ктм. КТМ ББКК соли 2019. Вазорати саноат ва технологияои нави УМурии тоикистон донишкадаи кметаллургии Тоикистон Кафедраи коркарди конои канданиои фоиданок
Скачать 4 Mb.
|
2. Танзимгари кӯҳии шахта Аз лаҳзаи гирифтани хабар оид ба садама то ҳозир шудани сармуҳандисӣ шахта, вазифаи роҳбари масъули барҳамдиҳии садамаро иҷро менамояд. Дар ин ҳолат нуқтаи фармондиҳӣ утоқи кории у ба ҳисоб меравад. Бо ҳозир шудани сармуҳандиси шахта, оид ба ҳолати кор ҳисобот медиҳад ва зери итоати у қарор мегирад. 3. Фармондеҳӣ ҚҲНК (роҳбари корҳои наҷотдиҳии кӯҳӣ) Тибқи оинномаи ҚҲНК ва мутобиқи нақшаи барҳамдиҳии садама наҷотдиҳандагони кӯҳиро роҳбарӣ менамояд. Супоришҳои роҳбари масъули барҳамдиҳии садамаро иҷро мекунад. Мунтазам оид ба амалиёти ҳайати ҚҲНК ба у хабар медиҳад. 4. Сардори қисми сўхторхомўшкунӣ Зери итоати роҳбари масъули барҳамдиҳии садама қарор мегирад, дар корҳои нуқтаи фармондиҳи иштирок менамояд. Корҳои қисми сўхторхомўшкуниро ташкил менамояд ва оид ба ин кор роҳбари масъули барҳамдиҳии садамаро огоҳ месозад. Восита ва қувваҳои иловагиро бемувофиқа бо дигар шахсон ҷалб менамояд. Директори техникии иттиҳодияҳои истеҳсолӣ Бе иваз намудани роҳбари масъули барҳамдиҳии садама ба у кумак мерасонад. Оид ба дастрас намудани маводҳо, таҷҳизотҳо ва воситаҳои нақлиётҳои зарурӣ аз дигар шахтаҳо ё анборҳо чораҳои мушахас андешида, барои иҷрои ин амалиётҳо ҷавбогар мебошад. Корҳои комиссияи экспертиро ташкил намуда мутахассисонро даъват менамояд. У ҳуқуқ дорад, ки дар ҳолати зарурӣ тариқи фармони хаттӣ роҳбари масъули барҳамдиҳии садамаро аз вазифааш барканор намуда онро ба уҳдаи худ гирад ё дигар шахсро аз ҳисоби дигар кормандони муҳандисӣ-техникӣ таъин намояд. 6. Директори шахта Хизматрасониҳои тиббиро ба ҷароҳатбардоштагон, баҳисобгири одамони дар шахта боқимонда ва ба сатҳи руи замин баромадагонро ташкил медиҳад. Кормандони таҷрибадор ва муҳандисони техникӣро ҷалб менамояд. Навбатдории кормандонро барои иҷро намудани супоришҳои таъҷилӣ таъмин менамояд. Ташкилотҳои дахлдорро оид ба тавсифи садама ва рафти корҳои наҷотдиҳӣ хабардор месозад. 7. Ёрдамчии директор оид ба хоҷагӣ Корҳои нақлиётро роҳбарӣ намуда, дастрас намудани маводҳо, таҷҳизотҳ ва воситаҳои барҳамдиҳии садамаро таъмин менамояд. Озуқавории наҷотдиҳандагони кӯҳиро таъмин намуда, барои истироҳат, базаи таҷҳизоти наҷотдиҳандагони кӯҳӣ ва дигар намуди хизматрасониҳо биноҳои мувофиқ ҷудо менамояд. Кори анборҳоро таъмин менамояд. Қабул ваг усели қисмҳои наҷотдиҳандагони кӯҳиро аз дигар минтақаҳо ташкил менамояд. 8. Сардори минтақаи хизматрасони чангу ҳавотозакунӣ Реҷаи кори шамолдиҳиро тағйир медиҳад. Ҳолат ва корӣ вентиляторро назорат менамояд. Талаботро муайян месозад ва мавҷудияти маводҳоро барои таъмири таҷҳизотҳои шамолдиҳӣ месанҷад. 9. Сармеханик, энергетики калони шахта Навбатдории доимии барқчиҳо, оҳангарон ва челонгаронро ташкил менамояд. Хомўш ва даргирондани қувваи барқ ва интиқоли ҳаводиҳандаро таъмин менамояд. Зеристгоҳро оид ба садама ва зарурияти мунтазам интиқоли барқ, хабар медиҳад. Фаъолияти мунтазами машинаҳои болобардор, насосҳо, вентиляторҳо компрессорҳо ва алоқаи телофониро таъмин менамояд. 10. Сардори (муовин) минтақае, ки дар онҷо садама ба вуҷуд омадааст. Шахсан ё тавассути муовинаш ҳайати ҚҲНК-ро оид ба наҷотдиҳии одамон ва барҳамдодани садама роҳбари менамояд ва дар ҷояш тадбирҳо оид ба наҷот додани одамон ва барҳам додани садама тадбирҳо меандешад. 11. Кормандони муҳандисӣ-техникии басти минтақа Дар садами шахта бандмонда амалиётҳои ҚҲНК-ро роҳбарӣ менамояд, оид ба наҷот додани одамон ва барҳам додани садама тадбирҳо қабул намуда, оид ба садама ба диспетчери кӯҳӣ ё телефонистка хабар медиҳад. 12. Сардори дигар минтақаҳо ва муовинони онҳо Дар замони садама дар шахта қарор дошта, мувофиқи нақшаи барҳамдиҳии садама оид ба баровардани одмаон тадбирҳо меадешад. 13. Боқимонда кормандони муҳандисӣ-техникӣ Аз садама воқиф шуда, зудд ба шахта ҳозир мешаванд ва зери итоати амрҳои роҳбари масъули барҳамдиҳии садама қарор мегирад. II. Машғулиятҳои амалӣ Мавзуъ: Коркарди дастуруламал оид ба бехатарии меҳнат барои касбҳои асосии кормандони саноати кӯҳӣ. III. Машғулият дар доираи КМРО Пурсишу машварат аз рӯи мавзуъи ҳафта IV. Супориш барои КМД 1. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои сармуҳандиси шахта, ҳангоми барҳам додани садама. 2. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои диспечери кӯҳии шахт, ҳангоми барҳам додани садама. 3. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои фармондеҳӣ ҚҲНК, ҳангоми барҳам додани садама. 4. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои сардори қисми сўхторхомўшкунӣ, ҳангоми барҳам додани садама. 5. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои директори техникии иттиҳодияҳои истеҳсолӣ, ҳангоми барҳам додани садама. 6. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои директори шахта, ҳангоми барҳам додани садама. 7. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои ёрдамчии директор оид ба хоҷагӣ, ҳангоми барҳам додани садама. 8. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои сардори минтақаи хизматрасони чангу ҳавотозакунӣ, ҳангоми барҳам додани садама. 9. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои сармеханик, энергетики калони шахта, ҳангоми барҳам додани садама. 10. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои сардори (муовин) минтақае, ки дар онҷо садама ба вуҷуд омадааст, ҳангоми барҳам додани садама. 11. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои кормандони муҳандисӣ-техникии басти минтақа, ҳангоми барҳам додани садама. 12. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои сардори дигар минтақаҳо ва муовинони онҳо, ҳангоми барҳам додани садама. 13. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои боқимонда кормандони муҳандисӣ-техникӣ, ҳангоми барҳам додани садама. Модули 14 I. Машғулиятҳои лексионӣ Мавзуъ: Нақшаи бартарафкунии садамаҳо дар кон, вазифаи он, қоидаи тартибдиҳӣ, омузиш ва ба фаъолият баровардан. Нақша 1. Қоидаҳои умумии дастурамали тартибдиҳии нақшаи барҳамдиҳии садама 2. Нишондодҳои асосӣ оид ба тартиб додани қисми амалиётии нақшаи барҳамдиҳии садама 3. Чорабиниҳое, ки дар қисми амалиётии нақшаи барҳамдиҳии садама бо назардошти садамаҳои хатарнок пешбинӣ мешавад Садама – ҳодисаи идоранашаванда буда, раванди муътадили технологиро вайрон менамояд ва ба ҳаёт ва саломатии кормандон таҳдид намуда, боиси расонидани зарари моддӣ мегардад. Садамаҳое, ки дар шахта васеъ паҳн шудаанд ва сабаби марги азими конканҳо гардидааст, фалокат (катастрофа) меноманд. Садамаҳои хатарноктарини зеризаминӣ инҳоянд: таркиши омехтаҳои ҳавои метанучангдор (метанопылевоздушных смесей); сўхторҳои зеризаминӣ; нохост газихроҷкунии ангишт ва ҷинсҳо; нақбҳои заҳролудшуда бо газҳои ба саломатии конканҳо зараровар; хароб шудани нақбҳо бо таъсири обҳо ва лойобаҳои ҷамъшуда, ки дар он конканҳо фаъолият менамоянд; фурўравии нақбҳои кӯҳӣ. Садамаҳоро дар шахта вобаста аз зуҳуроташ ба ду намуд тақсим менамоянд: техногенӣ; табии Садамаҳои техногенӣ аз натиҷаи вайрон намудани реҷаи технологӣ (вайрон намудани параметрҳои иҷрои корҳои кӯҳӣ, истифода намудани таҷҳизотҳои номувофиқ, риоя накардани реҷаи корҳои таъмир ва ҳ.) ба вуҷуд меоянд. Барои ба вуҷўд омадани садамаҳои табии, зуҳуротии табии нақши муҳим мебозад. 1. Қоидаҳои умумии дастурамали тартибдиҳии нақшаи барҳамдиҳии садама Нақшаи барҳамдиҳии садама (минбаъд НБС навишта мешавад), барои ҳар як 6 моҳ аз ҷониби сармуҳандиси шахта ва қумондони взводи наҷотдиҳии кӯҳӣ, ки ба шахтаи мазкур хизмат мерасонад, тартиб дода мешавад. Баъд бо қумондони отряди ҚҲНК мувофиқа кунонида, аз ҷониби директори техникӣи иттиҳодияи истеҳсолӣ тасдиқ карда мешавад. Дар НБС чорабиниҳо оид ба наҷотдиҳии одамони дар садама бандмонда, барҳамдиҳии садама ва огоҳсозии инкишофи он, пешбинӣ карда мешавад. Қабл аз тартиб додани НБС санҷида мешавад: а) таъминоти шахтаҳо бо воситаҳои сӯхторхомӯшкунӣ ва ҳолати онҳо; б) ҳолати таҷҳизотҳои ҳаводиҳӣ, иншоотҳо ва имконияти реҷаи садамавии ҳаводиҳӣ, ки дар НБС пешбинӣ карда мешавад состояние вентиляционных устройств, сооружений и возможность предусматриваемых ПЛА аварийных вентиляционных; в) таъминот бо баромадгоҳҳои эҳтиётӣ ва коршоямии онҳо барои ҳаракати ҷанговарони наҷотдиҳандагони кӯҳӣ дар респираторҳо; г) мувофиқияти вақти ҳаракат дар нақбҳои газнокшуда ба муҳлати ҳимояи таъсири худнаҷотдиҳанда (самоспасателей); д) мавҷудият, ҳолат ва ҷойгиршавии воситаҳои наҷотдиҳии кормандони кӯҳкорӣ (ҷои дастаҷамъона нигоҳдории худнаҷотдиҳандаҳо, нуқтаҳои наҷотдиҳии сайёр, таҷҳизотҳои ҳавотаъминкунии садамавӣ ва диг.); е) тартиб ва ҷобаҷогузории ҳайати ёридиҳандаи командаи наҷотдиҳандагони кӯҳии ҚҲНК; ж) мавҷудият ва ҳолати воситаҳои огоҳсозии садама; з) вақти газнокшавии нақбҳои сарбаст, дар ҳолати аз кор мондани вентилятори маҳаллӣ. Инчунин минтақаи реверс кардании самти ҳаводиҳӣ ҳангоми сӯхтори эҳтимолӣ муайян карда шуда, минтақа ва нақбҳои хатарнок нисбат ба нохост хориҷшавии ангишт ва газҳо, нохост рахназании газҳо, обҳо ва лойобаҳо, фишори кӯҳӣ муқаррар карда мешавад. Оид ба маводҳои санҷидашуда санад тартиб дода мешавад ва дар ҷаласаи назди сармуҳандис баррасӣ карда мешавад. Нисбати натиҷаи ҷаласа қарор тартиб дода шуда, он аз ҷониби сармуҳандиси шахта ва қумондони взвод имзо гузошта ба НБС ҳамроҳ карда мешавад. Барои мувофиқияти нақша ба ҳолати воқеъи дар шахта онҳо ҷавобгар аст. НБС иборат аст: қисми амалиётӣ; рӯйхати шахсони вазифадор ва муассисаҳо, ки ҳатман бояд оид ба садам хабар дода шавад; қоидаҳои рафтори кормандони шахтаҳо ҳангоми садамаҳо. НБС дар назди диспетчери кӯҳӣ ва взводи наҷотдиҳандаи кӯҳӣ гузошта мешавад. Қоидаҳои муносибати кормандони қитъа ҳангоми ба вуҷуд омадани садамаи воқеъи, дар назди сардори қитъаҳо гузошта мешавад. Инчунин, дар диспетчери кӯҳӣ варақаи махсусуси иҷозатдиҳӣ барои фаромадан ба шахта дар вақти садама, мавҷуд аст. Рӯйхат ва рақами телефонҳои шахсони вазифадор, муассисаҳои хабардиҳанда ва даъваткунанда ҳангоми садама, дар назди истгоҳи телефонӣ қарор дорад. 2. Нишондодҳои асосӣ оид ба тартиб додани қисми амалиётии нақшаи барҳамдиҳии садама Ба қисми амалиётии НБС ҳамроҳ карда мешавад: а) нақшаи ҳаводиҳии шахтаҳо бо гузоштани ҳамаи аломатҳои шартии восита ва параметрҳои зарурии ҳаводиҳӣ (см. «Инструкцию но составлению вентиляционных планов» в книге 2 ПБ и методические указания «Вентиляция шахт» ҳ4]); б) нақшаи нақбҳои кӯҳӣ бо нишон додани воситаҳои сӯхторхомӯшкунӣ, огоҳсозӣ, наҷотдиҳии одамон ва диҳиши обҳо; в) микронақшаҳои нақбҳои куҳӣ (дар ҚҲНК нигоҳ дошта шавад), ҷои гузоштани телефонҳо ва рақамҳои онҳо. Барои самаранокии истифодабарии НБС барои гуруҳи нақбҳо ва биноҳои назди шахтаҳо дар нақшаи ҳаводиҳӣ рақамгузорӣ карда мешавад ва бо самти ҳаракати ҳаво, аз сатҳи Замин оғоз менамояд. Онҳо бо рангҳои муайян ранг карда мешавад. II. Машғулиятҳои амалӣ Мавзуъ: Коркарди нақшаи бартарафкунии садама III. Машғулият дар доираи КМРО Пурсишу машварат аз рӯи мавзуъи ҳафта, аҳамияти нақшаи бартарафкунии садамаҳо IV. Супориш барои КМД 1. Нақшаи барҳамдодани садамаҳо дар шахта барои чанд вақт тартиб дода мешавад? $A) 6 моҳ; $B) 7 моҳ; $C) 8 моҳ; $D) 1 сол; $E) 12 моҳ; 2. Дар шахта бо кадом мақсад нақшаи барҳамдодани садамаҳо тартиб дода мешавад? $A) наҷот додани кормандон; $B) баланд бардоштани иқтидори истеҳсолот; $C) баланд бардоштани руҳияи конкан; $D) барои солимгардонии конкан; $E) ҳифзи моликияти муассиса; 3. Нақшаи барҳамдодани садамаҳо, аз ҷониби ки таҳия карда мешавад? $A) муҳандиси калони шахта ва команидири взводи ҚҲНК-е, ки ба шахтаи мазкур хизмат мерасонад; $B) устои куҳие, ки дар шахтаи мазкур фаъолият менамояд; $C) сардори минтақа; $D) командири ҚҲНК; $E) механики калон; 4. Нақшаи барҳамдодани садамаҳо, бо ки мувофиқа карда мешавад? $A) команидири дастаи ҚҲНК; $B) устои куҳие, ки дар шахтаи мазкур фаъолият менамояд; $C) сардори минтақа; $D) командири ҚҲНК; $E) механики калон; 5. Нақшаи барҳамдодани садамаҳоро ки тасдиқ менамояд? $A) директори техникӣ; $B) устои куҳие, ки дар шахтаи мазкур фаъолият менамояд; $C) сардори минтақа; $D) командири ҚҲНК; $E) механики калон; 6. Дар шахта бо кадом мақсад нақшаи барҳамдодани садамаҳо тартиб дода мешавад? $A) огоҳ намудани инкишофи он; $B) баланд бардоштани иқтидори истеҳсолот; $C) баланд бардоштани руҳияи конкан; $D) барои солимгардонии конкан; $E) ҳифзи моликияти муассиса; 7. Пеш аз тартиб додани нақшаи барҳамдодани садамаҳо санҷида мешавад? $A) таъминоти шахта бо воситаҳои сўхторхомушкунӣ ва ҳолати онҳо; $B) таъминоти шахта бо моддаҳои тарканда; $C) таъминоти шахта бо обҳои нушокӣ; $D) таъминоти шахта бо ҳавои фишурда; $E) қобилияти кории кормандон; 8. Пеш аз тартиб додани нақшаи барҳамдодани садамаҳо санҷида мешавад? $A) ҳолати таҷҳизотҳо ва иншоотҳои шамолдиҳӣ; $B) таъминоти шахта бо моддаҳои тарканда; $C) таъминоти шахта бо обҳои нушокӣ; $D) таъминоти шахта бо ҳавои фишурда; $E) қобилияти кории кормандон; @9. Пеш аз тартиб додани нақшаи барҳамдодани садамаҳо санҷида мешавад? $A) таъминоти шахта бо баромадгоҳҳои эҳтиётӣ ва ҳолати коршоямии онҳо; $B) таъминоти шахта бо моддаҳои тарканда; $C) таъминоти шахта бо обҳои нушокӣ; $D) таъминоти шахта бо ҳавои фишурда; $E) қобилияти кории кормандон; 10. Пеш аз тартиб додани нақшаи барҳамдодани садамаҳо санҷида мешавад? $A) мавҷудият ва ҳолати воситаҳои хабардиҳии садамавӣ; $B) таъминоти шахта бо моддаҳои тарканда; $C) таъминоти шахта бо обҳои нушокӣ; $D) таъминоти шахта бо ҳавои фишурда; $E) қобилияти кории кормандон; 11. Ба қисми амалиётии нақшаи барҳамдодани садамаҳо ҳамроҳ карда мешавад? $A) нақшаи шамолдиҳии шахта; $B) шиносномаи корҳои тарконишӣ; $C) нақшаи кушодани кон; $D) нақшаи низоми истихроҷ; $E) нақшаи иқтидори истеҳсолии солонаи корхона; 12. Ба қисми амалиётии нақшаи барҳамдодани садамаҳо ҳамроҳ карда мешавад? $A) нақшаи нақбҳои куҳӣ бо нишон додани воситаҳои сўхторхомўшкунӣ, хабардиҳӣ, наҷотиҳӣ ва таъмини об; $B) шиносномаи корҳои тарконишӣ; $C) нақшаи кушодани кон; $D) нақшаи низоми истихроҷ; $E) нақшаи иқтидори истеҳсолии солонаи корхона; 13. Ба қисми амалиётии нақшаи барҳамдодани садамаҳо ҳамроҳ карда мешавад? $A) микронақшаи нақбҳои куҳӣ бо нишон додани самти ҳаракати ҳаво, макони насби телефонҳо ва номери онҳо, тулкашӣ ва кунҷи моили нақбҳои асосӣ; $B) шиносномаи корҳои тарконишӣ; $C) нақшаи кушодани кон; $D) нақшаи низоми истихроҷ; $E) нақшаи иқтидори истеҳсолии солонаи корхона; Модули 15 I. Машғулиятҳои лексионӣ Мавзуъ: Тактикаи бурдани корҳои наҷотдиҳии кӯҳӣ ҳангоми садамаҳои гуногун. Нақша: 1. Воситаи ҳимояи фардии роҳи нафас ҳангоми корҳои наҷотдиҳии кӯҳӣ. 2. Воситаҳои коллективии наҷотдиҳандагони кӯҳӣ. 3. Таҷҳизотҳо барои кор ҳангоми зери об мондани нақбҳо. 4. Либоси гарминигоҳдорӣ. 5. Воситаҳои сухторхомушкунӣ. 6. Воситаҳои алоқа ҳангоми корҳои наҷотдиҳии кӯҳӣ. 7. Воситаҳои расонидани кумаки аввалин ба ҷароҳатбардоштагон ҳангоми садама. 8. Таҷҳизотҳои муайяннамудани таркиби ҳавои кон. 1. Воситаи ҳимояи фардии роҳи нафас ҳангоми корҳои наҷотдиҳии кӯҳӣ Ба воситаи ҳимояи фардии роҳи нафас ҳангоми корҳои наҷотдиҳии кӯҳӣ респираторҳои дорои оксигени фишурдашудаи намуди P-I2M, Р-30, «Урал-1М» дохил мешаванд. Онҳо имконият медиҳад, ки ҳаҷми корҳои заруриро дар як баст (4 соат) иҷро намояд. Яке аз намудҳои респиратори паҳншуда Р-30 буда, вазни он ҳангоми таҷҳизонидан 11 кг аст. Дар атмосфераи дудноки нақби уфуқӣ масофаи аз 2 км (дар завал ҳангоми баландии нақб 0,6 м) то 10 км (дар нақби баландиаш 2 м) дар вақти иктишоф тай карданаш мумкин аст. Бо он ҳамаи намуди корҳои наҷотдиҳиро иҷро кардан мумкин аст: бартараф кардани тудаи ҷинсҳои фурӯрафта, кандан ва мустаҳкамкунии нақбҳо, бунёди садди ҷудокунанда, интиқоли ҷароҳат бардоштагон. Диҳиши оксигенро ба халтаи нафаскашӣ бо се усул иҷро кардан мумкин аст: истифодаи доимӣ (1,35 л/дақ), бо кумаки сарпушаки автоматӣ ҳангоми кори вазнин (1,6-1,2 л/дақ) ва тавассути сарпушаки садамавӣ ҳангоми диҳиши нокифоягии сарпушаки автоматӣ. Ба сифати респираторҳои ёридиҳанда барои таҳлияи (эвакуасия) аз минтақаҳои хатарнок, таҷҳизоти ҚҲНК ва ҳангоми фаъолият дар нақбҳои танг респиратори намуди РВЛ-1 бо муҳлати ҳимоя 2 соат, вазни 8,3 кг хизмат менамояд. Таҷрибаҳои корҳои наҷотдиҳии куҳӣ дар кони ангишти Кузбасс нишон медиҳад, ки вақти таъсири ҳимояи Р-30 (4 соат) барои кофтукоби одамони дар садама банд монда кифоягӣ намекунад. Дар атмосфераи ношоям барои нафаскашӣ дар шароити дудноки қавӣ фосилаи максималие, ки наҷотдиҳандагони куҳӣ ба пеш ҳаракат карда метавонанд, 1550 м (бо назардошти кумак расонидан ба ҷабрдидагон ва бозпас гашта оянд) ташкил медиҳад. Азбаски солҳои охир майдони истихроҷи 2-3 км тул кашида истодааст ва зарурияти сохтани респиратори нав бо вақти зиёди ҳимоя ба миён омадааст. Ба ҳамин мисол дар баъзе отрядҳои ҚҲНК респиратори регенеративӣ (ҳароратбадал) бо вақти ҳимоя то 8 с, вазни 8 кг сохта шудааст. 2. Воситаҳои коллективии наҷотдиҳандагони кӯҳӣ Воситаҳои коллективии наҷотдиҳандагони кӯҳӣ аз бокс-база ва камераи паноҳгоҳ конструксияи гуногун иборат мебошад. Бокс-базаи сайёр дар зеризамин, маҳали кории корҳои наҷотдиҳии куҳӣ дар шароити номусоид ба нафаскашӣ барои истироҳати ҷанговарони ҚҲНК ва аз ҷиҳозонидани онҳо бо респираторҳо гузошта мешавад. Дар он шуъбаи эҳтиётӣ ҷойгир карда шуда ва нуқтаи расонидани кумаки аввалин ба ҷароҳатбардоштагон ташкил карда мешавад. Базаҳоро бо ҳавои тоза тавассути вентиляторҳои дар самти ҳавои тоза ҷойгирбуда ва таҷҳизоти регенератории доимӣ бо балоннҳои оксиегени фишурдашуда таъмин карда мешавад. Имконияти база якчанд маротиба аз имконияти тактикии ҚҲНК зиёд мебошад. Он бо алоқаи телефонӣ ё радиовӣ ба нуқтаи фармондиҳӣ, истгоҳӣ телефонӣ ва базаи сатҳи рӯи Заминӣ таъмин карда мешавад. Камераи поноҳгоҳӣ метавонанд доимӣ бошанд, ки ба он ҳавои тоза тариқи таҷҳизоти регенеративӣ, чоҳҳо бо вентиляторҳо, қубурҳои ҳавои фишурдагузаранда дода мешавад. Барои сохтани онҳо нақбҳои сарбаст ва маводҳои дастӣ барои ҷудо намудани онҳо аз атмосфераи заҳролуд истифода менамоянд. Чунин нақбҳо қаблан мувофиқи нақшаи барҳамдиҳии садама муайян карда мешавад. Дар он маътоҳои резинӣ, салафанҳои полиэтиленӣ, маводҳои крепкунӣ, тахтаҳо, мехҳо ва гилхокҳо нигоҳ дошта мешавад. Онҳо боэътимодан одамонро ҳангоми кандани нақби сарбасти тулкашидаи ягона наҷот медиҳанд. Камераҳои паноҳгоҳӣ бояд қаблан бо воситаҳои алоқаи телофони таъмин намуд. |