ктм. КТМ ББКК соли 2019. Вазорати саноат ва технологияои нави УМурии тоикистон донишкадаи кметаллургии Тоикистон Кафедраи коркарди конои канданиои фоиданок
Скачать 4 Mb.
|
Модули 1 Мавзуъ: Дастурамали асосии «Қоидаҳои бехатарӣ дар шахтаҳо» оид ба таъмини бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат Нақша Муқаддима 1. Маҷмуъи умумии қоидаҳои бехатарӣ 2. Талаботҳо оид ба ҳуҷҷатнигории шахтаҳо 3. Ҳимояи зидди садамавии шахтаҳо 4. Талабот оид ба ҳайати роҳбарикунандагони шахтаҳо 5. Уҳдадориҳои умумии кормандони шахтаҳо 6. Ҷавобгарии вайрон намудани қоидаҳои бехатарӣ Муқаддима Инсон дар тули ҳаёти худ, дар иҳотаи объектҳои моддӣ қарор дорад, ки муҳити моддии зисти инсонро ё муҳити атрофи инсонро ташкил менамояд. Муҳити зист – муҳити инсонро иҳота намуда, ки айни замон аз маҷмўи омилҳои физикӣ, химикӣ, биологӣ, иттилоотӣ ва иҷтимоӣ иборат мебошад, ба фаъолияти инсон ва насли ў таъсири бевосита ва бавосита мерасонанд. Он аз объектҳои беҷон (замин, об, растанӣ, иншоот, олоти меҳнат ва ҳ.) ва ҷондор (инсонҳо, ҳайвонот ва диг.) иборат мебошад. Дар раванди фаъолияти зиндагии инсон, муҳити атроф таъсири муайяни худро ба ў мерасонад. Мисол, ҳарорати ҳаво метавонанд организми инсонро гарм ё хунук намояд, предмети ғалтидаистода метавонад ҷароҳат расонад. Дар навбати худ инсон низ, таъсири худро ба муҳити атроф мерасонад. Мисол, бо сохтани шаҳр, сохтани обанборҳо, чаманзорҳои табииро ба заминҳои корам табдил дода, шинонидан ва буридани ҷангал, ифлос намудани ҳавои атмосфера. Дар натиҷа, ҳамаи омилҳои муҳити зист ба ду гуруҳ тақсим мешавад. 1. табиатан ва ё табиӣ; 2. дар натиҷаи таъсири инсон – антропогеннӣ ё сунъӣ. Дар навбати худ таъсири инсонро ба ду гуруҳ: антропогеннӣ (амали бевоситаи инсонро дар бар мегирад) ва техногеннӣ (дар заминаи омилҳои технологӣ, мошинаҳо ва механизмҳои офаридаи инсон) тақсим менамоянд. Таъсири байниҳамдигарии инсон бо муҳити атрофи иҳота намуда, ба оқибатҳои мусбӣ ва манфӣ барои инсон оварда расониданаш мумкин аст. Корхонаҳои саноати кӯҳӣ, бо мавҷудияти бисёр омилҳои хатарнок ва зараровари гуногун, ки ба ҳаёт ва саломатии инсон таҳдид менамояд, аз дигар муассисҳо фарқияти калон дорад. Фазои пури корӣ бо лавозимотҳои техникӣ, маҳдудияти ҷои корӣ, эҳтимолияти зиёди бавуҷуд омадани гази хатарнок дар атмосфераи корӣ, ба вуҷуд омадани сўхтор, фурўравии ҷинсҳои кӯҳӣ раванди фаъолияти меҳнатии кормандони корхонаҳои саноати кӯҳиро хеле мушкил мегардонад. Дар натиҷаи таъсири манфии муҳити иҳота намудаи саноатӣ, ин дараҷаи баланди ҷароҳатбардорӣ ва бемориҳои касбӣ дар байни кормандони саноати истеҳсолоти кӯҳӣ мебошад. Омили маъмултарини корҳонаҳои саноати кӯҳӣ, ки ба рушди бемориҳои касби меоварад, ин ҳавои чангоноки шахта, кони кушод, фабрикаҳои маъдантозакунӣ аз сабаби пора намудани канданиҳои фоиданок, интиқоли он, азнав бор намудан ва дигар равандҳои технологӣ мебошанд. Зуд-зуд пайдоиши моддаҳои заҳрнок дар муҳити атроф, ба саломатии кормандон таъсири манфии худро мерасонад. Инчунин бисёр ҳолати гирифторшавии бемории касби аз таъсири ларзиш низ ба қайд гирифта шудааст. Дар байни корхонаҳои саноати кӯҳӣ шумораи зиёди ҳодисаҳои нохўш ба соҳаи ангишт, хусусан дар шахтаҳои ангишт ба вуқуъ меоянд. Қитъаҳои хатарнок, ки дар онҷо қисми зиёди ҷароҳатбардорӣ ба вуҷуд меояд, ин аксаран қитъаҳои нақбҳое мебошад, ки аз сабаби мавҷуд набудани мустаҳкамкунӣ ё аз натиҷаи нодуруст интихоб намудани параметри корҳои кӯҳӣ, сақфи нақб фурўрафтааст. Яке аз таҳдиди ҷиддӣ ба саломатӣ ва ҳайти кормандон фазои ҳамроҳшавие мебошад, ки бо девораҳои муҳофизатӣ аз қисмҳои ҳаракаткунандаи таҷҳизот ва механизмҳои кӯҳӣ ҷудо карда нашудааст. Ҷароҳатбардории зиёд дар шахта ва конҳои кушод бо воситаҳои ҳаракатҳои нақлиётӣ алоқамандии зич дорад. Барои беҳтар намудани шароити кор, коҳиш додани дараҷаи ҷароҳатбардорӣ ва бемориҳои касбӣ, инчун паст намудани миқёси зарари иқтисодие, ки дар натиҷаи садамаҳо ба вуҷуд меояд, андешидани тамоми тадбирҳои заруриро оид ба ҳифзи меҳнат ва бехатарии саноат талаб менамояд. Мутахассисоне, ки дар корхонаҳои саноати кӯҳӣ ё таҳия ва истеҳсоли таҷҳизот барои ин корхонаҳо фаъолият менамоянд, аз нигоҳи бехатарии меҳнат бояд хусусиятҳои саноати кӯҳиро хуб донанд. 1. Маҷмуъи умумии қоидаҳои бехатарӣ Корхонаҳои саноати кӯҳӣ яке аз корхонаҳои мураккаб ба шумор меравад ва дорои шароити хатарнок аз қабили тарканда, оташгиранда, фуруравӣ, рахна задани обҳо ва газҳо мебошад. Корхонае башумор меравад, ки дар инҷо тағийрёбии геологии ғайричашмдошт, нохост ва ё қувваҳои табии ба вуҷуд омаданаш мумкин. Риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ва ё фаолияти нодурусти як коргар метавонад, ба оқибати ҳалокатовар оварда расонад. Мувофиқи қоидаҳои бехатарӣ директори шахта уҳдадор аст, ки шароити бехатар ва тарзи солими меҳнатро таъмин намояд. Ў хизматрасонии муҳофизати меҳнатро тартиб медиҳад ва штатҳои коргарони муҳандисӣ-техникиро муайян намуда, барои фаъолияти мунтазами он шароит фароҳам меоварад. Ин намуди хизматрасонӣ ба директори шахта итоат менамояд ва бо хизматрасониҳои асосии истеҳсолӣ-техникӣ баробар дониста мешавад. Дар раёсати идоракунӣ иттифоқи хизматрасонии ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ тартиб дода мешавад. Дар ҳар як шахта бояд қитъаи хизматрасонии шамолдиҳӣ-чангтозакунӣ ташкил карда шавад. Шахтаҳои нав ва азнавбарқароршуда, уфуқҳо ва блокҳо аз ҷониби комиссияи раёсати идоракунӣ бо иштироки намояндагони назорати кӯҳӣ-техникӣ, назорати санитарии давлатӣ ва қисмҳои ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии кӯҳӣ қабул карда мешаванд. Дар шахтаҳои фаъолият намуда истода ба истифода қабул намудани қитъаҳои истихроҷӣ, нақбҳои умумӣ шахтавӣ ва маъдангоҳҳои истехроҷӣ аз ҷониби комиссияи ба боло монанд, ки директори шахта муайян намудааст қабул намуда мешавад. 2. Талаботҳои оид ба ҳуҷҷаткузориҳои шахтаҳо Ҳар як шахта бояд дорои ҳуҷҷатҳои тасдиқшудаи зерин бошад. А) лоиҳаи хароҷотӣ; Б) геологӣ-маршейдерӣ; В) истеҳсолӣ-техникӣ; Г) санитарӣ-гигиенӣ; Д) баҳисобгирии назоратӣ; Е) нақшаи сатҳи болои кон бо нишон додани иншоотҳои дар ҳудудӣ қитъаи кон ҷойгир буда ва бо хуссусиятӣ ба корҳои кӯҳӣ хатарнок; Нақшаҳои имкониятҳои асосии тараққиётӣ ва ҷории корҳои кӯҳӣ коркард ва тасдиқ карда мешавад. Ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ бояд аз экспертизияи комиссияи махсус гузаронида шавад 3. Ҳимояи зидди садамавии шахтаҳо Ҳимояи зидди садамавии шахтаҳо садамаи эҳтимолиро пешгирӣ намояд, дар ҳолатҳои зарурӣ оид ба нишонаҳои садамаҳо маълумот диҳад ва боҳама воситаҳои садамаро маҳдуд ва барҳам дода тавонад. Масофаи нақбҳои дуртарин бояд чунин бошад, ки вақти баромадан аз вақти таъсири самоспасател зиёд набошад, яъне на зиёда аз 1 соат. Хар як шахта бояд бо низоми огоҳ намудани садама ба коргарон, воситаҳои ҷустуҷуи, алоқаи телефонӣ ва радио бо қисмҳои ҳарбикунонидашудаи наҷатдиҳии кӯҳӣ таҷҳизонида бошад. Дар ҳар як шахтаҳо нақшаҳои барҳамдодани садама тартиб дода шавад. Ба шахсоне, ки бо ин нақша шинос нестанд ба шахта фаромадан иҷозат дода намешавад. Дар шахтаҳои бояд табели баҳисобгирии ба кон фаромадан ва баромадини коргарон ба роҳ монда шавад. Барои ташкили он директори шахта ҷавобгар буда ва барои ташкили корҳои ҷутуҷуи ба шахсони аз кон набаромада уҳдадор мебошад. Ҳамаи шахсони ба кон фаромада бо фонарҳои аккумуляторӣ дуруст таъмин карда мешавад ва миқдори он бояд аз миқдори коргарон 10 % зиёд бошад. Дар ҳар як шаш моҳ як маротиба машқхои назоратии коргарон ва коргарони муҳандиси-техникӣ гузаронида мешавад. Барои ҷойҳои кории масофаашон дур нуқтаҳои иваз намудани самоспасателҳо ташкил карда мешавад. 4. Талаботҳо оид ба ҳайати кормандони шахтаҳо Кормандони шахта бояд, мувофиқи иҷрои вазифаашон дорои ҳуҷҷати тасдиқкунандаи омодагии касбӣ бошанд, аз муоинаи тиббӣ гузаронида шавад, пешакӣ ва дар раванди фаъолияташон муҳофизати меҳнат омўзонида мешавад ва оид ба муҳофизати меҳнат дониши онҳо давра ба давра санҷида мешавад. Кормандоне, ки (диспетчери кӯҳӣ, устои таркишгар, слесари барқӣ, шахсони идоракунандаи мошинҳои болобардор, электровоз ва мошинҳои кӯҳии истихроҷӣ) аз фаъолияти онҳо бехатарии гуруҳи конканҳо вобастагӣ дорад, ҳангоми ба кор қабул шудан мувофиқияти касбии онҳо ба назар гирифта мешавад ва давра ба давра қобилияти кории онҳо дар муддати фаъолияти меҳнатиашон санҷида мешавад. Барои фаъолият дар нақбҳои омодагӣ ва истихроҷии қабатҳои хатарнок нисбати нохост партоиши ангишт ва газ, ба шахсоне иҷозат дода мешавад, ки собиқаи кори на кам аз 1сол дар ковишгоҳҳои шахтаи хатарнок аз газ дошта ва баъди омодакунии махсус иҷозат дода мешавад. Ба вазифаи директор ва сармуҳандиси шахта мутахасисоне, ки маълумоти олии кӯҳӣ-техникӣ дошта ва собиқаи кории на кам аз 5 сол, дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият намуда таин карда мешавад. Ба вазифаи муҳандиси калони шахтаҳое, ки қабатҳои хатарноки партоишро истихроҷ менамоянд, мутахасис бо таҷрибаи корӣ на кам аз 3 сол дошта (аз 5 соли нишондодашуда) дар чунин шахтаҳои зеризаминии хатарнок дошта таин карда мешаванд. Барои роҳбарии техникии корҳои кӯҳӣ дар шахтаҳо ба шахсоне, ки маълумоти оли ва миёнаи кӯҳӣ-техникӣ доранд иҷозат дода мешавад. Роҳбари хизматрасонии муҳофизати меҳнат ва техникаи бехатарӣ дар шахта бояд маълумоти олии кӯҳӣ-техникӣ ва собиқаи кории на кам аз 3 сол дар корҳои роҳбарикунанда дошта бошад. 5. Уҳдадориҳои умуми кормандони шахтаҳо Ҳар як корманди шахта уҳдадор аст: бояд бонгҳои хабардиҳии садамаҳо, қоидаҳои ҳаракат ҳангоми садама ва нақшаи барҳамдиҳии садама, баромадгоҳи эҳтиётӣ ва мавқеъи воситаҳои худнаҷотдиҳандаро донад; аз маҷмуъи воситаҳои ҳимояи фарди истифода бурда тавонад; талаботҳои техникии меъёрҳои ҳуҷҷатгузорӣ оид ба муҳофизати меҳнатро, ки ба касби у таъалуқ дорад бояд донад ва иҷро намояд; тартиботи қоидаҳои дохилии меҳнатро риоя намояд; барои бартараф намудани ҳолатҳои хатарноки истеҳсолот чораҳо андешад ва оид ба хатарҳо бевосита ба роҳбари кор ё диспетчери кӯҳи хабар диҳад; ҳангоми ҳодисаҳои нохуш ба ҷароҳтбардоштагон кумаки аввалинро расонад. Директри шахта уҳдадор аст, ки санҷиши дониши кормандонро оид ба техникаи бехатари дар як сол як маротиба ба роҳ монад. Кормандони муҳандисони техникӣ дар се сол як маротиба оид ба қоидаҳои бехатарӣ имтиҳон месупоранд. Ҳайати комиссия бо роҳбарии кормандони госгортехнадзор ба роҳ монда мешавад. 6. Ҷавобгарии вайрон намудани қоидаҳои бехатарӣ Директори шахтаҳо масъулияти таъмини интизомӣ, маъмурӣ, молиявӣ ва ҷинояти барои таъмини шароити бехатар ва солими меҳнатро дар истеҳсолот мувофиқи қонунгузории амалкунада ба зимма дорад. Шахсони дигари роҳбарикунанда ва корманодони муҳандисӣ-техникӣ барои таъмини чунин шароит, дастури вазифавӣ муайян кардааст, ҷавобгар мебошанд. Ҳар як корманд шахсан барои риояи талаботҳо ва меъёри иҷрои корҳое, ки ба зиммаи у гузошта шудааст, аз қабул намудани қарор то иҷро намудани онҳо масъул аст. Омӯзиши |