Главная страница

тарихти афкори сиёси. х.. Китоби дарси


Скачать 0.9 Mb.
НазваниеКитоби дарси
Дата10.05.2018
Размер0.9 Mb.
Формат файлаdocx
Имя файлатарихти афкори сиёси. х..docx
ТипДокументы
#43230
страница31 из 58
1   ...   27   28   29   30   31   32   33   34   ...   58

9.2. Шарл Луи Монтескё де Секондат


Шарл Луи Монтескё де Секондат (1689 - 1755) - хукукшинос, мутафаккири Фаронса. чонибдори гояхои маорифпарварй буда, дар бахши хукукшиносй, таърих, сотсиология, адабиёт, санъат, илмхои табиатшиносй ва иктисодй ибрози андеша намудааст. У яке аз поягузорони хукукшиносии мукоисавй шинохта мешавад. «Мактубхои форей», «Мулохизахо дар хусусй иллатхои бузургй ва маглубияти римихо», «Рочеъ ба мохияти конунхо» аз чумлаи асархои машхури у мебошанд.

Мутафаккир кушиши муайян намудани цонуниягщои инкишофи чомеаро ба харч дода, ба хулоса меояд, ки махз омилхои ахлокй ва табий «рухияи халкро» муайян мекунанд, ба шакли хаёти давлатй ва хукук таъсир мерасонанд. Конунхои адолат ва ташкили дурусти давлатдорй омилхои халкунандаи таъмини озодии сиёсй эътироф мешаванд.

У бахри муайян намудани мохияти аслии к,онущо талош меварзад. Мохияти конунхо дар иртибот бо омилхое муайян мешавад, ки хислати табий, чугрофй, ичтимой, сиёсй, иктисодй, маънавй, фархангй дошта, ба конун таъсири бевосита мерасонанд. Мачмуи хамин кабил омилхоро мавсуф мохияти конун меномад.

Пеш аз рушан намудани омилхои зикршуда Монтескё омищоеро номбар мекунад, ки хаёти инсонро танзим мекунанд, аз кабили «иклим, дин, конунхо, принсипхои идора, тачрибаи гузашта, одоб, алок». Мачмуи ин омилхо «рухияи халкро» муайян мекунанд.

Сипас, омилхое муайян мешаванд, ки мохияти конунро ташкил медиханд. Дар ин хусус Монтескё менависад: «Конунхо бояд ба хусусиятхои табиии кишвар, ба иклими сард, гарм ё муьтадил, ба сифати хок, мавкеи чойгиршавй ва худудаш, ба тарзи зисти халкхои ин кишвар - кишоварзон, сайёдон ё подабонхо, сатхи озодии бо сохти мавчудаи давлатй ичозатгашта, дини ахолй, рагбаташ, сарват, шумо- ра. савдо, одобу ахлокаш мувофикат дошта бошанд; нихоят. конунхо аз шароити пайдоишашон, хадафхои конунгузорй ... вобастаанд».

Ба назари мавсуф, мохияти аслии конунро на зухуроти тасодуфй, ё робита бо такдир, балки идрок, хирад, ацли инсонй ташкил медиханд. Ба акидаи мутафаккир, конун бояд ок,илона бошад, аз аклу хиради инсонй сарчашма гирад. Конун ба ин маънй тасодуфй, падидаи худ- сарона буда наметавонад, ё аз такдир вобаста буда наметавонад, балки, баръакс, чун як конуният зухур мекунад.

Ба ибораи дигар, конун як навъ конуният аст, ки шакли ифодаи аклу хиради инсонй мебошад. Махз хамин зухуроти аклонаи конун мохияти аслии онро ташкил медихад.


271





Хуллас, тибки назари Монтескё, конун - хиради инсонист, махсули акли инсонист, табиати окилонаи инсонро ифода мекунад ва ба туфайли камин сифатхояш хаёту фаъолияти одамонро танзим мекунад.


Ду намуди конунхо чудо карда мешаванд: 1) конунхои тагйир- наёбандаи олами табий; 2) конунхои тагйирёбандаи олами мавчудоти аксона. Конунхои табий к;онун%ои фитрй мебошанд, ки ба инсон таъ- сир мерасонанд. Конунхои олами мавчудоти аклона аслан конунхои инсонй мебошанд.

Конунхои фитрй чун конунхое арзёбй мешаванд, ки зинадгии одамонро дар холати табий танзим менамуданд. Холати табий - холати точамиятй номида мешавад.

Мохияти цонущои фитрй дар робита бо табиати инсон муайян мешавад. Аз чумла, таъкид мешавад, ки сифатхои инсон, аз кабили майл ба амонй, ба гизо, ба равобити тарафайн, ба иттиход конунхои фитрй мебошанд.

Яъне конунхои фитрй аслан хамон сифатхои инсонй мебошанд, ки аз табиати инсон бармеоянд, табиатан мутааллик ба инсон мебошанд. Чунончи, инсон табиатан майл ба зиндагй, ба гизо ва диг. дорад. Монтескё хамин сифатхои табиии инсонро конунхои фитрй меномад.

Ин конунхо аз табиати инсон бармеоянд, чузъи табиати инсон мебошанд. Аз ин хотир, мафхуми табиат маънои табиати инсониро дорад. Мутафаккир зухуроти сифатхои табиии инсонро конунхои на табий, балки фитрй меномад. Ин конунхои фитрй аз табиати инсон бармеоянд, на аз табиат ба маънои аслиаш.

Таъкид мешавад, ки одамон зимни хар ду намуди конунхо зиндагй мекунанд, зеро, аз як тараф, мавчудоти физикй мебошанд ва мутобики конунхои табиат хаёт ба cap мебаранд, аз тарафи дигар, мавчудоти боакл буда, зимни конунхои инсонй зиндагй мекунад. Хамзамон таъкид мешавад, ки инсон бинобар махдудияти аклона хар ду намуди конунро поймол мекунад.

Иллати к;онущоро Монтескё_дар робита бо тахаввули сифатхои табиии инсон муайян мекунад. У нуктаи назари Гоббсро дар хусу- си табиати чангхохонаи инсон рад карда, таъкид ба он мекунад, ки инсон табиатан, аз рузхои аввали вучудоташ майл ба хаёти осо- ишта бо одамони дигар дошта, дар огози зиндагиаш аз андешаи хокимиятдорй истифода намекард.

Мавсуф муътакид аст, ки инсон дар огози зиндагиаш мекушид якчоя бо дигарон дар холати амну амонй ва баробарй зиндагй кунад. Дар ин давра холо нуфузи яке бар дигаре, талаботи хукмфармой нис- бати хамдигар эхсос намегардид. Ба назари мутафакккир, махз хаёти якчояи одамон боиси он мешавад, ки байни одамон нобаробарй,


272





нуфуз ва хокимиятдорй пойдор мегарданд. Окибат байни одамони чудогона ва байни халкхои гуногун чангхо
cap мезананд. Ин чангхо ба зарурати конун меоранд.

Ба назари Монтескё, дар натичаи хамин раванд се намуди конунхо мукаррар мешаванд: 1) конунхои байналхалкй, ки муносибати байни халкхои гуногунро танзим мекунанд; 2) к,онунхои сиёсй, ки муносибати байни хокимиятдорон ва идорашавандагонро танзим мекунанд; 3) конунхои шахрвандй (гражданй), ки муносибатхои байни шахрвандонро танзим мекунанд.

Таъкид мешавад, ки конунхои сиёсй ва конунхои шахрвандй (гражданй) мутобики сифатхои ацлона, идрок ва тафаккури халк,и алохида мукаррар мешаванд ва танхо дар холатхои истисной конунхои як халк байни халки дигар метавонанд татбик шаванд. Ин андешаи мутафаккир аз он сарчашма мегирад, ки конун чун ифодаи аклу хиради инсонй тавсиф мешавад.

Тавре зикр гашт, Монтескё омилхоеро муайян мекунад, ки ба конун таъсир мерасонанд, аз кабили табиат ва принсипхои хукумат, омилхои чугрофии кишвар, аз чумла худуд, иктим, хок, вазъи амволй, ахлок, одатхо, шумораи ахолй.

Тавре мушохида мешавад, мафхумхои «табиати хукумат» ва «принсипхои хукумат» чудо карда мешаванд. Таъкид мешавад, ки табитаи хукумат сохти давлатро муайян мекунад, принсипи хукумат бошад, рагбати инсонист.

Байни ин омилхо махз табиати хукумат ба конунхо таъси- ри халкунанда дорад. Ба назари Монтескё, хукумат дар натичаи муттахид гаштани иктидори куввахои алохида таъсис мешавад. Муттахидии куввахо ба холати сиёсй меорад. Холати сиёсй - давлат номида мешавад.

Якчоя бо кувва хамчунин иродаи одамон низ боиси муттахидй мегардад. Дар натичаи муттахидии иродахо холати шахрвандй ташаккул меёбад.

Монтескё се шакли идораи давлатро фарк мекунад: цумхурй, монархия ва истибдод. Айни замон ду намуди чумхурй чудо карда мешаванд: 1) цумхурии демократй (хокимияти халк); 2) цумхурии аристократй ё ашрофй (хокимияти ашрофон). Монархия (шохигарй) бо конун вобаста карда мешавад. Истобдод бошад, баръакс, чун холати беконунй, зулм ва худсарй тавсиф мегардад.

Хар як шакли давлат дар робита бо принсипаш (асоси ташкилу фаъолияташ) тахлил мешавад. Таъкид мешавад, ки накуй - принсипи чумхурии демократй, шаъну шараф - принсипи монархия, тарсу вахм принсипи истибдод мебошанд.

Принсипхои зикршуда ва хамчунин табиати хар яке аз шакли давлат дар мачмуъ к,онуни асосии ин ё он шакли идораро муай-


273



f


ян мекунанд. Чунончи, конуни асосии давлати демократй мансуби- яти хокимияти конунгузорро ба халк, тарзи овоздихиро, эътибори хукукии карорхои сенатро муайяну танзим мекунад. Конуни асосии давлати аристократа (ашрофй) мансубияти хокимитяи конунгузорро ба кисми ахолй муайян мекунад. Конуни асосии давлати мустабид салохияти вазирро муйян мекунад.


Монтескё яке аз чонибдорони намоёни гояи тацзияи хокимият мебошад. У тачзияи хокимиятро кафолати озодии сиёсй (озодии сиёсии инсон дар муносибат бо одамон ва бо давлат) мешуморад. Тавре мутафаккир менависад: «Агар хокимияти конунгузор ва ичроия дар дасти як шахе ё муассиса муттахид гарданд, пас озодй гайриимкон мегардад», зеро монарх ё сенат «конунхои золимона кабул карда, онхоро ба таври золимона амалй мекунанд».

Озодии сиёсй аз мустакилияти хокимияти судй низ вобаста карда мешавад. Ба кавли Монтескё: «Озодй хамчунин гайриимкон асг дар холате, ки агар хокимияти судй аз хокимияти конунгузор ва ичроия чудо нашуда бошад. Агар он бо хокимияти конунгузор якчоя гардад, пас хаёту озодии шахрвандон тобеи худсарй мегарданд, чунки судя конунгузорй мекунад. Агар хокимияти судй бо хокимияти ичроия муттахид гардад, пас судя имкон пайдо мекунад золим гардад».

Тавре Монтескё таъкид мекунад, хадаф аз тацзияи хокимиятхо - гирифтани пеши рохи суиистифода аз хокимят мебошад. Бахри хамин хадаф хокимияти конунгузр, ичроия ва судй аз хам чудо гашта, зимни «мувозинат» амалй мешаванд. Айни замон накши халкунунадаи хокимитяи конунгузор арзёбй мешавад.

Мутафаккир намудхои зайли хУКУКро тасниф мекунад: а) хукукй фитрй; б) хукукй динй; в) хукукй калисо; г) хукукй байналхалкй; д) хукукй давлатии умумй; е) хукукй давлатии хусусй; ж) хукукй исти- ло; з) хукукй грждании чомеаи алохида; и) хукукй оилавй.

Монтескё якчанд коидахои техиикаи цонунгузориро пешкаш мекунад, аз чумла дар бахши истифодаи дурусти истилохот дар матни конун. У дар ин хусус менависад, ки истилох дар матни конун бояд ба хадди имкон фишурда, содда, оммафахм бошад, то ин ки байни одамон як мафхум хосил шавад. Хамчунин таъкид мешавад, ки дар матни конун аз коидахои истисной, махдудиятхо ва имкони тагйири конун набояд истифода кард.

  1. Жан-Жак Руссо

Жан-Жак Руссо (1712 - 1778) - файласуф ва мутафаккири бар- частаи афкори сиёсиву хукукй. пуштибон ва таргибгари гояи сохибихтиёрии халк мебошад. У муаллифи якчанд асархои намоён аст, аз кабили «Мулохнзахо оид ба ин ки магар эхёи илм ва санъат бо-


274





иси тозагии ахлок мегардад?», «Мулохизахо рочеъ ба пайдоиш ва заминахои нобаробарии байни одамон». «Рочеъ ба иктисоди сиёсй», «Андеша дар хусусй сулхи абадй», «Рочеъ ба шартномаи чамъиятй, ё принсипхои хукукй сиёсй».


Ба назари Руссо, одамон то пайдоиши давлат дар холати табий, бидуни моликияти хусусй, вале дар холати озодй ва баробарй зиндагй мекарданд. Байни одамон танхо нобаробарии табий (чисмонй) мушохида мешуд. Пайдоиши моликияти хусусй боиси нобаробарии ичтимой ва муборизаи байни сарватмандон ва бенавоён мегардад. Бахри хотима бахшидан ба холати тазодй одамон зимни к;арордод хокимияти давлатй ва конунхоро мукаррар мекунанд.

Аммо Руссо манфиатбахши умум набудани ин царордодро (шар- тномаро) нишон медихад. У таъкид мекунад, ки зимни ин карордод бенавоён озодии фитрии хешро аз даст дода, бар замми ин, аз озодии сиёсй махрум мешаванд. Ба гуфти мутафаккир, давлат ва конунхое, ки зимни карордод мукаррар шудаанд, ба бенавоён шиканчаи бештар оварданд, «озодии фитриро бебозгашт бархам доданд, хамешагй конуни моликият ва нобаробариро мукаррар намуданд, гасби чоло- конаро ба хукукй пойдор табдил доданд ва ба нафъи якчанд мансаб- параст аз хамон айём cap карда бани одамро мубталои машаккат, гуломй ва кашшскй гардониданд».

Дар асараш «Рочеъ ба шартномаи чамъиятй. ё принсипхои хукукй сиёсй» Руссо мулохизаи хешро бобати бунёдй давлат ва чомеаи нав, озодии одамон, сохибихтиёрии халк иброз мекунад. Ба андешаи у, гузариши одамон аз холати табий ба шахрвандй зимни шартномаи цамъиятй ба вукуъ мепайвандад ва ба давлати шаклаш цумхурй меорад. Хамаи одамон ба шахрвандони давлат табдил ёфта, дар якчоягй халкро ташкил медиханд.

Давлати зимни карордоди умумй ташкилшударо Руссо «сохтори цамъиятй» меномад. Давлат ба ин маъно аз иттиходи «ашхоси хусусй» иборат буда, айни замон сохибихтиёр аст. Давлатро ба ин маъно у «сохибихтиёр» меномад ва кайд мекунад, ки сохибихтиёр воло буда, бо ягон конун вобаста нест. Ба гуфти мавсуф: «Ягон конуни асосии барои халк хатмй вучуд надорад ва буда хам наметавонад, хатто карордоди умумй низ барои халк хатмй нест». Таъкид мешавад, ки халк хак дорад аз карордоди умумй даст кашида, озодии фитрии хешро бозгардонад.

Дар назарияи Руссо салохияти «сохибихтиёр» беканор аст, чунки хак ба хаёту марги инсонро дорад. Ба кавли мутафаккир, агар барои давлат «марги фард зарур бошад», пас ин фард бояд мирад, зеро хаёти инсон «тухфаест, ки зимни шартхои муайян аз чониби давлат насиб гаштааст».


275





Мавсуф муътакид аст, ки «байни манфиатхои давлат ва ашхоси хусусй, ки хамин давлатро ташкил медиханд, ягон ихтилоф ной дошта наметавонад ва дар холатхои зарурй давлат хак дорад шахсони алохлдаро ба манифкатхои умум водор созад». Чунин вазифаи мачбурсозии давлатро Руссо чунин тасвир мекунад, ки давлат «шах- сро барои озод шудан мачбур мекунад».


Руссо аз гояи «сохибихтиёрии халк;» пуштибонй мекунад. аз чумла таъкид ба он мекунад, ки сохибихтиёрй танхо ба халк мутааллик буда. дигар шаклхо дошта наметавонад. Зери мафхуми халк хамаи иштирокчиёни карордоди умумй дар назар дошта мешаванд, аслан кисми калонсоли ахолй (мардхо).

Мавсуф сохибихтиёрии халкро ягона ва чудонопазир шуморида, ба хулоса меояд. ки хочат ба тацзияи хокимият ва макоми намояндагй нест. Ба андешаи у, хокимияти конунгузор мутааллик танхо ба халк буда. эхтиёч ба ташкили макоми намояндагй нест, зеро махз халк сохибихтиёр мебошад. Хокимияти ичроия бошад, «карорхои хусусиро» ирсол мекунад, ки эътибори «конунро» надоранд.

Тафовути ин ду хокимият дар он эхсос мешавад, ки хокимияти конунгузор натичаи карордоди умумй буда, вале хокимияти ичроия бидуни ин карордод, зимни амри алохида ташкил мешавад. Хдмчунин таъкид мешавад, ки хокимияти конунгузор «иродаи давлатро», хокимияти ичроия бошад, «кудрати давлатро» ифода мекунанд.

Мутафаккир бо назардошти сохибихтиёрии давлат (ширкатку- нандагони карордоди умумй) талаб мекунад, ки фаъолияти хокимияти ичроия зери назорати доимии мачлиси халк,й карор дода шавад. Салохияти ин макомро ду масъалаи асосй ташкил медиханд: тагйири шакли идораи давлат ва истеъфои хокимиятдорон.

Шаклхои давлат дар робита бо мансубияти хокимияти ичроия ба халк, гурухи одамон ва монарх (шох) мутобикан ба демократия, аристократия ва монархия чудо карда мешаванд. Дар иртибот бо эътирофи таъсири омили чугрофй ба интихоби шаклхои давлат таъкид мешавад, ки демократия барои кишвархои хурд, аристократия барои кишвархои миёна ва монархия барои кишвархои калон муно- сибтаранд. Илова ба ин, хама гуна давлате, км «зимни конун идора мешавад», цумхурй номида мешавад.

Руссо иродаи умумй. иродаи хусусй ва иродаи куллро фарк мекунад. Ба назари у. иродаи умумй манифатхои умумиро дар назар дошта, иродаи кулл манифатхои хусусиро ифода мекунад ва мачмуи иродаи шахсони хусусист. Иттиходи хамин ашхоси хусусй, ки дар карордоди умумй ширкат меварзанд, давлатро ташкил медихгкд. Аз ин хотир, иродаи онхо кулл номида мешавад.

Ба андешаи Руссо, давлат ва конунхо бояд иродаи умумро ифо- да намоянд. Мутафаккир муътакид аст, ки хизбхо, иттиходияхо ва


276





гурухдову сохторхои дигари хусусй нисбат ба яъзоёнашон иродаи умумро, вале дар робита бо давлат
иродаи хусусиро ифода мекунанд. Ин боиси он мегардад, ки раванди ташаккули иродаи умум баргалат зохир мешавад, чунки раъйи шахрвандон байни ташкилотхои хусусй таксим мешавад. Дар холати галабаи як иттиходия ба пои иродаи умумй як андешаи хусусй ташаккул меёбад. Аз ин ру, муафаккир иттиходияхои хусусиро зери танкид гирифта, бо андешаи Макиавелли розй мешавад: арзи вучуд доштани «фиркахо ва хизбхо» ба давлат зараровар аст. Рохи халосиро Руссо дар зиёд намудани шумораи иттиходияхои хусусй ва аз байн бурдани нобаробарии онхо мебинад.

Зимни тафовути иродаи хусусй ва иродаи умумй Руссо истилохи «фардро» ба ду маъно истифода мебарад: 1) «шахеи хусусй»; 2) «шахрванд». Тафовути онхо дар пешбарии, мутобикан. манфиатхои хусусй ва умумй эхсос гашта, таъкид мешавад, ки фард метавонад ба хайси хам шахеи хусусй ва хам шахрванд фаъолият намояд.

Ба назари Руссо, хукук, дар робита бо кувва пайдо намешавад, аз ин ру, зимни шартномаи чамъиятй одамон аз хУКУЮои фитрии хеш махрум гашта, ба ивази онхо сохиби хУКУЩОву озодихои позитивй (давлатй) мешаванд. Дар натича тарзи зиндагии табий бо тарзи хаёти шахрвандй иваз мешавад. Одамон дар робита бо карордод ва хукук баробар мешаванд. Аммо ин баробарй дар давлатхои дорой шакли номакбули идора танхо зохирист, зеро, ба кавли Руссо, «барои он истифода мешавад, ки бенаворо дар холати кашшокй нигох дорад, барои сарватманд бошад, хама чизи гаебкардаашро нигох дорад».

Руссо моликияти хусусиро сабабгори нобаробарии амволии байни одамон, тазоди сарватмандону бенавоён мешуморад. У талаб мекунад, ки вазъи амволии одамон то хадди имкон баробар карда шавад, тазоди сарватмандону бенавоён аз байн бурда шавад. Ба гуфти Руссо, дар чомеа «ягон шахрванд набояд то хадде сарват дошта бошад, ки тавонад шахеи дигарро харидорй намояд ва ягон шахе набояд то хадде бенаво бошад. ки мачбур шавад худро фурушад».

Руссо моликияти хусусиро заминаи гузариш ба холати шахрвандй мешуморад. У дар ин хусус менависад: «Касе, ки нахустин шуда китъаи заминро чудо карда, эъроз намуд: «ин аз они ман аст» ва одамони соддаро тавонист ба ин бовар кунонад, поя1узори аслии чомеаи шахрвандй буд. Каси дигар метавонист бани одамро аз ин кадар чиноятхо, чангхо, куштор, бадбхтй ва вахм нигох дорад, агар эъроз менамуд: «Ба ин фиребгар гушдор мадихед, огох бошед, ки шумо талаф меёбед, агар фаромуш кунед, ки неъматхои замин моли хама буда, худи он азони хеч кас нест».

Хадафи к;онунро Руссо дар таъмини «баробарй» мебинад. У ме- нависд, ки «нафеи амвол хамеша мекушад баробариро аз байн ба-


277





рад, кудрати конун хамеша бахри нигох доштани баробарй майл дорад ва мебояд дошта бошад».


Руссо цавоиди умумй (башарй) ва к,авоиди халцуоро чудо мекунад. У менависад, ки «ба гайр аз коидахои барои хама умумй» хамзамон хар як халк дорой «конуни хеш» аст. Ин андеша далел ба он аст, ки Руссо хукукй умумии башар ва хУКУКи (конунхои) хащи алох,идаро чудо мекунад.

Мавсуф муътакид аст, ки «камолоти халк» заминаи мухим ва халкунанда барои ичроиши конун аст. Ба андешаи у, халк кабл аз он ки тобеи конун гардад. бояд ба сатхи кофии камолот муваффак гашта бошад. Тавре мутафаккир таъкид мекунад: «Агар конунхо бармахал (дар холати бекамолй - С.Р.) чорй гарданд. пас хама кор барбод меравад». Дар ин робита мавсуф ишора ба он мекунад, ки шохи Русия Пётри I ислохоташро дар холе огоз кард, ки халки рус «барои зиндагй тибки кавоиди чомеаи шахрвандй омода набуд». Ба кавли Руссо, «Пётри I мехост олмонихо, англисхоро тавлид созад, вале мебоист аввал русхоро офарид».

Мавсуф цоиупхои сиёсй, шахрвандй, циной ва «конунхои аз хама мухимро» чудо мекунад. «Конунхои аз хама мухим» ба назари Руссо «одоб, ахлок ва махсусан афкори чамъиятй» мебошанд. Конунхои сиёсй чун натичаи карордоди умумй ва ифодагари манфиатхои умум тавсиф мешаванд.

Руссо ишора ба он мекунад, ки конунгузорй кори мушкил буда, таъмини мувозинати байни «акл ва иродаро» металабад. Халли ин вазифа зимни фаъолияти «Конунгузор» имконпазир мегардад. Зери мафхуми «Конунгузор» таъсискунандагони давлат, ислохотварзони бахши сиёсат, ахлок ва хукук дар назар дошта мешаванд.

Бахри эхтирому боварии хоссаи хеш ба хокимияти конунгузор Руссо калимаи «Конунгузорро» бо харфи калон навишта, бар зам- ми ин, онро «бузург» меномад. «Конунгузорй бузузрг», ба кавли му- тафаккир. «бояд кобилияти тагйир додани табитаи инсониро дошта бошад».

Хокимитяти конунгузор «дили давлат» номида мешавад, нуфузи бештари хокимияти конунгузор нисбат ба конунхо эътироф мешавад. Ба гуфти у, «давлат бино ба хокимияти конунгузор арзи вучуд дорад, на дар робита бо конунхо», аз ин ру, «конуни рузи пеш кабулшуда, имруз эътибор надорад», вале «сукут чун нишони ризогй» маънои онро дорад, ки «сохибихтиёр конунро тасдик намудааст», агарчан- де вай хакки «бекор кардани конунро дороет».

Ин чо зери мафхуми «сохибихтиёр» халк дар назар аст. Халк сохибихтиёри воло буда, хакки конунугузорй дорад. Ризоияти халк ба амали конун маънои чонибдории (тасдики) конунро дорад. Дар хар холат халки сохибихтиёр хакки бекор намудани конунро дорад.


278



f


Х,амзамон амали конун бо шароити муъгадили чомеа вобаста карда мешавад. Ба андешаи Руссо, дар холаги тахдид ба Ватан на давлат «амали эътибори мукадцаси конун имконнопазир аст». Дар ин холат вазифаи конунро муваккатан хокимияти диктатуры ичро мекунад. Яъне Руссо боздошти муваккатин амали конунро дар холатхои фавкулодда пешбинй мекунад.
  1. 1   ...   27   28   29   30   31   32   33   34   ...   58


написать администратору сайта