Главная страница
Навигация по странице:

  • Структурализми Копенгаген ё ки глоссематика.

  • Лингвистикаи дескриптивии (тасвирии) Америка

  • МАВЗЎИ 9. ЗАБОНШИНОС Ӣ ВА ИНКИШОФИ ОН ДАР ДАВРАИ ШӮ РАВ Ӣ

  • Николай Яковлевич Марр (1864-1934). Таърихи забоншиносии шўравї.

  • Консепсияи грамматикии И.И.Мешенинов.

  • Фаъолияти лингвистии Л.В.Шерба.

  • Аќидањои забоншиносии А.М.Пешковский

  • МАВЗЎИ 10. ЗАБОНШИНОСИИ ТО Ҷ ИК

  • забон.умуми_Собирова_М. Комплекси таълимї методї аз фанни забоншиносии умумї барои донишёни курси 1 ихтисоси забони англисї


    Скачать 119.96 Kb.
    НазваниеКомплекси таълимї методї аз фанни забоншиносии умумї барои донишёни курси 1 ихтисоси забони англисї
    Дата05.10.2022
    Размер119.96 Kb.
    Формат файлаdocx
    Имя файлазабон.умуми_Собирова_М.docx
    ТипДокументы
    #715674
    страница5 из 7
    1   2   3   4   5   6   7

    Мазмуни асосии структурализми Прага аз инњо иборат:

    1. Забоншиносї илми мустаќил аст, ки дар асоси системаи аломатњои забон ба амал омадааст, аз ин рў, вай дар асоси психология, физиология ва ё мантиќ ба амал наомадааст.

    Психологизм, физиологизм ва мантиќ њодисањои забониро аз рўи чиро ифода намудани онњо, на аз рўйи он, ки чї тарз онњо дар забон ифода шудаанд, маънидод мекунанд. Масалан, грамматикаи мантиќї исмро чун њиссаи предметро ифодакунанда муайян мекунад. Калимањои кабудї ва ё саёњатчї гуна предметро ифода мекунанд? Грамматикаи лингвистї бошад, исмро њамчун њиссаи нутќи ифодакунандаи предмет, хусусияту амалиёт ва њолату вазъияти предметонидашударо муайян мекунад, ки њамеша дар намуд, дар падеж, љинсияту шумораи муайян ифода ёфтааст. Аз ин љињат ба исм њама гуна мафњумњои предметї дохил мешаданд.

    2. Забон система аст. Онњо мафњуми системаро баракси атомизми љавонграмматикњо, ки далелњои забониро аз њам људо, дар алоњидагї дида мебаромаданд, мефањмиданд.

    3. Онњо забонро чун системаи функсионалї хеле хуб дарк намуда, онњо њамчун воситаи ифоданоки системаи талаботи аъзоёни худро ќонеъкунанда мефањмиданд.

    4. Онњо забони гуфтугўї ва забони шеърро фарќ мекарданд. Дар назди забони адабии гуфтугўї чунин талаботњои дурустро гузошта буданд: а) устуворї, б) луѓати бой ва гуногунии услубњои он, в) маънои аниќ, г) аслї будан ва д) бисёр њам фарќ накардан аз забони умумихалќї. Онњо ба муќобили аз њад зиёд (ба пуризм) дода шуда буданд, зеро ин ба маданияти њаќиќии забони хаттї зарармеовард.

    5. Онњо фонологияи назариявиро ба вуљуд оварданд. Ба мисли Щерба хусусияти калимаву морфемањо ва фарќкунонандагии фонемањоро нишон дода буданд.

    6. Онњо баробари системанокии њолати синхронии забонро ќайд карданд, инкишофу тараќќиёти онро низ нишон додаанд. Ин тараќќиёт ба тамоми системаи забон-лексика, морфология, синтаксис, фонология дахл дорад. Якобсон соли 1929 характери системаи њолатидиахронии забонро низ нишон дода буд.

    7. Трубетской Н.С. мафњуми «иттифоќи забонњо»-ро пешнињод мекунад. Забонњои гуногун (масалан, забонњои албанї, булѓорї, юнонї, руминї дар нимљазираи Балкан) асрњо дар њамсоягї умр ба сар бурдаанд ва дар ин давра ба якдигар таъсир расонида, ба њам наздик шуданашон мумкин аст.

    8. Таљзияи актуалии љумла аз намояндаи ин мактаб Матезиус сар шуда то њол давом дорад.

    Структурализми Копенгаген ё ки глоссематика. Глоссематика калимаи юнонї буда, аз глосса-забон гирифта шудааст. Ин яке аз шохањои љараёни структурализм мебошад, ки бар зидди назарияи фонологии «Кружоки лингвистии Прага» дар аввалњои солњои сиюм ба вуљуд меояд. Намояндагони машњури ин мактаб Виго Брёндал (1887-1942), Х.Улдалл (1907-1957) ва назариётчии он Луи Елмслев (1899-1956) мебошанд. Ба фикри онњо, забоншиносии пештара пањлўњои субъективии зиёд дошт, бинобар ин онро пурра илмї шуморидан душвор аст. Елмслев таъкид мекунад, ки байни мантиќшиносону лингвистњо бояд алоќаи зич бошад. Истилоњи глоссематика бори аввал (соли 1936) аз тарафи Елмслев кор фармуда шудааст. Ба фикри Елмслев, камбудии забоншиносии анъанавї он буд, ки вай асосан ба омўзиши таърихи забонњо ва муносибати байни онњо машѓул шуда, бештар ба љињати психологї, физиологї, сотсиологї ва таърихї диќќат дода ба омўзиши табиати худи забон эътибори дуруст намедод. Забоншиносї бояд таркиби дохилї, доимї ва сохти забонро, ки хоси нутќи инсон аст, омўзад, на ин ё он забони мушаххасро.

    Лингвистикаи дескриптивии (тасвирии) Америка. Лингвистикаи дескриптивї ё ки тасвирии америкої солњои 20-30 ба вуљуд омадааст. Азбаски ин забоншиносон дар тадќиќотњои худ ба принсипњои структурї такя мекунанд, мактаби онњоро низ як шохаи љараёни структурализм меноманд. Бояд ќайд кард, ки солњои охир баъзе намояндагони ин мактаб аз љињати назариявї бо глоссематика наздик шуда истодаанд. Дескриптивизми америкої њангоми пайдоиши худ ба консепсияи Соссюр такя накардааст. Вай дар асоси психологияи ахлоќи (бихевиоризм), тањлили матнњо ва махсусан дар мисоли маводи забонњои њиндуњои Америкаи шимолї ба амал омадааст. Заминаи асосии пайдоиши ин љараён зарурати тасвири забонњои њиндуњои Америка мебошад, ки аз љињати типологї нињоят гуногун буда, ба таври муќоисавї-таърихї омўхта нашуда буданд. Намояндагони ин мактаб методу услубњои тадќиќи забони њиндуњои Америкаро, ки онњо вобаста ба талаботи шароиту вазъияти баамаломада омўхта буданд, ба забонњои дигар низ мутобиќ карданї мешуданд.

    Асосгузори лингвистикаи дескриптивї забоншинос, этнограф ва антропологї америкої Франс Боас (1958-1942) мебошад.
    МАВЗЎИ 9. ЗАБОНШИНОСӢ ВА ИНКИШОФИ ОН

    ДАР ДАВРАИ ШӮРАВӢ

    Инкишофи забоншиносї дар мамлакати шўравї баъд аз ѓалабаи Инќилоби Октябр ба чанд омили хеле муњими љамъиятї-таърихї вобаста мебошад:

    1. Дар СССР (Иттињоди Љумњурињои Шўравии Сотсиалистї) сохти нав-сотсиализм ба вуљуд омад ва инкишоф меёфт.

    2. Давлати Шўравї давлати бисёрмиллат буд. Сохти нав шароити халќњои ИЉШС-ро ба куллї таѓйир дод. Тадбири сиёсати миллї-ленинї бошад, дар инкишофи маданият ва сохти сиёсї-љамъиятии халќњои ин давлат роли калон бозид.

    3. Роли љамъиятї-мадании забони русї чун воситаи алоќаи байни миллатњои гуногуни ин халќњо хеле афзуд.

    Ин омилњоро ба назар нагирифта инкишофу тараќќиёти забоншиносии шўравиро дуруст муайян кардан мумкин нест. Баланд шудани маданияти халќњои ИЉШС, саросар саводнокшавии халќњо, инкишофи илм, васеъ шудани истифодаи забони русї ва забонњои миллии дигар, соњиби хату алифбо гардидани як ќатор халќњои канорањои Россия дар назди забоншиносони шўравї вазифањои амалию назариявии зиёдеро мегузорад.

    Аломати асосї ва умумии њамаи забонњо функсияи иљтимоии он, яъне муносибати байни одамон аст. Ду њолат хусусияти љамъиятии забонро боз њам равшантар мекунад:

    1. Забон дар љамъият ба вуљуд омада, дар љамъият тараќќи мекунад, агар љамъият аз он (забон) истифода набарад, мемирад (забонњои славянии ќадим, лотинї, форсии ќадим, хоразмї ва инчунин забонњои ќипчоќ, ќурамагї, агарї ва ѓайрањо аз њамин ќабиланд).

    2. Функсияи асосии забон коммуникативист,ки ин характери љамъиятї дорад. Забон воситаи алоќаи байни аъзоёни љамъият аст. Забон аз аввали пайдоиши худ мањсули фаъолияти тамоми љамъият буд, зеро вай шуури љамъиятро ифода мекунад, шуури љамъият бошад, аз аввал танњо бо одамон, мардум вуљуд дорад.

    Николай Яковлевич Марр (1864-1934). Таърихи забоншиносии шўравї. Таърихи забоншиносї ба таърихи илми шўравї, тараќќиёти маданияти сотсиалистї ва забонњои халќњои мамлакати Шўроњо, азнавсозии системаи маорифи халќ зич алоќаманд мебошанд. Инќилоби Октябр њаёти халќњои мамлакати шўроњоро ба куллї таѓйир дод. Инќилоби маданї, ки ќисми људонашавандаи сохтмони сотсиализм мебошад, бо азнавсозии системаи маорифи халќ сар шуд. Дар барњам додани бесаводї на танњо муаллимон, балки забоншиносони номї њам иштирок намуданд, зеро мувофиќи гуфтаи В.И.Ленин «дар сарзамине, ки ањолияш савод надорад, љамъияти коммунистї сохтан мумкин нест». Дар ин масъала муваффаќияти мамлакати шўроњо ба њам маълум аст.

    Николай Яковлевич Марр (1864-1934) соли 1884 ба факултети шарќшиносии Университети Петербург дохил шуда, ба омўзиши забонњои гурљї, арманї, кавказї ва сомї машѓул мешавад. Вай соли 1901 профессори њамин университет ва соли 1912 акдемик интихоб мегардад. Баъди Инќилоби Октябр Марр ба аз нав дида баромадани масъалањои назариявии забоншиносї ва омўзиши забонњои ѓайрињиндуаврупоии ИЉШС машѓул мешавад. Ба фикри Марр, забоншиносии њиндуаврупої дар љустуљўи нахустзабон ба кўчаи сарбаста даромадааст, бинобар он ба сохтани назарияи лингвистии худ сар мекунад.

    Марр нишонањои забони либи Кавказро дар забони арманї (њиндуаврупої) мушоњида карда, ба он яфетї ном медињад. Вай ба масъалаи омезиш диќќати љиддї дода, баъдтар унсурњои яфетиро дар тамоми забонњои дунё љустуљў мекардагї шуд. Марр забоншиносии муќоисавї-таърихиро «буржуазї» номида, консепсияи умумилингвистии пайдоиш ва тараќќиёти тамоми забонњои дунёро (единство глоттогонического прооцесса) месозад. Ба фикри Марр, забонњои яфетї дараљаи махсуси тараќќиёти забонњои дунёст. Гўё хешигарии забонњо дар натиљаи омезиш, якљояшавї ва шабоњати забонњои гуногун ба амал меояд. Ќонунияти умумии тараќќиёти забонњо аз ягонагї ба бисёрї ва аз бисёрї ба ягонагї гузаштан мебошад.

    Консепсияи грамматикии И.И.Мешенинов. Иван Иванович Мешенинов (1883-1967) солњои 30-40 роњбари забоншиносии шўравї буд. Вай яке аз шогирдони асосии академик Марр буд. Аз солњои 40 сар карда Мешенинов И.И. баъзе фикрњои устоди худро, масалан, анализи чорунсура ё ки эътибор нагирифтани методи муќоисавї-типологии сохти грамматикии забонњоро ќабул намекунад. Њамин тариќ, Мешнинов И.И. ба љойи протсесси ягонаи глоттогонии Марр муќосаи типологии забонњоро њам аз љињати таърихї ва њам њолати њозира пешнињод мекунад.

    Доир ба масъалањои њиссањои нутќ, тасрифи онњо, сиѓа ва намуду замони феъл дар забонњои ѓайрихеш корњои типологї ба вуљуд меоянд.

    Чун шогирди Марр Мешанинов И.И. принсипњои зерини «назарияи нав дар забон»-ро таъкид мекард: алоќаи забон бо љамъият, алоќаи забону тафаккур, протсесси ягонаи ба амал омадаи забонњо (глоттогонї), дараљанокї дар инкишофи забонњо, ягонагии типологї ва гуногунии забонњо, њиссањои нутќ ва аъзоњои љумла. Мувофиќати категорияњои мантиќї (масалан, категорияи субъект) бо категорияи грамматикї (мубтадо), ба аќидаи И.И. Мешенинов, характери универсалии забонро зоњир мекунанд.

    Асарњои нисбатан калон ва охирини Мешенинов И.И. «Аъзоњои љумла ва њиссањои нутќ» (1945), «Феъл» (1949) ва «Структураи љумла» (1936) чї андоза аз аќидањои устодаш дур шудани олимро нишон медињанд.

    Фаъолияти лингвистии Л.В.Шерба. Академик Лев Владимирович Шерба (1880-1944) яке аз забоншиносони маъруф ва шогирдону давомдињандаи кори Бодуэн де Куртенэ мебошад. Ў аз соли 1909 сар карда дар Университети Петербург (баъдтар Ленинград) дарс гуфтааст. Забоншиносони номї С.И.ББернштейн, Д.В.Бубрих, В.В.Виноградов, Б.А.Ларин, С.П.Обнорский, Б.В.Томашевский, В.И.Чернишев, Л.П.Якубинский, индолог А.П.Бараников, арабист И.Ю.Крачковский, эроншинос А.А.Фрейман, полиглот Н.В.Юшманов њамкор ва шогирдони академик Шерба буданд.

    Доираи тадќиќоти Шерба хеле васеъ буд. Вай доир ба проблемањои умумии забоншиносї, фонетикаю орфоэпия, грамматика, лнксикография, хату орфография, транскрипсияву транслитератсия, методикаи таълими забонњои хориљї, забони нависанда, забони франсузї фикру аќидањои худро баён карда, дар њалли масъалањои номбурда њиссаи худро гузоштааст.

    Шерба тарафдори омўзиши њолати њозираи забон ва лањљањои он буд. Танњо дар њолати забони зиндаро омўхтан доир ба грамматика ва луѓати он маълумоти аниќ додан мумкин аст. Система бояд аз асоси маводи мушаххаси забон ба амал ояд. Ин аз фањмиши Соссюр ба куллї фарќ мекунад. Вазифаи асосии забоншинос њангоми омўзиши забон ин аст, ки далелњои нутќро тањлил кунад ва љамъбаст намояд ва аз натиљаи онњо системаи забон, сохтани луѓату грамматикаеро, ки ба њаќиќат рост оянд, фароњам оварад. Алоќамандии лексикаву грамматика дар системаи забон предмети асосии омўзиши лингвист бояд бошад. Бисёр масъалањо бояд дар таљриба сањењ карда шаванд. Аз ин рў, дар забоншиносї љорї кардани методи таљрибавї ањамияти калон дорад. Ў ба љои грамматикаи муќоисавї-таърихї ба таври муќоиса омўхтани сохти забонњои гуногунро пешнињод мекунад. Омўзиши фонема дар забоншиносии шўравї ба номи Шерба сахт вобаста мебошад. Фонема воњиди хурдтарини забон аст, ки шакл ва маънои калимаро таѓйир медињад, инчунин аз фонемаи дигари њамин забон фарќ мекунад.

    Аќидањои забоншиносии А.М.Пешковский. Александр Матвеевич Пешковский (1878-1933) яке аз шогирдони Ф.Ф.Фортунатов мебошад. Баробари ин дар корњои ў аќидаи забоншиносии Потебния низ мушоњида мешавад. Ў бештар ба масъалаи грамматикаи нормативию тасвирї диќќат додааст. Дар маркази тадќиќоти ў масъалањои функсияњои интонатсия, орфографияю методика меистанд. Аќидањои асосии Пешковский доир ба забон дар асари машњури олим («Русский синтаксис в научном освещении» (1914)-«Шарњи илмии синтаксиси русї» инъикос ёфтаанд.

    Дар ин асар олим кўшиш намудааст, ки њодисањои синтаксиси забони адабии муосири русро бештар мавриди омўзиш ќарор дињад ва ба ин маќсад ноил њам шудааст, чунки маводи хеле фаровон гирд оварда, муњокимањои аљиб ба тањлили бисёр нозуки лингвистї намудааст. Фикру аќидањои худро Пешовский дар асоси материали хеле фаровони забонї баён намудааст.

    Доир ба фањмиши системаи забон Пешковский аќидаи махсуси худро дорад. Ба фикри ў, забон аз унсурњои људогона таркиб наёфта, балки ба унсурњо људо мешавад. Асоси шуур чизњои содда ва ё овозњо набуда, балки чизњои хеле мураккаб ва ифодањо мебошад. Аз ин рў, ба фикри Пешковский, калимаро маљмўи морфемањо, ибораро маљмўи калимањо ва ифодаро маљмўи иборањо муайян накарда, њамаи инро баракс маънидод кардан лозим. Пешковский дуруст ќайд мекунад, ки ба забон кўњанпарастї (контерватизм) ва риоя кардану нигоњ доштани меъёр хос аст, љањишу таркиш барои забон бегона аст, зеро ин ё он ќонуну ќоидаи забон (грамматика) асрњои аср вуљуд дорад. Олим ба услуби забон диќќати махсус дода, китобњои дарсї навиштааст ва инчунин методикаи таълими забони русї низ корњои бисёр кардааст.

    Таълимоти В.В.Виноградов доир ба калима, услуб ва синтаксис.

    Виктор Владимирович Виноградов (1895-1969) яке аз забоншиносони маъруф ва машњури замони шўравї мебошад. Виноградов шогирд ва давомдињандаи кори Шахматов А.А. ва Шерба Л.В. буд. Ў тамоми ќисматњои забоншиносиро мавриди тадќиќ ќарор дода, асарњои баландмазмуни илмї эљод кардааст. Аз асарњои нисбатан маълуми Виноградов В.В. инњоро номбар кардан мумкин аст: «Доир ба вазифањои услубшиносї» (1923), «Забони Пушкин» (1935), «Услуби Пушкин» (1941), «Забони русї. Таълимоти грамматикї оид ба калима» (1947), «Доир ба забони адабиёти бадеї» (1959) ва ѓайрањо.

    Дар консепсияи лингвистии Виноградов калима ва услуби забон љои асоси ва марказиро ишл мекунад.

    Калима ба яке аз чор намуди структурї-семантикї тааллуќ дорад: калима-ном (њиссањои мустаќилмаъно), калимањои ёридињанда (частицы речи), калимањои модалї ва њиссачањо, нидо.

    Намудњои структурї-семантикии калимањо аз рўи панљ аломат тавсиф карда мешаванд: семантикї, морфологї, калимасозї, синтаксисиї ва фонетикї.

    Виноградов В.В. «категорияи њолат» ва «калимањои модалї»-ро аз дохили њиссањои нутќ људо мекунад. Ѓайр аз ин ў ягонагии маънои лексикиву грамматикиро низ ќайд мекунад. Калимасозиро фанни људогонаи лингвистика шуморида, чор навъи он: морфологї, морфологї-синтаксисї, лексикї-синтаксисї ва лексикї-семантикиро нишон медињад.
    МАВЗЎИ 10. ЗАБОНШИНОСИИ ТОҶИК

    Баъди барќарор гардидани њокимияти шўравї дар Тољикистон олимон ва забоншиносон кўшиш мекунанд, ки халќро њар чї тезтар саводнок кунанд. Бо ин маќсад соли 1928 ба љои алифбои арабї алифбои лотинї ва соли 1940 алфавити њозира, крилиста кабул карда мешавад. Нимаи дуюми солњои бист ва аввали солњои сиюми асри ХХ дар атрофи забони тољикї ва алифбо бањсу мунозирањои зиёде ба амал меояд. Фикрњои гуногун баён карда мешаванд.

    Доир ба ин масъалањо чандин маќола ва баромадњои зиёиёни равшанфикри он замон- С.Айнї, А.Фитрат, Т.Зењнї, С.Ализода, Б.Азизї, О.Исматї, Р.Њошим, А.Мунзим, Е.Н.Бертелс, М.С.Андреев, Б.Дяков, А.Дењотї, Бектош, Ф.Аълозода, В.Валихўљаев ва дигарон дар сањифањои рўзномаву маљаллањо ба табъ мерасанд.

    Пеш аз Инќилоби Октябр ва баъди он њам дар Осиёи Миёна ду љараёни миллатгаро- пантуркистон ва эронпарастон, мављудияти халќи тољик ва забони онро инкор мекарданд. Пантуркистон мегуфтанд, ки тољикон њам асосан турк буда, ба таъсири форсњо монда тољик шудаанд. Эронпарастон бошанд, маданияту адабиёти тољикро «Як лањљаи вайроншудаи забони форсї» ќаламдод намуда, мегуфтанд, ки тољикон забони адабї надоранд.

    Давлати Советї ба ин аќидањо зарба зада, таъкид намуд, ки дар њудуди Осиёи Миёна халќи тољик аз ќадим сукунат дорад ва миллати мустаќил аст. Устод С.Айнї бо маќолањои зиёд махсусан асари худ «Намунаи адабиёти тољик» ин фикрро тасдиќ кард ва ба дањони иѓвогарон мўњри хомўшї зад. Талаби аввалине, ки сохти нави шўравї дар назди њамаи халќњову миллатњо гузошт, њарчи зудтар саводнок намудани ањолї буд, зеро ба аќидаи сарвари Давлати Шўравї В.И.Ленин дар сарзамине, ки ањолияш саросар бесавод бошад, љамъияти сотсиалистиро сохтан душвор аст.

    Барои ин вазифаро зудтар амалї намудан алифбои нисбатан осоне лозим буд, ки тамоми савтиёти забони тољикиро инъикос намояд. Бањсу мунозираи аввал доир ба ин гуна алифбо нигаронида шуда буд.

    Аксари иштироккунандагони мубоњиса ба чунин хулоса омаданд, ки хати арабї бинобар номувофиќї ба хосияти савтиёти забони тољикї, сераломатию мураккабї талабот ва эњтиёљоти њаёти навро пурра ќонеъ кунонида наметавонад. Устод С.Айнї њам дар маќолаи худ «Дунёи нав ва алифбои нав» (1927) иваз намудани алифборо зарур мешуморад. Гурўњи муќобил таъкид мекарданд, ки табдили алифбои араб боиси ќатъи алоќа бо мероси гузашта шуда, баробари ин робитаи мардуми тољикро бо њамзабонони хориљї аз байн мебарад. Њукумати Тољикистон ва ташкилоти њизбии он муњим ва бисёр нозук будани масъаларо ба эътибор гирифта, Комитети алифбои нав таъсис дод ва онро вазифадор кард, к ибо назардошти хусусиятњои овозї ва грамматики забони тољикиро ба назар гирифта, фикри худро доир ба алифбои нав пешнињод намояд.

    Комитети алифбо дар асоси хати лотинї ќабул намудани алифбои навро пешнињод намуд. Солњои 1928-1930 халќи тољик ба алифбои нави лотинї гузашт. Бо ёрии хати нав дар муддати кўтоњ тамоми халќ соњиби хату савод гардид. Кадом хат овозњои забонро пурра инъикос карда тавонад, њамон хатро ќабул кардан бењтар мебошад. Мутахассисон дарёфтанд, ки алифбои криллї пурра овозњои забони тољикиро инъикос карда метавонад, бинобар он соли 1940 тољикон ин хатро пазируфтанд.

    Дар ин давра байни равшанфикрон дар атрофии забони адабии нав бањсу мунозирањо мерафт. Дар ин масъала њам ањли мубоњиса ба ду гурўњи ба њам зид људо шуда буданд.

    Гурўњи якум таклиф карда буд, ки забони матбуоти форси Эрон њамчун асоси забони адабии миллии тољик ќабул карда шавад.

    Гурўњи дигар мегуфтанд, ки ба асос бояд забони умумихалќии тољикї гузошта шавад, чунки забони муосири форсї барои њамаи форсзабонон (Афѓонистон, Њиндустон ва Эрон) умумї нест. Устод С Айнї тарафдори фикри дуюм буд ва таъкид мекард, ки забони форси имрўза аз забони халќ хеле дурр шудааст, ќариб 60.70 фоизи онро калима ва таъбирњои арабї ташкил медињанд.

    Соли 1930 дар Сталинобод анљумани илмии лингвистї баргузор гардид ва натиљањои бањсу мунозирањоро доир ба асоси адабї љамъбаст намуда, ќарори дахлдор ќабул кард. Ва таъкид карда шуд, ки забони Рўдакї, Даќиќї ва дигар устодони сухан, ки дар Миёнкол зиндагї ва эљод кардаанд, бењтарин намунаи забони адабии классики халќи тољик мебошад ва њамин забони мављударо бо камее ислоњу такмил дар иљрои вазифањои сотсиалистї мувофиќат бояд кард ва ќайд карда шуд, ки њар ќадар забони адабї ба забони умумињалќї наздик бошад, њамон ќадар вазифаи худро ба пуррагї адо карда метавонад.

    Хулоса, анљумани илмии лингвистї дар таъин кардани асос ва сарчашмаи ташаккули забони адабии миллии тољик роли калон бозид.

    Дар ин солњо навиштани ва таълифи китобњои дарсї аз забони тољикї сар мешавад. Он китобњо хеле оддї ва содда буданд, њамаи масъалањои сарфу нањвро дар бар намегирифтанд. Китобњои аввалин ба ќалами С.Ализода, Б.Њољизода, Њ.Баќозода, Т.Зењнї, Л.Бузургзода, А.Мирзоев тааллуќ дошта бошанд, баъдтар дар таълифи он Б.Ниёзмуњаммадов, Ш.Ниёзї, Н.МАъсумї, А.Каримов, Ш.Рустамов сањм гузоштанд.

    Китоби дарсии забони тољикї барои донишљўён бори аввал бо номи «Грамматикаи забони тољикї» соли 1956 (фонетикаву морфология) ва соли 1963 (синтаксис) дар тахрири Б.Ниёзмуњаммадов, Ш.Ниёзї, Д.Тољиев, М.Исматуллоев чоп мешавад. Омўзиши њаматарафаи масъалањои гуногуни забони тољикї аз солњои панљоњум сар мешавад. Дар ин давра баробари тадќиќотњои масъалањои гуногуни лексика, фонетика, морфологияву синтаксис ва маданияти нутќ ба омўзиши забони асарњои адибони људогона, масъалањои гуногуни таърихи забон ва инчунин омўзиши шевахои забони тољикї машѓул мешаванд. Њоло доир ба масъалањои мухталифи забоншиносии тољик асару монографияњои зиёде нашр шудаанд. Њамаи ин имконият дод, ки грамматикаи илмї бо номи («Грамматикаи забони адабии њозираи тољик» иборат аз се љилд)навишта шавад.

    Тадќиќ ва омўзиши љиддии забони тољикї асосан аз аввали солњои панљоњуми асри 20 сар мешавад. Илми забон хеле мураккаб буда, ба бахшњои алоњида људо мешавад.

    Бахши лексикология. Ин ќисмати забоншиносї масъалањои хеле гуногунро дар бар мегирад. Калима маркази илми забон мебошад, вай аз як тараф бо овозњо, фонемањо ва морфемањо ва аз тарафи дигар, бо таркибу ибора ва љумлањо алоќаи зич дорад. калима воњиди таѓйирёбандатарини забон аст, зеро баробари таѓйиру инкишофи љамъият вай њам таѓйир меёбад ва њама гунна дигаргунии њаёти љамъиятро ба худ инъикос мекунад.

    Минбаъд таваљљўњи муњаќќиќонро лексикаи касбу њунар ба худ љалб намуда, доир ба лексикаи сарулибос, дўзандагї, гулдўзї, таомњо, косибї, њунармандї, боѓдорї тадќиќотњои људогона ба амал омадаанд.

    Яке аз роњњои бой гардидани таркиби луѓавии забон иќтибоси калимањо аз забонњои дигар мебошад. Ин мавзўъ низ таваљљўњи муњаќќиќони тољикро ба худ љалб кардааст. Ба забони тољикї аз забонњои зиёд калима иќтибос шудааст. теъдоди калимањои забонњои арабї ва русї хеле зиёд аст.

    Бахши фонетика. Муњаќќиќони тољик ба омўзиши овозњо аз солњои бистуми асри 20 сар кардаанд. Дар он давра ба сабаби ба алифбоњои лотинї ва криллї гузаштан ин масъала мавриди омўзиш ќарор гирифта буд. Муносибати илми фонетика бо илмњои дигар, методњои омўзиши овозњо, љињатњои акустикї, тавлидї, лингвистии овозњо, ќоидањои њиљосозию њиљотаќсимкунї, намудњои зада ва оњанг низ мадди назари муњаќќиќон дур намондааст. Дар тадќиќи масъалањои фонетикаи забони тољикї сањми проф. Т.Хаскашев калон аст.

    Бахши морфология. Масъалаи асосии морфология муайян намудани њиссањои нутќ, љињатњои семантикї ва грамматики онхо, категорияњои грамматики њар як њиссаи нутќ, калимасозии њиссахои мустаќили нутќ мебошад. Доир ба исм, сифат, љонишин, феъл, зарф, пешоянду пасоянд, пайвандак ва њиссачањо тадќиќотњои алоњида таълиф ёфтанд.

    Бахши синтаксис. Ин ќисмати забоншиносї муњиматарин бахши илми забон мебошад, зеро вазифаи асосии забон муоширати байни одамон ва ифодаи фикр аст ва ин ду вазифа ба туфайли љумла, ки воситаи асоси омўзиши синтаксис аст, амалї мегардад. Шояд ба њамин сабаб бошад, ки дар забоншиносии тољик ба ин масъала таваљљўњи зиёд додаанд. Ба вазифаи омўзиши синтаксис ибораву љумла ва навъхои алоќаи байни калимањову љумлахо медарояд.

    Бахши забон ва услуби адибон. Тадќиќ ва омўзиши забон услуби асарњои људогонаи адибони муосир муосир ва классик як љињати муњими илми забоншиносии имрўза мебошад, зеро забони адиби људогона љузъи забони адабии тољик мебошад. Дар омўзиш на танњо љињатњои ба худ хоси забони ин ё он адиби људогона, балки роњи инкишоф ва такмили забони адабии умумї низ муайян карда мешавад. Дар забоншиносии тољик забон ва услуби повестњои «Марги судхўр», «Одина» ва очерки «Ќањрамони халќи тољик Темурмалик»-и устод С.Айнї, романи «Одамони љовид»-и Р.Љалил, њикояњои Њ.Карим, забон ва услуби Ањмади Дониш њаматарафа тадќиќ гардидаанд.

    Бахши муќоисаи забонњо. Ба таври ­­­­муќоиса омўхтани забонњо яке аз методњои санљидашуда дар илми забоншиносї мањсуб меёбад. Дар њолати бо методу усулњои мазкур тадќиќ намудани забонњо ошкор мегардад. Дар њолати бо методу усулњои мазкур тадќиќ намудани забонњо љињатњои умумї ва хусусиятњои људогонаи њар як забон ошкор мегардад. Бо ин роњ ягон ќисмат ва ё тамоми љињатњои забон ба таври муќоиса омўхта мешавад.

    Забоншиносии тољик њам аз ин тарзу усули омўзиш васеъ истифода намуданд. Дар забоншиносии тољик бо ин усул асосан ягон маъсалаи мушаххаси забонї ба љодаи тадќиќ расидааст. Ин тарзи омўзиш бештар дар навиштани рисолањои номзадиву докторї корбаст гардидааст.

    Бахши шевашиносї. Шева як шохаи забони умумихалќї буда, бо

    асоси худ – забони адабии миллї алоќаи зич дорад. яке аз сарчашмањои бой гардидани таркиби луѓавии забон ин маводи шевањост. Муњаќќиќони тољик ба ин ќисмати илми забоншиносї таваљљўњї махсус зоњир намудаанд. илми забоншиносии тољик бо омўхтани шевахо оѓоз гардидааст. Дар ин кор тољикшиносони рус- В.С.Расторгуева, А.З.Розенфелд, Р.Л.Немонова, А.Л.Хромов сањми калон доранд.
    1   2   3   4   5   6   7


    написать администратору сайта