тарихти афкори сиёси. х.. Китоби дарси
Скачать 0.9 Mb.
|
Сайидои Насафй Сайидои Насафй (соли ваф. 1807) яке намояндагони барчастаи афкори сиёсиву хукукии асрхои XVII - XVIII буда, бо як катор акидахои хеш дар хусусй химояи табакахои бенавои чомеа ва танкиди сохти сиёсии замонаш баромад намудааст. У дар хусусй таносуби хокимият ва халк, заминаи ичтимоии хокимияти подшох, вазифахои бештар ичтимоиву инсоидустии хокимияти сиёсй, хадафхо ва мохияти гуманитарии хокимият, иллатхои сохти сиёсии замонааш, хатари чангхо ва сиёсати чангаронаи давлатхо андешахои чолиби диккат пешбарй намудааст. 214 Мавсуф химояи ХЩИУ манфиатхои халкро хадафи асосии хеш карор дода, халкро заминаи ичтимоии хокимияти подшох мешуморад. У муътакид аст, ки бидуни ин пояи ичтимой хокимияти подшох хастии вокей надорад. Таъкид мешавад, ки хокимиятдорон аз хисоби халк, ба туфайли мехнати вазнини онхо хаёт ба cap мебранд. Аз ин чо хулоса пешкаш мешавад. ки химояи манфиатхои мардуми мехнаткаш вазифаи подшох ва умуман хокимият мебошад. Дар натичаи мушохидахои бевоситаи замонаш мавсуф ба хулоса меояд, ки сабаби асосии холати к,ашшок,онаи мардум хамон беадо- лативу бетафовутии хокимиятдорон ба тавдири одамони бекаво мебошад. Бепарвой, худписандй, зулму ситам дар хакки мардуми бена- во аз чумлаи нишонахои асосии хокимиятдории беадолат эътироф мешаванд. Дар натича пуштибонй аз хакки мардум вазифаи асосии мутафаккир мегардад. Химояи хакку манфиатхои табакахои бенавои чомеа, пеш аз хама хунармандон дар марказй таваччухи мутафаккир карор дошт. Зимни пуштибонй аз манфиатхои бенавоён мавсуф иллатхои замонашро, аз кабили нобаробарии амволии одамон, сарватмандии табакахои хукмрон, бенавоии мардуми авом, режими давлатдории зулмовар, сохти беадолати сиёсиро танкид мекунад. Мутафаккир муътакид аст, ки хамаи иллатхои замонаш танхо дар натичаи аз сари кудрат дур гаштани хокимиятдорон аз байн ме- раванд. У боварй надорад, ки хокимиятдорони золим аз сиёсати бе- адолатонаи хеш даст мекашанд. Аз ин ру, мардумро даъват ба он мекунад, ки хамеша кавиирода ва устувор бошанд, нисбат ба зулму ситами хокимон истодагарй намоянд, дар назди золимон cap хам накунанд. Ё тавре мавсуф таъкид мекунад, дар кадом шахру дехот набошй, «бояд бо худ санг дошта бошй». Мутафаккир арзиши волои мардуми мехнаткашро дар таносуб бо золимон эътироф мекуад. У таъкид мекунад, ки махз мардуми бе- наво, ки бахри ободии кишвар дар холати кашшокй ва зулм захмат мекашанд, кадру эътибори баландтар доранд. Мутафаккир зимни мушохидаи сиёсати чангчуёнаи давлатхои замонаш дар хусусй хатархои дохилй ва берунаи чангхо ибрози акида мекунад. Хатари дохилии чангро у дар горатгарй ва кашшокии ахолии бенаво, кафомонии кишвар мебинад. Ба акидаи мавсуф, яке аз сабабхои кашшокии мардум, дар баробари зулму истибдоди хокимони дохилй, хамчунин чангхои беадолат мебошанд. У муътакид аст, ки чанг сабаби гораги ахолии бенаво, кафомонии кишвар, касо- дии фарханг мебошад. Хатари берунаи чангхоро у дар он мебинад, ки сиёсати чангаронаи давлатхо хилофи манфиатхои одамон буда, метавонад ба халокати ахли башар орад. 215 5.27. Мирзо Абдулкодири Бедил Мирзо Абдулкодири Бедил (1644- 1721) файласуф, мутафаккир, шоири намоёни Шарки исломй буда, ба инкишофи афкори фалсафй ва сиёсии халкхои зиёд таъсири назаррас расонидааст. Акидахои сиёсиву хукукии у дар асараш «Ирфон» ва чанде аз рубоиёташ бештар дарч гаштаанд. Мавсуф ба пайдоиши хокимият, мархилахои таърихи башар, омилхо ва сабабхои ташаккулу инкишофи хокимияти беадолат, гузариш аз холати баробарй ба нобаробарй, аз нобаробарии амволй ба нобаробарии сиёсй, шаклхои хокимияти шохй таваччух намудааст. Зимни тахлили пайдоиши хокимият мутафаккир ба маруишбандии инкишофи хаёти инсонй таваччух зохир мекунад. Ба акидаи у, одамон дар раванди инкишоф якчанд мархилахоро аз cap гузарони- даанд. Дар даврахои аввал дар чомеа таксими мехнат, сарватмандону бенавоён, золимону мазлумон, идоракунандагон ва идорашавандагон арзи хастй надоштанд. Дар ибгидо одамон дар холати баробарии амволй, бидуни ниёз ба хокимон, озод аз зулму истисмор зиндагй намудаанд. Сипас, дар натичаи сарватмандии табакахои хоким, тобеи хокими ягона гаштани кишоварзон, аз хакки халоли хеш (натичаи мехнат) махрум гаштани кишоварзон, истифодаи беадолатонаи мехнати онхо ба фоидаи сарватмандон дар чомеа нобаробарии амволй cap меза- над. Сабабхои нобаробарии амволй ва вазъи гуногуни ичтимоии одамони дар аввал баробарро мутафаккир чунин шарх медихад. Якум, «кишвар тобеи як хоким мегардад», ба хокими ягона мутеъ мегардад. Яъне хокимияти сиёсй ташаккул меёбад, ки кулли кишвар ва ахолиро зери итоати хеш карор медихад. Дуюм, «шахсони алохида сарват гун мекунанд», ки боиси ба миён омадани табакаи сарватмандон ва нобаробарии ичтимой байни сарватмандон ва бенавоён мегардад. Дар натича ахолй, ки пештар баробар буд, зимни сарватдорй, яъне нобаробарии амволй ба ду табакаи нобаробар - сарватмандон ва бенавоён таксим мешавад. Сеюм, дехконони бенаво аз замин ва натичаи мехнаташон махрум гашта, мачбур мешаванд, ки дар «заминхои табакахои воло» кор кунанд. Дар натича нобаробарии амволй ба нобаробарии сиёсй меорад. Табакахои сар- ватманд, ки сохиби замин гушта, мехнати дехконони бенаворо истифода мебаракд, ба табакахои хукмрон табдил меёбанд. Чорум, сарватмандй ва хукмронии сарватмандон боиси таквияти минбаъа- ди хокимияти шохй мегардад. Раванди таквияти хокимияти шох дар он зохир мешавад, ки «аз хисоби зулми дехконон подшохони худпи- санд» пайдо мешаванд. 216 Х,амин тарик, ба акидаи Бедил дар натичаи сарватмандй, аз худ намудани заминхои кишоварзони мазлум, истифодаи мехнати онхо нобаробарии амволй байни одамон пайдо шуда, одамони каблан баробар ба одамони нобаробар табдил меёбанд. Чомеа аз холати баробарй ба нобаробарй мегузарад. Нобаробарии амволй дар на- вбати худ боиси пайдоиши нобаробарии сиёсй мегардад. Сарватмандон ба табакаи хукмфармо табдил меёбанд, хокимияти хешро таъсис медиханд ва онро бахри зулму истисмори бенавоён истифода мебаранд. Ахолй гобеи як подшох мегардад. Таркиби ичтимоии ахолй тагйир меёбад. Дар чомеа хокимиятдорон ва ахолии мутеъ, идоракунандагон ва идорашавандагон пайдо мешаванд. Бо баробари пешрафти чомеа сарватмандй ру ба афзоиш нихода, хокимияти подшох бештар кавитар ва харистар мегардад, сифатхои худписандй ва фахрфурушии подшох бештар такомул ёфта, хокимият аз халк то- рафт дуртар мегардад. Дар чомеа хокимият ва тобеият ташаккулу инкишоф меёбанд. Зулму ситами бенавоён усули асосии хокимиятдорй мегардад. Бедил пахлухои дигари ташаккули хокимиятдориро низ рушан намуда, равандхои инкишофи давлатдориро шарх медихад. У аз чумла таъкид мекунад. ки бо пешрафти чомеа хокимияти подшох за хидмат- горонаш торафт кавитар мегардад, сохахои бештари хаёти одамонро фаро мегирад. Тавре мутафаккир менависад: «Нафеи фиръавнхо, тавоноии нимродхо хамаи сохахои хаётро фаро мегиранд». Ба ибораи дигар, нафеи беандозаи подшохон торафт кавтар гашта, сохахои бештари хаёти чомеаро ба худ тобеъ мекунад, хидматгорони шохй низ бештар аз хисоби фарогирии чомеа тавонотар мегарданд. Мутафаккир ишора ба он мекунад, ки баднафсии шохон ва хидматгоронашон хадцу канор надошт. Чунончи, коркарди «тилло ва нукра» ofo3 мегардад, «каерхои бохашамат бино мегарданд». Кор то чое мерасад, ки фиръавнхо «худро худо» эълон мекунанд. Дар натича фиръавн ва хидматгоронаш торафт харистар мешаванд, харией «никоби адолатпешагиро» касб мекунад. Хркимон худро «хомиёни кишоварзон» эълон мекунанд. Бар замми ин худнамой, онхо талаб мекунанд, ки «хеч кас набояд кишоварзонро истисмор намояд». Дар асл, ин талаби зохирй маънои онро дошт, ки дар натичаи истисмори мехнати кишоварзон «сарвати шох кам нашавад». Баднафсй ва харисии шохон то хадде мерасад. ки «кишоварзон ба мардикорон табдил меёбанд». Хамин тарик- Бедил раванди инкишофи хокимиятдориро зимни иллатхои он, аз кабили худписандй, такаббур, фахрфурушй, баднафсй. беадолатй, зулмоварй шарх дода, ба хулоса меояд, ки зимни ин хислатхои шохигарй як гурухи одамони сарватманду хокимиятдор дорой имтиёзхои бештар, сохиби макоми воло гашта, одамони ди- 217 rap аз хамаи хукукхои аслии хеш махрум гашга, -вазъи одамони бенаво, мазлум, кормандони кироя, мардикорро бидуни хама гуна адолат касб мекунанд. Мушохидаи дигари Бедил ин аст, ки бо пешрафти чомеа худуди давлатхо васеътар мешавад. Давлатхои кучак ба давлатхои бузург табдил меёбанд. Х,окимияти шохон худуди бештарро фаро мегирад, ахолии бештари бенаворо ба худ тобеъ мекунад. Ин раванд дар натичаи хамон баднафсй ва харисии шохон ба вукуъ мепай- вандад. Ба андешаи мутафаккир, агарчанде ташаккули давлатхои азим низому идораи муташаккилонаро талаб намояд хам, вале вазъи ичтимоии ахолии бенаво торафт вазнинтар мешавад. Ба ибораи дигар, таквияти хокимият ва бенавоии ахолй равандхои инкишофи давлатдорй мебошанд. Мебояд таъкид намуд, ки Бедил табакаи бенаворо танхо бо кишоварзон махдуд намекунад. Ба андешаи у, бо баробари пайдоиши хокимияти шохй ахолй ба ду кием чудо мешавад: золимони сарват- манду хоким ва мазлу монй бенаеою мутеъ. Шохон, хидматгорони шох ва сарватмандон табакаи золимонро ташкил медиханд. Онхо дорой сарвати беандоза ва хокимият буда, бенавоёнро зери назораг ва хокимияти хеш карор медиханд, зулму ситами номахцудро истифода мебаранд. Кишоварзон, хунармандон, ахли илму санъат, сав- догарон ахолии мазлумро ташкил медиханд. Табиист, ки Бедил пуштибони мазлумон буд. У зулму истибдо- ди хокимон, амалдорони беадолат, сарватмандони хариеро танкид намуда, онхоро дар горати ахолии бенаво ва мехнаткаш айбдор мекунад. Мавсуф аз хакку манфиатхои мазлумон пуштибонй намуда, таъкид мекунад, ки онхо сазовори эхтироми бештаранд. Мутафаккир халк,ро пояи ичтимоии хокимияти подшох мушумо- рад. Ба акидаи у, устувориву пойдории хокимияти подшох аз усули хокимиятдорй ва вазъи ичтимоии халк вобастагй дорад. Дар ин замина хокимияти пойдор ва хокимияти ноустувор (зудгузар) аз хам Чудо карда мешаванд. Х,окимияти пойдор зимни химояи мазлумон, гамхории мунтазам дар хакки бенавоён, боадолатона амалй мешавад. Х,окимияти подшох, ки зимни зулму истисмори мардуми мазлум амалй мешавад, устувор ва тулонй набуда, дере нагузашта махв мегардад. Дар иртибот бо риояи адолат ду шакли дигари хокимияти подшох чудо карда мешаванд: 1) шохигарии маорифтрвар; 2) шохигарии золимона. Шохигарии маорифпарвар дорой нишонахои зайл аст: а) подшох шахеи бомаърифат, хирадманд, боадолат ва баркамол мебошад; б) подшохи бомаърифат ба аклу дониш такя намуда, ба равнаки илму дониш таваччухи бештар зохир мекунад; в) адолатпешагй хадафи 218 асосии подшох, гашта, зулм, истисмор, чохилй аз байн бурда мешаванд; г) некуахволии халк; таъмин мешавад, кишвар обод мегардад, кишоварзй, хунармандй, савдо рушд меёбанд; д) адолати судй таъмин мешавад; е) сулх ва хаёти осоиштаи халк таъмин гашта, ахолй аз горатгарону истисморгарон эмин мемонад. Бедил хокимияти золимонаро катьиян махкум мекунад. Мутафаккир сифатхои разилонаи подтоки мустабидро муфассал баён мекунад. Чунончи, подшохи золим як шахеи бемаърифату бедодгар буда, халки худашро мавриди зулму ситам карор медихад. Мавсуф дар яке аз рубоихояш ишора ба он мекунад, ки либоси подшохи мустабид ба хун огушта аст. У халкро ба он даъват мекунад, ки нисбат ба берахмии подшохи золиму бешафкат хамеша сангдил бошад, «охани гудохтаро» бар зидди «охани подшохи золим» истифода барад. Тавре мушохида мешавад, Бедил ба мисли мутафаккирони форсу точик, аз хокимияти бомаърифату адолатпеша пуштибонй намуда, хокимияти золимонаро зимни ошкор намудани пахлухои рази- лонааш махкум ва инкор мекунад. Мутафаккир ахолии мазлумро ба муковимат ва мубориза бар зидда подшохи мустабид даъват мекунад. 5.28. Ахмади Дониш Ахмад ибни Носири Сиддикии Бухорй, ки бо номи Ахмада Дониш ё Ахмади Калла муъруф аст, с. 1827 дар Бухоро таваллуд шудааст. Баъди хатмй Мадраса чун файласуф, адаб^ ситорашинос, хат- тот, наккош. сиёсатмадор шухрат касб мекунад. У муаллифи асархои безавол «Наводир-ул-вокоеъ», «Манозир-ул-кавокиб», «Таърих- ча», «Меъёр-ут-тадайюн», «Ар-рисола фи аъмол-ул-кура» ва чандин дафтархои мусаввада ва хотирот мебошад. Мутафаккири точик дар асархояш ба масъалахои пайдоиши олам, муносибати руху чисм, хаёту мамот, фа зову замин, харакат ва тагйири чиемхои табий, чахор унсур (бод, хок, об, оташ), маволиди сулса (маъданиёт, наботот, хайвонот), мабдаъ ва маъод, такдир, вазифахои ичтимоиву таърихии инсон ва г. таваччух намуда^ аз Куръону аходиси набавй дале- лу бурхон истифода намудааст. У солхои 1857, 1869 ва 1874 чун аъзои котиби сафорати Бухоро сафари Русия намудаст. Мутафаккир соли 1897 вафот мехунад._Ахмади Дониш поягузори харакати ма- орифпарвари точик буд. Уро Садриддпн Айнй «ентораи кутбнамо дар шафаки торики Бухоро» меномад. Ахмади Дониш аст таркиби инсонро зимни таълимоти фалса- фии чах;ор унсур муайян мекунад, аз чумла таркиби инсонро аз обу оташ ва хоку бод мешуморад, далолат кардани чор унсурро ба чор табъ эътироф мекунад, ишора ба он мекунад, ки хар яке аз унсурхо барои бадану хастии инсон мавкеи хос доранд. У дар ин бора мена- 219 висад: «Чахор табъ, ки асли таркиб аст, ба холи худ бошад ва мута- зоиду мутанокис нагардад». Ахмади Дониш бартарии миллатеро бар миллати дигар, ё давла- теро бар давлати дигар рад мекунад. У дар ин бора менависад: «Хеч миллате бо миллати дигар ва давлате бо давлати дигар ба хамдигар музохиму мухосим набошанд, магар ба тарику улфату мувофакат». Мавсуф чонибдори равобити хамдигрии давлатхо, истифодаи якчояи захирахои мехнативу истехсолй буда, дар ин хусус менависад: «Хар чй касбу чамъ кунанд, ба муванати хамдигар кунанд ва боз ба хамдигар исор намоянд». У аз хусусй хукукй баробари хама кавму миллатхо ба неъматхои зиндагй харф зада, аз чумла менависад: «Зиндагй чизе ва неъмате зиёда надорад, ки дарёфту танаъуми онро ганимат донй ва он чи хает, неъмате алассавот, муъмину муваххид ва хамаи хайвонот дар он ша- риканд». Халкхо, ба кавли мутафаккир, «аз тараддуда нолоик бози- станд ва ба хамдигар мушфику мехрубон бошанд ва кадри хамдигар бидонанд». Ахмади Дониш офарида шудани олам, кулли мавчудоту мах- лукот, аз чумла инсонро тибки ахкоми Ислом баррасй намуда, арзиши волои одамро таъкид мекунад ва ба Худванд барои ин хилъати бузургаш хамду сано мегуяд. У аз чумла менависад, ки Парвардигор «Одамро воситаи эчод ва ихтироъ гардонид ва хилъати хилофат дод ва точе аз лавлок ба сараш ниход, то мунтазими низоми олами милку малакут бошад ... Ва аз авлоди кибораш чамъеро ... ба рисола- ту нубувват ихтисос дод. Саркардаи онхо суратан ва маъниян Расули Хошимй ва Мухаммади арабист (с) ... Ва билчумла Одам ва зур- рияашро бар хушку тар тасаллуту тагаллуб дод ва бар мох то мохй тафаввуку тафаззул бахшид ва соири мукаввинотро аз басита ва му- раккаба махз барои у ва чихати у ва ба сабаби у овард ва аз шариати хакка рохе васеъ ба суи хеш кушод ва аз китобу суннат даре ба урдуи худ. Гумрох он, ки бар ин рох наравад, мудбир он, ки аз ин дар баргардад. Ва чунин Худованди мехрубонй поку мукаддасро, чунонки у донад ва худ хохад, хамду сано бод». Мутафаккири точик одамиро «ашрофи махлук;от» шуморида, таъкид мекунад, ки дигарон «барои уянд ва аз чихати у ва ба сабаби у». Инсон, ба кавли мутафаккир, «махдуми оламиён асту дигарон ходими у». Боз таъкид мешавад, ки «хама накшу ранг ва вазъи асбобу васоит махз барои бакои навъи инсон аст». Накши бузург ва имконоти фаровони одамиро мутафаккир дар он мебинад, ки «обо- дои чахон мавкуф ба вучуди одамй аст». Ё ба кавли мутафаккир: «Инсон олами кабир аст». Ахмада Дониш мутмаин аст, ки одамон бидуни муносибату пай- вандии хамдигар арзи хастй надоранд. Аз ин ру, эхтиёци табий ба цомеа чой дорад. Тавре худи мутафаккир мегуяд, «хикмати мадани- ву манзилй ин иктизо дорад, ки хар шахсе аз ашхос ба навъе аз ан- воъ ба хамдигар мумидду муовин бошанд ба дасту забон ва гуфто- ру кирдор». Дар хусусй зарурати хаёту фаъолияти муштараки одамон у инчунин менависад: «Кору зироату иморат, масалан, бе вучуди чамъе касир сурат нагирад». Мутафаккир муътакид аст, ки одами чудогона гарчанде «ба хилвату узлат дарояд хам», боз «ба халк ояд». Чомеаи инсонй бошад, давлат ва захирахои кофии молиявию иктисодиро талаб мекунад. Дар ин бора Ахмади Дониш менависад: «Ва ин мартаба бе дастгохи давлат ва нону зар муяссар нагардад». Ахмади Дониш дар чустучуи илпати ошубу исён дар давлат менависад: «Чун хукамои Фаранг ва Юнон диданд, ки интикол ва инкилоб дар давлатхо зуд-зуд меафтад, ... донистанд. ки хама аз он будааст, ки подшохон ба заъми худ чамъеро бардоштаанд ва фавчеро андох- та ва ба хабсу кайд ва мусодираву катл кашида ... Пас ба маслахату машварат бинишитсанд ва гуфтанд: «Хама ашхоси бани одам дар рохагу мехнат ва давлату накбат мусохиманд ва мусовй, чунки фар- зандони як падаранд; набояд ки ба хамдигар тафаввук ва тагаллуб талабанд бе вачхе ва набояд ки зиёдаталабй кунанд бе истехкоке, зиёдаталабй ва зиёдасарй ба кадри хунару фазл бояд». Тавре мушохида мешавад, Ахмади Дониш иллати ошубу инкм- лобро дар далват дар нобаробарии амволй, беадолатй дар чамъу харочоти хазинаи давлатй, «дар мусодираву катл» эхсос намуда, рохи халосй аз чунин беадолатиро махз дар таъмини баробарй мебинад. Аз ин ру, мутафаккир иброз мекунад, ки «хама ашхоси бани одам дар рохату мехнат ва давлату накаб мусохиманд ва мусовй». Хамзамон баробарии бани одам дар он дарк мешавад. ки онхо дар мачмуъ «фарзандони як падаранд». Ин чо табиист, ки падари хамаи бани одам хазрати Одам дар назар аст. Дар ин замина давлат хамчун шахсе тасаввур мешавад, ки бахри конеъ гардонидани эхтиёчи мардум хизмат мекунад. Дар ин бора Ахмади Дониш менависад: «Ва худи давлатро шахеи коим фарз бояд кард ва хар касе ба андозаи истехкок талаби хакк аз у бояд кард». Азбаски зиёдаталабй. ба андешаи мутафаккир танхо ба андозаи истехкок аст, пас таъкид мешавад, ки «пояи хунархо ва меъёри гуноххо таъин бояд кард ва дар хизона бояд ниход, ки шахсе бад-ин хунар мансуб бувад». Мутафаккир муътакид аст, ки «зиёдталабй» бояд «ба кадри хунару фазл» бошад. Ин меъёр ба кулли одамон, хам раият ва хам хокимон пахн кара мешавад. Е тавре мутафаккир менависад: «Ва султон низ, чун оммаи халк, аз давлат муваззаф бошад ва зиёдаталабй ба андозаи хунар кунад». Хамчунин адолат дар бахши «насбу азл ва хабсу катл» низ бояд риоя гардад. 221 Аз ин но Ахмади Дониш ба хуслоса меояд, ки «вазъи султон махз барои карори ин маънй бошад, ки хамчу ноибе пеши давлат истода бувад, то хифзи давлат ва салтанаг бад-ин восита осон даст дихад ва халке аз ташвиш ва табу инкилоб бираханд». Ахмади Дониш муътакид аст, ки чунин назми боадолати давлатдорй зимни риояи шариати исломй имконпазир мегардад. Дар ин хусус у хитоб ба хонанда мекунад: «Агар нек дарнигарй, асли ин низом аз шариати хаккаи илохй аст». Мутафаккир таъкид ба он мекунад, ки ин низомро «хулафои ислом тарк намуданд, то душманон бардоштанд ва ба амал овар- данд». Аз ин хотир, мутафаккир пуштибонй аз муъминони комил намуда, онхоро ба нах;ор гурух чудо мекунад. Дар ин хусус у менависад: «бидонед, ки он чи дар Куръон ва хадис зикри муъминон ома- да, мурод муъминони комиланд ва эшон чахор гуруханд: анбиё ва сидикон ва шухадо ва солехон ... Ва баъсати анбиё алайхимуссалом махз барои таъини рохи рост аст, авомир ва навохии эшонро шариату суннат гуянд. Эътисом ба ботини шариат мартабаи авлиё ва ав- сиёи эшон аст. Ва тамассук ба зохири шариат дарачаи оммаи умати онхо тарки хар ду аракоти холикин аст». «Пас, баъд аз мартабаи нубувват, - менависад Ахмади Дониш, - ашрафи халк худовандони амру салтанатанд, ки эзади субхонаху аз миёни халк ба манзили ихтисос баргузида, фармон раво гардинида- аст». Хамзамон таъкид мешавад: «касе, ки амри аскару кофиласолор бошад ва ходии рох бувад ва хофизи корвон, бояд ки худ ба сафи адлу инсоф ва амонат ва диёнат муттасаф бошад, то авомиру навохии у дар бораи халк нуфуз кунад. Ва агар худ дар авомиру мутавассит собит набувад, амру нахйаш дар дилхо таъсир надорад. Ва агар ба зарби чуб амре ва нахйеро ичро дорад дар зохир, аммо ботинхо му- холифи он кор кунад». Ахмада Дониш муътакид аст, ки х°ли раият ва кишвар бевосита аз холи салотину худи султон вобаста аст. Дар ин бора у чунин ибрози акида мекунад: «Ислохи холи салотин ба савобу салох ахамми алзам аст, аз он ки салохи холи авоми халк, салохи холи султон ба як шахр, балки ба вилоятхо ва иклим сурат кунад. Ва салохи холи гайри онхо нихоят аз хона то ба хамсоя нуфуз накунад. Ва хамчунин фасоди холи султон фасода холи кулли раият ва мамлакат бошад». Мутафаккири точик султонро халифаи Худованди холик ва ичрокунандаи ахкоми дину шариат мешуморад. У хитоб ба хонанда намуда, таъкид мекунад: «Бидон, ки вилоят доштан кори бузург аст ва халифагии хакк таоло кардан аст ва дар хама авомиру навохй иктидо ба сулуки илохй намудан ва асл дар вилоятдорй ва хукумат илму амал аст». 222 Мавсуф илму амалро заминаи хукуматдорй дониста, хадаф ва зарурати тахсили шариатро рушан мекунад, аз чумла бо назардошти эхтиёчи халк. У аз чумла таъкид мекунад, ки «гарази шумо аз тахсили улуми шариат низ тахсили чоху мансаб ва такарруби ума- ро ва хуком набошад, балки гараз тафъи эхтиёчи халк ва таълиму тааллуми абнои чине ва иршод ва хидояти эшон бувад...». Мутафаккир дар хусусй накшу ахамияти шариат ва рисолати анбиё чунин ибрози назар мекунад: «Вазъи шариат ва биъсати анбиё махз барои тафзили авомири куввати рахмонист ва манъи хавочиси кувваи шайтонй». Ахмади Дониш махсус таъкид мекунад, ки дунё «манзилгохи» султон аст, «на кароргохи вай». Ва худи султон «ба сурати мусофи- рест, ки рахими модар бидояти манзили вай аст ва лахад нихояти манзили вай». Аз ин хотир, аз подшох даъват карда мешавад. то адлу у,ак,ро риоя намояд. Таъкид мегардад, ки «шафкат намудан бо халк ва неку доштани бандагони Худой таоло ва халифатии хакк ба чой овардан» аз чумлаи вазифахои аввалиндарачаи подшох мебошанд. Ахмади Дониш чонибдори гояи «султони одил» буда, бахри тав- сифу химояи он саъю кушиш мекунад. Мутафаккири точик муътакид аст, ки «хеч ибодат ва курбат назди эзади субхонаху бузургтару хуш- тар аз хукумати боадл нест». Дар идомаи ин андеша мутафаккир менависад: «Расул салаллоху алайхи ва саллам мефармояд: «Якруза тоат аз султони одил фозил- гар аст аз ибодати шастсолаи бардавом. Ва аз он хафт кас, ки рузи киёмат дар зилли Худой таоло бошанд, аввали он султони одил аст. Ва фармуд салаллоху алайхи ва саллам: «Султони одилро хар рузе амали шаст сиддики мучтахид дар ибодат рафъ кунанд ва ба осмон баранд». Ва фармуд: «Дусттарин ва наздиктарин ба Худованди таоло имони одил аст ва подшохи мунсиф». Ва фармуд: «Бадон Худой, ки нафеи Мухаммад салаллоху алайхи ва саллам ба дасти кудрати уст, хар рузе подшохи одилро чандон амал рафъ кунанд, ки баробари амали чумла раият бошад. Ва хар намозе аз у ба хафтод хазор намози дигарй барояд». Ахмади Дониш вилоятдориро неъмати Худованд пазируфта, хокимонро даъват ба он мекунад, ки ба кадри ин неъмат расанд. У дар ин бора чунин менависад: «Ва чун чунин бошад, чй неъмат бувад беш аз ин, ки офаридагори субхонаху касеро мансаби вило- ят дихад ва як соати умри вай ба тамомй умри дигарй баробар ояд. Чун касе хакки ин неъмат нашиносад ва ба зулму хавои нафеи хеш машгул шавад, мустахакки сахату макт гардад». Сипас да>; шарти таъмини адолат муфассал баён мегарданд:
223 над. Ва дар он хол хдр хукм, ки аз дигаре бар худ раво намедорад, мисли он аз худ бар дигаре раво надорад ва агар раво дорад, хиё- нат карда бошад».
224 вайронкунандаи дин аст, аз эшон дурй чуяд. Ва дар хар асру ахд заъ- фи дин аз майли уламои суъ аст ба дарбори салотин, ки рохи хакро ба хушомад бипушонанд ва рахнахо дар кавоиди дин андозанд».
Ба кавли Ахмади Дониш, «Подшох сарчашма аст ва табоеи дигарон чуе чанд, ки аз сарчашма чорй шавад.... Пас, подшох он бехтар, ки ба адлу эхсон ва ахлоки хасана майл фармояд, то дигарон мутобаати вай кунанд». Ахмади Дониш муътакид аст, ки «салтанату аморат бе раият ва вилоят ва чамъият мутахаккик нашавад», вилояту раият «бе аскар ва ободонй мумкин нагардад». Сипас, панч аломати мадинае баён мешаванд, ки дар он марди оцил маскан мегирад: 1) «подшохи одили кохири зур»; 2) «уммолу мутасаррифони мутадайн»; 3) «табиби хозик»; 4) «мардумони чаводу карим»; 5) «обхои чорй». Ба кавли мутафаккир, «салтанат ба сурати шахсе аст бар тахте муштамил бар чахор коима. Тахти он адолату насафат аст. Кдвоими он сипох ва раоё ва зару об. Аз ин чахор коима хар кадом, ки нуксон орад, он сеи дигарро киём намонад. Асоси тахт мутахалхил ва арко- наш мутазалзил гардад. Ва салтанат бияфтад ва кор ба зулм кашад. Лоилоч, ки сипох бе зар наистад ва зар бе раият хосил нашвад ва раият бе об зар надихад ва об бе хукму амр наояд». Аз ин ру, хама «бакову саботи» султон дар ин «чахор асл» мебошад. Ба андешаи мутафаккир, подшохро мебояд ду вазир дошта бошад: яке «вазири кулл, ки дахли мамлакат ба дасти у дарояд, дигар вази- 225 ри харч, ки мувочиби аскар ва асбобу адавоти харб дар тасарруфи у бошад». Ва хамчунин бар «габакоти ахли калам» раисе таъин бояд гардад, ки «мустакил, сохиби амр, ... олим бувад ба хамаи фунун аз шароеъ ва бадоеъ». Дар акси хол ду раис таъин мешаванд, «яке барои шароеъ, дигар барои бадоеъ». Амири аскарро бошад, «се сифат бояд: аввал шучоат, дуюм исобати раъй, сеюм тачрибат». Подшох бояд «удабо ва шуаро ва вакоеънигаронро» тарбият фармояд, ки «меросй салотин номи нек аст». Подшох бояд «суфаро ва расулон- ро эхтиром намояд ва номи малике, ки аз он омадаанд, бо камоли адовату хусумат бо адаб бар забон орад. то мучиби таълиф гардад». Мутафаккири точик зимни тавсифи шахсияти подшох; мутаваччех ба суфоти Худованд мешавад. «Пошох, - менависад Ахмади Дониш, - сояи Худост. Одатй соя он аст, ки мутобеати сохиби соя кунад. Пас, хамчунон Худованди субхонаху бар ахволи бандагон ит- тилоъ дорад, подшох низ дар ахволи раоё мутталеъ бошад. За хамчунон ки Худованди куддус хар яке аз бандагонро ба василаи рузй медихад, подшох низ бояд ки хар кадом аз раияро ба воситаи ман- саб ва ичрои хидмат, ки лоики хар як бошад, рузй мукаррар гардонад. Ва хамчунон ки Худованд сатторулуюб аст ва халим, подшох низ гунохи бандагон бипушад ва бурдборй кунад ва бар хар чизе наранчад, то вакте ки худ пардаи худ бидаранд ва исрор кунанд ва муставчиби укубат гарданд. Ва чунон ки Худованд амин аст, амонати мардум нигох дорад ва розй хар як ба дигаре нагуяд ва ба махорими мардум ба хиёнат нанигарад. Чунон ки Худой карим аст, кариму чуд пеша кунад, то муъчиби таълифи кулуб шавад. Чунон ки Худованд бо вучуди кудрат гафур аст, бояд ки подшох низ дар хини иктидор афв кунад. Ва чунон ки Офаридагори субхонаху кофиру муъминро рузй медихад..., подшох низ сиддику зиндик, олиму чохил ва ори- фу оммй хамаро ба рахмати хеш мустаъмал дорад». Мутафаккир таъкид мекунад, ки подшох «нигахбони мулку давлати хеш аст, адлу рафъати султон мучиби амну истикомат аст мар раиятро». Бахри адолатварзй подшох бояд «эхиёчи эшон бишумо- рад ва бидонад, то зулм раво надорад ва хукукй эшон бишиносад, то адо кунад». Кому муроди подшохон, ба кавли мавсуф, «онгох халол бувад, ки дафъи бадон аз раият бикунад ва зулми авонон аз эшон боздорад», аз чумла «доди ситамдидагон бидихад», дафъи дуз- донро «вочиб донад». Хамчунин %ук,ук,и раият бар подшох ва вазифахои подшох дар таъмини хукукй мардум ба таври зайл гурухбандй мешаванд: Якум, «хукукй раият бар султон яке он ки бар хамаи мусулмонон ба тавозуъ бошад ва ба масокин бештар»; Дуввум, «сухани авом дар хакки авом нашунавад, ки охири он ба фитнаву фасод ва пушаймонй орад, хосса сухани фосикону хасудон 226 ва таммоон, зероки таммоъ ба тамаъи лукма халкро биранчонад ва хасуд хунарро айб шуморад»; Саввум, «ба чихати зиллате ё таксире агар бар мусулмоне газаб кунад, аз се руз зиёда таъхири афв раво надорад, магар ки газаб ба чихати амре карда бошад, ки дар он нуксини дин буда бошад, ... ва аммо дар умури дунявй афв авлотар бошад»; Чорум, «файзи адлу эхсон бар чамеъи раоё омм гардонад ва дар нашри маосири эхтон миёни ахлу ноахл фарк накунад, зероки подшох сояи хакк аст»; Панчум, «ба сабаби тачаббуру истило назар дар харами мусулмонон накунад ва бе истизон дар миёни манозилу махозини раоё наравад»; Шашум, «мухотаба ва муомала бо аснофи халк бар кадри ма- ротибу дарачоти хар кас дорад, ... аз ачлофу авбош ибороти латиф чашм надорад, ... таклифи хар кас ба кадри холи у кунад»; Хафтум, «дар мачолису махозир пиронро неку дорад, хосса пи- рони мутадайинро ва тифлонро ба чашми шафкаг бинигарад»; Хаштум, «хар киро ба чизе ваъда кунад, он ваъдаро вафо кунад ва хилофи онро албатта раво надорад»; Нухум, «дар хукм сухан ба унф нагуяд ва бо вазеъу шариф руй кушода дорад ва бо заифон сухан бар хакк гуяд»; Дахум, «он ки риояти инсоф медорад ва инсофи халк аз нафеи худ низ талаб дорад, бо мусулмонон он муомала кунад, ки агар бо у кунанд»; Ёздахум. «ислохи зот-ул-байн бар худ лозим гирад ва таъхир дар фасли хусумати мусулмонон раво надорад ва дар хукми мухо- самоти чалийя таваккуф накунад, ки он моддаи хикду адовати халк гардад ва ба фасод анчомад»; Дувоздахум, «дар истикшофи гунохи мусулмонон саъй накунад ва бар хар зиллате раияти заифро наранчонад ва аз хафавоти халк ба кадри имкон тачовуз кунад ва айбхои халкро пушида дорад»; Сездахум, «ба иртикоби мубохот ва шахавот халкро бар маъоей далер нагардонад ва аз мавозеъи тухмат эхтироз кунад»; Чордахум, «агар касе аз бузургон ба шафоат бархезад, кабул кунад, ё агар касе уро ба подшохи дигар ба шафоат ангезад, эхмол нанамояд»; Понздахум, «чониби фукаро ва масокину зуафоро бар ахли дунё ва аквиёю агниё рочех дорад»; Шонздахум, «аз ахволи ахли фока гофил набошад ва дар сад- ди фокаи заифону фурумондагон таксир раво надорад ва тафаккуди ахволи аромилу айтом бар худ вочиб донад ва аз бозхости киёмат биандешад»; 227 Хдфтдахум, «рохи мусулмононро аз хавфи рохзанону дуздон ба сатвати сиёсат эмин дорад»; Хаждахум, «дар вллоят харчо, ки работу пул ва обхона хочат бошад, ё рох аз мамарри селу борон ха роб шуда, дар таъмири онхо ба кадри имкон кушад, то ояндагонрою равандагонро осоиш бошад»; Нуздахум, «дар хар букьае аз бикоъи мамлакат масчиду хонакох бино фармояд»; Бистум, «амри маьруфу нахйи мункарро тарк накунад, ... наси- хати динй аз хавоссу авом дарег надорад». 228 |