Главная страница
Навигация по странице:

  • АСОСЊОИ ГЕНЕТИКА

  • Таѓйирпазирї

  • Вазифањои генетика

  • Усулњои омўзиши генетика Усулњои гибридиологї

  • Физика. Исмоилова Л. ва диг.Биология. Вазорати тандурустии УМурии тоикистон донишгои давлатии тиббии тоикистон ба номи Абалї ибни Сино Кафедраи биология бо асосои генетика китоби якум


    Скачать 5.75 Mb.
    НазваниеВазорати тандурустии УМурии тоикистон донишгои давлатии тиббии тоикистон ба номи Абалї ибни Сино Кафедраи биология бо асосои генетика китоби якум
    АнкорФизика
    Дата09.09.2019
    Размер5.75 Mb.
    Формат файлаdoc
    Имя файлаИсмоилова Л. ва диг.Биология.doc
    ТипДокументы
    #86421
    страница7 из 17
    1   2   3   4   5   6   7   8   9   10   ...   17

    Расми 8 Марњилањои овогенез

    Гаметогенез

    Просесси њосилшавии њуљайрањои љинсї гаметогенез ном дорад. Њуљайрањое, ки аз онњо гаметањо њосил мешаванд, њуљайрањои сперматогонї ва овогонї ном дорад

    Дар расми 8 марњилањои овогенез оварда шудааст. Њуљайрањои љинсии фарди нарина ба сперматогонияи ибтидої ва аз фарди модина ба овогонияи ибтидої махсус мегарданд. Њар ду ба таври митозї таќсим мешаванд ва овогонияи дуюминро ба вуљуд меоранд, ки баъди як ќатор таќсимшавии митозї андозаи онњо хурд шуда, таќсимшавиро ќатъ мекунанд ва дар ин њол дастаи диплоидии хромосомањоро нигоњ медоранд. Баъд аз он давраи сабзиши њуљайрањои љинсї сар мешавад, ки дар фарди нарина бо њосилшавии сперматотситњои тартиби якум ва дар њайвоноти модина ба њосилшавии овотситњои тартиби якум анљом меёбад. Инкишофи минъбадаи њуљайрањои љинсии модина ва нарина хеле фарќ мекунад. Сперматогенез ин тавр рўй медињад: сперматотсити тартиби якўм аз мейоз мегузарад.

    Баъд аз таќсимшавии якўми мейоз сперматотситњои тартиби дуюм њосил мешаванд, ки адади гаплоидии хромосома-њо доранд. Таќсимшавии дуюми мейоз бо њосилшавии чор сперматотсит анљом меёбад, ки њар кадоми он ба сперматозоид ибтидо мегузорад. Њастаи сперматозоид дар сараки сперматозоид љойгир мешавад. Сохтори органоидњо дигар мешавад ва онњо ба элементњое, ки њаракати нутфа ва ба њуљайратухм дохил шудани онњо таъмин мекунанд, мубаддал мегарданд. Овогенез (инкишофи гаметањои модина) аз њар ду љињат ба сперматогенез монанд аст, вале баъзе тафовутњо дорад. Овотситњои тартиби якўм назар ба сперматотситњои тартиби якўм зудтар калон мешаванд. Дар ин давра дар таркиби онњо миќдори зиёди мода-њои ѓизої захира мешавад ва пас аз он овотситњо ба мейоз мегузаранд. Баъди мейози якўм аз њар як овотсити якўм оотсити тартиби дуюм ва љисмчаи ќубие, ки аз оотсити дуюм хеле хурд аст, ба вуљуд меяд. Таќсимша-вии дуюм бо њосилшавии овосит ё њуљайра-тухми калон ва се љисмчаи дуюмини ќутбї анљом меёбад. Љисмча-њои ќутбї хеле зуд вайрон мешаванд ва як њуљайратух-ми калон мемонад, ки аз моддањои ѓизої бой аст.

    Мейоз

    Дар њастаи нопухтаи њуљайрањои соматикї њамаи хромосомањои љуфт дастаи хромосоми дучанда (2n) яъне диплоидї мебошанд. Дар протсесси пухта расидани њуљайрањои љинсї таќсимшавии редуксионї-мейоз мегузарад, ки дар ин ваќт адади хромосомањо кам мешаванд(n), яъне гаплоидї мешаванд. Мейоз (аз юнонї «meiosis»- камшавї) дар ваќти гаметогенез мегузарад. Ин усули таќсимшавї њам дар намояндагони олами набототи ибтидої ва њам дар намояндагони олами њайвоноту набототи олї-ташаккул дучор мегардад. Лањ-заи ба амал омадани таќсимшавии мейозї, сарфи назар аз ин ки организми серњуљайра мебошад., ба олами муайяни расиш вобаста аст. Тамоми протсесси мейоз паи њам аз ду бор таќсимшавии њаста иборат аст. Таќсимшавии якўм хеле мураккаб аст, зеро дар ин ваќт редуксияи хромосомањо ба амал меояд. Таќсимшавии дуюм бошад. њамчун таќсимшавии оддии митозї ба амал меояд. Дар натиљаи таќсимшавии мейозї чор њуљайраи гаплоидї ба вуљуд меояд. Њар ду таќсимша-вии мейоз њамон марњалањое, ки митоз дошт, яъне профаза, метафаза, анафаза, телофазаро дар бар мегирад. Пеш аз таќсимшавии якўми мейоз дар њуљайра-њои љинсї, ки дар зонаи балоѓат љойгир шудаанд, синтези КДН, яъне дучанд шудани хромосомањо ба амал меояд, њар як хромосома аз ду хроматид иборат аст. Марњалаи таќсимшавии мейозро ин тавр тасвир мекунанд.

    Наќшаи 2.

    Мейоз




    Таќсимшавии якум Интерфаза I










    Профазаи I







    Метафазаи I







    Анафазаи I

    Мейоз




    Телофазаи I




    Таќсимшавии дуюм Интерфазаи II










    Профазаи I I







    Метафазаи I I







    Анафазаи I I







    Телофазаи I I


    Дар интерфазаи 1 (дар давраи сабзиш) дучандшавии адади хромосома бо роњи дучандшавии молекулаи КДН ба амал меояд. Аз њамаи марњалањо профазаи 1 таќсимшавии дурудароз аст ва ба якчанд давра таќсим мешавад.

    Лептонема ё давраи риштањои борик. Дар ин давра хромосомањо ташаккул меёбанд. Танњо хромосомањои пайдошуда аз риштањои борики хроматин иборатанд. Онњо дар шакли кулўла тоб хўрдаанд. Дар ин давра миќдори хромосомањо ба дастаи диплоиди мувофиќанд.

    ТАЌСИМШАВИИ ЯКЎМ


    ТАЌСИМШАВИИ ДУЮМ


    Расми 9 Мейоз

    Зигонема ё давраи зигонемагї аз љуфт-љуфт наздикшавии хромосомањои гомологї (конъюгатсия) иборат аст. Дар аксар маврид хромосомањои наздикшуда пайваста мегарданд.

    Пахинема ё давраи риштањои ѓафс. Риштањои хромосом кўтоњ шуда, ѓафс мегарданд ва чилликшавии (кроссинговер) хромосомањои гомологї ба амал меояд.

    Аз ин сабаб миќдори хромосомањои љуфт ду баробар кам мешаванд. Табиати дубораи хромосомањо чандон аён намешавад. Баъзан хромосомањои љуфт ба њам тоб хўрда, гўё чўбчаи риштањои ѓафси тугундор (кроссинговер)-ро ташкил медињанд. Дар ваќти чилликшавї хроматидњои тобхўрда ќисмњояшонро иваз мекунанд ва дар ин њолат хромосомањо аз участкаи хромосомањои гуногун иборат мешаванд.

    Диплонема ё давраи диплотенї. Дар ин давра њар як хромосомањои гомологї комилан ба ду хроматид људо мешаванд. Дар натиља њар як љуфти гомологї аз чор хроматид иборат мешавад. Дар баъзе љойњо хроматидњо пайвастанд. Ингуна минтаќањо хиазма номида мешаванд. Чї ќадаре, ки хромосомаи диплонема дароз бошад, хиазма њам њамон ќадар зиёд аст. Хиазмањо ба мубодилаи ќисмњои байни хроматидњо ёрї мерасонанд.

    Диакинез давраи охирини профазаи таќсимша-вии аввалини мейоз мебошад. Дар ин давра хромосомањои ду таќсимшуда якбора кўтоњ ва ѓафс мешаванд. Хромосомањои љуфт-љуфт пайвастгардидаи гомологї айнан намоён мешаванд, зеро онњо дар экватори њуљай-ра рост љойгиранд. Хромосомањои љуфти мейози бивалент номида мешаванд. Миќдори онњо дар диакинез гаплоидї аст ва онњоро ба осонї шумурдан мумкин аст. Баъди ин марњилањои метафазаи-1, анафазаи-1 ва телофазаи-1 ба амал меояд. Таќсимшавии мейоз идома меёбад ва итерфазаи-2 оѓоз мешавад. Таќсимшавии дуюм мейоз аз марњилањои профазаи - 2, метафазаи-2, анафазаи-2 ва телофазаи-2 иборат мебошад. Дар натиљаи мейоз чор њуљайраи гаплоиди њосил мешавад.

    АСОСЊОИ ГЕНЕТИКА

    Генетика - илм дар бораи ќонуниятњои ирсият ва таѓйирпазирї ва усулњои омўзиши он мебошад. Мафњуми генетикаро соли 1906 олими англис У. Бэтсон пешнињод кардааст. Ягонагии њардуи ин хусусиятњо дар дараљаи ташаккули њамаи организмњо рост меояд. Генетика асоси биологияи муосир ба шумор меравад. Ин ба ќадри имкон далели тафриќа ва махсусгардонии илмњои гуногуни биологист. Умумиятнокии ќонуниятњои ирсият ва таѓйирпазирї барои њама гуна организмњо хос аст. Усулњои генетикї ба њама гуна тадќиќотњои биологї љур аст. Бинобар ин конгресси 16-уми умуми-љањонии генетикњо дар Канада (1988) зери шиори «Генетика ва ягонагии биология» амал карда буд.

    Аввалин дастурњо оид ба генетика аз љониби А. Бойсман ва Р. Голдшмидт (1911), Е.А. Богданов (1914) ва Ю.А. Филипченко (1915) нашр гардидаанд. Китоби «Генетика»-и М.Е. Лобашов соли 1963 ва соли 1967 аз нав тањрир ва чоп шуд.

    Дар ин муддат илми генетикаи љањонї ва усул-њои омўзиши физикию кимиёвї ѓанї гардид. Биологияи молекулавї ва биохимия дар назарияи ген захираи бебањое доранд. Назарияи сунъии тањаввулотї тараќќї мекард. Оќибатњои фољиавии сессияи августии ВАСХНИЛ-и соли 1948 њокимияти зидди илмии аќида-њои Т.Д. Лисенко ба кори тадќиќотии биологї зиёни зиёде расонид. Зарари калон дар тайёр намудани мутахассисони биолог ва омўзиши генетика ворид шуд. Дар оянда генетикњои мутахассис ба мактабњои олї баргаштанд. Ин шањодати он буд, ки мактабњои генети-кї аз байн нарафтанд. Дар замони њозира, баъди соли 1964 фазои холигї дар соњаи адабиётњои омўзиши генетика мукамал шуда истода аст. «Асосњои генетикаи њозиразамон»-и С.М. Гершензон (1979-1983) ду маротиба нашр гардид. Китоби С.А. Алиханян, С.П. Акифеева ва В.Г. Гуляева соли 1977 ва як ќатор монография-њои Н.П. Дубинин ба монанди «Генетикаи умумї» ва «Генетика» соли 1976 аз чоп баромаданд. «Курси генетикаи микроорганизмњо»-и И.А. Захаров соли 1978, «Асосњои генетикаи инженерї» Н.Е. Вибичина 1988, «Генетика ва асосњои селексия»-и С.Т. Инге-Вегтомов (1989) аз чоп баромаданд. Ќисмати њаќиќии генетика бо назардошти махсуси омўзиши генетика барои мактаб-њои олии тиббї навишта шудааст.

    Таѓйирпазирї ин гуногунї дар гуногунии зиндаљонњо аз рўи систематика маълум аст. Мисол 286 њазор намуди растанињои гулдор маълум аст, 100 намуд занбурўѓњо, 1-1.5 млн. намуди њашарот ва ѓайра. Дар баробари ин њар як намуд хусусиятњои ба худ хосе дорад, ки аз насл ба насл мегузаранд, ин шањодати ирсият мебошад. Хусусиятњои ирсият ва таѓйирпазирї инчунин дар мисоли намудњои алоњида аён мегардад. Инро дар мисоли инсон мушоњида кардан осонтар аст. Гуногуншаклии ирсияти одамон исботро металабад. Барои чї одамон гуногунанд? Барои чї одамон ба якдигар монанданд? Ба ин саволњо генетика љавоб медињад.

    Танњо дугоникњои яктухма нињоят дараља ба њам монанд мешаванд ва дар натиљаи афзоиши нашвї, таќсимшавии худи њамон як тухмњуљайраи бордоршуда ба амал меояд. Лекин ингуна дугоникњои яктухма танњо њамон ваќт ба њам монанданд, ки агар дар шароити якхела ба воя расанд. Агар онњоро дар шароитњои гуногун ба воя расонанд, гарчанде, ки дастаи хромосомањоя-шон монанд бошанд, њам ба тарзи зоњирї фарќи зиёде ба чашм мерасад. Аз ин чунин бар меояд, ки аломатњои организмњо дар асоси аломатњои ирсї ва дар назорати муњити атроф ба вуљуд меояд.

    Тарзњои ба мерос гузаштани аломатњо ё худ нишона гирифтани генњо, дар замони њозира хуб омўхта шудааст. Аз ин љињат мо назди олими чех Грегор Мендел сипосгузорем, ки вай соли 1865 ирсияти омилњои дискретиро ё ќонунњои асосии генетикаро кашф намуд.
    Вазифањои генетика

    Омўзиши ќонуниятњои ирсият ва коркарди усул-њои амалии истифодаи ин ќонуниятњо асоси вазифањои генетика мебошад. Гарчанде генетика ба омўзиши ирсият ва таѓйирпазирї машѓул аст, сифати масъалањои муњими дар назди он буда чунинанд:

    1.Нигоњ доштани ахбороти ирсї(омўзиши структураи маводи ирсї).

    2. Гузаронидани ахбори ирсї аз насл ба насл ва ќонуниятњои он.

    3.Иљрои ахбори ирсї-генетикї дар хусусиятњои даќиќ ва аломатњои организмњо .

    4.Таѓйирёбии ахбороти ирсї (сабабњо ва механизм-њо) дар марњалањои гуногуни инкишофи организмњо.

    Проблемањои генетикиро дар дараљаи гуногун - молекулавї, њуљайрагї, организмї, ва популятсионї њал кардан мумкин аст. Дараљаи омўзиши проблемањои ин ё он объект имконият медињад, ки њолатњои назарияи генетикиро муайян кунанд. Вазифањои муњими амалии генетика ин - интихоби оптималии системаи дурагакунї дар кори селексионї ва усулњои пурмањсули интихоб, идора намудани аломатњои ирсї, истифодаи мутагенез дар селексия мебошад. Дар тиб истифода намудани донишњои генетикї ба коркарди њифзи љамъомадњои ирсияти одам аз таъсири мутагенњои муњити атроф ва ёфтани усулњои ташхис, табобат ва пешгирии касалињои ирсї мебошад.
    Усулњои омўзиши генетика

    Усулњои гибридиологї - ин усули махсуси генетика аст. Вай дар дараљаи муайян ба усули тањлили генетикї монанд аст, гарчанде нопурра аст. Вале тањлили генетикї ба усулњои њосилкунии мутатсияњо монанд аст. Усули тањлили гибридиологї аз таљзияи минъбада аз тарафи Г.Мендел анљомдода исбот аст. Аз тарафи Г. Мендел ќоидањое тавсия шуд, ки ба онњо њамаи генетикњо њангоми дурагакунии организмњо итоат мекунанд:

    -организмњои дурагашаванда бояд ба як намуд дохил шаванд.

    -организмњои дурагашаванда њатман бояд бо ягон аломат аз њам фарќ кунанд.

    - аломатњои омўхташаванда бояд пурра ва аниќ аз насл ба насл дар натиљаи дурагакунї гузаронида шавад.

    -тасниф ва њисоби њамаи синфњои таљзияша-ванда, агар онњо дар дурагакунии насли нав ва оянда мушоњида шаванд, њатми мебошад.

    Аз замонњои Г.Мендел тањлили генетикї бо як ќатор усулњо ѓанї гардидааст. Мисол: усули њосил намудани мутатсияњо, усули дурагакунии дур ва ѓайра. Дар баробари инњо усули ситологї ањамияти хеле бузург дорад. Дар солњои охир усули гибридизатсияи(дурагакунии) њуљайрањои соматикии њайвонот ва растанињо хеле пањн ва машњур гардидааст.

    Генетика њамчун илм бо шарофати дар тањлили биологї истифода кардани ин усул, яъне усули риёзї ба вуљуд омад. Г. Мендел усули миќдориро дар омўзиши натиљањои дурагакунї истифода бурд. Усули риёзи барои омузиши ирсияти миќдории аломатњо, инчунин дар омўзиши таѓйирпазирї, ба хусус дар омўзиши таѓйирпазирии ѓайриирсї ва ирсї истифода бурда мешавад.

    Усули ситологї дар омўзиши њуљайра истифода бурда мешавад. Тадќиќоти сохтмони хромосомањо якљоя бо тањлили гибридиологї дар заминаи ситогенетикї асос ёфтааст. Дар замони њозира тањлили конъюгатсияи хромосомањо (якљояшавї) дар мейоз, мушоњи-даи мубодилаи байни хромосомањои гомологї ва ѓайригомологї тасаввуроти моро дар бораи барандаи маводи ирсї васеъ пањн мекунад.

    Генетика усулњои илмњои мухталифро истифода мебарад. Усулњои кимиёвї ва биокимиёвї дар аниќ намудани таснифоти аломатњои ирсии мубодилаи мавод ва омўзиши хусусиятњои молекулаи сафедањо ва тезоби нуклеинї истифода мебарад. Бештар усулњои физикавї-кимиёвї дар инженерияи генї ва генетикаи молекулавї истифода мешавад. Генетикњо, ки бо наслњои гуногун кор мекунанд, бо истифодаи усулњои тиббї, зоология, ботаника, микробиология ва дигар фанњо корро ба пеш бурда метавонанд.

    Мафњуми умумии маводи генетикї ва хусусият-њои он, нигоњ доштани ахбори ирсї, таѓйири ахбори генетикї, репаратсия, аз насл ба насл гузаронидани он дар њамаи мављудоти зинда омўхта мешавад.

    Маънои васеи ирсият, хусусиятњои организмеро ифода мекунад, ки фарди ба худ монандро тавлид карда тавонад, он хусусиятњоро ба наслњои нав гузаронад. Маънои мањдудии ирсият ифодаи хусусияти генњо, детерминатсияи сохти махсуси молекулаи сафедагї, назорати инкишофи аломатњои људогона ва организми мукаммал мебошад.

    Дар асоси назарияи хромосомии ирсиятии Т.Морган муќаррар шудааст, ки генњо дар хромосомањо љойгиранд ва воњиди оддитарини ирсият мебошанд. Вале, табиати кимиёвии ген ваќтњои тўлонї ноаён монда буд. Дар замони мо маълум аст, ки барандаи ахбори ирсї КДН мебошад. КДН молекуллаи полимериеро меноманд, мономери он нуклеотид мебошад, ки ба он 2-то асоси пуринї А-аденин, Г-гуанин, ва 2-то асоси пиримидинї Т-тимин, С-ситозин дохил мешавад. Њар яке аз онњо бо як молекула ќанди дезоксирибоза ва боќимондаи кислотаи фосфат дар намуди дезоксирибонуклеотидњо, ки мономери таркиби КДН аст, пайваст мекунад. Чи хеле, ки соли 1951 олими америкои Э.Чаргафф нишон додаст, миќдори А-Т ба миќдори С –Г дар молекулаи КДН баробар ин ќоидаи Чаргафф ном гирифтааст.

    Љ.Уотсон ва Ф.Крик соли 1953 ба он ќоида такъя намуда, нишондодњо тањлили рентгеноструктуриро дар лабораторияњо кор карда, сохти структуравии КДН-ро тартиб додаанд ( Расми 10).

    1   2   3   4   5   6   7   8   9   10   ...   17


    написать администратору сайта