ктм. КТМ ББКК соли 2019. Вазорати саноат ва технологияои нави УМурии тоикистон донишкадаи кметаллургии Тоикистон Кафедраи коркарди конои канданиои фоиданок
Скачать 4 Mb.
|
II. Машғулиятҳои амалӣ Мавзуъ: Вазифаҳои хизматрасонии наҷотдиҳии кӯҳӣ. III. Машғулият дар доираи КМРО Пурсишу машварат аз рӯи мавзуъи ҳафта, аҳамияти қисмҳои ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии кӯҳӣ дар истеҳсолоти кӯҳӣ IV. Супориш барои КМД 1. Корҳои наҷотдиҳии кӯҳӣ чист? 2. Амалиётҳои асосии корҳои наҷотдиҳии кӯҳиро номбар кунед? 3. Вазифаҳои асосии ҚҲНК-ро номбар кунед? 4. Амалиётҳои ҚҲНК-ро шарҳ диҳед? 5. Аввалин воҳиди амалиётии ҚҲНК ва вазифаҳои он. 6. Шуъбаи амалиётии ҚҲНК аз чанд нафар иборат аст? 7. Сохтори взводи ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии кӯҳӣро шарҳ диҳед? 8. ВҲНК аз чанд шуъба иборат аст? 9. Сохтори ВҲНК-ро шарҳ диҳед? 10. Лавозимотҳои зарурии ВҲНК-ро номбар кунед? 11. Намудҳои ВҲНК ва вазифаҳои онҳоро баён созед? 12. ВАҲНК-ро шарҳ диҳед? 13. ОҲНК-ро шарҳ диҳед? 14. Гуруҳҳои ОҲНК-ро номбар кунед? 15. Сохтори нўктаҳои ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии кӯҳиро шарҳ диҳед? Модули 12 I. Машғулиятҳои лексионӣ Мавзуъ: Ташкили корҳои наҷотдиҳии кӯҳӣ Мавзуъ: Гузаронидани машқҳои тактикии наҷотдиҳиикӯҳӣ Нақша 1. Қоидаҳои умумӣ. 2. Равоншавӣ ба садама. 3. Омодагӣ барои фаромадан ба шахта. 4. Нақшаи амалиёти бартарафкунии садама. 5. Журанали амалиёти ҚҲНК. 6. Таҳқиқи садама. 7. Наҷотдиҳии кормандоне, ки дар садама дар мондаанд ва ёрӣ расонидан ба ҷабрдидагон. 8. Базаи ҚҲНК. 9. Хизмати алоқа. 1. Қоидаҳои умумӣ. Дар зери мафҳуми корҳои наҷотдиҳии кӯҳӣ фаъолияте, ки дар шахта бо ҳолатҳои садамавӣ алоқамандӣ дорад ва иштироки шахсонӣ махсус омодакардашударо талаб менамояд, фаҳмида мешавад. Корҳои наҷотдиҳии кӯҳӣ асосан аз наҷотдиҳии кормандони дар садама дармондаи шахта, барҳамдодани садама ва натиҷаҳои он, гузаронидани корҳои мувофиқи профилакторӣ иборат мебошад. Шахсони махсус омодакарда барои ин корҳо – инҳо кормандони ҚҲНК ва хизматрасонии иловагии наҷотдиҳии кӯҳии шахта мебошанд. Вазифаи асосии ҚҲНК - наҷотдиҳии кормандони дар садамаҳои шахта бандмонда, барҳамдодани садама ва натиҷаҳои он мебошад. Ин корҳоро ҳайати амалиётии ҚҲНК иҷро менамояд. Аввалин воҳиди амалиётии ҲНК, ки қобилияти иҷрои супориши алоҳидаро дар низоми умумии корҳои наҷотдиҳии кӯҳӣ дорад, шуъба мебошад. Аввалин ҳайати амалиётии ҚҲНК, ки ҳамаи комплекси корҳои наҷотдиҳии кӯҳиро иҷро намуда метавонад, взвод мебошад ВҚҲНК. Взводи ҚҲНК мустақилона наҷотдиҳии кормандони дармонда дар садамаи шахта, барҳамдодани садама ва натиҷаҳои онро иҷро менамояд. Отряди ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии кӯҳӣ, ки якчанд взводро мутаҳид намудааст, садамаҳои вазнинро низ метавонад барҳам диҳад. Барои иҷрои ин мақсад он бояд бо техникаҳои зарурӣ таъмин карда шавад. Лавозимотҳои техникии ҳайати ҚҲНК, ки иҷрои ҳамаи намуди корҳои наҷотдиҳии кӯҳиро шароит фароҳам меоварад, ба худ дарбар мегирад: асбобҳои нафаскашӣ (респираторҳо, худнаҷотдиҳандаҳо, дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ) таҷҳизот ва лавозимотҳо барои барҳамдодани натиҷаҳои таркиш, нохост партофтани ангишт, ҷинсҳои кӯҳӣ ва газ, хомўш намудани сўхтори зеризаминӣ; воситаҳои алоқа ва бонгзанӣ; дастгоҳҳо барои таҳлили таркиби гази ҳавои шахта; таҷҳизот барои барҳам додани натиҷаи фуруравӣ; воситаҳои таъмин намудани бехатарии корҳои наҷотдиҳии кухӣ; воситаҳои нақлиёт; Ташкили корҳои наҷотдиҳии кӯҳӣ барои ба зудди расонидани кумак ба шахсони дар садамаи шахта бандмонда ва бартараф намудани садама, аҳамияти калон дорад. Хусусан дар марҳилаи аввали садам он бояд бо тари лозимӣ ташкил карда шавад. Дуруст ва саривақт қарор карда ба зуддӣ иҷро намудан шахсони зиёди дар шахта бударо наҷот медиҳад ва зарари садамаро ба минимум мефарорад. Дар ин марҳила роҳбари мутасадии корҳои наҷотдиҳӣ бояд даъват шудани ҚҲНК-ро санҷад, барои баровардани одамон аз қитъаҳои хатарноки шахта фармон диҳад ва ҷамъовардани ҷанговарони хизматарсониҳои иловагии наҷотдиҳандагони кӯҳиро ташкил намуда барои барҳам додани садама амр медиҳад. Инчунин у шумораи шахсони дар шахта қарор доштаро муайян менамояд. Ба шахта фаромадан танҳо бо иҷозати шахси мутасадди корҳои наҷотдиҳӣ иҷозат дода мешавад. Роҳбарии корҳои наҷотдиҳии кӯҳи аз нўқтаи фармондиҳӣ, ки одатан дар утоқи кории муҳандиси калони шахта ташкил карда мешавад, амали мегардад. Дар нуқтаи фармондиҳӣ, танҳо шахсони барои бартараф намудани садама ҷалб гардида ҳозир мегарданд. Нуқтаи фармондиҳӣ бояд бо маҳали гузаронидани корҳои наҷотдиҳӣ ва хизматрасониҳои махсуси ҚҲНК алоқаи телефонӣ дошта бошад. Роҳбари корҳои наҷотдиҳии кӯҳӣ бояд дар нуқтаи фармондиҳӣ қарор дошта бошад. Агар он ҳозир набошад (фаромадан ба шахта, истироҳат), дар нуқтаи фармондиҳи муовини у мемонад. Корҳои наҷотдиҳии кӯҳӣ аз таҳкиқи садама, баровардани одамони дар шахта бандмонда ва расонидани кумаки аввалин ба онҳо, ташкили хизматрасониҳои ақибгоҳ ва иҷрои амалиёт оид ба барҳамдодани садама иборат аст. 2. Равоншавӣ ба садама. Даъватро ба садама навбатдори возвод қабул менамояд, дар айни замон роҳхати махсусро бо нишон додани маҳал ва хусусияти садама пур намуда, бонги хатарро мезанад. Бонги хатар дар ҳудуди қисм ва ҳуҷраҳои ҳайати шахсӣ садо медиҳад. Тибқи бонги хатар ҳамаи шахсони дар ҳудуди қисм, кормандони амалиётии навбатдор ва шуъбаҳои эҳтиётӣ бо дав ба машинаҳои амалиётӣ ҳозир шуда, дар назди он мувофиқи шуъбаҳо қатор мешаванд. Ҳамаи шахсони ҳайати амалиётӣ, аз ҷумла ҷанговарони дар басти истироҳат қарор дошта ҳозир мешаванд ва ба ҳолати «дар хизмат» мегузаранд. Фармондеҳи калон омодагӣ шуъбаро санҷида оид ба садама хабар медиҳад ва барои ба машина нишастан фармон медиҳад ва худи он ба машинаи аввал менишинад. 3. Омодагӣ барои фаромадан ба шахта. Фармондеҳи взводи ҚҲНК-и ба шахта ҳозир шуда, ки ба шахтаи мазкур хизмат мерасонад, роҳбари корҳои наҷотдиҳӣ кӯҳӣ мегардад. Фармондеҳони дигар қисмҳои ҳамсоя, ки барои расонидани кумак ба шахтаи мазкур ҳозир шуданд, зери итоати роҳбари корҳои наҷотдиҳии кӯҳӣ фаъолият менамоянд. Дар ҳолати ҳозири шудани фармондеҳи ОҲНК ё муовини он, роҳбариро ба зиммаи худ мегирад. Роҳбарӣ корҳои наҷотдиҳии кӯҳӣ, шахси масъул оид ба барҳамдодани садама мебошад ва оид ба ҳозир шудани қисмҳо бо нишон додани миқдори ҳайати он ҳисобот (сармуҳандиси шахта ё ба шахси онро ивазкунанда) медиҳад. II. Машғулиятҳои амалӣ III. Машғулият дар доираи КМРО Пурсишу машварат аз рӯи мавзуъи ҳафта, аҳамияти ташкили корҳои наҷотдиҳи ҳангоми садама IV. Супориш барои КМД 1. Лавозимотҳои техникии ҳайати ҚҲНК-ро номбар кунед? 2. Нақши асбобҳои нафаскашӣ ҳангоми иҷрои корҳои наҷотдиҳии кухӣ. 3. Фарқияти асбобҳои нафаскаши ҷанговарони ҚҲНК нисбат ба асбобҳои конканҳоро номбар кунед? 4. Усулҳои ташкил намудани корҳои наҷотдиҳии кӯҳиро шарҳ диҳед? 5. Оид ба нуқтаҳои фармондиҳӣ маълумот диҳед? 6. кадом шахс роҳбари корҳои наҷотдиҳии кӯҳӣ шуда метавонад? 7. Вазифаҳои роҳбари корҳои наҷотдиҳии кӯҳиро баён созед? 8. Оид ба ташкили корҳои наҷотдиҳии кӯҳӣ маълумот диҳед? 9. Тарзи қабули даъват ба садамаро шарҳ диҳед? 10. Равоншави ҷанговарони ҚҲНК ба садама. 11. Оид ба омодагӣ барои фаромадан ба шахта маълумот диҳед? 12. Корҳои наҷотдиҳӣ аз кадом амалиёт оғоз мегардад? 13. Нақшаи барҳамдодани садама кай тартиб дода мешавад? 14. Нақшаи барҳамдодани садамаро кадом шахс тартиб медиҳад? 15. Оид ба журнали амалиётии ҚҲНК маълумот диҳед? Модули 13 I. Машғулиятҳои лексионӣ Мавзуъ: Уҳдадориҳои шахсони вазифадор дар конҳо, иттиҳодияҳои истеҳсолӣ, қисмҳои наҷотдиҳии кӯҳӣ ва оташхомўшкунӣ ҳангоми бартарафкунии садамаҳо. 1. Сармуҳандиси шахта Роҳбари мутасадди оид ба бартараф намудани садама буда, на танҳо роҳбарӣ балки то ҷавобгарии ҷинояти шахси масъул мебошад. Танҳо фармоиши у бояд бечуну чаро иҷро гардад. Дар нуқтаи фармондеҳии барҳамдиҳии садама, то бо пуррагӣ иҷро намудани ҳамаи чорабиниҳои нақша қарор мегирад. Даъвати ҚҲНК-ро месанҷад, шумораи кормандони дар садама бандмонда ва маҳали онҳоро муайян месозад, оид ба садама ба сармуҳандис ё танзимгари шахтаи ҳамсоя, ки нақбҳои кӯҳии садамавӣ алоқаманд ҳастанд, хабар медиҳад. Дар якҷоягӣ бо фармондеҳи ҚҲНК нақшаи амалиётиро муайян месозад ва дар ин ҳолат ба фармондеҳ тариқи хатти амри медиҳад. Дар сурати ихтилофот байни онҳо иҷрои қарори сармуҳандис ҳатмист, вале фармондеҳ фикри алоҳидаи худро қайд менамояд. Агар садама тавсифи давомнок дошта бошад, кормандони муҳандисӣ-техникиро навбатдор таъин менамояд, реҷаи кории роҳбарони техникиро тартиб медиҳад. Мумкин аз директори техникии иттиҳодияҳои истеҳсолӣ оид ба такшкили комиссия эксперти талаб намояд ё маслиҳат пурсад, вале аз ҷавобгарии дуруст ва саривақт иҷро намудани корҳои наҷотдиҳӣ ва зидди садамавӣ озод намегардад. |