Физика. Исмоилова Л. ва диг.Биология. Вазорати тандурустии УМурии тоикистон донишгои давлатии тиббии тоикистон ба номи Абалї ибни Сино Кафедраи биология бо асосои генетика китоби якум
Скачать 5.75 Mb.
|
Усулњои тадќиќоти њуљайра Барои тадќиќи сохти њуљайрањо, органоидњо ва ќисмњои таркибии онњо заррабин истифода мешавад. Намунаи усули асосї дар ваќти омўхтани њуљайрањо муоинаи басарї (ба чашмњо) мебошад. Ѓайр аз ин бо воситаи заррабини рўшної усулњои гуногуни объективии ба ќайд гирифтани сохти њуљайраро истифода мебаранд, ки инњоянд: аксгирї ба воситаи заррабинї (микрофотография), ситофотометрия, микроспектрофотометрия, микрокинонаворгирї ва ѓайрањо. Тавассути услуби химиявї њуљайра (ситохимия) мањдудкунї ва таркиби миќдории моддањои алоњидаи кимиёвї тибќи реаксияи рангаи махсус дар худи њуљайра муайян карда мешавад. Дар баробари микроскопи оддї њамчунин микроскопи дурахшон (люминиосенти), флюросентї ва ултрабунафшї истифода мешавад. Дар ин њолат моддањои тадќиќшаванда бо нурњои кабуди бунафшранг ва ё ултрабунафшї мунаввар карда мешаванд, ки нурафкании моддањои бисёри органикиро дар њуљайра ба вуљуд меоранд. Барои тадќиќоти генетикї, эмбриологї ва ѓайра микрохирургия, кўчаткунии ядро, љўфтикунии њуљайра, хлоропластњо ва ѓайрањо истифода бурда мешаванд. Барои омўзиши сохтори њуљайрањо ва органоид-њои онњо заррабини электронї истифода мешавад, ки дар он ба ивази нур дастаи электронњо ќобили ќабул аст. Вай имконият медињад, ки њаљми љисмњо то 1000000 маротиба зиёд карда шуда, бо истифодаи модањои махсуси рангкунанда сохтори њуљайраро ихтиёран муайян бисозад. Усулњои биокимиёвии тадќиќоти њуљайрањо имконият медињад, ки пайвастагињои инфиродии кимиёвии органелњои алоњида ба даст оварда шаванд. Тавассути усулњои биофизикї сохтор ва вазифањои њуљайрањоро бо истифодаи атомњои аломатдори тањлили изотопї ва ѓайра омўхтан мумкин аст. Яке аз усулњои навини омўзиши њуљайра –усули парвариши бофтањо ва ё њуљайрањои аз организм људо карда шуда аст. Тањаввули (эволютсияи) њуљайра Тибќи маълумотњои палеонтологї њуљайрањои прокариотї дар рўи Замин 3,0 -3,5 млрд. сол пештар ва боќимондањои њуљайрањои эукариотї дар наслњои кофтуковкардашуда 1 – 1,4 млн. сол пеш ёфта шудаанд. Аз ин рў, њуљайрањои эукариотї аз шаклњои собиќи прокариотї ба вучуд омадаанд. Доир ба пайдоиши њуљайрањои эукариотї њамчун зуњуроти мустаќил тавсиф меёбанд ва ибтидояшонро аз њуљайрањои прокари-отї-симбионтњо мегиранд. Ба тахмин, ба сифати њуљайра –хўљаин прокариотї анаэробї хизмат кардааст, ки ба тарзи амёбавї њаракат мекунад. Баъзе органелњо тавассути ба њуљайра-хўљаин дохилшавии симбионтњо-прокариотњои аэробї, бактерияњо ва обсабзњои кабуду сабзранг пайдо шудаанд. Фарзияи инвагинатсионї (дохилшавї) аз ин сарчашма мегирад, ки шакли ибтидоиаш прокариотї-аэроби буд. Органелњои дорои КДН ва њамчунин њаста, дар натиљаи бандубасти порчањои парда бо геномњо бо минбаъда махсусгардонии вазифаи он дар њаста, митохондрия, хлоропластњо, мураккабтар шудани геноми њаставї инкишофї мембранањои ситоплазматикї ба вуљуд омадаанд. Фарзияњои симбиотикї ва инвагинатсионї ба куллї нуќтаи назарро дар бобати шаклњои эукариотии сохтори њучайра бо сомон мерасонад. Њангоми гузариш ба шакли эукариотї инчунин механизми танзими амалиёти њаётии њуљайра мураккаб гардид. Њуљайрањои эукариотї инкишофи шаклњои зиндаи мухталифро аз оддитарин то ширхўрњо ва инсон таъмин намудааст. Њуљайрањои прокариотї ва эукариотї Ду навъи асосии сохтори њуљайрагї, ки аз рўи дараљаи мураккабии онњо фарќ карда мешаванд, вуљуд доранд: прокариотї ва эукариотї. Прокариотњо –организмњои тоядроиянд, миќёси майдаи на кам аз 0,5-3,0 мкм. диаметр доранд. Онњо мембранаи ядрої надоранд ва органоидњои аз љониби мембрана аниќ мањдудшударо доро нестанд. Аппарати генетикї аз ягона хромосома ташкил ёфтааст, ки аз ду силсилаи КДН-и њалќашакли мањдуд иборат аст, ба ситоплазма дохил шудааст. Прокариотњо маркази њуљайра надоранд ва онњо бо митоз таќсим намешаванд, балки бо роњи амитоз таќсим мешаванд. Прокариотњо ба мухталифияти бузурги биокимиёвї, инкишофи босуръат ва табдили њарваќтаи таваллуд (генерация) фарќ мекунанд. Аз ин рў барои таљрибањои генетикї объектњои мувофиќ њисоб меёбанд. Ба онњо бактерияњо ва обсабзњои кабуди сабз тааллуќ доранд. Эукариотњо – организмњои ядроиянд, ядрои аниќи мањдудшуда, ядрочањо, митохондрияњо, хлороластњо ва дигар органоидњо доранд. Дар онњо шабакаи дохилии мембранаи биологї зўр инкишоф ёфтааст. Хромосамањои эукариотњо аз КДН ва сафедањо-гистонњо иборат аст. Эукариотњо аппарати мутобиќии ба дараљаи олї мукаммалшуда доранд. Онњо бо ду зернавъ зуњур меёбанд: организмњои якњуљайра ва бисёрњуљайра. Сохтор ва вазифањои њуљайра Ба гуногунии шаклу њаљм нигоњ накарда, сохти њуљайрањо монанд аст. Шакли њуљайра асосан аз рўи вазифаашон ва мавќеи љойгиршавиашон дар организм муайян карда мешавад. Њуљайрањои озод дар аксари њолатњо доиравї ва байзашакланд, масалан њуљайра-тухмњо, њуљайрањои њифзи бофтањо њамвору мусатттањ ва бо њамдигар љафс љойгиранд. Њуљайрањое њастанд, ки шакли доимї надоранд, инњо амёба, инчунин њуљайрањои хун-лейкоситњоянд. Њамаи њуљайрањо низ мухталифанд ва бо њаљми организм мустаќиман марбут нестанд. Диаметри онњо аз якчанд микрометр то чанд сантиметр аст. Масалан, диаметри њуљайрањои майдатаринї њайвонот ба 4 мкм, тухми мурѓ ба 6 см, тухми шутурмурѓ бо 20-30 см баробар аст. Дарозии њуљайраи асаб бошохањои он 120-150 см –ро ташкил медињад. Теъдоди умумии њуљайрањо дар организми наботот, њайвонот ё одам бо раќамњои бузург ифода меёбад. Масалан, танњо дар ќабати берунии нимкуррањои маѓзи сар 14-15 млрд. њуљайра ва ба таври умумї дар инсон беш аз 200 млрд. њуљайра вуљуд доранд. Њамаи њуљайрањо аз ситоплазма ва ядро, ки бо љилд ињота шудаанд, иборатанд. Ситоплазма (калимаи юнонї –њуљайра ва плазмамассаи аввалї) ва њаста ситемаи ягонаро ташкил медињанд, ки њар кадомашон мустаќилона вуљуд дошта наметавонанд. Моддаи луобмонанди њуљайрањоро физиологи чех Пуркинье дар соли 1839 протоплазма (юнонї-аввалї, нахуст) номида буд. Мафњуми ибтидоии протоплазма асосан бо мафњуми њозираи ситоплазма мувофиќат пайдо мекунад. Њуљайра бо маводи дохилаи он аз муњити беруна ва њуљайрањои њамсол бо сохтори сатњи он мембранаи плазматикї људо карда шудаанд. Он барои алоќаи њуљайрањо бо муњити атроф боиси танзим ва њифз мегардад. Ситоплазма моддаи ниммоъеи ширешмонанд аз риштањои тунуки мембрана ва заррањои хурд иборат аст. Вай тамоми масоњати њуљайраро пур мекунад ва аз ду ќабат иборат аст: дохилї-эндоплазмњо ва сатњи эктоплазмњо. Дар ситоплазма гиалоплазма-матрикс, ораганоидњо ва омезањоро људо кардан мумкин аст. Гиалоплазма –моддаи шаффофи бесохти гомогенї байни органоидњо ва омезањои ба љузъњо таќсим шуда воќеъ аст. Дар гиалоплазма ё матрикси цитоплазматикї реаксияњои биокимиёвие руй медињанд, ки сабабгори фаъолияти њаётии њуљайра мегарданд ва инчунин интиќоли моддањо ба амал меояд. Аз рўи таркиби кимиёвї гиалоплазма нињоят мураккаб аст. Дар доираи обии он моддањои минералї, сафедањо, чарбњо, ангиштобњо мањлул шудаанд. Сафедањо ќисми таркибии аксарияти биокатализаторњо (тезонандаи суръати реакция) –њуљайрањо: хамирмояњо (ферментњо) витаминњо ва гормонњо аст. Органоидњои ситоплазма –ин сохторњо ба љузъњо људо шуда ва доимо вохурандаи њуљайрањоянд, ки сохти махсус дошта вазифањои муайянро иљро мекунанд. Расми 1 Сохти њуљайраи њайвонот Ба онњо шабакаи эндоплазматикї, митохондрия-њо, комплекси Голљи, заррачањои субмикроскопии ситоплазма -лизосомањо, доначањои дар протоплазма - рибосомањо, маркази њуљайравї, пластидњо (барои њуљайрањои наботот) дохил мешаванд Дар расмњои 1 ва 2 њуљайрањои њайвонот ва наботот оварда шудааст. Шабакаи эндоплазматикї (ретикулум) яке аз сохторњои асосии ситоплазма бар асари микроскопияи электрони кашф шудааст. Он аз системаи љуйчањои бо њам алоќаманданд, њубобчањо, найчањо, систернањои шаклу андозаашон гуногун, ки ситоплазмаро миёнбур мекунанд, иборат аст. Деворањои ин найчањои нињоят борик аз парда-њо ташаккул ёфтааст. Тањлилї электронї-микроскопї имкон додаст, ки ду намуди ретикулуми эндоплазмати-кї муайян карда шавад: ретикулуми даѓал ё чиндор ва ретикулуми суфта. Дар сатњи болоии берунаи пардаи ретикулуми даѓал рибосомањо љойгиранд, аз ин рў он аз нуќтаи назари вазифа бо протсесњои синтези сафеда алоќаманд аст. Рибосомањо дар пардањои ретикулуми эндоплазматикии даѓал дар шакли полисомї бо як молекулаи ахбории КРН муљањњазшуда љойгиранд. Вазифаи муњим-тарини ин ретикулум љамъ овардан, ба њуљайрањо таќсим кардан ва гирд овардани сафедањои дар полисомањо синтезшуда мебошад. Шабакаи суфтаи њамвору эндоплазматикї аз полисом мањрум аст. Дар он баъзе дараљањои табодули ангиштоб, равѓанњо ва дигар маводи сафедадори табиат рўњ медињанд. Вай он системаи самарабахши интиќолї хизмат мекунад, ки аз рўи он кўчондани мавод њам ба њуљайра ва њам аз он сурат мегирад. Хусусан, дар њуљайрањо ретикулуми суфта бештар инкишоф ёфтааст, ки моддањои чарбмонандро синтез мекунад. Рибосомањои ѓайрї пардањои органоидњои њуљайрагии куррашакл ва ё замбуруѓшакли даѓали диаметраш 20-30 нм мебошанд. |