Физика. Исмоилова Л. ва диг.Биология. Вазорати тандурустии УМурии тоикистон донишгои давлатии тиббии тоикистон ба номи Абалї ибни Сино Кафедраи биология бо асосои генетика китоби якум
Скачать 5.75 Mb.
|
Расми 4. Дастаи диплоидии хромосомањои одам Љуфти хромосомањои калон ин № 1 баъд №2. аз њама љуфти хурди хромосомаи одам љуфти №22 мебошад. Дар идиограмма хромосомаи љуфти якхелаи љинсии занњо, ки Х-хромосома ном дорад, намоён аст. Дар мардњо Х-хромосома њамин хел, чї тавре, ки дар зан аст, лекин дуюмаш хурдтар, Y-хромосома ном дорад. Љараёни энергия Кадом вазифаеро, ки њуљайра иљро накунад, энергияи зиёдеро ба харљ медињад, ки он дар протсесси диссимилятсия хориљ мешавад. Протсесси мубодилаи энергиявиро ба ду давра људо кардан мумкин аст: а) беоксиген (анаэробї) ва б) оксигенї (аэробї). Мода-њое, ки дар давраи тайёрї њосил шудаанд, минбаъд таљзия мешаванд. Ин амали мураккаб ва серзина аст. Ин амалро гликолиз мегўянд. Дар он 10 фермент иштирок карда суръати реаксияро метезонанд. Дар рафти гликолиз як ќатор моддањои мобайнї њосил мешаванд. Ќайд кардан муњим аст, ки бисёр реаксияњои мобайнии гликолиз бо иштироки АДФ ва тезоби кислотаи фосфат мегузарад. Дар њуљайра њама ваќт як миќдор АДФ ва тезоби фосфат захира мешавад. Њодисаи гликолиз дар тамоми њуљайраи њайво-нот ва њуљайраи баъзе микроорганизмњо руй медињад. Масалан, замбурўѓњо ва бактерияњо боиси туршшавии шир мешаванд. Механизми ин њодиса ва гликолиз як хел аст. Дар њуљайрањои наботот ва баъзе замбурўѓњо хамиртурўш таљзияи глюкоза бо роњи спирттуршї ба амал меояд. Спирттуршї ва гликолиз реаксияњои якхелаанд. 103 КЉ (25 ккал) энергия. Дар реаксияњои гликолиз ва туршавии спирт оксиген иштирок намекунад. Барои њамин онњоро реаксияњои бе оксиген мегўянд. Гликолиз ва туршавии спиртро таљзияи нопурра низ меноманд. Муодилаи реаксияи марњалаи беоксигенро (анаэробї) ин тавр навиштан мумкин аст: Муодилаи энергетики гликолиз 2 мол АТФ-ро ташкил медињад. Давраи дуюми беоксигенї (анаэробї) дар рафти даври Кребс энергияро њосил мекунад. Даври Кребс дар мубодилаи энергияи њуљайра наќши асосиро мебозад. Реаксияи ифодаи энергияи ба дастомадаро ин тавр навиштан мумкин аст. 12Н2аксептор +60+12Н2О+12аксептор+энергия+36АДФ+36Ф+2мол Дар њайвонот манбаи иловагии энергия буда бо аэробиоз иртибот дорад. Њангоми бо шиддат кор кардани мушакњо дар онњо энергия бо роњи беоксиген (анаэробї) њосил мешавад. Ин ваќт тезоби (кислота) пировиноград ва тезоби шир табдил меёбад ва он дар як ќатор реаксияњои муракаб, ки фермент махсус иштирок мекунанд, истифода карда мешаванд. Баъд, дар ин давр тезоби атсетони оксалат-атсетат, лимў ва дуоксиди карбон иштирок мекунад. Дар баробари ин, илова бар АТФ, ки њангоми гликолиз синтез шуда буд бо се молекула АТФ њосил мешавад. Дар њуљайраи наботот љараёни энергия бо фотосинтез алоќаманд аст. Дар рафти фотосинтез аз моддањои камэнергия оксиди карбон (IV) ва об карбогидрат (ангиштоб, С6Н12О6) яъне моддаи серэнергия њосил мешавад. Дар натиљаи фотосинтез оксигени молекулавї низ људо мегардад. Љараёни ахбор Ба туфайли ахбор ва таљрибаи бисёрии аљдо-донро истифода бурда, њуљайра сохти зиндаро меофарад. Ин сохтро ба таѓироти муњити берунї нигоњ накарда дар якчанд насл нигоњ медорад. Дар њуљайра дар ин љараён пай дар пай КДН хромосомаи ядро, молекуллаи КРН-и ахборї, ки ахборро ба ситоплазма, баъд ба рибосомањо, полисомањо интиќол медињад, ки дар давраи ба итмом расидани ин љараён сафеда синтез мешавад. Наќши асосиро дар нигоњ доштан љараёни тезоби њаста ё нуклеинї КДН ва КРН мебозанд. Онњоро олим И.Мишер соли 1870 кашф кард, ки наќши биологии онњо дар дањсолањои охир маълум карда шуд. Ба таркиби тезобњои кислотањои нуклеинї њаста С, Н, О, Р ва N дохил мешаванд. Онњо мавќеъ ва вазифаи мухталиф дошта аз љињати таркиби кимиёвї ва хосияти биологї фарќ мекунанд. КДН асосан дар њаста љойгир буда ба таркиби хроматин дохил шуда дар хромосома ѓун мешавад. Ба ѓайр аз он митохондрияњо ва хлоропластањо КДН-и махсус доранд дар ситоплазмаи прокариот ва эукариоти оддї КДН-и ѓайрихромосомї дорад. Дар њаста КДН бо гистонњо ва нуклеопротеоидњо њосил мешавад. КРН-и рибосомї, наќлиётї ва ахборї дар ситоплазма мањдудшуда, дар њастаи њуљайра синтез мешавад. Асосан КРН дар њастача ва рибосома љойгира-нд. Тезобњои њаста (кислотаињои нуклеини) – ро монанди сафедањо њамчун полимерњои мураккаби махсуси биологї тавсиф карда мумкин аст. Тањлили сохти химиявии тезобњои њаста хеле мураккаб будани табиати онњоро нишон медињад. Мономери онњо нуклеотидњо мебошанд. Теъдоди нуклеотидњо ва тезобњои нуклеинї аз 80 то 30 000 мебошанд. Њар нуклеотид пайвастагии се компоненти зерин мебошад: асоси нитрогенї, карбогидрат ва тезоби фосфат. Дар таркиби КДН боќимондаи тезоби фосфат, глюкози ва асосњои нитрогении гетеросиклї аденин (А), гуанин (Г), ситозин (С), тимин (Т) мављуд аст. Бо торњои КДН пайвасташудани нуклеотидњо тавассути карбогидратї як нуклеотид ва тезоби фосфат ба амал меояд. Љойгирии нуклеотидњои васлшаванда аз рўи ќонунияти муњим сурат мегирад, яъне ба муќобили А-и як силсила доимо Т-и силсилаи дигар, ба муќобили Г-и як силсила њамеша С љой мегирад. Њар кадоми ин пайвастњои њар ду нуклеотид њамдигарро пурра мекунанд. Инро дар забони лотинї комплементарї меноманд. Агар тартиби љойгирии нуклеотидњои як силсила маълум бошад, пас аз рўи ќоидаи комплементарї тартиби чи гуна љойгир шуданї нуклеотидњои силсилаи дигар ба зуди маълум мегардад. КДН асосан дар њаста љойгир мешавад. КДН дар таркиби хроматин мављуд буда дар хромосома ѓун мешавад. Ин чунин КДН дар хлоропластњо ва митохондрия мављуд аст. Дар ситоплазмаи прокариот ва эукариотї одди КДН-и ѓайрихромосомиро пайдо карданд. Сохти КРН монанди сохти КДН дар натиљаи пайдарњам љойгиршавии чор навъи нуклеотидњо ба вуљуд меояд, аммо байнашон каме тафовут аст. Масалан карбогидрати КРН дезоксирибоза набуда балки рибоза мебошад. Ѓайр аз ин КРН дар љои асосии нитрогении Т-тимин асоси дигари сохташ ба он наздик урасил (У) дорад. Се навъи КРН-ро аз њамдигар фарќ мекунанд. 1)Рибосомї (КРН-р),2) наќлиётї (КРН-н), 3)ахбо-ротї (КРН-а), КРН-рибосомї молекуллањои калонтар буда, ба таркиби рибосомањо дохил мешаванд. Вазифаи КРН-ахборї оид ба сохти сафеда аз КДН ба љои синтези сафеда ахбор бурдан аст. КРН-н, яъне наќлиёти њаљман хурданд ва аминокислотањоро ба худ пайваст намуда, ба љои њосилшавии сафеда мебаранд. Биосинтези сафедањо Яке аз протсесси марказии метоболизми њуљай-ра ин алоќаманди бо љараёни моддањо, энергия ва ахбор ва синтези сафеда мебошад. Дар ин љараён ахбор аз КДН ба сафеда интиќол дода мешавад. Ин просесс дар ситоплазмаи њуљайра феълан дар рибосомањо бо иштироки КРН-а ба амал омада, дар зери назорати КДН-и њаста мебошад. Сафеда дар рибосомањо њосил мешавад, ахбор оид ба сохти ибтидоии сафеда бошад дар КДН, ки дар њаста љой гирифтааст, рамзї шудааст. Молекуллаи КРН дар КДН чун дар ќолаб (матритса) синтез мешавад. Пора ё ќисми молекуллаи КДН, ки њамчун ќолаб (матритса) барои синтези як занљири сафеда хизмат мекунад, ген ном дорад. Барои њамин ахборе, ки КДН дорад, ахбори генетикї дар сатњи молекулярї сабт шудааст ва синтези сафеда аз рўи сатњи ќолаб (матритса) иљро мешавад. Онро якумин маротиба солњои 20 биологи машњури рус Н.Кольцов муайян кардааст. Ахборе, ки дар КДН-и њуљайра мављуд аст, на ин ки аз њуљайра, балки аз волидайн ба насл интиќол дода мешавад. Барои он ки чи тавр дар КРН-а рўбардор шудани тартиб ва пай дар пай љойгир шудани нуклеотидњои генро фањмем, ќоидаи комплементариро, ки дар асоси он молекулаи дузанљираи КДН ташаккул ёфтааст, ба хотир меорем. КРН-а низ дар асоси њамин ќоида њосил мешавад. Дар муќобили њар кадом нуклеотиди яке аз силсилањои ген нуклеотиди комплементии КРН-а мебошад. Њамин тариќ ахборе, ки дар ген љой гирифтааст, гуё дар КРН-а навишта мешавад. Протсесси «транскрипсия» ё «нусхабардори»-и ахборе, ки дар КДН дар шакли генњои људогона мебошад, ба амал меояд. Аз нусхаи аслии молекуллаи КДН гуё нусхааш бардошта мешавад илова бар он адади чунин нусхањо назарияи бењудуд шуда метавонад. Дар рибосома нуклеотид-њои «нусхабардошташуда» дар силсилаи КРН тартиби аминокислотањои дахлдорро дар силсилаи сафеда бевосита муайян мекунад. КРН-њои наќлиёти (КРН-н) кодонњои КРН-и ахбориро аз рўи ќитъањои антикодони комплементарие, ки дар канори молекуллаи мутаќоби-лаи аминокислота љойгир шудаанд, муайян мекунанд. Аминокислотањо бо якдигар пайваст шуда, вале КРН-и наќлиёти дур мешавад, баъд КРН-и наќлиётии нав, ки дар кодони њамсоя љойгир шудааст, ба аминокислотаи худ имконият медињад, ки ба силсилаи бунёд шуда истода дохил шавад. Њар кадом аминокислота ба рибосома њамроњи КРН-и махсуси наќлиёти (КРН-н) дохил мешавад. Аминокилотаи аланинро КРН-и наќлиётии аланинї, аминокислотаи валинро КРН-и наќлиётии валинї мекашонад ва њоказо. Синтези сафеда дар рибосома ба амал меояд. Ахбор дар бораи сохти сафеда ба рибосома тавассути КРН-а интиќол дода мешавад. Рафти њамин њодисаро «транслятсия» яъне кучидан меноманд. Механизми кўчиш –ин тавр ба амал меояд, КРН, яъне аз алифбои 4 њарфа ба алифбои 20 њарфаи силсилаи сафеда гузаронида мешавад. Ин протсесс бо иштироки рибосома, КРН-и ахборї ва КРН-и наќлиётї мегузарад. Ин таъсири дутарафа аз рўи принсипи комплементарї ба амал меояд. Чунон чї агар порчаи силсилаи КРН-и ахборї, ки дар љои муайяни рибосома воќеъ шудааст, тартиби нуклеотидии ГУУ дошта бошад, пас ба ин триплет силсилаи КРН-и наќлиёти, ки дар ќитъаи худ триплети САА дорад, ба тариќи комплементарї пайваст мешавад. Чунон ки маълум аст, ба молекуллаи КРН-и наќлиёти дорои њамин гуна триплети САА фаќат аминокислотаи валин пайваст шуда метавонад, бинобар ин триплети ГУУ Расми 5 Наќшаи биосинтези сафеда А-марњилањои синтези сафеда, Б-КРН-наќлиётї, В-њосилшавии занљири аминокислотањо, Г-схемаи амали ахбори ирсї. КРН-и ахборї ба рибосома даромадан ва аз рўи принсипи комплементарї мањз ба валин пайвастани КРН-и наќлиётиро муайян мекунад. Сабаби ба триплети силсилаи (КРН-а) мувофиќ омадани аминокислотаи муайян дар њамин аст. Рибосома дар КРН-а аз триплет ба триплет мегузарад, аммо ин на ба таври муттасил, балки бефосила, ќадам ба ќадам ба амал меояд. Баъди кўчонидани як триплет вай ба триплети њамсоя мељањад ва лањзае боз меистад. Амали кўч «транслятсия» дар муддати хеле кўтоњ ба охир мерасад ва силсилаи полипептидї ба андозаи як банд дароз мешавад. Минбаъд рибосома «ќадам ба ќадам» ба триплети њамсоя мегузарад, боз андак ором мегирад ва њамин тавр то охири роњи КРН-а такрор меёбад. Бояд ќайд кард, ки дар рибосома ба ѓайр аз молекуллаи КРН-н, ки ба он аминокислота овезон, боз як молекуллаи КРН-н аст. Вале бар хилофи молекуллаи КРН-н бо нугї худ ба нўги силсилачаи сафедае, ки дар протсесси синтез мебошад, васл шудааст. Якљоя шудан дар љараёни ахбор ва љараёни материал дар њиссањои синтезкунандаи сафедаи њуљайра-рибосомањо лањзаи асосии протсесси биосинтези сафеда мебошад. Доираи њаётии њуљайра Њамаи протсесњое, ки дар њуљайра дар давоми њаёт мегузаранд доираи њаётии њуљайра номида мешавад. Њодисањое, ки дар њуљайра дар давоми аз як таќсимшави то таќсимшавии дигар мегузарад давраи митотикии њуљайра меноманд. Давраи митотикии њуљайра аз марњила 2 иборат мебошад. 1. Афзоиш ё интерфаза 2.Таќсимшави ё митоз Интерфаза ин марњилаи тайёршавии њуљайра ба таќсимшави мебошад. Дар навбати худ интерфаза аз 3 зина иборат аст: а) Пешазсинтетики ё G1-синтези КРН, сафеда ва сабзиши њуљайра ба амал меояд.Њуљайра дар њолати диплоиди мебошад. б) Синтетика ё S- дар ин зина репликатсия ё дучандшавии молекулаи КДН ва хроматиди дуюм бавуљуд меояд. Њар як хромасома аз 2 хроматид ва 4 спирали КДН иборат аст. в) Баъдисинтетики ё G2-дар ин зина синтези сафеда барои њосилшавии дуки таќсим идома мекунад.Сентриола дучанд мешавад вањуљайра ба таќсимшави пурра тайёр мешавад. Расми 6 Доираи њаётии њуљайра G1- давраи пешазсинтетикї, S- давраи синтетикї, G2- давраи баъдисинтетикї, П- профаза, М- метафаза, А- анафаза, Т-телофаза, n-дастаи гаплоидии хромосомањо, 2n – дастаи диплоидии хромосомањо, 4n- дастаи тетраплоидии хромосомањо, c-миќдори занљири КДН. Митоз Митоз, ин таќсимшавии ѓайримустаќим буда, дар табиат зиёдтар дучор мешавад. Бо усули митоз њуљайрањои соматикии тамоми наботот, њайвонот ва одам меафзояд. Аз ин сабаб митозро бештар таќсим-шавии соматикии њуљайра меноманд. Њар як њуљайраи духтарї дар натиљаи митоз айнан њамон хромосомаеро мегирад, ки њуљайрањои модарї доштанд. Адади хромосомањо дар њар ду њуљайраи духтарї айнан баробари адади хромосомањои њуљайраи модарї мебошад. Пас, ањамияти биологии митоз дар ин аст, ки хромосомањо дар байни њастањои ду њуљайраи духтарї ќатъиян баробар таќсим шудаанд. Митоз ба њар як њастаи духтарї пурра гузаштани тамоми хабари меросї ё ирсиро таъмин мекунад. Таќсимшавии њастаи набототро бори аввал олими рус И.Д.Чистяков кашф кардааст. Ў ин протсессро дар китоби худ «Материалњо доир ба таърихи њуљайраи наботот» соли 1874 тасвир кардааст. Дар њуљайраи њайвонот митозро соли 1878 гистологи рус П.И.Перемежко кашф кард. Соли 1875 Э. Страсбургер дар њастаи таќсимшудаистодаи наботот пайдоиши таркиби риштамонандро кашф кардааст, ки бо рангкунандањои асосї ба осонї ранг мегирад. Ў онњоро хромосомањо номид. Баъдтар соли 1882 В.Флеминг шакли риштамонанди хромосомањоро ба назар гирифта, истилоњи «Кариокинезро» бо истилоњи «митоз» иваз кард. Митоз 4 давраро аз сар мегузаронад: профаза, метафаза, анафаза ва телофаза. Дар ибтидои профаза баъзан то шурўъ шудани он центриола ба ду ќисм таќсим шуда, ба ќутбњо њаракат мекунад. Хромосомањо морпеч тоб хурда кўтоњ ва ѓафс мешаванд. Ин хел тобхурии хромосомањо дар давоми тамоми профаза ба амал меояд. Дар ин ваќт ситоплазма аз љињати физикию кимиёвї таѓйир меёбад. Дар охири профаза њамаи хромосомањо аз якдигар људо мешаванд ва андоза, шакл, сохти онњо хуб намудор мегардад. |