Главная страница
Навигация по странице:

  • . Талаботи умум ӣ ба ҳ удуди сат ҳ и кон ва иншоот ҳ ои технолог ӣ .

  • ктм. КТМ ББКК соли 2019. Вазорати саноат ва технологияои нави УМурии тоикистон донишкадаи кметаллургии Тоикистон Кафедраи коркарди конои канданиои фоиданок


    Скачать 4 Mb.
    НазваниеВазорати саноат ва технологияои нави УМурии тоикистон донишкадаи кметаллургии Тоикистон Кафедраи коркарди конои канданиои фоиданок
    Дата30.09.2022
    Размер4 Mb.
    Формат файлаdocx
    Имя файлаКТМ ББКК соли 2019.docx
    ТипДокументы
    #706354
    страница10 из 16
    1   ...   6   7   8   9   10   11   12   13   ...   16

    Модули 7

    I. Машғулиятҳои лексионӣ

    Мавзуъ: Бехатарии меҳнат дар иншоотҳои технологии сатҳи руи кон

    Нақша:

    1. Талаботи умумӣ ба ҳудуди сатҳи кон ва иншоотҳои технологӣ.

    2. Партовҳои ҷинсҳои нолозим.

    3. Роҳҳои танобӣ.

    4. Анборҳо ва бункерҳо.

    5. Таҷҳизотҳои компрессории доимӣ.

    6. Пойгоҳҳои вакуум-насоси обкашӣ.

    7. Пешгирӣ намудани дохил шудани газ ба иншоотҳо ва об ба кон.

    1. Талаботи умумӣ ба ҳудуди сатҳи кон ва иншоотҳои технологӣ.

    Ҷароҳатбардорӣ дар комплекси технологии сатҳи кон 7-12%-ро аз шумораи умумии шахта ташкил медиҳад. Омилҳои асосии ҷароҳатбардорӣ инҳоянд: машина ва механизмҳои роҳи оҳан, дигар намуди машина ва механизмҳо, конвейерҳо ва қувваи барқ. Инсонҳо ҳамчунин ҳангоми ғалтидан аз баландӣ, афтидани ҳаргуна предмет ба инсон, лағжидани ҷинсҳои кӯҳӣ дар партовҳо, тозанамудани бункер ва чуқуриҳо, сўхтор ва таркиш дар бино ва иншооотҳо ҷароҳат мебардоранд.

    Насб ва истифодаи чапакунакҳо (опрокид), лебёдкаҳо, конвейерҳо ва теладиҳак, инчунин истифода намудани локомотиви шахтаҳо, вагонеткаҳо ва нигоҳдории роҳи оҳан, ноқили тролейи бояд мувофиқи талаботи касбӣ Қоидаҳои бехатарӣ барои шахта ба ғайр аз онҳое, ки ба хусусиятҳои корҳои зеризаминӣ алоқамандӣ дорад, иҷро карда шавад.

    Бино ва иншоотҳои истеҳсолӣ бояд ба талаботҳои Нишондоди муайянкунандаи дараҷаи истеҳсолот ва синфи иншоот оид ба бехатарии таркиш ва сўхтор, Қоидаҳои бехатарии сўхтор барои корхонаҳои саноатӣ ва Қоидаҳои насби таҷҳизотҳои барқӣ, инчунин меъёрҳои зидисўхтори тасдиқшудаи лоиҳакашӣ мувофиқат кунад.

    Барои идора намудани машина, агрегатҳои мураккаб ва эҳтимолан хатарнок: конвейерҳо, чапакунакҳо, машинаҳои болобардор ва лебёдкаҳо, кранҳо, компрессорҳо, пойгоҳҳои вакуум-насосии обкашӣ, таҷҳизотҳои кавшеркунии газу-барқӣ, агрегатҳои яхкунанда, лебедкаҳои партоваҳои ҷинсҳои нолозим, роҳҳои оҳан, анборҳои ангишт ва маъдан, роҳҳои танобӣ, таҷҳизоти зарфҳои зерифишор нигоҳдоранда, таҷҳизоти поракунӣ-хеълкунии маъдантозакунӣ, инчунин ба сифати нигоҳдорандаи чоҳи кон навбатдор дар истгоҳҳои барқӣ ба шахсоне, ки аз истеҳсолот ҷудо намуда омўзонида шудаанд ва ҳўҷҷати тасдиқкунандаи идоракунӣ доранд, иҷозат дода мешавад.

    Майдони саноатии сатҳи рўи шахта бояд, ҳамин тарз тартиб дода шавад, ки чунин талаботҳоро қонеъ гардонад:

    • бехатар ҳаракат намудани кормандон аз байни роҳи оҳан, хати конвейерҳо ва роҳҳои танобӣ ё яккарелсӣ;

    • бартараф намудани обҳои шоранда ва ҷоришаванда, барои пешгирӣ намудани фаромадани онҳо ба ствол ва шурфҳо;

    • ба оташ тобоварии бино ва иншоотҳои назди шахтаҳо.

    Дар назди бино ва иншоотҳои назди шахтаҳо, корҳои оташӣ тиқби талаботи дастурамал оид ба корҳои оташӣ дар нақбҳои зеризаминӣ ва биноҳои назди шахта ба роҳ монда мешавад. Барои бомуваффақият хомўш намудани сухтор дар бинои шахта қубурҳои сўхторхомўшкунӣ насб карда мешавад.

    Барои бехатарии кормандоне, ки дар бинои копраи бурҷи қарор доранд, бояд иҷрои чунин амалҳо зарур аст:

    • таъмин намудан бо худнаҷотдиҳанда;

    • насб намудани баландгуяк;

    • дар ҷойҳои намоён насби нақшаи эвакуатсия;

    • баромадгоҳҳои эҳтиётии бино озод бошад.

    Копрҳои бурҷӣ бояд дорои дастгоҳи авматӣ хомўш намудани сўхтор бошад. Дар майдончаи саноати ҳавзаҳои махсус бунёд карда мешавад. Бояд мунтазам миқдори оби обанборҳо, ҳолати насосҳо, гидрантҳои сўхторхомўшкунӣ ва дигар воситаҳои сўхторхомўшкунӣ аз назар гузаронида шаванд.

    Дар биноҳои технологӣ банд намудани гузаргоҳи байни таҷҳизот ва девори бино манъ аст, ки онҳо натанҳо барои иҷрои амалиётҳои технологӣ ва таъмири таҷҳизотҳо зарур ҳастанд, балки ба сифати роҳҳои эвакуатсияи кормандон ҳангоми садама хизмат менамоянд. Андозаи гузаргоҳ байн девор ва қатараи ҳаракаткунанда бояд 1м ва байни девор ва машина 0,7м бошад.

    Дар вақти боридани борони сахт ва раъду барқ дар сатҳи рўи замин бо эектровоз кор кардан манъ карда мешавад, зеро хатари афтиши заряди раъду барқ ба электровоз ё ноқили пайвандаки он маҷуд аст. Он бояд дар ҳолати хомўши дар бинои махсус қарор дошта бошад.
    1   ...   6   7   8   9   10   11   12   13   ...   16


    написать администратору сайта