Независииост има. АБДУХОЛИҚ._ЭЛИТОЛОГИЯ. Донишгои миллии тоикистон зокиров г. Н., Исаев у. У. Элитология душанбе 2014 ббк Муарризон
Скачать 237.41 Kb.
|
Элитаи сиёсї - ин гуруњи калони иљтимої, соњиби сатњи муайяни таъсири сиёсї ва сарчашмаи асосии кадрњои идоракунанда барои институтњои њокимият ё давлат ва ё љамъият мебошад, номида мешавад. Методњои тадќиќи элиталогия аз маљмуъи методњои умуми илмї ва методњои сотсиологї низ иборат мебошад, ки он вобаста ба ин ё он раванди сиёсї ба вуљуд омада аз онњо ба таври васеъ истифода менамояд. Дар рафти тадќиќи сиёсї бештар ин методњо низ истифода мегарданд: Методи диалектикї - моњият, ќисм ва таркиби объекти сиёсї на дар як ваќт балки дар рафти инкишоф ошкор мегардад. Методи бихевиористї - кушиши бањамории ягона дар рафтори сиёсї бо хулосањо дар назария. Методи муќоиса – тамоми љузъиёт ба инобат гирифта мешавад барои рушди љомеа. Методи таркибї - алоќаманди бо тамоми ќисматњо бо таъмини муносибатњо миёни дўст бо дўст муњаё менамояд Методи фањмиши эмпирикї: тавсифї, анкетавї, пурсишї. Решањо ва анъанањои ќабл аз элитология Элитология њамчун илми мустаќил таърихи куњан дорад. Таърихи он саршор аз анъанањост вобаста ба таърихи ин ва ё он давлат. Тамоми назарияњои иљтимої ин назарияњои илми элитарї дониста шудаанд. Оѓози таърихи элитология. Аввалин маълумотњо дар ин бора, ин мављудияти њокимият ва нигоњдоштани он њамчун рефлекс мавќеъашро пайдо намудааст. Дар ин бобат њазорсол пеш аз мелод К.Ясперс на иттифоќан миёни солњои 800 ва 300-и пеш аз мелодро ваќти «осевой эпохой» таърихи тамоми љањон, дар замоне ки Хитой, Њиндустон, Шарќи Наздик, Юнон ва Рими ќадим нигоњњоро нисбати асотирњо ќобили иљро буд вайрон карданд, асли рўњ «доосевых культур» таркиб ёфт, вакте ки дудилагї ва нобоварї бевосита ба таљриба, новобаста аз фањмиши фалсафи пайдо мегардад. Диќќати бештарро барои нигоњдоштани њокимият афкорњои ќадимаи хитої: Гуан Чжун (ваф. соли 645 то эраи мо), Лао-Цзы (тав. тибќи сарчашмањо соли 604 то эраи мо), Конфутсия (с. 551-479 то эраи мо). Баландтарини рушду инкишофи пеш аз элитология дар Юнони Ќадим, махсусан ба асрњои VII –III то эраи мо Гераклит ( с. 540 – 480 то эраи мо), Пифагор (с. 570–497 то эраи мо), Суќурот (соли 470 – 399 то эраи мо), Афлотун (соли 427 – 347 то эраи мо), Арасту (соли 384–322 то эраи мо) идомадињандаи вай дар Рими Ќадим Сенека (солњои 1 то эраи мо – 65 то эраи мо) рост меояд. Ѓояњои асрњои миёнагии пеш аз элитологи : Августин Аврелий (354 – 430), Дионисий Ареопагит (асри V), Фомаи Аквенї (1224 –1274). Таљљдиди ѓояњои пеш аз элиталогия: Макиавелли Никколо(1469-1527). Андешањои пеш аз элиталоги парадигмањои элитарї: Мор Томас (1478-1535), Кампанелла Томазо (1568 – 1639), Уинстенли Љ. (1609 –1652), Меле Ж. (1664 – 1729), Мабли Г. (1709 – 1785), Руссо Ж. Ж. (1712 –1778), Бабеф Г. (1760–1797). Элитизм ва консепсияи таббии демократияи маданї: Локк Љ., Монтеске Ш., Гелвеций К. А. Парадигмањои элитари дар Замони нав: Шопенгауэр А., Карлейл Т., Ницше Ф. Доир ба ташаккул ва инкишофи назарияњои элита мутафаккирони давру замонњои гуногун хизмати арзанда намудаанд. Махсусан, дар Замони нав Шопенгауэр А., Макиавелли Н., Нитше Ф., Карлейл Т., сањми арзанда гузоштаанд. Дар ташаккул ва инкишофи назарияњои муосири элита афкорњои муњаќќиќони даврон гузашта ва классикони он мусоидат намудааст. Классикони элитология дар охири асри ХIХ ва аввали асри ХХ Дар илми сиёсї афкорњо ва назарияњои гуногун љойи доранд ва њар яке аз он вобаста ба ин ё он давраи таърихї тањким ёфтанд. Ин доктринањои сиёсї вобаста ба рушди љомеа ва пешрафти таърихи инсоният дигаргун гаштаанд. Инкишоф ва рушди афкорњо дар бораи элитаи сиёсї ба замони муосир рост меояд. Дар илми сиёсї элитаи сиёсї (аз забони фаронсавї elite -бењтарин, интихобшуда бар меояд) аз њисобї ќисме аз намояндагони љомеа, табаќа, гурўњ ва њаракатњои сиёсї, ки дорои сифатњои баланди корї, касбї, ва аќлонї мебошанд, фањмида мешавад. Онњо аз ин хотир аз атрофиён фарќ мекунанд. Ба корњои идориву маъмурї ва роњбарї интихоб мешаванд.1 Назарияи элитаи сиёсї њамчун системаи муайяни донишњо дар нимаи аввали асри ХХ ташаккул ёфт. Назарияи классикии элита ин таълимот дар бораи миссияи фавќуллода, иљтимої-сиёсї ва идеяњои пешрафтаи имтиёзнокест (элита), ки тавонистааст аз паси хеш инсонњои аќибмондаро бибаранд. Вобаста ба ин гуфтањо ва таќвияти он ба андешањои классикони элитаи сиёсї таваљљуњ намудем. Масъалан, дар фањми назарияи биологии элита (Р.Уилямс, Э.Богардус) таваљљуњ ба омилњои биологї ва генетикї дода мешавад. Ин назария муносибатро дар доираи хусусиятњои биологї ва асосњои таќсими инсонњо ба барљаста ва оддї, фаъол ва ѓайрифаъол ва њамчунин ба фаъолияти самаранок ва ѓайрисамаранок људо менамояд. Пасон онро мавриди омўзиш ќарор медињанд. Назарияи психологии элита (Г.Љилберт, Б.Скиннер) бошад, таваљљуњро бештар ба сифатњои психологї равона намуда, онро бештар дар асоси ѓайриоддї будани яке нисбатї дигаре мавриди диќќат ќарор медињад. Ё худ, дар назарияи иљтимої-психологии элита назар кунем, дар маркази диќќат он андешањои донишмандон ва намояндагони ин назария Фромм ва Г.Лассуэл рў ба рў мешавем. Намояндагони ин назария ба он талош менамоянд, ки нишондињанд ва муайян кунанд, навњои гуногуни хулќ (характер)-ро ба монандї њолатњои психологии њар як инсон ва њамин тавр ошкор намудани омилњои иљтимої дар њаёти инсонњо дар маркази диќќаташон ќарор гирифтааст. Муносибат дар назарияи технократии элита (Љ. Бернхэм, Љ. Гэлбрейт), ранги дигарро ба худ гирифтааст. Ин назарияи элита дар назди одамон масъулияти бештарро мегузорад. Акнун вазифаи асосии одамон ташкилотчигист, ки дар асоси он, сохторњои идоракуниро тавлид мекунад. Њамчунин барои ў лозим аст, ки роњњои дурусти «сохтори техникї»-ро, ки дар асоси рушди техника ба даст овардаанд, онро дуруст ба роњ монад.1 Дар рушди назарияи классикии элитаи сиёсї, бештар афкори сотсиологњои италиявї Вильфредо Парето (1848-1923), Гаэтано Моска (1858-1941) ва сиёсатшиноси немис Роберт Михельс (1876-1936) ва Острогорский Моисей Яковлевич (1854-1921) хизмати арзанда намудаанд. Аввалин тадќиќотњо оиди элитаи сиёсї дар шакли маќола, монография ва китоб нашр гардиданд. Њамчунин, дар маљалањои илмї: «Тадќиќоти сотсиологї», «Диалог» ва нашри «Антологияи афкори сиёсї» чоп гардиданд. Дар баробари намояндагони мактаби макиавелии назарияи классикии элитаи сиёсї њамчунин, муњаќќиќони даврони бадина дар ин самт корњои илмию тадќиќотї (Р. Арона, А. Гофмана ва дигарон) анљом доданд. НАЗАРИЯИ ЭЛИТАРИИ ПАРЕТО. Аслан, рушди назарияи классикии элитаи сиёсї ба охири асри ХIХ ва аввали асри ХХ рост меояд. Дар ин самт наќши олими итолиёвї В.Парето хеле назаррас аст. Ў бо ѓояњои пешнињод намудаи хеш оиди элитаи сиёсї дар амалияи љамъиятї тавонистааст таъсир расонад. Ин боиси ворид гардидани мафњуми «элита» дар илми сиёсї гардид. В.Парето дар асараш «Рисола дар бораи сотсиологияи умумї» андеша менамояд, ки њаёти сиёсї мубориза ва ивазшавї, «даврзании» элита мебошад. Љомеаро дар њар сурат одамоне идора менамоянд, ки сифатњои хосаи психикї ва иљтимої доранд. Ба андешаи ў одамон мутлаќо аз якдигар фарќ менамоянд. Инсонњо бартарињои зиёд доранд ва нишондињандањои бењтаринро соњибанд, элитаро ташкил медињанд. Элита, асосан дар се соњаи пешрафти иљтимої ташаккул меёбад: соњањњои сиёсї, иќтисодї ва аќлонї. Њамзамон ѓояњои элитизми ў тавонист ба сохтори идоракунии Франсия таъсир расонд. В.Парето љомеаро чунин таснифот намуда буд: табаќи болої ва поёнї, олињимат ва бенаво, ашрофзодагон ва инсонњои оддї ва ѓайра. Дар ин таснифот аз ѓояњои Конфутсия, Афлотун, Макиавелли, Карлейля, Ницше ва дигарон истифода гардидааст. Дар шакли унверсалї ин ягона назарияи элитариест, ки тавонистааст, назарияи мувозинат ва назарияи интихоби иљтимоиро бунёд намояд. Назарияи элитаи сиёсї аз љониби намояндагони афкори сиёсї, мислї В.Парето, Г.Моска, Р.Михелс ва дигарон ба он гуногун муносибат менамоянд. Онњо дар њама њолат, њокимияти аќалиятро, ки онро В.Парето «элита», Г.Моска «синфи сиёсї», ном бурдааст. Роњбарии «бесалоњият»-ро синфи муайян ба душ гирифтааст. Яъне, дар њама ваќт ва дар њама љо, Г.Моска ќайд менамояд, ки синфи муайян њокимиятро дар даст дорад ва оммаро аз паси хеш мебарад. Синфи њоким барои ба амал бароварданї идоракуниаш чорањоро меандешад.1 Яке аз чењрањои шинохтаи илми сиёсї В.Парето мебошад, ки ў бо назарияи классикии элитарии хеш дар илми сиёсї мавќеъи назаррасро ишѓол намудааст. Назарияи элитарии В.Парето бо хосиятњои тафовут доштаи њолати табиию ахлоќї ва аќлониву зењнї инсонњо махсус ишора менамояд. Яъне, таъсири омилњои иљтимої ва писихологї дар ташаккул ва рушд элита ва интихоби он мусоидат менамояд. Аз ин рў љомеа ба табаќањои гуногун тасниф мешавад ва дар инљо бартариро ќобилияти инсонњо касб менамояд. В.Парето элитаро ба ду ќисми асосї људо менамояд: элитаи њукмрон ва аксулэлита Инсонњое, ки бевосита ё тавассуте дар идораи љомеа иштирок доранд ва касоне, ки дорои хосиятњои зарурианд, вале њукмронї карда наметавонанд. Раќобат, муќовимат ва муборизаи байни онњо хосияти доимї мегирад. Бењуда нест, ки В. Парето дар асараш «Пешрафт ва фанои элита» менависад, ки таърихи инсоният — ин таърихи ивазшавии доимии элита мебошад. В.Парето бештар дар чорчубаи илмњои љамъиятї махсусан, иќтисодиёт, сотсиология, сиёсатшиносї ташаккули элитаро баён намудааст. В.Парето дар доираи сотсиологияи позитивї на талаботњои илмї балки, њолати оппозитсионї нерўњњоро дар доираи системаи муайяни илмї-назариявї ба роњ монда дар чорчубаи догма ва сатњи иљтимоии табаќањо барои рушд ва њимояи манфиатњо равона гардидааст. Ба ѓояњои В.Парето бештар гузоришњои либераливу позитивї, индивидуалистї ва аристократї. таъсир расониданд. В.Парето љомеаро ба табаќањо људо намуда, аз миёни онњо элитаро пайдо менамояд. Инсонњое, ки дар зинаи баланд, чї аз љињати аќлонї ва зењниянд. Дар њама навъи љомеа аќаллияти муайяни афзалиятнокро соњиб мегарданд. В.Парето онњоро элитаи љомеа меноманд. Ў меёрњои зиёдро дар таќсими љомеа ба инобат гирифта, дар њамин замина нобаробарии индивидњо ва ќобилияти одамон бо тамоми самтњои њаёти иљтимоияшон ошкор намудааст. Афродњо, таъсир ва нуфузи худро дар доираи љомеаи амалкунанда, элита худро бунёд месозанд. Инро В.Парето дар навъњои зерин тасниф намудааст: тиљоратї, сиёсї, њарбї ва динї. Ин навъњои элита тарѓибгари ѓояњо ва консепсияњои муайяни њаёти хеш мебошанд, ки он дорои салоњият ва њуќуќњое мебошанд, ки дар ин самт элита њамчун де-факто шинохта шудааст. В.Парето баъзе пањлуњои масъалањоро хеле хуб ва равшан кушода дода аст. Яъне, на њамаи аъзоёни воридшаванда ба сафи элита, ба талаботњои мафњуми «элита» љавобгў буда наметавонанд. Аз ин хотир ў элитаро ба болої ва поёнї људо менамояд. Элитаи болої дар навбати худ ба ду гурўњ таќсим мешавад: идоракунандагон ва ѓайриидоракунандагон. Навъи дуюми элита ба ќисматњо људо намешаванд.1 Ба элитаи идоракунанда њокимонро дохил менамояд ва наќши элитаро бисёр хуб ва таъсирбахш дар кори идоракунї љомеа нишон додааст ва онро дар назарияи «даврзании элита» хуб тасниф намудааст. Дар ин назария бештар таваљљуњ ба ташаккул, рушд ва фанои элита дода шудааст. Махсусан, аз оѓози пайдоиши муносибатњои њарбї, ашрофзодањои динї, тиљоратї ва плутократї бо хурдтарин таѓйирот дигаргун гардид.2 Даврзании элита ин бо роњњои гуногун ба амал меояд. Он бештар бо воситаи зўрї, табаддулот, инќилоб, исён маъмултар аст, ки њадаф дигаргунии кулли дар љомеа мегардад, ки ин боиси даврзании элита мегардад. В.Парето дар таснифоти навъњои элита махсус ду навъи онро ишора мекунад, ки таърихи инсоният ин ивазшавии онњост. Ба навъи аввал «шерњо» ном гирифтааст, он хоси њокимонест, ки хусусиятњои далерї, даѓалї, зўрї ва монанди онњо ба он хос аст. Ба навъи дуюм бошад, «рўбоњон» дохил мешаванд, ки ба он њокимоне дохиланд, ки бештар бо доштани сифатњои демагогї, макру њиял фиреб дар љомеа мавќеъи пайдо намуданд.3 Давраи њукмронии «шерњо» бештар хосияти рукутро мегирад. Дар замони њокимияти «рўбоњон» динамизми љомеа таъмин мегардад. Зарур аст, ки барои инкишофи мутаносиб ба њокимият ворид гаштани њам «шерњо» ва њам «рўбоњон» хосияти мутассил пайдо намояд. Назарияи демократии Парето оиди ба элитаи сиёсї то як андоза нобоварї ва шакокиест, ки дар режимњои демократии мушоњида мешавад. Парето онро афлотун-демократия ном бурдааст. Чунки дар њокимият элитаи навъи «рўбоњон» роњ ёфтааст. Тарѓиби њокимият ва мутобиќат ба ин сиёсат ба њамин навъи рост омадааст. Масъалан, Б.Муссолини роњбари ќаноти чапи сотсиалистони италиявї, аввалин њизби фашистиро ташкил намуда буд. Ў кўшиш менамуд, ки андешањои сиёсии худро бо таълимотњои дигар ќиёс намояд. Яъне, назарияи ў ба ѓояњои элитарии Афлотун, Г.Гегел ва консепсияи «давлати органикї» такия менамуд. Консепсияи мазкур дар асоси ѓояњои иродагї ташаккул ёфта. Бештар давлат ва хосиятњои элитарии њокимони сиёсиро инъикос намуда, љанг ва экспансияи давлатиро тарѓиб менамуд. В. Парето таъкид менамояд, ки њар гуна элита аз музаффариятњо ќаноатманд мегардад ва бо њамин њушёриро аз даст дода, нерўи эљодиро гум менамояд. Аз чунин њолат аксулэлита истифода намуда, барои њокимият мубориза мебарад. Элитаи њукмрон бо ихтиёри худ аз њокимият даст намекашад ва аз ин хотир, элитаи эњтимолї муборизаро пурзўр мегардонад. Ба зўрї, табаддулот ва инќилоб, ки «умуман барои љомеа фоидаоваранд» рў меорад. Ў љонибдори аз элитаи «шерњо» мекард ва чунин меандешид, ки он боиси пешрафти љомеа мегарданд. Дар баробарї В.Парето, Г.Моска низ оиди элита афкори хешро баён намудааст. НАЗАРИЯИ ЭЛИТАРИИ МОСКA. Гаэтано Моска (1858--1941) сиёсатшинос ва сотсиологи сиёсии италиявї, яке аз асосгузорони элитология мебошад. Хизмати асосии Г.Моска дар тадќиќотњояш зоњир мегардад. Г.Моска объекти элитаро ба ќисматњо људо намуда, ќонун ва ќоидањои амалкардан, расидан ба њокимият, сабабњои аќибравию таназзули элита ва ивазшавї элита бо контрэлитаро тањлил намудааст. Тамоми афкори ин донишманд, дар осораш гирд оварда шудааст. Г.Моска дар соли 1896 китоберо бо номи «Элементњои илми сиёсї» нашр намуд ва он вобаста ба талаботи љомеа дар соли 1923, аз нав нашр гардид. Дар соли 1939 ин китоб ба забони англисї ва дигар забонњои аврупої тарљума гардид. Нашри сеюми ин асар бо номи «Синфи њоким», муаллифро ба арсаи љањонї муарифи намуд. Мафњуми «элита»-ро Г.Моска бо иборањои «синфи идоракунанда» ва «синфи сиёсї» синоним медонад. Баъдтар вай ишора мекунад, ки синфи сиёсї ин заминаи бунёд кунандаи синфи идоракунанда мебошад. Дар њаќиќат, мафњуми «синфи идоракунанда», нисбати ибораи «синфи сиёсї» васетар мебошад. Яъне, синфи сиёсї, танњо фарогирандаи таркиби элементњои сиёсии љомеа набуда, балки самтњои њаёти иќтисодию маданиро фаро мегирад, ки он боиси мустањкамии элита мегардад. Мафњуми «синфи њоким» бошад, натанњо гуруњњои њокимиятхоњ ва оппозитсионї фањмида мешавад. Балки он фарогиранда ва ба танзимдарорандаи тамоми муносибатњои љамъиятист. Г.Моска дар асараш «Асосњои илми сиёсї» (1896), мушахассан оиди ќонунњои рушди иљтимої-сиёсї љомеа андешањояшро баён намудааст. Ў ќайд менамояд, ки љомеаи мутамаддинро њама ваќт равшанфикрон ва пурќувватон идора мекарданд ва вобаста ба ин, љомеаро ба ду синф људо менамояд: синфи идоракунандагон ва синфи идорашавандагон. Аввалан, синфи њукумрон дорои ќобилияти ташкилотчигї, афзалияти моддї, зењнї ва ахлоќї мебошад. Баъдан, љомеа њамчун организм талаб менамояд, ки элитаи сиёсї дар таѓйирот бошад.1 Бо роњи эволютсиони синфи сиёсї таѓйиротро ба бор меорад. Ин бо воситаи ду тамоюл: аристократї ва демократї ба амал бароварда мешавад. Тамоюли аввал бар он мекўшад, ки меросиятро нигоњдорад. Аммо синфи сиёсї талош мекунад, ки ањолиро дар доираи анъанањо дар амалия њифз намояд. Тамоюли демократї бошад, аз њисоби синфњои сиёсї, сафи элитаи сиёсиро нав мекунад. Ин аз њисоби синфи идорашаванда ва табаќаи поёнї сурат мегирад. Махсус, се љињати ташаккули синфи сиёсиро, ки ба элита таълуќ дорад, дар назарияи элитарии Г.Моска чунин ишора шудааст: љасорати њарбї, бойгарї ва муќаддасон (руњониён). Ин синфњои ишорашуда аз љињати аќлонї ва бойгари нисбати омма бартариро дар љомеа соњибанд. Аз як љониб њамчун синфи сиёсї барои њимояи манфиатњои ањли љомеа ва барќарори арзишњои он талош менамоянд. Ин талошњо ва муборизањо дар ду симо зоњир мегардад: де-юре, де-факте. Дар рушди элитизм, барои таќвияти афкорњо ва тањкими он донишмандони соњањои гуногуни њаёти љамъиятї, дар њар давру замон андешањояшонро баён намудаанд. Г. Моска ба демократия назари хуш надорад. Онро утопия дониста, роњ ба сўи «диктатура» мењисобид. «Демагогњо» (авомфиребї) оммаро бо њилаю найранг истифода менамоянд. Интихоботро воситаи таѓйироти элита медонист. Интихобот, ба андешаи Г. Моска дар њељ сурат шакли назорати омма аз рўи њокимон нест. Масъалан, ѓояњои иљтимої-сиёсї, ки дар охири асри ХVIII дар Италия аз љониби олимон, аз ќабилї О. Конт ва Г. Спенсер, П. Кабанис ва Дестют де Траси пешнињод гардидан ва онњо дар муайян намудани таъсири омилњои писихологї-физиологиро дар њодисањои љомеа, махсус ишора намуданд. Назари элитарии Г.Моска меъёрњоро оиди элита нишон додааст, ки он аз љињати илмї ва методологї хуб гурўњбанди шудааст. Меъёрњои асосиро ба таври субъктивї, элита бояд риоя намояд. Он аз дарки махсусиятњои пурраи раванди сиёсї дар тули таърих дарак медињад.1 Г.Моска бо ѓояњои илмї хеш дар инкишофи љомеаи италиёвї сањми назаррас гузошт. Аммо, наќши В.Пареторо нодида гирифтан хатост, чунки ў асосгузори назария элита дар Италия шинохта шудааст. Дар маљмуъ метавонем ишора намоем, ки таѓйиротњоро дар шакли парадигма дар тадќиќотњои иљтимої-сиёсї хеле хуб овардааст. Яъне, гузариш аз консепсияи классикии либерализм ба консепсияи элита мебошад. Ў аз ѓояњои либералї ва сотсиал-демократия дар њаёт истифода намуда, принсипњои либерализм ва демократияро маќсади олї ва њаќиќии дар кори системаи парламентии намедонад. Балки ишора мекунад, ки дигаргунињо боиси бунёди парламенти демократї ва манархї мегардад. Бањс миёни Г.Моска ва В.Парето дар бораи элита ба љомеае таълуќ дорад, ки он дар нимаи аввали асри ХХ мављуд буд. Имрўз фаъолияти элита дар олами мутамаддин меъёрњо бемаќсадиро касб кардааст. Дар назарияи њарду донишманд, бо мафњумњое («элитаи идоракунанда» В.Парето ва «синфи идоракунанда» Г.Моска) дучор меоем, ки он дар њошияи рушди давлат ва таъсирбахши, дар эњсоси њуљљуми тотолитаризм зоњир мегардад. |