Главная страница
Навигация по странице:

  • Методи тасвирї.

  • Методи муќоисавї.

  • Методи муќоисавї-таърихї

  • забон.умуми_Собирова_М. Комплекси таълимї методї аз фанни забоншиносии умумї барои донишёни курси 1 ихтисоси забони англисї


    Скачать 119.96 Kb.
    НазваниеКомплекси таълимї методї аз фанни забоншиносии умумї барои донишёни курси 1 ихтисоси забони англисї
    Дата05.10.2022
    Размер119.96 Kb.
    Формат файлаdocx
    Имя файлазабон.умуми_Собирова_М.docx
    ТипДокументы
    #715674
    страница7 из 7
    1   2   3   4   5   6   7

    МАВЗЎИ 16. МЕТОДҲОИ ЗАБОНШИНОСӢ

    Методология њамчун таълимот дар бораи методи илмї умуман методњои илмњои људогона дар назария ва амалияи њар як илм ва аз љумла забоншиносї, ањамияти баѓоят калон дорад.

    Инкишофи илмњои гуногун, пайдоиши илмњои нав ба нав, тараќќии пурављ ва дар айни замон нобаробарии илму техника, пайдоиши илмњои муштарак талаб мекунанд, ки метод ва ё роњу тарзу усулњои тадќиќи илмњо њаматарафа омўхта, муайян карда шавад. Зиёд гардидани шавќу раѓбат ба метод ва тарзу усулњои тадќиќи илмї аз он сабаб њам сар зад, ки доираи мутахасисон зиёд шуда истодааст, коллективњои калони илмї ба амал омада истодаанд, њамаи ин зарурати автоматї кунонидани мењнати фикриро талаб мекунад. Њоло баробари муњим будани натиљаи корњои илмї роњу усулњои ба даст даровардани он низ ањамияти калон пайдо карда истодааст.

    Методи тасвирї. Ин метод яке аз кўњантарин ва баробари он њозирзамони лингвистї мебошад. Грамматикањои ќадимаи хитої, њинди ва юнонї дар асоси њамин метод навишта шуда буданд. Забонњои њозира њам аз ин метод васеъ истифода мебаранд. Системаи усул ва ё тарзњои тадќиќотие, ки ин ва ё он њодисаи њозираи забонро муайян мекунад, методи тасвирї ном гирифтааст. Ин метод дар омўзиши забон роли баѓоят калон мебозад.

    Одатан объекти омўзиш гуногун ва васеъ мешавад. Вобаста ба омўзиши тадќиќ калима ва ё љумлањои људогона аз матн људо карда мешаванд. Ин ќадами якуми тадќиќот аст. Он калима ва ё љумлањои мувофиќи мавзўъ тасниф карда мешаванд, зеро њам калима ва њам љумларо аз чандин љињат омўхтааз чандин љињат омўхта мумкин аст, ки ин ќадами дуюми тадќиќот мебошад. Дараљаи сеюми тадќиќ талаб мекунад, ки материали људокардашуда тањлил карда шавад. Ду навъ тањлил шуданаш мумкин аст. Якљоякунї (категориявї) ва људокунї (дискретї). Њар ду намуд њам дар забон љой дорад. Ба намуди аввал ба як гурўњ муттањидгардидани унсурњои бо њам умумиятдоштаи забон дохил мешавад. Онњо бояд дорои як категорияи забонї бошанд. Масалан, фонемањои а, и, э, о, ў, у бакуллї аз њам фарќ мекунанд ва вазифањои гуногун доранд, вале дар асоси њангоами талаффуз ба монеа дучор нашудани узвњои нутќ ва ба садо далолат накарданашон ба як гурўњ-садонокњо дохил мешаванд. Ё ки пасвандњои –чї, -гар, -бон, -вар, -гор, -ор калимањои гуногун месозанд, вале ба як гурўњ дохил мешаванд, зеро њамаи онњо исми шахс месозанд ва бо њамин хусусияти худ ба як гурўњ медароянд. Дар намуди дуюм бошад, акси ин њол мушоњида мешавад. Воњидњои нисбатан калони забон ба гурўњ ва гурўњчањои майдатар људо карда мешаванд. Њиссањои номии нутќ ба исм, сифат, шумора, љонишин људо мешаванд. Љумлањои соддаи яктаркиба ба ду гурўњ-феълї ва номї људо мешаванд. Љумлањои соддаи яктаркибаи феъли бошанд, дар навбати худ ба муайяншахс, умумишахс, номуайяншахс ва бешахс људо карда мешаванд ва њар як намуд чї гуна хусусиятњои људогона дора два чї гуна аломатњои фарќнок дорад, нишон дода мешавад.

    Методи муќоисавї. Муќоиса яке аз тарзу усулњои илмї буда, дар тамоми соњањо ба кор бурда мешавад. Ин усулро дар забоншиносї низ ба таври васеъ истифода мебаранд. Дар муќоиса бо забони дигар омўхтани забони модарї ё к ибо роњи муќоиса муайян намудани хусусияти хоси худи њар як забон нињлят мувофиќ ва ањамиятнок аст. Факту далелњои як забон ва ё чанд забон муќоиса шуданаш мумкин аст. Њангоми муќоиса њодисањои умумї ва хоси як забон ва ё забонњои гуногун муќаррар ва муайян карда мешавад. Ин аст, ки муќоиса њамчун амалиёти умумиилмии тафаккур дар тамоми методњои тањлили лингвистї иштирок мекунад. Одатан дар методикаи тадќиќотњои лингвистї муќоисаи дохилизабонї ва байнизабониро ба кулли фарќ мекунанд, зеро дар муќоисаи дохилизабонї категория ва њодисањои забонии ин ё он забони људогона, вале дар муќоисаи байнизабонї забонњои гуногун тадќиќ карда мешаванд. Аз ин рў, методи муќоисавї зиддї методи тасвирї меистад, зеро дар он љо (тасвирї) муќоиса вуљуд надорад. Ба таври муќоиса омўхтани ду ва ё зиёда забон хеле машњур аст. Муќоисаи байнизабонї, аз як тараф, дар натиљаи омўхтани забони бегона ва аз тарафи дигар, њангоми омўхтани забонњои хеш ба амал омад. Ин метод дар забоншиносї пештар њам дучор мешуд, вале он аз аввали асри Х1Х машњур гардид, зеро дар ин ваќт забоншиносии муќоисавї-таърихї ба амал меояд.

    Методи муќоисавї дар ду намуд- муќоисавї-таърихї ва муќоисавї-таќќоскунї зоњир мегардад. Ин методњо њам аз рўи маќсаду вазифа, њам маводи тадќиќоту њудуди истифодаи он ва њам роњу методикаи тадќиќи илмї аз њам фарќ мекунанд.

    Вазифаи методи муќоисавї-таърихї на танњо муќоисаи забонњо ва њодисањои онњоро нишон додан аст, балки инкишофи забонњои хешро ошкор намудан мебошад. Маќсади методи муќоисавї-таќќоскунї тасвир кардани њодисањои муќоисашавандаи дув а ё зиёда забонњо, муќаррар намудани умумият ва фарќи ин њодисањо бе муќоиса бо гузаштаи онњост. Методи муќоисавї-таърихї ба умумияти мафњуми генетикии забонњо такя кунад, методи муќоисавї-таќќоскунї ба мафњуми њодисаи муќоисашавандаи ду забон такя мекунад, ки онњо мумкин аст, умумияти таърихї надошта бошанд. Бо методи муќоисавї-таърихї њам забони хеш ва њам муодилњои таърихии худи як забонро омўхтан мумкин аст.

    Муќоисаи забонњо асоси тамоми методњои лингвистї бошад, њам методњои муќоисавї-таърихї, таърихї-муќоисавї ва муќоисавї-таќќоскунї бо маќсади муќоиса, бо он кик адом забонњо муќоиса мешаванд ва бо чї маќсад муќоиса карда мешаванд, фарќ мекунанд. Ин бошад, ба тафовути тарзу методикаи тадќиќ њам сабаб мешавад.

    Методи муќоисавї-таърихї. Методи муќоисавї-таърихї ба мафњуми умумияти генетикї ва мављудияти оила ва гурўњи забонњои хеш асос карда шудааст. Аз ин рў, пеш аз шинос шудан бо методи муќоисавї-таърихї бо забоншиносии муќоисавї-таърихї бояд ошно шуд ва муносибати ин методро бо он аз назар гузаронид.

    Забоншиносии муќоисавї-таърихї забонњои хеш, таснифи онњо, таъриху пањншавии онњоро меомўзад. Забоншиносии муќоисавї-таърихї бо методи њамномаш як чиз нест, вале мафњуми ягонагї ва фарќи генетикї барои онњо умумї аст.

    Ягонагии генетикии забонњо аз иќтибос ва ё тасодуфан ба њам мувофиќ омадани овозу калимањо дар забонњо фарќ мекунанд. Масалан, калимањои атом ва фабрика дар чандин забонњои Европа ва Осиё мушоњида мешавад. Ё ки калимањои мактубу муаллимро дар чандин забонњои Осиё дучор кардан мумкин аст. Ин калимањо нишонаи хешигарии њамаи ин забонњо шуда наметавонанд, зеро онњо калимањои иќтибосианд. Мисоли дигар, дар забони тољикї калимањои сад ва бад дида мешавад ва айнан њамин гуна калима дар забонњои русї ва англисї низ мушоњида мешаванд. Ин калимањо нишонаи умумияти онњо шуда наметавонанд, чунки дар ин љо тасодуфан бо њам мувофиќ омадани овозњо ба назар мерасад.

    Солњои охир ба таври муќоиса омўхтани хусусиятњои људогонаи забони тољикї бо забонњои русї, англисї, немисї ва франсузї зиёд мушоњида мешавад. Ба ин рисолањои доктории Шањобова М., Љамшедов П., Мошеев И.Б., Самадова Р.А., Азимова М.Н. ва корњои номзадии Абдуллоева М., Абдуллохочаева К., Яњёева Љ., Халилова М., Собиров А., Насибалиев Њ, Бобоев Э.Б., Усмонов К., Зикриёева М.В., Носирова Ф., Мирзоева Д. ва дигарон мисол шуда метавонад.

    Дар натиљаи муќоиса на тањо љињатњои умумї, балки хусусиятњои хоси њар яке аз забонњои муќоисашаванда ошкор мегардад. Инро дар ваќти омўзиши блингвизм ва иртиботњои забонї, омўзиши забонњои хориљї ва ё тарљума низ мушоњида кардан мумкин аст. Ба тарзи муќоиса омўхтани забонњо бо масъалањои таснифоти типологии забонњо ва љињатњои универсалии забонњо низ алоќаманд мебошад.

    Методи муќоиса ин системаи усулњо ва методикаи тањлил барои нишон додани хусусиятњои умумї ва хусусии забонњои муќоисашаванда мебошад.

    АДАБИЁТ:

    1.Берёзин Ф. М., Головин Б.Н. Общее языкознание. – М., 1979.

    2.Додихудоев Р.Х., Герсенгберг Л.Г. Таърихи забони тољикї. -Душанбе, 1988

    3.Иранские языки // Языки Азии и Африки. Том II, М., 1987, -С. 7-253

    4.Исхаков М.М. Глагол в согдийском языке. Ташкент: фан, 1977

    5.Каримов А. Хрестоматияи забони пањлавї. -Душанбе, 1976

    6.Кодухов В.И. Общее языкознание. – М., 1974

    7.Норматов М. Забоншиносии умумӣ. –Душанбе: Маориф, 1991.-156 с.

    8.Норматов М., Зикриёев Ф. Забоншиносии умумӣ (васоити таълим барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ). –Душанбе: Матбуот, 2006.-260 с.

    9.Общее языкознание. Внутренняя структура языка. – М., 1972

    10.Оранский И.М. Иранские языки в историческом освещении. -М., 1979

    11.Оранский И.М. Введение в иранскую филологию. -М., 1988

    12.Опыт историко типологического исследования иранских языков (ОИТИИЯ) Том I-II, -М., Наука 1975

    13.Основы иранского языкознания. Среднеиранские языки. -М., 1981

    14.Расторгуева В.С. Среднеперсидский язык. -М., 1966

    15.Саймиддинов Д. Вожаномаи феълњои пањлавї. -Душанбе, 1992

    16.Саймиддинов Д. Вожашиносии забони форсии миёна. -Душанбе, 2001

    17.Саймиддинов Д. Адабиёти пањлавї. -Душанбе, 2003

    18.Хонларї, Парвиз Нотил. Таърихи забони форсї. Љилди I, Тењрон, 1350
    1   2   3   4   5   6   7


    написать администратору сайта