забон.умуми_Собирова_М. Комплекси таълимї методї аз фанни забоншиносии умумї барои донишёни курси 1 ихтисоси забони англисї
Скачать 119.96 Kb.
|
МАВЗЎИ 1. МАҚСАД ВА ВАЗИФАИ ОМӮЗИШИ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ. ТАЪРИХИ ЗАБОНШИНОСӢ Забоншиносии умумӣ аз фанҳои асосии назариявии донишҷўёни суханшинос маҳсуб меёбад. Фанни мазкур пас аз фаро гирифтани тамоми зинаҳои забоншиносӣ мисли овошиносӣ, вожашиносӣ, морфология, синтаксис, таърихи забон, шевашиносию услубшиносӣ омўзонида мешавад. Забоншиносии умумиро назария ва ё фалсафаи илми забон ҳам меноманд, зеро он ақоиди мухталифи донишмандони соҳаҳои гуногун мисли забоншиносон, философҳо, ҷомеашиносон ва ғ., ки аз даврони қадим то имрўз оид ба ташаккули забон матраҳ кардаанд, фаро мегирад. Мисли фунуни дигар забоншиносии умумӣ низ объекти омўзиши худро дорад. Он сохт оризабонро, ки аз фонетикаю лексикология, калимасозию морфология ва синтаксис иборат аст, мавриди пажўҳиши вижа қарор медиҳад. Бояд гуфт, ки чунин таснифот на ба ҳамаи забонҳои дунё хос аст, ҳарчанд ҳамаи забонҳо дорои чунин сохт доранд. Ҳини омўхтани фанни забоншиносии умумӣ мавҷудияти ҳар як забони алоҳида ва ҷиҳати иҷтимоии ин забонҳо низ мадди назар аст. Забоншиносии умумӣ инчунин равияву ҷараёнҳои забоншиносӣ, мактабҳо ва методҳои тадқиқотӣ, вариантҳои лингвистика, аз қабили забоншиносии муқоисавӣ-таърихӣ, забоншиносии тасвирӣ, структурӣ, тасвирӣ (дескрептивӣ), этнолингвистика, психолингвистика, фонетикаи таҷрибавиро меомўзад. Мусаллам аст, ки ҳар як забони рўи дунё бо мухтассоташ аз забонҳои дигар фарқ мекунад. Ин чунин маъно надорад, ки умумият дар забонҳо тамоман мушоҳида намегардад. Чунин муштаракро метавон дар сохт, вазифа, алоқа, таърих ва м. инҳо мушоҳида кард. Дар сурати мавҷуд набудани чунин муштаракот муносибати халқҳои гуногунзабон, тарҷума аз як забон ба забони дигар, дастрасӣ ба сарчашмаҳои хаттии таърихӣ, ки, бешак, собиқаи чанди нҳазорсоларо дорад, ғайриимкон аст. Умумияти забонҳоро метавон ба гунаи зайл дастабандӣ кард: 1.Тамоми забонҳо ҳамчун воситаи асосии муносибати алоқаи миёни инсонҳо шинохта мешаванд; 2. Дар ташаккул ва ифодаи фикр хизмат мекунанд; 3. Аз овозҳо, калимаҳо ва грамматика иборат буда, калимаҳо маъноро ифода карда метавонанд; 4. Гунаи гуфтугўӣ ва хаттӣ дошта метавонанд, вале шакли хаттии онҳо дар давраи муайяни тараққиёт ба амал меояд; 5. Мувофиқи шароити таърихӣ шакли адабӣ ва услуби хос дошта метавонанд. Вазифаи фанни забоншиносии умумӣ умумият ва фарқи забонҳоро нишон додан аст. Аз ин рў, забоншиносии умумӣ чун қисмати ҷудогонаи лингвистика омўхта меша вад. Дар гузашта забоншиносии муқоисавӣ - таърихӣ асоси илми забон ва инчунин забоншиносии умумӣ фаҳмида мешуд. Тадқиқи ҳозираи забонҳо имконият медиҳад, ки забоншиносии умумиро аз забоншиносии муқоисавӣ-таърихӣ фарқ намоем. Вазифаи забоншиносии умумӣ танҳо ҷамъ намудани маводҳои забонҳои дунё набуда, балки нишон додани умумиятҳо, фаразияҳо ва қонуниятҳоест, ки ҳам ба забонҳои зиёд ва ҳам ба забони ҷудогона мувофиқат кунад. Чунин қонунро дар асоси материали як забон ва ё якчанд забон дидан мумкин аст, зеро чунин хулосаву қонуну қоидаҳо ба аксари забонҳо мувофиқат мекунанд. Забоншиносии умумӣ аз забонҳо он ҳодисаҳоеро қабул мекунад, ки ба қонуни умумии забонҳо мувофиқ меоянд. Масоили меҳварии фанни забоншиносии умумӣ, ки вижагии умумӣдоранд, таълимдодамешавад: А) Муайян намудани объекти лингвистика; Б) Масъалаи сохт ва структураи забон ва муносибати дохилии байни он структураҳо; В) Муайян намудани функсияҳои забон; Г) Тараққиёти таърихии забон, шароити дохилӣ ва берунии тараққиёти забон; Ғ) Аломатнокии забон ва фарқи он аз системаи аломатҳои дигар; Д) Ҷиҳати универсалии забонҳо ва таснифоти забонҳои дунё; Е) Илми забон, методҳои он, сохти дохилӣ ва алоқаи берунии он ва аз ҷумла муносибати забон бо улуми дигар; Таърихи забоншиносӣ. Дорои таърихи худро доштани ҳар як илм маълум аст ва забоншиносии умумӣ низ аз он истисно нест. Донистани таърихи ҳар як илм, бешак, дар кашфи асрору манзараи таҳаввул ва ташаккули он заминаи басо муфидро мегузорад. Аз ин рў, таърихи забоншиносии умумиро шартан метавон ба тариқи зайл дастабандӣ кард: Аз давраҳои қадим то асри 18; 2. Пайдоиши забоншиносии муқоисавӣ-таърихӣ ва фалсафаи забон (охири асри 18 ва аввали асри 20); 3. Забоншиносии мантиқӣ ва психологӣ (миёнаи асри 19); 4. Неограмматистҳо ва сотсиологияи забон (охири асри 19 ва аввали асри 20); 5. Забоншиносии ҳозира ва структурализм (солҳои 30-60 асри 20). Албатта, ҳар як аз ин давраҳо боз ба давраҳои хурдтар ҷудо мешаванд ва ҳар яки онҳо дорои методу мактабҳои худ мебошанд. Давраи аввал фарогири 20 аср буда, дар он марҳила ба марҳила таҳкурсии илми забон пайдо мегардад. Забоншиносии муосир бе назардошгти давраи мазкур тасаввурнопазир аст, зеро дар ин давра қариб тамоми мушкилоти мансуб ба илми забон ҳаллу фасл шуда, барои ҳалли минбаъда манзур гардид. Бояд гуфт, ки ин давра аз ҷониби муҳаққиқон дар навбати худ ба се марҳила: филологияи қадимаи классикӣ, забоншиносии асрҳои миёна ва давраи таҷаддуд (возрождение), инчунин забоншиносии асрҳои 17-18 тақсим карда шудааст. Истилоњи «филология» баромади юнонї дошта, аз ду љузъ: philos («дўстдор», «дўст») ва logos («таълимот») иборат аст ва маънои «муњаббат ба калима, сухан»-ро дорад. Дар Юнони ќадим, ки њанўз њадди илмњои мухталифи баъдина ба таври мушаххас муайян нагардида буд, тањти истилоњи номбурда ашхосе фањмида мешуд, ки ба сухану дониш мењри беандоза доштанд. Дар адвори баъдина, ки раванди тафовути улуми гуногун ривољ гирифт, маънову моњияти ин истилоњ ба таѓйирот дучор гардида, манбаи омўзиши филологњо таълифоти муаллифони ќадима ќарор гирифт. Аз ин рў, акнун тањти калимаи «филолог» онњое фањмида мешуд, ки бо хонишу шарњи мутуни адабии ќадима машѓул буданд. Дар рушду равнақи забоншиносӣ филологияи Ҳинду Юнон таъсири боризе гузоштаанд. Забоншиносӣ дар Ҳиндустони қадим. Ҳиндустонро гаҳвораи илми забоншиносӣ гуфтан мумкин аст. Барои ҳиндуҳо омўзиши забон ҷиҳати амалӣ дошт. Азбаски гимнҳои динии қадимаи ҳиндуҳо – Вед ва Ригведа 1500 сол пеш аз милод бо забони санскрит навишта шуда буданд ва дар асрҳои 5 пеш аз милод аз забони гуфтугўии ҳамонвақтаи ҳиндӣ – пракрит хеле фарқ мекард, кўшиши барқарор намудан ва омўзиши забони санскрит шурўъ мешавад. Кутубе, ки ба масоили забон марбут буданд, «веданг» меномиданд. Китобе, ки оид ба системаи овозҳо ва тарзи талаффуз маълумот диҳад, «шикша», ба грамматитка мутааллиқ бошад, «вякарана», хоси вожашиносию этимология бошад, «нирукта» мегуфтанд. Яке аз забоншиносони машҳури Ҳиндустон Панини буд, дар асри 4 пеш аз мелод умр ба сар бурдааст. Панини муаллифи граматикаи санскрити қадима мебошад, ки номи он «Аштадҳё» («Ҳашткитоб») ном дошта, аз чор ҳазор қоидаҳои хурди шеърӣ иборат аст. Забоншиносони дигари Ҳиндустон Вараручи Катяна (асри 111 п.а.м.), Бхартхари (а.1), Хемачандра (12), ва Вопадев (а.13) мебошанд, ки Вараручи ба грамматикаи Панини шарҳ навишта, гарамматикаи забони пракритро тартиб додааст. Аз ҷониби забоншиносони Ҳиндустон ҳаматарафа системаи овозҳо омўхта шуда, ҳатто ҷараёни ҳосилшавии онҳо низ ба таври густарда мавриди пажўҳиши вижа қарор гирифт. Яке аз сабабҳои асосии муфассал омўхтани овозҳо аз он иборат буд, ки ба назари онҳо гимнҳои муқаддаси Вед ҳамон вақт вазифаи динӣ, сеҳрҷодуии худро адо мекунанд, ки калимаҳо саҳеҳ ва пурра талаффуз карда шаванд. Оид ба масъалаи шинохти мавзўи морфология низ забоншиносони ҳиндӣ фикрҳои басо ҷолибро матраҳ кардаанд. Онҳо чор ҳиссаи нутқро нишон дода буданд: ном (наман), феъл (акуҳата), пешоянд (упасарга) ва ҳиссача (нипата). Забоншиносони ҳиндӣ калимаро ба реша (дҳату), суффикс (пратуайа) ва бандак (вибҳакти) ҷудо мекарданд. Ниҳоят, забоншиносии ҳиндӣ дар пешрафти забоншиносии Хитой, Арабистон, Юнон ва Аврупо заминаи ҷиддиеро фароҳам овард. Забоншиносӣ дар Юнони қадим. Аз таърих равшан аст, ки сарчашмаи пайдоиши аксари улуми мухталиф аз Юнон сар задааст ва илми забоншиносӣ низ истисно нест. Омўзиши забон дар Юнон баръакси забошиносии Ҳиндустон ҷанбаи назариявӣ дошт. Яке аз масоили асосие, ки таваҷҷўҳи философҳоро ба худ ҷалб карда буд, ин муносибати байни предмету ном буд. Ба ақидаи Гераклит (540-480 то м.), ҳар як калима бо предмети ифода мекрдагиаш алоқаи зич дорад. Олими дигар Демокрит (460-370 то м.) баръакс таъкид мекунад, ки ном шартӣ буда, ба предмет ҳеҷ гуна алоқаи маъноӣ надорад. Яке аз забоншиносони Юнони қадим Аристотел (384-322 п.а.м.) буд. Ў масоили граммтикаро дар алоқамандӣ бо мантиқ омўхтааст. Аристотел аз ҳиссаҳои нутқ исму феълро асосӣшуморида, исмро бо мубтадо ва феълро бо хабар як шуморидааст. Стоикҳо, ки намояндагони яке аз мактабҳои фалсафаи Юнони қадим буданд, доир ба масоили мухталифи илми забон, аз ҷумла грамматика чунин корҳоро анҷом доданд: А) Истилоҳи «ҳиссаҳои нутқ»-ро аз мантиқ ба забон ҷорӣ намуданд. Б) Зарфу артиклро шинохтанд. В) Исмро ба хосу ҷинс ҷудо намуданд, вале ду ҳиссаи нутқ шумориданд. Г) Панҷ падежро нишон дода, ба онҳо ном доданд: и.п., р.п., д.п., в.п. ва з вателный падеж. Ғ) Дар забони юнонӣ 24 ҳарфро нишон дода, онҳоро ба садоноку ҳамсадо ҷудо кардаанд. Д) Се ҷиҳати ҳарфро: овоз, ном ва тасвири онро нишон додаанд. Е) Дар забон мавҷудияти шеваю лаҳҷаро таъкид карданд. Забоншиносӣ дар Рим. Такягоҳи асосии забоншиносии Рим ақоиди забоншиносии Юнони қадим аст. Забоншиносони римӣ дар грамматика қисмати услуб ва падежро, ки дар забони юнонӣ набуд, илова мекунанд. Ин корро Юлий Сезар кардааст. Аз забоншиносон Элий Стило, Марк Варрон, Элия Донат, Приссион, Верий Флакк ва Помпей Фестро ном бурдан мумкин аст, ки грамматикаи забони лотиниро тартиб додаанд. МАВЗЎИ 2. ЗАБОНШИНОСӢ ДАР АСРҲОИ МИЁНА. ЗАБОНШИНОСИИ ФОРСУ ТОҶИК Асрҳои миёна давраи тўлониро дар бар мегирад. Он аз соли 476, вақте ки ҷоҳилон Римро ғорат мекунанд ва оташ мезананд, сар шуда, то соли 1492 – кашфи Америка аз тарафи Колумб, давом мекунад. Ин давра дар таърих сукути ақлонӣ дар тамоми соҳаҳо ва аз ҷумла забоншиносӣ номида шавад ҳам, ба халқҳои эронинажод он қадар мувофиқат намекунад, зеро бисёр адибон ва мутафаккирони машҳури мо, аз қабили Абўабдулло Рўдакӣ, АбулқосимФирдавсӣ, Носири Хусрав, Умари Хайём, Низомии Ганҷавӣ, Саъдӣ, Хофиз, Камол, ШамсҚайсиРозӣ, Ҷомӣ, ЗакариёиРозӣ, Абўнасри Форобӣ, Сино, Ғаззолӣ, Берунӣ ва садҳо олимони дигар дар ҳамин давра умр ба сар бурдаанд. Дар асрҳои миёна европоиҳо танҳо забони лотиниро меомўхтанд. Забони лотинӣ ҳамчун забони илм ва дин забони ягонаи халқҳои Европа дониста мешуд. Дар ин давра римиҳо пасванд ва вазифаи онро муайян намуданд. Ҳиссаҳои нутқи номро ба исму сифат ҷудо намуданд. Забоншиносӣ дар Арабистон. Забони арабӣ барои халқҳои гуногунзабон, ки дини исломро қабул карда буданд, забони ягонаи дин ва китобат ба шумор мерафт. Аксари муҳаққиқон Абў Асвод Дуалиро асосгузори илми забоншиносии араб мешуморанд. Забоншиносони араб дар се марказ фаъолият доштанд. Мактаби забоншиносии Басра соли 636 ва Кўфа соли 638 ба амал меояд. Соли 762 шаҳри Бағдод маркази хилофати Аббосиён мегардад ва маркази забоншиносии сеюм пайдо гардида, баъзе забоншиносони мактабҳои дигар ба ин ҷо меоянд. Асари Халил ибни Аҳмади Басрӣ «Китоб–ал- ъайн» то замони мо нарасидааст, вале аз рўи асари«ал- Китоб»- и Сибавайҳ маълум мешавад, ки Аҳмади Басрӣ бунёдгузори арўзи арабӣ буда, сохтори калимаҳои арабӣ, овозҳои ҳамсадо, садонокҳои кўтоҳ, хасоисисифатию миқдории онҳо (аз қабили овозҳои ҳалқӣ, забонӣ, дандонӣ) нишон додааст. Сибавайҳ ё ки Абў Бишр Амр ибни Усмон ибни Қимбор худ форс буда, дар мактаби забоншиносии Басра фаъолият доштааст. Ўро эрониҳоСебўя меноманд. «Ал-Китоб» аз 568 фасл иборат буда, доир ба бисёр масоили забон маълумот медиҳад. Сибавайҳ ҳиссаҳои нутқро мисли забоншиносони дигари араб ба се гурўҳ ҷудо кардааст: исм, феъл, ҳиссача (ҳуруф). Арабҳо ҷумла гуфта тартиби калимаҳоеро дар назар доштанд, ки фикри ба итмом расидаро фаҳмонида, аз рўи қонунияти муқаррарӣ ба ҳам омадаанд. Ҷумла ҳадди ақал аз ду калима тартиб меёбад. Арабҳо калимаро аз рўи сохту таркиб, семантика, пайдоиш ва дараҷаи истеъмол тасниф намудаанд. Таъсири ақидаи забоншиносии араб на танҳо ба халқҳои форсу тоҷик, балки ба халқҳои Европа низ хеле калон аст. Масалан, европоиҳо мафҳуми решаро аз арабҳо фаҳмиданд, чунки инро юнониҳо вуримиҳо ҳоло намедонистанд. Забоншиносии форсу тоҷик. Забони тоҷикӣ ҳамчун фанни алоҳида то Инқилоби Октябр таълим дода намешуд, зеро ин фан ба таври ҷудогона вуҷуд надошт. Ба сифати китоби дарсӣ дар мактабу мадрасаҳо грамматикаи забони арабӣ таълим дода мешуд. Вале ин маънои онро надорад, ки гузаштагони халқи тоҷику форс доир ба масоили забон чизе нагуфтаанд. Маълум аст, ки забони арабӣ дар мамлакатҳое, ки дини исломро қабул карда, ба хилофати араб дохил шуда буданд, чун забони дину илм пазируфта шуда буд. Забоншиносии форсу тоҷик дар асрҳои миёна бештар хусусияти амалӣ дошт, зеро мақсад пажўҳишу омўзиши қонунҳои забон, шарҳу маънидоди ҳодисаҳои ҷудогонаи забон беғалат қироат кардану навиштани матн буд. Дар бунёди илми забоншиносии форсу тоҷик хизмати донишмандони илму фарҳанги он - Сино, Насируддин Тўсӣ, Шамси Қайси Розӣ ва Хоҷа Ҳасани Нисорӣ бағоят бузург аст. Абўалӣ ибни Сино бо таълифи рисолаи илмии «Махориҷ-ул-ҳуруф» ва «Донишнома»- и худ пойдевори забоншиносии форсу тоҷикро гузошта бошад, Насируддини Тўсӣ бо асарҳояш «Асос-ул-иқтибос» ва «Меъёр-ул-ашъор» он пойдеворро боз ҳам мустаҳкам намуд. Шамси Қайси Рози бо таълифи «ал- Мўъҷам» ба дастурнависии форсу тоҷик асос гузошт. Хоҷа Ҳасани Нисорӣ бошад, дар «Чаҳоргулзор»-и худ ҳамаи ин фикру ақидаҳоро ҷамъбаст намуд. Абўалӣ ибни Сино доир ба системаи овозҳо бо номи «Махориҷ-ул-ҳуруф» (соли 1024) бо забони арабӣ асаре эҷод мекунад. Ин асарро забоншинос АхвледианӣВ.Г. бо номи «Рисолаи фонетики Авитсена» соли 1966 ба русӣ тарҷума мекунад. Носири Хусрав (1004-1088), ки яке аз адибони маъруфи адабиёти классикист, доир ба масоили забоншиносӣ ҳам фикру ақида баён намудааст. Ин дар асрҳояш- «Ҷомеъ-ул-ҳикматайн» ва «Зод-ул-мусофирин» баён гардидааст. Насируддини Тўсӣ (1201-1272) яке аз бузургтарин файласуфи форсу тоҷик буда, бисёр илмҳои замонаашро медонист. Дар ташкили калимаву ҷумласа ҳамаи овозҳо хеле муҳиманд. Ў низ овозҳоро ба сомитумусавват ҷудо мекунад. Олимони асримиёнагӣ ҳамсадоҳоро ба истилоҳи ҳуруф, садонокҳои дарозро бо вожаи «мамдуд» ва кўтоҳро бо истилоҳи «мақсур» ва ё «ҳаракат» ифода намудаанд. Марҳилаи дуюми инкишофи забоншиносии тоҷик ба номи донишманди улуми адабӣ Шамси Қайси Розӣ сахт алоқаманд мебошад. Асари ў «ал- Мўъҷам» буда, он ба илми сегона: арўз, қофия ва бадеъ бахшида шудааст. Дар ин асар хусусиятҳои луғавӣ, сарфию наҳвии забони адабии тоҷикиро мухтасаран вобаста ба илми арўзу қофия ва бадеъ шарҳу эзоҳ додааст. Донишманди дигари асримиёнагии форсу тоҷик Абўнасри Форобӣ илмҳоро гурўҳбандӣ намуда, онҳоро ба панҷ гурўҳ ҷудо мекунад ва дар ҷои аввал илми забонро мегузорад. Илми забонро дар навбати худ ба ҳафт бахш ҷудо мекунад: 1) илм дар бораи калимаҳои содда; 2) илм дар бораи ҷумла; 3) илм дар бораи қонунҳои калимаҳои содда; 4) илм дар бораи қонунҳои ибораю ҷумла; 5) илм дар бораи қоидаҳои имло; 6) илм дар бораи қонунҳои талаффузи саҳеҳи калимаҳо ва 7) илм дар бораи қонунҳои шеър. Яке аз симоҳои барҷастаи илму фарҳанг дар асрҳои миёна Маҳмуди Омулӣ мебошад. Асари ў «Нафоис-ул-фунун» соли 1342 таълиф шудааст. Дар ин аср доир ба 120 илм маълумот медиҳад. Яке аз илмҳо адабиёт буда, масоили гуногуни забоншиносӣ ҳам дар он ҷой дода шудааст. Ў муродифотро хуб медонист, вале калимаҳои забонҳои гуногунро дар ифодаи якмаъно муродиф мешуморид, ки ба фаҳмиши забоншиносии имрўза мувофиқат намекунад. Масалан, мафҳуми об дар арабӣ моъ, ҳиндӣ понӣ ва туркӣ сув ва ғ. Хоҷа Ҳасани Нисорӣ (1516-1627) яке аз шахсиятҳои бузурги илму фарҳанги асри 16 мебошад. Ў баробари шоиру нависандаи тавоно, тазкиранигори беҳамто буданаш дар улуми ҳадис, қироати Қуръон, нуҷум ва ҳайъатро хеле хуб аз бар карда будааст. Афкори забоншиносии форсу тоҷик дар дуравия шакл гирифта инкишоф ёфтааст: якум, бо таълифи фарҳангҳо, баҳси назариявӣ дар кутуби фалсафӣ ва таълифи рисолаҳо; дуюм, шарҳи дастурии асосҳои қонуни бахшҳои мухталифи забон аз қабили савтиёт, луғат, калимасозӣ, наҳвиёт ва услубиёт. Ба гурўҳи якум «Луғатифурс»- и Асадии Тўсӣ, «Сиҳоҳ-ул-фурс»-и Ҳиндушоҳи Нахҷувонӣ ва «МеъёриҶамолӣ»-и Муҳаммад Фахрии Исфаҳонӣ дохил мешавад. Ба гурўҳи дуюм асарҳое дохил мешаванд, ки масоили забон дар муқаддимаву ҳошияҳои китобҳои марбут ба арўз, қофия, бадеъ, мисолҳои фалсафӣ ва забоншиносӣ оварда мешаванд. Аз таҳлили маводҳое, ки доир ба забони форсӣ–тоҷикӣ бахшида шудааст, маълум мешавад, ки қайдҳо доир ба забон дар фарҳангномаҳо, китобҳо доир ба фалсафаю мантиқ, асарҳои улуми сегона–арўз, қофия, бадеъ ва инчунин баъзе дастурҳои ҷудогона дода шудааст. Ҳамаи онҳо вобаста ба забоншиносии араб баён гардидаанд. Маълумотҳо пароканда буда, ситемаи муайян надоранд ва аз ин рў, забоншиносии тоҷик ба маънои пуррааш баъди Инқилоби Октябр ба амал меояд. МАВЗЎИ 3 - 4. ЗАБОНШИНОСИИ МУҚОИСАВӢ-ТАЪРИХӢ. ПАЙДОИШИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ Дар асри 19 як гурўҳ олимони мамлакатҳои ҷудогона бехабар аз кори ҳамдигар дар як вақт умумияти забонҳои гуногунро нишщон дода, ба хулосае омадаанд, ки ин гуна умумияти забонҳои гуногунро нишон дода, ба хулосае омадаанд, ки ин гуна умумият хешигарии забонҳоро мефаҳмонад. Ҳамаи ин забонҳо аз як забон ба амал омада, бо мурури замон забони мустақил гардидаанд. Дар натиҷа грамматикаҳои муқоисавии ҳиндуаврупоӣ, сомӣ ва угрофинӣ ба вуҷуд омаданд. Дар ин кор методи муқоисавӣ – таърихӣ роли ҳалкунанда бозид. Натоиҷи методи муқоисавӣ-таърихӣ ба забоншиносии умумӣ асос гузошт. Ҳамин тариқ, дар аввали асри 19 илми мустақили забоншиносӣ ба амал меояд, яъне аз филология, фалсафа ва таъриху табиат ҷудо мешавад. Методи муқоисавӣ-таърихӣ бо роҳи муқоисаи маводи забонҳо на танҳо таърихи он забонҳоро, балки қонуниятҳои тараққиёти онҳоро нишон медиҳад ва бо ҳамин забоншиносиро аз олами тахмину фаразия ба илми муайян, саҳеҳ ё ки аниқ мубаддал менамояд. Асосгузори методи муқоисавӣ-таърихӣФ. Бопп, Р.Раск, Я.Гримм, А. Востоков ва дигарон бошанд, бо забоншиносии умумӣ Вилгелм Гумболдт асос гузоштааст. Франс Бопп (1791-1867) забоншинос ва ҳиндушиноси машҳури немис мебошад, ў аз соли 1821 профессори университети Берлин буд. Соли 1816 «Доир ба системаи тасрифи забони санскрит дар муқоисабо забонҳои юнонӣ, лотинӣ, форсӣ ва германӣ» китобе менависад. Ин асар ба пайдоиши методи муқоисавӣ-таърихӣ асос гузошт ва як гурўҳ забоншиносон пайдоиши забоншиноси муқоиса вӣ –таърихӣ меноманд. Бо ифодаиМейе, Ф. Бопп дар ҷустуҷўи нахуст забони ҳиндуаврупоӣ методи муқоисавӣ–таърихиро ба вуҷуд овард, чи хеле ки Колумб дар ҷустуҷўи роҳи Ҳиндустон Америкаро кашф карда буд. Расмус Кристиан Раск (1787-1832) забоншиноси даниягӣ мебошад. Асари машҳур ва маъруфи ў «Тадқиқот доир ба забони қадимаи шимол ва ё пайдоиши забони исландӣ»соли 1814 навишта шуда, соли 1818 чоп мегардад. Раск муқоисаи нишонаҳои грамматикӣ ва махсусан бандакҳоро муҳим мешуморад, зеро онҳо аз як забон ба забони дигар намегузаранд. Востоков Александр Христофорович (1781-1864)-ро асогузори методи муқоисавӣ–таърихии забонҳои славянӣ гуфтан мумкин аст. Востоков аз соли 1826 узви вобаста ва аз соли 1841 академики Академияи илмҳои Россия буд. Асарҳои асосии Востоков «Мулоҳизаҳо оид ба забони славянӣ» (с. 1820), «Грамматикаи русӣ» (1831) ва ғ. мебошад. Хусусияти хоси корҳои ин олим он буд, ки вай ба мисли намояндагони ин метод танҳо маводи қадимаи забонҳоро муқоиса накарда, балки онро бо маводи забонҳои ҳозира ва ҳатто шеваҳо муқоиса мекард. Ба фикри Вотоков нахуст забони славянӣ аввал дар шакли яке аз диалектҳо вуҷуд дошт, баъд аз он диалект забонҳои ҷудогона ба амал омадаанд. |