Главная страница

История древнего мира. ТАЪРИХИ ДУНЁИ КАДИМ КУШМАТОВ А. Саволои тестї аз фанни Таърихи Шар адим барои донишёни курси якуми шъбаи рзонаи ихтисоси таърих гури тоикї факултети таърих барои соли тахсили 20192020


Скачать 492 Kb.
НазваниеСаволои тестї аз фанни Таърихи Шар адим барои донишёни курси якуми шъбаи рзонаи ихтисоси таърих гури тоикї факултети таърих барои соли тахсили 20192020
АнкорИстория древнего мира
Дата18.01.2020
Размер492 Kb.
Формат файлаdoc
Имя файлаТАЪРИХИ ДУНЁИ КАДИМ КУШМАТОВ А.doc
ТипДокументы
#104638
страница4 из 9
1   2   3   4   5   6   7   8   9

@128.

Чаро шањрњои ќадимаи Шумер ва Аккад бањри барќарор кардани истиќлолияти худ ба муќобили Гутињо (ќутињо) мубориза бурданд?

$А)Дар давраи њукмронии Гутињо (ќутињо) низоми обёрї хароб мегардад. Њукмронии онњо таќрибан 125 сол идома меёбад; $B)Гутињои истилогар аз љињати иќтисодї, сиёсї, иљтимої ва фарњангї аз халќњои мањаллї-аккадњо ва шумерњо хеле ќафо меистоданд. Онњо дар сарзамини пештараашон-вилояти Арепха зиндагии хешро идома медоданд; $C) Гутињо Байнаннањрайнро бошад, тавассути њокимони таъинкардаашон идора мекарданд. Ин маљбур месохт, ки шањрњои ќадимаи Шумер ва Аккад бањри барќарор кардани истиќлолияти худ мубориза баранд; $D)Дар ин давра Лагаш аз нав сар мебардорад. Дар замони њукмронии «Энси» Гудеа, ки њокими он буд, аз афташ, тамоми Шумер ба итоати ў мегузарад. Гудеа дар Лагаш бахшида ба худоњои Лагаш ва умумишумерї маъбадњо, шабакањои обёрї месозад. Ў муносибати худро бо коњинон, пирони авлодї ва маљлиси халќї тањким мебахшад; $E)Замнан Гутињо, ки дар љамъияти эшон акнун, таќсимоти иљтимої ба вуљуд меомаду худашон бо ањолии мањаллї омезиш меёфтанд, ба халќњои тањљої, зулму истибдоди берањмонаро раво медонистанд. Аз ин рў дар миёни табаќањои гуногуни ањолї норизої ба вуљуд меояд. Ба ин зиддияту эътирозњо љонибдории ањолии Ур-шањри Урук таќвият бахшид в бар асари он моњидори оддї Утух Энгал ба сари ќудрат омад. Ў соли 2109 пеш аз милод саркардаи Гутињо-Тирканро шикаст дод. Роњбарии Байнаннањрайни озод ба дасти подшоњони шањри бой, Ур гузашт, ки њокими Ур-Намму ба шумор мерафт;

@129.

Дар Байнаннањрайни подшоњи Шумеру Аккад дар замони њукмронии сулолаи III Ур кадом намуди заминњо вуљуд дошт ва ќисми зиёди онњо дар ихтиёри кадом синф-табаќањо буд?

$А)Заминњои подшоњї; $B)Заминњои инъомгирифтаи маъбадњо; $C)Заминњои хусусии ѓуломдорон; $D)Заминњои љамоавї; $E)Заминњои хусусии маъбадњо;

@130.

Чаро давлати Шумеру Аккади Сулолаи III Ур тадриљан истиќлолияти худро аз даст медињад?

$А)Дар давлати Шумеру Аккад зиддиятњои тезутунди иљтимої ва шароити пуршиддат њукмрон мегардад. Дар охири њазораи III ба Байнаннањрайн ќабилањои бодиянишини аморейњо зада медароянд; $B)Дар ин давра шароити зиндагии ѓуломон боз њам бадтар мешавад. Онњо роњи ягонаи халосиро аз зулму истибдод дар гурехтан мебинанд. Аз ин рў, мисолњои зиёде вомехўранд, ки ѓуломон хољагињои ѓуломдориро тарк кардаанд. Ин њама пояи давлатдории Шумеру Аккадро сусту заиф мегардонад. Давлати Шумеру Аккад тадриљан истиќлолияти худро аз даст медињад; $C)Аз шарќ эламињо ба њуљум гузашта сарзамини Байнаннањрайнро аз њар тараф ишѓол менамоянд; $D)Дар љануб дар Ларса бошад, саркардаи аморейњои кироя-Наланум подшоњии худро ташкил менамояд ва шањри Иссин низ мустаќилии хешро эълон мекунад; $E)Дар Шарќ давлати Эшнуна људо мешавад, дар Шимол Ошшур давлати мустаќил мегардад. Аммо ба подшоњии Шумеру Аккади сулолаи III Ур эламиён зарбаи охирин ва ќашъї мезананд. Эламиён подшоњи вопасини сулолаи III Ур Ибби Суэнро ба асири мегиранд;

@131.

Шањри Бобул кай ба вуљуд меояд?

$А)Дар охири њазораи III то милод; $B)Солњои 1894-1595 пеш аз милод; $C)Дар нимаи II њазораи III то милод; $D)Дар садаи XII пеш аз милод; $E)Солњои 626-538 то милод;

@132.

Таъсиси давлати амореї дар Байнаннањрайн (Сулолаи 1 бобулї ё амореї) кадом солњоро дарбар мегирад?

$А)Нимаи II њазораи III то милод; $B)Охири њазораи III пеш аз милод; $C)Солњои 1894-1595 то милод; $D)Солњои 1595-1115 пеш аз милод; $E)Садаи XII то милод;

@133.

Давлати Бобулистони ќадим дар кадом давраи таърихии худ барои истиќлолият мубориза мебурд?

$А)Дар нимаи II њазораи III то милод; $B)Солњои 1894-1595 пеш аз милод; $C)Солњои 1595-1115 то милод; $D)Аз садаи XII то соли 627 пеш аз милод; $E)Солњои 626-538 то милод;

@134.

Чаро дар давраи аввалини таърихи худ Бобулистон дар тамоми Шарќи Наздик наќши муњим мебозид?

$А)Шањри Бобул дар он љое воќеъ гардида буд, ки дарёњои Даљлаву Фурот ба њам хеле наздик мешуданд. Ин бошад, робитаро тавассути њарду дарё бо сарзаминњои дуру наздик баѓоят осон менамуд; $B)Мањз њамин мавќеи ќулайи љуѓрофї ва стратегї ба Бобул имконият медод, ки иќтисодиёти худро василаи ривољу равнаќи зироатњои обї, чорводорї ва тиљорат боз њам имкишоф дињад; $C)Аз байни шањри Бобул роњњои тиљортї мегузаштанд ва худи шањр ба яке аз марказњои савдои байналхалќї табдил ёфта буд; $D)Ба Бобул, њам аз шимолу ѓарб, њам аз Ѓарбу Шарќ тољирон молњои гуногун меоварданд. Њамаи ин шароитњо наќшу мавќеи онро дар Байнаннањрайн зуд баланд мебардошт; $E)Шањри Бобул дар нимаи II њазораи III то милод ба вуљуд меояд. Дар ибтидо вай шањрчаи начандон калон буд ва мустамликаи шањри аввалини Шумер-Эреду њисоб меёфт. Баъд ин шањр тањти њокимияти Шумер ва сонитар зери њукмравоии сулолаи III Ур ќарор мегирад. Тадриљан бар асари сусту заиф гаштани давлатњои калонтарини Шумеру Аккад Бобулистон истиќлолият пайдо мекунад ва дере нагузашта давлати тавоною муќтадир мегардад;

@135.

Тањќиќи бостоншиносии Бобулистон солњои 1899-1917 хеле ављ мегирад ва мањз њамин солњо он пурра омўхта мешавад, асосан харобањои кадом давраи Бобулистон мавриди омўзиш ќарор мегиранд?

$А)Ќабатњои давраи ќадимаи Бобулистон; $B)Харобањои давраи Бобулистони нав; $C)Ёдгорињои бостоншиносии солњои 1792-1750; $D)Ёдгорињои давраи Бобулистони миёна; $E)Ёдгорињои асри XII ва то соли 627 пеш аз милод; давраи таназзули сиёсї ва мубориза барои истиќлолияти Бобулистони ќадим;

@136.

Худои асосї ва олии давлати Бобулистон чї ном дошт?

$А)Иштар олињаи њосил; $B)Мардук; $C)Наму олињаи аввалини уќёнус-Шамаш-худои Офтоб; $D)Ан-худои осмон, Таммуз-табиат; $E)Ноннар-худои моњ-Уту-худои офтоб;

@137.

Бостоншиносон њангоми омўзиши археологии Бобулистон солњои 1899-1917 чї бозёфти аз њама муњим дарёфт намуданд?

$А)Њангоми њафриёт пайкараи олињаи њосил-Иштарро дарёфт карданд; $B)Ќасри подшоњиро кашф намуданд; $C)Маъбади худои асосї ва олии Бобулистон-Мардукро дарёфт намуданд. Маъбад Сагилла номида мешуд ва дар шакли зиккурат, яъне манораи зинашакл бунёд гардида буд; $D)Бар асари ковишњо њамаи зинањо (7) ёфт шудаанд. Манораро бо рангњои гуногун оро медоданд; $E)Њафриётњо нишон медињанд, ки дар ањди ќадим Бобул шањри хеле шукуфон ва ободу зебо будааст;

@138.

Дар давлати Бобулистони ќадим подшоњи шашуми сулолаи 1 Бобул-Хаммурапи аз дигар шоњони Байнаннањрайн (то ў ва баъди ў), бо кадом љињатњои худ фарќ мекард?

$А)Хаммурапи аз соли 1792 то соли 1750 пеш аз милод подшоњи Бобул буд; $B)Хаммурапи аз дигар шоњони Байнаннањрайн (то ў ва баъди ў) бо он фарќ менамуд, ки ходими барљастаи давлатї, дипломатї, дурандеш ва чаќќону айёр ба шумор мерафт; $C)Хаммурапи стратеги бузург, ќонунбарори хирадманд ва ташкилотчии моњир мањсуб мегардид; $D)Сиёсати берунии ў, пеш аз њама, ба муттањид кардани тамоми Байнаннањрайн нигаронида шуда буд. Дар роњи расидан ба ин маќсад ў 35 соли њукмронии хешро сарф намуд; $E)Дар ањди салтанаташ Хаммурапи ќисми љанубии Шумер, Ларса, Эшнуна, Ошшур, Марї ва дигар шањрњои Байнаннањрайнро забт менамояд. Баъд ин тариќ, дере нагузашта ќисми зиёди Шумер ва Байнаннањрайни миёна ба њокимияти Хаммурапи муттањид мегардад;

@139.

Чаро кашфиёти ќасри подшоњи давлати Марї-Зимрилим барои илм ањамияти махсус дорад?

$А)Шањри калону бойи Марї дар шимоли Байнаннањрайн то садаи III пеш аз милод арзи њастї мекунад; $B)Дар болои харобањои шањри Марї Шаѓалтеппаи 15=метра пайдо мешавад, ки «Талли њарирї» ном дорад. Олимони фаронсафї онро соли 1933 кашф намудаанд. Њангоми њафриёти Марї харобањои биноњои њазораи IV то милод дарёфт шудаанд; $C)Кашфиёти ќасри подшоњи Марї-Зимрилим, ки масоњаташ 2, 5 га буда, аз 300 хона иборат аст, хеле љолиби диќќат мебошад; $D)Хусусан ќисми шимолию шарќии ќасри подшоњ зимрилим хеле љолиб аст. Дар ќадим дар ин љо боѓи калон вуљуд дошт ва њангоми њафриёт миќдори зиёди тахтачањои сафолини хатдор дарёфт гардидаанд, ки шумораи онњо аз 20 њазор бештаранд; $E)Њуљљатњои бойгонии Марї ба забонњои шумерї, хурритї ва аккадї нигошта шудаанд ва муносибатњои байни давлатњои Осиёи Наздикро хеле хуб инъикос мекунанд. Дар бойгонии Марї оид ба Крит, Библ ва Бобул маълумотњои басо муфид ва мукаммал мављуданд. Аз маълумотњо бармеояд, ки намояндагони давлатњои гуногун барои дидани мўъљизоти онваќтаи олам-боѓи Зимрилим ба Марї меомаданд.

@140.

Чаро ќонунњои подшоњи Бобул-Хаммурапи дар рўйи санги сиёњи базалтї кандакорї гардидаанд?

$А)Барои омўхтани таърихи ин даврањои Бобулистон асосан ќонунњои подшоњи Бобул Хаммурапи, мукотибањои ў бо шоњони мамолики њамсоя ва дур, ки аз бойгонии шањри Ларса дар љануби Байнаннањрайн њангоми ковтуковњои бостоншиносї дарёфт гардидаанд ёрии калон мерасонанд. Соли 1901 ин ќонунома, санг ва тахтасанги дигаре бо тасвири Нарам-суэн. Њангоми њафриёти харобањои пойтахти Элам шањри Суза аз тарафи экспедисияи бостоншиносии Франсавї, ки ба он Ясан де Морган роњбари менамуд, дарёфт карда шудаанд; $B)Маълум аст, ки ќонунњои подшоњони ќадимаи Байнаннањрайн њам дар тахтачањои сафолї ва њам дар тахтасангњои алоњида навишта мешуданд. Дар 35-умин соли њукмронии Хаммурапи яъне соли 1757 то милод, обати нигоштани матни ќонунњо дар рўйи тахтачањои сафолин аз байн меравад; $C)Бо фармони подшоњ Хаммурапи акнун ќонунњо бояд дар рўйи тахтасагњо њаккокї мешуданд. Бад ин тариќ ќонуни асосии ў дар рўйи санги сиёњи базалтї кандакорї мегардад; $D)Дар ќисми болоии матни ќонуннома акси худи подшоњ тасвир шудааст ва ў чамбаракеро, ки рамзи адолати ќозињо мањсуб меёбад, аз дасти раќиб гирифта истодааст. Тасвир чунин маънї дорад, ки њокимияти подшоњї њокимияти ќонунист, чунки онро худо ба ў ато кардааст ва худи Хаммурапи бошад, намояндаи худо, сояи ў дар замин мебошад; $E)Ин ќонун мавриди мураттаб гардиданаш аз 282 модда иборат буд. то мо 247 моддаи он омода расидааст, 35 моддаи дигараш аз тарафи Эламиён њангоми њуљуми онњо дар садаи XII нобуд карда, худи ќонуннома-санг бошад, ба сифати ѓанимати љангї ба пойтахти давлати Элам шањри Суза бурда шудааст;

@141.

Асоси иќтисодиёти Бобулистони ќадимро дар ањди салтанати подшоњ Хаммурапи кадом соњаи аз њама асосї ташкил менамуд?

$А)Чорводорї; $B)Зироаткорї; $C)Косибї; $D)Тиљорат; $E)Њунармандї;

@142.

Мувофиќи маълумотњои ќонунномаи подшоњ Хаммурапи дар љамъияти Бобулистон кадом синф-табаќа наќши махсус мебозид?

$А)Авилум; $B)Тамкарњо; $C)истењсолкунандагони озод; $D)Мушкенум; $E)Вардумњо;

@143.

Сабабњои асосии суќути њокимияти подшоњи Бобулистон-Хаммурапи кадомњоанд?

$А)Хароб гардидани асосњои љомеа; $B)Пурзўр шудани зиддиятњои синфї, табаќавию иљтимої, нобаробарињои молумулкї, тадриљан ба љараёни амиќи таназзули иќтисодї, сиёсї ва иљтимої дохил гардидани ин љамъият; $C)Шўришњои ѓуломону ањолии озод сар мезананд; $D)Халќњои аз љониби Хаммурапи истилошуда ба мубориза бармехезанд; $E)Аз достонњои «Ир олињаи Вабо» ва «Гуфтугўии хоља бо ѓуломи худ» бармеояд, ки дар давраи њокимияти Хаммурапи дар Байнаннањрайн вазъияти дохилии мамлакат хеле тезутунд мегардад;

@144.

Чаро подшоњ Хаммурапи дар ќонунномаи худ ба масоили обёрї ањамияти махсус медод?

$А)Барои рўёнидани њосили баланд њам љомеа ва њам давлат аз нарасидани каналњои обёрї мањтољї мекашиданд, аз ин рў, љўйбору каналњои нав канда, иншоотњои кўњнаи обёрї таъмир карда мешуданд; $B)Аз болои кори хубу мураттаби онњо давлат назорати сахт љорї карда буд. Ин кор аз љониби ходимони махсуси давлатї ба љо оварда мешуд; $C)Дар замони подшоњии Хаммурапи канали нав ва хеле азиме канда шуд, ки онро «Нањри Хаммурапи» меномиданд. Ин нањр заминњои њам Аккад ва њам Шумерро обёрї менамуд; $D)Аз шохањои бисёри хурду калони канали Хаммурапи киштњои љаву гандум, кунљит, баѓоти дарахтони хурмову дигар мевањо об мехўрданд; $E)Обёрии сунъї ба инкишофи соњањои дигари хољагии истењсолї-чорводорї, хусусан чорвои калони шохдор, кўмаки калон мерасонд, ки аз он барои шудгори замин, аробакашї, мола, куфтани дон васеъ истифода менамуданд. Барои инкишофи алоќа ба парвариши маркаб ањамияти махсус медоданд. Инкишофи зироаткорию чорводорї боиси пешравии истењсолоти косибї низ мегардад;

@145.

Мувофиќи ќонунномаи подшоњ Хаммурапи, дар оилаи бобулињо њуќуќи асосии зан чї гуна буд?

$А)Оилаи бобулињо њам оилаи падаршоњї мањсуб мегардид ва аз марду зан ва фарзандон иборат буд. Аќди никоњ хатти баста мешуд; $B)Мард бояд барои арўс њаќќи шир (ќалин) медод, арўс љињоз тайёр менамуд ва ба чизу чорае, ки ба хонаи шавњараш меовард, њуќуќашро гумм намекард; $C)Дар оилаи бобулиён дар муносибати зану мард озодї мушоњида карда мешуд. Масалан, њар яки онњо ба гуноњ ва ќарзи якдигар љавобгар набуданд; $D)Зан баъди марги шавњар бо писарон баробар њаќќи мерос мегирифт. Духтарон њам дар меросхўрї бо бародарони худ баробар буданд; $E)Дубора ба шавњар баромадани зан мушкилињо дошт. Мерос бошад «аз хас то зар» баробар таќсим карда мешуд. Мисли тамоми љамъиятњои аввалини синфї дар љамъияти бобулистонї њам боќимондањо љамъияти ибтидої бисёр буданд;

@146.

Дар илми таърихшиносї тадќиќотчиён рољеъ ба ватани аввалини ќабилањои касситњо чї андеша доранд?

$А)Алњол дар илм рољеъ ба ватани аввалини ин ќабилањо фикри ягонае вуљуд надорад; $B)Баъзе тадќиќотчиён нахустин љойи зисти касситњоро ќисми шимолии Элам мењисобанд ва забони гуфтугўйии онњоро ба эламиён монанд мешумориданд; $C)Дигар тадќиќотчиён бошанд, забони онњоро ба забони ќабилањои шимолии кўњистони Эрон ва заминњои назди бањри Каспий шабењ медонанд; $D)Сеюмињо бар он аќидаанд, ки ватани онњо Осиёи Хурд мебошад; $E)Њамаи ин фикру аќидањои собит месозанд, ки макони зисти онњо шимол ба шумор меравад;

@147.

Саркардаи ќабилањои касситњо Гандаш кадом сол худро подшоњи Шумер ва Аккад, яъне тамоми Бобулистон, эълон мекунад?

$А)Чи тавре, ки аз маъхазњои хаттї маълум мегардад, соли 1742 то милод саркардаи касситњо Гандаш худро подшоњи Бобулистон эълон мекунад; $B)Дар амал бошад, ин воќеа баъдтар дар садаи XVII ба амал меояд ва ба он хеттњо мусоидат мекунанд; $C)Хеттњо соли 1595 то милод Бобулро ишѓол карда, ба давлати Бобулистон зарбаи њалокатовар мезананд, шањрро ѓорат ва тамоман вайрону валангор мекунанд аммо њангоми бозгашт ба мамлакати худ ба њуљуми Миттанињо дучор омада аз ќисми зиёди ѓаниматњояшон мањрум мегарданд. Баъди ин воќеа, сулолаи бобулиён сарнагун ва давраи њукмронии касситњо сар мешавад (1595-1155 то милод); $D)Гандеш таќрибан соли 1750 пеш аз милод худро подшоњи Шумер ва Аккад, яъне тамоми Байнаннањрайн эълон мекунад; $E)Соли 1155 то милодро баъзан давраи Бобулистони миёна њам меноманд;

@148.

Чаро Бобулистон дар давраи њукмронии касситњо давлати чандон муќтадиру пурзўр набуд?

$А)Бобулистон дар сиёсати беруниаш даставвал ба давлати Миср такя наменамуд. Миср дар ин давра дар шароити байналхалќї наќши асосї мебозид; $B)Дар байни Бобулистону Миср муносибатњои дипломатию иќтисодї ва накоњї баста шуда буданд. Батадриљ ин муносибатњо халалдор мегарданд ва дар байни онњо зиддиятњои сахт ба вуљуд меоянд. Њатто алоќањои дипломатии онњо канда мешаванд; $C)Дар чунин вазъияти мураккаб Байнаннањрайн дар симои Миттания ва давлати хеттњо иттифоќчиёни худро мељуст. Вале Байнаннањрайни касситии камиќтидор ба давлатњои пурзўр таъсир расонида наметавонист; $D)Дар садаи XIII то милод Ассурия давлати муќтадиру пурќувват мегардад ва ба Бобулистони касситї якчанд зарбањои эњсоспазир мезанад. Хеттњо бошанд ба муборизаи зидди мисриён овора шуда, иттифоќчии хурди хешро бењимоя мемонанд; $E)Ба њамин тариќ, соли 1155 пеш аз милод дар мубориза ба Ассурия Элам ва њокимони мањаллї, давлати касситии Бобулистон мављудияти худро аз даст медињад. Худи касситњо бошанд, бо мурури замон бо бобулиён омехта шуда мераванд;

@149.

Шоњ Хаммурапи дар ќонунномаи худ барои њимояи истењсолкунандагони майда-озод аз худсарии судхўрон чї гуна тадобир андешид?

$А)Инкишофи муносибатњои моливу пулї ба вусъати судхўрї мусоидат мекард; $B)Ќонунномаи Хаммурапи манфиатњои истењсолотчиёни майда (истењсолкунандагони озод)-ро њимоя менамуд, ки онњо дар маддањои ќонуннома акс ёфтаанд; $C)Мувофиќи моддањои ќонуннома, давлат фоизи аз ќарз мегирифтаи судхўронро хеле мањдуд мекард; $D)Мўњлати тобеияти ќарзї бошад, 3-сол муайян гардида буд; $E)Баъди ин мўњлат ѓулом аз нав озод мешуд;

@150.

Дар байни табаќањои зинаи поёнии љамъияти Бобулистони ќадим кадом гурўњи ѓуломон бењуќуќтарин мањсуб мегардид?

$А)Ѓуломони хусусї; $B);Ѓуломони дарборї $C)Ѓуломони маъбадї; $D)Мушкенум; $E)Ѓуломони давлатї;

@151.

Дар сарзамини Байнаннањрайни ќадим кадом намуди хат мавќеи устувор пайдо мекунад?

$А)Дар ин сарзамин хат дар интињои њазораи IV ва ибтидои њазораи III пеш аз милод кашф мегардад; $B)Хат сараввал шакли тасвирї дошт. Бо хати тасвирї шакли чизњоро мекашиданд; $C)Аз миёнаи њазораи I то милод дар ин љо алифбои орамї пањн мешавад; $D)Бо таќозои мураккаб шудани њаёти иќтисодї, љамъиятї ва сиёсї сохти хат њам мураккаь мегардад. Акнун бо хати тасвирї фикрњои нисбатан мураккабро ифода кардан имконпазир мешавад ва шумерињо ба хати њиљої мегузаранду тезнависї пайдо гашта, њиљоњо њам аз байн рафта, аломатњои људогонаи онњо дар хат мустањкам љой мегиранд; $E)Дар миёнаи њазораи III то милод хати мехї мавќеи устувор пайдо мекунад, ки ихтирокоронаш шумерињо мебошанд ва онро аккадињо низ аз худ менамоянд ва ин хат 600 аломатро дарбар мегирифт. Мањз њамин хати мехї асоси тамоми хатњои мехии он замон мегардад. Хати мехї зиёда аз 300 сол вуљуд дошт;

@152.

Халќњои Байнаннањрайн бо хати мехї ва алифбои орамї кадом асари асосии адабиёти бадеиро таълиф менамоянд?

$А)Аввалин асарњои адабиёти бадеї-асотирњо таълиф меёбанд, ки онњо ба тарзи шифоњї низ дар байни халќ пањн гашта буданд. Дар охири њазораи III то милод дар бораи худову ќањрамонон (Инанна, Думуз, Аинурта) аллакай як силсила асотирњо ба вуљуд меоянд. Сипас дар бораи Энкеркар, Лугалбанда, Гилгамеш барин шоњони афсонавї як ќатор асотирњо таълиф мегарданд. Жанри асосии онњо Лирика мањсуб мегашт; $B)Њамзамон шеърњо дар васфи худоён ва шоњон, дуоњо, сурудњои маросимї, насињатномањо, чистону зарбулмасалњо офарида мешаванд; $C)Достонњои њазораи III пеш аз милод ба соли фуруд омадани Иштар (ваќте, ки дар он љо, дар само…)рост омада, њазораи I то милод бошад, замони эљоди асарњои таърихї ва публисистї ба шумор меравад; $D)Достон дар бораи «Гилгамеш ва Энкиду»-намунаи бењтарини адабиёти шумерї мебошад, ки њангоми њафриёти китобхонаи Ашурбанапал (садаи VII) дарёфт гардида, дар 12 тахтачаи гилї нигошта шудааст. Ин асари мукаммали бадеиест, ки дар он саргузашти ќањрамонони асосї-Шоњи Ур-Гилгамеш ва дўсти ў Энкиду тасвир ёфта, масъалањои мављудияти инсон, марг, некиву бадї, эљодкориву њудудњои имконияти инсон ба миён гузошта мешаванд. Чунонки мебинем, адабиёти Байнаннањрайн серљабња ва гуногунранг мебошад ва ба дараљаи баланди инкишоф ноил гардида, ба адабиёти халќњои дигар таъсири пурзўр расонидааст; $E)Дар адабиёти Байнаннањрайн жанри афсона низ баѓоят машњур буд. Дар байни шумораи зиёди онњо афсонаи «Бенавои Ниппурї» шўњрати бузург дошт. Мазмунаш чандон мураккаб нест, асоси онро сабру тањаммул ва боиродагии ќањрамон дар роњи ба даст овардани маќсад, яъне аз ноњаќї ситонидани ќасос, ташкил медињад;
1   2   3   4   5   6   7   8   9


написать администратору сайта