тарихти афкори сиёси. х.. Китоби дарси
Скачать 0.9 Mb.
|
давлат эътироф мешавад. Хукуки фитрй «низоми меъёрхои хукукии умумй» номида мешавад, ки аз «хиради инсонй» сарчашма гирифта, махаки конунхои давлат мебошанд. Хукук чун шакли ифодаи озодй баррасй мешавад, озодии беруна (хукук), озодии дохилй (ахлок) ва озодии чамъиятй зинахои инкишофи мафхуми озодй эътироф мешаванд. Инсон мавчудоти озод эълон мешавад. Намудхои чудогонаи мафкураи либералй чудо карда мешаванд, аз кабили либерализми «кучагй» (бемасъулият); либерализми оппозитсионй (танкидй); либерализми хифзкунанда, ки таносуби хукуку озодихои инсон ва масъ- улияту ухдадорихояшро мепазирад. С. А. Му роме ее усули сотсиологии тахлили хукукро истифода мебарад, хукукро чун тартиботи хукукй тавсиф мекунад, озодии хукукэчодкунии судиро химоя мекунад. Таъкид мекунад, ки озодии фаъолияти судиро махз назарияхои сотсиологии хукук таъмин мекунанд, назарияхои шаклии меъёрй бошанд, баръакс, хукукэчодкунии судиро рад мекунанд. У чун чонибдори нуктаи назари сотсиологй, акида пешкаш мекунад, ки хукук аз меъёрхои хукукй иборат набуда, чун шакли ифодаи «муносибатхои хукукй» амал мекунад. Н.М. Коркунов муаллифи асари «Лексияхо оид ба назарияи умумии хукук» мебошад, ки нух маротиба нашр шуда, ба забонхои фаронсавй ва англией тарчума шуда буд. У аз нуктаи назари пси- хологй чонибдорй намуда, ба акидахои С.А. Муромсев дар хусусй робитаи байни мафхуми хукук ва тартиботи хукукй ва Иеринг оид ба равобити хукук ва манфиатхо такя мекунад. Чомеа чун «иттиходи равонии одамон» тавсиф мегардад, ки ба мухолифати манфиатхои шахеиву чамъиятй асос меёбад. Таъкид мешавад, ки барои таъмини хамбастагии манфиатхо хукук зарур аст. Хукук манфиатхоро чудо намуда, манфиатхои тазодиро ба эътидол меорад. Хамзамон хукук манфиатхои зарурро хифз намуда, тартиботи лозимаи муносибатхои чамъиятиро таъмин мекунад. Мавсуф аз усулхои сотсиологиву фалсафй васеъ истифода намуда, шуури фардиро пояи хукук мешуморад. Рушан намудани мафхуми хукук зимни истифодаи натичахои илмхои сохавии хукукй вазифаи назарияи умумии хукук эълон мешавад. Таърихи мукоисавии конунгузорй мавзуи омузиши таърихи умумии хукук пазируфта мешавад. Тафовути байни фалсафа ва фалсафаи хукук рад мешавад. М.М. Ковалевский аз назарияи сотсиологиву позитивии Конт, гояи тахаввулии Спенсер, усули мукоисавй-хукукй чонибдорй мекунад. У аз чумла асари «Усули таърихй-мукоисавиро дар хукукшиносй» менависад ва дар он мекушад «таърихи табиии хукукро» рушан на- 375 мояд. Мавсуф ахамияти истифодаи усули таърихиро кайд мекунад, аз чумла таъкид мекунад, ки омузиши шаклии конун кифоя набуда, ба инобат гирифтани «шароитхои моддй» низ зарур аст. Ба акидаи у, зимни омузиши Конститутсияи ИМА с. 1787 таъсири тачрибаи конститутсионии Англияро, ё хангоми тахлили федератсияи ИМА тачрибаи конфедеративии Нидерландияро мебояд ба инобат гирифт. Номбурда ба омузиши таърихи даватхои Аврупо асари махсуси хешро бо номи «Аз идораи бевосита халкй ба идораи намояндагй» ме- бахшад.
Г. В. Плеханов (1856 - 1918) дар таргиби назарияи марксиста дар Россия накши мухим мебозад. У накши инкишофи капитали- стаи кишварашро дар пешрафти хам муносибатхои истехсолй ва хам сохтори конститутсионй мебинад, аз сиёсати гарбгарони шохи рус Пётри I пуштибонй намуда, ба хулоса меояд, ки синфи коргарй 376 рус ин раванди гарбигардии кишварро ба итмом мерасонад. Мавсуф хукуки инкилобй ва давлати инкллобии диктаториро аз конун баланд мегузорад, истифодаи усулхои зуровариро дар рафти инкилоб чонибдорй мекунад. С.А. Котляровский (1873 - 1940) дар асараш «Хокимият ва хукук- Проблемаи давлати хукукбунёд» аз гояи давлати хукукбунёд пуштибонй мекунад, аз чумла давлати хукукбунёдро давлати боадлат меномад. Арзиши давлати хукукбунёдро дар волоияти «конуни боадолат» мебинад, таъкид мекунад, ки дар давлати хукукбунёд конун хамеша боадолат мебошад. А.С. Алексеев давлати хукукбунёдро бо тартиботи хукукй алокаманд мекунад, талаботи мухими давлати хукукбунёдро бо он муй- ян мекунад, ки тартиботи хукукй бидуни намояндагии халк тагйир дода намешавад. Волоияти хукук аз чумлаи талаботи дигар тавсиф мегардад, ки заминаи давлати хукукбунёдро ташкил медихад. У мафхумхои хукук ва конунро чудо намуда, ишора ба он мекунад, ки асоси конунро хукук ташкил медихад, аз ин хотир, вазифаи конунгузорро на эчоди хукук, балки чустучуи хукук ташкил медихад, хукук бошад, дар «шуури чамъиятй» карор дорад. Г.Ф. Шешеневич (1863 - 1912) аз нуктаи назари позитивй ва усули шаклии меъёрй истифода намуда, давлатро сарчашмаи хукук эътироф мекунад, дар асараш «Назарияи умумии хукук» (1910) ба масоили хокимият, равобити хокимият ва ирода таваччух мекунад. У тавсифи хукукии давлатро чун субекти муносибатхои хукукй рад намуда, аз тавсифи сотсиологй чонибдорй мекунад ва давлатро дар робита бо хокимияти давлатй, куввахои чомеа меомузад. Мавсуф таъкид мекунад, ки фахмши сотсиологии давлат робитаи кувва ва иро- даро талаб мекунад, аз чумла иродаи як гурухи одамон барои тобеъ намудани иродаи одамони дигар мохияти хокимияти давлати- ро ташкил медихад. Б.А. Кистяковский (1868 - 1920) гояи «давлати хукукбунёди сот- сиалистиро» пешбарй мекунад, ки пас аз ислохи камбудихои давлати хукукбунёди буржуазй амалй мегардад. У мафхуми фалсафй ва сотсиологии хукукро пешбарй мекунад. Аз нуктаи назари фалсафй, хукук мачмуи меъёрхо мебошад, ки озодии шахсро мукаррар мекунанд. Аз нигохи сотсиологй, хукук мачмуи меъёрхост, ки созиши куввахои гуногунро таъмин мекунад. Таъкид мешавад, ки конститутсия аз кабили хамин гуна хуччати созишй мебошад. Е.Н. Трубетской (1863 - 1920) ба таърихи фалсафаи динй ва фалсафаи хукук таваччух намуда, хукукро чун озодии бо меъёрхо махдудшуда тавсиф мекунад, хама гуна таърифхои хукукро дар иртибот бо давлат, хокимият, мачбурсозй рад мекунад. Ба андешаи у, хукук хамеша бо давлат ва хокимияти давлатй робита на- 377 дорад, чунки дар чомеа намудх,ои гуногуни хукук вучуд доранд, аз кабили хукуки калисо (динй), хукуки байналмилалй, одатхои хукукй. Якчанд назарияхои хукук чудо карда мешаванд: назарияхое, ки хукукро чун кувва тахлил мекунанд; назарияхои манфиатхо; назарияи ахлокии хукук. Хдмзамон таъкид мешавад. ки як катор меъёрхои хукук чавобгуи талаботи ахлокй нестанд, масалан, меъёрои хукуки заминбарчой (крепостной), меъёрхое, ки азобу шиканча пешбинй мекунанд, меъёрхои махдудкунандаи озодии динй. Андешаи мутобикати хукуки позитивй ва фитрй химоя мешавад, таъкид мешавад, ки хукуки фитрй заминаи камолот мебошад, ба туфайли хукуки фитрй инсон аз хисси гуломй озод мешавад. П.И. Новгородссв (1866 - 1924) дар бахши таърих ва фалсафаи хукук тахкикот анчом медихад, асари «Мукаддимаи фалсафаи хукук»- ро пешкаши хонанда мекунад. У аз зарурати эхёи фалсафаи хукуки фитрй пуштибонй мекунад, ба бухрони шуури хукукй, аз чумла дар бахши гояхои давлати хукукбунёд, озодй, баробарй тачлили назар мекунад. Мавсуф аз назарияи И. Кант пайравй намуда, хукукро дар робита бо ахлок тахлил мекунад ва аз ин ру, нуктаи назари фитрй- хукукиро чонибдорй мекунад, аз чумла таъкид мекунад, ки гояхои хукуки фитрй, ё заминаи ахлокии хукук, гарчанде назариявй бошанд хам, аз ахамияти маънавй холй нестанд. Ба акидаи у, гояхои мазкур маънавиёти инсонро, шуури ахлокии инсонро бедор мекунанд. Аз ин хотир, мавсуфро сарвари мактаби хукуки фитрии эхёгашта мешуморанд. Намояндагони ин мактаб И.А. Илйин, Н.Н. Алексеев, А.С. Яшенко ва диг. аз чумлаи шогирдони мавсуф буданд. С.Н. Булгаков (1871 - 1944) назарияи марксистиро аз нуктаи назари динй, чахонбинии масехй зери танкид мегирад, аз гояи равобити давлат ва калисо пуштибонй мекунад. Ба андешаи у, дар давлатхои пештараи масехй байни давлат ва калисо муносибати солим побарчо буд, вале дар давлатхои нав ин муносибат халалдор гаштааст, давлат ва калисо аз хам чудо шудаанд. Мавсуф озодии диниро заминаи аф- зоиши фаъолияти калисо мешуморад. У муътакид аст, ки аз нигохи хукук давлат ва калисо аз хам чудо мебошанд, вале калисо ба фаъолияти давлат таъсир мерасонад. Ба андешаи мавсуф, давлатдорй зимни дини масехй амалй мешавад. Дини православй дини озодй номида шуда, таъкид мешавад, ки ин дин бо режимхои иртичой ягон робита надорад. Аз чумла ишора ба он мешавад. ки дини православй асрхои тулонй дар Россия бо шакли идораи (режими) шохй равобит дошт ва хамин омил боиси аз байн рафтани Византия ва таназзули Россия гардид, яъне таъсири манфй расонид. Ин таъсири манфй дар он эхсос мешавад, ки мувозинати байни давлат ва калисо халалдор гардид. Мафхуми хукук дар робита бо ахлок рушан гашта, меъёри ахлокии эхтироми инсонй заминаи хукук эътироф мегар- 378 дад. Ин махаки ахлокй дар шаклн адолат арзи вучуд дорад. Хукуки фитрй, ки аз талаботи ахлокиву хукукй иборат аст, чун махаки тавсифи хукукии давлат эътироф мегардад. Баробарии ахлокии одамон, кадри инсонй аз чумлаи ин талабот шинохта мешаванд. Хукук чун озодй ва баробарй тавсиф мешавад. Н.А. Бердяев (1874 - 1948) дар асараш «Марксизм ва дин» таълимоти марксистиро, аз он чумла сотсиализми марксиста ва марк- сизми русро зери танкид мегирад. аз чумла таъкид мекунад. ки марксизм худро чун дини нав ба чои дини масехй намудор мекунад. про- летариатро чун «Худой нав» тавсиф мекунад, маънавиёти шахсро аз байн мебарад, озодии маънавии инсонро поймол мекунад, коммунизм бошад, хам Худо ва хам инсонро инкор мекунад. Дар асари дигараш «Манобеъ ва мохияти коммунизми рус» у камбудии комму- низмро дар халалдор гаштани маънавиёт ва арзиши шахе мебинад, айни замон таргиби дустин халкхо, аз байн бурдани тазоди синфи- ро пахлуи мусбии коммунизм мешуморад. Дар асари мавсуф «Фалсафаи нобаробарй» имкони пойдории «давлати масехй» рад меша- • вад, аз чумла ба хотири ин ки давлат дар хама холат дар баробари пахлухои мусбй хамчунин зухуроти манфй низ дорад. Таъкид мешавад, ки калисо барои химояи мохияти аслии инсонй, давлат барои хифзи инсон аз «зухуроти хайвонии» дигарон, хукук барои химояи инсон аз амалхои бадй дигарон. конун бахри таъмини андозаи озодй дар чомеа заруранд. И.А. Илйин (1883 - 1954) дар асархояш «Мафхуми хукук ва кувва: тахлили методологй». «Назарияи шуури хукукй», «Вазифахои асо- сни хукукшиносй дар Россия», «Оид ба монархия ва чумхурй» ва диг. ба таносуби фалсафаи дин ва фалсафаи хукук таваччух мекунад. Мохияти давлат ва хокимиятро дар амалй гаштани ирода мебинад, яъне иродаи давлатй, ки иродаи зердастонро тавассути маънавиёт тобеъ мекунад. Заминаи хукукй, ягонагй, сифатхои ахлокиву маънавии хокимиятдорон, пешбурди манфиатхои умумй нишонахои мухими хокимияти давлатй эътироф мешаванд. Кадршиносии инсон ва халк талкин мегардад. Накши мухими моликияти хусусй дар тарбияи кадршиноей эътироф мешавад. Моликияти хусусй хукуки фитрй номида мешавад. Хамзамон таъкид мешавад, ки моликиятдор бояд тарбияи кофии маънавй дошта бошад. Ба андешаи мавсуф, давлати хукукбунёд дар тафовут аз давлати тоталитарй ба кадршиносии инсон такя дорад. Рохбарии хизбй, диктатураи хизбй, идораи хамаи сохахои хаёт аз чумлаи нишонахои давлати тоталитарй махсуб мешаванд. Аз ин ру, режими тоталитарй зиддихукукй ва гайридавлатй номида мешавад. Истибдод чун режими хокимияти бедин, бевичдон, зиддимиллй тавсиф мешавад. Вобастгаии давлат ва хукук аз шуу- 379 ри хукуки таъкид мешавад. Ташаккули фарханги масехй вазифаи мухими чомеа эълон мешавад.
Поягузорони таълимоти марксистй Карл Маркс ва Фридрих Энгеле мебошанд. Карл Генрих Маркс (1818 - 1883) поягузори гоя ва назарияи инкилоби пролетарй (коргарй), материализми таърихй ва диалектики, иктисоди сиёсии марксистй, коммунизми илмй, хатмкунандаи фа- култати хукукшиносии донишгохдои Бонн ва Берлин, доктори фалсафа буда, муаллифи асархои «Дойр ба танкиди фалсафаи хукуки Гегел», «Оилаи мукаддас», «Идеологияи немис», «Кашшокии фалсафа», «Манифеста хизбй коммунист», «Муборизаи синфй дар Фаронса аз с. 1848 то с. 1850», «Танкиди иктисоди сиёсй», «Капитал» ва диг. мебошад. Як катор асархои зикршуда дар хаммуаллифй бо Ф. Энгеле навишта шудаанд. Фридрих Энгеле (1820 - 1895) - яке аз асосгузорони таълимоти маркистй, хамсабаки К. Маркс, муаллифи асархои «Вазъи синфи кор- гари Англия», «Анти-Дюринг», «Диалектикаи табиат», «Пайдоиши оила, моликияти хусусй ва давлат», «Людвиг Фейербах ва интихои фалсафаи классикии олмонй» ва диг. мебошад. Як катор асархояшро дар хаммуаллифй бо К. Маркс навиштааст. К. Маркс ва Ф. Энгеле зимни истифода аз назарияи материалистй, усули фалсафии диалектикй бахри начоти мехнаткашон аз зулму истисмори сармоядорон назарияи диалектикиву материалистии давлат ва рук;укро пешкаш мекунанд. Дар робита бо чустучуи роххои таъмини некуахволии мардуми мехнаткаш онхо мачбур мешаванд ба масоили пайдоиш, мохият, вазифахои давлат, давлатдорй, хокимит, таносуби давлат ва иктисод, сиёсат, конунгузорй таваччух зохир намоянд. Зимни тахлили ин кабил масоили назариявй онхо |