ктм. КТМ ББКК соли 2019. Вазорати саноат ва технологияои нави УМурии тоикистон донишкадаи кметаллургии Тоикистон Кафедраи коркарди конои канданиои фоиданок
Скачать 4 Mb.
|
2. Баромадан ва фаромадани конканҳо дар нақбҳои амудӣ Дар стволҳои амудӣ фаромадан ва баромадани нақбканҳои тавассути клетҳо ба роҳ монда мешавад, ки онҳо дорои боми яклухти металлии кушода шаванда (барои интиқоли предметҳои дароз ва баромадгоҳи садамавӣ) буда, таҳсатҳи он яклухти мустаҳкам мебошад, ҷонибҳои паҳлўи бо тамоми баландиашон бо листҳои (с перфорацией) металлӣ рўйпўш кардашудааст ва дарҳои дугона дар тарафи паҳлуи кутоҳ ҷой гирифтааст. Дарҳо ба дарун кушода мешаванд (то ки ба креп дар намонад) ва аз берун қулф карда мешавад. Баланди дарҳо на камтар аз 1,2 м аст (то ки конканҳо нохост аз он нағалтанд). Шумораи конканҳо дар клет, аз рўи шарти 5 нафар дар 1 м2 ба ҳисоб гирифта мешавад. Шинонидан ба клет ва баромадан аз он бо нишондоди шахси идоракунандаи клет амали карда мешавад. Клет бо парашют – дастгоҳ барои боздоштани ҳамвор ва қатъи ҳаракати клет, дар ҳолати канда шудани таноби болобардор таъмин карда мешавад. Ҳангоми кандан, амиқтар намудан ва армиронии ствол, баромадан ва фаромадани нақбканон тавассути бадьяе, ки барои ба боло баровардани ҷинсҳои кӯҳӣ пешбинӣ карда шудааст, бо чатрҳои муҳофизатӣ амали карда мешавад. Баровадан ва фаровадани конканҳо тавассути скипҳои барои баровардани маъдан ва ҷинсҳои кӯҳӣ пешбинӣ шудава клетҳои борбардор манъ карда мешавад, танҳо ба тариқи истисно ҳангоми тафтиш ва таъмири ствол, санҷиши танобҳои болобардор, корҳои маркшейдерӣ ва садамаҳо иҷозат дода мешавад. 3. Интиқоли конканҳо дар нақбҳои уфуқӣ ва моил Дар нақбҳои уфуқӣ интиқоли конканҳо тавассути вагонҳои пасажирӣ (ба вагонҳои борбардор низ агар дорои курсиҳои гирифташаванда бошанд, иҷозат дода шудааст) ба роҳ монда мешавад. Суръати ҳаракати қатораҳои вагонҳои пасажирӣ на бештар 20 км/соат, дар вагонҳои борбардор бо курсиҳои гирифташаванда на зиёда аз 12 км/соат бояд бошад. Ҳатман бояд дар ҳар як вагон барои додани бонг ба машинист, таҷҳизоти бонгдиҳӣ насб карда шавад. Ҳаракати қатора бо бонги сардори баст, баъд аз пўшидани дарҳо ё маҳкам намудани занҷири иҳота кунандаи гузаргоҳ оғоз карда мешавад. Ҳангоми ба вуҷуд омадани зарурияти қатъи ҳаракати қатора ба машинист бонг бо ларзонидани симҳо дода мешавад. Дар охири қатораи мусофиркашон насб намудани на бештар аз ду вагони борбардори барои кашонидани лавозимотҳои корӣ пешбинӣ шуда иҷозат дода мешавад. Дар нақбҳои моил, интиқоли конканҳо тавассути вагонҳои мусофиркаш бо кумаки ғар-ғара ва танобҳо амали карда мешавад. Барои ҳамвор нигоҳ доштан, ҳангоми фузун шудани ҳаракат аз 25%, кандани таноб, таҷҳизоти притсепӣ, занҷири байн вагонҳо аз парашюти муҳофизати истифода менамоянд. Имконияти ба кор даровардани дастӣ низ, ба назар гирифта мешавад. Интиколи конканҳо тавссути конвейерҳои тасмачархӣ бо суръати на зиёда аз 2 км/соат, ҳангоми мавҷудияти тадбирҳои бехатарии зерин иҷозат дода мешавад: II. Машғулиятҳои амалӣ Мавзуъ: Омўзонидани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми ҳаракати нақбканон дар нақбҳои кӯҳӣ Қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми ҳаракат дар нақбҳои кӯҳӣ ба шакли дастурамал тартиб дода мешавад ва онро донишҷӯён аз худ менамоянд. III. Машғулият дар доираи КМРО Ташкили бехатарии ҳаракати одамон дар нақбҳои куҳӣ Пурсишу машварат аз рӯи мавзуъи ҳафта, риояи қоидаҳаои бехатарӣ ҳангоми ҳаракат дар нақбҳои кӯҳӣ IV. Супориш барои КМД 1. Аҳамияти баромадгоҳҳои эҳтиёти дар шахтаҳо. 2. Аломаҳои ишораткунандаҳои нақбҳоро шарҳ диҳед? 3. Дастгоҳҳои баромадан аз нақбҳои кӯҳиро номбар кунед? 4. Дар кадом намуди нақбҳо барои баромадан ва фаромадани конканҳо таҷҳизотҳо насб карда мешавад? 5. Нақбҳои ба сатҳи руи замин барорандаро номбар кунед? 6. Воситаҳои ҳаракт дар нақбҳои амудӣ. 7. Талаботҳои оид ба гузаргоҳои конканҳо дар нақбӣ амудӣ. 8. Талаботҳои оид ба гузаргоҳои конканҳо дар нақбӣ моил. 9. Талаботҳои оид ба гузаргоҳои конканҳо дар нақбӣ уфуқӣ. 10. Аҳамияти клет ҳангоми интиқоли конканҳо. 12. Талаботҳо оид ба сохти клет. 13. Воситаҳои механикии интиқоли кормандон дар нақбҳои моилро шарҳ диҳед? 14. Суръати ҳаракати қатораҳои пасажирӣ дар нақбҳои зеризаминӣ. 15. Воситаҳои механикии интиқоли кормандон дар нақбҳои уфуқиро шарҳ диҳед? Адабиётҳо 1. Безопасность ведения горных работ и горноспасательное дело: Учеб. для вузов; Под общей редакцией К.З. Ушакова. – 2-е изд., стер. – М.: МГГУ, 2008. – 487 с. 2. Шувалов Ю.В., Гендлер С.Г., Павлов И.А. Производственная безопасность. – СПб.: СПГГИ (ТУ), 2006. 3.Единые правила безопасности при разработке рудных, нерудных и россыпных месторождений полезных ископаемых подземным способом (ПБ 03 553 03). Модули 4 I. Машғулиятҳои лексионӣ Мавзуъ: Баҳодиҳии хатарнокии таркиш. Нақша 1. Нигоҳдорӣ, ҳисоб-китоб ва доду-гирифти моддаҳои тарканда 2. Кашонидан ва ба коргоҳ расонидани маводҳои тарканда 3. Маҳвкунии моддаҳои тарканда 4. Ҳайъати шахсони дахлдори корҳои таркишгарӣ Маълумоти умумӣ Корҳои таркишӣ мутаносиб ба «Қоидаҳои бехатарии умумшуда дар корҳои таркишӣ» («Единые правила безопасности при взрывных работах») ба тартиб дароварда мешавад. Ҳамаи муассисаҳои кўҳканӣ, ки корҳои таркишӣ мегузаронанд, бояд ҳуҷҷатҳои муқаррар шуда, анҷомҳои махсуси техникӣ–технологӣ, наклиёти махсус, анборҳо барои нигоҳдории онҳо ва мутахассисонро дошта бошанд. Ҳуҷҷатҳо: рухсатнома барои амалиёти корҳои таркишӣ, барои дастрас кардан, кашонидан ва нигоҳдории маводҳои тарканда (МвТ), лоиҳаҳои (паспортҳои) корҳои пармакунӣ–таркишӣ ва ғ. МвТ – ин моддаҳои тарканда (МТ) ва воситаҳои таркишӣ (ВТ ё ВИ – воситаҳои иғвокунанда–средства инициирования) якҷоя. Рухсатнома дар асоси аризаи муассисаи мазкур аз тарафи Идораҳои давлатии назорати кўҳӣ-техникӣ (Госгортехнадзор) ё Нозироти (инспекция) кўҳӣ-техникӣ дода мешавад. Барои дастрас кардан ва кашонидани маводҳои тарканда, дар асоси ҳуҷҷатҳои расмӣ, аз идораи милитсия рухсатнома гирифта мешавад. 1. Нигоҳдорӣ, ҳисоб-китоб ва доду гирифти МвТ Маводҳои тарканда дар анборҳои махсус ва ҷойҳое, ки мувофиқ ба талаботҳои «Қоидаҳои бехатарии умумшуда дар корҳои таркишӣ» ҷиҳозонида шудааст, нигоҳ дошта мешаванд. Дар анборҳо МвТ дар махзанҳои (хранилище) алоҳидаи махсус, ҷойгир карда мешаванд. Ҳар яки аз маҳзанҳо дорои ё фақат воситаҳои таркишӣ (СВ) ё навъи ва гурўҳҳои алоҳидаи моддаҳои тарканда мебошанд. Маҳзанҳо бояд бо ҳарорати мўътадил ва ҳавои тозаи доимӣ таъмин бошанд. Масофаи маҳзанҳо байни ҳамдигар он кадар бошад, ки дар тарзи таркиши фавқулоддаи як маҳзан таркиши дигараш иғво нагирад. Майдони анборҳо бояд махсус иҳота карда бо ускунаю биноҳо, асбобу тачҳизотҳои лозимию ёрирасон ҷиҳозонида шавад. Дар расми .1 реҷаи майдони анбори рўизаминӣ тасвир шудааст. Анборҳои МвТ, вобаста аз ҷои сохт, с а т ҳ и з а м и н ӣ (наземные), н и м ч у қ у р ш у д а (полууглубленные), ч у қ у р ш у д а (углубленные) ва з е р и з а м и н ӣ (подземные) мешаванд. Сатҳизаминӣ – таҳкурсии маҳзанҳо дар сатҳи рўи замин мебошанд; нимчуқуршуда – боми маҳзанҳо дар сатҳи рўи заминаст; чуқуршуда – ғафсии хоки заминии болои боми маҳзанҳо то 15 м; зеризаминӣ – ин ғафсӣ аз 15 м зиёд. Расми 1. Нақшаи генералии сохту ҷойгиршавии анбори маводҳои таркандаи сатҳизаминӣ: 1 - маҳзани МТ; 2 - обанбор; 3 - сарой барои асбобҳои зиддисўхтор; 4 - сарой барои зарфҳои истифодашуда (тара); 5 - дарвоза; 6 - гузаргоҳхона (будка); 7 - девор; 8 - барқгардонҳо; 9 - маҳзани воситаҳои таркишӣ; 10 - хандақи зиддисўхтор; 11 - ҳудуди минтақаи манъшуда; 12 - қаравулхона. Нисбатан ба муддати фаъолияти корӣ, анборҳо ба д о и м ӣ (се сол зиёд), м у в а қ қ а т ӣ (аз як то се сол) ва к ў т о ҳ м у д д а т (то як сол) тақсим мешаванд. Вобаста ба хусусияти фаъолияташон анборхои МвТ а с о с ӣ (базисный) ва х а р о ҷ о т ӣ (расходный) мешаванд. Анборҳои асосӣ фақат барои таъмини анборҳои хароҷотӣ истифода мешаванд ва додани маводҳо аз онҳо барои истифодаи бевосита манъ аст. Онҳо бо лабораторияҳою майдонгоҳҳои санҷишии маводҳо ҷиҳозонида мешаванд. Анборҳои хароҷотӣ дар назди ҳар як муассиса ё ташкилотҳое, ки корҳои таркишӣ мегузаронанд таъсис дода шуда, вазифаи онҳо таъмини ковишгоҳҳои корҳои кўҳӣ бо МвТ мебошад. Ҳаҷми (ғунҷоиши) умумии анборҳои асосии МвТ номаҳдуд буда, фақат андозаи маҳзанҳо дар меъёри муқарраршуда мебошанд. Ҳачми (ғунҷоиши) умумии ҳамаи маҳзанҳои анбори хароҷотии доимӣ: барои МТ-ҳо то 120 т; КД ва ЭД-ҳо – то 250 ҳазор дона; ДШ – то 100 ҳазор м; ОШ – бемаҳдуд. Барои маҳзанҳои кўтоҳмуддат, муносибан: 54 т, 75 ҳазор дона, 35 ҳазор м ва ОШ – бемаҳдуд. Ҳадди аксари яктаи маҳзани анбори МвТ-и доимӣ – 60 т, муваққатӣ – 25 т, кўтоҳмуддат – 18 т мебошад. Дар анборҳои хароҷотӣ, барои тақсим карда додани маводҳо, тамбури (гузаргоҳ) махзанро истифода мебаранд ё хоначаҳои алоҳида (будка) ташкил карда мешавад. Дар тамбур ё будка бояд мизи бо маводи нарм (брезент, резин ва ғ.) рўйпўшида бошад, ки дар болои он ОШ, ДШ-ҳоро бурида тайёр мекунанд ва ЭД, КД-ҳоро месанҷанд. Маҳзанҳои анборҳои асосии МвТ фақат сатҳизаминӣ, нимчуқуршуда ва чуқуршуда мебошанд, махзанҳои хароҷотӣ, инчунин, зеризаминӣ ҳам мешаванд. Ҳудуди майдони анбори доимӣ бо девори баландиаш на кам аз 2 м иҳота (расми 6.1) карда мешавад, ки масофаи камтарини он аз махзан 40 м мебошад. Аз беруни девор гирди майдон ҷўйи (канава) чуқуриаш то 1 м, васеъгиаш 1,5–3 м мекананд, ки майдони анборро аз обҳои сел ё сўхтори алафҳои рўизаминӣ муҳофизат мекунад. Дар майдони анбор, ғайр аз маҳзанҳои МвТ. ҷойгоҳи асбобу анҷоми зидди сўхтор, махзанчаҳои об, биноҳои ёрирасон барои кушодани қуттиҳои МвТ ва тақсим кардани онҳо, инчунин, барои тайёрии пешакии онҳо (хушккунӣ, патронкунӣ), лаборатория, барқгардонҳо (молниеотводы) ва ғайра ҷойгир мешаванд. Берун аз девори иҳотагӣ ҷойгоҳи қуттиҳои холӣ (тара), қаравулхона, бурҷи (манораи) посбонӣ воқеъ мебошад. Дар масофаи 50 м аз девори иҳотагӣ, гирди майдони анбор, минтақаи манъшуда (мамнўъ – запретная зона) ташкил карда мешавад, ки дар таҳти назорати посбон мебошад. Ҳудуди ин минтақаро баъзан бо симхор рост карда, бо аломатҳои огаҳӣ оросонида мешавад. Махзанҳои МвТ аз маводҳои майдашавандаи насўзанда (оташтобовар), инчунин, аз гилхок (похса) бино карда мешаванд. Сифтҳои тахтагӣ бояд лойкорӣ карда шавад. Ҳар яки маҳзан чанд дар дошта, дохили он бояд хуб ҳавогард бошад ва ҳарораташ аз +300С зиёд набошад. Маҳзанҳо, барои чойгир кардани МвТ, бояд бо рафҳо (стеллаж), контейнерҳо ҷиҳозонида бошанд. Ташкили нигоҳдории кўтоҳмуддат, вобаста аз шароити кор, дар биноҳои гуногуни ғайризист ва ғорҳо, вагонҳои роҳи оҳан, автомобилҳо ва притсепҳо, аробаҳо, шалашу ҳаймаҳо, инчунин, дар майдончаҳои назди манзили корҳои таркишӣ, мумкин мебошад. Дар биноҳои ғайризист (инчунин, дар ғорҳо, заминканҳо) миқдори МТ то 3 т, детонаторҳоро то 10000 дона нигоҳ доштан мумкин аст. Анборҳои харочотии зеризаминӣ дар шахтаю рудникҳо махсус сохта мешавад. Ҳадди ғунҷоиши ин анбор – эҳтиёҷи се шабонарўзии истеъмоли МТ ва даҳ шабонарўзии детонаторҳо мебошад. Анбор аз нақбҳо ва камераҳои махсус иборат мебошад. Камераҳо барои доду гирифти МвТ, санҷиш ва тайёркунии онҳо барои корҳои таркиш, инчунин, яктаи онҳо барои нигоҳдории асбобу анҷоми зидди сўхтор истифода мешавад. Ҳавотозакунӣ дар камераҳо бо воситаи шабакаи махсус гузаронида, ҳар соат чор карата ивази ҳаво бояд таъмин шавад. Ҳавои баргашт бояд ба нақбҳои зеризаминӣ наравад ва бевосита аз шахта ба атмосфера дур карда шавад. Ҳадди миқдори ғунҷоиши анбори камеравии зеризаминӣ – 2 т МТ ва 15000 детонатор. Дар расми 6.2. анбори зеризаминии нақби иктишофӣ тасвир шудааст. Расми 6.2. Анбори зеризаминии моддаҳои тарканда: 1 - дари оҳанӣ; 2 - дари ҳавогузаронии оҳанӣ бо дарича; 3 - ҳуҷрачаҳо барои воситаҳои таркишӣ; 4 - ҳуҷрачаҳо барои МТ; 5 - камера барои асбобҳои барқӣ ва зидди-сўхтор; 6 - камера барои нигоҳдошти сумкаҳои таркиш-гарон; 7 - камера барои санҷиши ЭД-ҳо; 8 - камера барои додугирифти маводҳои тарканда; 9 - дари зиддисўхторӣ бо дарича. Маводи таркишии ба анбори асосӣ оварда шуда, дар асоси ҳуҷҷатҳои заводию нақлиётӣ ё рухсатнома (супоришнома) – борхат (наряд-накладная) кабул шуда, ба руйхат гирифта, ба маҳзанҳо ҷойгир карда мешавад. Ҳамаи ҳаракати МвТ дар худуди анбори асосӣ дар китоби даромаду хароҷот (книга прихода и расхода) қайд карда мешавад. Ин амалиёт, инчунин, дар анборхои хароҷотӣ, дар китоби ҳисоби додану бозгардонии МвТ (книга учета выдачи и возврата ВМ) қайд мешавад. Ўҳдадорони ин амалҳо – мудири анбор, анборчӣ (кладовщик) ва тақсимкунанда (раздатчик) мебошанд. Ба таркишгар, ки бевосита корҳои таркиширо мегузаронад, МвТ аз анборҳои хароҷотӣ, дар асоси рухсатнома–роҳхат (наряд–путёвка) дода мешавад. Дар анборҳо бояд намунаи имзоҳои тасдиқшудаи ҳамаи шахсоне, ки ба корҳои таркишӣ дахлдоранд, бошад. Рухсатнома-роҳхатҳо дар анбор, дар муддати се сол нигоҳ дошта мешаванд. Саҳифаҳои китобҳои дар боло номбаршуда шуморабандӣ ва ресмонбаст буда, бо муҳр ё пломбаи идораи назоратӣ бояд тасдиқ шуда бошад. Дар ҳамаи ҳуччатҳои ба МвТ дахлдор, навиштан бо қалам, кўр карда аз боло навиштан ва тоза кардан манъ аст. Ҳамаи ҳуҷҷатҳои ба ҳаракати МвТ дахлдор ва фаъолияти анбор бояд мунтазам дар таҳти тафтишу назорати идораҳои масъулиятдор ва назорати (Технадзор ва ғ.) бошанд. 2. Кашонидан ва ба коргоҳ расонидани маводҳои тарканда Маводҳои таркандаро бо ҳамаи намудҳои нақлиёт кашонидан мумкин аст: автомобилӣ (ғайр аз газогенераторӣ), роҳи оҳанӣ, обӣ, ҳавоӣ, инчунин, бо ароба, аспӣ (харӣ) ё чун бори дастӣ. МвТ-ҳо аз заводҳо то анборҳои асосӣ ва аз он ҷо то анборҳои хароҷотӣ дар қуттиҳои махсус, дар шакли борбанди (упаковка) заводӣ ва бо пломбаи завод ё анбори асосӣ кашонида мешаванд. Тартиби кашонидан бояд мувофиқ ба қоидаҳои «Дастурамали (Инструкция) кашонидани борҳои хавфнок» гузаронида шавад. Ҳангоми истифодаи автомобилҳо қуттиҳои (ё халтаҳои) МТ ба ҳамдигар ҷафс чинда, бо брезент рўйпўш карда мешаванд. Автомобил бояд аз тарафи пешаш ва қафояш, ҳамчун аломати махсус байрақчаҳои сурх дошта бошад, шабона – аломати мунъакис (акскунонӣ–отражательный). Суръати ҳаракати мошин дар ҳолати ҳавои софи беғубор то 60 км/с, дар намоёнии бад – 20 км/с. Фосила байни мошинҳо дар роҳҳои уфуқӣ – 50 м, дар кўҳсор – 300 м. Дар шароити шаҳр мошинҳо бояд бо болопўш маҳкам буда, дар канори паҳлўҳояшон рахи васеъгиаш 15 см-рии сурхи диагонали дошта бошанд. Баъзан, ҳангоми истифодаи автомобилҳо, якҷоя кашонидани МТ ва воситаҳои таркишӣ мумкин аст. Дар ин сурат, миқдори МвТ-ҳо бояд мувофиқ ба «Қоидаҳои бехатарии умумшуда…» буда, рухсати хатии сармуҳандис ё сардори корҳои таркишии муассиса лозим мебошад. Тарзи тайёрӣ ба ин кор, воситаҳои таркиширо дар қуттиҳои боэътимод, бо варақаҳои (прокладка) резинӣ байни онҳо, дар қисми пеши кузови автомобил ҷафс чиндан лозим. Қуттиҳои (ё халтаҳои) моддаҳои таркандаро дар қисми ақибии автомобил мечинанд. Байни қаторҳои воситаҳои таркишию моддаҳои тарканда аз матоъҳо деворча бунёд мекунанд. Ронанда бояд ҳамаи ҳуҷҷатхои лозимӣ, инчунин, роҳхат ё хати маршрутӣ, дошта бошад. Автомобилро бояд посбони яроқдор, шахси бомасъулияти ҳуқуқи роҳбарии корҳои таркишидор ва мудири анбори МвТ, ҳамроҳӣ кунанд. Пеш аз ба роҳ баромадан, ронанда ва посбон дастурамали махсус оид ба боркунӣ, кашонидан ва фаровардани МвТ-ро мегиранд. Автомобилҳо бояд ду оташхомушкунак (огнетущители), занҷирҳо ва дигар лавозимоти муқобили лағҷиш ва олотҳои садопаҳшкунии (глушители) бо шарорахомушкунакҳо (искрогасители) дошта бошанд; инчунин, олотҳои барқӣ бояд бенуқсон бошанд; кузов бояд тоза ва бешикасту, бетарқиш бошад. Аз анбори хароҷотӣ то ҷои кори таркишӣ, МвТ дар сумкаи махсус (ё борбанди заводӣ), дар таҳти назорати таркишгар кашонида мешаванд. МТ ва ВТ дар сумкаҳои алоҳида кашонида, барои як шахс ҳадди меъёри МТ – 20 кг мебошад. Агар масофаи кашонидан аз 300 м зиёд набошад, МТ дар борбанди заводӣ, метавонад то 40 кг бошад. Ҳангоми якҷоя кашонидани маводҳои тарканда, вазни онҳо бояд аз 12 кг зиёд набошад. Кашонидани найчаҳои оташгир (зажигательные трубки) ва электродетонаторҳо бояд бағоят эҳтиёткорона бошад. |