Физика. Исмоилова Л. ва диг.Биология. Вазорати тандурустии УМурии тоикистон донишгои давлатии тиббии тоикистон ба номи Абалї ибни Сино Кафедраи биология бо асосои генетика китоби якум
Скачать 5.75 Mb.
|
Расми 14. Муайян кардани љинс Ин организмњои хунсо бо роњи худбордоршавї, дар растанињо худгардолудї (ё худгардолудии дутарафа) афзоиш мекунанд. Хулоса, дар баъзе њайвонот муайян намудани љинс ба муњити атроф вобаста аст. Дар кирми бањрии Вопееа, фарде, ки дар марњиллаи кирминагї озодона шино мекунад ба модина табдил меёбанд. Кирминањои ба бадани модинаи болиѓ часпида ба фардњои нарина табдил меёбанд, ки ин њодиса аз тарафи ферменти махсусе, ки модина хориљ мекунад ба амал меояд. Моњињои, ки дар рифњои марљонї зиндагї мекунанд, онњо галањоро њосил мекунанд. Дар ин галањо якчандто модина ва якто нарина мебошад. Ваќте нарина мемирад, он гоњ модинаи доминантї-пурзўр наринањои аз дигар гала омадаро меронад ва худаш ба моњињо нигоњубин мекунад ва дар охир ба нарина табдил меёбад. Дар вай хусусиятњои фарди нарина пайдо мешаванд ва вай баъди ду њафта ќобилияти њосил намудани нутфа пайдо мешавад. Механизми муайян намудани љинс дар кирми бањрї аз ин љињат самарабахш аст, ки ногувории афзоиш ба зиёдшавии фарди нарина оварда мерасонад. Аломатњое, ки аз хромосомањои љинсї љаспида ба мерос мегузарад, номи ба ирсият часпидаро гирифтааст. Дар инсон дар У-хромосома њељ небошад 3 гене њаст, ки яке аз онњо барои тафриќаи тухмдонњо, дуюмї барои зоњиршавии антигенњои мувофиќати гистонї ва сеюмї барои таъсир расонидан ба њаљми дандонњо таъсир мерасонад. Аломатњои ба Х-хромосома часпида метавонад ба ирсият дар фардњои мардона ва занона гузаронида шавад, аломатњои бо У-хромосома часпида танњо дар мардњо дида мешавад. Фарди занона аз рўи генњои дар Х-хромосомањо љой дошта њам гомо ва њам гетерозиго-тї буда метавонад, вале аллелњои рессесивї дар онњо танњо дар њолати гомозиготї зоњир шуда метавонанд. Гарчанде, ки дар фардњои нарина танњо якто Х-хромосома мављуд аст, њамаи генњои дар вай љой дошта, њатто рессесивї зуд дар фенотип зоњир мешавад. Ин гуна организм гемизиготї номида мешавад. Ќонуниятњои ирсият Ирсият њамчун хосияти муттасили мавод дар байни наслњо дар асоси тартиби аломатњои ирсї ва принсипњои ташаккули маводи ирсї мебошад. Ба меросгирї њамчун протсесси гузаронидани аломатњо аз як њуљайра ё организми таѓйирёфтаи наслњо ба дигар, дар протсесси афзоиш ба амал меояд. Тањлили ќонуниятњои ба меросгирї барои фањмиши моњиятї ва ќонунњои ирсият зарур аст. Протсесси ба мерос додани ахбори љинси аз насл ба дигар номи ба меросгирї (ирсиятро) гирифтааст. М.А.Лобашев ќайд карда буд, ки мафњуми ирсият ва меросгирї якхела маъно надоранд ва бояд онњо фарќ кунанд. Ирсият хоси умумии зиндањое, ки дар њамаи зиндањо зоњир мешавад, ахбори ирсиро кор карда мебарояд ва ин тартибро шартан дар худ ва як ќатор наслњо нигоњ медорад. Ба меросгирї хусусияти гузаронидани ахбори ирсї, ки метавонад вобаста ба шакли афзоиш таѓйир ёбад. Дар натиљаи афзоиши ѓайриљинсї организми ягонаи волидайн ба ду ва ё зиёда ќисмњо таќсим мешавад ва дар њар яки он фарди нав ташаккул меёбад. Афзоиши ѓайриљинсї дар растанињо, инчунин дар занбўруѓњо ва баъзе њайвоноти дараљаи паст, мисол дар кирмњо вомехўрад. Дар натиљаи он дар байни фардњои модарї ва духтарї монандии зиёд таъмин карда мешава. Дар натиљаи афзоиши љинсї омезиши ду њуљай-раи љинсї- гаметањо рўњ медињад, ки онњо якто њуљайра, зиготаро њосил мекунанд ва аз он организми нав ташаккул меёбад. Гаметањо одатан ба организмњои мухталифи волидайнњо дахл доранд. Марњалањои њаётии инкишоф ва афзоиши љин-сии эукариотњои бисёрњуљайра бо роњи таќсимшави њуљайрањо мегузарад, яктоаш барои њосил шудани њуљайраи соматикї ва дуюмаш барои њосил шудани гаметањо. Протсесси таќсимшавии њуљайрањои бадан (соматикї) митоз номида мешавад. Дар натиљаи митоз хромосомањои пеш аз таќсимшавї дучанд мешаванд. Дар натиљаи ин њамаи њуљайрањои соматикии организм миќдори якхелаи хромосомањо дорад. Бо роњи митоз инчунин эукариотњои бисёрњуљайра низ таќсим мешаванд. Гаметањо дар протсесси мейоз њосил мешаванд. Дар рафти мейоз шумораи хромосомањои њар як њуљайра ду маротиба таќсим мешаванд, вале як маротиба дучанд мешаванд. Бинобар ин шумораи хромосомањо дар гаметањо нисбат ба њуљайрањои бадан ду маротиба камтар аст. Монандии байни волидайн ва фарзанд дар ин њодиса нисбат ба њодисаи пештара камтар аст, вале таѓйирпазирии зиёд дида мешавад, ки интихоб ва протсесси эволютсия дар амал карда гуногунии организмњо-ро зиёд мекунад. Ќонунњои асосии ирсият аз љониби Г. Мендел таќрибан солњои 1865 кашф шудааст. Вай таљрибањои худро бо нахуд гузаронида буд. Барои фањмидани аломатњои фардии организм ба ирсият чї хел гузаронида мешавад. Натиљаи тадќиќотњои вай дар Ахбори Љамъияти таърихи табиат дар шањри Брнои Чехословакия дар соли 1865 нашр шуданд, вале маќолањои вай диќќати олимонро ба худ љалб накард. Пурратар ба ин проблеммањо дахл кардан ва усулњои аниќ ба Мендил муваффаќиятро таъмин намуданд. Муваффаќиятњои вай дар он њолате ба даст омаданд, ки ба дигар њамкорони вай муяссар нагашта буд. пеш аз дурага кардани растанињо байни њам Мендел ќарор дод, ки онњо ба хатњои покиза дахл доранд. Дар хусусияти кори Мендел њалли миќдорї буд, вай шумораи наслњоро дар навъњои гуногун њисоб намуд. Ин тарзи кор барои муайян намудани зуддии зоњиршавии ноќилони аломатњои алтернативї зарур буд. Бо растанињои худгардолудшаванда-бо нахуди боѓї кор карда истода, њафт аломатро тањти тадќиќ ќарор дод. Ба доимї будани ин аломатњои растанињои худгардолудшаванда дар љараёни як ќатор даврњо боварї њосил намуд. Грегор Мендел растанињои алоњидаи аломатњои фарќкунанда доштаро дурага намуд аз онњо тухмї гирифта боз аз сари нав корид. Ин хел дурагањоро дурагакунии моногибриди номида шуд. Њамин тариќ вай дурагањои насли аввалро (Ѓ1) ба воя расонид. Ин растанињо аз рўи њар як аломат њамшакл буданд. Мендел мушоњида намуд, ки растанињои насли аввал танњо яке аз аломатњои алтернативиро зоњир карда метавонад. Мендел ин гуна аломатњоро (ранги зард, шакли њамвор-суфта) доминанти ва аломатњои муќобили онњо шакли чиндор ва ранги сабзро ретсесси-вї номид. Ин натиљањо ќонуни аввали Менделро-ќонуни њамшаклии дурагањои насли аввал ё ќоида доминантї номида шуд. Баъдтар олимон муќаррар намуданд, ки доминантнокии яке аз аломатњо нисбат ба дигар нињоят васеъ пањн шуда аст, вале умумї нест. Дар баъзе њодисањо доминантии нопурра дида мешавад. Дурагањои Ѓ1- хусусияти аломати мобайни волидайнњо хос аст. Мисол дурагаи растанињои «дањо-ни Шер» дар насли аввал аз дурагашавии волидайнњои сурх ва сафед њосил мешаванд – ранги мобайниро (ранги сурхи сиёњтоб-малионовї)дошт. Ин хел ранг барои он њосил мешавад, ки дар гулњои гулобї нисбат ба сурхи сиёњтоб пигменти сурх зиёдтар аст, вале дар гули сафед ин пигмент тамоман нест. Њамин тавр њам шуда метавонад, ки дар насли аввал аломатњои њардуи волидайнњо зоњир мегардад, ин њолатро кодоминантї меноманд. Мисол, агар яке аз волидон гурўњњи хуни А ва дигарї В дошта бошад, онгоњ дар хуни фарзандонионњо антигенњо барои гурўњи А ва В хос иштирок мекунанд, мављудияти ин антигенњо бо реактсияи муаян муќаррар карда мешавад. Мендел растанињоро сабзонда аз тухми растанињои насли аввал байни њам дурага њосил кард. Дар њосили ба дастовардаи насли Ѓ2 аз дурагашавии растанињои тухмњояшон суфта ва чиндор, на танњо суфта, балки тухмњои чиндор низ ба назар мерасиданд. Илова бар он ин нахўдњои гуногуншакл дар як кўсак пањлў ба пањлў месабзиданд. Мендел њисоб кард: 5475 тухмњои суфта, 1850 тухмњои чиндор рост меояд, ки таносуб он ба 3:1 баробар аст. Ин гуна таносуб дар дигар њодисањои дурагакунї ба назар мерасанд, дар њамаи њолатњо дар Ѓ2 растанињои аломати доминантї дошта назар ба ретсессивї се маротиба зиёдтар њосил мешавад(3:1). Њамин тариќ, дар баъзе наслњои Ѓ2 аломатњо, ки дар дурагањои насли Ѓ1 набуд, пайдо мешавад. Ин гуна натиљањоро дар љуфти аломатњо низ дидан мумкин аст. Дар њамаи њолатњо растанињои дорои аломати ресессивї дар «покиза»-гї афзоиш мекунанд, наслњои онњо дар оянда низ (Ѓ3) њамин гуна фенотип доштанд. |