Главная страница
Навигация по странице:

  • КИТОБИ ЯКУМ (Биологияи њуљайра ва генетика) Нашри 2 (бо таѓйироту иловањо) Душанбе 2009

  • Носирова Ф.Ю.

  • Муњарири масъул: Бањромов А.М. Њуруфчин ва ороиши компютерї: Комрон Љумъаев

  • Муќаддима Биология

  • Аломатњои асосии зиндањо

  • Усулњои омўзиши биология

  • Табиати њаёти сотсиалии (бисотсиалї) инсон

  • Мавќеъ ва вазифа њ ои биология дар љодаи тайёр намудани табибон.

  • Таърихи таълимот дар бораи њуљайра

  • Физика. Исмоилова Л. ва диг.Биология. Вазорати тандурустии УМурии тоикистон донишгои давлатии тиббии тоикистон ба номи Абалї ибни Сино Кафедраи биология бо асосои генетика китоби якум


    Скачать 5.75 Mb.
    НазваниеВазорати тандурустии УМурии тоикистон донишгои давлатии тиббии тоикистон ба номи Абалї ибни Сино Кафедраи биология бо асосои генетика китоби якум
    АнкорФизика
    Дата09.09.2019
    Размер5.75 Mb.
    Формат файлаdoc
    Имя файлаИсмоилова Л. ва диг.Биология.doc
    ТипДокументы
    #86421
    страница1 из 17
      1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   17

    ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

    ДОНИШГОЊИ ДАВЛАТИИ ТИББИИ ТОЉИКИСТОН

    ба номи Абўалї ибни Сино
    Кафедраи биология бо асосњои генетика





    КИТОБИ ЯКУМ

    (Биологияи њуљайра ва генетика)

    Нашри 2

    (бо таѓйироту иловањо)

    Душанбе 2009

    Исмоилова Лола-Ниссо, Бањромов А.М.,

    Бурњонова З.У., Давлатшоев М.Д., Ѓафурова В.Л., Музаффарова З.В., Холбеков М.Ё., Њурматов Х.Њ.

    Муќарризон:
    Носирова Ф.Ю.-д.и.б., профессор, сарходими илмии Институти физиологияи растанї ва генетикаи АИ ЉТ.
    Љабборов Х.-д.и.б., профессори кафедраи пахтапарварї, генетика, селексия ва тухмипарварии Донишгоњи Аграрии Тољикистон.

    Муњарири масъул: Бањромов А.М.


    Њуруфчин ва ороиши компютерї: Комрон Љумъаев

    Аз тарафи Шўрои марказии координатсионии методии ДДТТ ба номи Абўалї ибни Сино соли 1992 барои чоп тавсия шудааст.

    П Е Ш Г У Ф Т О Р
    Дар солњои охир дар њама љабњањои њаёти љамъиятї таѓйирот-њои бузурге ба миён омад, ки дар назди ањли љомеа, аз љумла дар назди кормандони мактабњои олї вазифањои калон мегузоранд. Баланд бардоштани сифати таълим ва тайёр намудани мутахаcсисон, бењтар намудани пойгоњи моддї, мустањкам намудани алоќаи донишгоњњои олї бо илм ва истењсолот дар мадди аввал меистад.

    Табиист, ки дар ташкил ва мазмуни раванди таълим дигаргунињои љиддї ба вуљуд меоянд. Равиши амалии таълим пурќувват, шаклњои дастрас намудани мавод бењтар, назорати методњои дарсдињї пурзўр ва роли мустаќилонаю эљодкорона фаъолият кардани донишљўён баланд бардошта мешавад. Дар баробари ин талабот ба сифат ва миќдори китобњои дарсї зиёд мегарданд.

    Маълум аст, ки аз ваќти навиштан ва аз чоп баромадани китоби «Биологияи тиббї» (бо забони тољикї, Душанбе, соли 1993) ќариб 16 сол сипарї гаштааст. Дар тўли ин солњо дар илми биология ва тибб навигарињои зиёде ба вуќўъ пайвастанд, аз ин лињоз барои донишљўён пешкаш намудани ин навгонињо мо зарур донистем, ки нашри дуюми китоби «Биологияи тибби»-ро бо таѓйироту иловањо аз нав ба чоп омода созем. Китоби мазкур тибќи барномаи таълимии «Биология бо асосњои генетика» барои донишљўёни курси якуми Донишгоњи тиббї тањия ва тартиб дода шудааст.

    Дар таљдиди назари китоби зикршуда мудири кафедра ва устодон бо маслињатњои муфид дар љобаљокунии матнњо ва дастрас намудани расмњои муосир фаъолона сањм гузоштанд. Њамзамон ба директории «Маркази тарљумаи истилоњот ва адабиёти соњавї»-и донишгоњ, дотсент Юсупов А.И., ки китобро даќиќназарии комил намуданд ва ассистенти кафедра Љумаев Комрон, ки њуруфчинии кампютериро иљро намуданд, ќобили сипосу эњтироми муаллифон аст.

    Бояд зикр намуд, ки таълиф ва нашр намудани чунин як китоби дарсї дар арафаи таљлили 70-солагии донишгоњ ва њамќадами он, кафедраи биология бо асосњои генетика, 80 солагии собиќ мудири кафедра профессор Лола-Ниссо Исмоилова њам барои устодон ва њам барои донишљўёни донишгоњ тўњфаи арзанда хоњад шуд.

    Табиист, ки таълифи њама гуна асарњои илмиву дарсї аз нуќсонњои љузъї орї нестанд, аз ин рў аз Шумо - хонандаи гиромї эњтиромона хоњиш менамоем, ки интиќоду пешнињод ва маслињати худро ба суроѓаи мо ирсол доред.

    Бањромов А.М.
    Муќаддима

    Биология – илм дар бораи табиати зинда ва ќонуниятњои (танзимкунандаи) он мебошад. Биология – пайдоиши њаёт, сохт ва вазифаи мављудоти зиндаро меомўзад. Аввалин маротиба калимаи «биология» дар илмњои табиатшиносї аз љониби Ж.Б.Ламарк соли 1802 љори карда шудааст, ки аз ду калима таркиб ёфтааст: «bio»-њаёт ва «logos»-илм, омўзиш мебошад.

    Биолигияи муосир дар худ системаи илмњоро дар бораи табиати зинда таљассум мекунад. Ќисматњои асосии илми биология: генетика - илм дар бораи ирсият ва таѓирпазирї, экология - илм дар бораи муносибати мављудоти зинда, анатомия - илми ташрењ, гистология - бофташиносї, физиология - илм дар бораи вазифањои узвњои организм, паразитлогия - илм дар бораи организмњои муфтхўр, эмбриология - љаниншиносї ва ѓайрањо ба шумор меравад

    Ба олами зинда ашколи мухталиф характернок аст: 1 млн. намуди њайвонот, 500 њазор намуди растанињо (наботот), њазорњо намуди замбуруѓњо, бактерияњо ва обсабзњо.

    Аломатњои асосии зиндањо

    Њар як организм дорои љамъи структурањои бо тартиби муайян таъсири тарафайн њосилкунандаи воњи-ди ягона, яъне система мебошад. Организмњои зинда дорои аломатњое мебошад, ки дар организмњои ѓайри-зинда мављуд нест.

    Њамаи мављудоти зинда сохти њуљайравї дошта дар љараёни ташаккули њаёт доимо мураккаб шуда меистанд. Њама гуна ќисматњои таркибии организм таъиноти муайян доранд ва вазифањои муайянро иљро мекунанд. Ин на танњо ба узвњо (гурда, шуш, дил ваѓ.) дахл дорад балки ба структураи микроскопии – зарравї ва њатто молекулањо низ мансуб мебошад.

    Зиндаљонњо чунин хусусиятњои ба худ хосеро доранд, ки метавонанд энергияи муњити атрофро ба намуди энергияи маводи органикї ва энергияи офтоб аз худ намуда аз нав ташаккул дињанд. Ба шарофати ин организмњо ягонагии худро нигоњ медоранд, вазифањои гуногунро иљро мекунанд, ба табиат њамаи маводњои таљзияро бармегардонанд, энергияро ба намуди гармї њосил мекунанд, яъне организмњо ќобилияти мубодилаи мавод ва энергияро доранд.

    Њамаи организмњои зинда ќобилияти ќабул намудани таъсири таъѓирёбии муњити атрофро доранд. Ќобилияти љавоб додан ба таъсиротњои муњити атроф – хусусияти универсалии зиндаљонњо мебошад.

    Организмњои зинда ба муњити зист хуб мутобиќ гаштаанд. Шинос шудан бо сохти соддатаринњо, кирм-њои муфтхўр (паразит), обхокињо, моњињо кифоя аст, ки хусусияти хоси онњоро тасаввур кунем, онњо чї гуна мутобиќшуда зиндагї мекунанд. Ин гуна мутобиќатњоро адаптатсия меноманд.

    Хусусияти аз њама аљиби организмњои зинда ин ќобилияти худ тавлидкунї, яъне афзоиш мебошад. Наслњо њамеша ба волидайнњо ба шарофати ирсият ва таъѓирпазирї монанданд.

    Барои организмњои зинда ќобилияти инкишофи таърихї ва таъѓирёбии аз содда ба мураккаб хос аст. Ин љараёнро эволютсия меноманд, ки ба шарофатии он гуногунии организмњои зинда пайдо шуданд ва онњо ба шароитњои муайяни зист мутобиќ гаштаанд.

    Хусусиятњои фундаменталии номбаршуда ба ќоидањои мављудияти њаёт мувофиќат мекунанд: инњо мубодилаи моддањо ва энергия, мутаасиршавї, гомеостаз, репродуксия, ирсият, таъѓирпазирї, сабзишу инкишофи филогенетикї ва фардї, дискретнокї ва ягона-гї мебошанд. Ба ѓайр аз ин ба организмњои зинда нафаскашї, њаракат, ѓизогири ва ихрољ хос мебошад. Бо хусусиятњои номбаршуда мављудоти зинда аз ѓайризинда фарќ мекунад.

    Дараљаи ташаккули њаёт

    Барои табиати зинда дараљањои гуногуни ташаккули структураи он мављуд аст, ки байни онњо ало-ќаи мураккабе њаст. Њаётро дар њама гуна дараља шохаи мувофиќи инкишоф меомўзад, ки ба он:

    1. Дараљаи аз њама поёнї – аз њама дараљаи ќадимта-рин буда дараљаи молекулярии структураи њаёт мебошад.

    Ин дараља сарњади байни зинда ва ѓайризиндаро меомўзад. Болотар аз он дараљаи якњуљайрагии њаёт мехобад.

    Дар сатњи њуљайра ва њам дар сатњи сохти молекулярии њамаи организмњо монандї асос мебошад.

    1. Дараљаи њуљайрагї- сохт, вазифа, фаъолияти њуљай-ра ва таќсимшавии онро меомузад. Њуљайрањои мављудоти зинда гуногун буда аз њамдигар бо сохт, андоза ва фаъолияташон фарќ мекунанд.

    2. Дараљаи бофтагї – омўхтани гуногунии бофтањо ва вазифаи онњо танњо ба организмњои серњуљайра хос аст, Њуљайраи онњо ќисмњои организми ба дараљаи олии махсусгашта табдил ёфтаанд.

    3. Дараљаи организми том - њамаи организмњо гарчанде аз њамдигар фарќи зиёде доранд, онњоро танњо як чиз муттањид месозад, яъне онњо аз њуљайрањо сохта шудаанд.

    4. Дараљаи популятсионї намудї - ин дараљаи олии ташаккули њаёт аст.

    5. Дараљаи биотсенозњо - яъне љамъоањои њамаи намудњо, ки ин ё он ареалро ишѓол менамоянд. Дар ин дараља ќонунњои байни муносибатњои намудї амал мекунад.

    6. Дараљаи биосферї -љамъи њамаи организмњои зиндаи рўи замин биосфераро ташкил медињанд. Бояд ќайд кард, ки њамаи дараљањои ташаккули њаёт байни њам алоќаи нињоят зич доранд ва ба ќонунњои умумии биологї итоат мекунанд.


    Усулњои омўзиши биология

    Њангоми омўхтани мављудоти олами зинда усулњои омўзиши гуногун ба монанди: мушоњидавї, тавсифї, муќоисавї, таљрибавї ва таърихї истифода бурда мешавад.

    Љамъ овардан ва нашри далелњои асосии исботшудаи тадќиќотњои замони пешин дар бораи инкишофи илми биология то замони њозира ањамияти худро гум накардаанд.

    Усули муќоисавї имкон медињад, ки ќонуният-њои умумиро барои њодисањои гуногуни табиати зинда муайян созанд. Дар асоси принсипњои ин усул систематика асоснок карда шуда, назарияи њуљайра сохта шуд. Бо истифодаи ин усул инкишофи омўзиши шохањои илмњои биология - анатомия, полеонтология, эмбриология, зоогеография, ки ба тасдиќи тасаввуротњои эволютсионї мувофиќат мекунад пеш бурда мешавад.

    Дар тадќиќот ё таљрибањо њолатњое пайдо мешаванд, ки барои муайян кардани шароит ва тариќи таъѓирот дар рафти лозими корї тадќиќотчї ба назар гирифта мешавад. Барои тадќиќот такрорёби ва худтавлидкунї дар шароити якхела хос аст.

    Шакли олии тадќиќот тамоилињо (моделирование) протсесњои омўзиш ба шумор меравад.

    Усули таърихии омўзиш барои муайян намудани ќонуниятњои пайдоиш ва инкишофи организмњо, ташаккули сохт ва функсияи онњо имкон медињад. Он барои инкишофи илми биология ба шарофати тадќиќот-њои Ч.Дарвин дохил карда шудааст.

    Дар ваќти омўзиши мабњасњои(обектњои) биологї васоити мухталифи техникї ба монанди микроскоп-заррабинњо, лупањо (пурбинњо), центрофугњои кимиёвї, компютерњо бо барномањои махсус, ки барои кушодани асрори метерияи-маводи зинда имкон меди-њад истифода бурда мешавад. Дар омўзиши мабњас-њои биологї муттахасисони ба омўзиши соњаи биология шуѓл дошта аз ќабили физикњо, математикњо, химикњо, муњандисон ва дигарон љалб карда мешаванд.

    Табиати њаёти сотсиалии (бисотсиалї) инсон

    Инсон њамчун организми зинда мавриди тадќи-ќотњои биологї ќарор мегирад.

    Хосиятњои биологии инсон аз насл ба насл бо дарназардошти ќонуниятњои генетикї гузаронида мешавад. Умуман ин њолат бо њамаи олами органикї ин хос мебошад.. Моњияти сотсиалї мењнати инсон ба воситаи таълим, тарбия, маълумот дар љомеъа, ки ин ба ташаккули шахсияти он таъсир мерасонад, гузаронида мешавад, зероки пешрафти инсон ба ќонунятњои сотсиалї итоат мекунад.

    Барои табиб дар таљрибаи худ ба назар гирифтани тарафњои гуногуни њаёти бемор зарур аст. Ў ин организмро табобат мекунад, ки дар психика, рафтор ва љараёни беморї таъсир мерасонад. Табиб дар назди бистари бемор бо организми бемор, бо шахсияти нотакрори ў, дараљаи маданият, њолати љамъиятї ва ташвишњои эмотсионалии ў дучор меояд (сарукор дорад).
    Мавќеъ ва вазифањои биология дар љодаи

    тайёр намудани табибон.

    Муњим будани омўзиши илми биология барои табиб бо ин асоснок карда мешавад, ки он пеш аз њама асоси илми тибро ташкил медињад. Инкишофи илми тиб дар асоси назарияњои гуногуни илмњои биологї гирифта шудааст. Олими рус И.В.Давидовский (1887-1968). навишта буд, «Муваффаќиятњои тибб ба биология ало-ќаи зиљ доранд.»

    Тадќиќотњо ва муваффаќиятњои олимони бузурги илми биология Л.Пастер, И.Мечников, Б.Токин дар соњаи тибб истифодаи худро дар њосил намудани антибиотикњо, ваксина ва зардобњо пайдо карданд. Шумораи зиёди беморињо хосияти ирсї доранд. Пешгирї ва табобати он аз илми генетика бохабар буданро мехоњад. Беморињои ирсї якранг љараён мекунанд ва табобати мухталифро вобаста ба конститутсияи генетикии инсон, ки онро табиб ба назар гирифта наметавонад, тааллуќ дорад. Ноќисињои зиёд дар инсон дар натиљаи таъсири мунзами муњити атроф пайдо мегарданд.

    Пешгўи ин намуди беморињо аз илми биология хабардор будани табибро таќозо менамояд. Саломатии инсон аз њолати муњити атроф вобастагї дорад. Ба барномаи фанни биология масъалањои зиёде ба монанди донишњое, ки ба фаъолияти амалии табиб вобаста аст, ё худ бевосита муносибат дорад, дохил карда шудааст. Инњо ќонуниятњои ирсият, инкишофи фардї (онтогенез), таљдид, экологияи муњити зист, њаё-ти паразитњо ва ноќисону барангезандагони беморињо мебошанд.

    Омўзиши ќонуниятњои илми биология барои табиб вазифањои умумие дорад, ки он љањонбинии Ў-ро васеъ мегардонад. Усулњои коркард, пешгўи ва табобати беморињои инсон вазифаи муњими замон аст. Барои табобат ё пешгирии касалињои ирсї ё касалињои рагу дил тадќиќотњои њаёти њуљайра ва организмњоро талаб мекунанд.
    Биологияи њуљайрањо

    Њамаи организмњое, ки маскуни сайёраи заминанд аз њуљайра иборатанд. Муњимтарин зуњуротњои фаъолияти зиндагии организмњо аз ќабили инкишоф ва афзоиш, фурўъбарї ва људокунии моддањои мухталиф, нафаскашї ва мутаасиршавї мањс ба њуљайрањо вобаста аст. Тамоми хусусиятњои материяро њуљайра дорост. Аз ин рў онро воњиди асосии сохтор ва фаъолияти мављудоти зинда, ячейкаи оддитарини њаёт номидан мумкин аст. Њуљайра-оддитарин системаи зинда аст, ки ќобилияти худтанзимкунї, худазнавсозї, худэњёкуниро дорад. Маълум шудааст, ки њар як воњиди сохтории њуљайраи зинда чунон мураккаб љойгирифтааст, ки омўхтани он кушишу ѓайрати тадќиќотчиёни бисёреро талаб менамуд ва бар асараш тахассусоти мањдудро ба миён овард.

    Илме, ки њуљайраро мавриди тањќиќ ќарор додаст ситология меноманд. Аз калимаи юнони «sytos»-њуљайра ва «logos»-илм иборат мебошад. Ситология ба ќатори илмњои биологї шомил буда сохтор ва фаъолияти њуљайраро меомўзад.
    Таърихи таълимот дар бораи њуљайра

    Таърихи пайдоиш ва ташаккули ситологї њанўз дар асри XII зуњур карда буд. Абуалї ибни Сино фарзияеро дар бораи мављудияти «њайвончањо» дар об ва њаво, ки тавасути он касалињои гузаранда интиќол меёбанд, иброз дошта буд ва он дар асри XVIII дар шароити лабораторї аз љониби олими Њоланди, ихтирогари заррабини нахустин А.Левенгук бори аввал ба таври муфассал шарњ дода шудааст. Ў дар илм табаддулоти бузург гузаронд, ки он барои инсоният кушодани олами нави мављудот ва таркибот аст, аммо љойгиршавии њуљайрагии ин объектњоро ќайд накард.

    Маълумотњои нахустинро дар хусуси љойгир-шавии организмњои растанињо дар ибтидои асри XVII дарёфт мекунем, ки тибќи он олими табиатшинос Р.Гук бо заррабин пустлохеро мавриди тањќиќ ќарор дода, кашф намуд, ки он аз ячейкањои људогона иборат аст. Олим ин ячейкањоро њуљайрањо номид. Ин кашфиёт барои биология ањамияти нињоят муњим доштаро Р.Гук дар соли 1665 дар китобаш «Микрография» дарљ намудааст.

    Бо истифодабарии заррабин дар тадќиќоти илмии биологњо ва табиатшиносњо њуљайра мавриди омўзиши муфасал ќарор мегирад.

    Дар инкишофи илм дар бораи њуљайра тадќи-ќоти табиатшиноси итолиёви Вольф, муњаќќиќи инглис Н.Грю ва ѓайрањо ќимати бузург доранд.

    Анќариби асри XIX љойгиршавии њуљайрагии организмњо муфасал омўхта ва эътирофкарда шуда буд, мављудияти њуљайра хусусияти сохтори умумии ташкилоти биологиро ифода мекунанд.

    Дар сли 1833 ботаники инглис Р.Броун дар њуљайрањо ядроро -«њаста» кашф намуд.

    Дар соли 1834 олими рус П.Ф.Горяников дар асараш «Системаи табиат» аќидаи муњимеро дар хусуси ягонагии растанињо ва њайвонот дар асоси умумияти сохти њуљайрагии онњо баён мекунад.

    Дар соли 1838 ботаники немис М.Шлейден маълумотњоеро дарљ месозад, ки асоси назарияи њуљайрањоро ташкил менамояд. Њамаи ин дар маљмўъ имконият дод, то дониши андухтаро љамбаст намуда, мўъљази аќоиди назарияи њуљайрањоро банду баст намоянд. Таълимот дар бораи њуљайра ба таври расми соли 1839 њангоме, ки Т.Шванн кори илмиашро тањти унвонї «Тадќиќоти микроскопї» дар атрофи тавофуќ дар сохтор ва нумўъи њайвонот ва наботот интишор медињад, ки дар он назарияи њуљайраро тарзе мураттаб сохтааст, ки дар тибќи он њамаи организмњои зинда аз њучайрањо ташаккул ёфтаанд ва њуљайрањо воњиди асосии сохти тамоми организмњои зинда аст ва њуљайраи њайвоноту наботот аз љињати сохт ба њам монанданд. Назарияи њуљайрагї илми биология ва тибро заминаи метериалисти гузошт.

    Эљоди назарияи њуљайраро Ф.Энгелс кашфиёти бузурги асри XIX шуморида бо ќонуни нигоњдорї ва табдили энергия ва назарияи эволютсионии Ч.Дарвин баробар мондааст.

    Дар соли 1827 академики Академияи улуми Россия К.М.Бэр тухмњуљайраи њайвоноти ширхўрро кашф намуд, ки он илова бар маълумотњои умумии назарияи њуљайра гардид. Ў нишон дод, ки њама гуна организм инкишофашро аз як њуљайра дар сурати тухми бордоршуда оѓоз менамоянд. Ин кашфиёт нишон дод, ки њуљайра на фаќат воњиди сохтор, балки воњиди инкишофи тамоми организмњои зинда мебошад.

    Инкишофи минбаъдаи таълимот дар бораи њуљайра бо номи олим, духтур ва патологї немис Рудольф Вирхов, ки асари машњур «Патологияи њуљайра-гї» -ро мураттаб сохтааст, алоќаманд аст. Дар соли 1855 олим дар заминаи маълумотњо дар бораи таќсимшавии мунтазами њуљайрањои ибтидої хуллосаеро пешнињод кардааст, ки мувофиќи он њуљайра метавонад танњо аз њуљайра пайдо шавад. Ў њикматеро ба миён овард: «Њар гуна њуљайра аз њуљайра пайдо мешавад.».

    Ќадру ќимати бузурги таълимоти Вирхов мањз дар њамин аст. Бар изофаи он ў иброз дошт, ки процесси патологї дар организм –ин маљмўи вайроншавии фаъолияти њаётии њуљайрањои људогона буда, протсесси локалї (мањаллї) њисоб меёбад. Дар натиљаи ин наќши организм комилан дар инкишофи беморї ба як тараф мемонад ва ањамияти радд-ул-фел (реакция)-и мањаллї аз будаш зиёдтар ба назар гирифта шуда, организм фаќат њамчун маљмўи оддии њуљайрањо њисоб карда шудааст. Аммо хизмати олимро ќадр карда, он корњояшро ба назар эътибор гирифтан зарур аст, ки ў ба субут расондааст, на он аъмолеро, ки натавонист ва ё кўтоњии ваќт ба иљрои онњо халал овард. Аз ин рў, таълимоти Вирховро тањлил намуда хато будани як ќатор аќидањояшро аниќ муайян карда гуфтан боист, ки бо вуљуди њамаи онњо патологияи њуљайрањо ќимати бузург дорад, чаро ки он як инќилобест дар илми биология ва тибб.

    Бо мурури замон аз хатогињо ворањонида ва бо кашфиёти нав мукаммал гузаронидашуда, он њамчун заминаи аќидаи муосир дар бораи сохти њуљайрањои организм мегардад.

    Назарияи њуљайрањо дар шакли њозира чанд маротиба мавриди тафтиш ќарор гирифта, бо маводи хеле зиёди материалї дар бораи сохт, вазифањо, таркиби химиявї, зиёдшавї ва инкишофи њуљайрањои организмњои мухталифшакл тавассути тадќиќоти зарраби-нї (микроскопї) мукаммал карда шуд. Назарияи муосири њуљайрањо аз бандњои зерин иборат аст:

    - Њуљайра -воњиди асосии сохт ва инкишофи њамаи организмњои зинда ва воњиди хурдтарини мављудияти зинда аст;

    - Њуљайраи њамаи организмњои якњуљайра ва бисёрњуљайра аз љињати сохт, таркиби кимиёвї, зуњуро-ти асосии фаъолияти зиндагї ва табодули моддањо монанданд;

    - Афзоиши њуљайрањо дар натиљаи таќсимшавии онњо руњ дода, хар як њуљайраи нав бар асари таќсим-шавии њуљайраи аввалї (модарї) ташаккул меёбад;

    - Дар организмњои мураккаби бисёрњуљайра аз љињати иљрокунии фаъолият онњо махсус гашта, бофтањоро ташкил медињанд;

    - Аз бофтањо узвњо ташаккул меёбанд, ки байни њамдигар зич алоќаманд. Онњо ба воситаи системаи асаб ба њамдигар тобеъ карда шудаанд.

    Дониши назарияи њуљайрањоро истифода бурда, метавон якхела пайдошавии њаётро дар Замин исбот намуд. Ба хотири он ки ба њар як њуљайра хусусияти ќодир будан барои нумўъ, зиёдшавї, нафаскашї, иљрокунї, истифода ва табдили энергия мансуб аст, онњо нисбат ба мутассири аксуламал (реакция) доранд. Њамин тариќа њуљайрањо дорои њама гуна маљмўъи хусусиятхои барои зиндагї заруранд, баъзе ќисмњои онњо њамаи комплекси фаъолияти њаётиро иљро карда наметавонанд., танњо маљмўи сохтор, ки њуљайрањоро ташаккул додаанд, њамаи нишонањои њаётро зоњир месозанд. Аз ин рў, фаќат њуљайра сохтори асосї ва воњиди асосии организмњои зинда ба њисоб меравад. Дар организмњои бисёрњуљайра (наботот, њайвонот, занбурўѓњо) бошад, њуљайрањои алоњида бо њамдигар зич ва бо тартиб њамкорї мекунанд.

    Њуљайраи њамаи организмњо таркиби кимиёвии монанд доранд. Њуљайрањои организмњои якњуљайра ва бисёрњуљайра сохти якхела доранд. Асоси њамаи онњоро љилд, ядро ва ситоплазма ташкил медињад. Дар ситоплазма баъзе органидњои њуљайрагї њастанд. Сохти аксарияти органоидњои њуљайрагї дар њамаи њуљай-рањо хеле монанд њастанд.

    Умумияти таркиби кимиёвї ва сохти њуљайрањои воњиди асосии сохтори ва фаъолияти организмњои зинда нишондињандаи он аст, ки пайдоиши њамаи мављу-доти зинда дар замин ягона аст.
      1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   17


    написать администратору сайта