Главная страница
Навигация по странице:

  • Модули 6 I . Маш ғ улият ҳ ои лексион ӣ Мавзуъ

  • 1. Хатар ҳ ое, ки дар шахт бо истифодабарии қ увваи бар қ ало қ аманди дорад.

  • 2. Низоми ҳимояи барқӣ дар кон.

  • ктм. КТМ ББКК соли 2019. Вазорати саноат ва технологияои нави УМурии тоикистон донишкадаи кметаллургии Тоикистон Кафедраи коркарди конои канданиои фоиданок


    Скачать 4 Mb.
    НазваниеВазорати саноат ва технологияои нави УМурии тоикистон донишкадаи кметаллургии Тоикистон Кафедраи коркарди конои канданиои фоиданок
    Дата30.09.2022
    Размер4 Mb.
    Формат файлаdocx
    Имя файлаКТМ ББКК соли 2019.docx
    ТипДокументы
    #706354
    страница9 из 16
    1   ...   5   6   7   8   9   10   11   12   ...   16

    II. Машғулиятҳои амалӣ

    Мавзуъ: Омўзиши қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми иҷрои корҳои истихроҷӣ.

    III. Машғулият дар доираи КМРО

    Пурсишу машварат аз рӯи мавзуъи ҳафта, муайян намудани омилҳои зараровар ва хатарноки корҳои истихроҷи
    IV. Супориш барои КМД

    1. Амалиётҳои корҳои истихроҷиро номбар кунед?

    2. Фарқияти ковишгоҳхои истихроҷи аз дигар ҷойҳои кории доимӣ.

    3. Дар истеҳсолоти кухӣ, ҷароҳатбардорӣ ҳангоми корҳои истихроҷи чанд фоизро ташкил менамояд?

    4. Сабабҳои асосии ҷароҳатбардориро дар корҳои истихроҷи баён созед?

    5. Омилҳои ҷароҳатбародории корҳи истихроҷиро ба чанд гуруҳ тақсим менамоянд?

    6. Омилҳои табиии ба ҷароҳатбардорӣ мусоидкунандаи корҳои истихроҷиро шарҳ диҳед?

    7. Омилҳои истеҳсолӣ-техникии ба ҷароҳатбардорӣ мусоидкунандаи корҳои истихроҷиро шарҳ диҳед?

    8. Омилҳои ташкилии ба ҷароҳатбардорӣ мусоидкунандаи корҳои истихроҷиро шарҳ диҳед?

    9. Омилҳои муайянкунадаи бехатарии корҳои истихроҷӣ дар конҳои ангишт?

    10. Сабабҳои асосии ҷароҳатбардорӣ дар ковишгоҳҳои истихроҷии конҳои ангиштро номбар кунед?

    11. Роҳҳои пешгирӣ намудани ҷароҳатбардории корҳои истихроҷиро номбар кунед.

    12. Аҳамияти механиконӣ барои таъмин бехатарии меҳнат, ҳангоми иҷрои корҳои истихроҷӣ

    13. Талаботҳо оид ба иҷрои корҳои истихроҷӣ.

    14. Фарқиятҳои асосии корҳои истихроҷии конҳои ангишт ва маъданро шарҳ диҳед.

    15. Омилҳои асосии ҷароҳатбардорӣ дар конҳои маъдан.
    Модули 6

    I. Машғулиятҳои лексионӣ

    Мавзуъ:Андешидани чораҳои бехатарии ҳимояи конканҳо аз таъсири қувваи барқ

    Нақша

    1. Хатарҳое, ки дар шахта баистифодабарии қувваи барқ алоқамандӣ дорад.

    2. Низоми ҳимояи барқӣ дар кон.

    3. Воситаҳои ҳимояи фардӣ аз таъсири қувваи барқ дар конҳо.

    1. Хатарҳое, ки дар шахт бо истифодабарии қувваи барқ алоқаманди дорад.

    Шахтаҳои ҳозиразамон муассисаи механиконидашуда бо шабакаҳои барқии ташаккулёфта ва шумораи зиёди машинаҳои барқи мебошад. Қуваи барқ яке аз намуди энергияи маъмул баҳисоб меравад, ки дар шахтаҳо аз он бо таври васеъ истифода менамоянд.

    Конканҳо аз таъсири қуваи барқ, вобаста аз шакли вазнинӣ ҳаргуна ҷароҳат бардоштанашон мумкин аст.

    Ҷароҳати барқӣ (Электротравма)ҷароҳате ба ҳисоб меравад, ки дар натиҷаи таъсири қувваи барқ ба амал омадааст. Хатарнокии зарбаи шиддати қувваи барқ ба инсон дар он аст, ки дар натиҷаи таъсири он инсон ба ҳалокат расиданаш мумкин аст.

    Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки дар шахтаҳои ангишт ва маъдан сол аз сол ҷароҳатбардории барқӣ инкишоф ёфтаистодааст ва нисбатан ба дараҷаи шумораи умуми ҷароҳатбардорӣ дар кон, ҷароҳатбардории барқи 10-12 %-ро ташкил медиҳад. Вале мутаасифона аз ин миқдори ҷароҳатбардоштагон 20-30%-и онҳо ба ҳалокат мерасанд.

    Инкишофёбии ҷароҳатбардории барқиро ба омилҳои зерин мансуб медонанд:

    • Шароити кӯҳӣ-гелогӣ – хусусияти истихроҷи канданиҳои фоиданок, маҳдудияти фазои корӣ, ҳангоми азназаргузаронӣ ва таъмир дастнорас будани таҷҳизотҳои барқӣ.

    • Тавсифи барқидошта (электрического характера) — шиддати ҷараён, тағйирёбии шиддати қабулкунанда, расиши кутоҳ, тавсифи аз меъёр зиёдӣ шиддат ва дигар омилҳое, ки реҷаи барқиро муайян менамоянд;

    • Тавсифи механикидошта (механического характера) — ларзиш ва зарба ҳангоми кашонидан ва насб намудани таҷҳизотҳои барқӣ дар нақбҳои кӯҳӣ;

    - муҳити атроф – ҳарорат, намнокӣ, чангнокии ҳавои шахта.

    Таҳлили сабабҳои ҷароҳатбардории барқӣ нишон медиҳад, ки 73.4 %-и онҳо аз натиҷаи расидан бақисмҳои барқии ҷараёнгузар ва 26,6 % аз натиҷаи расидан ба қисмҳои ҷараённогузар ба амал омадааст.

    Дар шароити зеризаминӣ тақрибан 80%-и ҷароҳатбардории барқӣ, ҳангоми шиддати барқ то 1000 В ба вуҷуд омадааст ва ин миқдор ҷараёни шиддати қувваи барқ ба таври васеъ истифода бурда мешавад.
    2. Низоми ҳимояи барқӣ дар кон.

    Низоми ҳимояи барқӣ, дар шахтаҳо мувофиқи талаботи қоидаҳои техникаи бехатарии истифодабарии таҷҳизотҳои барқӣ, Қоидаи техникии истифодаи таҷҳизоти барқӣ, низоми стандартҳои бехатарии меҳнат ва Меъёрҳои сохтмонӣ тартиб мешавад. Ғайр аз ин таҷхизотҳои барқии зеризаминӣ ва истифиодаи онҳо бояд талаботҳои Қоидаҳои ягонаи бехатарӣ ҳангоми коркарди конҳои маъдан, ангишт, ғайри маъдан ва пошхурдаро қонеъ гардонад.

    Сабабҳои задани қувваи барқро дар шахта ба се гуруҳ тақсим менамоянд:

    1. Нохост пайдо шудани шиддати ҷараёни барқ дар қисмҳои барқгузаранда;

    2. Нохост расидан ба қисмҳои ҷараёнгузар;

    3. расиши кутоҳ дар корпусҳо.

    Дараҷаи таъсири қувваи барқ аз бузургӣ ва намуди ҷараён, давомнокии таъсири он, хусусияти алоҳидаи инсон, шароити муҳити атроф (дараҷаи намонокӣ, чангнокии ҳаво ва диг.) вобаст аст.

    Оқибатҳои таъсири қувваи барқ асосан аз бузуригии ҷараёни аз бадани инсон гузаранда вобаста аст:

    • Қувваи ҷараён то 1,5 мА – халашавии пустро ҳис менамояд;

    • 3,5 мА – ларзиши саросарӣ панҷаи даст (агар инсон бо дасти худ расида бошад);

    • 8-10 мА – дард дар тамоми бозу;

    • 10-15 мА – дарди сахт, инсон қодири бартараф намудани судорагаҳои мушакҳо нест;

    • 25-50 мА – нафаскашӣ душвор мегардад, дар суръати давомнок гузаштани ҷараён инсон беҳуш мегардад;

    • 100 мА – норасогии оксиген ба вуҷуд меояд, гардиши хун қать мегардад ва марг фаро мерасад.

    Аз ҳама хафнок ҷарайни тағйирёбанда 100 Гц (қатшавии қавии мушакҳо ба вуҷуд меояд) мебошад. Ҷараёни доими он камтар хатарнок буда, таъсири гармӣ дорад ва ҷои расишро месузонад.

    Муқовимати миёнаи бадани инсон ба қувваи барқ 1000 Омро ташкил медиҳад. Агар пуст намнок бошад, муқовимати он то 600-800 Ом паст мефарояд.

    Таъсири қувваи барқро ба намудҳои зерин тақсим менамоянд:

    1. зарбаи барқӣ;

    2. сузиши барқӣ;

    3. нишонаҳои барқӣ;

    4. металлкунони пуст.

    Барои ҳимояи ҷароҳатбардорӣ аз таъсири қувваи барқ ду намуди чорабинӣ андешида мешавад.

    1. Чораҳои ҳимоя аз тасодуфан расидан ба қисмҳои ҷараёнгузари таҷҳизотҳои барқӣ;

    а) насби қисмҳои ҷараён гузаронанда, мисол насби ноқилҳои пайваткунада дар баландии нисьатан бехатар;

    б) истифодаи таҷҳизотҳои барқии барои рудникҳо таҳрезишуда ва изолясиякунонии қисмҳои ҷараёнгузар;

    в) бастшаванда (блокировка, как говорят англичане - «защита от дурака»)

    г) истифодаи ноқилҳои махсус.

    2. Чораҳои ҳимоя ҳангоми расидан ба қисмҳои ҷараённогузари таҷҳизотҳои барқӣ, ки тасодуфан зери шиддат қарор гирифтааст:

    а) ҳимояи хокии қисмҳои металлии таҷҳизоти барқӣ

    б) хомўшшавии ҳимоявӣ;

    в) руйпушкунонии қисмҳои ҷараённогузар, ки инсон бисёр аз он истифода мебарад;

    г) маҳдудкунии шиддати барқ (127 В дар шабака)

    3. Воситаҳои ҳимояи фардӣ аз таъсири қувваи барқ дар конҳо.

    Барои ҳимояи кормандон аз таъсири қувваи барқ, сӯзиши камонаки барқӣ, таъсири қувваи майдони барқӣ ва ҳ., ки бо таҷҳизоти барқӣ фаъолият менамоянд, ҳамчун воситаҳои ҳимоя асбобҳо, дастгоҳҳо, олотҳо ва таҷҳизотҳо хизмат мерасонанд.

    Вобаста аз вазиваашон воситаҳои ҳимоя ба гуруҳҳои зерин тақсим карда мешавад:

    - асбоб ва олотҳо барои кор дер зери шиддат (милаи изолятсиядор барои корҳои амалиётӣ, анбур ва кашакҳои изолятсиядор, асбобҳо бо дастакҳои изолиятсиядор);

    - асбоб ва олотҳо барои дарёфт намудани шиддат ва ченкунӣ дар зери шиддат (нишондиҳандаҳои шиддат барои санҷидани бмавҷудияти он, милаҳои ченкунанда, анбурҳои барқченкунанда);

    - воситаҳои изолятсиякунии инсон (нордбон ва майдончаҳои изолиятсиякунанда, дастпушакҳои диэлектрикии резинӣ, пояфзорҳои резинӣ, қолинчаҳо).
    II. Машғулиятҳои амалӣ

    Мавзуъ: Назорати ҳолати бехатарии барқии шахта.
    III. Машғулият дар доираи КМРО

    Пурсишу машварат аз рӯи мавзуъи ҳафта, таҳлили сабабҳои ҷароҳатбардории барқӣ ва оқибатҳои он
    IV. Супориш барои КМД

    1. Аҳамияти истифодаи қувваи барқ дар саноати кӯҳкориро шарҳ диҳед?

    2. Ҷароҳатбардории барқӣ чист?

    3. Маълумотҳои омориро нисбати ҷароҳатбардори барқӣ баён созед?

    4. Натиҷаҳои ҷароҳатбардории барқӣ

    5. Оқибатҳои таъсири қувваи барқ ба инсон.

    6. Омилҳои ба ҷароҳатбардорӣ мусоидкунанда.

    7. Дар асоси кадом талаботҳо низоми ҳимояи таъсири қувваи барқ ба конканҳо ба роҳ монда мешавад.

    8. Сабаҳои таъсири қувваи барқро дар шахтаҳо ба чанд гуруҳ тақсим мекунанд?

    9. Ҷароҳатбардорӣ ҳангоми нохост пайдо шудани шиддати ҷараёни барқ дар қисмҳои барқгузарандаро шарҳ дихед?

    10. Ҷароҳатбардорӣ ҳангоми нохост расидан ба қисмҳои ҷараёнгузарро шарҳ диҳед?

    11. Ҷароҳатбардорӣ ҳангоми расиши кутоҳ дар корпусҳоро шарҳ диҳед?

    12. Муқовимати бадани инсон ба таъсири қувваи ҷараён.

    13. Таъсир қуваи барқро ба чанд намуд тақсим мекунанд?

    14. Намудҳои чорабинии ҳимояи ҷароҳатбардорӣ аз таъсири қувваи барқро шарҳ диҳед?

    15. Чораҳои ҳимоя аз тасодуфан расидан ба қисмҳои ҷараёнгузари таҷҳизотҳои барқиро номбар кунед?

    16. Чораҳои ҳимоя ҳангоми расидан ба қисмҳои ҷараённогузари таҷҳизотҳои барқӣ, ки тасодуфан зери шиддат қарор гирифтаро номбар кунед?

    17. Воситаҳои ҳимояи фардӣ аз таъсири қувваи барқро номбар кунед?
    1   ...   5   6   7   8   9   10   11   12   ...   16


    написать администратору сайта