ктм. КТМ ББКК соли 2019. Вазорати саноат ва технологияои нави УМурии тоикистон донишкадаи кметаллургии Тоикистон Кафедраи коркарди конои канданиои фоиданок
Скачать 4 Mb.
|
II. Машғулиятҳои амалӣ Мавзуъ: Муайян намудани омилҳои зараровар ва хатарноки фабрикаҳои маъдантозакунӣ Ҳисоб ва интихоби таҷҳизотҳо барои доштани чанг Интихоби сиклонҳои чангқапиро аз рӯи таркиби дисперсии чанг ва самаранокии фраксионии сиклон асос мегиранд. Самаранокии фраксионии сиклонҳоро аз рӯи маълумотҳои справочникҳо қабул мекунем. Маълумотҳо барои ҳисоб: 1.Ҳаҷми ҳавои аспиратсияшаванда – 55,5 м3/сония; 2.Консентратсияи чанг дар ҳавои аспиратсияшаванда – 0,3 г/м3; 3.Зичии ҳаво – 1,2 кг/м3; 4.Таркиби дисперсии чанг дар ҳавои аспиратсияшаванда дар ҷадвали 1. оварда шудааст. Ҷадвали 1. Таркиби дисперсии чанг дар ҳавои аспиратсияшаванда
Ба интихоби сиклони СЦН – 40-ро интихоб намуда миқдорашро ҳисоб мекунем. Характеристикаи сиклони мазкур: -суръати газ – 1,7 м/сония; -консентратсияи максималии чанг дар сиклон – 250-400 г/м3; -ҳарорати ҷоизи газ – 400 0С; -муқовимати гидравликӣ – 2000-2200 Па; -дараҷаи тозакунӣ барои зарраҳои калон аз 5 мкм – 93-37%. 1)Суръати оптималии ҳаворо дар сиклон WОПТ=1,7 м/сония қабул мекунем. 2)Буриши майдони лозимии сиклонро ҳисоб мекунем: 3)Диаметри қисми силиндрии сиклонро муайян мекунем: III. Машғулият дар доираи КМРО Пурсишу машварат аз рӯи мавзуъи ҳафта, таҳлил ва баҳодиҳии дараҷаи ҷароҳатбардорӣ дар фабрикаҳои маъдантозакунӣ IV. Супориш барои КМД Дар зери маҳфуми ҳифзи муҳити зист чиро мефаҳмед? Сарчашмаҳои асосии ифлосшавии ҳавои атмосферии фабрикаҳои маъдантозакуни чиҳо ба ҳисоб мераванд? Дар фабрикаҳои маъдантозакунӣ панҷараи муҳофизати барои чи хизмат мекунад? Ба чангҳои таркандаи фабрикаи маъдантозакуни кадом намуди чангҳо дохил мешавад? Дар таркати обҳои партови фабрикаи маъдантозакуни, ки бо усули флотатсия кор мекунад чи қадар магний мавҷуд аст? Партоваҳои фабрикаи маъдантозакуниро номбар кунед? Чангҳое, ки ба ифлосшавии пўст ва роҳҳои нафаси инсон оварда расонида, бо гузашти вақт тоза мешаванд чи ном дорнд? Гардиши обтаъминкунанда чист? Дар таркати обҳои партови фабрикаи маъдантозакуни, ки бо усули сианиронӣ кор мекунад чи қадар калсий мавҷуд аст? Қоидаҳои ягонаи бехатари дар сехҳои майдакуни ва таснифотро номбар кунед? Қоидаҳои ягонаи бехатари дар сехҳои поракунӣ ва элакуниро номбар кунед? Ҳамчун ҳавотозакунакҳо дар фабрикаҳои маъдантозакуни кадом намуди таҷҳизотҳо истифода карда мешавад? Усули безарари бойгардонии маъданро шарҳ диҳед? Моддаҳои флотатсионии зараррасон барои организми инсон кадомхо ба шумор мераванд? Дар фабрикаи маъдантозакунӣ сабаби таркандагии чанг дар чист? Модули 9 I. Машғулиятҳои лексионӣ Мавзуъ: Воситаи муҳофизати фардӣ Нақша 1 Воситаҳои ҳимоя аз таъсири зараровари муҳити атроф. 2. Воситаҳои ҳимоя аз ҷароҳатбардорӣ. 1. Воситаҳои ҳимоя аз таъсири зараровари муҳити атроф. Иҷрои кор дар шароити зеризаминӣ, бо таъсири манфии як қатор омилҳои номусоид ба организми коргар пайванд мебошад. Барои муҳофизат ва ҳимояи организми инсон аз таъсири омилҳои номусоид ба муҳити атроф дар саноати кӯҳкорӣ аз воситаҳои ҳимояи таъиноташон гуногун истифода менамоянд. Мувофиқи стандарти ГОСТ 12.4.011—87, воситаҳои ҳимояи фардиро ба чунин синфҳо тақсим менамоянд: А) костюмҳои изолиятсиякунанда; Б) воситаҳои ҳимояи узви нафаскашӣ; В) либосҳо ва пояфзолҳои махсус; Г) воситаҳои ҳимояи даст, сар, рўй, чашм ва гуш; Д) воситаҳои ҳимояи дерматологӣ; Е) лавозимотҳои муҳофизакунанда. Барои фаъолият дар амалиётҳои асосӣ ва ёридиҳандаи воҳидҳои шахта, коргарон ва ҳизматичиёни бо либосҳо ва пойявзолҳои махсус, воситаҳои ҳимояи фарди, ки барои муддати муайян мувофиқи меъёри муқарраршуда муҷаҳазгардонида шудаанд, иҷозат дода мешаванд. Барои ҳимояи узвҳои нафаскашӣ, ҳангоми дар таркиби ҳавои минтақаи корӣ чанги зиёд вуҷуд дошта бошад, воситаи ҳимояи фардӣ аз чанг – респираторҳо истифода бурда мешавад. Респираторҳо бояд ҳавои нафаскаширо аз чанг то ҳадди ҷоиз тоза намояд. Истифода бурдани респираторҳо дар муддати 6 соати кории бетанафус набояд сабабгорӣ ҳиссиёти нохўш ва ихтилоли гардиши хун дар бофтаҳои нарми рўй гардад. Таркиби гази карбон дар ҳавои нафаскашӣ, ҳангоми ҳаҷми нафаскашӣ 0,3-0,6 л набояд аз 2% ва ҳангоми нафасбарорӣ 3,5-0,5 % зиёд гардад. Респираторҳо барои иҷрои амалиётҳои истеҳсолӣ, қабул ва интиқоли сигналҳои овозӣ монеъа эҷод нанамояд ва майдони назарро на зиёда 25% маҳдуд кунад. Вазни респираторҳо набояд аз 300 г зиёд буда, бағайр аз ин онҳо бояд содда ва қулай, тобовар ба таъсири механикӣ ва омилҳои дигар ҳангоми истифодабарӣ, нигоҳдорӣ ва интиқол додан бошад. Респираторҳои зидди чангиро ба ду гуруҳ, яъне беклапан ва клапандор тақсим менамоянд. Ба респираторҳои беклапан (истифодаи якмаротибагӣ) намуди ШБ-1, «Лепесток-200», «Лепесток-40», «Лепесток-5», У-2К қисми руйпушаш низ аз матои филтиркунанда иборат мебашад, дохил мешавад. Ин респираторҳо ҳангоми чангонокии наонқадар калон ва корҳои дараҷаи вазниниашон миёна ва сабук истифода мешаванд. Филтири респираторҳо аз маводи ФПП-15, ФПП-70 бо руйпушаки докагин, ки қобилияти ҳимоякунӣ аз чанги заррачаҳояш то 0,3 мкм-ро дорост сохта шудааст. Барои истифодаи муддати тулонӣ дар атмосфераи чангнокиаш калон (то 2000 мг/м3) ва намнокии нисбии баланд (то 100%) аз респираторҳои клапандори намуди "Астра-2", Ф-62Ш, ПРШ-2, ПРШ-741, РН-21 истифода менамоянд.Онҳо аз нимниқоб бо қуттӣ, ки он филтирҳои ивазкунандаи аз матоҳи ФПП-15 сохта шуда ҷойгир карда мешавад. Дар корхонаҳои кӯҳкорие, ки дар онҷо аз респиратор истифода бурда менамоянд, бинои махсус ҷудо карда мешавад. Онро бо таҷҳизотҳои бечанггардонии филтрҳо ва санҷиши муқовимати онҳо, шустан ва хушк намудани нимниқобҳо, шустани обтюраторҳо ва ҷевонҳо барои нигоҳдории самоспасателҳо ҷихозонида мешавад. Нимниқоб ва обтюраторҳо баъди шустушуй бо маҳлули 5%-и кислотаи бор ё маҳлули 5%-и хлорамини В мавриди поксозӣ қарор дода мешавад. Иваз намудани филтрҳо ҳангоми зиёд гардидани фарқияти фишор дар респиратор то 100 Па ҳангоми то 30 л/дақ сарф намудани ҳаво амали карда мешавад. Респираторҳо дар алоҳидагӣ ба ҳар як шахс вобаста карда мешавад. Ба сифати воситаҳои фарди барои ҳимояи узвҳои нафаскашии кормандоне, ки дар корҳои зеризаминӣ машғуланд, ҳангоми баромадани онҳо аз атмосфераи заҳҳролудшуда дар ҳолати ба вуҷуд омадани садама аз самоспасателҳои филтиркунанда ва нигоҳдоранда истифода менамоянд. Дар самоспасателҳои филтиркунанда ҳавоси нафаскашандаи инсон аз муҳити атроф ба системаи филтирҳо дохил шуда, дар он аз оксиди карбон, чанг ва дудҳо тоза карда мешавад. Гузашта аз ин, бо пурагӣ тоза намудан ҳамон вақт ба даст меояд, ки таркиби оксиди карбон дар ҳавои нафаскашанда назиёда 1% ва вақти нафаскашӣ то 45-60 дақиқаро ташикил намояд. Азбаски дар самоспасатели филтиркунанда инсон аз ҳавои атмосфера нафас мекашад, пас дар он бояд бо таркиби зарури оксиген (на камтар аз 17%) мавҷуд бошад. Самоспасателҳои филтиркунанда дар онҷое, ки норасогии оксиген мавҷуд аст, инсонро ҳимоя карда наметаваонад. Бо ин сабаб онҳоро ҳангоми нохост газхориҷкунии ангишт вақте, ки таркиби кислород дар нақбҳо аз 17 % хеле кам аст, истифода наменамоянд. Ҳангоми пушидан ва нигоҳдории самоспасателҳои полоишӣ аз ҳолати герметикии ғилофи он воқиф шудан лозим аст, зеро ҳангоми пайдо шудани нуқсон дар зери таъсири намнокии ҳаво полоишӣ гопкалитии он хароб мегардад. Санҷиши даврии ҳолати герметикии худнаҷотдиҳандагон бо роҳи ғутонидани онҳо ба оби гарм амалӣ карда мешавад. Дар ҳолати мавҷудяти нуқсон дар ғимлофҳо, ҳубобчаҳои ҳаво пайдо мешавад. Худнаҷотдиҳандагони нигоҳдоранда дар асоси кимёвӣ ва оксигени фишурдашуда истеҳсол карда мешавад. Инсон дар он на аз ҳавои шахта, балки аз гази омехтаи дар худнаҷотдиҳанда гирдгарданда нафас мекашад. Аз ин лиҳоз худнаҷотдиҳандагони нигоҳдоранда узвҳои нафаскаширо аз ҳар гуна газҳое, ки дар таркиби ҳавои шахта мавҷуд аст, ҳимоя менамояд, аз онҳо новобаст азтаркиби оксиген дар ҳаво истифода бурда метавонанд. Дар раванди нафаскашӣ дар худнаҷотдиҳандаи нигоҳдоранда аз омехтаи газҳо ангидриди барзиёди карбон ва намноки хориҷ гардида, омехтаи газ бо кислород ғани гардонида мешавад. Вақти таъсири ҳимояи худнаҷотдиҳанда ҳангоми ҳаракат на камтар аз 45 дақ. ва шиштан на камтар аз 300 дақ. мебошад. Вазни худнаҷотдиҳанда тақрибан 3 кг-ро ташкил менамояд. Айни ҳол аз худнаҷотдиҳандагони намуди ШС: ШС-7М, ШСМ-1, ШСС-1 и ШСС-Т истифода менамоянд 2. Воситаҳои ҳимоя аз ҷароҳатбардорӣ Дар саноати кӯҳкорӣ вобаст аз намуд ва шароити меҳнат аз як қатор воситаҳои ҳимояи фардӣ, барои ҳимоя аз ҷароҳатбардорӣ истифода менамоянд: либосҳои махсуси таъиноташон гуногун; каскаҳо; пояфзорҳо; даспушакҳо; айнакҳои муҳофизатӣ ва зиддичангӣ; дастпушакҳои диэлектрикӣ; миёнбандҳои муҳофизатӣ; мўза, калўшҳо. Бояд қайд намуд, ки либоси махсус, каска ва пояфзорӣ махсус аҳамияти дуҷониба – ҳимоя аз беморӣ ва ҷароҳатбардорӣ доранд. Либоси махсус барои ҳимояи сатҳи бадан аз омилҳои номусоид ба муҳити атроф (кимёвӣ, ҳароратӣ, механикӣ, метеорологӣ) ва зарарҳои истеҳсолот хизмат менамояд. Вобаста аз мақсади истифодабарӣ либосҳои махсусро ба 14 гуруҳ ва 36 зергуруҳ (аз рўи ГОСТ 12.4.011-87) тақсим менамоянд. Барои ҳимояи сар аз ҷароҳатбардории механикӣ, сўхтор ва намнокӣ аз каскаҳои махсус истифода менамоянд. Каскаҳо дар ду намуд: барои фаъолият дер зери замин ва барои фаъолият дар сатҳи руӣ замин истеҳсол карда мешаванд. Ба ҳар як намуд бо ду андоза 54-58 см ва 58-62 см истеҳсол менамоянд.Вазни каскаҳо 400-450 г.-ро ташкил медиҳанд. Барои ҳифзи боэътимоди пой аз ҷароҳатбардории механикӣ, таъсири кимёвӣ, гармӣ ва барқӣ кормандони саноати кӯҳӣ бо пояфзорӣ махсус, ки бо назардошти шароит меҳнат истеҳсол карда шудааст, таъмин карда мешаванд. Намудҳои зерини пояфзолҳои махсусро истеҳсол менамоянд: |