Главная страница
Навигация по странице:

  • Модули 8 I . Маш ғ улият ҳ ои лексион ӣ Мавзуъ

  • 4. Коргоҳ и сорбсион ӣ. Қ оида ҳ ои ниго ҳ дор ӣ ва истифо -дабарии реагентҳ о

  • Санитарияи саноатӣ ва бинои санитар ӣ- маиш ӣ

  • 7. Тоза кадани об ҳ ои ифлос ва гардиши обтаъминкунанда

  • ктм. КТМ ББКК соли 2019. Вазорати саноат ва технологияои нави УМурии тоикистон донишкадаи кметаллургии Тоикистон Кафедраи коркарди конои канданиои фоиданок


    Скачать 4 Mb.
    НазваниеВазорати саноат ва технологияои нави УМурии тоикистон донишкадаи кметаллургии Тоикистон Кафедраи коркарди конои канданиои фоиданок
    Дата30.09.2022
    Размер4 Mb.
    Формат файлаdocx
    Имя файлаКТМ ББКК соли 2019.docx
    ТипДокументы
    #706354
    страница11 из 16
    1   ...   8   9   10   11   12   13   14   15   16

    II. Машғулиятҳои амалӣ

    Мавзуъ: Омўзиши қоидаҳои бехатарӣ дар иншоотҳои технологии сатҳи рўи кон.

    III. Машғулият дар доираи КМРО

    Пурсишу машварат аз рӯи мавзуъи ҳафта, таҳлили сабабҳои ҷароҳатбардорӣ дар маҷмуъаи иншоотҳо ва биноҳои технологии сатҳи руи кон;

    IV. Супориш барои КМД

    1. Иншоотҳои технологии сатҳи конро номбар кунед?

    2. Нақши иншоотҳои рўи кон дар саноати кӯҳӣ?

    3. Омилҳои асоси ҷароҳатбардорӣ, дар иншоотҳои технологии сатҳи руи конро номбар кунед?

    4. Маълумотҳои оморӣ оид ба ҷроҳатбардорӣ дар иншоотҳои технологии сатҳи руи кон.

    5. Талаботҳои оид ба насби таҷҳизотҳои технологии сатҳи конро номбар кунед?

    6. Талаботҳои оид ба бунёди иншоотҳои технологии кон.

    7. Талаботҳои оид ба майдони саноатӣ.

    8. Чорабиниҳои зидди сўхтории иншоотҳои технологии сатҳи рўи конро баён созед?

    9. Таъмин бехатарӣ ҳангоми дар бурҷи копрҳо фаъолият намудан.

    10. Чораҳои бехатарии ҳангоми дар биноҳои технологӣ фаъолият намуданро номбар кунед?

    11. Чораҳои бехатарии истифодаи электровоз дар сатҳи рўи кон?

    12. Талаботҳо оид ба бунёди партовҳо.

    13. Чораҳои бехатарӣ ҳангоми дар партовҳо фаъолият намудан.

    14. Аҳамияти роҳҳои танобӣ дар майдончаи саноатӣ.

    15. Талаботҳи бехатарии истифодаи роҳҳои танобиро шарҳ диҳед?
    Модули 8

    I. Машғулиятҳои лексионӣ

    Мавзуъ: Ташкили истеҳсолот ва қоидаҳои бехатарӣ дар фабрикаҳои маъдантозакунӣ.

    Нақша:

    1. Маълумоти умумӣ

    2. Қоидаҳои ягонаи бехатари ҳангоми поракунӣ ва элаккунӣ

    3. Қоидаҳои ягонаи бехатари ҳангоми майдакунӣ ва таснифот

    4. Коргоҳи сорбсионӣ. Қоидаҳои нигоҳдорӣ ва истифо-дабарии реагентҳо

    5. Санитарияи саноатӣ ва бинои санитарӣ-маишӣ

    6. Чорабиниҳои зиди сӯхтор

    7. Тоза кадани обҳои ифлос ва гардиши обтаъминкунанда




    1. Маълумоти умумӣ

    Фабрикаи маъдантозакунӣ – иншооте мебошад, ки дар ин маъдани фоизнокиаш паст ворид шуда ҳангоми ғанигардонӣ ба консентрат мубаддал мегардад. Консентрат металли асил набуда омехтаи якчанд металҳоро дарбар мегирад. Ҳангоми ғанигардонӣ маъданро ба коркарди механикӣ дучор мекунанд, бо ҳамин сабаб минералҳо дар раванди коркард хосияти асосии худро иваз намекунанд, дар муқобилияти пиро ва раванди гидрометаллургӣ, дар қисмати кадом ашёи ибтидои банди химиявӣ мубаддал карда мешавад.

    Маъдани ба фабрика воридшавад ба ҷараёни коркард пай-дар пай дучор мешавад, ки аз рўи таъиноти худ ба равандҳои омодакунӣ, худи ғанигардонӣ ва ёридиҳанда тақсим мешаванд (расми 1).



    Расми 1. Нақшаи асосии тозакунии маъдан

    1. Қоидаҳои ягонаи бехатари ҳангоми поракунӣ ва элаккунӣ

    Қоидаи ягонаи бехатари ҳангоми поракунӣ ва элаккуниро ба чунин гуруҳҳо ҷудо мекунанд:

    1. Майдончаи коркунии оператори поракунӣ, ки дар он ҷо маъдан ба поракунак ворид мешавад бо панҷараҳои муҳофизатии оҳанӣ бояд маҳкам карда шавад, ки ҳангоми кори поракунак маъдан аз дохили он баромада ба ҷои кории коргар фаромаданаш мумкин аст.

    2. Ҳангоми ба поракунак ворид шудани зарраҳои аз ҳад калон онҳо бояд аз поракунак нест карда шаванд бо ёриии воситаҳои болобардоранда ё ин ки бо ёрии моддаҳои тарканда тарконидан лозим, бо риояи «Қоидаҳои ягонаи бехатарӣ ҳангоми корҳои тарконишӣ». Нобуд сохтани зарраи калони ба поракунак дармонда бо воситаи дастӣ гирифтан ва шикастани онҳо бо воситаи болғаҳо ва босқонҳо умуман мумкин нест.

    3. Дар ҳолати садамави нигоҳ доштани поракунак ҳангоми туда шудани маъдан дар поракунак танҳо бо дастури махсуси тасдиқшудаи сармуҳандиси коргоҳ иҷозат дода мешавад.

    4. Майдончаҳое, ки дар онҳо элакҳои вибратсионӣ ҷойгир карда шудаанд, ҳангоми кор кардани элакҳои тезҳаракаткунанда ва вибратсионӣ кашиши вибратсионӣ бояд дар назар дошта шавад.

    5. Ҳангоми бор ва холи кардани элакҳо бояд дар маркази қабулкунии элакҳо воситаҳои ҳимоякунанда барои напаридани зарраҳо ҳангоми элаккунӣ.

    6. Пеш аз ба кор даровардани элакҳо бояд ҳар як қисм мустаҳкам карда аз назар гузаронида шавад ва инчунин диққати махсус барои мувозинати маъдан нигоҳ дошта шавад.

    7. Бо мақсади пешгири намудани ҳаво додани маъдан аз поракунак, сурохии боркуни бояд:

    • барои поракунаки конусӣ – атрофи он панҷараҳои муҳофизати махкам карда шавад;

    • барои поракунаки руявӣ – панҷараи муҳофизати аз паҳлу бо андозаи на камтар аз 1 м дошта бошад.

    1. Ҳангоми поракунии маъдан чангҳои тарканда бавуҷуд меоянд, бояд тадбирҳои пешгирии таркиш дар назар гирифта шавад.


    3.Қоидаҳои ягонаи бехатари ҳангоми майдакунӣ ва таснифот

    Ҳангоми балоиҳагирии коргоҳи майдакунӣ қоидаҳои оддитарини зеринро ба назар мегиранд:

    - деворҳои коргоҳи майдакунӣ бояд садоро ба берун пурра гузаштан нагузорад;

    - гирди муҳаррикҳои барқӣ бо панҷараи муҳофизӣ маҳкам карда шавад;

    -гирди таҷҳизотҳои даврзананда бо панҷараи муҳофизӣ маҳкам карда шавад;

    -ба коргарони коргоҳ наушник барои муҳофизат аз садои баланд дода мешавад ва м.и.

    Коргарон тарзи кори таҷҳизотҳоро назорат мекунанд. Таҷҳизотҳоро бо дасти луч расидан қатъиян манъ аст. Ба қисмҳои даврзанандаи таҷҳизотҳо бошад умуман фосиларо нигоҳ доштан лозим аст. Масофаи байни таҷҳизотҳо бояд барои бе мамониат ва расидан ба таҷҳизот гузаштани коргаронро таъмин намояд. Ҳарорати коргоҳ дар ҳама фасли сол як хел (ба фарқияти калон) нигоҳ дошта мешавад. Сарчашмаи асосии ҳосилшавии чанг дар коргоҳ ҷои рехтани маъдан мебошад. Барои дар коргоҳ чанг намондан қубурҳои ҳавокаш сохта мешавад. Барои ҳимояи рохи нафас аз чанг ба коргарон респиратор дода мешавад. Барои паст кардани вибратсия пойдеворе, ки ба он осиё насб шудааст виброизолятсия мекунанд. Ба коргарон низ мӯзаи тагаш резинӣ дода мешавад, ки он як миқдори муайян вибратсияро фурӯ мебарад.

    Нуқтаҳои пробагирӣ ишора карда мешавад ва ҳатман механизатсия карда мешавад.

    4. Коргоҳи сорбсионӣ. Қоидаҳои нигоҳдорӣ ва истифо-дабарии реагентҳо

    Анбори дохилифабрикавии реагнетҳо дар минтақаи муҳофизӣ ҷойгир карда мешавад. Барои нигоҳдории реагентҳо анбори пӯшида (яъне, бе тиреза) пешбинӣ карда шудааст. Барои он, ки реагентҳо набояд зери нурҳои бевоситаи офтоб истанд. Риояи ин қоидаи оддитарин эҳтимолияти сар задани сӯхторро паст мекунад. Реагентҳоро дар зарфҳои металлӣ (хусусан реагентҳои моеъро) нигох доштан беҳтар аст. Реагентҳои заҳрнокиашон баланд (масалан, сианидҳо) дар ҳуҷраи алоҳида нигоҳодрӣ карда мешавад. Оҳаки шукуфтаро дар зарфҳои пӯшида мегиранд. Нигоҳдории оҳаки шукуфтароҳамроҳи дигар реагентҳо иҷозат дода намешавад. Реагентҳои моеъ ва хушк аз ҳамдигар алоҳида нигоҳ дошта мешаванд.

    Дар анбор вентилятсияи табиӣ ва сунъиро ҷорӣ намудан ҳатмӣ аст. Ин амал барои паст кардани фоизи чанг, намӣ ва газҳоро дар ҳавои анбор паст мекунад.

    Ҳуҷрае, ки дар он маҳлули реагентҳо тайёр карда мешавад аз дигар ҳуҷраҳо ва коргоҳҳои фабрика изолятсия карда мешавад. Ҳама амалиётҳои маҳлултайёркунӣ бояд максимум автоматизатсия ва механизатсия карда шавад. Ин амал ба саломатии коргарони коргоҳи реагентӣ таъсири мусбӣ мерасонад. Барои коргарони коргоҳи реагентӣ пӯшоки махсуси корие, ки барои ин намуди кор пешбинӣ шудааст, дода мешавад.

    Коргоҳи реагентӣ бо сигнализатсия ҷиҳозонида мешавад. Ҳангоми аз кор мондани ягон таҷҳизот, аз кор бозмондани таҷҳизоти вентилятсионӣ ё сар задани сӯхтор ва монанди инҳо, сигнализатсия ба кор медарояд. Хати алоқаи коргоҳи реагентӣ бояд ҳамеша бо маъмурият, шӯъбаи сӯхторхомушкунӣ, қисми наҷотдиҳии ҳарбӣ кунонидашудаи кӯҳӣ (ВГСЧ) ва пункти тиббӣ пайваст бошад. Аз ин хати алоқа истифода намудани коргарони ғайр қатъиян манъ аст, зеро ин хатро ҳангоми зарурият банд карданаш мумкин аст.

    Чун коргоҳи реагентӣ яке аз қисмҳои хатарноки корхона аст, барои коргарони он шароити махсусро фароҳам овардан лозим аст. Коргарон дар зери назорати доимии тиббӣ қарор мегиранд, ба онҳо ғизои дар инструксия пешбинӣ шуда дода мешавад (пурра аз ҳисоба корхона), маоши нисбатан баландтарро соҳиб мешаванд ва монанди инҳо. Умуман коргарони коргоҳҳои реагентӣ бояд таҳти ғамхории доимии маъмурият қарор гиранд, зеро кори онҳо ҳам пурхатар аст ва ҳам аз самаранокии кори онҳо натиҷахои мусбии корхона ба даст меояд. Дар деворҳои коргоҳ дар ҷойҳои мувофиқ овезаҳо бо навиштаҷотҳо оид ба қоидаҳои техникаи бехатарӣ, истифодабарии реагентҳо ва характеристикаи онҳоро гузоштан аз манфиат холӣ нест. Зеро коргар ҳар лахза ба он навиштаҷотҳо вохӯрда онро зуд дар хотираш мегирад. Як ҳуҷра барои ҷои нишасти коргарон (ҷои дамгирӣ, мувофиқи инструксия) ҷудо карда мешавад. Дар он ҳуҷра инструксияи пурраи кор бо реагентҳо ва техникаи бехатарӣ гузошта мешавад.

    1. Санитарияи саноатӣ ва бинои санитарӣ-маишӣ

    Барои қонеъ гардонидани талаботи санитарӣ ва маишии коргарон сохтмони биноҳои махсус ба нақша гирифта шудааст. Бинои санитарӣ-маишӣ чунон сохта мешавад, ки ба он омилҳои зараррасон то ҳадди имкон таъсир накунанд. Яъне, садои беруна ба дохил надарояд, дохили бино барҳаво ва тоза бошад ва монанди инҳо. Ба биноҳои санитарӣ-маишӣ дохил мешаванд: ошхона, душхона, ҳуҷраҳои истироҳатӣ, пункти тиббӣ, бинои маъмурӣ ва монанди инҳо. Биноҳои санитарӣ-маишӣ бо нуқтаҳои вентилятсионӣ таъмин шуда, дар дохил мутобиқи фаслҳои сол ҳарорати мувофиқ нигоҳ дошта мешавад.
    6. Чорабиниҳои зиди сӯхтор

    Андешидани чорабиниҳои зиди сӯхтор барои ҳар балоиҳагирии фабрикаи маъдантозакунӣ ҳатмӣ мебошад. Дар лоиҳа чунин чорабиниҳоро андешидан зарур аст: ташкили нуқтаҳои зидисӯхторӣ, таъмини шароитҳои пешгирии сӯхтор, ташкили шароити мусоид ба эвакуатсиякунии одамон ва монанди инҳо. Дар шафати анборҳои нигоҳдории реагентҳо ва ҳуҷраҳои маҳлули реагенттайёркунӣ ҷойгиркунии гӯшаҳои зиди сӯхтор ҳатмӣ аст. Ба зарфҳои маводҳои зуддаргиранда навиштани огоҳиҳои ба монанди «зуддаргиранда», «оташангез», «тамоку накашед» ва монанди инҳо зарур аст. Дар ҳар коргоҳ кранҳои зидисӯхтор гузошта шудааст. Кранҳои зидисӯхтор дар баландии 1,35 м гузошта шудааст. Новаҳои дуд ва чангро ба берун кашанда ҳам ба назар гирифта шудааст. Аз баромадгоҳи эвакуатсионӣ то нуқтаи дуртарини корӣ 240 м мебошад.
    7. Тоза кадани обҳои ифлос ва гардиши обтаъминкунанда

    Сарчашмаи пайдоиши обҳои ифлос дар фабрикаҳои ғанигардонӣ асосан аз партовҳои бойгардонида шуда ба намуди лойобаҳо, ки дар партовгоҳ захира карда мешаванд. Партовҳо ин қисми зиёд 60 – 90 % ҳаҷми умумии ҳамаи обҳои ифлосшудаи фабрикаи ғанигардониро ташкил мекунад. Ин обҳои ифлос дар таркибаш на танҳо зарраҳои вазнини дуруштии гуногун, балки моддаҳои узвӣ ва ғайри узвии дар фазаи оби ҳалшуда ва дисперсионии гуногун, маводҳои флотатсионӣ ва маҳсулотҳои бо ҳам таъсиркунандаи минералҳои компонентҳои маъдан иборат мебошанд. Мувофиқи талабот ба таркиби обҳои иншооти оби дар назди пункти хоҷагидории-оби нўшокӣ ва маданияти-маишӣ истифодабарии об, ки дар таркибаш моддаҳои ҳалнашуда набояд аз 0,25 мг/л зиёд бошанд. Дар обҳои ифлосшуда на бояд, ки ғашҳо шино кунад ва инчунин бўй дошта бошад, миқдори оксигени ҳалшуда набояд на кам аз 4 мг/л ва талаботи биокимиёӣ дар оксиген (ТБО) на бояд аз 3 мг/л зиёд бошад. Тавсифи муҳими оби ифлос дар қимати рН, ки тағирёбанда дар ҳудуди аз 8 то 12 мебошад. Миқдори ионҳои калсий ва магний дуруштии оби ифлосро муайян мекунад. Миқдори ғашҳои зараровар, ки асосан аз ионҳои металҳои вазнин иборатанд на бояд, ки аз то ҳадди охири имконпазири ғализатии (ҲИҒ) он дар об зиёд бошанд. Аммо онҳо баъзан аз қимати ҲИҒ зиёд мешаванд. Ҳамин тавр, миқдори умумии сулфатҳо ва хлоритҳо баъзан то 1 г/л ташкил медиҳанд.

    То ҳадди охири имконпазири ғализати дар об набояд аз мг/л: арсен – 0,05, симоб – 0,005, сианидҳо – 0,1, руҳ ва мис – 1,0, сурб – 0,1, ксантогенати бутилӣ – 0,001 зиёд бошанд.

    Лойобаи партовҳо ва обрезҳо ба партовгоҳ ворид мешаванд, дар он ҷо бо таъсири қувваҳои вазнин зарраҳои вазнин таҳшин шуда ва фазаи моеъро ба сифати обҳои гардиш истифода карда мешаванд. Дар партовгоҳ бо таъсири омилҳои атмосферӣ, равандҳои кимиёвию биологӣ рН то 7-8 кам шуда, миқдори металҳои вазнин кам шуда, сулфидҳо, сианидҳо ва ксантогенатҳо кам мешаванд. Ҳамин тавр, партовгоҳ низ иншооти полоишӣ мебошад. Дар он пеш аз ҳама зарраҳои вазнин таҳшин мешаванд, ки аз дараҷаи дисперсионии он, муҳити рН, миқдори фазаҳои моеъ ва ҳарорат вобастаги доранд. Барои тезонидани таҳшиншавии зарраҳои вазнин дар партовгоҳ дурдабандҳо (коагулянты) (оҳак, сулфати оҳан, сулфати алюминий) ва флокулянтҳо (полиакриламид) ро истифода мекунанд.

    Барои безарар кардани оби ифлос усулҳои гуногуни кимиёӣ, физико-кимиёӣ ва микробиологиро истифода мекунанд.

    Кимиёӣ ё ин ки усулҳои реагентии тозакунӣ бо истифодаи ингуна моддаҳои кимиёӣ ҳамчун бо хлоридҳои оҳақ, гипохлориии калсий, купороси оҳан ва ғайраҳо иҷро карда мешавад.

    Ионҳои металҳои вазнин (мис, руҳ, сурб, никел, кадмий) ҳангоми тозакунӣ ба намуди пайвастагиҳои душвор ҳалшаванда таҳшин мешаванд. Ҳамин тавр, ионҳои мисро бо иштироки оҳак ҳангоми рН 8-9 ба намуди гидрооксиди Cu(OH)2 душвор ҳалшаванда ё намакҳои асосии Cu2(OH)2CO3, инчунин мисли ионҳои никел, сурб, руҳ ва кадмий таҳшин мекунанд. Барои таҳшин кардани арсен инчунин оҳани ду ва севалентаро истифода мекунанд.

    Барои тоза кардани обҳои ифлос аз сианидҳо, ки асосан ҳангоми сианонидани маъдани тиллодор истифода карда мешавад, хлоронидан бо хлори моеъ ҳангоми рН зиёда аз 9 – 10, гипохлорид СаOСl ё хлориди оҳак CaOCl2 дар муҳити ишқорӣ ҳангоми рН ба 10-11 баробар будан, истифода мекунанд.

    Дар ин маврид оксидшавии сианидҳои оддӣ аз рўи таъомули зерин мегузарад

    CN¯ + OCl¯ → CNO¯ + Cl¯

    Дар ин ҳолат ионҳои ҳосилшудаи CNO¯ ба гидролиз бо ҳосилшавии кислотаи карбонат ва нитратҳо дучор карда мешавад

    CNO¯ + 2H2O → CO + NH

    Ҳангоми оксидшавии сианидҳои комплексӣ, масалан сианиди мис, ки ҳамчунин гидрооксиди мис Cu(OH)2 ҳосил мешавад.

    Роданидҳо CNS¯ инчунин ба монанди сианидҳо бо хлор дар вақти рН 10 – 12 будан оксид мешаванд. Ҳангоми истифобадарии оҳакоби хлордор ксантогенатҳо, дитиофосфатҳо, сулфидҳо, тезобҳои равғанин, ки ба ҳолати душворҳалшавандаи намакҳои калсий мегузаранд, металҳои вазнин дар ин вақт ба намуди карбонатҳои асосӣ ё гидрооксидҳо таҳшин мешаванд. Хароҷоти хлори фаъол тақрибан 30 г дар 1 г сианид ташкил мекунад. Ғализатии сианиди боқимонда дар маълули безараргардонида шуда одатан на кам аз 5 мг/л ташкил мекунад.

    Камбудии ин усул дар ҷамъшавии ионҳои хлор дар обҳои ифлос мебошад.

    Барои дур кардани сианидҳо аз обҳои ифлос инчунин озононидан бо усули INCO ва сулфати оҳани дувалентаро истифода мебаранд.

    Ҳангоми озононидани муҳити ишқорӣ озон О3 сианидро то сианидҳо (цианатов) оксид карда баъдан бо ба вуҷуд омадани тезоби карбонат ва нитратҳо вайрон шуда дар ин ҳолат зарурияти ҷудошавии дурр кардани хлор аз обҳои ифлос рўй медиҳад. Хароҷоти озон 4,3 – 12,9 дар 1 г сианид дар вақти боқимондаи ғализатии он камтар аз 0,5 – 1 мг/л ташкил мекунад.

    Озон инчунин хеле хуб сулфидро то сулфатҳо оксид мекунад.

    Дар усули INCO барои вайроншавии сианидҳо ва роданидҳо омехтаи ҳаво ва SO2 ҳангоми рН 8,0 будан истифода карда мешавад. Диоксиди сулфур ба намуди метабисулфати натрий (Na2S2O5) меғалтад. Бо иштироки купороси мис ҳамчун катализатори сианид ба намуди сианиди оҳани комплексӣ, ки якҷоя бо мис, руҳ ё никел таҳшин мешавад, дур карда мешавад. Ҳангоми ба вуҷуд омадани тезоб бо оҳак дар вақти рН 8 – 10 будан нейтрализатсия карда мешавад.

    Ҳангоми истифодабарии сулфати оҳани дувалента бо оҳак дар вақти рН 8 – 10 будан пайвастагии комплексии – сианиди оҳан, ки дар он гурўи CN¯вайрон нашуда мемонад, бинобар имконияти ба амал омадани сианиди оддии ҳалшаванда мешавад.

    Барои тоза кардан ва софкори кардани оби ифлос, усулҳои физикию-кимиёи ҳамчун флотатсия (ионҳои флокуляр, электрофлотатсия), электрогоагулятсия ва электролиз, ҷаббиш ва экстаксияро истифода мекунанд.

    Аз ҳама усули бештар васеъ паҳншуда ин микробиологӣ мебошад, ки ба қобилияти оксидшавии микроорганизмҳо то тезоби карбонат ва обҳо бо моддаҳои узвӣ ва ғайри узвӣ асос карда шудааст. Ингуна равандҳоро дар шароити аэробӣ ва беаэробӣ иҷро карда мешавад. Тозакунии аэробиро дар об, маҳсулотҳои биологӣ, аэротенка, ки дар он аэратсия бо ба амал омадани қабати фаъоли микроорганизм дошта, гузаронида мешавад.

    Барои таҳшин кардани ионҳои металҳои вазнини ранга тахфифкунии бактерия сулфатҳо то сулфиди гидроген дар шароити ғайри аэроб барқарор мешаванд. Онҳо васеъ дар хок, обҳо, ҳудуди геотермалӣ, конҳои нафтӣ паҳн шудаанд. Афзоиши онҳо бо ҳамроҳии ба вуҷуд омадани сулфиди гидроген, ки металҳоро таҳшин мекунад. Хеле роли муҳимро ингуна бактерияҳо барои таҳшин кардани металҳоро дар таҳшинҷо ва ҳавзҳо, ки барои имконияти истифодабарии онҳо барои тозакунии обӣ ифлосшударо дорад.

    Обҳои ифлосшудаи фабрикаҳои ғанигардонӣ одатан баъди коркард ё ин ки бе он барои такроран истифодабарӣ ба фабрика бар мегардад. Барои ин дар фабрикаҳо гардиши обтаъминкунандаро ташкил медиҳанд, ки имконияти на танҳо барои дур кардани обҳои чиркин ва ифлос, инчунин миқдори хароҷоти обҳои софро дар эҳтиёҷоти истеҳсолот кам мекунад. Хароҷоти обҳои гардиш, одатан аз 80 то 90 % аз хароҷоти ҳамаи обҳои фабрикаро ташкил медиҳад.

    Нақшаҳои гардиши обтаъминкунӣ аз истифодабарии технологияи ғанигардонӣ, маводҳои флотатсионӣ, ки дар ингуна раванд истифода карда мешавад, таркиб ва сифат, обҳои тоза ва гардиш вобаста аст.

    Ҳангоми коркарди маъдани монометалӣ ҳамаи обҳои софкарда шудаи аз партовгоҳ ва обрези ғализкунии консентратҳо ба амалиёти майдакунӣ ва флотатсия бар гардонида мешавад дар вобастагии нахт дар он будани реагентҳои флотатсионӣ мебошад. Ҳангоми коркарди маъданҳои полиметалӣ нақшаи бо сикли гардиши обтаъминкунанда истифода мекунанд, ки дар вақти оби ҷудошуда сикл боз ба ҳамон сикл бар мегардад. Ҳангоми флотатсияи колективӣ-селективӣ обҳои ҷамъшуда, ки аз партовҳои флотатсияи колективӣ ба майдакунии пеш аз флотатсияи колективӣ ва обрезҳое, ки аз консентратҳои ғализшудаи ба даст омада ба сикли худ бо тозакунии ғашҳои зараррасон бар мегарданд.

    Обҳои ҷамъшудаи ба флотатсия баргардонидашаванда бо миқдори на зиёди 0,2 – 0,3 г/л зарраҳои тунуки дисперсионӣ – шламҳо, ки таъсири зиён ба ҷараёни флотатсия меоранд иҷозат дода мешаванд.

    Ҷадвали 1.

    Таркиби оби партов фабрикаи маъдантозакунӣ ва зарари он ба муҳити атроф

    Нишондиҳандаҳо

    Схемаи коркарди маъдан




    флотатсионӣ

    сианидӣ

    омехта

    рН

    7,0-8,6

    10-12

    8-10

    Боқимондаи хушк, мг/дм3

    400-500

    2000-2500

    600-2000

    Оксидкунанда, мг 02/дм3

    12-18

    20-25

    20-22

    Таркиб мг/дм3:

    Магний

    30-100

    10-20

    30-35

    Калсий

    50-150

    600-800

    100-400

    Иони хлордор

    40-50

    30-50

    40-50

    Иони сулфатдор

    200-600

    400-600

    300-600

    Иони сиандор

    0

    20-200

    10-30

    Роданидҳо

    0

    10-50

    10-20

    Оҳан, умумӣ

    0-0,3

    0,3-0,5

    0,3-0,5

    Мис

    0-0,3

    1-40

    1-20

    Сурб

    0-0,2

    0,7-1,0

    0,2-0,6

    Руҳ

    0,1-1,0

    1-15

    0,5-10,0

    Арсен (маргимуш)

    0,1-0,4

    0,8-1,0

    0,4-0,5

    Ксантогенати бутили

    0,1-2,0

    0

    0,1-1,0

    Кафкҳасилкунандаҳо

    5-20

    0

    1-10
    1   ...   8   9   10   11   12   13   14   15   16


    написать администратору сайта