Главная страница
Навигация по странице:

  • Масофа ҳ ои бехатар ҳ ангоми таркишкор ӣ

  • Модули 5 I . Маш ғ улият ҳ ои лексион ӣ Мавзуъ

  • ктм. КТМ ББКК соли 2019. Вазорати саноат ва технологияои нави УМурии тоикистон донишкадаи кметаллургии Тоикистон Кафедраи коркарди конои канданиои фоиданок


    Скачать 4 Mb.
    НазваниеВазорати саноат ва технологияои нави УМурии тоикистон донишкадаи кметаллургии Тоикистон Кафедраи коркарди конои канданиои фоиданок
    Дата30.09.2022
    Размер4 Mb.
    Формат файлаdocx
    Имя файлаКТМ ББКК соли 2019.docx
    ТипДокументы
    #706354
    страница8 из 16
    1   ...   4   5   6   7   8   9   10   11   ...   16

    3. Маҳвкунии маводҳои тарканда

    Маводҳои таркандаи дар анборҳо нигоҳдоришуда, дар ҳолатҳои зерин маҳв (барҳамдиҳӣ, нобудкунӣ) карда мешаванд: паст ё гум шудани сифати таркишӣ, набудани эҳтиёҷ дар нигоҳдории онҳо; ба анҷом расидани корҳои таркишӣ; имконнопазир будани фиристодан ба дигар муассисаҳо.

    Маҳви МвТ бо рухсати нозирот (инспекция Гостехнадзора) гузаронида, санад (акт) тартиб дода мешавад, ки дар он маълумотҳои зерин бояд зикр шаванд: номгўй ва миқдори МвТ, заводи истеҳсол карда; таърихи истеҳсолу дохили анбор шудан ва маҳв кардан; сабаб ва усули барҳам додан; ному насаби иштирокчиёни барҳамдиҳӣ. Санад ду нусха тайёр карда, як нусхааш дар анбор мемонад, дигараш ба нозирот супорида мешавад.

    Усулҳои нобудкунии МвТ: тарконидан, сўзондан, ғўтондан ба об (потопление) ва обкардан. Ҷараёни барҳамдиҳӣ бояд мувофик ба талаботи «Қоидаҳои бехатарии умумшуда…» гузаронида шавад. Усули асосии барҳамдиҳии МТ-ҳои ҳоло хусусияти таркиширо гум накарда, инчунин, детонаторҳою ДШ-ҳо т а р к о н и д а н и б а р қ ӣ мебошад. Дар майдони кор, дар чуқурии нисбатан паст, маводҳои нобудшавандаро бо патрони зарбавӣ – МТ ва электродетонаторҳои коршоям ҷойгир карда, ба замин гўр мекунанд ва метарконанд.

    Бо с ў х т о р фақат МвТ-ҳои, ки хусусияти таркиширо гум кардан, ғайр аз детонаторҳо, нобуд карда барҳам дода мешаванд. Ин усули барҳамдиҳӣ фақат дар ҳавои хушк гузаронида мешавад. Майдончаи амалиёт бояд гирдогирд бо хати (васеъгиаш 10 м) муқовимат ба сўхтор иҳота карда шуда бошад. МТ-ҳоро дар гулханҳо месўзонанд: дар ҳар як гулхан то 10 кг маводро сўзонидан мумкин аст.

    Борутҳои дудӣ ё бедудро, дар майдончаи ҳамвори махсус тайёр кардашуда, ба хатшакл (васеъгиаш 30 см ва баландиаш 10 см) дароз мерезанд. Масофаи байни хатҳои мавод 5 м буда, яквақта фақат то се хат оташгирондан мумкин аст.

    Бо ғ ў т о н д а н (потопление) фақат МТ-ҳои ба об тобноовар нобуд карда, маҳв карда мешаванд. Ин амал дар баҳрҳои кушод, бо ғўтонидани маводҳо дар борбанди заводиашон гузаронида мешавад. Ҳангоми амалиёти барҳамдиҳӣ, чораҳо дидан лозим, ки маводҳо гашта рўи об набароянд. Истифодабарии ин усул дар кўлҳо, обанборҳо, ҳавзҳо ва дарёҳо қатъиян манъ аст.

    Бо о б к а р д а н МТ-ҳои ба об тобноовар ва борути дудӣ маҳв карда мешаванд. Барои ин амалиёт зарфҳои калонҳачм, инчунин, бочкаҳоро истифода мебаранд. Барои ҳар 10 кг моддаи тарканда на кам аз 125 л об рост меояд. Маҳлули ҳосилшударо ба чуқуриҳо мерезанд ва қисми маводи ҳал нашударо бо сўхтор нобуд мекунанд. Истифодаи усул дар обҳои табиий (кўл, обанбор, дарё ва ғ.) қатъиян манъ аст.

    Селитраи аммиакии ғурўшонида ҳангоми гум кардани хусусияти таркишиаш, ҳамчун пору дар хоҷагии заминкорӣ истифода мешавад.

    4. Ҳайати шахсони дахлдори корҳои таркишгарӣ

    Корҳои вобаста бо МвТ-ю таркишгариро фақат шахсони дахлдору муқарраршуда иҷро карда метавонанд. Ин роҳбарони корҳои таркишӣ, бевосита иҷрокунандагони ин корҳо ва коркунони лабораторияҳо, ёрирасонҳо.

    Роҳбарӣ ба ўҳдаи шахси махсус таъин шуда ё сардори техникии муассиса гузашта мешавад. Ба ин кор муҳандисон ё техники маъдан, мутахассисҳои корҳои таркишӣ, ки таълими мактабҳои ё курсҳои махсус доранд, дар ҳангоми ҳуқуқи роҳбарии корҳои таркишӣ ва «Китобчаи умумшудаи таркишгар» доштани онҳо, таъин карда мешаванд. «Китобчаи умумшудаи таркишгар» (Единая книжка взрывника) фақат ба шахсоне, ки дар бахшҳои ихтисосӣ, бо барномаи махсус таълим гирифта, дониши назариявӣ ва таҷрибаи амалӣ пайдо кардаанд ва имтиҳони комиссияи квалификатсионии ихтисосиро гузаштаанд, дода мешавад. Рўйхати вазифаи коркунони муҳандис-техникӣ тартиб дода шудааст, ки онҳо бояд дорандаи «Китобчаи умумшудаи таркишгар» бошанд. Санҷиши такрории дониши ҳайати муҳандис-техникҳо баъд аз ҳар се сол гузаронида мешавад.

    Иҷрокунандаи бевоситаи корҳои таркишӣ – т а р к и ш г а р о н ва у с т о – т а р к и ш г а р о н мебошанд. Ин коргарон, баъд аз итмоми мактаб ё бахшҳое, ки дар боло қайд кардем, дар таҳти роҳбарии таркишгарони ботаҷриба, бояд як моҳ таҷрибаомузӣ гузаранд. Баъд аз санҷиши таҷрибавии коргар, ба «Китобчаи умумшудаи таркишгар»-ии ў қайди махсус медароранд ва ў ҳуқуқи коркунии мустақилона пайдо мекунад. Ин коргарон бояд маълумоти на кам аз миёна ва собиқаи кории на кам аз як сол дар муассисаи мазкур, синни боло аз 19 дар корҳои рўизаминӣ ва 20 дар корҳои зеризаминӣ дошта бошанд.

    Коргароне, ки таълими ихтисосӣ дар бахшҳои махсус дар назди техникумҳои кўҳкорӣ ё дар комбинатҳо бахши таълимӣ, аз рўи барномаи махсус, гирифтаанд, дараҷаи усто-таркишгарро мегиранд. Дар ин вазифа шахсони аз 22 боло ва бо собиқаи кори зеризаминӣ на кам аз 2 сол, кор карда метавонанд.

    Дар шароити хатарнок нисбатан ба газу чанги ангишт, корҳои таркиширо фақат усто-таркишгар мегузаронад. Ҳангоми танаффуси як сол зиёд дар кори таркишӣ, ба таркишгарон, баъд аз гузаштани имтиҳони комиссияи квалификатсионӣ ва таҷрибаомўзии даҳ рўза, ба кори мустақилона рухсат дода мешавад. Санҷиши такрории дониши таркишгарон, баъд аз ҳар ду сол гузаронида мешавад.

    Корҳои қабулкардан, нигоҳдорӣ, доду гирифт ва ҳисоб-китоби МвТ-ро мудири анбор ва тақсимотчиён (анборчӣ-кладовщик) иҷро мекунанд. Вазифаи мудириро, шахсоне омўзиши бо барномаи махсус гузашта ва гувоҳномаи муносиб дошта, иҷро карда метавонанд. Ба ин вазифа,инчунин, шахсони ҳуқуқи роҳбарӣ ба кори таркишӣ доштаро, таъин кардан мумкин аст.

    Дар анборҳои МвТ-и сайёр вазифаи мудири анборро ба ўҳдаи (ҳамчун ҳамкор) посбон, ронанда ва ғ. баъд аз гузаштани тайёрӣ аз рўи барнома барои мудирони анбор, гузоштан мумкин аст.

    Идораҳои Хадамоти давлатии назорати (Госгортехнадзор) ҳуқуқ доранд: аз эътибор соқид кардани рухсатномаи корҳои таркишӣ, кашида гирифтани «Китобчаи умумшудаи таркишгар», талаб кардани хориҷшавии аз кор шахсоне, ки ҳуҷҷатҳои муносиб надоранд.

    Садорати муассиса, инчунин, ҳангоми вайронкунии қоидаҳои техникаи бехатарӣ, ҳуқуқи ҷазодиҳӣ дорад (аз кор хориҷ кардан; кашида гирифтани «Китобчаи умумшудаи таркишгар» ва ғ.).

    II. Машғулиятҳои амалӣ

    Мавзуъ: Муайян намудани масофаи бехатарии усулҳои таркишкорӣ

    Ҳангоми таркиши зарядҳои МТ-ҳои калонвазн дар майдони хавфии гирди онҳо, мавҷҳои шиддатноки сейсмикӣ, зарбавии ҳавои ва пошшавии сангпораҳо бавуҷуд меоянд.

    Ҳодисаҳои мазкур эҳтимоли осебёбии одамон, шикасту зарарбинии механизмҳо ва таҷҳизотҳо, иншоотҳои муҳандисӣ мебошанд.

    Муайянкунии масоҳати майдонҳои хавфӣ ва масофаҳои бехатарӣ бо назардошти ин шароитҳо ҳисоб карда мешавад.

    Барои муҳофизати биноҳо ва иншоотҳо аз таъсири сейсмикии таркиш, ҳадди вазни зарядҳоро бо андозаи масофаҳо мутаносиб карда мешавад, ки дар ҷараёни таркиш ларзиши замин таъсири вайронкунанда надошта бошад. Мутаносибии мазкур бо формулаи зерин ифода мешавад:

    Қс = kс · а , м

    дар ин ҷо

    Қс радиуси майдони хавфӣ, м ;

    Qвазни заряди МТ, кг;

    kс – коэффитсиенте, ки вобаста аз хусусиятҳои ҷ.к.

    майдон

    а – коэффитсиенте, ки вобаста аз нишондиҳандаи

    амали таркиш (п).

    Тибқи баландшавии андозаи паз 0,5 то 3, андозаи а аз 1,2 то 0,7 паст мешавад ва андозаи кс аз 3 (барои ҷинсҳои шахсанги зич) то 20 (барои гилхоки обдор - лойоб) тағйир меёбад. Мувофиқ ба ҷадвалҳои ҳисобшуда радиуси майдони хавфии сейсмикӣ дошта аз 300 то 900 м мебошад.

    Эзоҳ. Ҳангоми тарконидани заряди МТ-и сатҳизаминӣ амали сейсмикӣ ба ҳисоб гирифта намешавад.

    Мавҷи зарбавии ҳавоии таркиш ҳам ба объектҳои гирду атроф, инчунин, ба шахсоне, ки дар ин минтақа ҳузур доранд, таъсири ҷиддӣ расониданаш мумкин аст. Ин масофаро чунин ҳисоб мекунанд:

    Қҳ= kҳ  , м ва Қҳ= Kҳ , м

    дар ин ҷо

    Кҳ kҳ – коэффитсиентҳои мутаносибӣ

    Q вазни заряди МТ, кг.

    Ҳангоми ҳисобкунӣ асосан формулаи якум истифода мешавад, формулаи дуюм – агар зарядҳои сатҳизаминӣ зиёд аз 10 т ва зарядҳои чуқурии замин хобонда зиёд аз 20 т бошад. Андозаҳои коэффитсиентҳо мувофиқ ба талаботҳои «Қоидаҳои бехатарии ягонашуда дар корҳои таркишгарӣ» («Единые правила безопасности при взрывных работах»)гирифта мешавад.

    Масофаи хавфиро барои одамон, ҳангоми зарядҳои сатҳизаминӣ, бо формулаи зерин ҳисоб мекунанд.

    Қо = 15 , м

    Агар ҷойгоҳи пинҳоншавии муқарраршуда бошад, ин масофа 1,5 маротиба кам карда мешавад.

    Масофаҳои бехатар барои одамон, нисбатан ба сангпораҳое, ки дар натиҷаи таркиш ба минтақаи гирду атроф пош хўрда мерезанд, бояд дар лоиҳаи (ё паспорти) корҳои таркишӣ пешбинӣ карда шуда бошад. Камтарин масофаҳои бехатарӣ дар майдони кушод, барои зарядҳои поракунии усулҳои таркишии гуногун дар ҷадвали 6.2 оварда шудааст.

    Ҷ а д в а л и 6.2

    Масофаҳои бехатар ҳангоми таркишкорӣ


    Усулҳои таркишкорӣ (зарядҳо)

    Масофа, м

    Сатҳизаминӣ

    ≥300

    Рахнакӣ

    ≥200

    Дегшакли рахнакӣ

    ≥200*

    Паррони (простреливание) рахнакҳо

    ≥50

    Дегшакли пармачоҳӣ

    Аз рўи лоиҳа, лекин на кам аз 300

    Паррони (простреливание) пармачоҳҳо

    ≥100

    Пармачоҳӣ

    Аз рўи лоиҳа, лекин на кам аз 200**

    Камеравӣ

    Аз рўи лоиҳа, лекин на кам аз 300

    Хурдкамеравӣ (остинӣ)

    ≥200*

    Поракунии харсангҳо аз таҳ

    ≥400

    Решаковии кундаҳо

    ≥200


    III. Машғулият дар доираи КМРО

    Ташкили бехатарии иҷрои корҳои таркониш

    Пурсишу машварат аз рӯи мавзуъи ҳафта, таҳлили сабабҳои ҷароҳатбардорӣҳангоми иҷрои корҳои тарконишӣ

    IV. Супориш барои КМД

    1. Талаботҳо оид ба иҷрои корҳои тарконишӣ.

    2. Моддаҳои тарканда чист?

    3. Усулҳои нигоҳдории моддаҳои тарканда.

    4. Анборҳои МвТ, вобаст аз ҷои сохташон ба чанд намуд тақсим мешаванд?

    5. Сохти анборҳои сатҳизаминиро шарҳ диҳед?

    6. Сохти анборҳои нимчуқуршударо шарҳ диҳед?

    7. Сохти анборҳои зеризаминиро шарҳ диҳед?

    8. Нисбатан ба муддати фаъолияти корӣ, анборҳо ба чанд гуруҳ тақсим мешаванд?

    9. Ҳаҷми ғунҷоиши умумии анборҳои МвТ.

    10. Талаботҳо оид ба ташкили нигоҳдории МвТ.

    11. Ҳуҷҷатҳои зарурӣ оид ба ҳисобу китоб ва доду гирифти МвТ.

    12. Усулҳои кашонидани МвТ.

    13. Тартиби кашонидани МвТ-ро шарҳ диҳед?

    14. Усулҳои маҳв намудани маводҳои таркандаро номбар кунед?

    15. Дар истеҳсолоти кӯҳи кадом шахс, корҳои вобаста бо МвТ-ю таркишгариро иҷро менамояд?

    Модули 5

    I. Машғулиятҳои лексионӣ

    Мавзуъ: Тадбирҳои бехатарӣ ҳангоми корҳои истихроҷӣ

    Нақша

    1. Маълумоти умумӣ

    2. Тадбирҳои бехатарӣ ҳангоми корҳои истихроҷӣ дар конҳои ангишт

    3. Тадбирҳои бехатарӣ ҳангоми корҳои истихроҷӣ дар конҳои маъдан

    1. МАЪЛУМОТИ УМУМӢ

    Шумораи зиёди ҳолати ҷароҳатбардории истеҳсоли дар шахтаҳои ватанӣ ва хориҷи асосан дар ковишгоҳҳои истихроҷи ва нақлиёти зеризаминӣ ба амал меояд, ки ин аз амалиёти истеҳсолии хатарнокиашон баланд далолат медиҳад.

    Ковишгоҳҳои истихроҷи нисбат ба ҷойҳои кории доимии заводҳо, фабрикаҳо аз он фарқ мекунад, ки шароити корӣ мудом тағйирёбанда буда, дар фазои маҳдуд конканҳо, машина ва механизмҳои зиёд фаъолият менамоянд.

    Мувофиқи маълумотҳои оморӣ дар ковишгоҳҳои истихроҷии шахтаҳои ватанӣ ва хориҷӣ ба ҳисоби миёна 50 - 60 % -и ҳолати ҷароҳатбардорӣ аз шумораи умумии корҳои зеризаминӣ ва наздик 40 — 45 % аз шумораи умумии ҷароҳатбардории шахтаҳо ба вуҷуд меояд.

    Дар шахтаҳои маъдан сабаби асосии ҷароҳатбардорӣ асосан фурўравии ҷинсҳои кӯҳӣ мебошад.

    Ҳамаи омилҳои гуногуни бавуҷудории шароити кории меҳнатро, дар корҳои зеризаминӣ чунин тақсим кардан мумкин аст:

    А) табии;

    Б) истеҳсолӣ-техникӣ;

    В) ташкилӣ.

    Ба омилҳои табии дохил мешаванд:

    - хобрафти қабатҳо (залежей) нисбат ба сатҳи рўи замин (уфуқӣ, моилӣ ва ростмоил);

    - ғафсии қабат;

    - хосияти ҷинсҳои ғунҷонишӣ;

    - маҳкамии ҷинсҳои кӯҳӣ;

    - газнокӣ ва намнокии кон.

    Ба омилҳои истеҳсолӣ-техникӣ дохил мешаванд:

    - чуқурии коркард;

    - нақшаи омода намудани майдони шахта;

    - низоми истихроҷ;

    - усули идора намудани сақфи ковишгоҳ;

    - воситаи истихроҷ, дастрас намудан ва кашонидани канданиҳои фоиданок.

    Ба омилҳои ташкилӣ дахл доранд:

    - омўзиши касбӣ ва омода намудани конканҳо;

    - ташкили хизматрасонӣ барои фароҳам овардани шароити бехатарӣ меҳнат;

    - шакли ташкил ва низоми пардохти ҳақи меҳнат, меъёри кор.

    2. ТАДБИРҲОИ БЕХАТАРӢ ҲАНГОМИ КОРҲОИ ИСТИХРОҶӢ ДАР КОНҲОИ АНГИШТ

    Омилҳои муайянкунандаи бехатарии корҳои истихроҷӣ. Омилҳои асосии табии, ки ба дараҷаи ҷароҳатбардорӣ дар забойҳои истихроҷи таъсири худро мерасонанд, омилҳое мебошад, ки намуди воситаи механиконии истихроҷи ангишт ва тавсифи дигар амалиётҳои истеҳсолиро муайян менамояянд, инҳо кунҷи афтиши қабат ва ғафсии он мебошанд.

    Вобаста аз ғафсии қабати ангишти истихроҷшаванда конканҳо як қатор амалиётҳоро хобрафта, ба зону истода, дар ҳолати каҷи ва рост истода иҷро менамоянд.

    Хамин тавр, тарзи исти қулайнокии кор ҳангоми қабатҳои ғафсиашон ҳархела, гуногун буда дараҷаи мондашавӣ ва реаксияи конканҳо ҳангоми ба вуҷудомадани ҳолати хатарнок гуногун мебошад.

    Маълумотҳои оморӣ тасдиқ менамоянд, ки ҳангоми зиёд шудани ғафсии қабат ва бо фароҳам омадани имконияти тарзи исти қулайи корӣ, ҳолатҳои ҷароҳат бардорӣ то дараҷаи минимум мефарояд (ҳангоми ғафсии қабати истихроҷшаванда 1,8 — 2,0 м). Илова бар ин, ҳангоми истихроҷи қабати ғафсиаш 0,6 — 2,0 м, наонқадар вуҷуд доштани фишори ангишт таъсири мусбии худро мерасонад.

    Ҳангоми истихроҷи қабати ғафсиаш зиёда аз 2 м шиддатнокии ҷарохатбардорӣ зиёд мегардад, ки аз сабаби калон шудани фишори ангишт аз синаи забой мебошад, инчунин зарурияти идора намудан бо таҷҳизоти металлии калон ва бо зиёд мондашавии конкан алоқаманд мебошад.

    Эҳтимолияти ҷароҳатбардорӣ ба андозаи калон шудани кунҷи афтиши қабат низ меафзояд. Ин нишонаи он аст, ки хатари ҷароҳатбардории конканҳо, аз ғалтидани пораҳои ангишт ва ҷинсҳои кӯҳӣ ба амал меояд. Илова бар ин шароити хизматрасонии механизм ва таҷҳизотҳо ва дастрас намудани маводҳо барои амалиётҳи истеҳсолӣ мушкил мегардад.

    Омилҳои асосии истеҳсолӣ-техникӣ дарозии лаваҳо (забойҳои истихроҷи) ва суръати ҳаракати онҳо мебошад.

    Эҳтимолияти фурўравии ҷинсҳои сақфи дурўғин ва бевосита, ки як аз сабабҳои асосии ҷароҳатбардорӣ дар забойҳи истихроҷи мебошад, бо зиёд шудани суръати ҳаракати забойҳои истихроҷӣ кам карда мешавад.

    Суръати ҳаракат аз дарозии лаваҳо вобаст аст. Чи қадаре, ки дарозии лаваҳо зиёд аст, ҳамон қадар суръати кандани ковишгоҳ паст гардида эҳтимолияти шумораи фурўравӣ зиёд мешавад. Вале дарозии лаваҳо ба миқдори ниш ва пайвастшавии нақбҳо таъсир дорад, ҳоло он, ки дараҷаи ҷароҳатбардорӣ бо таври назаррас нисбат ба худи ковишгоҳӣ истихроҷи хеле баланд мебошад.

    Дараҷаи ҷароҳатбардории истеҳсолӣ аз фурўравӣ ва ғалтидани ангишт ва ҷинсҳои кӯҳӣ дар лаваҳо, ба андозаи муайян аз низоми истихроҷи истифодашаванда вобаста мебошад.

    Сабабҳои асосии ҷароҳатбардорӣ дар ковишгоҳҳои истихроҷи ғалтидан ва фурўравии ангишт ва ҷинсҳои кӯҳии сақф, зарар дидан аз мошин ва механизҳо мебошад, ки миқдори зиёди ҳолати ҷароҳатбардорӣ ба инҳо рост меояд. Дар ковишгоҳҳои шахтаҳо бо сабаби аввал тахминан 30 %, бо сабаби дуввум 25% аз миқдори умумии зарардидагон дар шахтаҳои саноати ангишт, ҷароҳати марговар мебинанд.

    Сабабҳои маъмултарини ҳодисаҳои нохуш аз ғалтидан ва фурўравии ангишт ва ҷинсҳои кӯҳии сақф дар лаваҳо, иҷрои корҳо бо вайрон намудани шиносномаи мустаҳкамкунӣ ва идора намудани сақф (тахминан 70%), инчунин номувофиқии онҳо ба шароити кӯҳӣ-геологӣ ва вайрон намудани технолгияи муқарраршуда (то 30%) мебошад.

    Тарақиёти техникӣ хусусияти меҳнатро ҳаноми корҳои истихроҷи тағйир медиҳад.

    Механиконии комплексӣ ва автоматикунонии равандҳои истеҳсолӣ ба паст намудани ҳиссаи меҳнати ҷимонии вазнин оварда мерасонад, вале аз кормандон баланд бардоштани дараҷаи касбиашонро талаб менамояд. Мехнати инсон бештар интеллектуалӣ мегардад ва шиддати равонии он меафзояд. Идора намудан ва хизматрасонии мошин ва механизмҳо аз кормандон сатҳи баланди таҳсилоти умумӣ ва дониши махсуси касбиро талаб менамояд.

    Барои як қатор мутахассисони кӯҳӣ, ки бо идора намудани низоми машин, механизмҳо ва таҷҳизотҳои барқи алоқаманди доранд, гузаронидани интихоби касби, ки имкони интихоби кадрҳоро мутобиқи талаботи техникаи истихроҷи медиҳад, ба мақсад мувофиқ мебошад.

    Яке аз омилҳои асосии ташкилӣ ин шумораи кормандони дар ковишгоҳҳои истихроҷи фаъолият намуда истода мебошанд, ки бо таври қобил ба эҳтимолияти бавуҷуд омадани ҷароҳатбардорӣ таъсир мерасонад.

    3. ТАДБИРҲОИ БЕХАТАРӢ ҲАНГОМИ КОРҲОИ ИСТИХРОҶӢ ДАР КОНҲОИ МАЪДАН

    Мувофиқи талаботи Қоидаҳои ягонаи бехатарӣ ҳангоми истихроҷи конҳои канданиҳои фоиданоки зеризаминии ғайримаъданӣ ва маъданӣ, корҳои истихроҷиро бояд, мувофиқи лоиҳа ва нақшаи инкишофи корҳои кӯҳӣ ба роҳ монда шавад.Тағйирдиҳии низоми истихроҷ (элементҳои асосӣ)-и қабулшуда барои истихроҷи кон ё майдони шахта, инчунин санҷиши саноатии низоми истихроҷи нав, низоми истихроҷи мукаммалгардонидашуда ва параметрҳои он тибқи лоиҳаи махсуси аз ҷониби роҳбари муассиса тасдиқ ва бо лоиҳасозӣ генералӣ, назорати техникӣ-кӯҳӣ иҷозат дода мешавад.

    Бояд қайд намоем, ки тағийрдиҳии низоми истихроҷ ё элементҳои он, ки ба блоки алоҳида (камера, панел) мутаалиқ аст, боиҷозати сармуҳандиси рудник амалӣ кардан мумкин аст.

    Интихоби низоми истихроҷ яке аз омилҳои асосии таъминкунандаи бехатарии корҳои истихроҷи ба ҳисоб меравад. Бояд он, бо назардошти таъмини бехатарии меҳнат, механиконӣ ва автоматикунонии равандҳо, паст намудани талафёбии маъдан, амалӣ карда шавад.
    1   ...   4   5   6   7   8   9   10   11   ...   16


    написать администратору сайта