Главная страница
Навигация по странице:

  • Моддањои иловагии њуљайра ё омезањо

  • Физика. Исмоилова Л. ва диг.Биология. Вазорати тандурустии УМурии тоикистон донишгои давлатии тиббии тоикистон ба номи Абалї ибни Сино Кафедраи биология бо асосои генетика китоби якум


    Скачать 5.75 Mb.
    НазваниеВазорати тандурустии УМурии тоикистон донишгои давлатии тиббии тоикистон ба номи Абалї ибни Сино Кафедраи биология бо асосои генетика китоби якум
    АнкорФизика
    Дата09.09.2019
    Размер5.75 Mb.
    Формат файлаdoc
    Имя файлаИсмоилова Л. ва диг.Биология.doc
    ТипДокументы
    #86421
    страница3 из 17
    1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   17

    Расми 2 Сохти њуљайраи наботот
    Рибосомањои алоњида дар њузури КРН-и ахборї метавонанд ба гурўњњо муттањид шаванд ва полисомро ташаккул бидињанд. Онњо дар моддаи асосии ситоплазма љойгиранд ва ё ба пардањои шабакаи эндоплазматикии даѓал часпонда мешаванд. Дар њар ду њолат онњо њамчун љои синтези сафеда хизмат мекунанд. Таркиби кимиёвии рибосома ба таври доимист. Онњо 50% КРН-и рибосомї ва ба њамон миќдор сафедаи рибосомавї доранд. Ѓайр аз он рибосомањо дар худ магнийро нигоњ медоранд. Ба назар гирифта мешавад, ки рибосомањо аз ядроча ташаккул ёфта, сипас аз ядро ба ситоплазма дохил мешаванд. Дар полисомњои озод сафедањо ба вуљуд меоянд, ки барои фаъолияти њаётии худи њуљайра, лозим аммо дар полисомњои ин шабакаи эндоплазматикї часпондашуда сафедањои берун аз бадани њуљайра мављуд будагї истифода бурда мешаванд.

    Рибосомњои шумораашон бисёртарро дар њуљайрањои бофтањои босуръат зиёдшаванда, яъне дар њуљайрањои љанин, хуљайраи узвњои барќароркунии организмњо дарёфт кардан мумкин аст.

    Митохондрияњо сохторњое мебошанд, ки шакли чўбча, пуфак, линзачањо, ресмончањои миќёсашон аз 0,2 то 7 мкм доранд. Онњо дар аксари њуљайрањо вуљуд доранд ва шумораашон аз 150 то 1500 нусха аст. Деворањои митохондрия аз ду парда –дохилї ва берунї иборат аст. Пардаи дохилї шумораи зиёди љинсњо, монеъањо, найчањо, шонањои ба ном «кристро»-ро ташаккул медињад, ки холигии дохилии митохондрияро ба бурришњо људо мекунад. Байни кристњо матрикс љой гирифтааст, ки дар он теъдоди асосии хамирмояњо (ферментњо) вуљуд дорад. Ѓайр аз ин дар кристњо ва дар таркиби пардаи беруни сафедањо миќдори зиёди чарбмонандњо, витаминњо, рибосомањо, КРН, КДН мављуданд. Мављудияти рибосомањо ва КДН ба мухторияти муайяни митохондрияњо мусоидат мекунад. Вазифаи асосии митохондрияњо аз он иборат аст, ки дар онњо таъмини њуљайрањо нерў (энергия), табдили неруи робитањои кимиёвии маводи ѓизогиранда ба робитањои макроэнергии АТФ дар протсесси нафасгирии њуљайрагї амалї мешавад. Дар ин њолат энергия барои истифодааш дар фаъолияти њаётии њуљайра, аз љумла синтези моддањо боз њам дастрастар мегардад. Ташаккули АТФ асосан аз њисоби бо фосфор омехташавии оксид зуњур меёбад. Мањз дар митохондрияњо људоша-вии туршкунандаи карбогидратњо, кислотањои равѓанї, аминокислотањо бо озодкунии энергия ва табдили минбаъдаи он ба энергия АТФ рух медињад. Аз ин љињат митохондрияро бесабаб маркази барќии њуљайра номгузорї нанамудаанд.

    Комплекси лавњашакли Голљи бори нахуст соли 1898 дар ситоплазмаи њуљайра аз љониби олими итолиёвї К.Голљи кашф шуда ба номи ў гузошта шудааст. Ин сохтори мураккабест, ки аз пардањои доначањо ва њубобочањо иборат аст. Онро љисмчањои майда-диктиосомањо ташаккул додаанд, ки миќдори онњо дар њуљайра аз якчанд сад то якчанд њазор мерасад. Тахмин меравад, ки он пайваста пардаи шабакаи эндоплазматикиро ба вуљуд меорад. Комплекси Голљи дар дохилаш партовњои фаъолияти њаётии њуљайра, усора (афроа)-њое, ки аз берун дохил шудаанд, моддањои зањрнок ва изофањои об, ки бебоист аз њуљайра ихрољ карда шаванд, гирди њам овардааст. Ба он синтези полисахарид-њо, липидњо (чарбмонандњо), ба вуљуд омадани донањои зарда дар ситоплазма алоќаманд аст. Дар комплекси Голљии лавњашакл заррачањои субмикроскопии ситоплазма-лизосомањо ибтидої ташаккул меёбанд. Њанго-ми таќсими њуљайра ќисми комплекси лавњашакл аз њуљайраи модарї ба њуљайраи духтарї мегузаранд, њамин тариќ, ин органоид пайдоиши авлодї дорад.

    Лизосомањо – чун воњидњои пардагии дохили њуљайравї аз тарафи биохимик Де Дюв соли 1955 кашф карда шуда буд. Онњо аз њубобчањои пардањои мањдудшудаи диаметраш то 2 мкм. иборат мебошанд. Лизосомањо бо гурўњи хамирмояњои (ферментњо-гидролазањо) гидролитикии турш, ки сафедањо, кислотањои нуклеинї , полисахаридњо ва чарбмонандњо (липидњо) ба љузъњо таќсим мекунанд, дороянд. Дар байни заррањои лизосомањои аз љињати морфологї (таълимот дар бораи сохт ва шакли мављудот) мухталиф чор намудашро муайян мекунанд: лизосомањои ибтидои, сонї, аутофагосомањо ва боќимондањои љисмчањои майда. Гуногунии морфологии лизосомањо аз он сабаб аст, ки вазифаи лизосомањо-ин њал намудани пайвандњо ва сохторњои кимиёвии дохилињуљайрагї ва њамчунин вакуоли (њубоб-ча) мураккаби ѓизоњалкунандаи баромадашон њам экзогенї (берунї њуљайравї) ва њам эндогенї (дохили њуљайрагї) –ро ба вуљуд меоранд. Лизосомаи ибтидои органеллњои ѓайрифаъоланд, ки аз онњо лизосомањои сонї, ки дар онњо протсесси њосилшавии ѓизо сурат мегирад, пайдо мешаванд. Лизосомањои сонї ба гетеролизосомањо ва аутолизосомањо таќсим мешаванд. Аввалин моддае, ки ба њуљайра аз хориљ тавассути пиноситоз ва фагоситоз дохил мешванд мањлул мегарданд, сониян сохтори худи њуљайрањо нобуд мешаванд. Лизосомањои сонї, ки дар онњо протсесси њалшави ба охир расидааст, љисмчањои хурди боќимон-да номида мешаванд. Дар онњо гидролазњо вуљуд надоранд ва моддаи њалнашуда нигоњ дошта мешавад. Лизосомањо аз њисоби фаъолии ретикулуми эндоплазматикї ва апарати Голљи ташкил меёбанд. Миќдори зиёди лизосомањо дар лейкоситњо (љисмчањои сафеди хун) њастанд.

    Маркази њуљайра - ин маљмўи сентриолањо ва сентросферањо аст. Сентриолњо шакли нимсилиндри диаметраш ќариб 0,15 мкм. ва дарозиаш 0,3-0,5 мкм. дорад. Ин органоид аз ду љисмчаи чўбчашакл иборат аст, ки диплосомаро ба вуљуд меоранд. Деворањои сентриола аз 9 сегонањои найчањои хурд сохта шуда, бо минтаќаи равшантари ситоплазма ињота шудааст, ки аз он риштањои борик (сентросфера) ба њар сў пањн мешаванд. Сентриолањо дар њучайрањои таќсимшаванда дар ташаккули дукњои таќсим ширкат варзида дар ќутбњои онњо љой мегиранд, аммо дар њуљайрањои таќсимнаша-ванда онњо одатан ќутбияти њуљайрањои эпителия «луобпарда»-ро муайян карда дар наздикии апарати Голљи љой мегиранд. Чунин иртиботи сентриолњо бо апарати Голљи барои њуљайрањои хун ва асаб хос аст. Бисёр ваќт сентриолањо дар наздикии њаста љой мегиранд.

    Микрољисмчањо - њубобчањои микроскопианд, ки бо пардаи як ќабата мањдуд карда шудаанд. Дар онњо аксари њолатњо сафедаи кристалшакл мављуд аст. Дар иртибот ба вазифаи иљрошаванда ва мављудияти хамирмояњо микрољисмчањоро ба перикисомањо, ки ба љузъњо таќсимкунии H2О2-ро ба уњда дорад, људо мекунанд. Ин реаксияњо дар силсилаи (сиклњо) –табодули моддањои гуногун, масалан дар табодули тезоби кислотаи пешоб дар гурда ва љигар истифода бурда мешаванд.

    Микронайчањо – структураи доимии ситоплазма буда, парда надоранд, шакли найчаи андозааш 2,5 мкм – ро дорад. Мумкин ки онњо риштањои таќсимшавї, маркази њуљайра (сентриолњо), ќамчинакњо, мижгонакњо њосил кунанд. Теъдоди зиёди онњоро дар изофаи њуљайрањои асаб пайдо карданд. Компоненти љузъи асосии микронайчањо сафедаи тубилин ва ѓайр аз он ќариб 20 сафедањои мухталиф мављуд аст. Микронайчањо дар таќсимшавии митоз ва мейоз њангоми аз њам дур шудани хромосомањо иштирок мекунанд. Онњо дар њуљайра ситоскелетро ташкил дода, шакли њуљайраро нигоњ медоранд. Микронайчањо аз таъсири колхитсин вайрон мешаванд.

    Пластидњо – органоидњои хеле калон (баъди њаста) буда ба њуљайраи наботот хос мебошанд. Дар њуљайраи њайвонот пластидњо нестанд. Андозаи онњо аз 1 то 12 мкм аст. Дар зери заррабини равшани онњо шакли чубча, пулакча ва донача доранд. Пластидњо асосан 3 навъ мешаванд. Хлоропластњо, хромопластњо ва лейкопластњо. Хлоропластњо маъмултарин пластид-њо буда дар табиати зинда ањамияти калон доранд. Онњо дар торики тамоми массаи ситоплазмаро баробар фаро мегиранд. Сохти хлоропласт хеле мураккаб аст. Аз берун хлоропласт бо љилд ё пардаи 2 мембранагї пўшида шудааст. Асоси хлоропластњо сафедањо (ќариб 50%), хлорофилл (9-10%), каротоноидњо (1,2%), ферментњо ва ќисмњои на чандон калони КРН ва КДН ташкил менамоянд. Вазифаи асосии хлоропластњо ба пигменти таркибаш яъне хлорофилл вобаста аст. Дар ибтидои асри ХХ олими рус М.С.Цвет 2 шакли гуногуни хлорофилро људо кард: хлорофили «А» -и пигменти сабзу кабуд ва хлорофили «Б» -и зарду сабз. Чунон ки нишон дода шуд, дар таркиби хлоропластњо боз пигменти сурху норинљии каротин ва пигменти зарду тиллоранги ксантофилл дохил мешавад. Олимон М.С.Цвет ва В.Н.Любименко (1921) алоќаи кимиёвии хлорофилро бо сафедањои хлоропласт муайян карданд.

    Хромопластњо дорои ранги зарди норинљи ва сурхчаи пигменти гуруњи каротиноидњо мебошанд. Онњо дар ситоплазмаи њуљайраи узвњои мухталифи наботот (гул, мева, поя, барг) мављуданд. Вазифаи хромопласт-њо аниќ муайян карда нашудааст. Тахмин мекунанд, ки онњо хлорофилро аз оксидшави нигоњ медоранд.

    Лейкопластњо –пластидњои беранг буда дар онњо ангиштобњо, сафедањо ва равѓан љамъ мешаванд. Онњо дар ситоплазмаи узвњои беранги наботот, яъне поя, реша, лунда мављуданд. Лейкопластњо шаклан мухталиф мешаванд. Лейкопластњои лундаи картошка, ки дар онњо донањои ангиштобњо ѓун мешаванд, хеле маъмуланд.
    Моддањои иловагии њуљайра ё омезањо

    Инњо мухталифанд: доначадор, ќатраи моеъ, заррачаи ѓализ, вакуола инчунин кристалњо. Моддањои иловагии њуљайраро шартан ба се гурўњ таќсим мекунанд: трофикї секреторї ё тарашшухї ва дорои ањами-яти махсус. Моддањои иловагии њуљайра баръакси органоидњо дар њуљайра љисмњои ѓайридоимианд. Онњо дар њуљайра ваќт ба ваќт њосил мешаванд ва дар давоми њаёти он сарф мегарданд. Равѓан дар њуљайра ќатра-ќатра ѓун мешавад: махсусан дар њуљайрањои равѓани бофтањои васлкунандаи њайвонот ва тухми наботот зиёд мебошад. Аз карбогидратњо (ангиштобњо) дар њуљайра полисахаридњо љамъ мешавад ва онњо дона-донаанд. Дар њуљайраи њайвонот гликоген ва дар њуљайраи наботот оњар љамъ мегардад. Оњар махсусан дар њуљайрањои лўндаи картошка бисёр мешавад. Сафедањои иловагї дар ситоплазма дона-дона ѓун меоянд. Чунин сафедањо дар њуљайраи њамаи њайвонот (масалан моњї, обхокињо, хазандагон ва паррандагон) бисёранд. Дар ситоплазмаи њуљайратухм ин сафедањо дар намуди зарра, ки ѓизои асосии инкишофи љанин мебошад, љамъ мегарданд. Дар њуљайраи баъзе њайвонот (мављудоти соддатарин-амёбањо), махсусан, дар наботот моддањои иловаи њуљайра дар шакли кристалњо вомехўранд. Миќдори моддањои иловаи њуљайра вобаста ба њолати физиологии њуљайра ва тамоми организм таѓир меёбад.

    Ядро

    Ядро ё њаста (аз лотинї «nucleus») асосан гирд, саќошакл, чўбчамонанд, досмонанд, наълшакл, байза-вї, паррадор шуда метавонад. Шакли ядро аз шакли њуљайрањо вазифае, ки онњо иљро мекунанд вобаста аст. Баъзе њуљайрањои махсус, ки хусусиятњои таќсимшави-ро гум кардаанд, њаста надоранд (мисол - эритроситњо).

    Њаста дар реаксияњои мубодилавии њуљайра ва зиёдшавию расиши он наќши муњим мебозад. Ањамияти муњими њаста аз он иборат аст, ки вай дар протсесси таќсимшавии њуљайра хусусияти ирси ё меросиро интиќол медињад. Њаста њамеша дар ситоплазма љойгир аст. Дар њуљайрањои љавон вай калон аст ва мавќеи марказиро ишѓол мекунад. Њаста аз се ќисм иборат аст: нуклеоплазма (кариоплазма ё шираи њаста), мембранаи њаста ё љилд ва њастача (ядроча).

    Нуклеоплазма массаи асосии ядроро ташкил менамояд. Вай шаффоф ва зоњиран гомогенї менамояд.

    Шира њастаро пур мекунад вай ќисми моеъ ва ниммоъеи он мебошад. Аз љињати сохти субзарабинї (субмикроскопї) шираи њаста ба сохтори матриксї ситоплазма наздик аст. Шираи њаста моддаи ниммоеъ буда дар зери пардаи њаста љой гирифтааст ва муњити дохилї њаста њисоб меёбад. Аксари њуљайрањо як њаста доранд. Онњоро њуљайрањои якњастагї меноманд. Њуљайрањое низ мављуданд, ки 2-3 дањњо ва њатто садњо њаста доранд. Масалан - ингуна њуљайрањо дар мављу-доти соддатарин, инчунин љигар, маѓзи устухон, мушак ва бофтањои васлкунандаи њайвоноти муњрадор мављу-данд. Сохт ва вазифаи њаста дар даврањои гуногуни њаёти њуљайра мухталифанд. Њастањое, ки таќсим нашудааст, аз чузъњои зерин иборат аст: љилд, шира, њастача ва хромосомањо, пардаи њаста онро аз ситоплазма људо нигоњ медоранд ва аз ду парда (беруни ва дохили) иборат аст. Дар байни пардаи дохили ва берунї фазои танге аст, ки аз моддаи ниммоеъ пур шудааст. Сохти пардањои берунї ва даруни љилди њаста ба сохти пардаи плазмагї шабоњат дорад. Пардаи њаста масомањои сершумор дорад, ки аз онњо сафедањо, карбогидратњо, равѓанњо, тезобњои нуклеат, об ва ионњои гуногун ба ситоплазма ва аз ситоплазма ба њаста мегузаранд, яъне байни њаста ва ситоплазма мубодилаи пайваста идома дорад. Дар шираи њаста, њастача мављуд аст. Ба он аз ситоплазма моддањои гуногун дохил мешаванд ва тамоми моддањое, ки аз њаста ба ситоплазма мебароянд ѓун мешаванд.

    Њастача( ядроча) –сохтори доимї надорад, он дар аввали таќсимшавии њуљайра аз байн меравад ва дар охири таќсимшавї пайдо мешавад. Њангоми таќсимшудани њаста хромосомањо ба риштаи хеле борик шабоњат доранд ва аз ин рў онњоро бо ёрии заррабинї равшанї дида метавонем. Хромосомањои риштамонанди њастањое, ки таќсим нашудаанд дар шираи њаста љойгир мешаванд ва ба якдигар мепечанд. Њар хромосомаро алоњида фарќ кардан имконпазир аст. Хромосомањои риштамонанде, ки хеле дароз шудаанд, инчунин љузъњои онњо бо ёрии зарабинї электронї хуб аён мешаванд. Њастача дар таркибаш сафедаи турш ва КРН дорад. Ањамияти њастачањо дар њаёти њуљайра хеле калон аст. Миќдори зиёди КРН имконият медињад, ки онњоро сохторњои дар синтези сафедаи њаста иштироккунанда њисоб кунем. Таљрибањо нишон доданд, ки синтези сафедаи њуљайра асосан аз њисоби фаъолияти КРН –и сохтори њаста ва аз љумдла њастача ба амал меояд. Њастача инчунин дар синтези нуклоетидњо ва КРН ањамияти калон дорад. Ин барои тамоми њуљайра љињати асосии синтези КРН мебошад. Ѓайр аз ин њастача дар протсесси митоз иштирок мекунад.

    Хромосомањо - њангоми таќсимшавии њуљайра дар онњо љисмчањои на он ќадар калон намоён буда, бо ранги махсус ранг карда мешаванд. Аввалин маротиба онњоро соли 1888 олими олмонї В.Валдейер муайян карда буд. Ў онњоро хромосома номида буд (аз юнонї «chroma»-ранг, «soma»-љисм). Дарозии хромасома аз 0,2 то 50 мкм, диаметраш аз 0,2 то 2 мкм мебошад. Хромасома сентромер ва китф дорад. Вобаста аз љойгирии сентромер се хел хромасомањо шуда метавонанд: акросентрикї, метасентрикї ва субметасентрикї.
    1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   17


    написать администратору сайта