Главная страница

тарихти афкори сиёси. х.. Китоби дарси


Скачать 0.9 Mb.
НазваниеКитоби дарси
Дата10.05.2018
Размер0.9 Mb.
Формат файлаdocx
Имя файлатарихти афкори сиёси. х..docx
ТипДокументы
#43230
страница40 из 58
1   ...   36   37   38   39   40   41   42   43   ...   58

12.3. Бенжамин Анри Констан де Ребек


Бенжамин Анри Констан де Ребек (1767 - 1830) - файласуф ва мутафаккири Фаронса, яке аз поягузорони гояи либералй, муаллифи асари «Мухтавои сиёсати конститутсионй» мебошад.


У аз гояи озодии фард хамачониба пуштибонй мекунад. Мута- факир муътакид аст, ки шахе танхо зимни озодияш мавкеи аслии хешро дар хаёт пайдо мекунад, зиндагии сазовор пеш мебарад. Таъкид мешавад, ки озодии фард барои амалй гаштани сифатхои шах- сии фард имкон медихад. Дар натича фард бидуни фишори беруна, тибки истеъдоди шахей, мустакилона зиндагй мекунад.

Мавсуф фардй озод гуфта, шахсеро дар назар дорад, ки мухторияти х,ам моддй ва рам маънавй дорад. Мухторияти моддии шахе, бешубха, сохибии озодй моликияти хусусиро дорад. Моликияти хусусй чун чузъи озодии фард химоя мешавад.

Мутафаккир муътакид аст, ки таъмини озодии фард бидуни к,онун душвор аст. Аз ин ру, таъкид мешавад, ки фард бояд римояи jfук,уцй дошта бошад, алалхусус дар бахши моликиятдории хусусй.

Мутафаккир озодии аъзои цомеаи к,адим ва озодии фардй муосирро фарк мекунад. Таъкид мешавад, ки озодии юнонихо ва римихо хислати на фардй, балки чамъиятй дошт, чунки онхо бевосита дар идораи давлат ширкат варзида, тобеи пурраи хокимияти давлатй гашта, дар нихояти кор озодии фардиро касб накарда буданд.

Тибки акидаи мавсуф, одамони кадим дар шакли дастачамъй озодии хешро амалй мекарданд, аз чумла якчоя масоили чангу сулхро баррасй мекарданд, конунро зимни овоздихй кабул менамуданд, фаъолияти магистратхоро зери назорат карор медоданд. Дар нихояти кор, мутафаккир ба хулоса меояд, ки одами чомеаи кадим, агар- чанде дар бахши умури чамъиятй сохибихтиёр бошад хам, вале дар хаёти хусусй гулом буд.

Аз озодии юнонихову римихо озодии фардй муосир фарк карда мешавад. Озодии шахеи муосир фардй номида мешавад, аз чумла ба хотири ин ки шахеи муосир мустакилу мухтор аст, дар идораи давлат бевосита ширкат намеварзад, тобеи хокимяти давлатй нест, вале метавонад ба хокимияти давлатй таъсир расонад.

Мавсуф шахеи муосир гуфта, шахрвандй чомеаи нави капита- листиро, аниктараш давлати аврупоиро дар назар дорад, зеро махз инкилоби буржуазй ва сохти нав озодии фард ва моликиятдории хусусиро таъмин мекунанд. Бесабаб нест, ки дар асархои мутафаккир ишора ба махз озодии шахеи англис ё фаронсавй мешавад. Аз чумла таъкид мешавад, ки озодии шахеи англис ё фаронсавй дар он ифода меёбад, ки у тобеи конун мебошад, бидуни конун дастгир ё хабе


332





намешавад, ба чазои катл махкум намешавад ва хамеша аз худсарии одамон эмин аст.


Мутафаккир ба масъалаи таносуби сохибихтиёрии халк; ва озодии фард низ таваччух мекунад. Ба назари у, сохибихтиёрии халк беинтихо буда наметавонад ва махз хаёти хусусии одамон хадди нихоист, ки ба он сохибихтиёрй дахолат карда наметавонад. Ё тавре худи Констан менависад, он чое, ки «мустакилияти шахеи хусусй ва хаёти шахсии фард огоз мегардад» сохибихтиёрй ба итмом мерасад.

Хамин тарик, озодии фард шахсро аз дастгиршавй ё хабси зиддиконунй, хамчунин аз чазои катл химоя мекунад. Яъне шах- си озод хукук ба химояи шахей, ба амнияти шахей дорад, ки зимни танхо конун таъмин мешавад. Хамчунин хукуку озодихои дигари фардй озод номбар ва тахлил мешаванд, аз кабили хакки ибрози озодй андеша; хукук ба интихоби озодй касбу кор; хукук ба му- софирати озод; хакки масъул набудан дар назди шахеи дигар барои хадафхои амали хеш; хукуки бо дигарон муттахид шудан бахри амалй намудани манфиатхои хеш, ё адои маросим, ё ин ки барои форам гузаронидани вакт; таъсиррасонй ба идораи давлат тавассути таъини хама ё кисми мансабдорони хеш ва ё тавассути намояндагй, ариза ва дархости дастачамъй.

Тавре мушохида мешавад, мутафаккири фаронсавй аз гояи озодии фард пуштибонй намуда, онро бо хукуку озодихои фардй (шахей) алокаманд мекунад. Маълум аст, ки хукуку озодихои шахей аз чумлаи хукукхои наели аввал мебошанд, ки дар давраи инкилобхои буржуазй ва вусъати раванди либералй пешбарй ва амалй мешаванд. Нахустин либералхо, аз он чумла Констан аз хамин гуна хукукхо пуштибонй намуда, талош варзиданд озодии фард, яъне мутстакилияту мухторияти пурраи шахе таъмин гардад.

Айни замон озодии фард, дар баробари озодихои дигар, пеш аз хама озодии моликиятдории хусусиро дар назар дорад. Либералхо бахри таъмини махз мустакилияти сохибмулкони хусусй кушиш мекарданд дахолати давлатро ба хаёти хусусй манъ кунанд. Дар натича назарияхои «давлати посбони шабона», гояхои озодии савдо ва ракобат пешкашу истифода мешаванд.

Аммо чонибдории либералхо аз ин гояву назарияхои либералй якранг набуд. Аз чумла Констан, гарчанде аз гояи озодии фард бештар дифоъ намояд хам, вале аз гояи либералии давлати кам- нуфуз чонибдорй намекард. Ба акидаи у, озодии фард пояи давлатро ташкил дода, худи давлат чун падидаи дастачамъии сиёсй аз иттиходхои гуногуни одамон иборат аст. Таъкид мешавад, ки давлат низ хукукхои кофии худро дорад, салохияти хешро амалй мекунад. Ба гуфти мавсуф, давлат зимни кондаи зайл бояд амал кунад: «Хукумат набояд аз сохаи хеш берун барояд, вале салохияти он дар


ззз





сохаи хеш бояд иомахдуд бошад». Таъкид мешавад, ки чунин давлат набояд заиф бошад.


Хамин тарик, Констан мекушад нуфузи давлатро нигох дорад, вале дар сохаи амалй гаштани салохияти давлат. Дар ин сохаи фаъолияти давлатй салохияти хукумат беинтихост.

Мутафаккир аз монархияи конститутсионй пуштибонй мекунад ва муътакид аст, ки хамин шакли идора озодии фардро таъмин мекунад. У шаш намуди рокимияти конститутсиониро чудо мекунад: хокимияти королй; хокимияти ичроия; хокимияти доимии намояндагй, ки мутааллик ба палатаи пэрхост; хокимияти интихобии намояндагй, ки мансуб ба палатаи поёнии парлумон аст; хокимияти судй; хокимияти махаллй.

Пуштибонии мутафаккир аз монархияи конститутсионй ба хотири махз он аст, ки корол дар низоми хокимиятхо накши хамохангиро дорад, мекушад низоми хокимиятхоро дар холати мувозинату амонй нигох дорад. Дар ин хусус у чунин ибрози акида мекунад: «Корол манфиатдор аст, ки ягон хокимият хокимияти дигарро бархам на- дода, баръакс, хамаи онхо якдигарро дастгирй намуда, дар холати ризояти умум ва мувофикати тарафайн амал намоянд».

Констан муътакид аст, ки дар баробари давлат хамчунин рущук, низ дар таъмини озодии фард накши халкунанда мебозад. У хукукро «фариштаи муаккали чомеаи инсонй», «ягона асоси имконпазири муносибатхои байни одамон» меномад.

  1. Алексис де Токвил

Алексис де Токвил (1805 - 1859) - мутфаккири Фаронса, таърих- нигор, чомеашинос, муаллифи асархои «Демократия дар Амрико», «Режими кухна ва инкилоб» мебошад.

У демократияро чун сохти чомеа, шакли сиёсии чомеа, дар робита бо баробарй ва озодй тахлил мекунад. Тавччухи асосии мутафаккир ба дурнамои демократия, баробарй ва озодй нигарон аст. Зимни баррасии ин масъала мавсуф ба хулоса меояд, ки инкишофи мин- баъдаи раванди либералй танхо зимни демократия, дар холати истифодаи сохтори демократй (намояндагии халк, идораи парлумонй, худидораи махаллй ва диг.) имконпазир мегардад.

Хизмати назарраси мутафаккир пеш аз хама дар он аст, ки у хануз дар давраи вусъати гояи либералй, дорой эътирофи хамагонй будани ин гоя тавонист хонандаро аз хатаррои минбаъдаи раванди либералй, алалхусус дар бахши фардигардии шахсияти инсон, канорачуии фард аз чомеа ва хаёти сиёсии муштарак огох созад.

Махз зимни тахлили дурнамои демократия, баробарй ва озодй у ба масъалаи таносуби демократия ва озодии фард таваччух зохир


334





мекунад. Мутафаккир мекушад муайян намояд, ки дар раванди инкишофи демократия магар таъмини баробарй ва озодй, алалхусус озодии фард имконпазир аст?


Барои чустучуи посухи сахех ба ин савол Токвил аввал дурнамои демократияро дар робита бо баробарй рушан мекунад. Таъкид мешавад, ки демократия сохти чомеа буда, бидуни имтиёзхои табакавй ва нобаробарии онхо арзи вучуд дорад. Ба акидаи мавсуф, баробарй чузъи демократия ва «заруратест, ки аз чониби Офаридагор мукаррар шудааст».

Зери мафхуми баробарй мутафаккир баробарии вазъи чамъиятии афроди гуногунро, баробарии умумиро дар назар дорад. Ба назари у, хамаи одамон дар огози фаъолияти иктисодй, ичтимой, сиёсии хеш баробаранд. У муътакид аст, ки бо пешрафти демократия баробарй низ таквияту густариш меёбад.

Вале зимни тахлили дурнамои демократия дар робита бо озодй Токвил ба хулоса меояд, ки инкишофи демократия ва баробарй кафолати озодии фард шуда наметавонад. Ба назари у, таъмини озодй, мустакилият, мухторияти фард дар холати баробарии умум душ- вор аст.

Аз ин чо Токвил ба хулоса меояд, ки баробарй ва озодй мафхумхои якранг нестанд ва тачлили назари одамон низ ба ин мафхумхо гуногун аст. Ба акидаи у, одамон шуруъ аз замонхои кадим бештар ба баробарй таваччух доштанд, онро якранг ва тибки розй дил дарку эхсос менамуданд. Ба гуфти мавсуф, баробарй хуш дарк мешавад, «хамаруза инсонро хушбахт мекунад» ва барои кайфияти баробарй хочат ба машаккату чонфидой нест, «факат зиндагй мебояд намуд».

Мавсуф ду намуди баробариро дар робита бо пешрафти демократия чудо мекунад: 1) баробарй дар озодй, яъне баробарии одамони озод; 2) баробарй дар гуломй, яъне баробарии бенавоён бидуни озодй.

Ба акидаи мутафаккир, одамон хамеша саъй доранд дар холати баробариву озодй зиндагй кунанд, вале бинобар дастрас будани баробарй ва мушкилй дар таъмини озодй, хатто ба баробарии каш- шокона низ розй мешаванд. Тавре Токвил менависад, одамон «ниёз ба баробарй дар озодй доранд ва дар холати дастнорас буданаш онхо ба баробарй дар холати гуломй низ розй мешаванд». Одамон, ба кавли мавсуф, махз ба хотири нобаробар нашуданашон омода- анд дар холати «кашшокй, зулм, горати ошкоро» зиндагй кунанд.

Мутафакир муътакид аст, ки озодй аз инсон захмати зиёд, мустакилият ва масъулияти бештари одамро талаб мекунад ва хамаи ин боиси он мегардад, ки на хамаи одамон аз озодй кайфият мебаранд. Ба кавли мавсуф, «зиндагии озодро мебояд омухт» ва ин кори «мушкил аст». Таъкид мешавад, ки на хамаи одамон озодиро нигох дошта метавонанд, хамзамон нафароне, ки «метавонанд озодиро


335





нигох доранд» бо мурури замой ба «некуахволй, одатан ба сарват низ муваффак мегарданд».


Аммо мутфаккир огох мекунад, ки озодй якбора ва хамеша ба некуахволй ва сарватмандй намеорад. Тавре у хитоб мекунад, шахсе, ки «дар озодй чизи дигарро, вале на худи онро чустучу мекунад, барои гуломй офарида шудааст». Яъне бархурдорй аз озодй аз шахеи мутаваччех беш аз хама дарки хамин озодиро талаб мекунад. Токвил махсус таъкид мекунад, ки кушиши тавассути озодй конеъ гардонидани манфиатхои моддй ва махсусан харисии молу сарват далел ба ин аст, ки чунин шахеи харис озодиро вокеъбинона дарк намекунад.

Зимни тахлили дурнамои демократия Токвил ба хулоса меояд, ки мувозинати баробарй ва озодй зарар аст, зеро онхо бидуни хам арзи вучуд надоранд. Барои исботи ин андешааш у чунин ибрози акида мекунад: аз яктараф, майли беандоза ба баробарии беинтихо ба истибдод меорад ва дар шароити зулму истибдод баробарй беар- зиш мегардад, аз тарафи дигар, озодй бидуни баробарй нмконнопа- зир аст, зеро махз одамони баробар вокеан озод буда метавонанд».

Рохи таъмини мувозинати баробарй ва озодиро, яъне таъмини якчояи онхоро мутафакир дар испори сохторрои сиёсй ва руцуц мебинад. Аз чумла матамарказ гаштани хокимияти давлатй, таъсиси дастгохи абаркудрати давлат, назорати давлат аз болои одамон, дахолати давлат ба хаёти озодонаи одамон аз чумлаи монеахои асосии озодй махсуб мешавад. Мавсуф муътакид аст, ки дар ин холат давлат «на танхо одамонро ба тагйирот тобеъ мекунад, балки онхоро дигаргун хам мекунад».

Тачзияи хокимият, озодии матбуот, озодии эътикоди динй, мустакилияти судй, суди хакамй, худидораи махаллй аз чумлаи омипрои таъмини озодии фард эътироф мешаванд. Хамзамон таъкид мешавад, ки худидораи махаллй сорибихтиёрии хапк;ро таъмин мекунад, вале ба шарти беинтихо набудани ин сохибихтиёрй, зеро хокимияти беинтихои халк ба «истибдоди аксари ахолй» меорад, ки аз «исти- боди хокими золим» фарк надорад.

Токвил дурнамои демократияро бо вусъати сифатхои шахрвандй, масъулияти шахрвандй, ширкати муштараки шахрвандон дар умури чомеа мепайвандад. У дусад сол мукаддам пешбинй намуда буд, ки вусъати демократияи гарбй ба фардияти бештари инсон меорад.

Табиист, ки мавсуф дар хусусй демократияи махз Гарб харф зада буд, пуштибони демократияе буд, ки ба арзишхои чомеаи Гарб такя дошт, аз кабили озодии фард, хукукхои шахей, тачзияи хокимият, намояндагй, идораи парлумонй ва м.и. Ба назари мутафаккир, дар раванди инкишофи демократия шахе бештар сифатхои фардй касб мекунад, худро аз чомеа канор мегирад, манфиатхои фардии хешро сармашки амали хеш карор медихад. Раванди вусъати фардияти


336





инсонй, канорачуии одамони фардигашга аз пешбурди умури чомеа «бемории ичтимоии демократия» ва «гаомили барои чомеа хатарнок» тавсиф мешаванд. Рохи халосй аз вартаи фардияти шахей дар чорачуии фаъол эхсос мешавад, аз кабили чалби хар чи бештари одамон ба «хаёти сиёсй», хавасманд намудани одамон барои «фаъолияти муштарак», тарбияи «хисси шахрвандй».


  1. Вилгелм фон Гумболдт

Вилгелм фон Гумболдт (1767 - 1835) - мутафаккири Олмон, яке аз поягузорони гояи либералй дар Олмон, муаллифи асари «Кушиши мукаррар намудани худуди фаъолияти давлат» махсуб мешавад. Тавре аз номи асар маълум мешавад, мутафаккир кушиш мекунад худуди фаъолияти давлатро муайян намояд ва табиист, ки ин худудро хаёти хусусии фард, хукуку озодихои фитрии инсон ташкил медиханд.

Мутафаккир аз гояи «давлати ацаллй» (камнуфуз) чонибдорй намуда, хамзамон хадафи давлатро бо манфиати чомеа мепайвандад, таъкид мекунад, ки фаъолияти давлат «ба нафъи чомеа» дар вокеъ «андозаи вокеии фаъолияти давлатро ташкил медихад». Ба ибораи дигар, худуди фаъолияти давлатро махз манфиатхои чомеа муайян мекунанд, давлат хар кадар метавонад бояд ба чомеа хизмат кунад.

Хдмин тарик, Гумболдт давлати ацаллиро дар робита бо цомеа тахлил намуда, манфиати цомеаро хадаф ва салохияти аслии давлат эълон мекунад.

Айни замон аз андешаи тафовути давлат ва цомеа пуштибонй мешавад, аз чумла таъкид мешавад, ки давлат аз сохторхои давлатй, чомеа бошад, аз ташкилотхо, иттиходхои одамон иборатанд.

Гумболдт давлатро дар таносуб бо шахе низ тахлил мекунад ва чун хомии гояи либералй арзиши баланди инсонро эътироф мекунад. У дар робита бо тафовути давлат ва чомеа мафхумхои «инсон» ва «шахрванд»-ро чудо мекунад. Инсон чун аъзои чомеа ва шахрванд чун аъзои давлат (иттиходи сиёсй) эътироф мешаванд. Дар ин замина арзиши баланди чомеа (иттиходи инсонхо) нисбат ба давлат (иттиходи шахрвандон) пазируфта мешавад. Дар натича арзиши ба- ландтари инсон нисбат ба шахрванд эътироф мешавад.

Х,амин тарик, Гумболдт чомеа ва давлатро фарк карда, ба хулоса меояд, ки чомеа, чун иттиходи инсонхо, нисбат ба давлат, чун иттиходи шахрвандон, арзиши баландтар дорад.

Тафовути дигари чомеа ва давлат зимни ягнагии мохияти давлат ва гуногунии аслии цомеа сурат мегирад. Ба акидаи Г умболдт, чомеа аз одамони гуногун, хадафхо, манфиатхои гуногуни ин одамон ва аз хама мухимаш - одамони озод иборат аст. Дар натича чомеа хеч гох якранг намешавад.


337





Давлат бошад, баръакс, хамеша якрангу вохид аст, чунки хадаф ва манфиатхои ягонаи давлатиро амалй мекунад. Чунин якрангии давлатро Гумболдт бо хокимияти давлатй вобаста мекунад. Ба назари у, давлат хокимияти давлатии волоро амалй мекунад, ки зимни гуногунй дар дохили дастгохи давлат имконнопариз аст. Таъкид мешавад, ки давлат барои якрангй, яъне тартиботи ягона ва каводиди умумй хам дар дохили дастгохи хокимиятй ва хам дар хакки чомеаву одамон мекушад. Ба ибораи дигар, давлат дар холати гуногунии хадафу манфиатхои одамон, набудани каводиди умумй, чой надоштани низому тартиботи ягона накши аслиашро ичро карда наметавонад. Ии накши аслии давлат, тавре мушохида мешавад, бо давлати акаллй алокаманд аст.


Зимни тахлили тафовути чомеа ва давлат Гумболдт хамчунин ба омили хукукй, аниктараш заминаи руцуции цомеа ва давлат эъти- бор медихад. Ба акидаи у, заминаи хукукии чомеаро «хукуки фитрй ва умумй», асоси хукукии давлатро бошад, «хукуки позитивй» ташкил медиханд. Дар натича тафовути дигари чомеа ва давлат зимни хукук эътироф мешавад.

Дар раванди тахлили тафовути давлат аз чомеа, давлат аз шахе мутафаккир ба гояи «давлати акаллй» такя мекунад. Тавре кайд гар

дид, давлати акаллй дар робита бо чомеа дар чахорчубаи манфиати чомеа фаъолият мебарад. Яъне манфиати чомеа кадом бошад, давлат низ бахри хамин манфиат амал мекунад. Арзиши баланди чомеа нисбат ба давлат, халкунанда будани манфиати чомеа барои давлат эътироф мешавад, чунки тибки назари Гумболдт, чомеа дар та- фовуташ аз давлат аз инсонхо (афроди чудогона, мачмуи инсонхои алохида) иборат аст ва ин одамон бидуни давлат бо хам муттахид мешаванд. Азбаски инсон арзиши баланд дорад, пас чомеа чун иттиходи инсонхо аз давлат дида арзиши баландтар дорад.

Хуллас, арзиши баланди хам чомеа ва хам фард нисбат ба давлат эътироф мешавад. Дар натича давлат бинобар арзиши пастта- раш чун давлати акаллй фаъолият мебарад, яъне бахри манфиати чомеа ва инсон талош меварзад. Манфиати чомеа дар он мушохида мешавад, ки инсон озодона, бидуни дахолат ва парастории давлат зиндагй кунад. Гумболдт хама гуна кушиши ба парастори одамон мубаддал гаштани давлатро намепазирад ва таъкид мекунад, ки давлат наметавонад дар хакки саодати шахсии инсон, тарзи зиндагияш, ахлокаш, сатхи хаёти хочагияш гамхорй кунад.

Ба назари Гумболдт, дар натичаи дахолати беандозаи давлат ба хаёти чомеа ва инсон гуногунии цомеа аз байн меравад. Ин гуногунй дар робита бо гуногунии одамон, аз чумла гуногунии андеша, ирода, хадафхо, манфиатхои одамон пойдор мегардад. Давлат бошад, мекушад коидахои умумй, тартиботи умумро чорй намояд, ки боиси


338





аз байн рафтанн ин гуногунии чомеа мегардад. Дар натича ба одамон тарзи зиндагии ягона бор карда мешавад, агарчанде на хама аз ин тарзи зиндагй ризоянд. Ин тарзи зиндагй мохиятан «бегона барои миллат» мегардад.


Ба назари Г умболдт, «гамхории падаронаи» давлат дар хакки одамон барои худи шахсияти инсон хатари чиддй дорад, зеро боиси он мегардад, ки одамон таъминоти хешро пурра ба ихтиёри давлат вомегузоранд, хамеша эхтиёчоти хешро ба давлат, ба мансабдорон эхсос мекунанд, азму ирода ва мустакилияти хешро аз даст медиханд, аз кобилияти мустакилона конеъ кардани манфиати шахей махрум мешаванд, масъулияти шахсиро аз даст медиханд. Дар натича одамон, ба акидаи Гумболдт, бефаъолиятиро касб намуда, худро ба холати бенавой меоранд.

Зарари дигари дахолати беандозаи давлатро ба хаёти чомеа Гумболдт дар он мебинад, ки озодии инсон то хадди имкон камтар мешавад, мапфиатрои миллат поймол мешаванд, кумак ва дастги- рии тарафайни шахрвандон аз байн меравад, чунки хар як шахрванд мухточи ёрии давлат гашта, кумаку дастгирии одамони атрофро фаромуш мекунад.

Зимни тахлили худуди фаъолияти давлати акаллй Гумболдт дар бештар маврид аз мафхумхои «фард» ва «миллат» истифода мебарад ва борхо таъкид мекунад, ки давлат наметавонад беандоза ба хаёти фард ва миллат дахолат кунад. Мутафаккир арзиши фардро ва манфиатхои миллатро аз манфиатхои давлат болотар мегузорад.

Мутафаккир такдири инсониятро бо озодй мепайвандад ва таъкид мекунад, ки дахолати беандозаи давлат ба хаёти чомеа озодии инсониро камарзиш мегардонад. Ба назари мавсуф, дар таъмини озодй на далват, балки худи озодии инсон накши халкунанда дорад. Ба ибораи дигар, инсони озод бештару хубтар озодии хешро таъмин мекунад.

Гумболд аз «ummupodu одамони озод» пуштибонй мекунад, ба шарте агар ин иттиход бар пояи хукук ташаккул ёбад. Мутафаккир аз иттиходи одамони озоде пуштибонй мекунад, ки «дар худуди хукук амал мекунанд». Мавсуф арзиши баланди хукукро нисбат ба конунхои давлат мепазирад. Ба акидаи у, агар одамон побанди конунхои зиддихукукй бошанд, пас онхо иттиходи одамони озод нестанд.

  1. Лоренс Штейн

Лоренс Штейн (1815 - 1890) - мутафаккири Олмон, намояндаи гояи либералй, муаллифи асархои «Таърихи харакати ичтимой дар Фаронса аз с. 1789 то имруз», «Таълимот рочеъ ба идоракунй», «Вазъи имруза ва дурнамои илми давлат ва хукуки Олмон» мебошад.


339





Назарияи мутафаккир дорой ихтилоф аст. У, аз як тараф, аз
гояи озодии фард, пеш аз хама озодй ва дахлнопазирии моликияти фард пуштибонй намуда, аз тарафи дигар, сиёсати ицтимоиро, аз чумла бехтар намудани шароити ичтимоии бенавоёнро (одамони махрум аз моликиятро) вазифаи давлат мешуморад. Дар натича гояи либерала ва гояи ицтимой бо хам омехта мешаванд. Аз ин хотир, Штейн дар пуштибонй аз гояи либералй пойдор ва устувор нест.

Мутафаккир аз гояи ращи озодй фард ба моликият, дахлнопазирии моликияти фард пуштибонй мекунад. Моликият, ба андешаи у, агарчанде фардй бошад хам, вале зимни фаъолияти истерсолии муш- тараки одамон хосил мешавад, ки худ заминаи ташаккули чомеа мегардад. Аммо ин фаъолияти муштарак на ба маънои мехнати якчояи одамон, балки чун вобастагии байни моликиятдорон ва мехнаткашон дарк мешавад.

Ба назари мавсуф, цомеа «низоми робипши одамон» буда, бидуни равобити байни одамон арзи вучуд надорад. Ин равобити одамон бахри ба даст овардани моликияти фардии хар чй бештар сурат мегирд. Зимни ин фаъолияти мушгарак фард сохиби неъматхои моддиву маънавй мегардад ва хамин неъматхо моликияти уро ташкил дода, хамзамон дар шакли хукуки дахлнопазир вучуд доранд.

Айни замон таъкид мешавад, ки кушиши муштараки одамон ба неъма/щои моддиву маънавй ва имконоти мах,дуди инсонй ду раванди тазодй мебошанд. Яъне, аз як тараф. инсон майл ба неъматхои моддиву маънавй (моликият) дорад, аз тарафи дигар, на хар кас имкони ноил гаштан ба моликиятро дорад. Дар натичаи хамин махдудияти кобилияти инсонй дар чомеа синфи доро (сохибмулкон) ва синфи махрум аз дорой (бенавоён) ташаккул меёбанд. Халли ин тазоди цомеа вазифаи чомеа эътироф мешавад.

Ба андешаи мутафаккир, на хамаи одамон сохиби моликият шуда метавонанд. Аз ин ру, тафовути байни сохибмулкони моликият ва одамони шугли мернат нишонаи асосии чомеа буда, хамзамон байни ин ду тоифа хамеша равобити муайян чой дорад. Хамзамон сохибмулкон синфи рукмрон буда, мехнаткашон синфи тобеъ мебошанд. Таъкид мешавад, ки хама гуна чомеа аз ин ду синф иборат аст. Ба акидаи мавсуф, «конуни чомеа» ин аст, ки мехнаткашон хамеша аз сохибмулкон вобастагй доранд.

Хамин вобастагии байни одамон нишонаи асосии чомеа эътироф мешавад. Ба назари Штейн, чомеа танхо мачмуи дилхохи одамон буда наметавонад. Чомеа бояд ба вобастагии як гурухи одамон (мехнаткашон) аз гурухи дигари одамон (сохибмулкон) такя намояд.

Хамин тарик, дар назарияи Штейн чомеаи инсонй ба нобаробарии амволии байни сохибмулкон (сарватмандон) ва мехнаткашон


340





(бенавоён) асос меёбад. Конуни инкишофи чомеа ин аст, ки бенавоён хамеша аз сохибмулкон (сарватмандон) вобастагй доранд.


Штейн мафхумхои «чомеа» ва «давлатро» чудо мекунад. Ба акидаи у, давлат шакли олии чомеа буда, бо хадафхо ва тарзи таш- килшавияш аз чомеа фарк дорад. Тафовути чомеа ва давлатро у дар он мебинад, ки дар чомеа хар фард иродаи хешро дорад ва бинобар гайриимкон будани муттахидии иродахои гуногун, озодии хар фард дар дохили чомеа имконнопазир мегардад. Давлат бошад, имкони муттахид намудани иродахои гуногунро дошта, озодиро таъмин мекунад. Аз ин ру, таъкид мешавад, ки чомеа ба ноозодй, давлат бошад, ба озодй такя мекунанд. Ба назари Штейн, махз давлат озодии фардро таъмин мекунад.

Айни замон нак,ши волои давлат нисбат ба чомеа эътироф мешавад. Кайд мешавад, ки байни чомеа ва давлат ихтилофот чой дорад, аз чумла чомеа мекушад давлатро ба худ тобеъ намояд, давлат бошад, баръакс, саъй дорад чомеаро зери назорати хеш гирад. Дар хар холат, давлат вазифаи мухими таъмини созиши байни синфрои чомеаро ичро мекунад, яъне вазифаеро ба душ дорад, ки онро чомеа наметавонад ба ичро расонад. Аз ин ру, давлат накш ва нуфузи бештар дорад.

Мавсуф як катор андешахояшро бахри таъмини ичрои ин вазифаи созишии давлат пешбарй мекунад. Аз чумла таъкид мекунад, ки дар давлат хокимияти ичроия бояд ба хокимияти конунгузор хидмат намояд. Штейн волоият ва нуфузи хокимияти конунгузорро нишо- на ва кафолати давлати рущуфунёд мешуморад. Нишонахои дигари давлати хукукбунёд, ба назари мутафаккир, волоияти конститутсия ва тафовути конунхо аз амрхои хокимияти ичроия мебошанд. Таъкид мешавад, ки дар давлати хукукбунёд идоракунии давлатй зимни конститутсия сурат мегирад.

Хдмин тарик, ба назари Штейн, нуфузи конститутсия чун заминаи идораи давлат, аз хам чудо будани хокимияти конунгузор ва хокимияти ичроия, нуфузи бештари конунхо нисбат ба санадхои хокимияти ичроия, нуфузи бештари хокимияти конунгузор нисбат ба хокимияти ичроия аз чумлаи нишонахои асосии давлати хукукбунёд мебошанд.

Монархияи конститутсионй шакли макбули давлати хукукбунёд эътироф мешавад. Ба назари Штейн, махз дар монархияи конститутсионй монарх накши хамохангсозии манфиатхоро мебозад, пеш аз хама манфиатхои хамагонии одамонро. Мутафакир боварй дорад, ки монарх пеши рохи хукмронии манифатхои гурухиро мегирад. Манфиати хамагонии одамон пеш аз хама дар он дида мешавад, ки синфи доро набояд нисбат ба синфи мутеъ воло бошад.


341





Афзалияти монархияи конститутсионй хамчунин дар он эхсос мешавад, ки дар ин шакли давлатдорй хокимияти ичроия дар хидмати хокимияти конунгузор буда,
испороты ицтимоиро бахри маърифати синфи мутеъ, бехтар намудани вазъи ичтимоии бенавоён мегузаронад. Мавсуф муътакид аст, ки тавассути чунин ислохоти ичтимой сатхи мехнати синфи мутеъ, хосилнокии мехнати онхо баланд мешавад.

Хамин тарик, сиёсати ицтимой вазифаи асосии монархияи конститутсионй эълон мешавад. Штейн, аз як тараф, мавчудпяти синфи доро ва синфи махрум аз дороиро нишонаи чомеа шуморида, аз тарафи дигар, вазифаи давлати хукукбунёдро дар бехтар намудани вазъи ичтимоии бенавоён мебинад. Дар натича сиёсати ичтимой вазифаи давлати хукукбунёд эълон мегардад. Чунин андеша барои тахтили табиати давлати хукукбунёд, ки имруз вазифаи нчтимоиро ба душ дорад, хеле мухим аст.

  1. Акидахои сиёсиву хукукии чонибдорони гояи сотсиалистй

Якчоя бо андешахои пушгибонони гояи либералй дар Аврупо андешахои сотсиалистй дар хусусй бархам додани тазоди байни буржуазия ва пролетариат, аз байн бурданн нобаробарии ичтимой пайдо мешаванд. Дар ибтидо аз ин андешахо А. Сен-Симон, III. Фу- рйе, Р. Оуэн чонибдорй мекунанд. Ба гумони онхо чомеаро бидуни харакатхои сиёсиву инкилобй ба эътидол овардан у мумкин аст.

Клод Анри де Сен-Симон (1760 - 1825) - мутафаккири Фаронса, муаллифи назарияи псшрафт ва рушди таърихй, аз як тараф, хохони озод гаштани башар аз чахолату бенавой, аз тарафи дигар, пуш- тибони манифатхои корхонадорони бонуфузи чомеа махсуб мешавад. У дар асараш «Мунтахаби илм рочеъ ба инсон» пешкаш мекунад, ки илми инсоншиносй хислати мушохидаи вокеиятро касб намуда, аз усули сотсиологй (физикаи ичтимой) истифода барад ва хислати бештар амалй пайдо кунад. Хамчунин акида пешкаш мешавад, ки сотсиология (физикаи ичтимой) зимни омузиши сиёсат конунхои рушди чомеаро рушан мекунад. Мебояд зикр кард, ки ба назарияи Сен-Симон андешахои мутафаккири Фаронса, яке аз поягузорони физикаи ичтимой (сотсиология) Огюст Конт таъсири бевосита мерасонад.

Мавсуф назарияи «рушди цомеаро» пешкаш намуда. хамзамон холати табиии одамонро инкор мекунад. Тибки ин назария, чомеа давра ба давра рушд меёбад ва нихоят ба «асри тиллой» мерасад. Ин «асри тиллой» чомеаи индустриалй бояд бошад, ки дар он нуфузи ахли саноат, пеш аз хама сохибони корхонахо меафзояд. Сен-Симон


342





зимни чустучуи роххои таъмини хаёти хушбахтонаи одамон ба хулоса меояд, ки зиндагии арзандаи мардум дар робита бо пешрафти саноати имконпазир мегардад. Аммо пешрафти саноатиро у бо сохибони корхонахои азими саноати алокаманд мекунад ва било- хира, махз аз манфиатхои хамин табакаи чомеа пуштибонй намуда, манфиатхои халкро сарфи назар мекунад.


Ба назари мутафаккир, пешрафти таърихй зимни гояхои муайян сурат мегирад. Таъкид мешавад, ки камолоти акдй ва ахлокй аз чумлаи чунин гояхо, омили асосй ва халкунандаи инкишофи таърихй мебошад.

Таъкид ба он мешавад, ки дар баробари гояхои пешрафти таърихй дар раванди инкишофи таърихй к,онунх;ои гуногун низ амал мекунанд. Аз чумла конунхое, ки «хокимият ва шакли идораро мукаррар мекунанд, ё конунхои «моликият». Хдмзамон ин конунхо, алалхусус конунхои сохаи истифодаи моликият ба некуахволии мардум таъ- сир мерасонанд. Дар натича байни табакахои моликиятдор ва бенаво тазоди ичтимоиву сиёсй cap мезанад, ки боиси халалдор гаштани раванди пешрафти таърихй мегардад. Дар нихояти кор даврахои алохидаи тазоди ичтимой cap мезананд. Чунин давраи пурихтилоф- ро у бо чомеаи буржуазй алокаманд мекунад, ки дар он тазоди байни буржуазия ва пролетариат меафзояд.

Раванди таърихй ба се мархилаи таърихй чудо карда мешавад: 1) мархилаи динй; 2) мархилаи метафизикй (мубхамот); 3) мархилаи позитивй, ё индустриалы. Дар мархилаи якум, ки замони атика ва феодалиро фаро мегирад, рухониён ва феодалхо хукмронй мекунанд. Дар мархилаи дуввум, ки замони буржуазиро фаро мегирад, сарварй дар чомеа ба ихтиёри хукукшинсон ва метафизикхо (чонибдорони андешахои мубхам) мегузарад. Дар мархила саввум бошад, нуфузи олимон ва ахли саноат боло рафта, хаёти хушбахтонаи одамон таъмин гашта, имкони конеъ гаштани талаботи одамон мухайё мегардад. Тавре мавсуф менависад, ин «чомеа барои бештари ахолй муфид аст».

Мархилаи сеюми таърихй, ба андешаи мутафакир, махз зимни камолоти акливу ахлокй огоз мегардад. Дар ин мархила хокимият ба дасти «синфи саноати» мегузарад, ки дорой сатхи баланди камолоти аклй мебошад. Айни замон таъкид мешавад, ки синфи мазкур ба осонй сохиби хокимият намешавад. Барои ба вукуъ пайвастани ин руйдод гузаронидани ислохоти чузъй зарур аст, аз кабили паст кардани нуфузи ашрофон, аз заминдорон харидани замин, бехтар намудани вазъи кишоварзон, аз хокимиятдорй дур кардани феодалон, хукукшиносон, низомиён, заминдорон.

Дар хар сурат гояи сотсиалистии Сен-Симон бидуни ширкати бевоситаи халк; дар идоракунии далват мебояд амалй гардад. Дар


343





мархилаи индустриалй, ки дар он хаёти хушбахтонаи одамон таъмин мешавад, хокимият ба «корхонадорони калон» тааллук дошта, халк аз хокимятдорй дар канор аст. Парлумони навташкил низ бояд аз корхонадорони бонуфуз иборат бошад. Рохбари давлат монарх (шох) мебошад.


Тавре мушохида мешавад, Сен-Симон гарчанде аз замони хушбахтонаи башар пуштибонй намояд хам, дар хар сурат равандхои демократии пешрафти таърихиро сарфи назар мекунад, аз чумла иштироки халкро дар идоракунии давлат зарур намешуморад, аз давлати шохй пуштибонй мекунад, ки сарвари он шох буда, парлумон ба пуррагй аз чумлаи корхонадорони бонуфуз ташкил мешавад. Бар заммин ин, гарчанде камолоти акливу ахлокй конуни пешрафти таърихй эътироф шавад хам, вале ин хислат мутааллик ба корхона- дорон, яъне капиталистхои саноатй эътироф мешавад. Дар ин холат низ дар хусусй камолоти активу ахлокии халк харф зада намешавад.

Илова ба ин, муносибатхои моликиятдории хусусй хифз мешаванд. Ба назари Сен-Симон, дар чомеаи индустриалй ин муносибтхо боки мемонанд, сохибони заводхо, точирон, бонкирхо аз моликияти хусусй истифода мекунанд. Айни замон чомеаи индустриалй аз цомеаи буржуазй фарк карда мешавад. Ин тафовут пеш аз хама дар он эхсос мешавад, ки дар чомеаи индустриалй низоми ягонаи идоракунии саноатй ташкил мешавад. Ин низоми нави идоракунй на бо одамон, балки равандхои истехсолй сару кор дорад. Дар нихояти кор, идораи одамон чои худро ба идораи истехослй дода, зарурат ба ташкили сохторхи сиёсй аз байн меравад. Дар чомеа «озодии умумй ва фардй», хукукхои шахе, низому тартиботи боадолат таъмин мешаванд.

Шарл Ферйе (1772 - 1837) - мутафаккири Фаронса, мунаккиди сохти капиталиста, аз чумла моликияти хусусй, пуштибони манфиати мардум, аз чумла озодии шахей, муаллифи асари «Чахонй нави хочагии дорой тамоили ичтимой» мебошад. У ба мисли Сен-Симон кушиши муайян намудани даврахои раванди пешрафти таърихиро ба харч дода, ба хулоса меояд, ки инкишофи таърихии чомеа ба мархилаи нав меорад. Дар ин мархилаи нихой озодии шахей ва баробарй таъмин мешаванд.

Заминаи назарияи мутафаккирро акидаи у дар хусусй чой доштани к,онуни хамбастагии ицтимой ташкил медихад. Ба назари мавсуф, ин конун хислати хамагонй дошта, дар олами моддй, органики, хайвонот ва ичтимой амал мекунад.

Ба назари мутафакир, давраи ибтидоии таърихй, ки чун замони «кудакй» арзёбй мешавад, бо .шрхилаи тамаддгн иваз мешавад. Мархилаи тамаддунй заминахои моддй, ичтимой, фархангнро барои хаёти хушбахтонаи одамон омода намуда, ибтидои асри XIX


344





ба бухрони шадид дучор мешавад, аз чумла хокимияти мустабиди феодалхо бо хокимияти золимонаи капиталистхои моликиятдор иваз мешавад, байни ахолй бенавой
cap мезанад.

Давраи заволи тамаддунро мутафаккир махз бо чомеаи буржуазй алокаманд мекунад. Ба мушохидаи мавсуф, дар ин давра давлат манифатхои табакаи сарватмандро химоя мекунад, нуфузи волои онро дар чомеа нигох медорад, ахолии зиёди бенаворо ба ин табака мутеъ мегардонад, синфи бенаво аз хокимят дур карда шуда, аз озодии сиёсиву ичтимой махрум мегардад. Хокимиятдории буржуазй «истибдоди моликияти фардй бар болои ахолй» номида мешавад.

Таъкид мешавад, ки махз моликияти хусусй боиси он мегардад, ки хукуку озодихои дар эъломияхо ва конунхо эълоншуда танхо дар когаз монда, шиори холй мегарданд. Аз чумла ишора ба он мешавад, ки чомеаи буржуазй хукуки инсонро ба мехнат таъмин намекунад, дар холе ки бидуни он «хамаи дигар хукукхо ягон ахамият надоранд».

Зимни танкиди сохти капиталистй мутафаккир роххои хало- сиро аз он пешкаш мекунад. Таъкид мешавад, ки рохи пешгириф- таи инкилоби франсавии охири асри XVIII, аз он чумла эълони сохибихтиёрии халк, хукуки умумии интнхоботй, идораи чумхурй вазъи халкро дигаргун накарданд. Мутфаккир рохи начоти халкро аз сохти фарсудаи буржуазй дар ташкили нави раёти хоцагии одамон мебинад.

Бо ин максад таклиф мешавад, ки дар чомеа шакли нави хаёти хочагидорй бо номи «фаланг» ташкил дода шавад. Хар як фаланг шакли нави иттиходи хочагии одамони касбу корашон гуногун буда, тахминан 1600 нафарро дар бар мегирад. Фаланг тоифахои гуногуни одамонро фаро мегирад, аз кабили коргарон, кишоварзон, мо- ликиятдорон ва диг. Фалангхо мустакил буда, берун аз назорату дахолати давлат фаъолият мебаранд. Мутафаккир муътакид аст, ки фалангхо аз худуди як кишвар берун баромада, минбаъд тамо- ми кишвархо ва нихоят курраи Заминро фаро мегиранд. Билохира, «цахони нави хоцагй» ташкил мешавад.

Фалангхо вохидхои хочагидори хам саноатй ва хам кишоварзй мебошанд. Дар дохили онхо моликият умумй карда намешавад, но- барбарии амволй бокй мемонад. Мутафаккир муътакид аст, ки ба хамаи ин нигох накарда, фалангхо ба тазоди байни синфхо хотима мебахшанд. Афзалияти мухими фалангхоро у дар таъмини озодии шахей мебинад. Ба андешаи мавсуф, зимни озодии шахей мехнати мачбурй ва хама гуна махдудияти шахе вучуд надорад. бар змми ин, озодии шахсии одамон боробар аст.

Ба назари Фурйе. дар «чахонй нави хочагй», ки заминаи онро фалангхо ташкил медиханд, хокимият бокй монад хам, вале ба кори дохилии фалангхо дахолат намекунад. Вале зарурати бо хам пайва-

1   ...   36   37   38   39   40   41   42   43   ...   58


написать администратору сайта