Физика. Исмоилова Л. ва диг.Биология. Вазорати тандурустии УМурии тоикистон донишгои давлатии тиббии тоикистон ба номи Абалї ибни Сино Кафедраи биология бо асосои генетика китоби якум
Скачать 5.75 Mb.
|
Расми 3 Сохт ва шаклњои хромосомањо А-сохти зоњирї: 1-сентромера, 2-китфи кўтоњ, 3-китфи дароз, 4- , 5-њамроњак, 6- дуки таќсим; Б-Сохти дохилии хромосома: 4-сентромера, 5- хромонема; В-Шаклњои хромосомањо: 1-акросентрики, 2-субметасентрики, 3-метасентрики, а-китф, б- сентромера. Хромосомањои акросентрикї шакли чубча дошта, сентромера дар канор љойгир аст(3.1). Дар хромосомањои метасентрикї сентромера дар мобайн љойгир буда, онњо ба китфа баробар шабоњат доранд(3.3). Дар хромосомањои субметасентрикї сентромера аз марказ дуртар љойгир шуда китфаш нобаробар љойгир мебошад(3.2). Дар китфњои – хромосом ќисми ѓафстари ранга –хромомерњо љойгир мебошанд. Барои њамин хромосомањо ба риштае, ки ба он шаддаи муњра нобаробар андохта шудааст, ба хотир меоварад. Таркиби компоненти хурдтарини хромосома миофибрилли нуклеопротеиди буда онро (лот. фибрилла-нах) дар зери заррабини электронї дидан мумкин аст. Нуклеопротеид ин пайвастагии сафеда (гистон) ва тезоби кислотаи нуклеин, яъне КДН аст. Ќад-ќади хромасома микрофибрилл морпеч (спиралвор) тоб хурда як ё якчанд љуфт ришта-хромонемро њосил мекунад. Љадвали 1 Адади хромосомањои баъзе намудњои наботот ва њайвонот
Чи хеле, ки аз љадвал маълум аст, адади хромосомањо дар намудњои гуногуни наботот ва њайвонот баробар нест. Адади хромосомањо дар њастаи њуљайра ба њамаи организмњо, ки ба як намуд мансубанд доими мебошад. Ба ѓайр аз хромасомањои муќаррарї боз хромасомањои бузург (гигантї) ё политенї мављуданд, ки аз љињати дарози ва пањни якчанд маротиба калонанд. Онњо њангоме, ки теъдоди хромонема дар хромосома зиёд мешаванд, њосил мешаванд. Таљзияи хромосома ба амал намеояд ва онњо ѓафсу калон мешаванд. Хромосомањои бузург (гигантро) барои омўзиши вазифаи генњо дар онтогенез (инкишофи фарди) истифода мешаванд. Хромосомањо аз рўи мењвар (оси) њам аз руї хосияти кимиёвї, физикї ва генетикї гуногун мебошанд. Њамон ќисм ё порчаи хромосома, ки наѓз ранг мешавад - гетерохроматин ном дошта он ќисме, ки суст ранг мешавад - зухроматин ном дорад. Гетерохроматин ва зухроматин хосияти генетики гуногун доранд. Гетерохоматин ќариб, ки ген надорад ва инерти мебошад. Порчаи гетерохроматин ба тамоми дарозии хромасома интишор шудааст, лекин бисёртар дар наздикии сентромер љой мегирад. Дар ќисми эухроматин генњои сохтори љойгир мебошад. Кариотипи одам Њар як намуди организме, ки дастаи хромосома ба худ хос дорад(аз юнонї «kario»-њаста «typos»-шакл) кариотип ном дорад. Ин истилоњро соли 1924 ситологи рус Г.А.Левитский пешнињод кард. Кариотипи одам 46-хромосомаро ё 23 љуфтро дар бар гирифта, 22 љуфт аутосомї ва як љуфт хромосомї љинсї (гетерохромосома) мебошад. Барои омўзиши кариотипи одам њуљайраи маѓзи устухон, бофтаи васлкунандаи пўст, бофтаи моеи бачадон ва лейкоситро истифода мебаранд. Барои тайёр кардани препарат (мустањзар) ба њуљайра колхитсин њамроњ мекунанд, ки таќисмшавии њуљайраро дар марњилаи метафаза боз медорад. Баъд њуљайраро ба мањлули гипотонї меандозанд. Бо туфайли коркард њар як хромосома дар заррабин равшанї намоён мешавад. Дарозии хромосом аз 2 то 11 мкм, мебошад. Барои сарфањм рафтан ба комплекси мураккаби хромосома онњоро ба намуди идиограмма љойгир мекунанд (аз юнонї «idios»-ба худ хос, «gramme»-навишта). Идиограммаро ситологи рус С.Г.Навашин (1857-1930) тартиб дод. Дар идиограмма хромосомањо љуфт-љуфт љой мегиранд. |