Главная страница
Навигация по странице:

  • Лутфулло Бузургзода (1909-1934).

  • Шавкат Ниёзї (1905-1962).

  • Носирҷон Маъсумї (1915-1974).

  • Бобољон Ниёзмуњаммадов (1906-1979).

  • МАВЗЎИ 12. НАЗАРИЯИ ЗАБОН. ХУСУСИЯТЊОИ АЛОМАТНОКИИ ЗАБОН

  • Хусусияти аломатнокии забон.

  • Забон чун система

  • Забон ва тафаккур.

  • Забон ва љамъият.

  • забон.умуми_Собирова_М. Комплекси таълимї методї аз фанни забоншиносии умумї барои донишёни курси 1 ихтисоси забони англисї


    Скачать 119.96 Kb.
    НазваниеКомплекси таълимї методї аз фанни забоншиносии умумї барои донишёни курси 1 ихтисоси забони англисї
    Дата05.10.2022
    Размер119.96 Kb.
    Формат файлаdocx
    Имя файлазабон.умуми_Собирова_М.docx
    ТипДокументы
    #715674
    страница6 из 7
    1   2   3   4   5   6   7

    МАВЗЎИ 11. САЊМИ ОЛИМОНИ РУС ДАР ИЛМИ ЗАБОНШИНОСИИ ТОЉИК

    Забоншиносони тољикро бе иштироки шарќшинослон-тољикшиносони рус тасаввур кардан мумкин нест. Дар ташаккули илми забоншиносии тољик як гурўњи калони шарќшиносони рус хизмати арзанда доранд. Онњо пеш аз олимони тољик ба омўзиш ва тадќиќи масъалањои гуногуни забони тољикї сар кардаанд. Дар корњои Григорев В.В., Семенов А.А., Залеман К.Г., Зарубин И.И., Кузнетсов П.К. доир ба забони тољикї ва фарќи он аз забонњои ўзбекиву форсї, оид ба забонњои яѓнобї, шуѓнї, бартангї, рўшонї, мунљонї, ишкошимї, орошорї, вахонї, лањљаи тољикони кўњистон ва фарќи он аз лањљаи тољикони Самарќанду Бухоро, забони гуфтугўии яњудиёни Самарќанд, дар бораи алифбои нави (лотинии) тољикї то солњои бистуми асри ХХ маълумот дода мешавад, ки њоло забони тољикї чун илми мустаќил шакл нагирифта буд.

    Минбаъд гурўњи калони шарќшиносон-тољикшиносон, аз ќабили Бертелс Е.А., Андреев Ш.С., Боголюбов Ш.Н., Растаргуева В.С., Лившист В.А., Оранский И.М., Розенфелд А.З., Фрейман, Эделман Д.Н., Стеблин-Каменский И.М., Соколов С.Н., Соколова В.С., Пахалина Т.Н., Молчанова Е.К., Смирнова О.И. ва дигарон ба тадќиќу омўзиши забони тољикї машѓул мешаванд. Ин олимон бештар ба тадќиќи се масъала-забонњои форсї-тољикии ќадима, миёна ва нав, забонњои помирї ва лањљањои забони тољикї машѓул шудаанд. Баробари ин њамаи онњо ба омўзиши масъалањои људогонаи забони адабии муосири тољик машѓул шудаанд. Азбаски ин донишмандон дар марказњои илми шўравї-Москва ва Ленинград фаъолият доштанду асарњояшон ба забони русї чоп мешуд, ба туфайли он асарњо забоншиносони мамлакатњои дигар бо забони тољикї шинос мешуданд.

    Лутфулло Бузургзода (1909-1934). Забоншинос, шевашинос, фолклоршинос ва адабиётшиноси номии тољик Лутфулло Бузургзода соли 1909 дар дењаи Навгилеми Исфара дар хонаводаи марди фарњангї ба дунё омадааст. Маълумоти миёнаро дар мактабњои Навгилем, Исфара, Хуќанд ва Уфа гирифтааст. Соли 1927, баъди хатми мактаби миёнаи ба номи Бобури шањри Хуќанди Ўзбекистон падараш ўро барои хондан ба Омўзишгоњи педагогии шањри Уфаи Бошќирдистон мебарад. Соли 1929 баъди хатми Омўзишгоњ ба шањри Исфара омада, дар Комитети комсомолии шањр кор мекунад. Соли 1930 барои хондан ба шањри Самарќанд омада, ба Академияи педагогии Самарќанд дохил мешавад. Яке аз адабиётшиносони маъруф, профессор Холиќ Мирзозода, ки он солњо њамсабаќи Л.Бузургзода буд, баъдњо дар хотирањои худ дар хусуси ин марди донишманд чунин навиштааст: «Лутфулло Бузургзода барои хуштабъї, њозирљавобї, рафоќат, даќиќкорї, зиракї ва сербањс буданаш ба дилу дидаи ман роњ ёфт». Соли 1933 Академияи педагогї ба Донишгоњи Самарќанд табдил мегардад ва Лутфулло Бузургзода донишљўи курси сеюм мешавад. Худи њамон сол бо њамроњии Зењнї Т. «Китоби дарсии забони модарї»-ро (ќисми 1) нашр мекунанд. Соли 1934, яъне соли вафоти академик Марр Я.Н. асари калони Лутфулло Бузургзода бо номи «Академик Марр ва дигар дигаргунињо дар илми забоншиносї» чоп мешавад. Ин асари мубоњисавї доир ба илми забоншиносї буда, минбаъд як гурўњ олимон аз ќабили Андреев М.С., Фитрат А. ва Бертелс Е.С. он бањсро давом медињанд.

    Шавкат Ниёзї (1905-1962). Забоншиноси боистеъдоди тољик, номзади илми филология Шавкат Ниёзї соли 1905 дар шањри Бухоро, дар оилаи дењќон таваллуд ёфтааст. Аз падару модари худ ятим мемонад ва дар хонаи бачагон тарбия меёбад. Фаъолияти мењнатии худро солњои 1927-1930 аз муаллимї дар шањрњои Душанбе ва Самарќанд сар мекунад. Солњои 1930-1939 дар омўзишгоњи педагогї ва баъд дар Институти муаллимтайёркунии Тошканд кор мекунад. Солњои 1940-1947 дар Инситути тадќиќотии илмии мактабњои Вазорати маорифи халќи Тољикистон кор кардааст. Аз соли 1947 то охири умр дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдаки АИ Љумњурии Тољикистон аввал ба сифати хлдими илмї ва баъд дар вазифаи мудири сектори забони тољикї кор кардааст.

    Фаъолияти илмию педагогии Шавкат Ниёзї аз таълифу тартиб додани китобњои дарсї ва дастурњои амаливу барномањои таълимї сар мешавад. Ў барои омўзишгоњњои педагогї «Грамматикаи забони тољикї» (1940), Супоришњо аз грамматикаи забони тољикї (фонетика ва морфология) ва њамроњи Лутфулло Бузургзодаву Б.Ниёзмуњаммадов барои мактабњои миёна китоби дарсии «Грамматикаи забони тољикї» менависад. Ѓайр аз ин дар таълифи аввалин китоби дарсии мактабњои олї «Грамматикаи забони тољикї» (1956) аз фонитикаву морфология иштирок кардааст.

    Носирҷон Маъсумї (1915-1974). Н.Маъсумї соли 1915 дар ќишлоќи Ќаротоѓ, дар оилаи дењќони оњангар таваллуд шудааст. Соли 1930 курси дусолаи таълиму тарбияи шањри Самарќандро хатм намуда, дар Омўзишгоњи педагогии Панљакент аз забон ва адабиёт дарс мегўяд. Соли 1940 Институти педагогии шањри Душанберо хатм намуда, дар њамон љо дар вазифањои муаллим, мудири кафедраи забони тољикї (1948-1951), мудири кафедраи адабиёт (1953-1965) ва муовини ректори Институти педагогї (1956-1959) доир ба илм кор мекунад. Мењру муњаббатро нисбат ба забону адабиёт дар ќалби Маъсумї устодонаш, олимони номдор Лутфулло Бузургзода ва Шарифљон Њусейнзода бедор намудаанд.

    Носирљон Маъсумї соли 1959 директори Инситути забон ва адабиёти АИ Љумњурии Тољикистон таъин мешавад. Соли 1969 Маъсумї аъзои вобастаи АИ Љумњурии Тољикистон интихоб мешавад ва чанде вазифаи академик-котиби шўъбаи љамъиятшиносии АИ Тољикистонро адо мекунад.

    Фаъолияти эљодии Н.Маъсумї хеле васеъ ва гуногунранг мебошад. Ў забоншинос, адабиётшинос, луѓатшинос, мунаќќид, шоир, муаллим ва ходими љамъиятї буд.

    Фаъолияти адабии Н.Маъсумї бо шеърнависї сар шудааст, ба ѓайр аз шеърњои лирикї ва гражданї вай достонњои «Мамалакат» ва «Достони мулки саодат»-ро эљод кардааст.

    Бобољон Ниёзмуњаммадов (1906-1979). Ниёзмуњаммадов Б. 5 майи соли 1906 дар мањаллаи Фирўзобаи шањри Конибодом дар оилаи косиб ба дунё омадааст. Маълумоти миёнаро дар зодгоњи худ мегирад ва баъд барои хондан ба Институти муаллимтайёркунии шањри Тошканд меравад ва онро соли 1929 хатм намуда, то соли 1932 дар зодгоњаш ба сифати муаллим кор мекунад. Пас аз хатми аспирантура (1938) мудири сектори таъриху забоншиносї ва солњои 1941-1944 директори Институти таърих, забон ва адабиёти филиали Тољикистонии АИ ИЉШС (СССР) шуда кор мекунад. Аз соли 1944 то соли 1948 дар доктарантура тањсил мекунад ва соли 1948 дар мавзўи «Љумлањои содда дар забони адабии њозираи тољик» рисолаи докториро дифоъ мерасонад ва соли 1952 ба унвони профессорї сазовор мегардад. Аз соли 1948 то соли 1951 вазифаи љонишини раиси Президиуми филиали тољикистонии АФ ИЉШС ва аз соли 1951 то соли 1953 ноиби Президенти АФ ЉШС Тољикистонро адо менамояд. Солњои 1953-1962 академик-котиби Шўъбаи фанњои љамъиятии АФ ЉШС Тољикистон буд. Аз соли 1958 то соли 1976 вазифаи мудири сектори забони Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии АФ Тољикистонро ба ўњда дошт ва баъд ба нафаќа мебарояд.
    МАВЗЎИ 12. НАЗАРИЯИ ЗАБОН. ХУСУСИЯТЊОИ АЛОМАТНОКИИ ЗАБОН

    Масъалаи асосї ва муњимтарини назариявии забон муайян намудани моњият ва табиати забон ва инчунин сањењ кардани предмети забоншиносї ба шумор меравад. Њалли ин проблемаи асосї ба як ќатор масъалањои дигар алоќаманд аст, зеро забон чун воситаи муошират бо љамъият, тафаккур, фаъолияти нутќкунии одамон алоќаи зич дорад.

    Предмети забоншиносиро вобаста ба фањмиш ва маънидоди табиат ва моњияти худи забон ва инчунин алоќаи он бо њодисањои дигари воќеияти объективї муайян кардан мумкин аст. Олимон забонро ба тарзи гуногун муайян кардаанд: як гурўњ забонро бо тафаккур, гурўњи дигар бо фаъолияти рўњї, бо соњањои иљтимої, бо њодисањои табиат, бо системаи аломатњо вобаста ва алоќаманд кардаанд, ки дар натиља чунин илмњои муштарак, аз ќабили забоншиносии мантиќї, психологї, сотсиологї, натуралистї ва семиотикиву математикї ба амал омадаанд ва вуљуд доранд. Пас, маълум мешавад, ки вобаста ба фаъолияти гуногунљабњаи одамон ва худи љамъият забон њодисаи хеле мураккаб мебошад. Вале функсияњои асосии забон-«забон воситаи муњимтарини алоќаи байни одамон» (В.И.Ленин) ва «…забон амалан барои шахсони дигар ва танњо ба туфайли њамин барои худи ман, чун њаќиќати шуур вуљуд дорад» (Маркс ва Энгелс) ба он далолат мекунад, ки вай њодисаи љамъиятї буда, вобаста ба љамъият вуљуд дора два муайян карда мешавад. Њангоми муайян кардани табиат ва моњияти забон муносибати гўяндагони он, табаќањои иљтимої ва умуман љамъият нисбат ба забон дар даврањои гуногуни тараќќиёти он бояд ба назар гирифта шавад.

    Забонро чун воситаи муошират бевосита муоина кардан мушкил аст. Фаќат нутќи људогона, фаъолияти нутќкунии ў ва натиљаи он- матнро муоина кардан мумкин аст. Ин забон набуда,ба ќавли Шерба маводи забонї аст, ки танњо ќисман ва нопурра дар луѓатњо ва сарчашмањои грамматикї ба ќайд гирифта мешаванд.Объекти лингвистика матн аст ё маводи нутќ? Љараёнњои дескрептивї, глоссематика ќолабрезии мантиќї-математикї матнро объети лингвистика мешуморанд, бо он асос, ки онро мушоњида кардан ва санљидан мункин аст. Гўё маводи забонї ѓайриобъективист, чунки далелњоро аз матн канда мегиранд ва субъектизми муњаќиќро инъикос мекунад. Албатта, инро асоснок шуморидан нашояд, чунки маводи забонї њам ба мисли матн объективист, зеро матн њам ќисман забонро инъикос мекунад,илова ба ин аз тарафи шахси људогона.

    Забон чун воситаи муњимтарини муоширати байни одамон, чун ифода ва баёни фикр ва ахбори дигар аз рўйи структура ва вазифа дорои се аломати људогона мебошад. Забон ин 1) сохтор ва ё системаи забон, шаклгирии воњидњо, гатегорияњо ва системаи дохилии он; 2) меъёри забонии таърихан ба амаломада ва ба инкишофи минбаъда ќодир; 3) фаъолияти нутќи гўяндагоне, ки забонро, сохт ва меъёри онро медонанд ва онро барои ба вуљуд овардан, ифодаи фикр, ирода ва њиссиёт истифода мебаранд.

    Хусусияти аломатнокии забон.Аксарияти забоншиносон љињати аломатнокии забонро эътироф мекунанд. Маълум аст, ки истилоњи аломат маъноњои гуногунро ифода мекунад. Аломат гуфта пеш аз њама воњиди материалиеро меноманд, ки ифодакунандаи ахбор бошад. Воњидњои забон њам чун аломат ахбори гуногунро ифода мекунанд. Ќисмати забоншиносиеро, ки ба омўзиши љињатњои аломатнокии забон машѓул аст, лингвосемиотика меноманд. Лингвосемиотика дар натиљаи алоќамандии забоншиносиву семиотика ба амал омадааст.

    Забоншиносї ва семиотика. Бисёр забоншиносон забон ва ё сањењтараш калимаро аломат, рамз номидаанд. Аристотел, философњо Гоббс, Локк, Лейбинис, Гумболдт ва Фортунатов тарзњои гуногун њамин аќидаро таъкид кардаанд. Ба гуфтаи Богородитский В.А. калимањои нутќи мо рамз ва ё аломат барои ифодаи мафњум ва њам фикр мебошанд. Пештар ин масъала вобаста ба алоќаи забону тафаккур ќайд карда мешуд. Њоло њам философњо ва њам забоншиносон таъкид мекунанд, ки калима мафњумро, љумла муњокимаро ифода мекунад, калима бошад, рамз ва ё аломати мафњум мебошад.

    Забон чун система. Забон системаи мураккаб буда, воњидњои гуногуни ба њам алоќамандро дар бар мегирад. Воњидњои забон-калима, морфема, фонема ва љумла дар якљоягї системаи забонро ташкил медињанд. Системаи забон роњњои инкишоф ва тараќќиёти онро муайян мекунад.

    Забоншиносон кайњо боз системаи овозњо, таркиби луѓавї ва сохти грамматикии забонро фарќ мекунанд. Албатта, аввалњо ин фарќ ва он воњидњо танњо љињати амалї дошт, вале баъдтар, аз асри ХХ сар карда, фонологияю лексикология ва инчунин грамматика ва ќисматњои он морфема, шакли калима (словоформа), ибора ва љумлањоро назариявї фпарќ мекардагї шуданд. Дар даврањои гуногуни љамъият ќисматњои људогонаи забоншиносї таваљљўњи олимонро ба худ љалб намудааст. Дар як давра фонология ва ё морфология, вале дар давраи дигар синтаксис ва ё лексикология дар маркази бањсу мунозираи забоншиносон буд. Ин имконият дод, ки тасниф ва тадќиќи ќисматњои људогона њаматарафа гардида, ба пайдоиши ќабатњои (ярусњои) забоншиносї асос шавад.

    Њар яке аз ин ќабатњо воњидњои худ, категорияњо ва структураи дохилии худро доранд, к ибо њам алоќаи зич доранд. Албатта, системаи фонологии забон аз лексика ва он бошад, аз грамматика ба куллї фарќ мекунад, вале њам аз рўи структураи забон ва њам аз рўйи функсияи худ онро бо њам сахт алоќаманд мебошанд.

    Забон ва тафаккур. Муносибати забону тафаккур на танњо масъалаи муњимми забоншиносї, балки психология, мантиќ ва философия њам мебошад. Ба ин масъала њатто олимони намоёни математика, физика ва тиб диќќат додаанд. Алоќаи байни забон, фикр ва њаќиќати объективироаз ќадим меомўзанд. Аќидаи як шуморидани забону тафаккур ва бо њам алоќа надоштани онњо низ љой дорад. вале аксар алоќаи онњоро эътироф мекунанд. Гумболдт забону тафаккурро як мешуморад. Ў гуфта буд «Забони халќ рўњи халќ аст, рўњи халќ забони ўст, бинобар он ягон чизи чунин айният доштаи дигарро тасаввур кардан душвор аст». Ин аќидаро забоншиноси англис Макс Мюллер низ дастгирї намуда, забону тафаккурро «…фаќат ду ном барои ифодаи як чиз» номида буд. Забоншиноси америка Блумфилд низ ин фикрро тарафдорї намуда чунин гуфта буд: «Тафаккур айни њамон чизест мисли гуфтугўй бо худ».

    Забон ва љамъият. Забон бо љамъият, бо соњибони худ алоќаи зич дорад, зеро вай ба туфайли љамъият вуљуд дорад. забон њам бе љамъият вуљуд надорад, яъне љамъияти безабон намешавад. Забону љамъият дар як ваќт ба амал омадаанд ва яке аз омилњои пайдоиши инсон ба шумор мераванд.

    Муносибати забону љамъият яке аз масъалањои мураккаб ва гуногунпањлуи илми забоншиносї мебошад. Ин мавзўъ масъалањои гуногунро дар бар мегирад. Ба он масъалањои табиат ва моњияти иљтимоии забони инсоният, сабабњои љамъиятии пайдоиш ва инкишофи забон, забон ва шаклњои умумияти таърихии одамон, сабабњои иљтимоии ташаккули забони адабї ва меъёри он, сабаби иљтимоии фарќи структурии забонњо, функсияњои услубњои забон, таъсири шууронаю маќсадноки љамъият ба забон, вобастагии љамъият аз забон ва ѓайрањо дохил мешаванд.

    Аз рўйи табиати худ забон иљтимої мебошад. Ба ин њам вазифа, њам рол ва њам талабот ба он шањодат медињад. Аксари забоншиносон ба љамъият чун воситаи алоќа хизмат намудани забонро нишон медињанд. Њатто забоншиносони идеалист ва философњо аз ќабили Гумболдт, Гегел, Сепир ва Уорф ба љамъият чун воситаи муносибат хизмат кардани забонро ќайд кардаанд. Аксари забоншиносони шўравї дар њамин аќидаанд. Ба фикри онњо, функсияи муносибат вазифаи марказї ва аввалиндараљаи забон мебошад ва ин вазифа дар адои функсияњои дигари забон аз ќабили таъсиррасонї, ахбор додан, ба шакл даровардану ифода намудани фикр ёрї мерасонад, зеро муносибати байни одамон намебуд, ифодаи фикр њам зарурат намедошт. Фалсафаи марксистї роли њалкунанда бозидани муносибати мењнатии одамонро дар ташаккул ва тараќќиёти забон ќайд мекунад.
    МАВЗЎИ 13. ЗАБОН ЊАМЧУН МЕЪЁРИ

    ИЉТИМОЇ – ТАЪРИХЇ

    Њар як забон дар даврањои гуногуни тараќќиёти љамъият як меъёри муайян дорад. Албатта, фањмиши меъёр дар даврахои гуногун як хел набуд. Меъёри забон танњо дар он халќњое ба вуљуд меояд, ки хат доранд. Меъёри забон њамчун њодисаи конкретї- таърихї дорои се хусусият мебошад: интихобї, устуворї ва њатмї будан. Баробари ин меъёр забон устувор аст, зеро вай дар майнаи њар як соњиби забон љой гирифтааст, аз ин рў, умумист. Хамин устуворист, ки анъанањои забон нигоњ дошта мешаванд ва оњиста маданияти нутќ инкишоф меёбад.

    Он конуну ќоидаи забоние, ки љамъият ќабул кардааст, дурст буда, барои аъзоёнаш њатмї мебошад. Њамин тариќ, меъёри забон гуфта маљмўи хеле устувори унсурњои анъанавии системаи забонро меноманд, ки таљрибаи забонии љамъият таърихан онњоро људо карда, дар худ мустањкам љой додаст.

    Азбаски забон бисёрвазифа аст, таљрибаи забонии љамъият, ки меъёри забон бо он мустањкам карда мешавад, якхела нест, меъёри забон ягона намешавад. Вай чунин намудњо дорад: узус (муќаррарот), забони адабї ва услубњои забон.

    Узус шакли муќаррарии мављудият ва вазифадории забон мебошад. Ба ин тамоми навъњои гуфтугўї ва њатто диалекту жаргон дохил мешавад.

    Таѓйири меъёри забон на танњо ба давру замон, балки ба шароити иљтимоии одамон низ вобаста мебошад. Инро дар њолати мављуд будани меъёри ягона њам мушоњида кардан мумкин аст. Узус ва ё шакли муќаррарии забони дар диалектњои мањаллї ва иљтимої њам аз њамдигар фарќ мекунад, чунки шароити зисту зиндагонї њатман таъсир мерасонад. Аз ин рў, ду намуди диалектро – махаллї ва иљтиомї, фарќ кардан шарт аст. Диаллектњои мањаллї тамоми ањолии ин ё он территорияеро муттањид мекунад, ки љињатњои овозї, лексикї ва грамматики махсус дорад, вале диалектњои иљтимої бошад, системаи лексики махсус дошта, гурўњи

    муайяни одамонро дар бар мегирад.

    Жаргон њам ба гурўњи иљтимоии одамони аз љињати истењсолот муттањид, њам якљоя ваќт гузаронанда хос мебошад. Аз жаргон синфњои људогона низ истифода мебаранд. Жаргон яке аз диалекти иљтимої мебошад.

    Забони адабї дар давраи забони халќият њам ба вуљуд омада метавонад, вале асосан баъди пайдоиши миллат ба амал меояд. То пайдоиши миллат забони адабї дар он халќњое ба амал омадааст, ки таърихи дурру дароз дошта, соњиби хату алифбо буданд ва инчунин халќи таракќикарда шуморида мешуданд. Ба ин халќњои ќадимаи њинд, юнон, араб, форсу тољик, рус, гурљиву арман ва дигарон мисол шуда метавонанд.

    Забони адабї шакли таърихан кор кардашуда ва намунавии забони халќият ва ё миллат мебошад. Забони адабї њамчун шакли олии забон бо боигарии таркиби луѓавї, бо сохти грамматики ба тартиб овардашудаву такмилёфта ва инчунин бо системаи инкишофёфтаи услубњо аз навъњои

    дигари забон фарќ карда меистад. Забони адабї њам инкишоф меёбад, тараќќї мекунад, вале хусусияти умумиаш он аст, ки дар њамаи шароит ба тамоми ањолї як хел, баробар хизмат мекунад. Забони адабї дорои аломатњои зерин аст:

    1. Шакли њатмии хаттї. Ин дар забонњо як хел намешавад, чунки шароити таърихии халќњо гуногун мебошад, вале хоњу нохоњ забони адабиро ба вуљуд меоварад.

    2. Барои тамоми соњибони забон њатмї будани он. Меъёри забони адабї хусусияти умумї дорад, ки инро шаклњои дигари забон – вариантњои мањаллї, иљтимої, функсионалї надоранд.

    3. Забони адабї дар тамоми жанрњо як хел истифода мешавад.

    Забони адабї дар ду шакл вуљуд дорад: хаттї ва шифоњї. Забони адабї на танњо воситаи бадеии инъикоси њаќиќати объективї ва таъсири эмотсионалї расонида, балки њамчун воситаи муносибат дар њаёти љамъияти – сиёсї ва илмї мебошад. Баробари ин забони адабї дар

    ташаккули услубњои гуногуни забон роли калон мебозад, ки онро дар соњањои хеле гуногуни муомилот истифода мебаранд.

    Услубњои забон ин навъњои коммуникативї ва функсионалии меъёри забон мебошад. Услубњои забон аз меъёри забони адабї бо он фарќ

    мекунад, ки вай хусусияти умумиитеъмолї надорад, баъзан аз ќонуну ќоидањои муќаррарии забон мебарояд. Услуб низ баъди пайдоиши хат ба амал меод, вай забони хаттиро бо гуфтугўї, нутќи хаттию шифоњиро бо њам муќобил мегузорад. Пайдоиши забони назм, гуфтугўї ва шевагї њам ба услб вобаста мебошад. Дар масъалаи услубњои забон Ломоносов, Винокур, Щерба, Шарл Балли, Виноградов аќидањои худро доранд.
    МАВЗЎИ 14. ЗАБОН ВА ТАЪРИХ. ТАЪРИХИ ЗАБОН ЊАМЧУН ТАЪРИХИ ХАЛЌ

    Доир ба алоќаи наздики забону таърихи халќ олимон фикрњои

    гуногун баён кардаанд. Ба аќидаи яке аз асосгузорони забоншиносии муќоисавї таърихї Расмус Раск, ягон восита ба мисли забон ба мо дар

    бораи пайдоиши халќ ва муносибату хешигарии он ба халќњои дигар маълумот дода наметвонад. Ба гуфтаи Якоб Гримм, аз тамоми кашфиётњое, ки инсоният ба даст овардаасту нигањдорї мекунад ва аз насл ба насл

    мегузаронад, забон мебошад, ки он бузургтарин, бошарафтарин ва

    доротарин ба шумор меравад, зеро он ба тамоми соњибонаш як хел дастрас буда, мисли боду њаво бе забон зиндагї кардани онњо – љамъияти инсонї имконнопазир аст. Аз ин рў, забони мо таърихи мо њам мебошад. Дар

    мадди назари омўзиш ва тањлилу тадќиќи забоншиносии шўравї алоќаи зичи забону таърихи халќ меистад. Онњо ба таърихи забон чун ба њодисаи љамъиятї нигох кардаанд. Забон вобаста ба љамъият инкишоф меёбад ва тараќќї мекунад, таѓйирот ва инкишофи љамъиятро дар худ инъикос

    менамояд. Аз ин рў, њар як забон ду њолат дорад: яке њолати њозираи он ва дигаре њолати пешина, ќадимаи он. Њолати хозираи забонро синхрония

    меноманд, њолати ќадимаи онро диахрония мегўянд. Синхрония калимаи юнонї буда, аз ду љузъ сун (њамроњ, якљоя) ва хронос (ваќт, замон) таркиб ёфтааст. Диахрония низ калимаи юнонї буда, аз диа (ба воситаи) ва хронос (ваќт, замон) таркиб ёфтааст. Аломати системанокии забон на танњо ба њолати хозираи забон тааллуќ дорад, балки ба њолати пешина низ мутааллиќ мебошад. Ба мисли њамин тараќќиёт на танњо ба њолати

    диахронии забон, балки ба холати њозираи он њам тааллуќ дорад.

    Масъалаи муносибати таърихи забону таърихи халќ, таърихи забону фаъолияти одамон на танњо масъалаи лингвистї, балки фалсафї њам

    мебошад. Файласуфи немис Гегел таъриху инсонро ба њам муќобил гузошта таъкид карда буд, ки ќувваи пешбарандаи протсесси таърихї њамчун таљассумкунанда ва инкишофёбандаи Идея худи Таърих мебошад, на

    инсон. Инсон гўё олот ва яроќи таърих бошад, на созандаи он. Маркс ва

    Энгелс ба муќобили ин аќидаи идеалистии Гегел баромада таъкид

    мекунанд, ки субъекти таърих инсон аст, на таърих. Одамон таърихро ба вуљуд меоранд, барои он мубориза мебаранд. Умуман, алоќаи забону љамъият, забону инсон хеле мураккаб буда, ба масъалањои асосии лингвистика дохил мешавад. Алоќаи забону љамъият њамчун проблемаи таърихї таъсири забонро ба одамон ва љамъиятро ба забон нишон медињад.

    Алоќамандии забонњо. Нишон додан ва муайян кардани муносибати забонњо ба якдигар ва намудњои ин гуна муносибат нињоят муњим мебошад. Маълум аст, ки халќњо аз аввали пайдоиши худ сар карда ба њамдигар муносибат доранд. Чунин алоќаро дар тамоми даврањои тараќќиёти љамъияти инсон мушоњида кардан мумкин аст. Алоќаи байни халќњо ба забонашон низ таъсир мерасонад. Ба њамдигар таъсир расонидани забонхо яке аз омилњои муњимтарини инкишофи таърихии забонњо мебошад. Ба ин масъала забоншиносон Шлейхер, Гумболдт, Бодуэн де Куртенэ ва Марр диќќати калон дода, фикру аќидањои худро баён намудаанд.
    МАВЗЎИ 15. ЗАБОН ВА МАДАНИЯТ. ЌОНУНЊОИ ДОХИЛЇ ВА БЕРУНИИ ТАРАКЌИЁТИ ЗАБОН

    Масъалаи забону маданият хеле мураккаб буда, олимон онро њар гуна шарњу эзоњ додаанд, чунки худи маданият њар хел фањмида мешавад. Олими амрикої Боас Ф. маљмўи тамоми њаёти ѓайрибиологии инсонро маданият мешуморад. Психологї шўравї Леонтев А.П. фаъолияти иљтимоии одамонро маданият мењисобад.илми љамъиятшиносї маданиятро ба маданияти моддї ва маънавї људо мекунад. Маданияти моддї тамоми мањсули модди ва баназар намоёни мењнати инсониятро дар бар мегирад, ба маданияти маънавї истењсол, таќсим ва истеъмоли боигарии рўњї (маънавї) дохил мешавад.

    Маданият чун њодисаи љамъиятї ин маљмўи боигарии моддиву маънавиест, ки љамъияти муайяни одамон андўхтааст ва инчунин андўхта истодааст.

    Забоншиносони америка забонро љузъи маданият мешуморанд. Дар забоншиносии шўравї доир ба ин масъала се аќида мављуд аст.

    1. Забон шаклу љузъи маданият нест

    2. Забон љузъи маданият аст

    3. Забон шакли ифодаи маданият мебошад.

    Азбаски маданият чун њодисаи љамъиятї тамоми боигарињои моддиву маънавиро дар бар мегирад, забон чун њодисаи љамъиятї яке аз ќисматњои асосии маданият мебошад. Таъсири забон ба тафаккур ин таъсири забон ба маданият аст, вале ин таъсири њалкунандаву муайянкунанда нест.

    Инкишофи маорифу маданият ба мукаммал ва пурра гардидани меъёри забони адабї сабаб мешавад. Таърихи забонњои адабї бо таърихи маданият, забони коргузорї ва илм сахт алоќаманд мебошад. Дар такомул ва ташаккули забони адабї роли адабиёти бадеї нињоят калон аст.

    Алоќаи забон бо маданият хеле гуногун ва васеъ мебошад. Олимон, нависандагон, ходимони љамъиятї низ дар инкишофи забони адабї хизмати босазо доранд. Забону маданият бо њам алоќаи зич доранд, вале онњоро як шуморидан мумкин нест, зеро онњо аз уйи вазифаю функсия низ аз њам фарќ мекунанд. Маданият характери синфї дорад, ба синфњо хизмат мекунад, вале забон бошад, њодисаи љмаъиятї мебошад, бинобар ин вай љузъи маданият бошад њам, бо он як нест.

    Ќонунњои дохилї ва берунии тараќќиёти забон

    Мављудияти ќонунияти муайяни тараќќиёти забон ва сабабњои берунии ба таърихи забон таъсирасонанда дар назарияи забоншиносї проблемаи ќонунњои инкишофи дохилї ва берунии тарќќити забон ва инчунин проблемаи зиддиятро чун манбаъ ва асоси таѓйироти таърихии забон ба вуљуд овард. Ќонуни берунии таракќиёти забонро Ф.Бопп ва А.Шлейхер бо ќонунњои биологиву физикї омехта карда буданд, чунки забонро организм меномиданд. Њам ќонунњои дохилї ва њам берунии тараќќиёти забон умумї ва хусусї мешаванд.

    Ба ќонунњои умумї он ќонунњое дохил мешванд, ки дар аксари забонњо ва тамоми ќабатњои забон мушоњида мешаванд. Ба ќонунњои хусусї бошад, он ќонунхое дохил мешаванд, ки ба забони људогона ва ё гурўњи забонњо, њамчунин ба ин ё он ќабати забонї тааллуќ доранд.

    Забон аз рўйи ќонуни дохилии худ инкишоф меёбад, ки ба он инхо дохил мешаванд:

    1. Ба њамаи забонхои дунё тамоили абстраксиякунонии унсурњои

    сохтории забон хос аст. Баробари таракќиёти забон як гурўњ калимањое, ки маънои конкрет доштанд, маънои абстрак пайдо мекунанд, ё ки калимахои маънодор ба калимањои ёрирасон аз ќабили пешояндњо, пасояндњо, пайвандакњо ва инчунин феълњои ёридињанда мегузаранд.

    1. Майли фарќ кунонидан ва ё људо кардани структураи забонї ва функсияњои он низ ба бисёр забонњо хос аст. масалан, калимаро аз морфемаю љумла фарќ кардан, љумлањоро ба соддаю мураккаб ва љумлањои мураккабро ба тобею пайваст ва пайвандакдору бепайвандак, ё ки њиссањои номии нтќро ба исм, сифат, шумора ва љонишин људо намудан низ ба инкишофи забон таъсир мерасонад.

    2. Майли муттањид намудани унсурњои забонї низ љой дорад. Масалан, морфемањо якљоя шуда калима созанд, калимањо бо њам алоќаманд гардида, ибораю љумларо ташкил медињанд. Ё ки калимањои гуногунмаъною гуногунсохт дар як гурўњ, дар њудуди њиссаи нутќ муттахид мешаванд.

    3. Бой гардидан ва мураккабшави ба аксари забонњо хос аст. таркиби луѓавї тадриљан ташкил меёбад бой мегардад.

    4. Дар њама замонњо ва даврахо аз рўйи аналогия таѓйир ёфтани калимаю дигар воњидњои забонї мушоњида мешавад.

    5. Ќонунњои дохилї ва берунии тараќќиёти забон ба якдигар алоќамандї доранд ва дар асоси материали забонї ба амал меоянд.

    Пас, маълум мешавад, ки ќонунњои дохилї ва берунии таракќиёти забон бо њам алоќаи наздик доранд, ба якдигар таъсир мерасонанд. Азбаски меъёри забонї њодисаи иљтимоиву фаъолияти нутќ бо фаъолияти дарккунии гўяндагон алоќаи зич дорад, сабаби таѓйири забониро инчунин дар алоќаи байни забону љамъият ва забону фаъолияти идроки одамон љустан лозим меояд.
    1   2   3   4   5   6   7


    написать администратору сайта