин холатхо «таъсири Хукумат ба фард пурзур мегардад, шумораи одамоне, ки ба хукумат умед мебанданд меафзояд», одамони мансабпараст «ба хизматгоро- ни оддии хукумат табдил меёбанд». Мавсуф муътакид аст, ки дар холати халалдор гаштани хадди конунй ва зарури фаъолияти хокимият, аз ваколатхои хизматй бе- рун баромадани мансабдорон дахолати хокимияти давлатй ба хаёти фардиву коллективии одамон бештар гашта, дар натича одамон пурра ба хукумат умед мебанданд, аз амали фаъолона бозмемонанд, худро аз масъулият барои пешрафти чомеа канор мегиранд. Натичаи дахолати хокимиятро ба хаёти одамон мутафаккир дар он мебинад, ки рухияи озодй решакан мешавад, кадршиносй, масъулиятшиносй то хадди имкон паст мешаванд, чомеа ва давлат таназзул меёбанд. 331 |