Главная страница

тарихти афкори сиёси. х.. Китоби дарси


Скачать 0.9 Mb.
НазваниеКитоби дарси
Дата10.05.2018
Размер0.9 Mb.
Формат файлаdocx
Имя файлатарихти афкори сиёси. х..docx
ТипДокументы
#43230
страница48 из 58
1   ...   44   45   46   47   48   49   50   51   ...   58

Анархистон

Пйер Жозеф Прудон (1809 - 1865) мутафаккири Фаронса, яке аз поягузорони равняй анархистй (бехокимиятй) буда, муаллифи асари «Моликият чист? Тахкики принсипи хукук ва хокимияти хукуматй» мебошад.

Пайдоиши давлат бо моликияти хусусй вобаста карда мешавад. Моликияти хусусй бинобар табиати беадолатиаш махкум мешавад. Ба андешаи у, моликияте, ки бидуни мехнат ба даст меояд, заминаи истисмори одам буда, давлат бахри химояи ин моликият вучуд дорад. Моликияти хусусй, ки зимни тасарруфи моликияти умум пайдо мешавад, чун моликияти «дуздй» тавсиф мешавад.

Дар нагича беадолатии моликияти хусусй ва давлат эътироф гашта, акидаи баррам додани давлат ва конунро пешкаш мешавад. Таклифи таъсиси «иттироди озодй одамон» ба чои давлат пешкаш мешавад. Ин иттиходи гайридавлатй зимни шартнома таъсис мегардад. Ичрои ин шартнома вазифаи аъзои чомеа эълон мешавад. Таъкид мешавад, ки иттиходи гайридавлатй озод аст, хар кас метавонад озодона аз он барояд.

Ба андешаи мавсуф, иттиходи озодй одамон бидуни конунро амал мекунад. Дар он ёрии хамдигарии одамон вучуд хохад дошт. Одамон зимни шартнома бо хам муносибат мекунанд. Дар натича тартиботи нави муносибати байни одамон пайдо мешавад. Ин тартибот бидуни конунхои давлат, зимни равобити шартномавй таъмин мешавад.

Дар дохили иттиходи гайридавлатй худидораи халк таъмин мешавад. Ба чои идораи давлатй шакли нави идораи одамон тавассути худидора пойдор мегардад.

Мавсуф демократияро инкор мекунад. Ба андешаи у, демократия нуфузи давлатро аз хад зиёд намуда, ба мутлакияти давлатй меорад. Демократия шакли хукмронии феодалй номида мешавад.

Макс Штирнер мутафаккири Фаронса, намояндаи дигари мафкураи анархистй мебошад. У дар асараш «Инсони ягона ва сарва-


394



ти у» (с. 1845) зидди гояи сотсиалистй баромад мекунад, аз чумла дар масъалаи таъсиси моликияти давлатй. У аз моликияти хусусй пуштибонй намуда, таъкид мекунад, ки бархам додани моликияти хусусй ва давлатй (ё чамъиятй) гардонидани он шахсияти инсонро поймол намуда, уро кашшок мегардонад.

Моликиятдории хусусии беандоза таргиб мешавад. Ба андешаи мавсуф, шахе метавонад ба «хам чизи дилхохаш» хакки моликият дошта бошад. Моликиятдорй дар таносуб бо к,увва ва ХУКУК баррасй мешавад. Таъкид мешавад, шахе зимни кувааш хак дорад хама чиз- ро сохибй кунад. Хамзамон хар шахе худаш хакки моликиятдори- яшро мукаррар мекунад.

Дар ин замина давлат падидаи зиёдатй эълон мешавад, зеро шахе худаш хакки моликиятдориро мукаррар мекунад. Дин, ахлок;, рукук, вичдон низ инкор карда мешаванд, чунки хакки моликиятдориро манъ ё махдуд мекунанд. Мавсуф бахри таъмини озодии мо- ликиятдор аз падидахову сохторхои мухими чомеа даст мекашад.

Михаил Александрович Бакунин (1814 - 1876) давлат ва калисоро инкор мекунад, пеш аз хама ба хотири вусъати идораи давлатии бюрократа, ташаккули гурухи мансабдорони зулмовар, ис- тисморкунандагони оммаи мардум. Мавсуф ба масъалаи табиати хокимият таваччух намуда, намудхои зерини онро чудо мекунад: динй, бюрократй ва харбй. У хамаи намудхои имконпазири хокимиятро ба хотири зулмовар буданашон рад мекунад. Махдудсозии озодй камбудии чиддии хокимият эътироф мешавад.

Хамчунин камбудихои дигари хокимият барасй мешаванд. Чунончи, таъкид мешавад, ки имтиёзхои мансабдорони давлатй баро- бариро халалдор мекунанд, зулму истисмор пеши рохи бародарии одамонро мегирад, беадолатии хокимиятдорй бошад, ба таъмини адолат мусоидат намекунад.

Мавсуф аз чомеаи бедин чонибдорй мекунад. Таъкид мешавад, ки махз имон ба Худо боиси халалдор гаштани эхтироми инсон мегардад. Ба андешаи у, хар гуна инкилоби ичтимой бояд зиддидинй бошад.

Сиёсат бидуни давлат, чун сиёсати гайридавлатй баррасй мешавад. Ба чои сиёсати давлат андешаи «сиёсати халкхо» пешкаш мешавад. Таъкид мешавад, ки ин сиёсати нав дар асл сиёсати одамони озод мегардад.

Хамчунин хизбхо ва шаклхои дигари иттиходи одамон мавриди танкид карор мегиранд, пеш аз хама ба хотири доштани зухуроти бюрокрагияшон. Зарурати ташаккули шакли нави хамгироии одамон зимни инкилоби ичтимой химоя мешавад. Хамзамон илм низ зери танкиди мавсуф карор мегирад, аз чумла ба хотири тахлили масоили метафизики.


395



М.А. Бакунин назарияи марксистиро, аз чумла андешаи накши рохбарикунандаи синфи коргарро дар бунёдй чомеаи сотсиалистй танкид мекунад. Кабудии чиддии таълимоти марксистй ва умуман чомеаи сотсиалистиро у дар он мебинад, ки синфи коргар аз болои дехконон хукмронй мекунад, як гурухи хурди «олимони сотсиалист», ки аслан тоифаи «ашрофхо» мебошанд, дар чомеа хукмронй мекунанд. Аз ин хотир, чомеаи сотсиалистй «истибдодй» номида мешавад. Ба андешаи мавсуф, дар ин чомеа хукмронии гурухи «ашоро- фон» таъмин мешавад.

Мавсуф аз хисси исёнгарои халки рус пуштибонй мекунад. Ба андешаи у, ташаккули исёнгарой дар Россия зимни як катор омилхо имконпазир гаштааст, аз кабили андешаи халкии мансубияти замин ба халк, хакки чамоати дехконон ба истифодаи якчояи замин, худидораи чамоат. Мавсуф муътакид аст, ки хамин омилхо боиси тазоди байни чамоати дехконони рус ва давлат мегардад.

Пётр Алексеевич Кропоткин (1842 - 1921) кушиши омехта намудани назарияи анархистиро бо фалсафаи табиат, фалсафаи ичтимой ба харч медихад. Бештар ба андешаи рамкорй, рамдилй, ёрш хамдигарии одамон таваччух мекунад. Моликият ба заминро омили асосии пайдоиши давлат мешуморад. Таъкид мекунад, ки заминдорй боиси пайдоиши синфи хукмрон мегардад. Накши рухониён, низомиён, дод- густарон низ дар пайдоиши давлат эътироф мешавад.

Давлат чун хокимияти заминдорон, низомиён, додгустарон ва рухониён тавсиф мегарад. Таъкид мешавад, ки давлат барои хокимиятдорй бар болои халк ва зулми бенавоён истифода мешавад.

Хамин тарик, мохияти давлат дар робита бо зулму истисмори халк, рушан мегардад. Давлат чун василаи зулму истисмори одамон, пеш аз хама бенавоён тавсиф мегардад. Таъкид мешавад, ки дар рафти инкишофи давлат хукукхои хокимиятдорон торафт васеъ гашта, айни замон истисмори одамон бештар мегардад. Ба андешаи мавсуф, хукукхои беандозаи хокимон аз хисоби мехнати коргарон таъмин мешаванд.

Л.Н. Толстой, ки нависандаи намоёни рус аст, ба мохияти аслии рукук таваччух намуда, накши хукукро дар таъмини нобаробарии одамон мебинад. У аз чумла менависад, ки хукук барои хокимон вокеан имкони ба сомон расонидани хама гуна амалро таъмин намуда, вале барои одамони дигар ичрои танхо амалхои манъ нашударо пешбинй мекунад. Ба назари мавсуф, маънии аслии ХУКУ«М давлатй ин аст, ки хокимон хакки тасарруфи махсули мехнати одамони тобеъ- ро, ба чанг ва куштори одамони дигар фиристодани онхоро сохибй мекунанд. Вале зердастон танхо хукуки истифодаи махсули то хол тасарруф нашудаи мехнаташон ва ба чанг нарафтанашонро то вакти муайян амалй мекунанд.


396



Ба андешаи мавсуф, мохияти хукуки гражданй ин аст, ки сохи- бони замин ва олоти мехнат хакки моликиятдории замин ва воситахои мехнатро дошта, вале шахсони мухрум аз замин ва воситахои мехнат танхо хукуки фуруши мехнат ва хаёти хешро дошта, бахри таъмини зиндагии заминдорон аз гуруснагй мемиранд. Мохияти хукуки чиной бошад, ин аст, ки як гурухи одамон хукуки бадарга намудан, зиндонй намудан ва ба дор кашидани одамони дигарро дошта, айни замон одамони дигар хак доранд то холатхои зарурй аз ин махрумиягхо эмин бошанд.

  1. Фридрих Вилгелм Нитсше

Фридрих Вилгелм Нитсше (1844 - 1900) - файласуфи Олмои, мунаккиди гояхои сотсиалистй, либералй, баробарй буда, муаллифи асархои «Давлати юнонй», «Иродаи хокимиятдорй», «Пандномаи Зардушт», «Пайдоиши ахлок» ва диг. мебошад.

У ба тахлили «кувва» ва «ирода» таваччух намуда, муътакид аст, ки муборизаи «куввахо ва иродахо» хислати оламшумул, кайхонй дорад. Тавре мавсуф менависад, мухаккикони физик тавассути «кувва Худо ва оламро эчод намуданд», айни хол кувва бояд бо ирода, «иродаи хокимиятдорй» илова карда шавад. Ба андешаи у, хамаи падидахои ичтимой, сиёсй ва хукукй шакли зухури ирода ба истифодаи кувва ва хокимиятдорй мебошанд.

Мавсуф андешаи рушди чомеаро инкор мекунад. У накши шах- сися/щоро, аз кабили Сезар, Наполеон дар инкишофи таърихй халкунанда мешуморад. Ба андешаи мавсуф, инсон дар раванди таърихй на хадаф, балки восита мебошад, ба истиснои шахсиятхои бузурги таърихй.

Раванди таърихй чун муборизаи байни иродаи шахсони тавоно ва иродаи одамони заиф тавсиф мегардад, Иродаи тавоно ба ашрофон, хокимон мансуб буда, иродаи заиф мутааллик ба оммаи мардум, гуломон, тудаи одамон аст. Иродаи ашорофон заминаи болоравии чомеа, иродаи омма бошад. омили пастравии чомеа махсуб мешаванд.

Мавсуф ба фархангу ахлок таваччух намуда, таъкид мекунад, ки фарханги олй аслан фарханги ашрофон аст, ахлок бошад, аз тарафи тудаи одамон бахри хукмронй бар ашрофон истифода мешавад. Дар ин замина назарияи ашрофии фарханг пешбарй мешавад. Тибки ин назария, болоравии чомеа ба фарханги ашрофй ва намудхои олии одамон ниёз дошта, ин тоифаи ашрофон зимни истифодаи мехнати гуломон аз кори чисмонй бояд озод бошад.

Дар назарияи Нитсше андешахои демократй, либералй, сохибихтиёрии халк махкум гашта. чун омилхои мухолифи фарханги ашрофй тавсиф мешаванд. У гояи сотсиалистиро инкор мекунад, аз чумла


397





онро «нуктаи назари нихой байни акидахо» меномад. Ба назари мавсуф,
ищилоби мазлумон ба фарханг хатар дорад. Таъкид мешавад, ки дар карни оянда инкилобхои мазлумон чомаи амал мепушанд, вале минбаъд моликиятдорон галаба карда, гоя ва амалияи сотсиа- лизмро маглуб мекунанд. Камбудихои сотсиализмро у дар инкори хукук, конунхои катъй, ривочи усулхои истибдоди, тобеияти пурраи шахе ба давлат мебинад.

Ба назари мавсуф, дар чомеаи ба у муосир мардуми авом хукмронй мекунад. У аз номи Зардушт суханронй намуда, таъкид мекунад, ки давлати муосир некиву бадиро бо хам омехтааст. Хдмчунин сиёсати давлатхои муосир низ мавриди танкид гирифта шуда, зарурати истифодаи усулрои сиёсатмадории Макиавелли, аз чумла зимни инкори ахлок, талкин мешавад.

Аз ин ру, зарурати танкиди давлат ва хукуки муосир, сиёсат ва конунгузорй, тарбияи одами нав заминаи бунёдй чомеаи нави ашрофй эълон мешавад. Зимни танкиди давлати муосир Нитсше ба хулоса меояд, ки бархам хурдани давлат заминаи ташаккули одами нав мегардад.

Нитсше муътакид аст, ки дар раванди таърихй даврахои гузашта дар шароити нав дубора эхё мешаванд. Аз ин ру, имкони эхёи сохти каставии (табакавии) Хиндустони кадим мувофики максад шуморида мешавад. Мавсуф сохти каставии хиндиро маъкул шуморида, ба хулоса меояд, ки чомеа аз се тоифаи одамон иборат аст: 1) одамони нобига, ки шумораашон кам аст; 2) ицрокунандагони иродаи шахсони нобига, дасти рост ва шогирдони онхо (шох, низомиён, додгу- старон ва хомиёни дигари хукук); 3)
1   ...   44   45   46   47   48   49   50   51   ...   58


написать администратору сайта