Главная страница
Навигация по странице:

  • Модули 2 Мавзуъ: Таъмини санитар ӣ -гигиении ме ҳ нати конкан ҳ о

  • 1. Бемори ҳ ои касбии конкан ҳ о.

  • 2. Таъмини таркиби зарурии ҳ авои кон.

  • 3. Мубориза бар зидди чанг ҳ

  • Модули 3 I . Маш ғ улият ҳ ои лексион ӣ Мавзуъ

  • ктм. КТМ ББКК соли 2019. Вазорати саноат ва технологияои нави УМурии тоикистон донишкадаи кметаллургии Тоикистон Кафедраи коркарди конои канданиои фоиданок


    Скачать 4 Mb.
    НазваниеВазорати саноат ва технологияои нави УМурии тоикистон донишкадаи кметаллургии Тоикистон Кафедраи коркарди конои канданиои фоиданок
    Дата30.09.2022
    Размер4 Mb.
    Формат файлаdocx
    Имя файлаКТМ ББКК соли 2019.docx
    ТипДокументы
    #706354
    страница6 из 16
    1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   16

    II. Машғулиятҳои амалӣ

    Мавзуъ: Омӯзиши муҳофизати меҳнат

    Ҳангоми гузаронидани машғулияти амалии мазкур донишҷӯён аз адабиётҳо ва дастурамалҳои муҳофизати меҳнат истифода бурда, қонуният ва талаботҳои муҳофизати меҳнатро аз худ менамоянд ва байни худ баррасӣ менамоянд.

    III. Машғулият дар доираи КМРО

    Ташкили бехатарии истеҳсолот дар саноати кӯҳкорӣ

    Пурсишу машварат аз рӯи мавзуъи ҳафта, самтҳои асосии муҳофизати меҳнат


    IV. Супориш барои КМД

    1. Муҳити зист чист?

    2. Кадом омилҳо ба фаъолияти инсон ва насли ў таъсир мерасонанд.

    3. Натиҷаҳои таъсири инсон ба муҳити зистро шарҳ диҳед?

    4. Омилҳои номусоид ба корхонаҳои кухиро номбар кунед?

    5. Корхонаҳои саноати кӯҳкорӣ ва таъсири онҳо ба табиат.

    6. Хизматрасониҳои муҳофизати меҳнатро шарҳ диҳед?

    7. Барои таъмини шароити бехатар ва тарзи солими меҳнат кадом шахс уҳдадор аст?

    8. Талаботҳо оид ба ҳуҷҷатгузориҳои шахта.

    9. Вазифаҳои ҳимояи зидди садамавии шахтаҳо.

    10. Талаботҳо оид ба риояи қоидаҳои бехатари аз ҷониби кормандон.

    11. Кадом шахс ба вазифаи директори шахта таъин карда мешавад.

    12. Кадом шахс фазифаи сармуҳандиси шахтаро иҷро карда метавонад.

    13. Талаботҳо оид ба роҳбарии техникии корҳои кӯҳӣ.

    14. Кадом шахс ба вазифаи диспетчери шахта таъин карда мешавад.

    15. Уҳдадориҳои умумии кормандони шахтаро номбар кунед?

    16. Ҷавобгарии вайрон намудани қоидаҳои бехатариро шарҳ диҳед?

    Модули 2

    Мавзуъ: Таъмини санитарӣ-гигиении меҳнати конканҳо

    1. Бемориҳои касбии конканҳо

    2. Таъмини таркиби зарурии ҳавои кон

    3. Мубориза бар зидди чанг ҳамчун омили зараровари касбӣ

    1. Бемориҳои касбии конканҳо.

    Бемориҳои касбӣ аз таъсири давомноки омилҳои зараровари истеҳсолот ба организми инсон ба вуҷуд меояд.

    Намудҳои асосии бемории касбии конканҳо инҳоянд: бронхит, пневмокониоз, бурситҳо, бемориҳои ларзиш.

    Бемориҳое, ки аз таъсири чанг ба вуҷуд меоянд, нисбат ба дигар бемориҳо фоизи бузургтаринро ташкил менамоянд. Мақоми дуввумро бемориҳое, ки аз таъсири садои гушхарош, ларзиш ва иқлими номусоид ба вуҷуд омадааст, ишғол менамояд.

    Бемории бронхити зуҳуроташ чангин (пылевой этиология) – ин яке аз шаклҳои бемориҳои касбии конканҳо буда, дар натиҷаи дурудароз фаъолият намудани конкан, дар шароити фазои чанголуди майдони кор ба вуҷуд меояд ва роҳҳои нафаскаширо маҳкам менамояд. Ин бемори ба инкишофи эмфиземияи шуш ва норасогии нафаскашӣ оварда мерасонад, ки сабаби тағйирот дар системаи эндокринӣи шахс мегардад.

    Пневмокониоз — бемории касбии конканҳо буда, дар натиҷаи давомнок нафас кашидани ҳавои чанголуд ба вуҷуд меояд ва боиси калон гардидани роҳҳои нафаскашӣ мегардад. Истилоҳи «пневмокониоз» аз калимаи лотини гирифта шуда маънояш pneumon — сабук, konia — чанг мебошад ва аввалин маротиби соли 1866 қабул гардидааст.

    Мувофиқи таснифоте, ки аз ҷониби академияи медитсина қабул карда шудааст, бемории пневмокониоз вобаста аз нишонаҳои зуҳуроташ, ба шаш гуруҳ тақсим мешавад.

    1. Силикоз – аз натиҷаи нафаскашии ҳавои чанголуди дар таркибаш дуоксиди силитсийдор, инкишоф меёбад.

    2. Силикатозҳо – дар натиҷаи ҳамроҳшавии намакҳои дуоксиди силитсий бо чангҳои сабук, ба вуҷуд меояд.

    3. Карбокониозҳо – аз сабаби таъсири чангҳои намуди карбондоштаи ангиштсанг, кокс, дудҳо ва графит бавуҷуд меояд.

    4. Металлокониозҳо – аз натиҷаи таъсири чангҳои металл ва оксиди онҳо инкишоф ёфтаааст.

    5. Пневмокониозҳо – аз натиҷаи таъсири чангҳои омехтаи дар таркибашон кварсҳои гуногундошта, силикатҳо ва дигар компенетҳои он инкишоф ёфтааст.

    6. Пенвмокониоз – аз натиҷаи таъсири чангҳои органикӣ растаниҳо, ҳайвонот ва синтетика бавуҷуд омадааст.

    Силикоз инкишофёбии уқдаи суддабандро тавсиф менамояд, ки тамоюли инкишофёбӣ ва мураккабгардонидани сили шуш мегардад. Силикатозҳо (асбестоз, талкоз, оливиноз, нефелиноз ва диг.) тағийрёбии суддабандии сабукро тавсиф менамояд. Чараёни бемори дар бисёр ҳолатҳо, ба ғайр аз асбестоз бештар мусоид, мураккабшавии бемории сил камтар мушоҳида карда мешавад.

    Дар бемории карбоканиозҳо рушди оҳистаи суддабандии диффузӣ ва варамҳои сабук мушоҳида карда мешавад.

    Металлокониозҳо (алюминоз, баритоз, сидероз, манганокониоз ва диг.) на он қадар зиёд тағирёбии суддабандӣ, чун интоксаксияи давомноки дахлдор (чанги волфрам, никелӣ, кобалтӣ ва диг.) тавсиф карда мешавад.

    Пневмокониозҳои аз таъсири чангҳои омехта бавуҷуд омада, асосан бо тағийрёбии интерстисиалӣ тавсиф карда мешавад, ҷараёни бемори нисбат ба бемории силикоз муътадил мебошад.

    Пневмокониозҳои аз таъсири чангҳои органикӣ бавуҷуд омада: муки (амилоз), қамиш (багасоз), чангҳои пахта (биссиноз), пластмасс, аррамайдаҳои чубӣ бо эътидол суддаббандии сабуки диффузӣ фарқ карда мешавад.

    2. Таъмини таркиби зарурии ҳавои кон.

    Ҳаводиҳӣ (проветривание или вентиляция) - таъмин намудани нақбҳои кӯҳии зеризаминӣ бо ҷараёни ҳавои тоза мебошад. Ҳадаф ва вазифаҳои ҳаводиҳӣ: тозакунии ҳавои нақбҳои кӯҳӣ аз чангу газҳои гуногуни хангоми кӯҳкорй пайдошаванда, аз гази метан (СН4) ва дигар газхои пайдоиши табий дошта, аз афканишоти радиоактивй (хангоми иктишофи конхои ашёи радиоактивй), таъмини муътадилии харорат ва таркиби мукарраршудаи хавои дохили накбй. Се тартиби хаводихии накбхои кухиро фарк мекунанд:

    -шабакаи сершохаи нақбҳои кухии зеризаминй бо исгифода аз тачхизоти сатхизаминии хаводихй хавотозакунакхои пуриктидори асосй ва ё умумишахтавй (вентиляторы главного или общешахтного проветривания) бо чараёни хавои тоза таъмин карда мешавад;

    - китъахои алохидаи калонмасохати шахтахо (рудникхо) ба воситаи хавотозакунакхои фардии ёрирасон ваё китъагй (вспомогательные или участковые) бо чараёни хавои тоза таъмин карда мешаванд;

    - накбхои кухии сарбаста (тупиковые), дар чараёни ковиши онхо, асосан бо исгифода аз хавотозакунакхои махаллй ва ё чузъй (местного или частичного проветривания) бо чараёни хавои тоза таъмин мегарданд.

    Атмосфераи шахтавӣ (рудничная) гуфта
    хавои дар харакат будаи накбхои кӯҳии зеризаминиро меноманд. Тибқи талаботи техникаи бехатарӣ дар таркиби атмосферам шахтавӣ миқдори оксиген (кислород) бояд на камтар аз 20% ва оксид карбони (IV) (углекислый газ СО2), аз руйи хачм, набояд аз 0,5% зиёд бошад. Микдори газхои бокимоида, ки аз газхои зарарнок ва захрнок таркиб ёфтаанд, аз хадди имкоипазири гализаташон (предельно допустимая концентрация) бояд зиёд набошанд. Дар атмосферам шахтави ин газхо дар холатҳои зерин пайдо мешаванд: ҳангоми корҳои таркишӣ, сухтор. таркиши метан ва чанги ангишту ҷинсхои сулфурдор, пусиши маводи чубй (тиргакхои мустахкамкунй), оксидшавии колчеданхо, газхои хоричшавандае (выхлопные газы), ки хангоми кори тачхизоти дизели пайдо мешаванд, маводи газмонанди афканишоти радиоактивй ва г. Дар чадвали 1 хадди имкоипазири гализати газхои гуногун, хангоми ковиши накбхои зеризаминй, нишон дода шудааст.



    Дар атмосфераи шахтавӣ, инчунин, бухори бензин, карбогидридҳои (углеводороды) вазнин, аммиак ва газҳои аз ҳисоби равғанҳои гуногун ҳосилшавандаро низ, дучор омадан мумкин аст.

    Оксидӣ карбони (IV) (СО2) - гази беранг, бебуй, таъмаш нимтурш ва дараҷаи, заҳрнокиаш пастбуда, дар қабати поёнии ҳавои дохилинақбӣ ҷамъ мешавад (зичии нисбиаш 1,52). Миқдори он аз руйи ҳаҷм дар таркиби атмосферам шахтавӣ на бояд аз 0,5% зиёд бошад. Агар ин миқдор ба 6% баробар бошад. нафаскашии инсонро душвор гардонида, дар сурати 10% будан ба ҳолати беҳушӣ меорад.

    Дуоксиди нитроген (NO2) — гази ҷигарранги дорои бўйи махсус буда, аз хаво вазнинтар ва ниҳоят заҳрнок аст. Ба пардаи луобии чашм, даҳон ва гулўи инсон ниҳоят захмовар мебошад.

    Оксиди карбони (II) (СО) - гази ғуборолуди заҳрнок буда, беранг, бебўй ва бетаъм мебошад. Ин газ бо алангаи кабуд месўзад. Ғализати ками он инсонро заҳролуд месозад.

    Сулфоҳидроген (H2S) гази беранг бо буи хоси тухми палағда, заҳрнок, ба пардаи луобии чашм, роҳҳои нафасгирӣ таъсири сахт мерасонад.

    Оксиди сулфури (IV) (SO2) - гази зичи беранг бо буи тези ангезанда, ба пардаи луобии чашм ва роҳҳои нафасгирӣ зуд таъсир мерасонад.

    Метан (СН4) - гази беранг, бебуй ва бетаъм мебошад. Нисбат ба хаво хеле сабук буда (зичии нисбиаш 0,554), дар кисмҳои болоии хавои дохилинақбӣ чамь мешавад. Метан дар накбхои зеризаминй асосан аз хисоби ангишт хосил мешавад (лекин на ҳамаи конҳои ангишт метандор мебошанд). Инчунин, баъзе конҳом сулфур, охан, полиметаллҳо ва конҳом тиллои обшуста метавонанд, метандор бошанд. Агар дар омехтаи метан бо ҳаво миқдори он аз 5-6% то 14-16 % -ро ташкил диҳад, гази мазкур ба моддаи тарканда мубаддал мегардад. Ин миқдор ба 9,5% баробар бошад, он гох нихоят хавфнок ба хисоб меравад. Ҳангоми мунтазам таъмин гаштани миқдори муайяни оксиген, агар ғализати метан аз худуди нишондодашуда каму зиёд бошад, он гоҳ вай оромона месўзад.

    Тибқи коидаҳои бехатарӣ меьёри иҷозавии гази метан чунин миқдорро ташкил медиҳад:

    - дар ҷараёни ҳавои аз шахта (ё шабакаи сершохаи нақбхои иктишофии зеризаминӣ) хоричшаванда - то 0,75%;

    - дар ковишгоҳи нақбҳои дар чараёни коркард буда то 1%.

    Дар ҳолати зиёд шудани ғализати метан нисбат ба меъёрҳои нишондодашуда, тамоми корҳои зеризаминӣ ва интиқоли барқ муваққатан қатъ гардонида, коргарон аз шахта (нақбҳо) бароварда мешаванд. Кӯҳкорӣ пас аз гузаронидани ҳаводиҳии бошиддати нақбҳои зеризаминӣ ва ба меъёри муайяншуда мувофиқ гардонидани таркиби атмосфераи шахтавӣ идома меёбад.

    Суръати пасттарини (минималӣ) ҳаводиҳӣ дар нақбҳои кӯҳии зеризаминӣ, ҳангоми ҳарорати дохилинақбй ба + 15°С баробар будан, бояд аз 0,15 м/с кам набошад. Суръати баландтарини (максималии) хаводихй дар накбхои амудй (стволхо), ки барои хамлу накли одамон истифода мешаванд, бояд ба 8 м/с ва дар накбхои бокимонда ба 6 м/с баробар бошад. Дар нақбхое, ки танхо барои хаводихй пешбинй шудаанд, суръати хаводихй номаҳдуд аст. Харорати хаво дар накбхои зеризаминй бояд аз +260С баланд набошад.

    3. Мубориза бар зидди чанг ҳамчун омили зараровари касбӣ

    Мубориза бар зидди чанг дар корхонаҳои саноати кӯҳкорӣ аҳамияти калони иҷтимои дорад. Аз ин лиҳоз, коркарда ва ҷорӣ намудани самараноктарин усулҳо ва воситаҳои мубориза бар чанг масъалаҳои асосӣ ба ҳисоб меравад.

    Ҳамаи чорабиниҳои мубориза бар зидди чанг ба гуруҳҳои зерин тақсим карда мешавад:

    - огоҳсозӣ ва паст намудани чангбавуҷудоӣ (истифодаи мошин ва таҷҳизотҳо бо олоти пораҳои калон гиранда, ҳангоми вайронкунии ҷинсҳои кӯҳӣ истифодаи якҷояи усули механикӣ ва гидравликӣ, қаблан намнок намудани массиви ҷинсҳои кӯҳӣ);

    - чангкашӣ ва таҳшинкунии чангҳо дар дастгоҳҳои махсус;

    - реҷаи мувофиқи ҳаводиҳӣ, аз он ҷумла самаранок паст намудани консентратсияи чанг ва пастнамудани чангнокшавӣ.

    II. Машғулиятҳои амалӣ

    Мавзуъ: Хизматрасонии санитари-маишӣ ва тиббии конканҳо.

    Барои ҳифзи саломатии кормандони саноати кӯҳкорӣ дар Ҷумҳурии мо низоми комплексии аз ҷиҳати илмӣ асоснок кардашуда, барои пешгирии бемориҳои касбӣ амал менамоянд, ки чорабиниҳои зеринро дар бар мегирад:

    1. Техникӣ:

    - мубориза бо чанг бавуҷудоварандаҳо (қаблан намноккунии массиви кӯҳӣ, обпошӣ намудан, чангқапаки хушк);

    - истифодаи воситаҳои ҳимояи фардӣ (респираторҳои зиддичангӣ намуди бисёристифодабаранда бо ивазкунии полоишӣ, сарпӯшдор ва бесарпӯш, ки дар он худи ниқоб ҳамчун полоишкунанда хизмат менамояд);

    - бечанггардонӣ ва шустушӯи либосҳои махсус (спецодежда);

    - бамеъёр дарории реҷаи ҳароратӣ (афзудани суръати ҳаракати ҳаво дар нақбҳо ва ҷои корӣ, воситаҳои инфиродии хунуккунии ҷисм, хунук гардонии ҳаво тавасути таҷҳизотҳои хунуккунандаи сайёр ва доимӣ);

    - паст намудани намнокӣ дар нақбҳои кӯҳӣ (мубориза бар зидди чакидани об, рӯйпушкунии ҷӯйчаҳои обпарто);

    - истифодаи либоси махсус барои паст намудани таъсири ҳавои хунуккунанда, муҳофизат аз чакидани об;

    - истифодаи садонишонакҳо барои паст намудани дараҷаи садоҳои гӯшхарош, ҳангоми истифодаи таҷҳизотҳои садои гӯшхарошбароранда (мисол, барои вентиляторҳои маҳаллӣ);

    - истифодаи воситаҳои инфиродӣ зиддӣ садоҳои гӯшхарошкунанда (гӯшмонакҳои махсус, камераҳои зиддӣ садоҳои гӯшхарошкунанда дар биноҳои компрессорӣ).

    2. Меъёрӣ (ҳадди имконпазири ғилзати чангҳо ва газҳои заҳрнок, меъёри санитарии микроиқлим дар нақбҳои кӯҳӣ, дараҷаи имконпазири фишори овозӣ ва ларзишӣ).

    3. Тиббӣ-профилактикӣ (аз духтур гузаронӣ ҳангоми ба кор қабул кардан, ташхиси тиббии солонаи касбӣ бо рентгенографӣ, профилактикаи шуоъзании ултрофиолетӣ, безараргардонии узвҳои нафаскашӣ, гузаронидани табобати статсионарӣ дар профилактория ва санаторияҳои махсус).

    4. Ташкилӣ-ҳуқуқӣ (камкунии давомнокии басти корӣ дар ҳафта то 35 соат, афзудани давомнокии рӯхсатии меҳнатӣ дар ковишгоҳҳои хатарноки силикозӣ то 36 рӯз, дар суратҳои маълум намудани нишонаҳои бемории касбӣ ба дигар кор гузаронидан бо нигоҳдории музди меҳнати қаблӣ, интиқол ба нафақахӯрӣ бо имтиёзҳои махсус).

    III. Машғулият дар доираи КМРО

    Омӯзиши омилҳои барангезандаи бемориҳои касбии кормандони саноати куҳкорӣ

    Пурсишу машварат аз рӯи мавзуъи ҳафта, намудҳои асосии бемориҳои касбӣ

    IV. Супориш барои КМД

    1. Бемории касби чист?

    2. Намудҳои бемориҳои касбии конканҳоро номбар кунед?

    3. Омилҳои ба бемориҳои касбӣ гирифторшавии конканҳоро шарҳ диҳед?

    4. Бемории бронхит ва сабабҳои бавуҷудоии онро баён созед?

    5. Бемории пневмокониоз ва сабабҳои бавуҷудоии онро баён созед?

    6. Бемории пневмокониозро ба чанд гуруҳ тақсим менамоянд?

    7. Бемории сликоз ва сабабҳои бавуҷудоии онро баён созед?

    8. Бемории сликатоз ва сабабҳои бавуҷудоии онро баён созед?

    9. Бемории карбокониоз ва сабабҳои бавуҷудоии онро баён созед?

    10. Бемории металлокониоз ва сабабҳои бавуҷудоии онро баён созед?

    11. Таркиби атмосфераи маҳалии кории кормандон дар шахтаҳо.

    12. Усулҳои таъмин ҳавои тоза.

    13. Омилхои зараровари ба таркиби атмосфераи ҳудуди кориро шарҳ диҳед?

    14. Роҳҳои паст намудани бавуҷудоии чангҳо?

    15. Сабабҳои ба бавуҷудоии чангҳоро шарҳ диҳед?

    Модули 3

    I. Машғулиятҳои лексионӣ

    Мавзуъ: Тадбирҳои бехатарӣ ҳангоми фаромадан ва баромадан, кашонидан ва ҳаракатҳои конканҳо дар нақбҳои кон.

    Нақша:

    1. Дастгоҳҳои баромадан аз нақбҳои кӯҳӣ.

    2. Баромадан ва фаромадани конканҳо дар нақбҳои амудӣ.

    3. Интиқоли конканҳо дар нақбҳои уфуқӣ ва моил

    4. Ҳаракати конканҳо дар нақбҳои кӯҳӣ


    1. Дастгоҳҳои баромадан аз нақбҳои кӯҳӣ

    Дар шахтаҳо барои баромадан ба сатҳи рўи Замин, на камтар аз ду баромадгоҳи алоҳидаи барои ҳаракати (интиқоли) конканҳо мутобиқ гардонидашуда, бояд вуҷуд дошта бошад. Инчунин, на камтар аз ду баромадгоҳи алоҳида, аз ин уфуқ ба уфуқи дигар, аз қитъаҳои истихроҷӣ, аз нақбҳои истихроҷи бояд мавҷуд бошад. Агар ду ва ё зиёда нақбҳои кӯҳӣ, ки сатми ҷараёни ҳаводиҳиашон якхела аст, яке аз инҳо баромадгоҳи фавқулодда ҳисоби мешавад. Баъд аз ҳар як 200 м, инчунин дар шохаҳои нақбҳои кӯҳӣ, бо ранги нур инъикоскунада, аломатҳои ишоракунанда бо шарҳи нақбҳои кӯҳӣ ва нишон додани самти ҳаракат ба сатҳи рўи Замин насб карда мешавад.

    Стволҳои амудие, ки ба сифати баромадан ба сатҳи рўи Замин хизмат менамоянд, бо дастгоҳҳои болобардор ҷиҳозонида мешавад ва яке аз онҳо клетдор бо шуъбаи зинагӣ аст. Дар стволҳои амудие, ки агар дар он ду дастгоҳи болобардор бо энергияи ҳаракаткунандаи мустақил насб карда шуда бошад, метавонад дар яке аз онҳои шуъбаи зинагӣ мавҷуд набошад. Стволҳои амудие, ки жарфоиашон 70 м ва ҳарду ствол бо шуъбаи зинагӣ ҷиҳозонида шудааст, метавонад дар яке аз онҳо дастгоҳи болобардор мавҷуд набошад.

    Агар чоҳҳои моил бо ду баромадгоҳо хизмат расонанд, дар яке стволҳои бояд интиқоли конканҳо механиконида шавад ва гузаргоҳи озод бо васеъгии на камтар аз 0,7 м ва баланди 1,8 м гузошта шавад. Дар чорроҳаи стволҳои моил, бремсбергҳо ва уклонҳо бо нақбҳои уфуқии фосилавӣ, инчунин дар майдончаҳои маъданқабулкунанда, нақбҳои даврзада гузаштан канда мешавад. Дар нақбҳои моил барои ҳаракати конканҳо гузаргоҳи озод ҷиҳозонида мешавад, ҳангоми кунҷи моил:

    • 7-100 – маҳҷар, бо креп мустаҳкам карда;

    • 11-250 – трап (нардбон) бо маҳҷарҳо;

    • 26-300 – тахтапул бо зинаҳо ва маҳҷарҳо;

    • 31-450 – нардбон бо қадамҳои уфуқӣ ва маҳҷарҳо;

    • 45-90° - нардбонҳо зери кунҷҳои на зиёда аз 800 бо сурохиҳои 0,6Х0,7 м.

    Ҳангоми ҳаракати конканҳо, дар нақбҳои моили жарфоиашон зиёда аз 25 м ва дар нақбҳои уфуқи масофашон зиёда аз 1000 м, бояд ҳатман интиқоли механикӣ ба роҳ монда шавад.
    1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   16


    написать администратору сайта