Главная страница
Навигация по странице:

  • Мактаби лингвистикаи Москва.

  • МАВЗЎИ 7. КОНСЕПСИЯИ ЛИНГВИСТИИ ФЕРДИНАНДТ ДЕ СОССЮР (1857-1913)

  • МАВЗЎИ 8. ЗАБОНШИНОСӢ ДАРАСРИ 20. СТРУКТУРАЛИЗМ

  • Кружоки лингвистистии Прага ва ё лингвистикаи функсионалї.

  • забон.умуми_Собирова_М. Комплекси таълимї методї аз фанни забоншиносии умумї барои донишёни курси 1 ихтисоси забони англисї


    Скачать 119.96 Kb.
    НазваниеКомплекси таълимї методї аз фанни забоншиносии умумї барои донишёни курси 1 ихтисоси забони англисї
    Дата05.10.2022
    Размер119.96 Kb.
    Формат файлаdocx
    Имя файлазабон.умуми_Собирова_М.docx
    ТипДокументы
    #715674
    страница4 из 7
    1   2   3   4   5   6   7

    Мактаби лингвистии Ќазон. Дар охири асри ХlХ баробариинкишофи љамъият дар Россия илм њам тараќќї мекунад ва инкишоф меёбад. Дар ин давра дар Россия ду мактаби забоншиносї љой дошт, ки яке аз он мактаби лингвистии Ќазон буд.Ин мактаб асосан ба номи забоншиноси машњур Бодуэн де Куртенэ (1845-1929), ки солњои 1875-1883 дар унверситети Ќазон дарс гуфтааст, сахт алоќаманд мебошад. Асарњои машњури ў инњоанд: «Баъзе мулоњизањои умумї доир ба забоншиносї ва забон» (1871), «Таљрибаи назариявии љойивазкунї (алтернасия)-и фонетикї» (1895), «Забоншиносї ва ё лингвистикаи асри ХlХ» (1901), «Ќаидњои лингвистї ва афоризмњо» (1903), «Муќаддимаи забоншиносї» (1917).

    Иван Александрович Бодуэн де Куртенэ соли 1845 дар Полша таваллуд ёфтааст. Гузаштагони олим франсуз буда дар асри ЉVlll ба Полша кўчида омадаанд.Ќисми зиёди умри худро Бодуэн дар Россия гузаронидааст. Маълумоти аввалинро дар Варшава гирифтааст.Солињои 1862-1866, њангоми мактабхонї забонњои славянї ва забони гуфтугўии литовиро ёд мегирад.Соли 1867 дар Унверситети Иене лексияи Шлейхерро шунида, дар Берлин санскритро меомўзад.Соли1868 дар Петербург лексияи И.И. Срезневскийро мешунавад. Худи њамон сол асари аввалини ў «Баъзе њолатњои корбасти аналогия дар тасрифи забони полякї» чоп мешавад. Бодуэен бори аввал принсипњои тараќќиёт ва таѓироти таърихии забонро ба сохти морфологии калима татбиќ мекунад.Ќисмати аввалини ин маќола «доир ба таѓирёбї ва махсусан кўтоњшавии асоси калима ба фоидаи бандак» ба назари Шлейхер, муњаррири маљала чунон ревалютсионї менамояд, ки ба чопи он иљозат намедињад ва он танњо баъди 34 сол, яъне соли1902 нашр мешавад.Соли 1870 дар Петербург диссертатсия њимоя намуда, ба унвони дотсентї сазовор мешавад ва бори аввал дар таърихи Университети Петербург курси грамматикаи муќоисавї аз тарафи ў хонда мешавад.Соли 1872 ба Австрия ва Италия меравад ва дар муддати се сол лањљањои забони словениро меомўзад.Барои натиљаи тадќиќоти илмиаш «Таљрибаи фонетикї аз лањљањои резянский» (1875) сазовори доктори забоншиносии муќоисавї гардид.Минбаъд Бодуэн дар панљ Унверситет кор кардааст: солњои 1875-1883 дар Ќазон, 1883-1893 дар Юревск (њоло Тарту), 1894-1900 дар Краков, 1901-1918 дар Петербург ва 1918-1929 дар Варшава.

    Мактаби лингвистикаи Москва. Асосгузори мактаби лингвистии Москва Филип Федорович Фортунатов (1848-1914) буд.Фортунатов Ф.Ф. 2 январи соли 1848 дар Вологда таваллуд ёфтааст.Соли 1868 факултети таъриху филологияи Университети Москваро хатм мекунад ва дар њамон љо ба кор мемонад.Дар ин љо ў аз забоншиноси маъруф Потебня таълим мегирад.Соли 1871-1873 ба сафар баромада, ба Германия, Франсия ва Англя меравад. Дар ин сафар бо як катор олимони маъруфи њамон замон аз ќабили Рудолф Рот, Лескин, Курсиус, Вебер, Бергеня шинос шуда, лексияи онњоро доир ба Ригведу Авесто, дастхати забонњои литовї, санскрит, ведиро меомўзад.Баъди баргаштан , соли 1875 диссертатсия њимоя мекунад.Аз соли 1876 то 1902 дар Унверситети москва лексия мехонад.Вай дар ин љо давра ба давра аз фанњои забоншиносии умумї, фонетика ва морфологияи забонњои њиндуаврупої, забонњои славянии ќадим, литовї, готї ва санскрит дарс додааст.

    Соли 1898 ўро академики Академияи илмњои Россия интихоб мекунанд.Вай аз соли 1902 то вафоташ (1914) дар Петербург мудири шўъбаи забон ва адабиёти ќадимаи рус шуда кор мекунад ва бештар ба корњои тањрир машѓул мешавад.

    Доираи тадќиќоти Фортунатов хеле васеъ буд, дар мсъалаи фонетика ва морфологияи забонњои њиндуаврупої мутахассиси машхур шуморида мешавад. Доир ба Фортунатов академик Шерба Л.В. чунин гуфтааст: «Дар Россияи пеш се нафар забоншинос-назариётчии номї буданд:А.А. Потебня, Бодуэн ва Фортунатов.Онњо доњии аќидањои лингвистї дар ватани худ буданд, вале бо таъсири шароити беруна онњо доњии илми забон дар љањон нагаштанд».

    Мактаби забоншиносии Москва бо сарварии Фортунатов Ф.Ф дар сарњади ду аср дар миќёси забоншиносии љањон ва рус мавкеи пешоњангиро ишѓол мекард. Ин аст, ки як гурўњ забоншиносони шинохтаи дунё Шахматов А.А., Поржинский В.К., Ушаков Д.Н., Пешковский А.Н, Покровский М.М., Петерсон М.Н., аз забоншиносони хориљї – норвегиягї Брок О., данягї Педерсен Х., немисњо Солмен Ф. ва Беренкер Э., швед Торнбрнсон Х., сербї Белич А., чех Поливка И., словен Мирко М ва дигарон худро шогирдони бевоситаи Фортунавтов Ф.Ф. мешумиоранд.
    МАВЗЎИ 7. КОНСЕПСИЯИ ЛИНГВИСТИИ

    ФЕРДИНАНДТ ДЕ СОССЮР (1857-1913)

    Соссюр яке аз забоншиносони машњур буда, дар ќатори Ф.Бопп, Гумболдт, Шлейхер ва Бодуэн љой мегирад. Ў аслан франсуз буда, вале дар Швейсария таваллуд шудааст.Соли 1876 дар Лейбсиг аз асосгузорони љараёни љавонграмматикњо-Лескин, Остгоф ва Бругман сабаќ меомўзад.Солњои 1878-1879 дар Университети Берлин аз Г.Олденберг ва Г.Симмер лексия мешунавад.Охири соли 1879 ба Лейбсиг бармегардад ва феврали соли 1880 диссертатсияи докторї њимоя мекунад.Аз соли 1881 дар муддати дањ сол дар мактаби олии Париж аввал доир ба забонњои германї ва баъд грамматикаи муќоисавии њиндуаврупої лексия мехонад.Аз соли 1891 иљрокунандаи вазифаи профессор ва аз соли 1896 профессор аз санскрит ва грамматикаи муќоисавии забонњои њиндуаврупоии Университети Женева буд.Аз соли 1906 мудири кафедраи забоншиносии умумии њамин Университет буд. Дар њамин љо забоншиносон Шарл Балли ва Сеше аз ў лексия шунидаанд.Њамин забоншиносон соли 1916 аз рўи лексияи шунидаашон асари машњури Соссюр «Курси забоншиносии умумї»-ро баъди вафоташ чоп мекунонанд, ки соли 1933 тарљумаи русии он мебарояд.

    Соссюр њам идеяи лингвистњои психологию сотсиологї ва њам неограмматистњоро њимоя менамуд. Идеяи ўро бошад, мактаби структуралистњо ва лингвистикаи семантикї инкишоф додаанд.

    Шогирдон ва пайравони Соссюр аќидањои устоди худро доир ба забон дар чор равия идома ва инкишоф додаанд: 1) Забоншиносони њамаи аќидањои устоди худро дастгирикунанда (Шарл Баллї, Сеше), 2) Забоншиносони аќидаи Соссюрро дар масъалаи забоншиносии муќоисавї-таърихї давомдињанда (Антуан Мейе, Бенвенист ва дигарон), 3) Забоншиносони аќидањои сотсиологии Соссюрро давомдињанда (Мейе, Вандриес,Саммерфелт ва дигарон) ва 4) Забоншиносони баъзе аќидањои Соссюрро дастгирикунанда ва инкишофдињандаи баъзе љињатњои структурализм.

    Соссюр доир ба забон проблемањои нав пешнињод менамояд. Њамчун система донистани забон яке аз љињатњои муњимми кори ў буд, ки ин чиз дар кори љавонграмматикњо мушоњида намешуд. Соссюр, аз як тараф, назария ва ё фалсафаи забонро ба вуљуд оварда бошад, аз тарафи дигар, объекти лингвистикаро муайан намуд.Дар яке аз асарњои машњури худ «Курси забоншиносии умумї» (1916), ки аз тарафи шогирдонаш таълиф карда шудааст, доир ба объекти забоншиносї чунин мегўяд: «Объкти ягона ва њаќиќати лингвистика забон мебошад, ки дар худ ва барои худ омўхта мешавад».Ќисмати аввали ин тезис дуруст ва љолиби диќќат мебошад, вале ба ќисмати дуюми он розї ва њамроњ шудан мункин нест, ки баъдтар шарњ медињем.

    Нуќтаи назари асосии Соссюр доир ба масъалањои гуногуни забон аз инњо иборат аст:

    1. Њамчун мутахассиси намоёни забоншиносии муќоисавї-таърихї дар нахустзабони њиндуаврупої чунин сонантњоро-и, у, р, л, м, н нишон медињад, ки вобаста ба мавќеи худ дар калима дар як њолат (дар пањлўи њамсадо) њиљо созад, вале дар њолати дар њамшафати садонок омадан њиљо намесозад.

    2. Дар «Курси забоншиносии умумї» якчанд фикрњои тоза баён мекунад.Комёбии бузурги олим муайян намудани хусусияти (спесификаи) забоншиносї буд, зеро то ў олимон забонро аз љињати мантиќї, психологї, физологї ва сотсиологї меомўхтанд. Ў мегўяд: «Объекти ягона ва њаќиќии лингвистика забон аст, ки дар худ ва барои худ омўхта мешавад». Ќисмати дуюми ин тезис нодуруст, зеро забон барои худ не, балки бо маќсади муайян-њамчун воситаи алоќа, њамчун воситаи ифодаи њам фикру њам маданияти инсонї вуљуд дорад, дар акси њол забон овози хушку холї асту халос.

    3. Соссюр яке аз он олимонест, ки ањамияти системаи заборо пурра мефањмад. Воњидњои забон чун система њамдигарро њамеша муайян карда меистанд. Вале, мутаассифона, Соссюр системаро фаќат ба њолати њозираи забон нисбат медињад, гўё таърихи забон чунин хусусият надошта бошад.

    4. «Забон шакл аст, на субстансия (љавњар, асос)».Баробари ин ќайд мекунад, ки ба воситаи забон њама гуна маъноњоро ифода кардан мумкин аст, зеро аломатњои забонї њам ифода мешаванд ва њам ифода мекунанд.

    5. Забон, ба фикри Соссюр, аз системаи аломатњо иборат аст. Ин аломатњо шартианд. Соссюр онро бо системаи аломатњои шартии дигар-хат, хати кару гунгњо, сигналњои њарбї ва ѓайра баробар мешуморад.Ў таклиф мекунад, ки барои њамаи аломатњо илми нав-семиологияро ба вуљуд овардан лозим, забоншиносї низ њамчун љузъи асосї ба он дохил шуданаш мумкин.Ин аќида роли забонро чун илми мустаќил, ки вазифааш тадќиќи чунин њодисаи љамъиятии бисёр муњим ва махсус-забони инсон аст, паст задан мебошад. Забонро бо он аломатњо як шуморидан ѓалат, зеро он аломатњо сунъианд, дар заминаи забон ба вуљуд омадаанд.

    6. Соссюр ба љои фонетика фонологияро пешнињод карда буд, зеро дар калима овоз асосї набуда, овозњои маънои калимаро таѓирдињанда муњим аст. Ў фонемаро чун маљмўи аломатњои фарќкунанда мефањмид.

    7. Соссюр забоншиносиро ба ду ќисмат-дохилию берунї људо мекард. Ба забоншиносии берунї халќ, таърих ва инкишофи он воќеањои таърихї, пањншавии забон, ба диалектњо људо шудани забон дохил мешавад. Гўё донистани њамаи ин шароитњое, ки забон инкишоф ва тараќќї мекунад, шарт нест. Ин нодуруст, зеро забон бо соњибонаш ва таърихи онњо алоќаи зич дорад. Шароити инкишофи забонро надониста муайян намудани системаи худи забон имконнопазир аст.

    Соссюр алоќаи таърихи забонро бо таърихи халќ ва тараќќиёт вобаста мекунад. Ў мегўяд, ки урфу одатњои халќ дар забони он инъикос меёбад ва инчунин забон то андозае ба шаклгирии миллат ёрї мерасонад. Њамаи њодисаву воќеањои дар њаёти љамъият ба амал оянда њатман ба забон таъсир мерасонад ва дар он инъикос меёбад. Вале ба фикри Соссюр, њамаи онњо ба системаи дохилии забон дахле надорад. Ин аќида ба куллї ѓалат аст.

    Баробари ин бояд ќайд кард, ки ин гуна таќсимот ба људо намудани проблемаи муносибати забон ба таърихи љамъият ёрї расонд. Мутаассифона, ин масъала то њол асоси таърихї-материалистии худро дарёфт намудааст.

    8. Соссюр ду аспекти забон-синхрония ва диахронияро фарќ мекард. Барои Паул, Фортунатов ва Чикобава омўзиши таърихи забон (диахрония) муњим бошад. Соссюр њолати њозираи забон (синхрония)-ро ањамиятнок мешуморад.

    Ў ин ду чизро ба њам муќобил гузошта таъкид мекнад, ки байни онњо њељ гуна созиш, компромис шуданаш мумкин нест. Пас, мувофиќи аќидаи Соссюр, ду предмети тамоман мустаќил-лингвистикаи синхронї ва лингвистикаи диахронї вуљуд дорад. Тадќиќи њолати њозираи забон барои омўзиши далелњои мављуда, фањмидани системаи забон, яъне омўзиши забон «дар худ ва барои худ» имконият дорад. Њолати диахронии забон системаро вайрон мекунад ва онро ба љамъ намудани далелњои пароканда мубаддал мегардонад.

    Чунин гузориши масъала ѓалат буда, вайрон намудани ќонунњо диалектика мебошад, зеро њолати њозираи забонро дар алоќамандї бо њолати пешина, ќадимиаш муайян мекунанд.

    Гуфтаи Соссюр дуруст аст, ки барои гўяндагон њолати њозираи забон бо системааш муњим аст, зеро вай реалї мебошад. Вале ин ба он асос шуда наметавонад, ки забон дар њолати инкишофу тараќќиёт (диахронї) система надошта бошад ва аз ин рў, синхронию диахронияро бо њам муќобил гузорем.

    9. Соссюр забон, нутќ ва фаъолияти нутќкунониро фарќ мекунад.Фаъолияти нутќкунонї ин системаи имкониятњои таъсирбахши ин ё он холќ буда, хеле гуногуншакл мебошад ва бо бисёр соњањо-физика, физология ва психология алоќаманд аст. Соссюр дар протсесси нутќкунї ду ќутб-забон ва нутќро људо мекнад.Забон ин системаи грамматикї ва луѓат аст, яъне тамоми воситањои забонист, ки бе донистани онњо муносибати овозї имконнопазир аст.Забон чун системаи лексикї ва грамматикї ба таври људогона дар шуури шохсони људогонаи ба умумияти забонї тааллуќдошта вуљуд дорад.Забон чун мањсули љамъиятї ва чун воситаи њамдигарфањмии одамон ба шахсони људогонаи бо он гапзананда вобаста нест. Баракс фард бояд кўшиши зиёд кунад, то ки системаи забонро ба таври бояду шояд аз бар кунад. Аз ин рў, омўзиши забон ин протсесси соф психологї мебошад. Нутќ амалиётест, ки бо ёрии он фард забонро барои ифодаи фикри худ истифода мебарад.

    Забону нутќ алоќаи зич доранд. Забон асос ва мањсули нутќ аст. Забон дар заминаи нутќ ба амал меояд ва бо нутќ ифода мегардад. Забон шарт аст, то ки нутќ мафњум бошад, нутќ зарур аст, то ки забон инкишоф ёбад. Инкишофи забонро бо нутќ муайян мекунанд. Нутќ шакли мављудият ва инкишофи забон аст.

    Бо вуљуди ин Соссюр забону нутќро ба њам тамоман зид мегузорад ва аз ин рў, мављудияти лингвистикаи забон ва лингвистикаи нутќро лозим медонад. Кадом хусусиятњои забон ва нутќ онњоро ба њам муќобил мегузоштааст:

    Якум, забон аз нутќ чун њодисаи љамъиятї аз индивидуалї фарќ мекунад. Забон монанди як кодекс ба тамоми соњибонаш ба сифати ќоидаву меъёр њатмї мебошад. Њамчун мањсули љамъиятї њар шахси људогона забонро дар шакли тайёр меомўзад ва ёд мегирад.Нутќ бошад, индивидуалї аст. Њар як нутќи људогона соњиб дорад ва ў мувофиќи хости худ онро баён мекунад;

    Дуюм, забон ба нутќ, ки воситаи тавонои реаликунонидаи он аст, зид меистад;

    Сеюм, забон бо устувору дарозумрї аз нутќ, ки ноустувор ва яккарата аст, фарќ мекунад;

    Чорум, забон аз нутќ њамчун чизи асосї аз чизи дуюмдараља, ѓайриасосї ва ё тасодуфї фарќ мекунад.

    Ин фарќњое, ки Соссюр дар байни забону нутќ мебинад, дар њаќиќат љой дорад, вале танњо дар асоси њамин онњоро ду чизи тамоман гуногун шуморидан мункин нест, чунки ин ду аспекти фаъолияти нутќкунонї дар ягонагии диалектї вуљуд доранд. Забон кулл бошад, нутќ љузъ аст.

    Забонро абстраксия ё ки «системањои соф муносибатњои лингвистї» шуморидани Соссюр низ ѓалад аст.

    10.Ба фикри Соссюр, одамон ба забон таъсири зўр расонида наметавонистаанд, њол он ки Марксу Энгелс ќайд карда буданд, ки ваќте мешавад, ки одамон назоратро ба забон ба дасти худ мегиранд.

    Ин пешгўии онњо њоло љомаи амал пўшидааст, зеро дар айни њол забон дар зери назорати соњибонаш мебошад. Онњо онро аз ифлосшавї , аз меъёр баромадан нигоњ медоранд.

    Соссюр асосгузори ду мактаб-мактаби лингвистии Женева ва Париж буд. Дар Женева кори ўро шогирдонаш Сеше, Карсевский, Годел ва махсусан Ш.Балли давом дињанд, дар Париж А.Мейе, Ж.Вандриес, Граммон, Коэн давом додаанд.

    Ба Соссюр муќобилгузорї-антиномия хос буд: забон-нутќ, диахрания –синхрония, лингвистикаи дохилї-лингвистикаи берунї, шаклу мундариља ва ѓайра.
    МАВЗЎИ 8. ЗАБОНШИНОСӢДАРАСРИ 20. СТРУКТУРАЛИЗМ

    Аз солњои сиюм сар карда аксари илмњо бисёр тез тараќќї мекунанд. Илми забоншиносї њам аз љињати назариявї ва њам аз љињати илмї инкишоф меёбад. Мактабу љараёнњои нав дар забоншиносї ба амал меоянд. Предмет ва методњои нави тадќиќотї пайдо мешаванд. Баробари ин забоншиносии муќоисавї-таърихї ва типалогї, лингвистикаи сотсиологї, мантиќ ва психикї њам бо далелу материалњои нав бой гардонида пеш меравад. Масалан, забоншиносии муќоисавї-таърихї ба давраи сеюми тараќќиёти худ мерасад. Дар ин давра васеъ гардидани базаи факту далелњо, аз нав дида баромадани проблемаи нахустзабон, боз њам сањењ намудани тарзу усулњои методи муќоисавї-таърихї барин масъалањо ба миён меоянд. Дар забоншиносии муќоисавї-таърихї њам аз методњои структурї истифода бурдан мегиранд.

    Марказњои нави забоншиносї ба вуљуд меоянд. Баробари инкишоф ва тадќиќи лингвистикаи немисї, франсузї ва италиягї забоншиносии советї, америкої ва чехї ба арсаи љањонї мебароянд.

    Яке аз љараёнњои њозира ва бањснок дар илми забоншиносї структурализм мебошад.

    Структурализм чун љараёни махсуси забоншиносї аз соли 1926 вуљуд дошта бошад њам, заминаи он пештар гузошта шудааст. Гуфтан мумкин аст, ки ба ин љараён забоншиноси машњури швейтсариягї Ф. де Соссюр асос гузоштааст. Њаминро њам бояд ќайд кард, ки дар забоншиносии шўравї то соли 1956 ба ин љараён-структурализм диќќат дода намешуд.

    Структурализм бар зидди љараёни љавонграмматикњо, ки ягон њодисаи таърихи забонро асоси кори худ мешумориданд, ба вуљуд омадааст. Fайр аз ин структурализм љараёни психологї ва иљтимої-психологиро бо хусусиятњои таљрибавию (эмпирї) индуктивиашон эътирф намекунад.

    Структурализм мисли љараёнњои дигар таърихи худро дорад. Бодуэн де Куртенэ соли 1870 дар лексияи ба донишљўёни Университети Петербург хондаи худ масъалаи назарияи фонема ва системанокии забонро мегузорад, ки ин баъдњо ду талаби љараёни стрктурализм мегардад. Баъдтар забоншиноси љавон Соссюр дар “Курси забоншиносии умумї” (1916) чор аломати хоси ин љараёнро нишон медињад: Хусусияти хос (спесифика), система, шакл ва муносибат. Дар ин хусус Соссюр чунин гуфта буд: 1) Объекти ягона ва њаќиќии лингвистика забон мебошад. 2) Забон системаест, ки тартиби хоси худро дорад. 3) Забон шакл аст, на субстансия (маъно, љавњар). 4) Дар њама гуна њолатњои забон тамоми воњидњои он дар муносибатанд.

    Њамин тариќ, љараёни структурализм ба ќоидањои зерин риоя карданро талаб мекунад:

    1. Предмети тадќиќи илми забоншиносїбояд забони инсон бошад, на ягон чизи дигар. То ин ваќт њодисањои ба илмњои психология, физиология ва мантиќ дохил намудани забон вуљд дошт.

    2. Забонро чун система донистан. Њамаи воњидњои забон бо њам муносибати зич доранд. Њодисањои забониро аз њолати њозираи забони мушаххас љустуљў кардан лозим, на аз њодисаи забонњои хеш ва ё забони ќадима.

    3. Љињати синхронии забонро тадќиќ кардан. Системаи забонро дар давраи муайяни замони њозира тадќиќ кардан лозим, на бо таърихи он ва ё диахронию синхронияро омехта кардан.

    Структурализм дар мушоњида ва ба ќайд гирифтани маводњои забон объективї буданро талаб мекукнад.

    Кружоки лингвистистии Прага ва ё лингвистикаи функсионалї. Кружоки лингвистики Прага ё ки Мактаби лингвистикаи функсионалї ба назария ва амалияи забоншиносии њозира сањми арзанда гузошт. Ин кружок соли 1926 аз тарафи забоншиноси чех Вилем Матезиус (1882-1945) ва славяншинос Роман Якобсон (1896-1989) ташкил карда мешавад. Ба ин кружок ё ки сањењтараш мактаби забоншиносї забоншиносони чех Богумил Транка, Богуслав Гавранек, Ян Мукаржовский, Йозеф Вахек, Владимир Скаличка ва дигарон, инчунин забоншиносони рус Николай Сергеевич Трубетской, Сергей Осипович Карсевский, забоншиноси австриягї Бюлер, америкої Блумфилд, франсуз Мартине, даниягї Елмселв, голландї Гроот ва забоншиносони советї Винокур, Поливанов, Томашевский, Аванесов ва Винаградов низ дохил мешуданд ва таваљљўњ доштанд.

    Дар ташаккули назарияи лингвистии забоншиносони ин мактаб таъсири бевоситаи аќидањои Ф.де Соссюр ва инчунин забоншиносони рус Бодуэн, Фортунатов ва Шахматов хеле калон аст. Онњо бисёр консепсияњои доир ба забон гуфтаи Соссюрро ривољу инкишоф ва њатто таѓйир додаанд. Масалан, дар масъалаи синхронияю диахрония онњо тарафдори аќидаи Бодуэн шуда, муносибати зичи синхронияю диахронияро нишон медињанд, њол он ки Соссюр синхронияю диахронияро ба њам зид гузошта буд. Эътирофи алоќаи зичи синхронияю диахрония дар њалли баъзе масъалањои дигар низ ба намояндагони ин мактаб ёрї расонид. Матезиус аз љињати синхронї муќоиса кардани системаи забонии забонњои хешу ѓайрихешропешнињодмекунад, то ки тамоили инкишофи забонњо муайян карда шавад. Ин аќида минбаъд асоси таснифоти типологии забонњо мегардад. Омўзиши њодисањои монанди фонетика, морфология ва синтаксис дар забонњои хешу ѓайрихешба пайдоиши мафњуми иттифоќи забонњо (акси оилаи забонњо) сабаб мешавад.
    1   2   3   4   5   6   7


    написать администратору сайта