Главная страница
Навигация по странице:

  • Афкори М.Я. Острогорский

  • Назарияи «ќонуни оњанини алигарх»-и Р.Михелс

  • Самтњои мактаби макиавеллии элитология

  • Таълимотњои муосири элитология

  • НАЗАРИЯИ АРЗИШИИ ЭЛИТА. Ценностные теории

  • Элита бар асоси вазифаи роњбарї нисбатан муттањидкунанда баромад мекунад

  • 3. Бањамалоќамандии миёни элитаи њукумрон ва омма

  • Элита – таъсир ва назорат намуданро дар њама љомеа дорад.

  • НАЗАРИЯИ ЭЛИТАРИИ ДЕМОКРАТИЯ

  • Независииост има. АБДУХОЛИҚ._ЭЛИТОЛОГИЯ. Донишгои миллии тоикистон зокиров г. Н., Исаев у. У. Элитология душанбе 2014 ббк Муарризон


    Скачать 237.41 Kb.
    НазваниеДонишгои миллии тоикистон зокиров г. Н., Исаев у. У. Элитология душанбе 2014 ббк Муарризон
    АнкорНезависииост има
    Дата20.04.2022
    Размер237.41 Kb.
    Формат файлаdocx
    Имя файлаАБДУХОЛИҚ._ЭЛИТОЛОГИЯ.docx
    ТипЛекция
    #486754
    страница5 из 10
    1   2   3   4   5   6   7   8   9   10

    НАЗАРИЯИ ЭЛИТАРИИ МИХЕЛС. Роберто Михелс сиёсатшиноси шинохтаи немис буда, дар рушди мактаби италиявї элитаи сиёсї сањм гузоштааст. Ў дар баробари намояндагони назарияи классии элитаи сиёсї мавќеи назаррасро бо ѓояњои элитаризмаш ишѓол намудааст. Дар асараш «Сотсиологияи њизби сиёсї дар шароити демократї» (1911) аз манфиатњои гурўњи њимоя мекунад. Ў ќайд менамояд, ки «љомеа наметавонад бе нерўњои њукумронкунанда ва синфи сиёсї, гарчанде ки элементњои онро дар шакли нав барќарор менамоянд», мављудият намояд ва њамин тавр мављудияти синфро таъмин намояд. Он «доимо бо омилњои эволютсияи иљтимої» амал мекунад.2

    Р.Михелс ишора менамояд, ки љомеа ва ташкилотњои дигар дучори њукумрони олигархия мегарданд. «Њар нафаре ташкилот мегўяд, ў олигар мегўяд» ин «ќонуни оњанини олигархия аст». Ишора ба њизбњои сотсиалистї мекунад ва ишора мекунад, ки имконияти азнавбунёдии олигархии он мављуд аст. Яъне тибќи низоми мављуда роњбарони њизбњои сиёсиро интихоб менамоянд. Пас онњо масъул дар назди интихобкунандагонашон мебошанд ва ба амалбарорандаи сиёсати њизбї баромад менамоянд.

    Р.Михелс пайдоиши олигархияро ба табиати психологии омма ва ташкилот алоќаманд медонад. Дар њамин пайвастагї ишора менамояд, ки мутобиќат накардани ташкилоти муосири бюрократї ва демократї ин сабаби пайдо гардидани афкори нави сиёсї дар љомеа мегардад, ки ин хоси таълимоти муосири сотсиологияи сарварї, ташкилотњои њизбї ва бюрократия мебошад.

    Аслан, Р.Михелс дар тањкими назарияи элитаи сиёсї бо ѓояњои тањкимбахши «демократия» бо воситаи ташкилот сањми худро гузоштааст. Ў дар ташаккули элитаи сиёсї тамоми муносибатњоро ба ташкилотњои сиёсї ва оммавию љамъиятї бурда мерасонад.
    Ќайд намуд, ки дар ташаккули назария классикии элитаи сиёсї наќши донишмандон В.Парето, Г.Моска, Р.Михелс хеле назаррас аст. Дар баробари ѓояњои намояндагони классикони назарияи элита афкорњои дигари олимон дар рушди элита дар ин ё он давра баён гардидаанд. Маљмуъи ѓояњо пешнињодгардида боиси ташаккули назарияњои муосир элитаи сиёсї, дар олами муосир гардианд.
    Афкори М.Я. Острогорский оиди элита бештар дар доираи анъанаи бюрократї ва њизбњои алигархї равона гардидааст. Дар раванди фаъолияти њизби сиёсї дастгоњи он аз аъзои ќаторї људо мегардад ва элитаи њизбиро ташкил медињад. Ин њолатест, ки демократияро ба олигархия табдил медињад.

    Афкори классикони назарияи элитаи сиёсї боиси он гардид, ки элитаи сиёсї дар њар як давру замон вобаста ба шакли идоракунии давлатњо дар навъњои гуногун аз худ дарак додааст.


    Назарияи «ќонуни оњанини алигарх»-и Р.Михелс

    Р.Михелс исбот менамояд, ки системаи идоракунї дар љомеа дер давом намекунад, монанди идеологияи фашистї ва дигаре Мусалинї. Вай кушиш намудааст, нишон дињад чї гуна принсипњои демократия дар кишварњои ѓарбї дар дохилї нерўњои ташкилотњои сиёсии љомеа «майли алигарх» ва ташкилотњои оммавию сиёсї: њизб, иттифоќи касаба ва иттињодияњои љамъиятї доранд. Р.Михелс сабабњои бавуљудои демократияро дар чунин тасниф мебинад:

    1) дар моњияти (љавњари) инсон;

    2) дар моњияти муборизаи сиёсї;

    3) дар моњияти ташкилот.

    Ў аз он хотир, демократияро дар симои алигарх медид, ки њама ба он хизмат мекард. Ќобилияти алигархро дар «сабабњои писихологї (писихологияи омма ва писихологияи ташкилот), љузъан хос (ќонунњои таркиби ташкилот)», мебинад ва аз њамин хотир наќши асосиро ба омилњои гурўњи аввал марбут медонад. Иштироки синфи њукумрон дар шароити демократї дар алоќамандї ва вобастагии «омма» раванди сиёсиро бунёд менамоянд.

    Мафњуми «омма» дар фањми Р.Михелс ин таъмини писихологї ва њамчунин маљмуи таснифотии тамоми њолати писихологї он: бо бепарвогии сиёсї, бесалоњиятї, эњтиёљ ба роњнамої, эњсоси ташаккули роњбар, ниёзи эњтиром ба сарвар ва ѓайра баромад менамоянд. Бо њамин сабаб «омма» наметавонад худро худаш мустаќилона идора кунад.

    Ин гуруњро дар њокимият ва чорчубаи парлумони демократї, чењрањо намояндагї менамоянд ва онро бо номи «ташкилоти омма» ном мебарад. Он дар асоси «принсипи ташкилот» аз љониби «омма» рушд мекунад. Апарати ба маќом расонандаи сарварон ин «омма» баромад менамояд. Аммо ў истиќлолияти оммаро эътиром намекунад.

    Масъалан, Афлотун оиди омма чунин андешаро баён намудааст. Чунки ў њам, њимоя аз идораи алигархї мекард ва ба омма чандон эътибор надодааст. Ў оммаро тўдае мењисобид, ки аз аќлу заковат дур аст. Оммаро аз идораи корњои давлатї ва љамъиятї дур кардан мехост. Идораи корњои давлатиро хосї баргузидагонї љомеа медонист. Демократњои Юнони Ќадим бошанд, иштроки њамаи шањрвандонро дар идораи давлат зарур мешумориданд. Албатта, сухан дар боби инсонњои озод мерафт.

    Ситсирон дар зери мафњуми «омма»: «ба њам омадани одамонро медонист, ки байни худ дар масъалаи њукукњо ва умумияти манфиатњо ризоият доранд».1

    Дар даврони Асрњои миёна низ, дар зери таъсири идеологияи динї итоати оммаи мардум ба њокимон зарурати илоњї дониста мешуд. Танњо дар Замони Нав муносибати мутафаккирон ба омма ва маќоми таърихии он куллан дигар гардид. Буржуаз, ки ба муќобили сохти табаќавии асри миёнагии баромад менамуд дар мубориза аз шиори «тамоми њокимият аз они халќ аст» васеъ истифода мекард. Онњо бештар аз њуќуќї табии халќ оиди ба муайян намудани сохтори давлатї ва њуќуќи муборизаи он бар зидди бедодгарињои сиёсї ёдовар мешуданд. Дар зери мафњуми халќ тамоми ањолиро мефањмиданд.

    Г.Моска чунин андеша дорад: њокимияти халќ, демократияи воќеъї ва сотсиализмро утопия мењисобад, ки ба ќонуниятњои љомеа ва табиати инсонї мувофиќ нестанд. Њокимият дар њељ сурат наметавонад, њокимияти халќ бошад. Фаќат метавонад њокимият ба манфиати халќ хизмат намояд.

    Тањќиќи сохтори алигархии њокимият онро нишон медињад, ки устувории њокимият дар симои як нафар, махсусан аз љониби њизб ва ё иттифоќи касаба бо роњбарии аќалият ва аксарият таъмин карда мешавад.

    Ба фањми Р.Михелс элитаи сиёсї мањсули писихикаи «миллї», «характери элитарии миллат» њамчун, тањким ва рушддињандаи гурўњи њукумрон баромад мекунад. Дар таркиби синфи њукумрон вай се элементи мустаќил: сиёсї, иќтисодї ва зењниро мебинад. Њар яки он дар шароити махсуси таърихи бунёди њокимиятро метавонад дар шакли «сиёсї-иќтисодї», «сиёсї-зењнї», ё ин ки «иродаи синфи сиёсї» буднёд намояд, баён намудааст.

    Дар соли 1920, буњрони институтњои парлумонии демократї дар Италия ва Германия, наќши асосии пешбарро ба «иродаи синфи сиёсї» вогузор намуда буд. Таљассуми ѓояи «иродаи синф» аз нигоњи Р.Михелс, ин дар симои ташкилотњои италиявию фашистї зери роњбарии саромадони режимњои давлатњои Италия ва Германия медид.

    Дар натиља консепсияи элитизм љонибдорон ва мухолифони худро пайдо намуд. Мухолифон ва мунаќидон назария номувофиќии онро бо идеяи демократия ва худидоракунї нишон доданд. Онњо иштибоњ будани назарияро эътироф карда, наќши шахсиятро дар сиёсат ба инобат нагирифта, наќши таъсиррасонии оммаро ба њокимият љонибдор мебошанд.

    Мухолифон ва мунаќќидон бошанд, нолозимии психологизмро дар рафтори сиёсї ва сабаби нобаробарии сиёсї дар љомеа эътироф менамоянд. Намояндагони охири элитизм назарияњои асосиро дар шароитњои нави иљтимої инкишоф доданд.


    Самтњои мактаби макиавеллии элитология

    Ба вуљудоии консепсияњои муосири элита ин аксуламал ба назарияи демократия ва таълимоти марксистї дар бораи наќши омма дар раванди идоракунї мебошад. Дар аввалин назарияњои муосири элитарї танќиди демократия мушоњида мегашт. Дар чунин мавќеъ файласуф ва таърихчии рус Л. П. Карсавина ќарор дорад. Он ќайд менамояд, ки давлати демократї хосияти анархисти дошта, комилан аз тарафи њалќ (демос) идора карда намешавад, сањми парламент дар раванди ќабули ќарори сиёсї таљассумгарї манфиатњои умум набуда, кабинет каму беш риштањои идоракуниро дар даст дошта, ягона элементи пайвастаи њокимият ин бюрократия мебошад.1

    Дар нимаи дуюми асри ХХ доир ба таркиби элита дар байни олимону донишмандон андешањои гуногун ба вуљуд омад. (Ин ѓояњо дар бораи элита баъди љанги дуюми љањон бештар пањн гардиданд.) Онњо бештар дар доираи муносибати мухталиф сурат мегирад. Консепсияи элитаи Парето, Моска ва Михелс як навъи мактаби макиавеллист, ки он таконе ба омўзиши масъалаи мазкур оѓоз бахшид. Ѓояњои мутањидкунандаи консепсияи мазкур аз инњо иборат аст:

    - сифатњои махсуси элита, алоќаманд бо мањорати таббиї, маърифат, идоракунї ва ё доштани ќобилияти идоракунї ё хоњони мубориза барои њокимият;

    - элита гуруњи мутањидкунанда. Ин гуруњи мутањидкунанда, натанњо муттањидгари касбу кори гуногуни љомеа, мавќеъи иљтимої ва манфиатњо, балки вай худогоњии элитарро дар љавњарї хеш бо доштани майли роњбарии љомеа соњиб гардидааст;

    - эътирофи кардани элита дар тамоми љомеа, ва таќсими њатмии он ба њокимияти бунёдгардидаи имтиёзнок, ки ба фаъол ва ѓайрифаъол људо мегардад. Чунин таќсимбандї сарчашмаи худро аз ќонунњои табии инсон ва љомеа мегирад. Гарчанде њайати шахсии элита таѓйир ёбад, аммо муносибати њокимияткунанда бо омма моњиятан таѓйирнопазир аст. Њамин хел мисолњоро аз таърихи таѓйиротњои љомеа овардан мункин аст: ќабила, монарх, аъёну ашроф, камиссари халќї ва котиботи њизбї, вазир ва президент, њам муносибати њукумрон ва тобеъ байни њам ва инсонњои оддиро доимо сарњадро нигоњ доштанд;

    - ташаккул ва ивазшавии элита бо роњи мубориза барои њокимият. Аз имтиёзњои хеш њокимиятдорон ба таври васеъ барои бењбудии вазъи иљтимої ва писихологии одамон истифода менамоянд.

    - дар сохти умумии роњбарї ва њокимиятдорї наќши элита дар љомеа меафзояд. Он барои бењбудии сохти љамъиятї вазифањои идоракуниро кушиш менамояд самаранок амалї намояд. Њамзамон барои нигоњ доштани анъанаи идоракунї, омма сифатњои барљастаро ба худ мегирад.

    Назарияи элитаи макиавелї чунин ќисматњоро ба худ фаро гирифтааст, ки он ба муболиѓаи омилњои писихологї, антидемократї ва ба эътибор нагирифтани ќобилият ва фаъолияти омма, норасогии эволутсионии љомеа ва бењбудии тамоми љомеа дар шароити мављудияти давлатњои муосир ва умуман, тамоми муносибатњое, ки барои муборизаи њокимият анљом дода мешавад, равона гардонидааст. Ин ва дигар ќисматњо асоси онро ташкил медињад.
    Таълимотњои муосири элитология

    Дар олами муосир таълимоти гуногун оиди элитаи сиёсии љомеа мављуданд. Дањсолањои охир як ќатор таълимоњоеро пеш овард, ки барњаќ дар тадќиќи элита ва элитология сањми бенињоят зиёд гузоштаанд: назарияи элита, назарияи арзишии элита, назарияи элитарии демократия, назарияи плюралистии элита, назарияи либералии чапи элита, консепсияи неоэлитизм, доктринањои техмократї, неоконсервативии элитаи сиёсї ва ѓайра.

    НАЗАРИЯИ ЭЛИТА. Асосгузоронии назарияи элитаи муосир ин сотсиологњои италиявї Г.Моска ва В.Парето мебошанд. В.Парето элитаро чунин таќсим намудааст: элитаи иќтисодї, элитаи сиёсї ва элитаи муќќадасон.

    Њамзамон ўро асосгузори назарияи функсионалии элита ном мебаранд.
    Он был родоначальником функционалистской теории элиты. Согласно мнению итальянского института политики любому обществу присуща элитарность. В основе этого лежит факт естественных различий людей: физических, психологических, умственных, моральных. Эта элита характеризуется особыми политическими и организаторскими качествами. Массы признают право элиты на власть. Элиты сменяют друг друга в ходе борьбы за власть, поскольку добровольно власть никто не уступает. Факт существования элиты практически никем, кроме марксистов, не опровергается. Хотя у различных школ социологов и политологов на этот счет имеются противоположные мнения.

    НАЗАРИЯИ АРЗИШИИ ЭЛИТА.
    Ценностные теории (В.Ропке, Ортега-и-Гассет). Элита - это слой общества, наделенный высокими способностями к управлению. Элита есть результат в большей степени естественного отбора лиц с выдающимися качествами и способностями управлять обществом. Формирование элиты не противоречит принципам демократии. Социальное равенство людей должно пониматься как равенство возможностей.
    Он элитаро унсури муњими инкишофи љомеа медонад, дорои имконият ва ќобилияти хоси њалли масъалањои давлатиро дорад. Мавќеъи худро дар муносибатњо аз рўйи арзишњои демократї ба роњ монда, рушди назарияи элитариро дар њаёти воќеъии давлатњои муосир мебинанд. Гуногуншакли арзишњои консепсияи элита тафовутро дар дараљаи њимояи аристократизм, муносибат бо омма, демократия ва ѓайрањо зоњир мегардад. Дар ин љо мавќеи љамъиятии элитаи сиёсї ба манфиатњои тамоми љомеа мувофиќ аст. Наќши элита дар ќабули ќарорњо ва идораи љомеа зоњир мегардад. Омма бошад ќарордоди элитаро амалї мегардонад. Элита як навъи интихоби табииро мемонад, ки ба маќсади идораи љомеа ба амал меояд. Он на танњо натиљаи мубориза барои њокимият аст.

    Элитаризм ба таври ќонунї аз баробарии имкониятњо сар мезанад ва ба демократияи намояндагї мухолиф нест. Одамон бояд имкониятњои баробари ибтидої дошта бошанд. Аз хотире, ки онњо ќобилияти гуногуни табиї ва аќлонї доранд ба натиљањои гуногун соњиб мегарданд. Самтњои онро метавонем чунин баён намоем:

    1. Элита дар љомеа мавќеъи назаррасро соњиб мебошад ва он ба тамоми соњањои таъсири хешро мерасонад. Элита, элементњои зиёди системаи љамъиятиро бо арзиш ва талаботњояш фаро мегирад. Дар раванди рушди љомеа бештар истифодаи арзишњои пешин ва талаботњои даврони муосир, муайян кунандаи вазифа ва арзишњо мегардад. Ин далолат аз он менамояд, ки дар љомеа муосир бо тадриљ мавќеъи намоёнро барои худ одамон пайдо мекунанд. Њамин тавр дар љараёни таърих ивазшавии аристократия, дар навбати аввал табиќ кардани ахлоќ, бомаърифатї ва маданият, соњибкорї ва амалњои дигаре ки дар љомеа лозиманд. Охирин бошад, дар навбати худ, ивазшавии менељер ва одамони баландмаърифат боиси таѓийроти љомеаи муосир мегардад, ки он идоракунии босалоњиятро ба миён меорад. Назарияи арзишии элита, дар олами муосир баъзе хусусиятњоеро ба худ гирифтааст, ки он аз даврони љомеаи индустриалї ва посиндустриалї оѓоз мегардад, ки дар ташаккули элитарї сањм гузоштаанд. Азбаски «молу мулк дар дасти синфи њукумрон аст ва он намехоњад ба гуруњи њукумрон, пас аз ин бо роњи хунин ва ё тасарруфи молу мулк, балки дар асоси класификатсияи амалї ба амал бароварда шавад.

    2. Элита бар асоси вазифаи роњбарї нисбатан муттањидкунанда баромад мекунад. Элита – одамонро иттифоќ не, балки њамчун гуруњњои манфиатхоњи эгоистї умуман, чењрањои њамкорро дар доираи неъматњо тарбия менамояд.

    3. Бањамалоќамандии миёни элитаи њукумрон ва омма начандон хосияти иљтимої ва сиёсї дорад. Чї дар сатњи роњбарї, њукумронї, ки он бар асоси ягонагї ва муттањидї ба вуљуд омадааст. Наќши асосии элита болої роњбарикунанда аз поёнї бештар аст, ки он аз таљриба андухтааш муносибатњоро аз рўи таљриба ба амал мебароранд. Элита кафили њимояи тамоми манфиатњои шањрвандон аст.

    4. Ташаккули элита - на онќадар натиљаи хубро муборизањо барои њокимият, чанде анљом дода мешавад. Аммо, арзишеро дар љомеа соњиб намегардад;

    5. Элита – таъсир ва назорат намуданро дар њама љомеа дорад. Вай дар асосии муќарраротї таќсими идоракунї ва вазифањои мењнатї, ки аз ќонунгузори сарчашма гирифтааст онро бо имкониятњои баробар ва бе мухолифати демократї ба амал мебарорад. Баробарии иљтимої бояд њамчун имконияти њаёт, на натиљаи баробарии вазъи иљтимої фањмида шавад. Азбаски одамон аз љињати љисмонї, аќлонї, аз рўи фаъолият ва ќувва дар хаёт баробар нестанд, он ваќт барои давлати демократї лозим аст, то таъмини баробар ва шароити як хеларо муњаё намояд. Ба марра бошад онњо меоянд аммо, дар ваќтњои гуногун ва бо натиљањои мухталиф, њатман «ѓолибият»-и иљтимої ба даст мееояд. Тарафдорони назарияи арзишии элитаро, коркарди миќдори нишондињандаи таркибу нуфузи љомеа ба худ љалб намудааст. Њамин тавр, Бердяев Н., бар асоси тањлили рушди давлатњо ва халќњои гуногун «коэффисиенти элита»-ро њамчун муносибати баландии аќлонї аз шумораи умумии саводнокї ќисми ањолї медонад. Коэффисиенти элита, аз 5%-и сатњи олї иборатанд, ки онњо потенсиалї баланди рушдро дар љомеа таъмин менамояд. Њамин ки ин коэффисиент тахминан то 1%-и пастшавї расид ин поёни мављудият империя ва љомеаи амалкнандаро нишон медињад. Худи элита бошад, ин њамаро бо чашм менигарад аммо коре карда наметавонад, чунки алакаи онњо мавќеашонро аз даст доданд.1

    Таваљчуњи намояндагони назарияи арзишии элитаро наќши элита дар љомеа љалб намудааст. вобаста ба ин онњо бартариро ба неоконсерваторони муосир, равона менамоянд. Чун кї мустаќилии элитаро зери савол мебинанд. Аз ин хотир барои љомеа элитаи демократї зарур мешуморанд.

    НАЗАРИЯИ ЭЛИТАРИИ ДЕМОКРАТИЯ. Тарафдорони назарияи мазкур аз сиёсат дур сохтани халќро љонибдорї менамоянд. Љонибдорон ва назариётчиёни элитарии демократия ба ду гурўњ таќсим мешаванд:

    1. Халќро бовар кунонидани мешаванд, ки њуќуќу манфиатњои онњоро бо роњи ќабули ќарорњои махсус, танњо сиёсатмадорони касбї њимоя карда метавонанд. Њокимияти воќеї бошад ба элитаи сиёсї тааллуќ дорад. Омма бошад, њуќуќи назорат намудан аз рўи таркиби онро соњиб аст. Намояндагони ин љараён ба таври васеъ ба сиёсат рў овардани оммаро яке аз сабабњои фалаљ гаштани институтњои демократї мењисобиданд.

    2. Онњо назарияи плюралистии демократияро тамоман бардурўѓ њисобида, фаќат элитаро соњиби њокимият медонанд.

    Асоси арзишњои пешнињод гардидаи назарияњои элита ин такия ба консепсияи элитарии демократия (элитаи демократї) мебошад, ки дар шакли васеъ дар олами муосир пањн гардидааст. Он дар асоси андешањои пешнињод гардидаи Йозефом Шумпетер оиди демократия њамчун раќобати миёни роњбарияти пуриќтидор, бар асоси боварии интихоб гардидааст. Ў меандешад, ки синфи њукумрон аз мавќеъи дар љомеа доштааш истифода намуда, иродаи худро ба ањли љомеа бор менамояд, онро ба сифати иродаи халќ нишон медињад. Оммаи мардум хоњ нохоњ онро ќабул менамояд.

    Й. Шумпетер кўшиш намудааст, ки сабабњои бегонашавии одамонро аз сиёсат мавриди омўзиш ќарор бидињад. Пасон ба хулосае омад, ки омма дорои ќобилияти сиёсатофаринї нест. Яъне, сиёсат ва сиёсатмадориро соњаи махсуси фаъолияти доираи муайяни одамон медонад. Њангоми ќабули ќарор ва воќеигардонии ќарори сиёсї наќши асосї ба сарвари расмї не, балки ба сарвари ѓайрирасмї мансуб медонад.

    Њангоми тадќиќи њодисањои демократї ба хулосае меояд, ки демократия дар њељ сурат иродаи халќ шуда наметавонад. Методи демократї маљмуи чорабинињои институтсионалие мебошад, ки ба воситаи онњо инфирод ё шахс ва ё гуруњи одамон њокимиятро ба даст меоранд. Роњи самаранок ва осоиштаро муборизаи раќибон барои овози халќ ташкил медињад. Дар ин маврид оммаи мардум, ду вазифаи асосиро иљро мекунанд:

    1. Шахсони масъул сарварони сиёсиро интихоб менамоянд;

    2. Дар мавриди дигар онњоро гўё ба «бењтаринњо» иваз менкунанд.

    Ин вазифањоро халќ ба воситаи интихобот иљро карда метавонанд. Дар њамин пайвастагї принсипи «афзалияти аксарият бар аќаллият»-ро пешнињод менамояд.

    Чуноне, ки Карл Мангейм менависад: «демократия бештар майл ба раќобати антиэлитарї дорад, лекин на то ба охир ба идораи хаёлии элита ва омма. Мо дарк мекунем, ки демократия элитаро ба вуљуд намеорад, лекин медонем, ки бо роњњои гуногун ва нав, элитаи сохта пайдо мегардад».1

    Тарафдорони демократияи элитизм, на далели натиљаи тадќиќи эмпирикиро асос медонанд. Балки онњо элитаи воќеъан демократї ё худ бепарвогї сиёсии оммаро хавфи бузургї демократия бо меъёрњои баланди сиёсї-демократї медонанд. Элита дар гузашта њамчун роњбар аз миёни ањолї интихобшуда кафили сифатњои идоракунї баромад мекард. Худи арзишњои иљтимоии демакратї аз самара ва сифати дониши элита вобастагї дошт. Табаќаи роњбарикунанда на танњо молики зарурї барои идоракунии ба худ хос, балки ходимест, ки барои њимояи арзишњои демократї ва бо роњњои гуногун махсусан, оммавию сиёсї ва иррасионализми идеологї, зидияту муќоаиматњо ва радикализм амал менамояд.1

    Дар солњои 60-70-ум дар бораи муќоисаи элитаи демократї ва оммаи авторитарї тадќиќотњо мукаммал ва сањењ анљом дода шуд. Ќабул надоштанї чї хостани намояндагони элита одатан аз миёни табаќањои поёнии љомеа пайдо гардад, ки он ба бунёди арзишњои либералї-демократї озодињои шахсї, баён, раќобат ва ѓайрањо дар бањамоии (толерантост) сиёсї, тобоварї ба афкорњои бегона, барои мањкумкунии диктатура ва монанди ин. Онњоро зиёдтар дар љомеа њамчун консерватор шинохтанд, ки дар шакли иќтисодию иљтимоии њуќуќњои шањрванд: ба мењнат, истироњат, мутањидгардидан дар иттифоќњои касаба, таъмини иљтимої ва монанди инњо гуногун мунсибат мекарданд. Ин пеш аз њама дар афкори намояндагонї (П. Бахрах, Ф. Нашольд) демократияи элитарї баён ёфтааст. Онњо сифату самараи мављудиятро дар самаранокии системаи сиёсї, ки аз љониби иштирокчиёни оммаи сиёсї ба таври васеъ дастгири меёбад, медиданд.
    1   2   3   4   5   6   7   8   9   10


    написать администратору сайта