Главная страница
Навигация по странице:

  • ХУКУК

  • тарихти афкори сиёси. х.. Китоби дарси


    Скачать 0.9 Mb.
    НазваниеКитоби дарси
    Дата10.05.2018
    Размер0.9 Mb.
    Формат файлаdocx
    Имя файлатарихти афкори сиёси. х..docx
    ТипДокументы
    #43230
    страница43 из 58
    1   ...   39   40   41   42   43   44   45   46   ...   58
    давлат зарур аст. Ин акидаашро у мушаххастар намуда, кайд мекунад, ки на давлат, балки махз дастгохи давлатии дорой хокимияти давлатй хукукро ба вучуд меорад. Дар ин хусус Иеринг менависад: «Давлат - сарчашмаи ягонаи хукук мебошад».

    Мутафаккир хукукро ба маънои обективй (айнй) ва субективй дарк мекунад. Таъкид мешавад, хукук ба маънои обективй (айнй) мачмуи принсипхои хукукй, тартиби бо конун муайян гаштаи хаёт аст. Ба маънои субективй бошад, хукук шакли мушаххас гаштани коидаи абстрактии рафтор, салохияти хукукии шахе мебошад.

    Иеринг хукукро аз нуктаи назари мазмун ва шаклаш тахлил мекунад. Ба акидаи у, хукук аз нигохи мазмунаш манфиатхои умумро, яъне манфиати чомеаро ифода мекунад, ба шарти химояи онхо аз чониби давлат. Ба назари мутафаккир, мазмуни хукукро манифиатхои умумии чомеа ташкил медиханд, ки бо давлат химоя мешаванд. Аз ин ру, хукук чун манфиати аз чониби давлат хифзшаванда тавсиф мешавад.

    Тибки акидаи дигари мутафаккир, мазмуни хукукро «шароитхои хаёти чомеа» ташкил медиханд, ки бо хокимияти давлатй таъмин мешаванд. Хокимияти давлатй бошад, кобилияти истифодаи мачбурсозй, кувва, кудрати хокимиятиро дорад. Аз ин хотир, чунин таъриф пешкаш мешавад: «Хукук ба маънии васеъ мачмуи шароитхои хаётии чомеа мебошад, ки бо мачбурсозии беруна, яъне хокимияти давлатй таъмин мешаванд».

    Хукук аз нигохи шаклаш мачмуи меъёрхо, коидахои рафтор мебошад. ки хислати умумихатмй доранд. Дар ин холат хислати мачбурй доштани меъёрхои хукук таъкид мешавад.


    356





    Айни замон таъкид ба он мешавад, ки чунин таърифи хукук чадид набуда, пештар хам истифода шудааст. Аз ин ру, Иерннг махсус ишора ба он мекунад, ки тибки таърифи мавчуда
    «хукук мачмуи меъёрхои мачбурии дар давлат амалкунанда мебошад».

    Хамин тарик, дар назарияи Иеринг шакли хукукро махз коидахои рафтор ташкил медиханд. Хамзамон махсус таъкид мешавад, ки аз руи махз меъёрхои мачбурй вучуд доштани хукукро метавон муайян кард. Ба кавли мутафаккир, «махаки хукукро мачбурсозй ташкил медихад». Зери мафхуми «меъёрхои мачбурй» хислати умумихатмй доштани меъёрхои хукук дар назар дошта мешавад. Ба андешаи мутафаккир, хукук дар холати набудани меъёрхои мачбурии (умумихатмии) давлат арзи вучуд надорад.

    Хуллас, Иеринг хам пайдоиш ва хам шакли хукукро бо давлат мепайвандад. Ба назари у, давлат хукукро эчод мекунад ва хамин давлат шакли хукукро муайян мекунад. Мутафаккир мазмуни хукукро бо шароитхои хаёти чомеа, шакли хукукро бошад, бо давлат вобаста мекунад. Бо ин усули тахлилй мазмун ва шакли хукук аз хам фарк карда мешаванд.

    Иеринг давлатро офарандаи хукук шуморида, ба хислати мачбурии хокимияти давлатй ва умумихатмй будани меъёрхои хукук ишора мекунад. Чунин тарзи тахлили давлат уро ба хулоса меорад, ки давлат ташкилоти мацбурсозй мебошад. Мавсуф чунин таъриф- ро пешкаш мекунад: «Давлат ташкилоти мачбурсозии ичтимой мебошад».

    Дар натича хукук махсули давлат эътироф гашта, вобастагии хукук аз давлат таъкид мешавад. Нуфузи бештари давлат нисбат ба хукук эътирф мешавад, зеро махз давлат хукукро ба миён меорад, хастии хукукро гаъмнн мекунад, хукукро мухифизат мекунад. Тавре мутафаккир менависад: «Хукук бе хокимият овози холист».

    Ба акидаи у, хукук бе хокимияти давлатй, бе дастгохи давлатй, ки ин хокимияти мачбуриро амалй мекунад, арзи хастй надорад. Танхо хокимияти давлатй ба хукук хислати вокей мебахшад. Мавсуф муътакид аст, ки махз хокимияти давлатй «амалй гаштани меъёрхои хукукро таъмин мекунад».

    Иеринг гарчанде накши давлатро дар эчод, таъмин ва амалй гаштани хукук эътироф намояд хам, дар хар сурат мекушад аз андешаи тобеияти давлат ба хущук, пуштибонй кунад. Барои таквияти ин андеша у акида пешкаш мекунад, ки мохияти хукук вобаста ба шароити чомеа инкишоф меёбад. Ба назари у, дар ибтидо хукук хислати мачбурсозии яктарафаро дошт. Дар ин холат як тараф мачбур мекунад, тарафи дигар мутеъ мегардад. Сипас, мачбурсозй хислати дутарафа мегирад. Акнун хам давлат ва хам одамон ба хукук тобеъ


    357





    мешаванд. Зимни ин андеша зарурати тобеияти хокимияти давлатй ба
    хукук химоя мешавад.

    Химояи андешаи тобеияти давлат ба хукук дар назарияи Иеринг тасодуфй нест. У муътакид аст, ки равобити хукукии одамон, адолат дар чомеа махз дар робита бо интизом, тартибот, конуният им- конпазиранд. Аз ин ру, хулоса пешкаш мешавад, ки тобеияти хама, аз он чумла хокимияти давлатй ба хукук, риояи меъёрхои хукук аз чониби хокимиятдорон кафолати таъмини адолат мебошад.

    Вале тобеияти давлат ба хукук мутлак фахмида намешавад. Ин тобеият дар назарияи Иеринг нисбй мебошад, аз шароитхои хаёти чомеа вобаста аст. Тавре таъкид гардид, мазмуни хукукро дар ин назария шароитхои хаёти чомеа ташкил медиханд. Бар заммин ин. хукук мазмунан манфиатхои умумии чомеаро ифода мекунанд. Аз ин нуктаи назар, мутафаккир ба хулоса меояд, ки тобеияти хокимияти давлатй ба манфиатхои чомеа аз тобеият ба хукук афзалтар аст, яъне дар холати зарурати химояи манфиатхои чомеа давлат метавонад хукукро сарфи назар кунад. Ба кавли мавсуф, хокимияти давлатй дар холати интихоби нуфузи бештари чомеа ва ё хукук, бояд «чомеаро начот дихад».

    Аз ин чо Иеринг ба хулоса меояд, ки волоияти хуцук, дар давлат хислати хамешагй надорад, зеро дар мавридхои зарурй хокимияти давлатй бахри хифзи манфиагщои чомеа меъёрхои хукукро метавонад сарфи назар кунад. Хулосаи дигари мавсуф ин аст, ки андешаи давлати х,укук;бунёд шубханок аст, вокей нест. Ба кавли мутафаккир. давлати хукукбунёд «як мох хам вучуд дошта наметавонад».

    Иеринг, ки хукукро зимни усули органики, чун вучуди органики (зинда, вокей) тахкик мекунад, хамаи конунхои олами зиндаро (ор- ганикиро) истифода мебарад. У кайд мекунад, ки яке аз конунхои олами зинда муборизии мавчудот барои растии хеш мебошад. Аз ин хотир, таъкид мешавад, ки мубориза бахри ХУКУК конуни хастии одамон мебошад. Тавре мутафаккир менависад: «Вучуди хукук мубориза аст, муборизаи халкхо, хокимияти давлатй, табакахо, афрод». Мутафаккир муътакид аст, ки хукук махз дар рафти мубориза ба даст меояд. У ба хонанда хитоб намуда менависад: «ту дар рафти мубориза хукуки хешро касб мекунй».

    Дар баробари мубориза бахри хукук чанг низ таваччухи мутафак- кирро ба худ чалб мекунад. Мубориза ва чанг аз чумлаи падидахои хаёти чомеа мебошанд, ки аз чониби Иеринг хуб пазирой мешаванд. Мавсуф ошкоро мухаббати хешро ба мубориза зохлр мекунад, таъкид мекунад, ки «мубориза ва чанг» ягона падидахое мебошанд, ки таваччухи шахсро ба худ чалб мекунанд.

    Аз ин ру, андешахои намояндагони мактаби таърихии хукук (Гуго, Савини, Пухта) зери танкид гирифта мешаванд. Тавре маъ-


    358



    лум аст, ба назари ин мактаб, хукук ба мисли забон муътадил, оро- мона. бидуни муборизаву мунокиша инкишоф меёбад. Иеринг таби- йст, ки бо ин андеша розй шуда наметавонист, зеро мубориза дар назарияи у чавхари инкишоф ва хастии хукук аст.

    Аз андешахои Иеринг ба хулоса омадан мумкин аст, ки давлат бахри хадафхои хеш, алалхусус дар холати хифзи манфиатхои чомеа метавонад меъёрхои хукукро сарфи назар ва поймол кунад. Айни замон манфиатхои чомеа гуногун мешаванд, аз чумла хислати чангчуёна дошта метавонанд. Ба назари Иеринг, хукук, ки зимни тартибу интизоми катъй таъмин мешавад, махз дар рафти мубориза арзи хастй дорад. Бар замми ин, барои хукук хамеша мубориза бояд бурд. Вале мубориза шаклхои гуногун дошта метавонад, чунончи чанг хам як шакли мубориза барои хукук шуда метавонад. Бесабаб нест, ки мутафаккири оламонй мухаббати беандозаи хешро ба мубориза зохир мекунад, «мубориза ва чангро» падидахои чалбкунандаи назар мешуморад. Гуё дар хаёти чомеа дигар падидахои аз муборизаву чанг мухимтар вучуд надоранд, ки таваччухи инсонро ба худ чалб кунанд. Хуллас, аз ин андешахои Иеринг хулосахои гуногун хосил мешаванд.

    Айни замон мебояд таъкид намуд, ки мубориза бахри хукук дар назарияи Иеринг ба маънои дигар низ дарк мешавад. Мутаффаккир муътакид аст, ки шахе барои амалй намудани хукуки субективии хеш бояд мубориза барад, аз чумла бахри истифода аз хукукхои хусусй. Таъкид мешавад, ки барои амалй намудани хукукхои субективй «хисси солими хукукй», масъулияти шахей лозим аст. Хамин тарик, мубориза барои хукук аз шахе хисси масъулият, хисси дарки масъулияти хукукиро талаб мекунад.

    1. Ч,о(! Остин

    Чон Остин (1790 - 1859) - мутафаккир ва хукукшиноси Англия, яке аз поягузорони хукукшиносии позитивй, муаллифи асари «Лек- сияхо оид ба хукукшиносй, ё фалсафаи хукуки позитивй» мебошад.

    Мутафаккир дар бахши тахкики хукук аз усули рам позитивй (ишклии меъёрй) ва рам сотсиологии манфиатро (андешаи Ч Бентам) истифода мебарад. У чун чонибдори нуктаи назари позитивй хукукро дар робита бо холатхои вокей, бидуни тавсифи ахлокй, ичтимой, сиёсии хукук тахлил мекунад. Табиист, ки чунин усулхои позитивй ба андешахои назарияи фитрй-хукукй зид буданд.

    Ч Остин рокимияти сорибихтиёрро сарчашмаи ХУКУК мешуморад. У аз андешахои Ч Бентам (назарияи манфиатхо) истифода намуда, хамзамон бар хилофи Бентам таъкид мекунад, ки ба хайси





    хокими воло (сохибихтиёр) на танхо шох, балки муассисаи дигар (гурухи одамон) низ метавонад баромад кунад.


    Ба акидаи мутафаккир, хокимияти воло (сохибихтиёр) хамон хокимиятест, ки одамонро зери тобеияташ нигох медорад. Теобеияти одамон нишонаи асосии хокимияти сохибихтиёр эътироф мешавад.

    Таъкид мешавад, ки хукукро танхо хокимияти сохибихтиёр мукаррар мекунад. Ба назари мавсуф, шох ё гурухи дигари хукмрон салохияти эчоди хукукро дар холати сохибихтиёр буданашон касб карда метавонанд. Аз ин ру, ХУКУ^и байналмилалй рад мешавад. Ба андешан мавсуф, хукуки байналмилалиро на хокимияти сохибихтиёр. балки афкори умум мукаррар мекунад.

    Таъкид мешавад, ки дар холати истилои кишвари бегона конунхои мукаррар намудаи истилогарон аслан конун нестанд, чунки бо хокимияти сохибихтиёри кишвари истилошуда ягон робита надоранд.

    Дар назарияи Ч Остин хокимияти сохибихтиёр сарчашмаи ягона ва мутлаки хукук нест. Ба акидаи у, дар баробари хокимияти сохибихтиёр хамчунин Худованд низ хукук мукаррар мекунад. Аз ин хотир, ду намуди хукук фарк карда мешаванд: 1) хУКУКи динй; 2) ХУКУКи давлат (позитивй).

    Мутафаккир ХУКУК ва ахлокро аз хам чудо мекунад. Коидахои муд, одоби рафтор, вичдон аз чумлаи шаклхои ифодаи ахлок эътироф мешаванд. Хамаи ин коидахои ахлокй «ахлоки позитивй» номгузорй мешаванд.

    Чудо намудани хукук ва ахлок дар назарияи Ч- Остин, ки вокеан назарияи позитивист, бесабаб нест. Позитивистон, тавре маълум аст, фахмиши фитрии хукукро ва аз ин ру, дарки ахлокии хукукро рад мекунанд. Дар хамин робита Ч- Остин ба тазоди байни хукук ва ахок ишора намуда, хулоса пешкаш мекунад, ки хукуки позитивй новоба- ста аз танкиди ахлокй хамеша чун хукуки вокей арзи вучуд дорад. Ин андешаи мутафаккир барои он пешбарй мешавад, ки чонибдорони назарияхои фитрй-хукукй бо истифода аз арзишхои ахлокй хукуки позитивиро мавриди танкид карор медоданд.

    Ч- Остин ба масъалаи хУКУКи судй таваччух намуда, таъкид мекунад, ки карори судй ба шарте сарчашмаи хукук мешавад, ки агар онро хокимияти сохибихтиёр расман эътироф карда бошад.

    Хуллас. Ч- Остин муътакид аст, ки дар хама холатхо танхо хокимияти сохибихтиёр сарчашмаи хукук шуда метавонад, ба истиснои, албатта, хукуки диий.

    Дар назарияи мутафаккир, хукук бинобар позитивй буданаш. дар робита бо меъёрхои конун тахлил мешавад.
    1   ...   39   40   41   42   43   44   45   46   ...   58


    написать администратору сайта