забон.умуми_Собирова_М. Комплекси таълимї методї аз фанни забоншиносии умумї барои донишёни курси 1 ихтисоси забони англисї
Скачать 119.96 Kb.
|
Пайдоиши забоншиносии умумӣ. Вилгелм Гумболдт (1767-1835) яке аз олимон ва донишмандони номии асри 18-19 ба шумор меравад. Вай ҳам забоншинос, ҳам философ, ҳам адабиётшиносу шоир ва ҳам ходими сиёсиву дипломатӣ ба шумор мерафт. Дониши лингвистии ў ниҳоят васеъ буд, зеро вай на танҳо забонҳои ҳиндуаврупоӣ, балки забонҳои баскӣ, малаиву полинезӣ ва ҳатто забони ҳиндуҳои Америкаро медонист. Гумболдт ба забоншиносии умумӣ, ба забоншиносии назариявӣ асос гузошт. Ў масъалаҳои ниҳоят муҳими забоншиносиро ба миён мегузорад, вале онҳоро дар аксар маврид аз нуқтаи назари идеалистӣ ҳал менамояд, бо вуҷуди ин ба инкишофи минбаъдаи ҳам илми забоншиносии умумию ҳам худи забоншиносон таъсири бағоят калон мерасонад. Август Шлейхер (1821-1868) ба ғайр аз забоншиносӣ ба омўзиши ботаникию фалсафа низ машғул шудааст, ки ин ба ақидаҳои забоншиносии ў таъсири муайян расонидааст. Ў аз соли 1846 дар университети Бонн, аз соли 1850 дар Прага ва аз соли 1857 дар университети Йен дотсент шуда кор кардааст. Август Шлейхер забонҳоро аз рўи хусусияти типологиашон ба се гурўҳ ҷудо мекунад. Ба гурўҳи якум забонҳои решагӣ (фақат реша доранд, пешванду пасванд надоранд), ба гурўҳи дуюм агглютинативӣ (ҳамреша ва ҳам аффикс доранд) ва ба сеюм флективӣ (худи шакли калима ҳаммаъно (реша) ва ҳам муносибатро (аффикс) ифода мекунад) ҷудо намудааст. Ў ба забонҳои решагӣ хитоӣ, намаквӣ ва бирманӣ, ба гурўҳи агглютинативӣ турку тоторӣ, муғулӣ, венгерӣ, тушӣ ва тибетиро, ба гурўҳи флективӣ бошад, сомӣ ва ҳиндуаврупоиро (ҳам қадимааш ва ҳам наваш) дохил кардааст. Хизмати А. Шлейхер дар тараққии забоншиносии умумӣ ва муқоисавӣ-таърихӣ хеле калон аст. Ў яке аз аввалинҳо буд, ки мувофиқат ва инкишофи овозҳоро дар забонҳои ҳиндуаврупоӣ нишон дода, методикаи азнавбарқароркунии нахустзабони европоиро кор кардааст. Ҳам таснифоти морфологии забонҳои ҳиндуаврупоӣ ва ҳам шаҷараи забонҳои ҳиндуаврупоӣ ба номи А. Шлейхер вобаста мебошад. Дар шаҷараи забонҳои ҳиндуаврупоӣ А. Шлейхер робитаи забонҳои ҳиндуаврупоиро нисбат ба якдигар ва пайдраҳам аз ҳам ҷудо шудани онҳоро ба дарахт ва шоху танаҳои он монанд кардааст. Чунин таҷдиди нахуст забон ба ду сабаб мумкин гардид: 1. Дар натиҷаи ба эътибор гирифтани қонунҳои қатъӣ ва мунтазами забонҳо; 2. Дар асоси ба эътибор гирифтани он, ки аз фактҳо ва забонҳои маълум буда ба шаклҳои хеле қадимаи он гузаштан мумкин аст. Шлейхер забоншиносиро чунин илме мешуморид, ки структураи забонро омўхта, типҳои гуногуни морфологии забонҳоро нишон дода, онҳоро аз рўи асоси синхронӣ ва диахронӣ муқоиса мекунад. Типологияи забонҳо ҳоло ҳам масъалаи актуалӣ аст. Ниҳоят, аз охири асри 17 то нимаи асри 19 забоншиносии муқоисавӣ-таърихӣ предмети худ ва методи худ – муқоисавӣ -таърихиро муайян намуд. Ё ки ба гуфти Ф.Энгелс, усули омўзишу тадқиқи лингвистика ба туфайли забоншиносии муқоисавӣ-таърихӣ бунёди таърихии худро пайдо кард. Компаративистика ва ё забоншиносии муқоисавӣ-таърихии нимаи дуюми асри 19 ва аввали асри 20 бештар ба саҳеҳ кардани предмети омўзиш ва баъзе фарзияҳои пештара ва инчунин муаммоҳои дигари ҳамин соҳама шғул мешавад. Намояндагони машҳури ин давра, яъне давраи дуюми забоншиносии муқоисавӣ-таърихӣ доир ба забонҳои ҳиндуаврупоӣ Бругман Карл (1849-1919), Бертолд Делбрюк (1842-1922), Антуан Мейе (1866-1936), Фортунатов Ф.Ф., Богородиский В.А. ва дигарон мебошанд. МАВЗЎИ 5. ҶАРАЁНИ МАНТИҚӢ ВА ПСИХОЛОГӢ ДАР ЗАБОНШИНОСӢ. ҶАВОНГРАММАТИКҲО Љараёни мантиќї. Омўзиши љињати фалсафии (назариявии) забон дар нимаи аввали асри Х1Х дар ду равия – мантиќї ва психологї инкишоф ёфтааст. Онњо аз ду љињат –шаклию семантикї омўхтани грамматикаро талќин менамуданд, вале фањмиши њам шаклию њам семантики онњо гуногун буд. Љараёни мантиќии асри Х1Х то андозае аз грамматикаи уверсалии асри ХVII фарќ карда, бештар ба хусусиятњои миллии шаклњои забонї диќќат дода, ба ягонагии мантиќї ва таърихї ва махсусан ба ягонагии мантиќї-синтаксисї эътибор медод. Забоншиноси немис К.Беккер дар асари худ «Организми забон» (1869) ќонунњои мантиќро ба материали забони немисї татбиќ менамуд. Омўзиши љумларо аз мантиќ ва услуб бардошта, ба ќисмати грамматика мутааллиќ медонад. Принсипи мантиќї-семантикии људо намудани њиссањои нутќ ва аъзоњои љумла солњои зиёд дар грамматикањои забонњои њозира љои асосиро ишѓол менамояд. Олимони зиёде ин љараёнро тарафдорї намуда, аќидањои онро давом ва инкишоф додаанд. Дар Россия Греч Н.И. («Грамматикаи амалии русї» - 1827) ва Давидов И.И. («Таљрибаи грамматикаи умумимуќоисавии забони русї» - 1852) ба ин мактаб дохил мешаванд. Яке аз забоншиноси номии рус Буслаев Ф.И. (1818-1897) намояндаи љараёни мантиќї-грамматикї буд. Ў дар асоси материали бойи забони русї анъанаи забоншиносон – аз Ломоносов то Востоков ва инчунин забоншиносони Европа- Гумболдг, Бопп ва махсусан Гриммро давом инкишоф медињад. Буслаев ба масъалаи ягонагии назарияву амалия диќќат медод. Дар тадќиќи асосњои грамматикаи мантиќї (фалсафа), филологї ва таърихї муайян намудани муносибати байни анъанањои филологиву лингвистї масъалаи маркази ба њисоб мерафт. Тарзи тадќиќи филологї ба омўзиши забонњои мурда равона карда шудааст. «Барои филолог, - менависад Буслаев, - забон танњо воситаи дарк намудани адабиёти ќадима мебошад». Дар маркази таълимоти љараёни мантиќї њамин меистад, ки назарияи забон проблемаи фанни мантиќ ба шумор меравад. Семантикаи забонї бо категорияњои мантиќ як шуморида мешавад. Ба тарзи дигар гўем, калима мафњуму љумла муњокима фањмида мешавад ё ки љумлањои мураккаб ва матни мураттаб хулосабарорї талќин меёбанд. Дар чунин фањмиши алоќаи забону тафаккур хусусиятњои забонии гуфтор инкор карда мешавад, бештар ба љињати умумии забон диќќат дода, хусусиятњои људогонаи он ба эътибор гирифта намешавад. Ба мадди аввал омўзиши хусусиятњои унверсалии забонњо гузошта мешавад. Љараёни мантиќї таѓйирёбанда аст, зеро агар Аристотел дар мантиќи худ таносуби љумлаю њиссањои нутќро нишон дода бошад, грамматикаи Пор-Роял унверсалии категорияњои мантиќу грамматикаро, тарафдорони љараёни мантиќии аввал ва мобайни асри Х1Х муносибати мантиќу грамматикаро нишон додаанд. Дар асри ХХ консепсияи тарафдорони љараёни мантиќї хеле таѓйир ёфт, ба ин инкишофи лексикология ва забоншиносии мантиќї-математикї сабаб гардид. Њамаи ин дар натиљаи ба куллї таѓйир ёфтани мантиќ ва математика дар охири асри Х1Х ва аввали асри ХХ ба амал омад. Љараёни психологї. Ин љараён ба муќобили равияи натуралистиву мантиќї ба вуљуд омад. Сарчашмаи он ба консепсияи Гумболдт алоќаманд аст, зеро вай характери фаъолона ва семантикии фаъолияти нутќро ќайд карда буд. Муносибати наздики фаъолияти фикрї бо психологияи нутќ барои тамоми ин љараён хос аст. Асосгузори љараёни психологї Герман Штейнтал (1823-1899) мебошад. Ў дар корњои худ «Таснифоти забонњо њамчун инкишофи идеяи забонї» (1850), «Пайдоиши забон» (1851), «Грамматика, мантиќ, психология ва принсипњои онњо» (1855), «Характеристикаи муњимтарин унсурњои сохти забон» (1860) ва «Муќаддимаи психология ва забоншиносї» (1881) биологизми Шлейхер ва грамматикаи мантиќии Беккерро рад намуда, таълимотро доир ба забон чун фаъолияти фард ва инъикоси психологияи халќї ба вуљуд овард. Ба фикри Штейнтал, «забон ин худшиносї, љањонбинї ва мантиќи рўњи халќ аст». Штейнтал бештар ба пайдоиш ва инкишофи забону тафаккури фард (шахси људогона), ба нутќи он диќќат медињад, аз ин рў, моњияти љамъиятии забон ба инобат гирифта намешавад. Забоншиносї бояд на танњо ба омўзиши забони фард, балки ба воситаи омўхтани забонњои халќ ба психологияи вай такя намояд. Штейнтал роли забонро дар љамъият инкор намекунад. Ба фикри ў, азбаски одам гап мезанад, ў аъзои ягон коллектив аст, пас одамон ба халќњову ќабилањо људо мешаванд. Гўё дар аввал одамон якљоя фикр мекарданд, яъне њар касс фикри худро бо фикри њамќабилаи худ алоќаманд мекард, фикри пайдошуда њам ба якум ва њам ба дуюм тааллуќ дошт. Таъсири якхелаи беруна фикр ва забони якхела ба вуљуд меоварад. Тасаввурот ва инкишофи он аз рўи ќонуни умумии психологияи шахси дигар бо роњи психикї не, балки ба воситаи забон ба амал меояд. Ба аќидаи Штейнтал «Предмети забоншиносї забон ва ё умуман забон мебошад, яъне ифодаи њаракати дарки дохилї, психикї ва рўњест, ки њолат ва муносибати он ба воситаи овозњои артикулятсионї ифода меёбад». Њамин тариќ, дар консепсияи Штейнтал чизи асосї ва њалкунанда њамбастагии нутќи фар два тафаккури он мебошад. Гумболдт забонро чун протсесси мунтазам, чун фаъолияти эљодї, чун воситаи пайдарњам бавуљудорандаи фактњои нутќи зинда мефањмид. Вале аз эљодиёти бою њаматарафа ва баѓоят диалектики Гумболдт танњо баъзе њолатњо инкишоф дода мешаваду халос. Масалан, мафњуми «фаъолияти забонї»-и Гумболдт чун яке аз функсияњои организми инсон фањмида мешавад. Ин маънои онро дорад, ки моњияти забон бо мафњуми протсесси психофизиологии бо нутќи фард ифодашаванда як шуморида мешавад. Дар ин њол асоси забоншиносї физиология ва ё психология шуданаш мумкин аст. Хулоса, таълимоти Гумболтд доир ба муносибати мураккаби байни забон, шуур ва њаќиќат ба субъективизм ва индивидуализм иваз карда мешавад. Њамин тариќ, дар нимаи дуюмиасри Х1Х шарњи психологии моњият ва протсесси инкишофи забон мавќеи асосї пайдо карда буд. Таъсири корњои Штейнтал на фаќат дар фаъолияти илмии Потебняву Паул, балки дар корњои Бодуэн де Куртненэ, Соссюр, Сепир ва Щерба низ ба назар мерасад, вале ба тарзи дигар. Потебня ва Паул дар маънидоди семантикаи љумла, категорияњои грамматикї ва намудњои маънои лексикї аз асоси психологї истифода бурдаанд. Бодуэн ва Соссюр бошанд, характери иљтимоии фаъолияти нутќро ба эътибор мегиранд. Намояндаи дигари љараёни психологизм Вилгелм Вундт (1832-1920) буд. Вундт характери љамъиятии забонро ќайд мекунад, вале онро ба психологияи одамон вобаста менамояд. Вундт дар асарњои асосии худ «Психологияи халќњо-забон» (1900), «Таърихи забон ва психологияи забон»), «Унсурњои психологияи халќњо» (1912) назарияашро баён намудааст. Ў њамаи масъалањои тадќиќ намудани љавонграмматикњо-таѓйиротњои фонетикї ва семантикї, шаклњои калима, пайдоиши забон, фарќиятњо дар забон ва ѓайраро аз љињати психологї маънидод кардааст. Вай ба муќобили индивиуализми љавонграмматикњо ва махсусан Паул баромад карда, таъкид менамояд, ки онњо њаминро ба назар намегиранд, ки забон, мифњо, урфу одатњоро љамъият ба вуљуд меорад ва дар њама гуна муносибатњо љамъият фардро муайян мекунад, индивидум аз ягон љињат ба воситае њам љамъиятро муайян карда наметавонад. Бо вуљуди ин психологияи коллективи Вундт аз психологияи фард фарќ надорад, зеро дар њар ду њолат њам забон танњо воситаи ифодаи фикр маънидод карда мешавад, воситаи муносибати байни одамон будани он ба эътибор гирифта намешавад. Яке аз намояндагони љараёни психологизм дар Россия забоншиноси номии украин ва рус Александр Афанасевич Потебня (1835-1891) буд Ў дар инкишоф ва тараќќии забоншиносии ватанї роли калон бозидааст. Корњои асосии ў «Фикр ва забон» (1862), «Ќайдњо доир ба грамматикаи русї» (1874-1888) мебошанд. Ў асосгузори мактаби лингвистии Харков буд. Потебня ба инкишофи психологизми лингвистї ва забоншиносии муќоисавї-таърихї ёрї расонидааст. Потебня ба корњои Гумболдт ва Штейнтал такя карда, консепсияи лингвистии худро ба вуљуд меорад ва забонро чун њодисаи таърихї ва фаъолияти фикрии нутќ мешуморад. Ба фикри ў, забон њамчун яке аз намудњои фаъолияти инсон се љињат дорад: умумиинсонї, миллї ва фардї. Љавонграмматикњо. Давраи дуюми инкишофи забоншиносии муќоисавї-таърихї ба фаъолияти мактаби лингвистии Лейбсиг алоќаманд аст. Намояндагони нисбатан љавони ин мактаб ба муќобили аќидањои забоншиносони нисбатан калонсол баромада буданд. Ин љараён солњои 70-80 асри Х1Х ба амал меояд. Яке аз забоншиносони Германия намояндагони мактаби навро ба тариќи њузлу шўхї «љавонграмматикњо» меномад. Ин номи ба таври њазл гуфташударо Бругман (яке аз намояндагони барљастаи мактаби нав) ќабул мекунад ва он номи як љараёни калони забоншиносї мегардад. Дар ин ваќт аллакай методи муќоисавї-таърихї ба тамоми љањон пањн гардида буд. Агар дар солњои аввали пайдоиши компаративистика немисњо, данягињо ва славянњо фаъолият нишон медода бошанд, њоло дар бисёр давлатњои дигари Европа ва Америка марказњои лингвистї ва мактабњо ба амал омада буданд. Масалан, соли 1866 дар Франсия «Љамъияти лингвистњои Париж» ба амал меояд. Дар Америка бошад, њиндушиноси номї В.Д.Уитни кор мекард, ки ба ќавли Соссюр, ба муќобили биологизми Шлейхер ва «психологияи халќњо»-и Штейнтал баромада, ба саршавии фаъолияти љавонграмматикњо асос мегузорад. Дар ин давра дар Россия Потенбня, Бодуэн ва Фортунатов Ф.Ф., дар Италия Асколи Г.И., дар Шветсария Соссюр, дар Австрия Гуго Шухардт, дар Дания Карл Вернер ва В. Томсен барин забоншиносон кор мекарданд. Намояндаи мактаби забоншиносии Лейбсиг, тадќиќотчии забонњои славянї ва балтикї Август Лексин (1840-1916) дар асари худ «Тасриф дар забонњои славянї-литовї ва германї» (1876) маќсад ва аќиадаи љавонграмматикњоро ифода намудааст. Шогирдони ў Карл Бругман (1849-1919), Герман Остгоф (1847-1908), Герман Паул (1846-1921) ва Бертолд Делбрюк (1842-1922) аќиадањои устодони худро дастгирї менамоянд ва инкишоф медињанд. Инњо асосгузорони ин љараён мебошанд. Назарияи љавонграмматикњо дар муќаддимаи љилди якуми асари якљояи Бругман ва Остгоф «Тадќиќоти морфологї» (1878) ва асари Герман Паул «Принсипњои таърихи забон» (1880) пурра баён гардидааст. Он муќаддима ба сифати манифести ин мактаби забоншиносї эътироф шудаастю Намояндагони љавонграмматикњо асосан ба се чиз диќќати махсус медоданд: 1) Ќонунњои фонетикї, ки дар забонњо љой доранд, 2) Аналогия, ки дар протсесси сохтани шаклњои забонї ва таѓйиротњои фонетикї-морфологї роли муњим мебозад, 3) Омўзиш ва тадќиќи забонњои зиндаи њозира ва лањљањои он (Забонњои ќадима ва забони адабиро одамон назорат мекунанд) барои муќаррар намудани ќонуниятњои лингвистиву психологї заминаи муњим ба шумор мераванд. Љараёни љавонграмматикњо дар заминаи мушоњида ва кашвиётњои зиёде доир ба таърихи забонњои њиндуаврупої, мушоњида ба талаффузи одамони зинда, омўзиши шартњои физиологї ва физикии (акустикии) пайдоиши овозњо ва лањљањои гуногун, ки илми фонетикаро ба вуљуд меорад, ба амал омадааст. Ин гуна мушоњидањо ба хулосае оварданд, ки ќонунияти инкишофи овозњо љой дорад. Кашфиёти нав дар соњаи грамматика нишон доданд, ки дар протсесси инкишофи флексия, ѓайр аз агглютинатсия, ки гузаштагони љавонграмматикњо ба он эътибори махсус медоданд, протсессњои дигари морфологї – љойивазкунии сарњади байни морфемањо дар њудуди калима ва махсуссан баробар кардани шакл аз рўи аналогия низ роли калон мебозанд. Омўзиши амиќи хусусиятњои фонетикиву грамматикї этимологияро ба пояи илмї гузошт. Тадќиќотњои этимологї нишон доданд, ки таѓйиротњои фонетикиву маъно дар калимањо аксаран мустаќиланд. Љавонграмматикњо ба омўзиши љињати таърихии забон низ ањамият додаанд, вале ба предмети омўзиши таърихи забон танњо маводњои ба ќайд гирифташударо дохил карда, фарзияњоро доир ба нахустзабон ба эътибор намегирифтанд. Дар натиљаи мушоњидаи лањљањои гуногун љавонграмматикњо ба нахустзабон ва сабаби ба вуљуд омадани забонњои хеш шубња мекунанд. Гуё нахустзабон њам ба мисли лањљањои њозира (дар асоси аналогия) ба шевањо људо мешудааст. Онњо ба ќонунњои фонетикї (физикї) ва аналогия (психологї) њамчун ду ќувваи таъсиррасон ба нутќи инсон ањамият дода буданд. Љавонграмматикњо ба таѓйири маънои калима диќќати махсус медоданд. Ин таѓйирот барои он ба амал меояд, ки истифодаи шахсї (индивидуалї) ва маънои калима дар забон пурра мувофиќат намекунад. Бо вуљуди норасоињо назарияи љавонграмматикњо назар ба забоншиносии пештара ќадаме ба пеш буд. Ин дар чї зоњир мегардид: ба забонњои зинда ва лањљањои он диќќати махсус додан ва аз рўйи ин далелњо ба њодисањои забонї арзиш гузоштан; дар протсесси муоширату муносибат ба њисоб гирифтани унсурњои психологї; мањз дар љамъияти инсонї вуљуд доштан ва амал кардани забонро эътироф намудан; ба таѓйиротњои овозї, яъне ба љињати материалии нутќи инсон эътибори љиддї додан; онњо кўшиш намудаанд, ки ќонунњои забонро, сабабњои пайдоиши ќонунњоро муайян кунанд, ќонунњоро дар асоси маводи забон дар амал љорї кунанд. Нињоят, љавонграмматикњо дар асоси маљмўи ќоидањои мазкур дар хусуси забоншиносии њиндуаврупої кашвиётњои зиёдеро ба даст овардаанд. МАВЗЎИ 6. ЗАБОНШИНОСИИ ОХИРИ АСРИ Х1Х ВА АВВАЛИ АСРИ ХХ Дар охирњои асри Х1Х ва аввали асри ХХ якчанд љараёнњои лингвистї ба амал меояд, ки намояндагони онњо ба муќобили аќидањои забоншиносии љавонграмматикњо ва методњои тадќиќотии онњо баромад карда онро догма мешуморанд ва таъкид мекунанд, ки дастуру пешнињодњои онњо доир ба забон ба пешравии илми забоншиносї халал мерасонад. Ба забоншиносии охири асри Х1Х ва аввали асри ХХ на танњо инкори биологизми Шлейхер ва индивидуализми психологии Паул, балки таъкид намудани мустаќилияти системаи забон ва лингвистика, инчунин муайян намудани моњияти системаи забон ва таснифи фанни лингвистика хос мебошад. Одатан Бодуэн де Куртенэ, Фортунатов ва Соссюрро љавонграмматикњои баъдина ва ё струтуралистњои пешина меноманд, ки ин ба онњо яктарафа бањо додан аст. Ин олимон консепсия ва мактаби худро доранд, ки он њам аз љавонграмматикњо ва њам аз структуралистњо фарќ мекунад. Ин љараёни лингвистиро неограмматизм номидан ба маќсад мувофик аст. Истилоњ аз кори худи онњо бамеояд. Масалан, Бодуэн забоншиносии назариявиро ба грамматика ва систематика таќсим мекунад. Дар зери мафњуми грамматика омўзиши сохт таркиби забон ё ки шакли дохилии забонро мефањмад, тањти истилоњи систематика таснифоти забонњоро дар назар дошт. Соссюр бошад, талќин менамуд, ки лингвистикаи синхронї ин грамматикаи умумї аст. Дар асоси таълимоти неограмматизм, чун љараёни лингвистї принсипњои зерин меистанд: Забон на организми табиї ва на њодисаи индивидуалї, балки вай аз рўйи моњияти худ иљтимоист, забон барои соњибонаш њатмї. Предмети забоншиносї на танњо таърихи забон ва инкишофи этногеографии он аст, балки сохти забони њозира, муайян намудани воњиди он ва муносибати байни воњидњо мебошад. Фањмиши воњид ва сохти забон гуногун буд: Бодуэн ва Крушевский асосан ба фонема ва морфема, Фортунатову Пешковский ба шакли калимаву ибора, Соссюр бошад, асосан ба муносибатњои забонї –синтагма ва ќатори ассотсиативї диќќат медоданд. Барои неограмматистњо назарияи грамматика, яъне таълимот дар бораи шакли забон чизи муњим буд. Ин бошад, неограмматистњоро бо љараёни шаклпарастии лингвистї наздик мекунад, вале фарќ дорад, зеро неограмматистњо семантикаи забонро рад намекарданд. Неограмматистњо аниќ намудани назарияи тадќиќот ва таснифи фанни лингвитикаро масъалаи назариявии забоншиносии умумї мешумориданд. Ин таъкид намудани мустаќилияти илми забоншиносї ва мураккабии объекти он буд. Њамин тариќ, характери љамъиятии забонро њамаи забоншиносони номии ин давр – Бодуэн де Куртенэ, Фортунатов, Соссюр, Мейе, Ш.Балли ва дигарон таъкид мекунанд. Дар ин давра якчанд мактабњои забоншиносї мављуд буд, ки бо роњу равишњои гуногун илми забонро меомўхт ва инкишоф медод. Ба љараёни нави лингвистї олимон Гуго Шухардт, Потебня, Бодуэн, Соссюр, Есперсен, Жилерон, Асколи ва дигарон дохил мешуданд. Онњо ба љустуљўи роњњои нави тадќиќи лингвистика шуруъ намуданд. Дар ин давра аксари олимон омўзиши забонро ба љамъият вобаста намуда бошанд њам, баъзењо аз ќабили Марти, Гинникен, Бюлер заминаи забонро дар психология, Кассирер, Гуссерл дар мантиќ, Кроче, Фосслер дар эстетика љустуљў кардани мешуданд. Љараёни сотсиологї. Маълум аст, ки љавонграмматикњо забонро чун системаи тасаввуроти фард медонистанд, вале љараёни нав – љараёни сотсиологї функсияњои љамъиятии забонро њамчун воситаи муносибат ба эътибор мегирад. Ин тамоюл дар кори Леви-Брюл заминаи фалсафї ва дар корњои забоншинос Гуго Шухардт бунёди сотсиологї пайдо карда бошад њам, асосгузори љараёни нав – љараёни сотсиологї Фердинандт де Соссюр ва шогирди ў Антуан Мейе шуморида мешаванд. Њаминњо ба љараёни нав истилоњи «Забоншиносии сотсиологї» ном нињоданд. Забоншиносони франсуз Жозеф Вандриес (1875-1965), Шарл Балли (1865-1947), Албер Сеше (1870-1956), норвег Алор Соммерфелт ва америкої Эмил Бенвенист (1902-1977) низ ба њамин љараён дохил мешаванд. Моњияти забоншиносии сотсиологиро чунин баён кардан мумкин аст: Забон њодисаи љамъияти аст, аз ин рў, берун аз љамъият имконпазир будани нутќ њам мумкин нест. Пас, забонро чун њодисаи љамъиятї дар алоќамандї бо њодисањои дигари љамъиятї омўхтан ба маќсад мувофиќ аст. Баробари ин забонро аз њодисањои дигари љамъиятї фарќ кунонидан лозим аст. Дар ин бора асосгузори ин љараён Соссюр чунин гуфтааст: «Забон њодисаи љамъиятї аст, вале вай бо бисёр аломатњои худ аз њодисањои љамиятии дигар, аз ќабили сиёсат, њуќуќшиносї ва ѓайра фарќ мекунад». Забон чун воситаи муносибат њодисаи соф психикї нест, зеро њодисаи психикї воситаи алоќаи байни одамон шуда наметавонад. Забон барои он воситаи алоќа шуда метавонад, ки аломатњои он хосияти физикї доранд, яъне онро шунидан ва талаффуз кардан мумкин аст, вале калимаи тасаввуркарда ин гуна хосият надорад, онро на шунида метавонем ва на талаффуз карда. Забон аз системаи аломатњо (калимањо) иборат аст. Ин аломатњо чун унсури система дорои маънї мебошанд. Аломатњои забон нисбат ба чизи ифода мекардагиаш шартї буда, вале нисбат ба гўяндааш шартї ва бемаънї нест. Чун системаи аломатњои шартї забон дар љамъияти худ чун анъана аз насл ба насл мегузарад ва фаъолияти нутќкунии фардро муайян мекунад. Мисли фолклор дар забонњо њам навигарињоро (калимањоро) шахсони људогона ба вуљуд меоранд, дар байни љамъият пањн мешавад, вале њамонаш дар забон мемонад, ки халќ онро ќабул намояд. Пас, њукми асосї дар дасти љамъият, халќ мебошад. Шахсони људогона бо ихтиёри худ аломатњои забонро (калимаро) сохта, таѓйир дода наметавонанд. Аз ин маълум мешавад, киинкишофи забон ва таѓйиротњои онро љињати психологї ва физиологї (Онњо дар њама гуна љамъият ва дар њама љо як хеланд) не, балки шароити љамъиятї-таърихї муайян мекунад. Тарафњои сусти забоншиносии сотсиологї аз инњо иборат аст: Аќидаи нодуруст, идеалистї, яъне забоншиносиро чун ќисмати «психологияи сотсиалї» шуморидан. Психологияи сотсиалї «илми» беасос аст, зеро майна ва психикаи сотсиалї вуљуд надорад. Забон на танњо њодисаи психикї, балки њодисаи љамъиятї ва физикї њам мебошад. Ба тарзи механикї (сатњї) таърихи забонро ба «берунї» (таърихи халќ) ва «дохилї» (инкишофи худи системаи забон) људо намудан. Танњо дар њолати забон ва ќонунњои инкишофи онро бо таърихи худи халќ якчоя омўхтан ба хулосањои дуруст омадан мумкин аст. Ба њам муќобил гузоштани нутќ чун њодисаи индивидуалї ва забон чун њодисаи сотсиалї. Маълум аст, ки дар нутќи фард – системаи забонии ќабулкардаи љамъият, ки асоси нутќ ва системаи он мебошад, ифода меёбад. Дар натиљаи нодуруст муќобил гузоштани «нутќ» ва «забон» Соссюр хулосаи ѓалат бароварда таъкид мекунад, ки «забон» бе соњибонаш њам вуљуд дошта метавонад, зеро вай ба «психологияи сотсиалї» дахл дорад. 4) Чун воситаи алоќа њодисаи сотсиалї будани забонро ба асос гирифта Антуан Мейе ба чунин хулосаи ѓалат меояд, ки гўё забоншиносї як ќисмати сотсиология бошад. Илми мустаќиле, ки объекти тадќиќотї ва методњои зарурии тадќиќотї дорад, чун ќисмати илми дигар шуданаш мумкин нест, аз ин рў, фикри Антуан Мейе ба куллї ѓалат аст. |