Физика. Исмоилова Л. ва диг.Биология. Вазорати тандурустии УМурии тоикистон донишгои давлатии тиббии тоикистон ба номи Абалї ибни Сино Кафедраи биология бо асосои генетика китоби якум
Скачать 5.75 Mb.
|
Расми 7 Наќшаи митоз А-интерфаза, Б - Д-профаза, Е – Ж – метафаза, З – Й-анафаза, К-М- телофаза. Ин чунин миќдори онњоро аниќ муайян кардан мумкин аст. Ба њамин тариќ, хромосомањои профазагї аз ду риштаи борики морпеч ё спиралмонанд-хроматид иборат мебошанд, ки онњо ба тамоми рафти дарозии худ ба њамдигар зич пайвастанд. Дар протсесси профазагї ба спирал табдилёбии хроматид давом мекунад. Дар ин њолат нўгњои спиралњо наздик шуда, спирали калонро ташкил медињад. Дар љои калоншуда миќдори спиралњо кам, диаметрашон бошад васеътар мешавад. Дар охири профаза њастача нест шуда, љилди њаста дар зери таъсири ферментњои лизосома њал мешавад. Дар байни сентриолњо торњои борик пайдо мешаванд, ки аз сафеда иборат буда, найчањои хурдтаринро ба хотир меоранд. Ин торњо якљоя бо сентриолњо, ки аз онњо дур шудаанд, номи дукњои таќсимшавиро гирифтаанд. Дукњо ба сентромераи хромосомањо пайваст мешаванд. Тадќиќоти заррабини электронї нишон дод, ки риштаи торњо ин найчаи њуљайра мебошад. Дар прометафаза дар маркази њуљайра ситоплазма љойгир аст, ки он ќадар ёзанда нест. Хромосомањо ба экватори њуљайра равон мешаванд. Дар метафаза хромосомањо бо тартиб љойгир шуда, ба экватор њаракат мекунанд. Њодисањо дар экватори њуљайра ќариб дар як сатњ дар зидди якдигар љойгир шуда ва дар њамин лањза ба њар як хромосома як торњои дук мањкам мешавад. Дар охири метафаза баробарвазнии хос вайрон мешавад. Ин њолат њангоми таќсимшавии сентромер, ки то ин дам хроматидњоро ба њам мустањкам мепайваст, ба амал меояд. Баъди ин хроматид аз њам људо мешаванд. Дар марњалаи метафаза куллї хромасомањо хуб намоён буда, њисоб кардан ва шакли онњоро омўхтан мумкин аст. Анафаза. Ибтидои дар ќутбњои њуљайра људо шудани хроматидњо аломати шурўъ шудани марњалаи ояндаи митоз-анафаза мебошад. Њангоми анафаза хроматидањо, ки онњоро акнун хромасомањои духтарї номидан мумкин аст, ба ќутбњои њуљайра људо шуда мераванд. Хромосома аз њисоби торњои дук, ки хромосомањо ба онњо пайваст шудаанд аз экватор ба ќутб њаракат мекунанд. Торњои дук кашиш хўрда хромосома-њои духтариро ба ќутбњои муќобили њуљайра мекашанд. Дар ваќти њаракати хромосомањо энергияи АТФ истифода бурда мешавад. Хромосомањо њангоми њаракат мисли чарх тоб хўрда, ба шакли сентромерњо њаракат мекунанд, ки онњоро тори дук ба паси сентромерњо мекашад. Дар охири анафаза дўк њам љои худро дигар мекунад. Телофаза. Ќатъиян ба ќутбњо кашол шуда рафтани хромосомањо ибтидои телофаза мебошад. Дар ин марњала хромосомањо, ки ба ќутбњои њуљайра наздик шудаанд, шакли дурусти худро гум мекунанд, печњояшон кушода шуда онњоро аз нав шакли торњои дарози ба якдигар печидаро мегиранд, ки ин ба њастањои таќсимнашаванда хос аст. Умуман телофаза гўё марњилаи баръакси профаза мебошад. Хромосома-њо чандон ѓафс намешаванд. Дар давоми телофаза ситоплазма њам таќсим мешавад инро ситокинез меноманд, ки дар натиља ду њуљайраи духтарї пайдо мешаванд. Сохти ин њуљайрањо ба сохти њуљайрањои модарї пурра монанд аст, лекин андозаашон хурдтар мебошад. Њастача ва љилди њаста аз нав барќарор ва пайдо мешавад. Ситокинез - баъди тамом шудани телофаза ситокинез ба амал меояд. Дар ин давра ситоплазма ва компонентњои он дар байни њуљайрањои духтарї таќсим мешаванд. Дар баробари дар экватори минтаќаи њуљайрањои модарї ташкил ёфтани девори пластинкагї дар байни њастањои духтарї ситокинез ба охир мерасад. Пластинкаи мобайни дар натиљаи њаракати тўрњои дохилиплазмагї ташкил ёфта бо иштироки диктиосома-њо ва риштањои пайвастаи дукњо ба амал меояд. Плазмодесмањо, ки њуљайрањоро байни њамдигар мепайванданд, аз аввали ташаккули деворчаи њуљайра пайдо мешаванд. Ба њамин тариќ маънои биологии људошавии митози аз баробар таќсим шудани масолењи ирсї дар хромосомањо мављуда иборат аст. Дар протсесси таќсимшавии митозии њуљайра хромосомањо ба шарте нишонањои ирсиро мегузаронанд, ки агар тамоми органеллањои зиндаи њуљайрањо бо моддаи њаста алоќаи пурраи метаболї дошта бошанд. Дар протсесси њаёт на њамаи њуљайраи организми бисёрњуљайра доимо таќсим мешаванд. Њуљайрањое мављуданд, ки хусусияти таќсимшавиро гум карданд. Яке аз онњо њуљайрањои сурхи хунанд, ки фаќат 120 рўз умр дида, мемиранд. Боз аз нав дар узвњои хунофар њосил мешаванд. Моњияти афзоиши њуљайра дар дучанд зиёд кардани имкониятњои потенсиалии худ, яъне дучандкунї мебошад. Маќсад аз дучандкунї на фаќат ду баробар зиёд кардани миќдор балки ба ду воњиди мустаќил таќсим шудани њуљайра фароњам овардани имконият мебошад. Њамаи молекулањо хеле пештар аз митоз дучанд зиёд мешаванд ва танњо баъд аз он таќсимшави ба вуљуд меояд. Дараљаи сабзиши њар як њуљуйраи алоњида њудуди муйаян дорад. Њудуди сабзиш эњтимол ба он вобаста аст, ки як њаста(ядро) фаќат мањдуди моддаи зиндаро идора карда метавонад. Миќдори материали њуљайраи наботот ва њайвонот танњо ду баробар зиёд шуда метавонад. изофа бар он, њуљайра минъбад фаќат баъди аз доираи митоз гузаштани хромосомањо зиёд мешавад. Амитоз. Амитозро таќсимшавии мустаќим меноманд. Њангоми ин таќсимшавї њолати интерфазии њаста нигоњ дошта шуда, њастача ва мембранаи њаста хеле хуб намоён мешаванд. Хромосомањо номаълум буда, баробар таќсим намешаванд. Дар ин њолат мода-њои њастагї байни њуљайрањои духтарї баробар таќсим намешаванд. Амитоз дар њуљайрањои бофтањои пир тез-тез дучор мегардад. Онро дар њуљайрањои љавон низ мушоњида кардан мумкин аст. Мисол: дар мушакњои скелетї, таѓояк, эпителияи пуст, бофтањои васлкунанда ва љанин (эмбрион) дида мешавад. Инчунин амитозро дар организми бемор мушоњида кардан мумкин аст. Таќсимшавии амитозро соли 1840 Н. Железнов (дар наботот) ва соли 1841 Римак (дар њайвонот) муайян карданд. Эндомитоз. Њангоми эндомитоз баъди дучандшавии (репродуксия) хромосомањо њуљайра таќсим намешавад. Ин ба зиёдшавии адади хромосомањо оварда мерасонад. Дар њуљайра дучандшавии хромасомањо ба амал омада, вале хромосомањо ба ќутбњо пароканда намешаванд. Эндомитоз одатан боиси полиплоидия мегардад. Эндомитоз дар њуљайра ва бофта-њои мухталифе, ки бошиддат фаъолият мекунанд, дучор мешавад. Мисол дар њуљайраи љигар дида мешавад. Интишор, яъне пањншавї ва механизми эндомитоз пурра муайян нашуда аст. Афзоиш Афзоиш яке аз хосиятњои хоси организми зинда мебошад. Тамоми организмњои зинда аз бактерияњо сар карда, то ширхўрњо ќобилияти афзоиш доранд. Фаќат ба туфайли афзоиш мављудияти њар як намуди њайво-нот ва наботот, ирсияти байни фардњои волидайн нигоњ дошта мешавад. Шаклњои афзоиши организми том хеле мухталифу мураккабанд, аммо таќсими митозии њуљай-ра асоси њамаи шаклњои афзоиши ѓариљинсї мебошад. Шаклњои афзоиш бо наќшаи зерин тасвир кардан мумкин. Наќшаи №1 Аз якњуљайрагињо, ин митози аслї буда, аз бисёрњуљайрагињо нашвї (вегетативї) дар наботот ва спорањосилкунї мебошад. Афзоиши ѓайриљинсии организмњои якњуљарагї Таќсимшавии митотикї. Ин таќсимшавї ба амёба, инфузория ва ќамчинакдорњо хос аст. Аввал њаста, баъд ситоплазма таќсим мешавад. Дар ин ваќт њуљайрањои духтарї миќдори баробари ахбори ирсї мегиранд. Баъди таќсимшавии фардњои духтарї нумўъ карда, то бузургии организмњои модарї расида ба таќсимшавии нав мегузаранд. Шизогония. Ин таќсимшавии бисёркаратаи ядро мебошад. Бо ин таври таќсимшавї ангезандаи вараља-вараљаи плазмодї афзоиш мекунад. Аз як њуљайра њуљайрањои духтарии зиёд њосил мешаванд. Муѓљабандї. Дар њуљайраи модарї аввал лўндачаи наонќадар калон, ки њаста дорад, њосил мешавад. Муѓља месабзад, то ба андозаи фарди модарї, баъд аз он људо мешавад. Ин шакли афзоиш дар занбуруѓњои хамиртуруш, дар њайвонњои якњуљайра инфузорияи хунмак ва гидра мушоњида мешавад. Спорањосилкунї дар намояндаи синфи споровикњо дучор мешавад. Спора яке аз давраи сикли њаётї буда, барои афзоиш хизмат мекунад, ки аз як њуљайра иборат буда, бо љилд пўшонда шудааст. Љилд онро аз шароитњои номусоид њимоя мекунад. Баъзе бактерияњо баъди протсесси љинсї, спорањо њосил мекунанд. Спорањои бактерия на барои афзоиш, балки барои њимоя аз шароитњои номусоид лозиманд. Афзоиши нашвии набототи бисёрњуљайрагї Афзоиши нашвї дар набототи олї ва таљдид (регенератсия) – яъне барќарор намудани ќисми гумкардаи узв дар њайвонот( планарияи сафед, гидра, кирми лойхурак) асос меёбад. Роњњои афзоиши нашвии набототи олї, аз љумла набототи пўшидатухм хеле гуногунанд. Дар шароити зироаткорї ин усулњо ба манфиати инсон такмил дода шудаанд. Њам дар шароити табиї ва њам дар шароити зироаткорї набототи пўшидатухм аз ќисмњои реша, поя, барг ва метаморфози онњо меафзоянд. Усулњои зерини таносули нашвї бештар интишор гардидаанд. Афзоиш бо решапоя дар алафњои бисёрсола дида мешавад. Афзоиш бо усулњои лўндањои зеризаминї дар картошка, топинамбур ва георгиня дида мешавад. Дар шароити табиї он набототе, ки лўндареша доранд бо ин усул меафзоянд. Афзоиш бо пиёзакњо дар байни набототи пиёз, сир, лилия, лола ва ѓайра пањн шудааст. Афзоиш аз навдањои реша дар бисёр хелњои дарахтон, инчунин баъзе алафњо мушоњида мешавад. Бисёр набототи сафедор, бед, санљид, печак, ќоќу ва ѓайра ба осонї решанавда ташкил медињанд. Афзоиш бо роњи фарѓуч (фарѓон) дар набототпарварї ба кор мебаранд. Ба воситаи фарѓуч бањори барваќт ё тирамоњ набототро зиёд мекунанд. Бо усули фарѓуч ток, анљир, марминљон, малина, ќотро зиёд мекунанд. Афзоиш бо ќаламчаро дар боѓдорї ва гулпарварї истифода мебаранд. Ќаламча се хел мешавад: решагї, поягї, баргї. Афзоиши нашвии њайвоноти бисёрњуљайра Њангоми ин хел афзоиш аз њайвонњои бисёр-њуљайра организми нав аз гурўњи њуљайрањое, ки аз организми модарї људо шудаанд њосил мешавад. Афзоиши нашвї дар исфанљњо, баъзе рўдаковокњо, кирмњои пањн ва кирмњои њалќагї мушоњида мешавад. Аз исфанљ ва њидра дар бадан муѓља пайдо мешавад. Муѓља аз њуљайрањои экто ва эндодерма иборат аст. Аз њидра муѓља оњиста- оњиста калон шуда дар он мўйлабњо месабзанд ва дар охир ин муѓља аз фарди модарї људо мешавад. Шакли махсуси таносули нашвї ин полиэмбрионї мебошад, ки дар мавриди љанин (эмбрион) ба якчанд ќисмњо људо шуда, аз њар яки он организми мустаќил инкишоф меёбад. Дар бисрњуљайрагињо ба ѓайр аз афзоиши ѓайриљинсии нашвї боз афзоиши ѓайриљинсии спорањосилкунї мав-људ аст. Ин тарзи афзоиш дар обсабзњо, замбўруѓњо, ушнањо, сарахсњо мушоњида мешавад. Афзоиши љинсї Дар афзоиши љинсї ду фард иштирок мекунад, ки њар кадом њуљайрањои махсус – гаметањоро, модина њуљайратухм, нарина – нутфа ба вуљуд меорад. Њуљай-рањои љинсї дар ѓадудњои љинсї инкишоф меёбанд. Андоза, шакл ва сохти њуљайрањои љинсии намудњои мухталифи наботот ва њайвонот аз њам фарќ мекунанд. Намуди мухталифи таносули љинсии организмњои якњуљайраро ба ду гурўњ људо мекунанд. 1.Конюгатсия- њангоми ин навъи афзоиш њуљайрањои љинсї њосил намешаванд ва њангоми ба њам наздик шудани ду фард масолењи ирсии онњо омезиш мешавад. Бо роњи конюгатсия инфузория афзоиш мекунад. Њангоми протсесси љинсї-кониюгатсия инфузорияњо ба њам наздик шуда, байнашон купрукчаи протоплазматикї пайдо мешавад. Макронуклеус, яъне њастаи калон њазм мешавад, аз микронуклеус њастачаи хурд дар натиљаи таќсимшавии мейотикї њастаи кўчанда пайдо мешавад. Баъди конюгатсия инфузория-њо аз њам људо мешаванд 2. Копулятсия- гаметањои љинсї ташкил шуда, онњо љуфт мешаванд. Њангоми копулятсия дар организмњои якњуљайра ду фард аз љињати гаметањо аз њам фарќ мекунанд. Дар марњалаи аввал, ки изогамия ном дорад, байнашон њоло тафовут нест. Дигараш анизогамия ном дорад, ки . гаметањо калон ва хурд шуда метавонанд. Оогамия бошад, аз рўи андоза ва шакл фарќ мекунад. Гаметаи модина калон, бењаракат, гаметаи нарина хурдтар, феълан њаракатнок шуда метавонад бо њам омезиш шуда зигота њосил мекунанд. Њуљайрањои љинсї Вазифаи гаметањо назар ба дигар њуљайрањо хеле бузург аст. Онњо ахбори ирсї ё меросиро интиќол медињанд. Дар њастаи гаметањо ахбори ирсї љойгир аст. Њуљайратухмњо бењаракат, шаклаш ба мисли кура ё саќо мебошад. Хуљайратухм аз љилд,ситоплазма, хаста ва њуљайрањои фолликулї иборат аст. Андозаашон хеле мухталиф аст, аз нањанг(29 см. аз рўи диаметр) њаст. Диаметри зардаи тухми мурѓ доѓи сафедеаст, ки дар он њаста љойгир аст. Њастаро ќабати тунуке, ки аз донањои зарди ситоплазма холист, фаро гирифтааст. Љанин мањз дар њамин ќисми њуљайратухм инкишоф меёбад, ќисми боќимондаи зарда ашёи ѓизоист, ки чуљаи инкишофёбандаро бо ѓизо таъмин мекунад. Диаметри њуљайратухми муш 60 мкм., гов 100 мкм. Њуљайратухми одам бо бараш 130-200 мкм. мебошад. Њуљайратухм бо парда пўшида шудааст, ки аз рўи пайдоиш аввалин, дуюмин ва сеюмин мешавад. Њуљайратухми наботот майда ва гирд мебошад. Дар мобайн њаста љой гирифта ва онро ситоплазма ињота кардааст. Њуљайратухм дар ѓўраки гул инкишоф меёбад. Нутфањо ќобилияти њаракатро доранд. Аз рўи морфология ва кам будани ситоплазма онњо аз дигар њуљайрањо фарќ мекунанд, лекин њамаи органоидњо дар онњо вуљуд дорад. Нутфаи аслї аз сарак, гарданак ва думча иборат аст. Дар ќисми пеши сарак акросома љойгир аст, ки аз комплекси Голљии шаклаш таѓйирёфта иборат аст. Љои асосиро дар сарак њаста мегирад, ки КДН дорад. Дар гарданаки он сентриол њаст. Нутфа бо думча њаракат мекунад. Андозааш доимї аст, нутфањои калон дар ѓук (тритон) ќариб 500 мкм., аз саг, барзагов, асп, гўсфанд аз 4 то 75 мкм. мебошад. Дарозии нутфаи одам аз 52 то 75 мкм. мебошад. Њамаи нутфањо заряди барќии манфї доранд. Њангоми алоќаи љинсии саг ќариб 60 млн., асп 10 млн., одам ќариб 200 млн. нутфа људо мешавад. . |