Главная страница
Навигация по странице:

  • Модули 16 I. Маш ғ улият ҳ ои лексион ӣ

  • 1. Сӯхтори зеризаминӣ

  • 2. Таркиши омехтаи ҳавои метану чангдор

  • II. Маш ғ улият ҳ ои амал ӣ Мавзуъ

  • IV. Супориш барои КМД

  • ктм. КТМ ББКК соли 2019. Вазорати саноат ва технологияои нави УМурии тоикистон донишкадаи кметаллургии Тоикистон Кафедраи коркарди конои канданиои фоиданок

    Скачать 4 Mb.
    НазваниеВазорати саноат ва технологияои нави УМурии тоикистон донишкадаи кметаллургии Тоикистон Кафедраи коркарди конои канданиои фоиданок
    Дата30.09.2022
    Размер4 Mb.
    Формат файлаdocx
    Имя файлаКТМ ББКК соли 2019.docx
    ТипДокументы
    #706354
    страница16 из 16
    1   ...   8   9   10   11   12   13   14   15   16

    II. Машғулиятҳои амалӣ

    Мавзуъ: Коркарди нақшаи бартарафкунии садама

    III. Машғулият дар доираи КМРО

    Пурсишу машварат аз рӯи мавзуъи ҳафта, аҳамияти нақшаи бартарафкунии садамаҳо

    IV. Супориш барои КМД

    Модули 16

    I. Машғулиятҳои лексионӣ

    Мавзуъ: Тактикаи бурдани корҳои наҷотдиҳии кӯҳӣ ҳангоми садамаҳои гуногун
    Нақша

    1. Сӯхторҳои зеризаминӣ.

    2. Таркиши омехтаи ҳавои метану чангдор

    3. Нохост партофтани ангишт ва газ.

    4. Бо об пур шудани нақбҳои куҳӣ.

    5. Рахна задани гилҳо ва маводҳои лойқанокшавӣ.

    6. Фурӯравии нақбҳо.

    7. Садамаҳо дар таҷҳизотҳои болобардори шахтаҳо
    1. Сӯхтори зеризаминӣ
    Вазифаи асосии ҚҲНК ҳангоми сӯхторҳои зеризаминӣ – наҷотдиҳии одамон дар нақбҳое, ки бо он маҳсули сӯзиш ворид мегардад. Аввалин зерсохтори ҚҲНК-и ҳозиршуда барои иҷрои ин вазифа машғул мешавад.

    Барои дар як вақт хомӯш намудани сӯхтор ва наҷотдиҳии одамон танҳо ҳангоми мавҷудияти қувваи эҳтиётии кифоягӣ ё ин, ки хомӯш намудани сӯхтор наҷотдиҳии одамонро таъмин менамояд, яъне сӯхтор роҳи одамонро дар нақб банд намудааст. Мунтазам додани об, воситаҳои хока ва кафки сӯхторхомӯшкунӣ таъмин карда мешавад. Амалҳои бастани паҳншавии оташ аз рӯи самти ҷараёни ҳаво ба монанди эҷод намудани пардаи обӣ, тудаи зиччӣ кафкҳо, дур намудани маводҳои даргиранда, бунёди ишоотҳои ҷудокунанда дар костюмҳои махсуси гармӣ нигоҳдоранда иҷро карда мешавад. Мудофиаи зидди паҳншавии оташ бо холигӣҳо ба ғуллачубҳои поягузорӣ ва маводҳои ғайри фаъол, бо роҳи насб намудани пардаҳои обӣ таъсис дода мешавад. Сомонаҳои асосии шахтаҳо (стволҳо, обкашӣ марказӣ, анбори маводҳои тарканда, зеритсгоҳҳои барқӣ) аз сӯхтор ҳимоя карда мешавад.

    Агар сӯхтор нисбат ба хомӯш намудан тез паҳн гардад, он гоҳ аз воситаҳои пуриқтидори ҳаҷман калони фосилавии хомушкунӣ аз қабили хокаи сӯхторхомӯшкунӣ, кафки ҳаво-механикӣ, ҷангҳои ғайри фаъол ас сатҳи рӯи Замин ё аз нақбҳои куҳӣ истифода менамоянд.

    Дар суръати минбаъдаи рушди сӯхтор ба ҷудо намудани алангаи оташ аз нақбҳои ҳамроҳшаванда гузаштан зарур аст ё ин, ки аз усули омехта истифода менамоянд, яъне дар нақби иҳота кардашуда муҳити ғайри фаъол (инертная среда), бо додани ба монанди нитрогенӣ моеъ эҷод карда мешавад.

    Қабл аз оғоз намудан1и корҳои наҷотдиҳӣ, иктишофӣ сӯхтор бо мақсади арзёбӣ намудани миқёси он, таҳдиди он ба одамон, ҳолати воситаҳои сӯхторхомӯшкунӣ ва хатсайри наҷотдиҳии одамон ва ҳ. гузаронида мешавад. Воҳидҳои иктишофи низ дар роҳи ҳаракат ба одамони вохӯрда кумак мерасонанд, алангаҳои сӯхтори наонқадар калонро хомӯш менамоянд ва нақбҳои фурӯрафтаро мустаҳкам менамоянд. Аслиҳаи онҳо бояд сабук, сайёр ва самаранок бошад. Онҳоро бо воситаҳои обгиранда аз қубурҳои обгузаранда (милҳо, халтаи обгирӣ, ҳидрант-тапончаҳо) ва агар қубурҳои обгузаранда мавҷуд набошад, он гоҳ бо сӯхторхомӯшкунакҳо муҷаҳҳаз мегардонанд.

    Дар вақти корҳои наҷотдиҳӣ-иктишофӣ иктишофчиён бо худ худнаҷотдиҳанда (мувофиқи шумораи одамони дар сӯхтор банд монда), доруворӣ, воситаҳои расонидани кумаки аввалин ба ҷароҳатбардоштагон, воситаҳои сабуки интиқоли онҳо мегиранд.

    Мувофиқи зарурият корҳои иктишофӣ дар вақти дилхоҳи корҳои наҷотдиҳии куҳӣ такроран иҷро карда мешавад.

    Ҳангоми афзудани ҳаҷми сӯхтор нақшаи кулли барҳамдиҳии сӯхтор бо истифода аз тамоми воситаҳои пешрафта дар мубориза бар зидди сӯхтори зеризаминӣ мавҷуд аст, тартиб дода мешавад. Гуруҳи мутахассисон барои хомӯш намудани сӯхтор бо усули ҳамлаи бевосита ба алангаи оташ, иҳотаи он ва таъсири омехта тартиб дода мешавад. Гуруҳи таъиноти моддию техникӣ барои иҷрои баҳисогирии тактикӣ аз ҳисоби кормандони ассотсиатсияи истеҳсоли ташкил карда мешавад.

    Мушкилоти назаррас ва хатарҳои бузург ҳангоми хомӯш намудани сӯхтор дар шахтаҳои газнок бо сабаби хатари таркиши метан ва газҳои сӯхтор (оксиди карбон ва гидроген). Барои хориҷ намудани онҳо, лозим меояд, ки реҷаи шамолдиҳӣ то параметри садамавӣ нигоҳ дошта шавад ё қаблан атмосфераро дар нақбҳо якҷоя бо сӯхтор беҳаракат гардонидан лозим аст то ин, ки омехтаи гази хатарноки тарканда ба вуҷуд наояд.

    Ҳангоми сӯхтор дар нақбҳои сарбаст се варианти хомӯш намудани он мавҷуд аст:

    а) агар нақб ҳангоми омадани наҷотдиҳандагони куҳӣ шамол дода нашуда истодааст ва таркиби метан то ҳадди минималии таркидан 5% нарасидааст, тавсия дода мешавад, ки вентилятор ба кор дароварда шавад, онро иктишоф намуда ва хомуш намудани сӯхторро бо таъсири бевосита ба алангаи оташ оғоз менамоянд;

    б) агар дар нақб оксиген барои таркиши метан нокифоя бошад (8%), бояд вентиляторро барои тақвият бахшидани беҳаракат гардонишӣ табиии муҳит аз ҳисоби сӯхтори амал карда истода хомӯш намуда ва дар даҳанаи нақб зуд садди сабук бунёд менамоянд то ин, ки барои беҳаракат намудани атмосфера боз ҳам таъсир расонад ва шояд сӯхтор хомӯш гардад;

    в) агар аз таркиби атмосфера дар нақбҳои сарбаст маълӯмот мавҷуд набошад, барои иктишофи он шуъбаи ҚҲНК фиристода мешавад ва хомӯш намудани сӯхтор манъ аст. Нақбро аз фосилаи бехатар иҳота (ҷудо) намуда, баъд чи хел хомӯш намудани сӯхторро баррасӣ менамоянд.

    Агар сӯхторро таркиш мушкил гардонад, корҳои хомӯш намудан ва барҳам додани он бояд зуд қатъ карда шавад ва одамон ба минтақаи бехатар бароварда мешаванд. Барқарор намудани кор пас аз тақвият бахшидани шамолдиҳӣ ё беҳаракат гардонӣ, бегаз гардонӣ иҷозат дода мешавад. Агар таркишҳо бо такрор ёбанд, сӯхторро бо об ғарқ менамоянд.
    2. Таркиши омехтаи ҳавои метану чангдор

    Аз ҳама мушкил идора намудани вазъияти хатарнок ҳанкоми тарҳи истихроҷи қабат бегузоштани девораи муҳофизатӣ ба вуҷуд меояд, зеро дар фазои истихроҷшуда метан дар ҳаҷми бузурги идоранашаванда ҷамъ мегардад ва муқаррар намудани фосилаи бехатарӣ бунёди иншоотҳои ҷудокунанда ғайри имкон аст. Фазои бузурги истихроҷшударо бегаз гардонидан номумкин аст. Агар вентиляторҳои газ кашанда истифода бурда нашавад, таъсир расонидан ба баланси газӣ дар фазои истихроҷшуда ва нақбҳои фаъолият карда истода бо гардишҳои шамолдиҳӣ манъ аст.Усулҳо ва воситаҳои маҳдуд намудани алангаи оташ аз рӯи баромади газҳои сӯхтор ва радон ба сатҳи рӯи замин ҳоло дар марҳилаи омӯзиши саноатӣ қарор дорад ва ин усулҳо нақзи дизъюнктивиро хеле таҳриф менамояд, ки бо онҳо ин газҳо метавонанд аз алангаи оташ дуртар, ҳатто аз минтақаи куҳкорӣ дуртар раванд.

    Номуайянии ҳолат ва идоранашавандаи равандҳо дар рафти барҳамдодани садамаро таркиши газҳо бо ҳолатҳои фавти гуруҳӣ ҳангоми атмосфераи аз ҷиҳати таркиш бехатари нақби фаъолият намуда истода тасдиқ менамояд. Беҳаракат гардонидани (инертизация) атмосфераи фазои истихроҷшуда хароҷоти калонро талаб менамояд ва зарурият бавуҷуд меояд, ки шахтаро дар ғарқ намоем. Ин яке аз усулҳои қатъии таъмини бехатарӣ, зеро об лахчаҳои пас аз сӯхтор бавуҷуд омадаро хунук менамояд.

    II. Машғулиятҳои амалӣ

    Мавзуъ: Коркарди нақшаи бартарафкунии садама

    III. Машғулият дар доираи КМРО

    Пурсишу машварат аз рӯи мавзуъи ҳафта, аҳамияти нақшаи бартарафкунии садамаҳо

    IV. Супориш барои КМД

    Барои қайдҳо

    ________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________

    написать администратору сайта