тарихти афкори сиёси. х.. Китоби дарси
Скачать 0.9 Mb.
|
Назарияи шуравии хукук Назария ва фахмиши хукук дар давлати шуравй даврахои алохидаи тахаввули назарии хешро аз cap гузаронидааст. Дар аввал назарияи пролетарии рук,ук, пешкаш мешавад. Истилохи «хукуки пролетарй» соли 1918 дар асархои П.И. Стучка, М.Ю. Козловский, Н.В. Криленко ва хуччатхои расмй истифода мешавад. Дар инкишофи назарияи хукуки пролетарй П.И. Стучка накши мухим мебозад. Ба андешаи у, хама гуна хукук мохияти синфй дорад, зимни усули диалектикй ва дар робита бо омилхои моддй баррасй мешавад. У хукуки шуравии давраи гузаришро «хукуки пролетарй» меномад. Конун, муносибатхои хукукй ва идеология шаклхои хукук эътироф мешаванд. Ба андешаи М.Ю. Козловский, дар давраи гузариш аз капитализм ба сотсиализм хукуки пролетарии синфй амал мекунад, ки «воситаи пахш намудани мукобилияти акалият аз тарафи синфхои мехнаткаш мебошад». Д.И. Курский, ки ба хайси Комиссари халкии адлия, Прокурори генералй, сафири давлати шуравй дар Италия адои вазифа намудааст. аз назарияи хукуки пролетарй пуштибонй намуда, хукуки проле- тариро воситаи амалй намудани диктатураи пролетариат эълон мекунад. Хукуки пролетарй, ки зимни бекор карани хукуки буржуазй ташаккул меёбад, чун хукуки мачбурй, ифодагари манфиатхои про 440 летариат тависф мегардад. Нуфузи бештари манфиатхои давлат нисбат ба «хукукхои шахей» пазируфта мешавад. Е.Б. Пашуканис хукуки буржуазиро навъи охирини хукук шуморида, таъкид мекунад, ки хукуки пролетарй вучуд дошта намет- вонад. Ба акидаи у, пролетариат дар давраи гузариш аз капитализм ба сотсиализм аз хукуки буржуазй истифода мебарад. Мавсуф хокимияти сиёсй ва хокимияти давлатиро чудо намуда, давлатро ташкилоти хукукй меномад. Таъкид мешавад, ки давлат «чун воситаи хукмронии синфй» тавсифи хукукии онро сарфи назар мекунад. И. Разумовский хукукро шакли идеологии муносибатхои синфии моддй шуморида, акида пешкаш мекунад, ки хукук «шакли шуури чамъиятй мебошад». Хукук воситаи идеологии ифодаи муносибатхои моддй дар чомеаи синфй эълон мешавад. Таъкид мешавад, ки бархам хурдани хукуки буржуазй маънои «шикасти хукукро чун идеология» дорад. Ба акидаи мавсуф, хукуки буржуазй то лахзаи чой доштани мубодилот ва синфхо, аз он чумла пролетариат бокй мемонад. М. А. Рейснер кушиши тахлили психологии хукуки синфии про- летариро ба харч медихад. Ба акидаи у, хукуки синфй дар мухити дохилии оммаи мазлум, беихтиёрона, тибки фахму фаросати омма ташаккул меёбад. Ин хукуки хиссй субективй номида шуда, махсули давлат будани хукук рад мешавад. Таъкид мешавад, ки хар як синф хукуки хиссии хешро тавлид мекунад. аз ин ру, дар чомеаи буржуазй якчоя бо хукуки буржуазй хамзамон хукуки пролетариат ва хукуки дехконон арзи вучуд доранд. Дар замони шуравй бошад, хукуки буржуазй, хукуки пролетарй, хукуки дехконон дар шакли «тартиботи хукукии умумй» якчоя амал мекунанд. Ду хислати умумии хамаи навъхои хукук пешбарй мешаванд: 1) робитаи хукук бо хаёти хочагй: 2) алокаи хукук ва идеология. А. Малитский аз гояи давлати хукукбунёди шуравй пуштибонй намуда, таъкид мекунад, ки «тобеияти хамаи макомоти давлатй ба конун режими хукукй ном дорад», худи давлат бошад, зимни ин режими хукукй «давлати хукукбунёд номида мешавад». Дар ин замина акида пешкаш мешавад, ки «чумхурии шуравй давлати хукукбунёд буда, дар робита бо режими хукукй фаъолият дорад». Хукук «низоми муносибатхои чамъиятй» номида мешавад, ки «аз чониби синфи хоким тибки манфиатхои синфияш мукаррар гашта, бо кувваи муташаккили ин синф химоя мешавад». Таъкид мешавад, ки хукук «чун тартиботи хукукй дар коидахои муайяни рафтор ифода меёбад». яъне дар шакли «меъёрхои хукук». ки аз чониби «кувваи муташаккили синфи хоким хифз мешаванд». Мачмуи «меъёрхои хукукй хукуки мукарраршуда» номида мешавад, яъне «хукуке, ки онро синфи хукмрон мукаррар мекунад». 441 Л.М. Каганович назарияи А. Малитскийро барои истифода аз «усули буржуазии хукукй» мавриди танкид карор дода, аз чумла таъкид мекунад, ки гояи «давлати хукукбунёд» кобили кабул нест, хатто мувофик ба давлати буржуазй нест. Ба акидаи у, давлати буржуазй, ки бо хукук симои аслии хешро пинхон мекунад, «диктатураи буржуазй мебошад». Тавре масуф менависад: «Мафхуми «давлати хукукбунёдро» олимони буржуазй барои пинхон намудани мохияти синфии давлати буржуазй пешкаш намудаанд». Миёнахои солхои 1930-ум пас аз он, ки галабаи сотсиализм дар давлати шуравй эълон мегардад, назарияи хуцуци сотсиалистй пешбарй мешавад. Е.Б. Пашуканис, М. Дотсенко хукуки сотсиали- стиро чун мачмуи меъёрхо тавсиф мекунанд, ки аз чониби макомоти давлат мукаррар шудаанд. Дар Машварати бахишда ба масоили давлат ва х;ук,ук,и шуравй, ки 16 - 19 июли с. 1938 дар Донишкадаи хукуки Маскав баргузор гашта буд, рохбарй ин Донишкада, дар як вакт Прокурори генера- лии давлати шуравй А.Я. Вишинский назарияхои Стучка ва Пашу- канисро мухолифи назарияи ленинй эълон намуда, таърифи нави хукуки шуравиро пешкаш мекунад: «Хукук мачмуи коидахои рафтор мебошад, ки иродаи синфи хукмронро ифода намуда, дар шакли конунгузорй мукаррар мешаванд, инчунин одатхо ва коидахои зист мебошад, ки аз чониби давлат бахри химоя, таквият ва инкишофи муносибатхои чамъиятй ва тартиботи мувофик ба синфи хукмрон эътироф гаштанд». С.Ф. Кечекян таклиф мекунад, ки мафхуми «коидахои рафтор» бо мафхуми «меъёр» иваз карда шавад. М.С. Строгович бошад, аз ин таклиф пуштибонй намекунад. А.К. Сталгевич таклиф мекунад, ки хукук чун_«иродаи бо конун расмигаштаи синфи хукмрон» тавсиф гардад. У хамчунин таъкид мекунад, ки мафхуми хукук дар баробари меъёрхои хукукй хамчунин «муносибатхои хукукй ва идеологияи хукукиро» фаро мегирад. Сипас А.Я. Вишинский таъкид мекунад, ки «коидахои рафтор хамзамон меъёрхо мебошанд». У чунин таърифро пешкаш мекунад: «Хукук мачмуи коидахои рафтор, ё меъёрхо, на ин ки меъёрхо, хамчунин одатхо ва коидахои зист мебошад, ки аз чониби давлат мустахкам шуда, тарики мачбурй химоя мешаванд». Вале дар таърифи расмии хукук, ки дар Машварати мазкур эътироф мешавад, мафхумхои «одатхо ва коидахои зист» сарфи назар мешаванд. Дар натича мафруми меъёрии хуцук, эътироф гашта, солхои тулонй дар давлаи шуравй назарияи махдуди меъёрй истифода мешавад. Солхои 1950-ум, пас аз вафоти И.В. Сталин, дар давраи танкиди режими сталинй ва «шахспарастй» як катор мухаккикони шуравй андешахои А.Я. Вишинскийро зери танкид мегиранд. С.Ф. Кече- 442 кян, А. А. Пионтовский, А.К. Сталгевич, Я.Ф. Миколенко мафхуми хукукро дар робита бо меъёрхои хукук, муносибатхои хукукй, шуури хукукй рушан мекунанд. Дар натича мафхуми махдуди меъёрй зери шубха гирифта мешавад. Вале мафхуми «меъёри хукук» чун гояи асосй бокй мемонад. Соли 1979 бо ташаббуси мачаллаи «Давлат ва хукуки шуравй» бо иштироки А.А. Гагинян, В.Г. Графский, В.Д. Зоркий, Р.З. Лившитс, Л.С. Мамут, B.C. Нерсесянс, В.М. Сирих, В.А. Туманов, Г.Т. Чернобел мизи мудаввар гузаронида мешавад. Дар он мафхуми махдуди меъёрии хукуки шуравй мавриди танкиди чиддй карор гирифта, мафхумхои нави васеи хукук пешкаш мешаванд. Сипас, то ибтидои солхо 1990-ум мафхуми васеи хукук истифода мешавад, аз чумла зимни тафовути хукук ва конун, пешкаши мафхуми либертарии хукук, эътирофи накши хукук дар таъмини озодй, баробарй, адолат.
Назарияи либертарии хукук ва давлат аз чониби олими намоёни Федератсияи Россия B.C. Нерсесянс (1938 - 2005) пешкаш шудааст. У муаллифи як катор асархои илмист, аз кабили «Фалсафаи хукуки Гегел: таърих ва замони муосир» (1974), «Таълимоти сиёсии Юнонй кадим» (1979), «Хукук ва конун» (1983), «Хукук математикаи озодй» (1996), «Фалсафаи хукук» (1997), «Назарияи умумии хукук ва давлат» (1999), «Манифест оид ба сивилизм» (2001), «Таърихи афкори сиёсй ва хукукй» (2005) ва диг.
Ба акидаи мавсуф, руцук, «шакли муносибатхои баробарй, озодй ва адолат мебошад, ки тибки принсипи баробарии шаклии иштирок- чиёни хамин шакли муносибатхо муайян мешавад». Баробарии шаклй, ки принсипи хукук аст, чун «заминаи хукукй, хислати фарккунанда ва нишонаи махсуси хукук ва тавсифи мувофики давлат» эълон мешавад. Тафовути х;ук,ук, ва щонун, ки дар назарияи либертарй-хукукй эътироф мешавад, аз андешаи фитрй-хукукии тафовути хукук ва конун фарк дорад. Дар назарияхои фитрй-хукукй ин тафовут фаркият ва му- холифати хукуки фитрй ва хукуки позитивиро дар назар дорад. Тибки 443 назарияи либертарй бошад, хукук дар тафовут аз конун на хукуки фитрй, балки хукукро чун ифодаи меъёрии баробарй, озодй, адолат дар назар дорад. Конун бошад, дар тафовут аз хукук на мафхуми ле- гистии конунро, бадки цонуни рук,ук,иро дар назар дорад. Бо мафхуми «конуни хукукй» хукуки позитивй ифода мешавад, вале зимни инкори мафхуми легистии он. Давлат чун «ташкилоти хукукии хокимияти омма» тавсиф мешавад. Мохияти давлат бо он муайян мешавад, ки он «шакли ташки- ливу хокимиятии ифода, мушаххасгардонй ва амалй гаштани принсипи баробарии шаклй мебошад». Хукук ва давлат «шаклхои зару- ри умумии ифодаи меъёрй ва хокимиятии озодии одамон» эълон мешаванд. Мафхуми давлат чузъи мафхуми хукук эътироф мешавад. Пайдоиши х;ук,ук, ва давлат дар иртибот бо мафхуми озодй баррасй мешавад. Тибки назарияи либертарй, озодй дар раванди «таназзули чомеаи ибтидой ва чудо шудани аъзоёнаш ба одамони озод ва ноозод (гуломон) зухур мекунад». Хукук ва давлат чун шаклхои ифодаи меъёрии озодии одамон пайдо мешаванд. Сипас, дар даврахои гуломдорй, феодалй, капиталистй, пасосотсиалистй ва пасокапиталистй бо баробари «рушди озодй» хукук ва давлат низ рушд меёбанд. Таъкид мешавад, ки дар чомеае, ки он чо озодй ташаккул наёфта, ахолй ба «озодон ва гуломон» чудо нашудааст, на ин ки давлат, балки «истибдод» ташакккул меёбад. Истибдод чун давлат эътироф намешавад. Навъи таърихии давлат низ дар робита бо мафхуми озодии одамон рушан гашта, дар натича навъбандии давлатхо мутобики «даврахои рушди озодй» муайян мешаванд. Эътирофи одамони озод ба хайси «субектони хукук ва давлат» махаки навъбандии давлатхо пазируфта мешавад. Дар ин замина навъхои зерини таърихии давлатхо чудо карда мешаванд: 1) хукук ва давлати щавмй», ки дар он танхо кавмхои алохида, аз кабили «аъзоёни авлодхои афинй» дар Афина, квиритхо дар Рим субектони хукук ва давлат эътироф мешаванд; 2) хукук ва давлати «табак,авт, ки асрхои миёна ташаккул ёфта, дар он хама озод мешаванд, вале озодй «махаки табакавиро» касб мекунад, табакахои бонуфуз пайдо мешаванд; 3) хукук ва давлати «фардй», ё «фарди-сиёсй», «фардй-ишррваидй», ки дар шароити ташакули чомеаи шахрвандй, чудо шудани «хаёти хусусй» ва «хаёти даватй» ташаккул ёфта, инсон «субекти хукук ва давлат» эълон мешавад; 4) «давлати х;ук,ук,бунёд», ки замони имруза ташаккул ёфта, хислати «гуманитариву хукукй» дорад ва дар он хар инсон «субекти хукукхои фитрй» эълон мешавад. Хамзамон таъкид мешавад, ки рушди минбаъдаи озодй боиси ташаккули навъхои нави хукук ва давлат мегардад. 444 Режими давлатй (сиёсй) чун «тартиби хукукии амалй намудани хокимияти давлатй» тавсиф мешавад Таъкид мешавад, ки режими давлатй танхо зимни хукук амалй мегардад. Аз ин ру, истибдод режими зиддихукукй номида мешавад. Хамчунин намудхои мухталифи режими истибдодй, аз кабили режимхои золимона, диктатурй, харбй, фашиста, нажодпарастй, хизбиву синфй, тоталитарй чудо карда мешаванд. Дар назарияи либертарй- хукукй намудхои зерини функсиярои асосии давлат чудо карда мешаванд: а) мукаррар намудани хукук; б) амалй намудани хукук; 3) хифзи хукукй; 4) функсияи хоричй. Хамчунин се намуди функсияи давлати хукукбунёд тасниф мешаванд: а) функсияи конунгузорй: б) функсияи ичроия: 3) функсияи судй. |