Физика. Исмоилова Л. ва диг.Биология. Вазорати тандурустии УМурии тоикистон донишгои давлатии тиббии тоикистон ба номи Абалї ибни Сино Кафедраи биология бо асосои генетика китоби якум
Скачать 5.75 Mb.
|
Расми 24 Схемаи трансформатсия Њамин моддаро штамми трансформатсия номид. Трансформатсия – усули гузарондани хатари ирси бо воситаи ДНК, ки ба геноми организми дигар хамроњ мешавад. Усулњои пайдокунии мутатсияњо дар микроорганизмњо. Усулњои пайдокунии мутатсияњо дар микроорганизмњо хеле гуногунанд. Ба аломњои морфологї – андоза, њаљм, ранг, характери таќсим ва таркиби дохилии онњо (шакл) дохил мешавад. Боз мутатсияњои биохимиявї, ки метаболизми њуљайрањоро дарбар мегирад дохил мешавад. методи клонкунони – аз як њуљайра сабзондани колонния штамм – организмњое, ки њуљайраи якхела доранд Расми 23 Схемаи трансдуксия Трансдуксия – гузаронидан ва рекомбинатсияи генњо бо воситаи бактериаофагњо. Ин ходисаро соли 1952 олимон Н.Цендер ва Д.Ледерберг дар сальмонелла кашф кардааст. методи ќолабгири – мутатсияи биохимиявиро ёфтан мумкин. Агар ба муњити зисти онњо ягон модда њамроњ накунад, баъзе мутатсияњо дар ваќти нусха гирифтан нест мешавад. Дар натиљаи омўзиши генетикаи микроорганизмњо баъзе хулосањои умуми љой дорад. КДН ба меросгузаронии ирсї иштирок мекунад. Дар микроорганизмњо мутатсия ва рекомбинатсия дида мешавад. Дар бактерияњо љойивазкунии бактерияњо яктарафа мебошад. Тадќиќотњои генетики ташаккули геноми бактерияњо, ба зудї, баъди он ба миён омад, ки шахсан КДН маводи ирсї дар пневмакоккњо маълум гашт. Обекти нисбатан васеъ ва даќиќ барои тадќиќотњои бактерияњои рўда Eschorichia coli буд ва мемонад. Тадќиќотњои генеткаи бактерияњо барои омўзи-ши ирсият, сањми калон гузошт. Хромосомањои бактерияњо-њалќаи дарози молекуллаи КДН бо массаи молекуллавии тахминан 3,2 ·109 далтон, ки ба 3,2 ·106 љуфти нуклеодитњо рост меояд, он нуќтае дорад - сайт, ки аз он репликатсияи (дучандшї) КДН сар мешавад ва ба ду тарафи КДН равона мешавад. Омилњои генетикие, ки дучандшавии хромосомањои бактерияро идора мекунанд, дар худи хромосома љойгиранд. Хромосома якљоя бо нуќтаи ташаббускор молекуллаи генетикии худ аз худ дучандшавандаро мемонад, ки аз рўи мафњумњои пешнињод намудаи Франсуа Жакоб, Сидни Бреннер ва Франсуа Кузин репликон номида мешавад. Дар њуљайрањои E.coli дар таркибашон репликатсияњои дигаре низ мављуд аст, ки ќобилияти аз хромосомањои бактериягї дар алоњида мављуд буданро дорад. Онњо плазмидањо ё эписомањо номида мешаванд, молекуллаи њалќаи КДН-ро ташкил мекунанд. Ин гуна молекулањо њаљми гуногун доранд, ки он аз 103 љуфти нуклуотидњо то сењиссаи њаљми худи хромосомаи бактериалї мерасанд. Яке аз эписомњои аљоибтарине, ки омўхта шудааст Ѓ-омил (ном гирифтааст (омили фертилнокї). Ѓ-омил протсесси љинсиро дар E.coli муайян месозад. Эписома – ин унсурњои генетикие мебошанд, ки метавонанд дар њолати репликонї дар хромосомаи озод бактериалї мављуд бошад ё метавонад дар хромосома-њои бактериалї саф кашад. Инчунин метавонад як њиссаи репликонї бактерияро ташкил намояд. Бактериофаг низ метавонад эписомаро ташкил намояд, ки ќобилияти њам берун аз њуљайра дар шакли фаг ва њам дар дохили њуљайраи худ ба сифати репликонї алоњида ё худ дар шакли профаг як њиссаи репликонї алоњида ташкил медињад. Баръакси эписомањо, плазмидањо ба репликонњои алоњида саф намекашанд, балки њама ваќт дар шакли озоди (худмухтор-автономї) репликонњо мављуданд. Фаги сусти Р дар њолати профаг мављуд буда, бо худ плазмидаеро ифода мекунад, ки дар њолати озод аз репликонї бактериалї мебошад. Вале аксарияти плазмидањо сарњадњои њуљай-раро дур партофта, шакли њуљайрагиро ташкил намекунанд. Вазифањои генетикї барои репликатсияи сироятї ва хусусияти берун кардани дигар эписомањо дар КДН-и эписомагї рамзнок гаштааст. Дар бисёри эписомањо генњое њастанд, ки барои мављудияти онњо заруранд. Мисол эписомањои сироятие њастанд, ки дар таркибашон генњои ба антибиотик-њои муайян устувор доранд. Бактерияњое, ки ба онњо ин гунна омили устуворї дохил мешавад, ба антибиотикї мазкур устувор мешавад. Омилњои устуворї дорои ќиммати баланди селексионї дар шароити њозира ин антибиотикњо мебошанд. Онњо ба зуди дар байни штаммњои гуногун ва намудњои бактерияњо аз љумла патогенї (касалиангез) пањн мегарданд. Устувориро нисбат ба ќисми зиёди штаммњои бактерияњои стафилококки тиллоранги антибиотикњо пайдо намудаанд, ки сабаби он пасомади нохуби баъд аз љарроњи мебошад. Воситаи аз њама пурмањсули зидди стафилоко-ккї –гузаронидани гаммаглобулини зиддистафилококкї яъне антиљисмњое, ки антигенњои болои љилдии микроб мебошад. Мутаасифона он танњо аз хуни донорї људо карда гирифта мешавад, бинобар ин камёфт аст. Њамаи ин барои тибб масъалањои љиддии њалталабро ба миён меорад. Инженерияи генї Инженерияи генї дар аввалњои солњои 70-ум, ваќте ки Берг молекулаи КДН-ро (invitro-ро) ба тариќи якљоякунии њиссачањои хатти КДН бо ёрии ќанорњои «часпон» ба даст овард пайдо шуд. Тадќиќотњо материали генетикї, ки аз се сарчашма иборат аст, дар бар мегиранд: Бо ёрии усулњои инженерияи генї њосил намудани њормони сомастатин аз њуљайрањои бактериягї имкон пайдо кард. Аз њуљайрањои чубакчањои рўда синтези як ќатор сафедањо ва њормонњои инсон ба монанди инсулин мумкин аст. Дар ќатори он инчунин интерферон, њормони нумўъ, албумин синтез карда шудаанд. Аз љониби олимони рус Ю.А.Овчинников, А.А. Бабаев, М.Н.Колосов, Е.Д.Свердлов зудии генњои инсон ба вуљуд оварда шуд. Инњо лейтсин-энкефалин, интерферони лейкоситарї, брадикарсин, соматотропин мебошад. Штамњои бактериалии њосилкунандаи маводи фаъоли дар организми инсон метавонад дар истењсоли масолењи доруворї истифода карда шавад. Дар инжинерияи генї инчунин усулњои ба таври сунъи ба даст оварданї генњо дар асоси синтези ферментативї бо ёрии механизми транскрипсияи баргарданда истифода карда шавад. Барои ин КРН-и аз КДН-и аз полимераза вобаста ё худ транскриптазаи баргарданда-ферменти дар натиљаи тадќиќоти репликатсияи КРН-ионкогенї вирусњо истифода мешавад. Ин фермент ќобилияти сохтани КДН-и нусхавиро дорад, ки он бо роњи синтези сунъи дар (матритса) ќолибњои КДН-ро дорад. Ин принсип барои њосил намудани моилии генњо (клонирование) яъне генњои интерферони инсон истифода бурда мешавад. Интерферон аз њуљайраи бактерияњои људокардашуда ва интерферони дар хуни донор мављуд аст, хеле наздик аст. Бо кўмаки инженерияи гении сохти геномњои мухталифро тадќиќ намудан мумкин аст. Инчунин генњои алоњида ва масолењи рамзии онњоро омўхта мешавад. Ин имкон дод, ки ташаккули экзоинтронии генњои эукариотиро муайян созад, мавќеъи унсурњои генетики кучандаро муайян намояд, имкониятњои наве ба даст оварда шудаанд, ки асосњои молекулавии онтогенез, беморињои ирсї, пайдоиши тањаввулоти организмњои мухталифро имкон дињад. Имконияти бузург дар назди инженерияи генї ба воситаи њосил намудани бонки генњо пайдо шуд. Њосил намудани бонкњо бо хориљ намудани КДН-и организми додашуда, њиссачањои онњо бо ёрии рестриктаз, пайвасташавии молекулаи векторї (плазмидњо ё фагњо) ва берун намудани КДН-њои рекомбинативї дар бактерияњои ретсипиенти имком медињанд. Дар ваќти лозимї бо кумакї ин усулњои коркардашуда, гени лозимиро аз бонк интихоб намуда, тадќиќ намудан мумкин аст. Бонки генњои дрозофила ва њуљайрањои чўбакчањои рўда кушода шудааст. Бонки генњои инсон ташкил шуда истодааст, ки он барои омўзиши беморињои ирсии инсон имкон медињад. Ирсияти ситоплазматикї Генњои организмњои олї - эукариотњо дар ядрои (њастаи) њуљайрањо љойгиранд, танњо ќисме аз онњо дар ситоплазмаи њуљайрањо дида мешаванд, ки онњоро њамчун ирсияти матроклинї –аз рўи хати занона муайян мекунанд. Чунки њуљайраи мардонаи љинсї пурра аз он холис аст. Њоло маълум гаштааст, ки генњои хориљ аз ядрогї дар ситоплазма шино намекунанд, балки дар органоидњои дохили њуљайрагї саф кашидаанд, дар њуљайраи њайвонот, растанињо ва дар пластидањои онњо дида мешаванд. Ба наздикї дар лабораторияњои маркази тадќиќотии тиббии биологияи молекулярї дар Кембридж пайдарпайии КДН пурра хонда шуд, ташаккули генњо дар геноми митохондриалии инсон аниќ карда шуд. Маълум гашт, ки геноми митохондрияњо мисоли молекуллаи КДН-ро монанд аст, ки таркибаш 16569 љуфт нуклеотидњо дорад. Баръакси геноми ядрогии пайдарпаии нуклеоти-дї, митохондрия ташаккули эњтиёткоронаи хубест ва барои њаминњам дар онњо њиссачањои рамзнокнашаванда нест, дар бисёр њолатњо триплетї аст, ки терминатсияи транскрипсияро муайян мекунад. Дар КДН онњо нусхабардори нашудаанд, балки ба таври транскрипсионї њосил мешаванд. Ва билохир, аз рўи характеристикаи генетикї рамзи митохондрияалии КДН-и инсон аз универсалї фарќ мекунад. Пластидњо органеллањои худтавлидкунандаи њуљайра мебошанд. Нисбат ба хромосомањои њаста дар ваќти таќсимшавии байни њуљайрањои духтарї онњо ба ќонунњои ќатъии мейоз ва митоз итоат намекунанд. Дастгоње, ки таќсимоти пластидњоро идора мекунад, Айни замон номаълум аст, чунин шуморида мешавад, ки вай ба њуљайрањои духтарї ва тасодуфан дар ваќти таќсимшавии ситоплазма, ба шарофати он, ки дар таркиби њуљайра зиёд аст мегузарад. Ирсияти пластидагї дар растанињои хонагї ва ороишї зиёд ба назар мерасад. Мисол растанињои геран, плюш, хлорофитум, традескансия (гули печон), «дањони Шер», шому сањар дар ќатори доштани баргњои сабз баргњои ало низ ба чашм мерасанд. Аломати доштани баргњои ало-ало аз тарфаи модарї мегузарад. Агар дар ситоплазмаи растани-њои баргало хлоропластњои муътадил боша два хлорофилњои алои бехлорофил дар ваќти митоз ба баъзе њуљайрањо танњо пластидњои ноќисдор афтида метавонад ва ё ба дигар њуљайрањо танњо хлорофилл-њои мўътадил пайдо мешаванд. Ќисми зиёди њуљайрањо њардуи навъи пластида-њоро гирифта метавонанд. Ин пайдошавии њиссачањои рангнок ва беринги бофтањоро дар растанињои баргаш ало дида мешавад, ва њодисањои мураккаби таљзия дар натиљаи дурагакунии ресепрокї ба чашм мерасанд. Таѓйирпазирї ва шаклњои он Таѓъирпазирии модификатсионї, комбинативї, ва мутасиониро аз њам фарќ мекунанд, ки ањамияти онњо дар протсесси онтогенез ва тањаввул хеле гуногун мебошад. Организмњои зинда дар протсесси тањаввулот ќобилияти љавоб додан ба таѓйиротњои морфофизиологиро пайдо намудаанд. Ин таѓъиротњо аз таъсири муњити атроф мегузаранд, онњоро генњо идора мекунанд. Ин хусусият ба организмњо имконият медињад, ки ба шароити муњити атроф мутобиќат пайдо намоянд. Дар навбати худ таѓйирпазирї – ин хусусияти зиндаљон-њо, дар пайдо намудани аломатњои нав ё гумкардаи худ аст. Ду навъи таѓйирпазири фарќ карда мешавад: фенотипї (ѓайриирсї) ва генотипї (ирсї). Дар зери мавњуми таѓйирпазирии ирсї таѓйир ёфтани маводи генетикиро дар назар доштан лозим аст, вале таѓъирпазирии ѓариирсї ин љавоби организм ба таъсироти муњити атроф мебошад. Таѓйирпазирии ѓайриирсї танњо дар њудуди меъёри реаксия таѓйир меёбад. Таѓйирпазирии ирсї метавонад натиљаи мутатсияњо, рекомбинатсияи хромосомањо ё таѓйири генњои дохили хромосомї бошад. Таѓйирпазирии ирсиро дар навбати худ ба комбинативї ва мутатсионї таќсим мекунанд. Таѓйирпазирии комбинативї ин натиљаи якљоя-шавии генњо ё якљояшавии хромосомањое њаст, ки аллелњои гуногунро мебаранд ва ин дар пайдо шудани аломатњои нав дар наслњо ифода меёбад. Инчунин таѓйирпазирии онтогенеткиро низ фарќ кардан мумкин аст. Таѓйирпазирии онтогенетикї ин ба амал овардани меъёрї реакцияи организмњо дар ваќт, дар рафти инкишофи фардии онњо мегузарад. Бинобарин, онро ба шакли таѓйирпазирии ирсї дохил мекунанд. Як ќатор далелњое мављуданд, ки таѓъирпазирии онтогенетикиро ба таѓъирпазирии ирсї наздик мекунад. Таѓъирпазирии модификатсионї. Таъсироти муњити атроф дар фардњо метавонанд таѓъиротњое ба вуљуд биёранд, ки онњо барои фард муфид, зарарнок, бетаъсир ё мутобиќшаванда бошанд. Назарияи тањаввулотиро Ж.Б.Ламарк ба як ќатор хатогињо роњ дода шарњ медод, ки таѓъиротњои ирсиро ба модификатсионї монанд мекард. Ин тасавуроти Ламарк барои замонаи вай як аќидаи пешрафта буд, вале таърифи механизми протсесси тањаввулот нодуруст буданд ва олимони он давраро ба гумроњї мебурданд. Ч.Дарвин дар асари худ «Пайдоиши намуд њо….» таѓъирпазириро ба муайян ва номуайян таќсим намуд, ин таснифот ба таснифоти њозиразамон мувофиќат мекунад. Яке аз тадќиќотчиёни дар омўзиши таѓъирпази-рии модификатсионї К.Нагели мебошад, ки тадќиќотро дар як намуди растании ястребникаро дар хоки аз ѓизо бойи боѓи ботаники Мюнхен гузаронид. Онњо гулњои зиёд карда то дараљае таѓъир ёфтанд, ки ба растании пештара монанд набуданд. Агар ин растаниро боз ба љои аввалаи хеш баргардонем, он гоњ вай боз шакли пештараи худ яъне шакли хурди растанї, гулњои хурди камњосилро ќабул мекунад. Олим К. Негелї ба ин натиљаи кори худ нигоњ накарда тарафдори аќидаи аломатњои пайдокардашуда буд. Аввалин маротиба ба тадќиќоти миќдории таѓъирпазирии модификатсионї олим - генетик В. Иогансен кордор шуд. Вай вазн ва њаљми тухми лўбиёро барои тадќиќ гирифта буд. Онњоро дар шароити таъсири гуногуни муњит, ки дар он растани инкишоф меёфт месанљид. Як ќатор таѓъирпазирии модификатсионї мав-људ аст Аз њама маълумтарини он таѓъирпазирии адаптивї, таѓъиротњои ѓайриирсї мебошанд, ки барои организм муфиданд, организмро ба шароити муњити зист мутобиќ мегардонанд. Расми 26. Таъѓирпазирии ѓайриирсї Дар њайвонњои мўинадор дар ваќти паст шудани њарорат мўина ѓафс мешавад. Обу тоб додани пўст (загар) дар инсон ин таѓъирёбии адаптивї нисбат ба нурњои офтоб аст. Таѓъирпазирии адаптивї ин реаксияи њуљайрањо ва организм ба таѓъироти муњити атроф, ки пештар ба организм таъсир карда буданд мебошад. Њамаи онњо дар њудуди меъёри реаксияи генотипи мазкур ба амал меояд. Фенотипи фард на танњо аз генотип, балки аз омилњое, ки фард дар он арзи вуљуд дорад, вобаста аст. Дар давоми њаёт фард ба шароити муњити зисти худ алоќаи бевосита дорад. Маълум аст, ки ба рафтор омилњои генетикї ва омилњои муњити атроф таъсир расонида метавонанд. (масалан режими хўрок, вазъияти оилавї ва ѓ.) дар баробари ин далели идора кардани ин протсессњо аз тарафи ягон ген мављуд нест. Соли 1967 У.Робенбеллер дар рафтори замбурњои асал мушоњида гузаронид ва ба хулосае омад, ки «рафторї гигиенї»-и онњо дар ваќти партофтани кирминаи худ аз хонаашон, фаќат њамон ваќт гузаронида мешавад, ки агар кирминањо ба касалии сирояткунанда гирифтор шуда бошанд. Ин њодиса дар чунин пай дар пайи гузаронида мешавад, аввал хоначаро кушода баъд кирминаро ба берун мепартоянд. Аз ин чунин маълум аст, ки рафтори онњо аз тарафи гени рессесивї идора карда мешавад. Маълум аст, ки як ќатор вайроншавии ирсии мубодилаи мавод дар инсон ба психология ва хусусан ба рафтори вай таъсир мерасонад. Дар натиљаи галактоземияи бо љинс начаспидаи мутатсияи ресессивї, навзодњо шири модари худро истеъмол карда наметавонанд (баъзан умуман ширро), бинобар ин ба сустшавии организм, инкишофи сусти љисмонї ва аќлї ба назар мерасад. Ин вайроншавињо ба норасоии ферменти махсуси галакто-1-фосфат-урицилтрансфераза вобаста аст. Ин фермент ба табадулоти каталитикии галактоза ба глюкоза –ќанди ягона, ки аз тарафи њуљайрањо њосил карда мешавад љавобгар аст. Коркарди ин фермент аз тарафи гени аллели доминантии галактоземия идора карда мешавад. Баъзе њолатњои гузаронидани ирсият бо таъсири вазъияти оилавї вобаста, механизми ногањонї дорад. Н.Соколник бо њамкорони (колледжи тиббии ба но-ми Эйнштейн, Нью -Йорк) худ ба касалии захми меъди гирфтор шуданро аз таъсири стресс (дар калламушњо) дар як шабонарўз нишон доданд. Зоњиршавии фенотипии аломатњои гуногун, аз он љумла рафтор ва психологї ба омилњои ирсї ва муњити атроф алоќаманд аст. Дар рафти инкишофи љанинї ва баъдиљанинї ба таљрибањои фарди оварда мерасонад. Ин механизмњо њамон ваќт таъсир карда метавонад, агар омилњои муайяни ирсї таъсир расонад, хусусан чун муайянкунандаи расиши шўъбањои маѓзи сар ва фаъолияти мўътадили онњо. Аз ин аломатњои вайроншавии торњои асабии миёлинизация ва инкишофи синапсњои байнинейронї шањодат медињанд. Таъсири якљояи генњо ва омилњо дар ду шакл ба амал омада метавонад. Аввал, ин ки њайвонњої генотипї гуногун дошта, ба таъсири худи як ген њар хел љавоб дода метавонад. Дуюм, ин ки аломатњои якхелаи генотипии њайвонот дар шароитњои гуногун љой дода мешаванд. Ваќти мушоњида намудани ноќисињои генетикї ба рафтори инсон, як њолати асосиро ќайд намудан лозим аст, яъне ин аломат аз яке аз волидон ба мерос гирифта мешавад. Мисоли он аломати синдром Дауна мебошад. Хусусиятњои зоњиршавии ин касали дар камаќли мушоњида карда мешавад, ки дар наслњои пештараи авлод дида намешуд. Мисоли дигаре аберратсияњои хромосомї ва рафтори инсон таъсир мекунад ин якљояшавии Y хромосома мебошад (трисомияи XYY). Чуноне, ки маълум аст, ин гуна ноќисињо дар популятсия 0,1-0,2% ваќте, ки дар байни гунањкорони љиної зуди вай то 3,5% мерасад. Солњои 60-ум хабарњои дар бораи кашф шудани хромосомањои љинсї пањн шуда буданд. Шизофрения як намуди психоз буда дар синни 15-45 солагї пайдо шуда метавонад. Дар популятсия-њои гуногун зудии вай аз 0,8 то 2% расида метавонад. Усулњои тадќиќоти имконият дод, ки бо муайян намудани монандии волидон дар оилањои бемории шизофрении дошта дар байни хешу табор зиёд дида мешавад ва онњо чи ќадаре, ки наздик бошад, њамон ќадар вомехўрад. Агар њардўи волидон касал бошанд хавфи бештар дар наслњо пайдо шудани он касалї дида мешавад. Расми 27. Таѓйирпазирии ирсї А-чилликшавии хромосомањо, В- ббератсияи хромосомањо, В-полиплоидия, Г-Д –таѓйирпазирии иќдорї. Таѓйирпазирии комбинативї. Таѓъирпазирии ѓайриирсї дар табиат васеъ па-њн шудааст ва дар љараёни ттањовулот ањамияти махсус дорад. Таъѓирпазирии комбинативї ба гуногунии генотипњо вобаста аст. Зоњир гаштани комбинатсияњои навро дар натиљаи дурагакунї таъмин мекунад. Вай аз рўи ќонунњои Мендел ва ќоидањои Морган амал мекунанд. Сарчашмаи бепоёни таъѓирпазирии генетикї ду протсесс ба шумор меравад, ки дар мейоз мегузарад: - Мубодилаи ретсипрокии байни генњо ва хроматидњои хромосомањои гомологї. Вай гуруњњои нави часпишро ба вуљуд меорад. Чун сарчашмаи рекомбинатсияи генетики аллелњо хизмат мекунад. - Муайян намудани љуфти хромосомањои гомологї (бивалентњо) дар сатњи торњои дар метафазаи мейоз нишон медињад, ки њар як аъзои ин љуфтњо дар анафазаи I љойгир мешавад. Ин муайянкунии характери ногањонї дорад. Дар ваќти метафазаи дуюм љуфти хроматидњо боз ба таври ногањони муайян карда мешаванд. Ва њамин тариќ ба тарафњои ќутбњои муќобил ин ё он хромосома равона мешавад. Сарчашмаи сеюми таѓъирпазирии комбинативї дар рафти афзоиши љинсї ба якљояшавии ду дастаи гаплоидии хромосомањо вобаста аст. Таѓъирпазирии мутатсиони. Таѓъирпазирии мутатсиони дар натиљаи ба вуљуд омадани мутатсия ба амал меояд. Мафњуми мутатсия – ин ба амал омадани аломати нав, ки ба мерос мегузаранд меноманд. Мутатсия дар зери таъсири ягон омил ё ин ки бе таъсири омил ба амал меояд. Вобаста ба ин мутатсияњо ба мутатсияњои номуайян пайдошуда ва ё мутатсияњои дар зери таъсири омилњои мутагени пайдо шуда таќсим мешавад. Омилњои мутагени 3 хел мешавад. Омилњои табии – таъсири гарми, радиатсия Омилњои химияви – дар зери таъсири моддањои химияви ба монанди ДДТ, пеститсидхо, этиленамин ва ѓайра Омилњои биологи дар зери таъсири вирус-њо ва бактерияњо ба амал омадани мутатсия. Вобаста ба љои њосилшавии мутатсияњо онњоро ба 2 гурўњ људо мекунад. мутатсияњои соматикї, дар њуљайраи соматикї пайдо мешавад мутатсияхои генеративї, ки дар њуљайраи љинсї пайдо мешавад. Мутатсияе, ки аломати нав њосил мекунад мутатсияњои рост меноманд. Баъзан дар натиљаи мутатсия дигар аломат њолати аввалаи худро мегирад, ки онро мутатсияњои баръакс меноманд (А → а ). Мавњуми мутатсияро бори аввал аз тарафи олим Де Фриз пешнињод шудааст. Мутатсия гуфта таѓъироти ирсии зохиршавандаро меноманд. Мавќеи асосии назарияи мутатсионии Де Фриз аз инњо иборат аст. Мутатсия якбора њамчун таѓъирёбии номутассили аломатњо пайдо мешавад. Аломатњои нав устувор аст Таѓъирёби сифати нави аломат мебошад Мутатсия метавонад фоиданок ё зараровар бошад Эњтимолияти пайдо кардани мутатсия аз адади фардњои омўхташаванда вобаста аст. Мутатсияњои якхела метавонад якчанд бор пайдо шавад. |