Главная страница
Навигация по странице:

  • Модули 10 I . Маш ғ улият ҳ ои лексион ӣ Мавзуъ

  • Модули 11 I . Маш ғ улият ҳ ои лексион ӣ Мавзуъ

  • 1. Маълумоти умум

  • 2. Сохтори

  • ктм. КТМ ББКК соли 2019. Вазорати саноат ва технологияои нави УМурии тоикистон донишкадаи кметаллургии Тоикистон Кафедраи коркарди конои канданиои фоиданок


    Скачать 4 Mb.
    НазваниеВазорати саноат ва технологияои нави УМурии тоикистон донишкадаи кметаллургии Тоикистон Кафедраи коркарди конои канданиои фоиданок
    Дата30.09.2022
    Размер4 Mb.
    Формат файлаdocx
    Имя файлаКТМ ББКК соли 2019.docx
    ТипДокументы
    #706354
    страница13 из 16
    1   ...   8   9   10   11   12   13   14   15   16

    II. Машғулиятҳои амалӣ

    Мавзуъ: Омўзиши истифодаи воситаи худнаҷотдиҳӣ ва респираторҳои зиддичангӣ

    III. Машғулият дар доираи КМРО

    Пурсишу машварат аз рӯи мавзуъи ҳафта, аҳамияти истифодаи воситаҳои ҳимоя аз тасири зараровари муҳити атроф ва ҷароҳатбардорӣ.

    IV. Супориш барои КМД

    1. Мақсади истифодаи муҳофизати фардӣ.

    2. Воситаҳои ҳимояи фардиро ба чанд синфҳо тақсим менамоянд?

    3. Аҳамияти истифодаи костюмҳои изолиятсиякунанда, дар корҳои зеризаминӣ?

    4. Воситаҳои ҳимояи узви нафаскаширо номбар кунед?

    5. Воситаҳои ҳимояи узви шунавоиро номбар кунед?

    6. Воситаҳои ҳимояи дермотологиро номбар кунед?

    7. Респираторҳо ва вазифаи онҳо дар саноати кӯҳкорӣ.

    8. Сохт ва намудҳои респираторҳоро шарҳ диҳед?

    9. Худнаҷотдиҳандаҳо ва вазифаи онҳо дар саноати кӯҳкорӣ.

    10. Сохт ва намудҳои худнаҷотдиҳандаҳо шарҳ диҳед?

    11. Воситаҳои ҳимоя аз ҷароҳатбардориро номбар кунед?

    12. Вазифаҳои либоси махсуси конканҳоро шарҳ диҳед?

    13. Либосҳои махсуси конканҳо ба чанд гуруҳ тақсим мешаванд?

    14.Воситаҳои ҳимояи сарро номбар кунед?

    15. Намудҳои пойафзолҳои конканҳоро номбар кунед?

    Модули 10

    I. Машғулиятҳои лексионӣ

    Мавзуъ: Маълумот оид ба садамаҳо дар кон

    Садама – ҳодисаи идоранашаванда буда, раванди муътадили технологиро вайрон менамояд ва ба ҳаёт ва саломатии кормандон таҳдид намуда, боиси расонидани зарари моддӣ мегардад.

    Садамаҳое, ки дар шахта васеъ паҳн шудаанд ва сабаби марги азими конканҳо гардидааст, фалокат (катастрофа) меноманд.

    Садамаҳои хатарноктарини зеризаминӣ инҳоянд:

    • таркиши омехтаҳои ҳавои метанучангдор (метанопылевоздушных смесей);

    • сўхторҳои зеризаминӣ;

    • нохост газихроҷкунии ангишт ва ҷинсҳо;

    • нақбҳои заҳролудшуда бо газҳои ба саломатии конканҳо зараровар;

    • хароб шудани нақбҳо бо таъсири обҳо ва лойобаҳои ҷамъшуда, ки дар он конканҳо фаъолият менамоянд;

    • фурўравии нақбҳои кӯҳӣ.

    Садамаҳоро дар шахта вобаста аз зуҳуроташ ба ду намуд тақсим менамоянд:

    • техногенӣ;

    • табии

    Садамаҳои техногенӣ аз натиҷаи вайрон намудани реҷаи технологӣ (вайрон намудани параметрҳои иҷрои корҳои кӯҳӣ, истифода намудани таҷҳизотҳои номувофиқ, риоя накардани реҷаи корҳои таъмир ва ҳ.) ба вуҷуд меоянд.

    Барои ба вуҷўд омадани садамаҳои табии, зуҳуротии табии нақши муҳим мебозад.

    Таркиши газ ва чанги ангишт яке аз садамаҳои мураккаб ва хатарнок дар шахтаҳо ба шумор меравад. Дар ин ҳолат омилҳои асосии ба ҳалокат расонидани конканҳо инҳоянд:

    • моддаҳои заҳролуди таркиш;

    • муҳити беоксиген дар ҷараёни ҳавоӣ содиротӣ;

    • зарбаи мавҷӣ;

    • ҳарорати баланди атмосфера.

    Иҷрои корҳо барои бартараф намудани натиҷаҳои таркиш, бо хатарнокҳои иловагӣ барои инсон боз ҳам мушкилтар мегардад, ки сабабҳояш чунинанд:

    • вайрон шудан ва пурра қатъ гардидани ҳавои тоза;

    • имконияти ба вуҷуд омадани сўхтор;

    • такрор ёфтани таркишҳо;

    • фурўравии нақбҳои кӯҳӣ.

    Ба газҳои таркандае, ки дар ҳавои шахта эҳтимолияти ба вуҷуд омадан доранд, дохил мешаванд: метан, гидроген, окисиди карбон ва сулфид Ҳангоми дар таркиби ҳаво ба миқдори 6% мавҷуд будани сулфид таркиш ба вуҷуд меояд, ин чунин аз 12,5 то 75 % оксиди карбон, аз 4 то 74 – гидроген. Вале ин газҳо дар консентратсияи таркиши шахтаҳо хеле кам вомехуранд. Дар шахтаҳо таркиши метан ва чанги ангишт бештар маъмул мебошанд.

    Ҳангоми дар таркиби ҳаво ба миқдори аз 5 то 16% гази метан ва маҷудияти манбаи гармӣ, ки онро тарконида метавонад, ба вуҷуд омадани таркиши метан имконпазир аст (ҳарорати сўзиши метан 650 – 7500с ).

    Чанги ангишт ҳангоми ҳарорати 700-8000С месўзад. Ҳадди поёнии чангнокии нақб, ки эҳтимолияти ба вуҷуд омадани таркиш мавҷуд аст, 10-50 г/м3-ро ташкил медиҳад ва ҳадди болои 2000-3000 г/м3. Муқарар карда шудааст, ки маҷудияти чанги ангишт дар ҳавои шахта, хадди поёнии таркишногии метанро паст мефарорад ва метан дар навбати худ, ҳадди поёнии таркишнокии чанги ангиштро паст мефарорад.

    Ҳангоми шамолдиҳии нокифоягӣ, ки боиси баланд гардидани метан дар таркиби ҳавои рудник гардидааст, дар нақбҳо таркиши метан имконпазир аст. Таркиши чанги ангишт ҳангоми муътадил шамолдодани нақбҳо эҳтимол дорад, вале дар ин ҳолат чангҳо, дар нақбҳо аз ҳолати муқаррарӣ зиёд ҷамъ шуда ва ҳаракати муалақ доранд. Сабабҳои ба таркиш овардани газ ва чангҳои ангишт инҳояд:

    • вайрон намудани иҷрои корҳои таркониш;

    • вайрон намудани қоидаҳои истифодабарии таҷҳизотҳои барқӣ;

    • ба вуҷуд омадани искра ҳангоми расиши кутоҳи батареяҳои лампаҳои аккумуляторӣ;

    • ба вуҷуд омадани искра ҳангоми кори механизмҳои гуногун;

    • сигор кашидан ва оташи кушод дар шахта.

    Сухторҳои зеризаминӣ яке аз намудҳои маъмул ва мураккаби садама дар шахтаҳо ба ҳисоб меравад. Сўхторҳое, ки дар дохили нақбҳо ба вуҷуд омадаанд, сўхторҳои зеризаминӣ меноманд. Инчунин сўхторҳое, ки маҷмўъи биноҳои сатҳи рўи замини корхонаҳои кӯҳӣ ба вуҷуд омадаанд ва эҳтимолияти ба нақбҳои шахтаҳо фаромадани маҳсулоти сўхтор имкон дорад, ба сўхторҳои зеризаминӣ дохил мешаванд.

    Сўхторҳое, ки дар нақбҳои фаъолият карда истодаи шахтаҳо ба вуҷуд омадаанд, аз ҳама хатарнок ҳисобида мешавад, зеро онҳо ба зудди фаъол гардида ва аз маҳсули сўхтор таҳдиди заҳролудшавии оммавии конканҳо вуҷуд дорад.

    Суҳторҳоро дар нақбҳои кӯҳӣ вобаста аз манбаи оташгирашон ду намуд мешаванд:

    • экозогеннӣ – аз сабабҳои гуногуни беруна ба вуҷуд омааст;

    • эндогенӣ – аз худ оташгирии ангишт

    Нохост хориҷшавии ангишт, газ ва ҷинсҳо – дар шахтаҳо садамаи ниҳоят вазнин ва хатарнок шуморида мешавад. Дар ин ҳолат, дар шароити муътадили истеҳсолӣ аз қабати истихроҷшаванда бо қувваи бузург массаи ангиштҳои порашуда ва газҳо, баъзан ҷинсҳои паҳлўи хориҷ мегарданд.

    Ҳангоми ин садама чунин ҳодиса ба вуҷуд меояд:

    • нақбҳои кӯҳӣ фурў мераванд;

    • шабакаҳои нақбҳои ҳавои тоза содиркунанда газнок мешаванд;

    • таркиши газҳо имконпазир аст

    • ҷараёни бо ҳавои тоза таъмин намудани қитъаҳои садамавӣ вайрон мегардад.

    Миқёси хориҷшавӣ хеле бузург буда, то сад - ҳазор тонна ангиштҳои порашуда ва ҷинсҳо, садҳазор м3 газ омада мерасад.

    Нишонаҳои огоҳкунанди хориҷшавии ангишт ва газҳо инҳоянд:

    • фишурдани ангишт аз ковишгоҳ;

    • зарбаҳо ва карсоси (треск) қувваҳои гуногун ва басомадҳо дар анбуҳӣ ангишт;

    • паридани пораҳои ангишт ва донашавии ковишгоҳ;

    • пастшавии пойдории ангишт;

    • фишори зиёд ба креп;

    • зуд афзудани ихроҷшавии газ дар нақбҳо;

    • банд мондани асбобҳои пармагарӣ ҳангоми парма намудан;

    • ихроҷи хокаҳои ангишт ва газ аз рахнакҳо ва пармачоҳҳо.


    II. Машғулиятҳои амалӣ

    Мавзуъ: Муайян намудани дараҷаи хатарнокии таркиши газҳои сўзанда

    III. Машғулият дар доираи КМРО

    Пурсишу машварат аз рӯи мавзуъи ҳафта,

    IV. Супориш барои КМД

    1. Садама чист?

    2. Намудҳои садамаҳои зеризаминиро номбар кунед?

    3. Фалокат чист?

    4. Сарчашмаҳои ба вуҷуд омадани садамаҳоро номбар кунед?

    5. Сабабҳои ба вуҷуд омадани садамаҳои техногениро шарҳ диҳед?

    6. Сабабҳои ба вуҷуд омадани сдамаҳои табииро шарҳ диҳед?

    7. Омилҳои асосии ба вуҷуд омадани таркиши газ ва чанги ангиштро номбар кунед?

    8. Сабабҳои мушкулияти бартараф намудани таркиши газ ва чангҳои ангиштро шарҳ диҳед?

    9. Газҳои таркандаро номбар кунед?

    10. Ҳарорати сўзиши гази метан ва чангҳои ангишт.

    11. Сабабҳои ба таркиш овардани газ ва чангҳои ангиштро номбар кунед?

    12. Сўхторҳои зеризаминиро шарҳ диҳед?

    13. Намудҳои сўхторҳои зеризаминӣ.

    14. Манбаҳои ба вуҷуд омадани сўхторҳои зеризаминиро номбар кунед?

    15. Садамаи нохост хориҷшавии ангишт, газ ва ҷинсҳоро шарҳ диҳед?

    16. Ҳодисаҳои садамаи нохост хориҷшавии ангишт, газ ва ҷинсҳоро баён созед?

    17. Нишонаҳои огоҳкунанди хориҷшави ангишт ва газҳо.

    Модули 11

    I. Машғулиятҳои лексионӣ

    Мавзуъ: Хизматрасонии наҷотдиҳии кӯҳӣ дар саноати истеҳсолоти кӯҳӣ

    Нақша

    1. Маълумоти умумӣ

    2. Сохтори қисмҳои ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии кӯҳӣ

    3. Ташкили хизмат дар ҚҲНК

    1. Маълумоти умумӣ

    Доираи корҳои кӯҳӣ, ки аз асосӣ илмӣ, техники ва ташкили наҷотдиҳии одамони дар садамаи шахта бандмонда, инчунин пешгирӣ ва бартарафнамудани садамаҳои зеризаминӣ, ки ба ҳаёт ва саломатии инсон ё таъмини амнияти объектҳои кӯҳӣ-техникӣ таҳдид менамояд, иборат аст, корҳои наҷотдиҳии кӯҳӣ меноманд. Аз ин таъриф бармеояд, ки наҷотдиҳии кӯҳӣ - фанҳои илмии яке аз бахшҳои илми кӯҳӣ ба шумор меравад. Вазифаи асосии он омўзонидани наҷотдиҳии одамони дар садамаҳои шахта бандмонда, инчуни мубориза бо садамаҳо дар шахта, яъне пешгирӣ ва барҳамдиҳии он мебошанд. Одатан ин садамаҳо бузург мебошанд, мисол сўхторҳои зеризаминӣ, таркиши чанг ва газ, нохост хориҷшавии ангишт ва газ, фурўравӣ, нақбҳоро хароб намудани обҳо, гилҳо, лойобаҳо.

    Дар саноати кӯҳкорӣ бо корҳои наҷотдиҳии кӯҳӣ, хизматрасонии махсус – қисмҳои ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии кӯҳӣ (ҚҲНК) машғул мешаванд. Ҳамаи корхона ва ташкилотҳое, ки ба корҳои кӯҳӣ машғул ҳастанд, қисмҳои наҷотдиҳии кӯҳӣ хизмат мерасонанд.

    Қисмҳои наҷотдиҳии кӯҳӣ бо ҳама лавозимотҳои зарурӣ, ки барои наҷотдиҳии одамони дар садамаи шахта банд монда ва ба зуддӣ барҳам додани садама лозим аст, мусалаҳ гардонида шудаанд. Қисмҳои наҷотдиҳии кӯҳӣ дорои ташкилоти илмӣ-тадқиқотӣ, ки барои рушди заминаҳои илмии гузаронидани амалиёт ва таҷҳизоти наҷотдиҳӣ, ва инчунин ширкатҳое, ки ба истеҳсоли ин апаратура ва таҷҳизот машғул ҳастанд, мебошанд.

    Вазифаҳои асосии ҚҲНК – тадбиқи тадбирҳои фаврӣ ва таъхирнопазир дар корхонаҳои саноатӣ кӯҳкорӣ оид ба наҷотдиҳии одамон, хомўш намудани сўхторҳо, бартараф намудани оқибатҳои таркиш, нохост хориҷшавии ҷинсҳои кӯҳӣ ва газ, фурўравии ҷинсҳои кӯҳӣ ва дигар корҳое, ки истифодаи ҳифзи узвҳои нафаскашӣ ва таҷҳизтҳои махсусро талаб менамояд, мебошад.

    Мутобиқи ин ҚҲНК чунин амалҳоро иҷро менамоянд:

    • наҷотдиҳии одамони дар садамаҳои шахта бандмонда ва бартараф намудани оқибатҳои ин садама;

    • дар шахтаҳо иҷрои корҳои техникӣ, ки истифодаи респираторҳоро талаб менамояд;

    • дар шахтаҳо гузаронидани корҳои профилакторӣ оид ба таъмини тайёрӣ ба наҷотдиҳии одамон ва бартараф намудани садамаҳои имконпазир;

    • барҳамдодани садамаҳои сатҳи руи замин шахта, агар онҳо ба одамони дар шахта ва нақбҳои кӯҳӣ қарордошта таҳдид намоянд;

    • хомўш намудани сухторҳо ва дигар намуди садамаҳо дар карйерҳо, фабрикаҳои маъдантозакунӣ, ки дар шароити истифодаи аппаратҳои махсуси ҳимояи газиро талаб менамояд.

    2. Сохтори қисмҳои ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии кӯҳӣ

    Ташкили хизмат ва омўзишӣ ҳарбӣ, нигоҳдоштани омодабошӣ доимӣ ҳадафи асосии сохтори ҚҲНК-и ҷузъу томҳои наҷотдиҳӣ ба ҳисоб меравад.

    Аввалин воҳиди амалиётии ҚҲНК, ки қодири мустақилона иҷро намудани вазифаҳои опративӣ оид ба наҷоти одамон ва барҳамдодани садама аст, ин шуъба мебошад. Он аз ҳафт нафар иборат аст: 5 нафар респираторчиҳо, фармондеҳи шуъба ва ронанда нақлиёти амалиётӣ. Онҳо бо лавозимотҳои минималии зарурӣ мусаллаҳ гордонида шудаанд.

    Якчанд шуъбаҳо взводи ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии кӯҳӣро (ВҲНК) ташкил менамоянд. Ин аввалин қисмҳои ҚҲНК мебошанд.

    ВҲНК аз панҷ шуъба ва зиёда аз он иборат аст. Взводро фармондеҳ ва ёрдамчии он сардорӣ менамоянд. Дар назди взовод лабораторияи таҳлилӣ газ бо штатҳои лаборант ва намунагирак ташкил карда мешавад. Инчунин ҳар гуна устохонаҳои лозимӣ сохта мешаванд. Бағайр аз ин дар ҳудудӣ взвод шахтаи таълимӣ (маҷмўъи нақбҳои амудӣ, уфуқӣ ва моил) барои гузаронидани машғулият бунёд карда мешавад.

    Ҳуҷраҳои гуруҳи амалиётии взводро дар масофаи на дур тар аз он (на зиёда аз 200м) ҷойгир карда мешаванд ва онҳо бо алоқаи бонгӣ пайваст карда мешаванд.

    Взводро дар ҳамон маҳале ҷойгир менамоянд, ки радиуси хизматрасонии он тақрибан 15-40 км (вобаста аз дараҷаи садамавии шахтаи хизмат расонида шаванда) дур набошад. Байни взвод ва шахта роҳҳо хуб бояд бо мақсади ба зуддӣ ба объектҳои садамавӣ дастрас намудани ҳайати шахсӣ ва таҷҳизотҳои ҚҲНК барқарор карда шавад.

    Взводҳо рақамдор, яъне дорои рақамҳои тартибӣ ва амалиёти мешаванд. Взводҳои амалиёти нисбити рақамдор калонтар буда, таҷҳизотҳои техникии қавитар доранд ва барои расонидани кўмаки аввалиндараҷа ба воҳидҳои дигар пешбинӣ карда шудаанд. Агар взвод ба таркиби отряд дохил нашавад, он вақт у взводи алоҳидаи ҳарбикунонидаи наҷотдиҳии кӯҳӣ (ВАҲНК) ба ҳисоб меравад ва ҳуқуқи дастаро дорад. ВАҲНК барои хизматрасонии гуруҳи наонқадар калони корхонаҳои дур тартиб дода мешавад.

    Якчанд взводҳои наҷотдиҳии кӯҳӣ (одатан 4-8, вале накамтар аз се), ки дар як маҳал ҷой гирифтаанд, ба отряди ҳарбикунонидаи наҷотдиҳии кӯҳӣҲНК) якҷоя карда мешаванд.
    1   ...   8   9   10   11   12   13   14   15   16


    написать администратору сайта